«Дар кишвари соњибистиќлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии њадафњои стратегии он дониста шудааст». Эмомалї Рањмон


Рушди хизматрасонии тиббї муњимтарин омили солимии ањолї



бет2/6
Дата23.06.2016
өлшемі9.19 Mb.
#154727
1   2   3   4   5   6

Рушди хизматрасонии тиббї муњимтарин омили солимии ањолї
Самтњои асосии сиёсати давлат оид ба њифзи саломатии

ањолї – дар доираи ислоњоти соња баланд бардоштани

сатњи хизматрасонии тиббї ва тањкими заминаи моддиву

техникии муассисањои тандурустї мебошад”

Эмомалї Рањмон, 24.04.2010с.
Дар 20 соли истиќлолият соњаи хизматрасонии тиббии кишвар ба азнавсозии заминањои ташхисию табобатї, пурзўр намудани инфрасохтори муассисањо, таъмини дастрасии хизматрасонии ташхисї, муолиљавию пешгирї ва ворид намудани усулњои муосири ташхису табобат самт гирифт. Ба инкишофи соња афзоиши суръати иќтисодї, таваљљўњи њамаљонибаи роњбарияти кишвар нисбат ба вазифањои афзалиятноки рушди иљтимої, инчунин сањми самарабахши љомеаи байналмилалии донорњо бањри њифзи саломатии ањолии кишвар шароити мусоид фароњам овард.

Дар ин давра бо назардошти хусусиятњои хоси соњаи тандурустии кишвар зиёда аз 12 барномањои миллї, аз он љумла оид ба рушди соњањои донории хун, эндокринологї, мубориза бар зидди беморињои дил, сил ва диабети ќанд, саратон, пешгирии маъюбї аз садамањо, нашъамандї ва дигар татбиќ шуда истодаанд, ки њадафи асосии онњо бењтар намудани хизматрасонии тиббї ва солимии ањолї мебошад.

Барои аз нигоњи сохторї муносибгардонии шабакањои муолиљавию профилактикї, аз љумла гузаронидани таљдиди беморхонањо, ќадами устувор гузошта шуд ва инчунин бањри бењтар намудани сатњ ва сифати хизматрасонињои тиббию бењдоштї хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббї, фарматсевтї ва санитарию эпидемиологї таъсис дода шуданд.

Рушди соња асосан дар ин давра ба навсозии захирањои клиникї, маърифатї ва стандартњои ташкилї дар соњаи тандурустї ва љорї намудани системаи њавасмандгардонї барои корњои хушсифат равона карда шуд. Ташаккул ва таљдиди назари стандартњои системаи муолиљавию пешгирї боиси рушди нисбатан нави сифатии хизматрасонињои тиббї гардид. Ба ѓайр аз ин, бо маќсади назорати сифат, инчунин тањлили њолатњои марганљомї барќарор карда шуда, вазифањои комиссия оид ба тањлили сабабњои фавт фаъол гардид, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонињои тиббї таъсири моњиятан муњим расонида истодааст.

Дигар омили муњими дастрасии баробари иљтимоию иќтисодї аз масъалањои муњољирати мењнатї дар Љумњурии Тољикистон иборат мебошад. Саломатии муњољирони мењнатї дар доираи њамкорињои Кумитаи њамгирої оид ба тандурустии Шўрои иќтисодии Аврупою Осиё (ЕвроАзЭС) ва Шўрои тандурустии кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил мунтазам мавриди муњокима ќарор дорад. Яке аз унсурњои муњими ин њамкорї тањияи механизми мутаќобилан эътироф намудани сертификати тиббии муњољирини мењнатї аз љониби њамаи кишварњое мебошад, ки ба љомеањои байналмилалии зикргардида шомиланд ва ин, бечунучаро, дастрасии муњољирони мењнатиро ба хизматрасонињои тиббї бењбуд мебахшад.

Дар доираи татбиќи Консепсияи Љумњурии Тољикистон оид ба таљдиди сохтори беморхонањо дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2010, шумораи катњо дар љумњурї аз 56551 кат (соли 1993) то миќдори 38645 кат (соли 2010) ихтисор шуда, 17906 кат кам карда шуд. Таъминотнокии ањолї бо катњо нисбат ба 10 000 ањолї аз 108,4 ба 52,5 расонида шуда, самаранокии истифодабарии катњо аз њисоби зиёд намудани фаъолияти онњо дар давоми сол ва кам гардидани мўњлати миёнаи бистарї будани бемор, таъмин карда шуд. Маблаѓњои аз ин њисоб сарфашуда барои њалли дигар масъалањои муњими соња равона карда шуданд.

Айни њол, дар самти мазкур корњо идома ёфта, ќисме аз катњои шабонарузї ба катњои рўзона табдил дода шудаанд, ки ин боиси то 30% сарфа кардани маблаѓњои пешбинишуда гардид. Танњо дар солњои 2009-2010 зиёда аз 700 катњои шабонарўзї ба катњои рўзона табдил дода шуда, аз ин њисоб 794 њазор сомонї сарфа гардид.

Ќобили ќайд аст, ки тайи 20 соли охир  гирифтор шудани ањолї ба баъзе беморињо  (ба 100 000 ањолї) тамоюли пастшавиро дорад. Масалан, агар дар соли 1991 гирифторшавї бо бемории домана 35,2 бошад, дар соли 2010 ин нишондод 7,3 мебошад, дар соли 1991 њолатњои гирифторшавї ба бемории гулўзиндонак 8,7- ро ташкил дода, он дар соли 2010 тамоман ба ќайд гирифта нашудааст. Инчунин, сулфакабудак (мутаносибан 228 ба 0,2), сурхча (мутаносибан 22,8 ба 0,3), вараља (мутаносибан 5,2 ба 1,4), гепатитњои вирусї (мутаносибан 780,4 ба 133,4) кам шудаанд.

