«Дар кишвари соњибистиќлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии њадафњои стратегии он дониста шудааст». Эмомалї Рањмон


Комёбињои соњаи фарматсевтии Тољикистони соњибистиќлол



бет5/6
Дата23.06.2016
өлшемі9.19 Mb.
#154727
1   2   3   4   5   6

Комёбињои соњаи фарматсевтии Тољикистони соњибистиќлол
Дар шароити кунунии рушди мамлакат дорусозї

яке аз соњањои муњим ба шумор меравад”

Эмомалї Рањмон, 25.11.2008с.
Љумњурии Тољикистон баъди дарёфти истиќлолият ба мушкилињои љиддии марбут ба таъмини маводи доруворї ва молњои тиббї рў ба рў гардид. Бо сабаби завол ёфтани системаи давлатии мутамаркази тањвили маводи доруворї, коњишї маблаѓгузорї барои хариди ин мавод, афзоиши сатњи истеъмоли онњо, арзиши доруворї якбора афзуд. Вуљуд надоштани саноати мањаллии дорусозї дар навбати худ ба ин раванд мусоидат намуд. Дар бозори фармасевтии кишвар шумораи дорувории бесифат, ба қайднагирифташуда ва барои кормандони тиб ва дорусозї ношинос меафзуд. Бањри аз байн бурдани мушкилињои љойдошта ва бењтар намудани вазъи таъминоти кишвар бо маводи доруворї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон чорањои зарурии саривақтї андешида шуда, санадњои меъёрии њуқуқии зарурї тањия ва қабул гардиданд. Дар баробари дорухонањои давлатї, дорухонањои хусусї низ пайдо шуданд. То соњибистиќлол гардидани мамлакат дар љумњурї баќайдгирии давлатї ва сертификатсияи маводи доруворї ва молњои тиббї гузаронида намешуд. Бо маќсади таъмини ањолї бо маводи дорувории босифат, судманд, безарар ва аз љињати иќтисодї дастрас дар солњои истиќлолият низоми бақайдгирї, сертификатсиякунонї ва воридоти маводи доруворї муќаррар карда шуд.

Ба маќсади бењтар намудани вазъ ва танзими бозори дорувории мамлакат раванди такмили пояњои њуќуќии фаъолияти фармасевтї оѓоз ёфта, сохторњои танзимкунандаи муомилоти доруворї ташкил шуданд. Дар ин самт, соҳаи фармасевтии кишвар ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид. Санадњои меъёрии њуќуќї доир ба муомилоти маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ тањия ва тасдиқ гардида, сохторҳои зарурии бозори фармасевтии ҷумҳуриро ба танзимдароранда созмон дода шуданд.

Дар дастгоњи марказии Вазорати тандурустї соли 1992 Сарраёсати назорати сифати маводи доруворї ташкил гардида, cоли 2001 ба Шӯъбаи фарматсия ва молњои тиббї ва баъдан (соли 2009) ба Раёсати фарматсия ва техникаи тиббї табдил дода шуд. Раёсати мазкур барои таҳия ва татбиқи сиёсат ва стратегияи бахши фармастевтии мамлакат масъул мебошад.

Дар ин давра ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи фарматсевтї мукаммал ва як ќатор санадњои меъёрии њуќуќї тањия ва ќабул гардиданд. Дар соли 1999 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маводњои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо», дар соли 2001 бошад, Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», соли 2003 Сиёсати Давлатии дорувории Љумњурии Тољикистон, соли 2005 «Стратегияи Љумњурии Тољикистон оиди ба харид ва таќсимотї маводи доруворї» ва дар соли 2006, бошад Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» ќабул гардиданд. Ќонунњои амалкунандаи љумњурї мунтазам мукаммал гардонида шуда, ба онњо таѓйироту иловањо ворид гардиданд. Инчунин, дар ќонунгузории мамлакат, сањењтараш мутобиќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон барои пешгирии ќочоќи доруворї ва маводи косметикї љазоњои маъмурї пешбинї гардид, ки ин амал ба бењтар шудани таъмини сифати доруворї ва маводи ороишї-гигиенї дар љумњурї мусоидат намуд. Ба маќсади татбиќи Ќонунњои зикргардида дар бахши фармастевтӣ зиёда аз 50 санадҳои меъёрии њуќуќї тањия ва тасдиќ гардид. Дар ин муддат бори аввал Формуляри маводи дорувории асосии Љумњурии Тоҷикистон тањия ва тасдиқ ва ба миќдори 1200 адад нашр гардида, ба муассисаҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар ҷумҳурӣ Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тањия ва минбаъд ҳар ду сол аз нав дида баромада мешавад. Охирин рўйхати мазкур бо фармоиши Вазорати тандурустӣ аз 28 октябри соли 2009 таҳти №469 тасдиқ гардид, ки ба он 299 маводи доруворӣ ва 15 молҳои таъиноташон тиббӣ дохил мешавад.