Дар даврони истиќлол дар сохтори беморшавї љои аввалро беморињои узвњои нафаскашї, љойњои дуюмро - беморињои эндокринї, сеюмро – узвњои њозима, чорум - беморињои роњњои пешоб ва таносулї ва панљум – осебгирї ва зањролудшавї ишѓол менамоянд. Њамзамон бояд ќайд кард, ки нишондоди беморињои узвњои нафаскашї ва њозима сол ба сол коњиш ёфта истодааст. Дар баробари ин, нишондоди осебгирї ва зањролудшавї таќрибан дар як сатњ ќарор дорад.

Дар сохтори фавт бошад, дар њамин давра љои аввалро фавт аз беморињои системаи гардиши хун, дуюмро - беморињои узвњои нафаскашї, сеюмро – осебгирї ва зањролудшавї, узвњои њозима, чорумро – фавт аз беморињои саратон ва панљумро – фавт аз беморињои узвњои гувориш ишѓол менамоянд.

Яке аз самтњои муњими мубориза бар зидди беморињои бисёрпањнгашта дар љумњурї ин мубориза бар зидди бемории сил мебошад. Ба мақсади бењтар сохтани вазъият марњила ба марњила Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои солњои 2003-2010 дар Љумњурии Точикистон (қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2003, №524), Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оиди њимояи ањолї аз бемории сил» аз 22 декабри соли 2006 ва «Барномаи миллии њимояи ањолї аз бемории сил дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2015» (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2009, № 694) қабул гардиданд. Бо назардошти моњияти муњими масъалаи мазкур дар сатњи Њукумати Љумњурии Тољикистон Кумитаи миллиии њамоњангсозї оид ба пешгирї ва мубориза бар зидди беморињои ПНМ, сил ва вараља ва дар назди Вазорати тандурустї Шўрои њамоњангсозї оид ба мубориза бар зидди бемории сил созмон дода шуданд.

Барномаи миллии њимояи ањолї аз бемории сил дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2015 идомаи Барномаи пешина буда, барои фароњам овардани тамоми шароит бањри бењтар намудани хизматрасонии зиддисилї ба ањолї равона карда шудааст. Айни њол, тамоми ањолии љумњурї бо Дурнамои ТКБН фаро гирифта шудааст. Маблаѓгузории Барномаи мубориза бар зидди бемории сил аз буљети љумњуриявї ва вилояту ноњияњо, нисбати соли 2004-ум зиёда аз 3 маротиба афзудааст.

Мавриди ќайд аст, ки дар солњои истиќлол дастрасии ањолї ба доруњои зиддисилї бењтар гардида, айни њол дар тамоми манотиќи љумњурї ањолї бо доруњои ройгон мунтазам таъмин мебошанд.

Дар масълањои рушди хизматрасонии ташхисї низ дастовардњои назаррас ба вуќўъ омадаанд. Озмоишгоњи референсї пурра аз таъмир бароварда шуда, бо таљњизоти нодири озмоишї љињозонида шудааст. Маводњои масрафшаванда ва кимиёвї пурра дастрас мебошанд. Бо назардошти он, ки барнома ба дарёфти бактериоскопии сил бартарият медод, дар љумњурї 97 озмоишгоњи бактериоскопї ташкилу таљњизонида шуда, 218 мутахассис омўзонида шуд. Дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд ва минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон кишт ва муайян намудани мутобиќат ба доруњои зиддисилї ба роњ монда шудааст.

Ба мақсади татбиқи усулњои фаъоли дарёфти бемории сил солњои охир ба муассисањои тиббї 16 адад дастгоњи рентгенї, 2 адад дастгоњи сайёри флюорографї, 1 адад дастгоњи Бактек, 4 адад дастгоњи тањлили иммуноферментї (ТИФ),74 адад наќлиёти тиббї, 119 микроскопи бинокулярї, 100 адад компютеру принтер дода шуда, зиёда аз 32 марказњои зиддисилї сохта ва аз таъмири пурра бароварда шуданд.

Дархости Њукумати Тољикистон ба Кумитаи чароѓаки сабзи ТУТ вобаста ба дастрас намудани доруњои зиддисилии дараљаи дуюм барои табобати беморони ба доруњои зиддисилї мутобиќшуда ќонеъ гардидааст. Айни њол, табобати ин шакли беморї дар 15 шањру ноњияњои таљрибавї, аз љумла муассисањои ислоњотї давом ёфта, 359 нафар беморони шакли мутобиқшудаи сил бо табобат фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, бештар аз 80%-и мутахассисони соњаи умумитиббї бо асосњои Барнома омўзонида, чорањои васеи иттилоотию фарњангї бањри баланд бардоштани сатњи маърифатнокии ањолї нисбати бемории сил гузаронида шуд, ки ин дар навбати худ боиси бењтар шудани дарёфти бемории сил гардид. Мониторинги њамаи бахшњои Барнома яке аз мањакњои асосии ба даст овардани муваффаќият буд ва ба таври муттасил дар сатњи миллї ва вилоятї гузаронида мешавад. Њавасмандкунии беморон ва коркунони тиб, ки ба назорати табобат дар марњилаи дармонгоњї сару кор доранд, боиси асоси пешравињо дар ин самт гардид.

Як бинои Беморхонаи љумњуриявии клиникии беморињои сил, ки соли 1964 сохта шуда буд, аз тарафи Бонки Рушди Олмон ба маблаѓи 1 900 000 Евро таъмири асосї карда, бо асбобњои муосири замонавї љињозонида шуд. Барои таъмир ва таљњизонидани бинои дуюми табобатии он 2 200 000 Евро пешбинї шуда, то охири соли љорї бо таљњизотњои њозиразамон таъмин ва ба истифода дода мешавад. Дар натиљаи љидду љањди зиёди тамоми сохтори зиддисилї дар ду соли охир дар љумњурї ављи минбаъдаи сил боздошта шуда, фавт аз бемории мазкур кам гардид.

Ќабул ва татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оиди йоднокгардонии намак» ва «Барномаи миллии мубориза бар зидди беморињои камйодї дар Љумњурии Тољикистон дар солњои 1997 – 2001», ки бо ќарори дахлдори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, имкон дод сари ваќт ошкор намудан ва боздошти пањншавии минбаъдаи беморињои камйодї, њамзамон истифодаи нисбатан васеи намаки йоднок аз љониби ањолии љумњурї таъмин карда шавад.

Тањлилњо нишон медињанд, ки агар пеш аз ќабули Барномаи мазкур ошкоркунии љоѓари эндемикї дар байни ањолї 30% бештарро ташкил дода бошад, баъд аз ќабули Барнома ин нишондод ба 13,8%- расид.

Ба маќсади пешгирї намудан ва мубориза бар зидди бемории диабети ќанд, ки ба гурўњи беморињои дар байни ањолии Љумњурии Тољикистон бисёрпањнгардида дохил мешавад, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оиди њимояи тиббию иљтимоии шањрвандони мубталои диабети ќанд» ва «Барномаи мубориза бар зидди диабети ќанд дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006 - 2010» ќабул карда шуд.

Санадњои меъёрии њуќуќии номбаршуда барои дарёфти сариваќтї ва пешгирии оризањо аз бемории диабети ќанд, таъмини беморони диабети ќанд бо маводњои дорувории ќандпасткунандаи босифат, ташкили мактабњои саломатї, инчунин гузаронидани чорабинињои иттилоотию фањмондадињї љињати пешгирии ин гуна беморињо сањми босазо гузоштанд. Ќайд намудан зарур аст, ки дар солњои амалигардонии Барномаи мазкур заминаи моддию техникии муассисањои соњаи эндокринологї пурзўр карда, бо дастгирии шарикони байналмилалї њамаи беморони диабети ќанди навъи 1 бо маводи дорувории инсулин пурра таъмин карда шуданд.

Дар даврони истиќлол 3 барномаи миллї оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, бахшњои алоњида нисбати пешгирї ва табобати беморињои тавассути узвњои таносулї гузаранда: «Барномаи миллии пешгирї ва мубориза алайњи вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан ва беморињои сирояткунандаи љинсї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 1997-2000», «Барномаи миллии пешгирї ва мубориза алайњи вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан ва беморињои сирояткунандаи љинсї дар Љумњурии Тољикистон дар давраи то соли 2007», «Барнома оид ба муќовимат ба эпидемияи ВНМО ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Љумњурии Тољикистон дар даврањои солњои 2011-2015» тањия ва татбиќ шуда истодаанд. Инчунин, зиёда аз 38 њуљљатњои меъёрии њуќуќї доир ба ин масъала тањия ва тасдиқ гардид.

Умуман, бо шарофати истиќлолияти давлатии кишвар дар зарфи 20 сол заминаи моддию-техникии соњаи беморињои пўст ва узвњои таносулї мустањкам гардида, дастгоњњои њозиразамони тиббии муосир дар шањру ноњияњои љумњурї дастрас карда шуданд, ки бевосита ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббї мусоидат мекунанд. Дар 45 шањру ноњияњои љумњурї бо дастгирии Хазинаи глобалї њуљрањои боварї кушода шуда, дар онњо зиёда аз 90 мутахассисони беморињои пўсту узвњои таносулї ва момодояњо фаъолият менамоянд.

Ба маќсади бењтар намудани вазъи эпидемиологии беморињои дорои омосњои бадфарљом дар љумњурї, паст намудани гирифторшавї ба ин беморї ва фавт аз он, сафарбарии захирањои мављуда барои ташхиси барваќтии омосњо, такмили расонидани ёрии махсус ба беморињои дорои омосњо, аз он љумла ёрии таъљилї ва таскинї, дастрасии тамоми намудњои табобат, мустањкамкунии заминаи моддию техникии муассисањои тандурустї, омода намудани мутахассисони илмию амалї Барномаи миллии пешгирї, ташхис ва табобати бемории саратон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2015 (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 октябри соли 2009 бо тањти №587) қабул карда шуд.

Тањлили омори дараљањои гирифторшавии саратон, зиёд шудани ошкоркуниро дар њамаи дараљањо нишон медињад. Дидан мумкин аст, ки беморони ошкоршудаи дараљаи 1 нисбати соли гузашта (2008- 62,0%, 2007– 54,2%) 8 % зиёдтар шуда, шумораи беморони дараљањои III–IV аз 3,0 то 5,0% камтар шудааст. Далели мазкур манфиатнокии алоќамандї ва њамкорињои судманди мутахасисони соњаи саратоншиносиро бо муассисањои профилактикию табобатї нишон медињад.

Дар давраи истиќлол яке аз самтњои муњими таљдиди соња ин афзалият додан ба КАТС, аз љумла тибби оилавї мебошад.

Бояд ќайд кард, ки тибќи нишондињандањои бањодињои солњои охир фаъолияти муассисањои сатњи аввалияи тиббї бањри сариваќт расонидани КАТС ба шањрвандон бењтар гаштааст. Масалан, мурољиати шањрвандон ба табибони оилавї сол то сол афзуда истодааст. Фаъолияти табибони оилавї барои сари ваќт ошкор намудани беморон ва ба муоинаи диспансерї фаро гирифтани онњо хуб гаштааст.