Соли 2011 аз таъсисёбии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї 15 сол пур мешавад. Он ба унвони Маркази давлатии илмии экспертиза, сертификатсияи мањсулоти фармасевтї, техника ва таљњизоти таъиноти тиббї, санитарию гигиенї, мањсулоти истеъмолии табобатї-профилактикї ва косметикї дар назди Вазорати тандурустї 10 июни соли 1996 ташкил ёфта буд. Таъсисёбии Хадамоте, ки бехатарии маводи доруворї ва молњои тиббиро таъмин менамояд, худ муњимтарин њадаф бањри таъмини сифати доруворї дар даврони истиқлолият дар соњаи тандурустии мамлакат мебошад. Он соли 2003 Маркази давлатии экспертиза, сертификатсияи мањсулоти фармасевтї, техникаи тиббї, таљњизоти таъиноти тиббї ва санитарию гигиенї, мањсулоти истеъмолии ѓизоии табобатию профилактикї, иловагињои ѓизої ва маводи косметикї дар назди Вазорати тандурустї унвон гирифт ва бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, аз 3 апрели соли 2007 тањти №183 муассиса ба Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтї ва тиббї бо њуќуќи хадамот табдил дода шуд.

Аз 1 октябри соли 2008, Марказ бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон номи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтиро гирифт ва самти фаъолияташ пурра ба соњаи фармасевтї нигаронида шуд. Имрўз дар сохтори он Корхонаи воњиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши мањсулоти фарматсевтї ва тиббї», Шўъбаи назорати давлатии фаъолияти фарматсевтї, Шўъбаи назорати давлатии муомилоти ќонунии маводи нашъадор, психотропї ва прекурсорњои онњо, Шўъбаи назорати давлатии маводи ороишї-гигиенї, Шўъбаи баќайдгирии мањсулоти фармасевтї ва молњои тиббї, Шўъбаи барасмиятдарории њуљљатњои рухсатномадињии воридоту содирот, Шўъбаи аттестатсия ва аккредитатсияи озмоишгоњњои соњаи фармасевтї, Шўъбаи кадрњо ва корњои махсус, Шўъбаи бањисобгирии муњосибавї ва Бахшњои њуќуќу коргузорї амал менамоянд.

Хадамот дар оѓоз њамагї 20 нафар коргар дошт. Бо пай дар пай баланд шудани маќоми он миќдори кормандон ва маблаѓгузорї афзоиш ёфта, айни њол миќдори кормандон 200 нафарро ташкил медињад. Соли 2002 озмоишгоњи Хадамот ташкил гардид. Барои баланд бардоштани миќдор ва сифати ташхиси доруворї зарурати бо таљњизоти гуногуни њозиразамон муљањњаз гадонидани он пеш омад. Маблаѓњои барои озмоишгоњ пешнињодгардида њанўз барои харидории таљњизоти муосири ташхис кифоят намекарданд. Ин мушкилот аз тарафи Вазорати тандурустї бо дастгирии Лоињаи ислоњоти системаи тандурустии Тољикистон, ки аз љониби Бонки осиёгии рушд маблаѓгузорї мегардид, роњњи њалли худро ёфт ва озмоишгоњи Хадамот бо чандин таљњизоти нодир, аз љумла тайфсанљи нурњои ултрабунафш, тайфсанљи фурўии нурњои инфрасурх, хроматографияи моеъгии короияш баланд ва ѓайра муљањњаз гардонида шуд, ки он имкон дод, ки санљиши доруворї аз нигоњи миќдор ва сифат бамаротиб боло равад. Инчунин, имконияти дар муддати кўтоњ аниќ ва пурра ташхис кардани доруворї пайдо гардид, ки ин дар раванди таъмини минбаъдаи сифати онњо наќши муассир бозид.

Хадамот бо созмонњои байналмилалї ва кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустақил робитањои хуби њамкориро ба роњ монда, дар ин замина мутахассисони љавонро ба корхонањои истењсолї ва курсњои бозомўзї фиристода, ба ин маќсад ба баланд бардоштани сатњи касбияти онњо мусоидат менамояд.

Роњбарияти хадамот бањри љалб намудани мутахассисони варзида ва тарбия намудани кадрњои болаёќат барои озмоишгоњ низ кўшишњои зиёде намуд. Барои баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони онњо дар асоси лоињаи дар боло зикргардида ба марказњои илмї ва корхонањои истењсоли дорувории давлатњои хориљї фиристода шуданд. Аз љумла, мутахассисони хадамот ва озмоишгоњ барои баланд бардоштани савияи дониши касбї барои таљрибаомўзї ба љумњурињои Арманистон, Ќазоќистон, Чин, Њиндустон, Миср, Бангладеш, Эрон ва Украинаву Руссия фиристода шуданд ва мешаванд, ки ин барои пешрафти кор ва умуман, рушди соња ањамияти муњим дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар тўли мављудияти худ Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтї ба муваффаќиятњои зиёде дар соњаи фарматсия ноил гашт. Аввал он, ки соњаи фарматсия ба як системаи муайян, ба шакли нав, ки хоси давлати соњибистиќлол аст, ташкил гардид ва рушд ёфт. Дар натиљаи фаъолияти пурсамари сохторњои фарматсевтї миќдори доруворињои ба ќайди давлатї гирифташуда сертификатсия гардида, воридоти доруворињо ба ќадри назаррас зиёд гардид.