Самти муњими дигари хизматрасонињои тиббї бо дарназардошти дастовардњои илми муосир ва технологияи њозиразамон ба роњ мондани усулњои нави пешгирї, ташхис ва табобат мебошад.

Њадаф аз ин кам кардани шумораи беморони барои табобат берун аз марзи љумњурї фиристодашаванда мебошад, ки ин ба иќтисодиёти мамлакат таъсири мусбии худро мерасонад. Имрўз кор дар самти мазкур аллакай натиља дода истодааст ва дар айни њол шумораи эњтиёљмандон барои ташхису табобат дар муассисањои берун аз марзи кишвар то 50% коњиш ёфта аст.

Тайи солњои охир дар муассисањои Вазорати тандурустї як ќатор усулњои нави табобат њангоми нуќсонњои вазнини модарзодии дил љорї карда шуд. Инчунин, бори аввал дар кишвар амалиёти иваз намудани гурда, буѓуми рон ва зонуи беморон ба буѓуми сунъї, тавассути њуљайрањои бунёдї ба роњ мондани муолиљаи беморони дилу рагњо, усулњои нави љарроњии чашм, љоѓу рўй ва саратони сурхной мавриди истифода ќарор дода шуд. Бори аввал дар љумњурї бе истифодаи љарроњї бо сўзани махсус тањти назорати ултрасадо табобати оризањои љигар ва ѓадуди зери меъда ба роњ монда шуд, њол он, ки пештар чунин беморонро ё љарроњї мекарданд ё ба хориљи кишвар равон менамуданд. Ба маќсади ба роњ мондани пайвасткунии узву бофтањо дар мамлакат дар заминаи озмоишгоњи Маркази љумњуриявии илмии хун типикунонии антигенњои эритроситњо ва типикунонии иммунологии бофтањо (НLА - антигенњо) гузаронида шуд. Инчунин, бори аввал дар мамлакат усулњои нави љамъоварї, коркард ва реинфузияи хуни љарроњї дар доираи таъмин намудани бехатарии хун бо ёрии дастгоњи «САТС», ширкати «Френзениус»-и Љумњурии Федералии Олмон дар амалияи акушерию гинекологї ва љарроњї татбиќ карда шуд.

Пас аз соњибистиќлол шудани љумњурї, асосан аз њисоби маблаѓњои худї, ба Маркази миллии ташхис таљњизотњои ташхисї ва табобатии навтарини замонавии истењсоли мамлакатњои Љопон, Фаронса, Амрико, Олмон, Шветсия, Венгрия, Австрия, Туркия, Эрон, Руссия ва Чин монанди дастгоњњои допплери фаросадоии истењсоли фирмањои «HITACHI», «HONDA», «LOGIC», «ALOKA», «SONOS», «AKUSON», дастгоњњои даруннигарии љопонї – гастроскопњо, колоноскопњо ва сигмаскопњои истењсоли фирмаи «OLIMPUS», бронхоскопи фирмаи «LOMO», реоэнсефалографи «РЭО 6М» ва нейрокартографи компютерии истењсоли ширкати «МБН», электорокардиографи компютерии фирмаи «ВАЛЕНТА», дастгоњи тадќиќи функсияи нафаси берунї «СПИРОГРАФ», дастгоњи допплерографияи рагњои хунгардиши дасту пойњо «СОНАМЕД», монитори холтерї, электронейромиографи компютерии истењсоли фирмаи «СИНАПС», анализаторњои компютерии озмоиши клиникї – гематологии хун ва пешоб, биокимиёвї ва иммунологї дастрас шуд. Ин марказ соли 2005 соњиби дастгоњи нави нодир – томографияи компютерї гардид. Айни њол, дар љумњурї 7 адад дастгоњњои муосири ташхиси томографияи компютерї фаъолият доранд, њол он ки то даврони истиќлол ягон адад чунин таљњизот дар љумњурї мављуд набуд.

Дар Маркази миллии ташхис як ќатор усулњои нави ташхис, ба монанди тадќиќоти фаросадоии чашм ба воситаи допплери ранга, допплерографияи рагњои хунгарди майнаи сар, гурдањо, узвњои мардона ва занона, узвњои ковокии шикам, ташхиси фаросадоии мањбалї, тадќиќоти фаросадоии буѓуми коси кўдакони то яксола, ѓадуди душохашакл, узвњои кўдакони то 6–моњаи дар батни модарбуда, электрокардиографияи компютерї, мониторинги шабонарўзии холтерї, тадќиќи функсияи нафаси берунї бо ангезиши беморї, санљиши иммуноферментии хун барои муайян намудани ВНМО/БПНМ, санљишњо барои муайян намудани маќоми масунияти одам, муайян намудани 17–кетостероидњо, гормонњои ѓадуди сипаршакл (Т3, Т4), парагормонњо ва гормонњои љинсї, санљиши сатњи допплерографияи нуќсонњои дил, электронейромиография, реоэнсефалография бо дастгоњи компютерї, допплерографияи компютерии рагњои хунгарди дасту пойњо ворид карда шудаанд.

Дар давраи истиќлолият дар соњаи стоматология ва љарроњии љоѓу рўй тамоми таљњизотњои ташхисї ва табобатии ба монанди таљњизотњои муосири озмоишї барои гудохтани металлњо ва сохтани ѓилофакњои чинии истењсоли Олмон, маводњои сафедкунии дандонњо, дастгоњи ташхиси рентгении ортопантомографи истењсоли Олмон ва OPG раќами истењсоли Кореяи Љанубї, дастгоњи ихчами рентгенї, асбоб барои тамизгардонии пармањои стоматологии истењсоли Љопон ба љумњурї ворид карда шуданд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ёрии тиббї ба беморони рўњї» 2 декабри соли 2002, тањти № 90 ќабул гардид, ки тамоми муассисањои беморињои рўњї кори худро мувофиќи Ќонуни мазкур ба роњ монданд. Инчунин, 30 номгўи њуљљатњои меъёрии њуќуќї оиди такмил додани ёрии тиббї ба беморони рўњї бо фармоишњои дахдори Вазорати тандурустї тасдиқ шудааст. Дар солњои истиќлолият намудњои нави табобати беморони рўњї бо истифода аз маводњои дорувории муосири психотропї ба монанди Рисполепт, Клопексол, инчунин маводњои дорувории таъсирашон тўлонї Флуфеназин – деканоат, Клопексол – депо дар амал љорї карда шуданд.

Бо назардошти рушди таљрибаи бои тибби ниёгонамон бори аввал соли 1998 бо ташаббуси Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон «Маркази тибби Шарќ» таъсис дода, соли 2004 он ба «Маркази љумњуриявии тибби халќї» табдил дода шуд. Бо мақсади танзими фаъолияти табибони халқї соли 2004 бори аввал дар байни Давлатњои Иттињоди Мустақил дар Тољикистон Ќонун «Дар бораи тибби халқї» қабул карда шуд.

Ба маќсади иљроиши дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, Эмомалї Рањмон, њангоми вохўрињояшон бо кормандони соњаи тандурустї дар маросимњои ба истифода додани бинои навтаъмири Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино (25 ноябри соли 2008), Маркази љумњуриявии барќароркунии саломатии кўдакона дар шањраки Шифо (Мачитон) (18 марти соли 2009), Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 15 апрели соли 2009 ва дигар вохўрињо оиди кушодани нуќтањои фурўши нўшобањои гиёњњои шифобахши ватанї, ташкили њуљрањои гиёњдармонї дар муассисањои табобатии шањрї ва љумњурї ва дар ин замина таќвият додан ба тибби халќї иброз дошта буданд, нуќтањои фурўши чойњо аз гиёњњои шифобахш ва њуљрањои гиёњдармонї дар назди муассисањои тандурустии шањру ноњияњои љумњурї ташкил карда шуданд. Дар ин љода њамкорињои судманд бо мутахассисони Љумњурии Исломии Эрон, Арабистони Саудї, Љумњурии Исломии Афѓонистон, Фаронса ва Љумњурии Халќии Хитой вусъат ёфт.

Пўшида нест, ки системаи омор ва иттилооти соњаи тандурустї дар марњилаи аввали ислоњот хеле камбудињои зиёде дошт. Ба њамин маќсад ба рушди соњаи иттилоот ва омори расмї таваљљўњи хоса дода шуда, солњои охир дар ин самт корњои зиёди назаррас ба сомон расонида шуд. Агар то соли 2002 тамоми мутахассисони соњаи омор њисоботњои соњавиро ба тариќи дастнавис пешнињод намуда бошанд, баъд аз таъмин намудани мутахассисони соња бо таљњизотњои замонавї ва татбиќи барномаи Медстат, њисоботњои мазкур ба тариќи электронї пешнињод карда мешаванд.

Њамасола маљмўаи «Солимии ањолї ва фаъолияти муассисањои тандурустї» нашр карда мешавад. Ќобили ќайд аст, ки маљмўаи мазкур аз соли 2007 ба забони давлатї ва аз соли 2009 бо тањлили оморї ба нашр мерасад. Ѓайр аз ин, њамасола таҳия ва нашри ҳармоҳаи маљмўаи омории «Иттилооти фаврии демографї ва солимии репродуктивї» ба роҳ монда шуда, он мунтазам барои тањлил намудан дастраси мутахассисони Вазорати тандурустї мегардад.

Ба маќсади таъмини сариваќтии роњбарону мутахассисони соња бо иттилооти эътимоднок, дар амал љорї намудани усулу воситањои замонавии љамъоварї, тањлил ва пешнињод намудани маълумот дар Љумњурии Тољикистон бо дастгирии молиявию техникї соли 2006-ум ««Барномаи рушди системаи иттилоотии идоракунии соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2010» ва соли 2011 «Наќшаи стратегии рушди системаи иттилоотии тандурустии Тољикистон» ќабул карда шуданд.

Дар доираи амалисозии Наќшаи мазкур њамаи њуљљатњои омории аввалияи тиббї, њисоботњо ва нишондодњои соњаи тандурустї таљдиди назар ва мукаммал гардонида шудаанд. Таснифи байналмилалии беморињо ва проблемањои ба солимї алоќаманд, боздиди 10 ба забони давлатї тарљума гардид. Инчунин, Барномаи компютерии љамъоварї, тањлил ва пешнињод намудани иттилоот (DHIS-2) мавриди коркард ќарор дорад.

Љумњурии Тољикистон баъди соњибистиќлол гаштанаш ба мушкилоти гуногуни иќтисодї, иљтимої, бехатарї ва ѓайра рў ба рў гардид, ки яке аз нишонањои он баландшавии сатњи нашъамандиву нашъаљаллобї дар миќёси љумњурї мебошад. Аз ин лињоз, Њукумати Љумњурии Тољикистон зарур шуморид, ки ба муќобили ин падидаи номатлуб муборизаи беамон барад. Ќабули як ќатор санадњои ба ин самт равонашуда далели ин гуфтањоянд. Дар ин замина сохторњое таъсис дода шуданд, ки иљроиш ва риояи ин санадњоро бояд таъмин менамуданд, аз љумла Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Раёсати мубориза алайњи гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддири Вазорати корњои дохилї ва ѓайрањо.