Агар соли 1996 њамагї 86 номгўйи маводи доруворї аз ќайди давлатї гузашта бошад, ин нишондод дар соли 2010 ба 979 адад баробар шуд, ки зиёда аз 11 маротибаро ташкил медињад. Миќдори дорувории аз ташхисгузашта соли 2001 агар 666 адад бошад, ин нишондод дар соли 2010 ба 27972 ададро ташкил додааст. Дар соли 2000-ум 37,4% маводњои доруворие, ки аз ташхис гузаштанд ба талаботњои муќараргардида љавобгў набуданд ва ин нишондод дар соли 2010 ба 0,41% расидааст.

Агар дар соли 2000-ум ба ҷумҳурӣ ба маблағи 4 899 349 доллари америкоӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошад, ин нишондод дар соли 2010-ум ба 109 720 430 доллари америкоӣ расидааст.

Ин њама далели он аст, ки на танњо воридоти доруворї ва маводи ороишї-гигиенї ба кишвар зиёд гардид, балки бо роњи ѓайриќонунї ба бозори фармасевтии кишвар ворид намудани доруворї низ якчанд маротиба кам гардид.

Бояд қайд кард, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон ба рушди соњаи фармасевтї таваљљўњи хоса зоњир менамояд. Дар паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маҷлиси Олии Љумњурии Тољикистон 16 апрели соли 2005-ум чунин қайд шуда буд: «Дар шароити имрӯзаи тараќќиёти мамлакатамон ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки барои таъминоти мардум бо доруворӣ ва ба роњ мондани назорати ќатъӣ аз болои сифати онњо Маркази хариди доруворӣ ташкил намуда, механизми назорати сифати онњоро тањия созад».

Бо маќсади иҷрои дастури Президенти мамлакат ва пурзўр намудани назорати сифати доруворї, таъмин намудани муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббии аввалиндараҷаи ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва нисбатан арзон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005, №516 Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молњои тиббӣ таъсис дода шуд. Маќсади асосии он бењтар намудани дастрасии ањолии Љумњурии Тоҷикистон бо маводи доруворӣ ва молњои тиббии босифат, безарар ва дастрас, хусусан дар муассисањои тиббӣ мебошад.

Бинои маркази мазкур бо дастгирии Комиссияи Аврупої оид ба кўмакњои башардўстона (ЕСНО) таъмир ва барќарор гардида, бо тамоми таљњизотхои зарурї таъмин гардидааст. Бинои филиалњои марказ дар вилоятњои Суѓду Хатлон аз њисоби маблаѓњои ќарзии Бонки осиёии рушд ба воситаи Маркази идораи Лоињаи ислоњоти системаи тандурустии Тољикистон сохта шуда, бо нақлиёт, рафњои дорумонї, мебелу таљњизотњои зарурї ва техникаи компютерї таъмин гардиданд. Бо дастгирии Вазорати тандурустї дар минтаќаи Рашт ва шањри Хоруѓи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Марказ намояндагињои худро кушод. Инчунин, анборњои Базаи таъминоти махсуси тиббии Вазорати тандурустї ба тавозуни Марказ гузаронида шуда, ки ин барои фаъолияти пурсамари муассиса мусоидат менамояд.

Марказ ягона муассисаи давлатї оид ба хариди доруворї ва молњои тиббї дар ќаламрави љумњурї буда, мувофиќи Оинномааш њамчун сохтори ѓайритиљоратї фаъолият мекунад ва ба корхонањои буљавї - муассисањои табобатии Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон, тиљоратї ва ѓайрибуљавї, њамчунин ба ташкилотњои байналмиллалї ба монанди Хазинаи кўдакони Созмони Миллали Муттањид (UNISEF), Ташкилоти умумиљањонии тандурустї, Барномањои рушди СММ, Хазинаи нуфузи ањолии СММ (UNFPA) ва ѓайрањо оиди нигоњдорї, нигоњдории муваќќаттї, ва дигар хизматрасонињоро амалї мекунад.

Дар ќатори дигар вазифањо, Марказ барои таъмини фаъолияти босамар ва шаффоф дар соњаи хариди доруворї ва молњои тиббї, љорї намудани он дар системаи давлатии таъминот, мусоидат намудан барои ба танзимдарории бозори фармасевтї ва стратегияи паст намудани сатњи камбизоатї тавассути паст намудани нархи маводи доруворї ва молњои тиббї низ масъул аст. Айни замон арзиши доруворие, ки Марказ харидорї мекунад, нисбат ба нархи фурўши яклухт (20-25%) ва чакана (35-50 %) камтар мебошад. Вазифаи муњими Маркази љумњуриявии хариди доруворї ин мусоидат намудан ба истифодабарии бештари доруњои генерикї