Бо назардошти он, ки манбаи алтернативии ба даст овардани маводњои нашъадор сохторњои соњаи тандурустї мебошанд, Вазорати тандурустї зарур шуморид, ки дар назди вазорат Шўъбаи моддањои махсус назоратшавандаро таъсис дињад. Баъдан Шўъбаи мазкур бо ќарорњои дахлдори Њукумати Љумњурии Тољикистон ба Маркази назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандї ва нињоят соли 2008 ба Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандї табдил дода шуд.

Дар ин давра бањри иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оиди кўмаки наркологї» ( № 67 аз 8 декабри соли 2003) ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 - юми апрели соли 2005, № 113 «Дар бораи тасдиќи Барномаи миллї «Оид ба пешгирии пањншавии вобастагии нашъамандї ва такмили ёрии наркологї дар Љумњурии Тољикистон дар давраи солњои 2005-2010», инчунин ќарорњои њайати мушовара ва фармоишњои Вазорати тандурустї дар самти такмили кўмаки наркологї бо маќсади инкишофи шаклњои самараноки хизматрасонї ба ањолї, мустањкам намудани заминаи моддию техникии соња як ќатор чорабинињо амалї карда шуданд. Дар натиљаи ин, нишондоди теъдоди бемороне, ки бори аввал бо ташхиси нољўрињои рўњию рафтории алоќаманд бо маводњои нашъадор ба ќайд гирифта шудаанд, дар ин давра коњиш ёфт. Агар нишондоди теъдоди чунин беморон дар соли 2008- 10,9 нафар беморро ба њар 100 000 ањолї ташкил медод, дар соли 2009 бошад ин нишондод - 9,4 нафар бемор ба њар 100 000 ањолиро ташкил дод.

Дар солњои охир ба дастрасии хизматрасонињои бењбудёфтаи кўмаки таъљилї таваљљўњи махсус зоњир карда шуда, рељаи кўмаки номбурда барои тамоми ањолї дастрас карда шуда истодаанд. Ба шарофати истиќлолият ва таваљљўњи бевоситаи Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон Беморхонаи клиникии шањрии ёрии таъљилии тиббии шањри Душанбе ба таври замонавї таъмир гардида, барои беморон шароити хуб муњаё гардид. Дар шўъбаи урологияи беморхонаи мазкур бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Хазинаи Саудии рушд дастгоњњои њозиразамон, аз ќабили дастгоњи литотриптори масофавии истењсоли Олмон, коагулятор, дастгоњи нафасдињии сунъї, генератори мобилии истењсолкунандаи оксиген, дастгоњи эњёгарї, дастгоњи ултрасадоии фирмаи «Сименс», систоскоп, ду мизи љарроњї харидорї карда шуданд. Дар њамин муддат табобати майда намудани сангњо бо усули литотрипсия барои беморони гирифтори бемории санги пешоб бо муваффаќият ба роњ монда шуд.

Яке аз дастовардњои назарраси давраи истиќлолият пешрафти хизматрасонии беморињои дил ва рагњои хунгард мебошад, ки ба он роњбари давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ањамияти љиддї медињанд.

Соли 1999 Маркази љумњуриявии беморињои дил ва Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо ва ќафаси сина бо маблаѓгузории Бонки Осиёии рушд ба маблаѓи 2 млн. 800 њазор доллари ИМА бо таљњизотњои муосири ташхисї ва тиббї љињозонида шуданд. Ин амал таконе дар шинохт ва инкишофи соњаи дилшиносї дар кишвар буд.

Соли 2003 Маркази љумњуриявии љарроњии дилу рагњои хунгард ва шушњо ба Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњои хунгузар ва ќафаси сина табдил дода шуд. Бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон марказ бо дастгоњњои муосир, ба монанди ангиограф, аппарати рентгенї, дастгоњи эндовидеољарроњї бо асбобњояш, дастгоњњои ташхиси сонографии дил, таљњизоти мониторї ва мадњушкунї љињозонида шуд. Дар марказ айни замон ташхис ва муолиљаи беморињои ишемиявии дил ва шоњраг, нуќсонњои модарзодї ва пайдошудаи дил, амалњои аутотрансплантатсияи комплекси бофтањо, реплантатсияи чанбарњо ва ангуштони даст бо истифодабарии технологияи микрољарроњї, усулњои табобати эндоваскулярї ва эндољарроњї комилан ба роњ монда шуданд.

Дар доираи татбиќи «Барномаи миллии пешгирї, ташхис ва муолиљаи бемории ишемиявии дил дар давраи солњои 2007-2015» дар марказ коронарография ва стентгузории коронарї пурра ба роњ монда шуд. Дар давоми солњои 2004-2010 ба 459 нафар беморон коронарография, ба 65 нафар стентгузории коронарї ва ба 28 нафари онњо шунтикунонии коронарї гузаронида шудааст. Њамчун намудњои алтернативии табобат бартарафкунии ангиографии эмболизатсияи шараёнњо њангоми беморињои рагњои хунгузар, бачадон, испурч ба роњ монда шудаанд.

Инчунин, дар марказ гузаронидани як ќатор усулњои нави љарроњї њангоми нуќсонњои вазнини дил аз ќабили тетрадаи Фалло, аномалияи Эпштейн, аневризмаи шоњраг, шунтикунонии коронарї бо усули “of pump”, бартарафнамоии нуќсонњои байнидањлезии дил бо усули Амплатс љорї карда шудаанд. Дар њамин солњо амалиётњои љарроњї дар дил ба кўдакони то синни 3 сола низ оѓоз гардидаанд. Дар марказ усулњои пешќадами љарроњии эндоскопї дар пардаи дил (перикард), узвњои ќафаси сина, рагњои хунгузар ба роњ монда шудаанд.

Баъд аз тасдиќи «Барномаи миллии пешгирї, ташхис ва муолиљаи бемории ишемиявии дил дар давраи солњои 2007-2015» дар доираи гузаронидани таљдиди сохтори катњо миќдори катњои дилшиносї аз -947 кат ба 1277 адад расонида шуда, дастрасии хизматрасонии статсионарии дилшиносї ба ањолии кишвар бењтар карда шуд. Аз он љумла дар шањру ноњияњои зерини кишвар: Ашт, Зафаробод, Данѓара, Вањдат, Рўдакї, Бохтар, Вахш, Ёвон, Ќумсангир, Ќабодиён, Љилликул, Љ.Румї, Шањритус, А.Љомї, Панљ,, Њамадонї, Фархор, Муминобод ва ѓ. бахшњои дилшиносї ифтитоњ ва ба фаъолият оѓоз намуданд.

Дар Маркази љумњуриявии клиникии беморињои дил барои бењтар намудани сифати хизматрасонї ба беморони дилу раг тамоми шароитњои мусоид фароњам оварда шуда аст. Усулњои нави ташхиси лабораторї ба монанди озмоишњои кардиотропонин, креатинфосфокиназа, миоглобин МВ-фраксия, холестерин ва фраксияњои он, триглисеридњо, ташхиси ЭКГ- холтер, назорати шабонарўзии фишори шараёнї эхокг-допплер-и таввасути сурхной ба таври васеъ љорї ва истифода карда мешаванд.

Усули нави табобати бемории ишемиявии дил бо истифода аз њуљайрањои бунёдї дар њамкорї бо Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо ва ќафаси сина, аз љониби Озмоишгоњи њуљайрањои бунёдии ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино љорї карда шуд.

Соли 2008 дар шањри Душанбе «Анљумани дилљарроњони Осиёи Марказї ва дилшиносони Љумњурии Тољикистон» дар сатњи баланд гузаронида шуд. Дар њамин сол бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон барои таъмин намудани Маркази љумњуриявии беморињои дил ва Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо ва ќафаси сина ба маблаги 1800 млн. сомонї дастгоњњои муосир ва маводњои сарф дастрас карда шуданд. Биноњои нави Маркази вилоятии беморињои дил ва Маркази солимгардонии беморихои дили ш. Хуљанд ба истифода дода шуда, бо дастгоњњои муосир љињозонида шуданд. Маркази байниноњиявии беморињои дил дар ноњияи Рашт ва Маркази вилоятии љарроњии дилу рагњо дар ш.Хуљанд таъсис дода шуданд.

Сифати хизматрасонии беморињои чашм дар солњои охир хеле ташаккул ёфта, бисёр усулњои ташхисию табобатї барќарор ва мукаммал гардонида шудаанд. Беш аз њама потенсиали кадрии ин сохтори хизматрасонї, ки дар айёми љанги шањрвандї хеле коњиш ёфта буд, барќарор карда, мутахассисони љавон тайёр карда шуданд. Дар солњои охир дар таркиби «Корвони саломатї» ва гурўњи сайёри мутахассисони аз њисоби кормандони Маркази љумњуриявии клиникии беморињои чашм ва шўъбањои дахлдори Маркази миллии тиббии Љумњурии Тољикистон ба шањру ноњияњои љумњурї сафар намуда, дар ташхис ва табобати беморони гирифтори намудњои гуногуни беморињои чашм сањми арзанда гузоштанд.

Дар Маркази љумњуриявии клиникии беморињои чашм ва шўъбањои беморињои чашми Маркази миллии тибби Љумњурии Тољикистон як ќатор усулњои нави табобат ба роњ монда шудааст, аз љумла љарроњии чашмпарда бо гузоштани зуљољи суньї, чарроњии бемории наздикбинии паст бо усули гузоштани ќисмати дохилбандї, гузаронидани амалиёти љарроњии ќабат ба ќабати амиќи тармими ќарния њангоми бемории кератоконус (барљастагии конусшакли ќарния), ворид намудани њормони кортекостероид ба дохили чашм њангоми дистрофияи доѓи зард, тармими камљароњати инабия, истењсоли чашмони сунъии ватанї, ворид намудани љарроњии синустрабекулэтомия бо модификатсияи Вовси Б.М. дар чашмони бемории оби марвориди њаддї дошта, лазериридэктомия оиди бемории оби марвориди кунљпўшида, дистизияи чашмпардаи дуюмбора, љарроњии синустрабекулэктомия бо порчаи ду ќабата, истифодаи адасањои мулоими њозиразамон (гидрогелї) ба роњ монда шуданд.

Барномаи миллї оиди пешгирии садаманокї ва мукаммалсозии хизматрасонии тиббї њангоми осеббардорї, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 майи соли 2010, № 224 тасдиќ шудааст, ба рушди соњаи ортопедї ва осебшиносї такони нав дод. Дар ин самт дар давраи истиќлолият якчанд усулњои замонавии табобат ба монанди гузаронидани љарроњии эндопротези (буѓуми сунъї) косу рон, гузаронидани љарроњии эндопротези (буѓуми сунъї) буѓуми зону, љарроњињо дар буѓуми зону бо воситаи дастгоњи артроскоп, бењискунии њароммаѓзї дар ваќти љарроњињо дар ќисми поёнии бадан (ќисми поёнии устухонњои сутунмуњра, устухонњои косу рон, соќ ва панљаи пой, мустањкам васл кардани устухонњо бо воситаи лавњачањо ва бе гаљбандї табобат намудани беморон, гузаронидани љарроњињо бо усули нав њангоми беморињои модарзодии косу рон, гузаронидани љарроњињо бо усули нав њангоми беморињои каљпоии модарзодї, кашиши сутунмўњра ба воситаи дастгоњњои махсуси барќї љорї карда шуданд.

Дар Маркази љумњуриявии илмию таълимии љарроњии барќарорсозї ташхис ва муолиљаи беморони осеби андомњо, оќибати осеби андомњо, пайњои баъди осеб ва баъдисўхтагї, контрактураи ангуштон ва буѓумњо, оќибати ќатъи асабњои канорї, љарроњињои эстетикї бо истифодаи технологияи муосир ва усули микрољарроњї ба роњ монда шуданд.

Самти нави хизматрасонињои тиббї дар даврони истиќлолият рушди табобати беморињои сутунмўњра мебошад. Тайи солњои охир дар Маркази љумњуриявии беморињои сутунмўњра як қатор амалиётњои љарроњї дар сутунмўњра, ба монанди рост ва мустањкам кардани сутунмўњра ба воситаи асбобњои оњанин дар њолати каљшавии сутунмўњра (љанаф), гирифтани чураи сутунмўњра, васл кардани сутунмўњра бо воситаи асбобњои оњанин, гирифта партофтани чураи сутунмўњра аз тарафи пеш, рост кардани пачаќшавии ќафаси сина, гирифта партофтани асбобњои оњанин аз сутунмўњра, васл кардани сутунмўњра ба воситаи устухони худи бемор ва асбобњои оњанин, рост кардани кўзпуштї, љарроњии пачаќшавии сутунмўњра, љарроњии шикасти сутунмўњра њангоми садама ба роњ монда шуданд.

Яке аз роњњои баланд бардоштани сатњ ва сифати кўмаки тиббию бењдоштї ин васеъ намудани усулњои хизматрасонии тиббї ва ба роњ мондани шаклњои гуногуни он, омили раќобатпазири баланд бардоштани сифати хизматрасонињои тиббї мегардад. Дар ин раванд рушди тибби хусусї самти афзалиятнок мебошад. Дар баробари ин, рушди тибби хусусї метавонад барои ба ањолї имконияти дар мўддати кўтоњ дастрас намудани номгўи васеи хизматрасонињои гаронбањои тиббї ва истифодаи технологияњои навтарини тиббиро фароњам оварад.

Љумњурии Тољикистон сиёсати худро дар соњаи тибби хусусї тавассути ќабули санадњои меъёрии њуќуќии танзимкунандаи фаъолияти хусусии тиббї амалї намуда истодааст.

Бо маќсади танзим намудани асосњои умумии њуќуќї, иќтисодї ва иљтимоии бунёд ва амал намудани субъектњои фаъолияти хусусии тиббї, муайян ва тасдиќ намудани њуќуќу вазифањои субъектони мазкур дар амалї намудани ин шакли фаъолият, соли 2002 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббї» ќабул карда шуд.

Дар асоси дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи муассисаи хусусии тиббии «Маркази тиббии ибни Сино» 6 сентябри соли 2009, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон наќшаи чорабинињо тасдиќ гардид, ки он ба рушди тибби хусусї дар кишвар такони љиддї бахшид.

Айни њол, шабакаи муассисањои хусусии тиббї аз њуљрањои табобатию ташхисї, њуљрањои стоматологї, ороишї (косметологї), тибби халќї, марказњо, осоишгоњњо ва беморхонањо иборат мебошад. Зарурияти рушд ва инкишофи масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, Вазорати тандурустї Наќшаи чорабинињои алоњидаро оиди рушди тибби хусусї барои солњои 2009 ва 2010 тањия ва тасдиќ намуд. Дар доираи ин чорабинињо дар ш. Душанбе ва шањру вилоятњои љумњурї дар мавзўњои «Тибби хусусї, роњњои инкишоф ва назорати фаъолияти он», «Сатњи хизматрасонии тиббї дар осоишгоњњои минтаќаи Кўлоб», «Дар бораи тасдиќи Тартиби муќаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи субъектњои муассисањои хусусии тиббии Љумњурии Тољикистон расонида мешавад», пайваста семинарњои корї гузаронида шуданд.

Тибќи фењристи иљозатномањои амалкунанда бо њуќуќи фаъолияти тиббї дар Љумњурии Тољикистон алњол 351 муассисањо соњиби иљозатнома шуда, ба фаъолияти хусусии тиббї омода мебошанд. Аз шумораи умумии иљозатномањои амалкунанда 134 –тои онро шахсони њуќуќї ва 217-тои онро шахсони воќеї ташкил медињанд.

Раванди гирифтани иљозатнома нишон медињад, ки сол ба сол миқдори шахсони бо тибби хусусї машѓулшаванда зиёд шуда истодааст. Чунончї, соли 2010 шумораи иљозатномагирандагон (139 адад) нисбат ба соли 2006 (28 адад) 5 маротиба зиёд шудааст. Ин њолат гувоњи фароњам овардани шароитњои зарурї бањри рушди тибби хусусї аз љониби давлат мебошад.

Њамин тариќ, рушди хизматрасонињои тиббї, ќабул ва татбиќи барномањои миллии соњаи тандурустї, таљдиди сохторњои КАТС ва соњаи беморхонавї, зина ба зина ворид намудани механизмњои нави маблаѓгузорї, бењтар намудани заминаи моддию техникии муассисањои тиббї, љорї намудани усулњои муосири ташхису табобат ва пешгирии беморињо, инкишофи тибби хусусї, боиси бењтар намудани сифати хизматрасонињои тиббї ва марњила ба марњила кам шудани сатњи беморшавї дар љумњурї гашта истодааст.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет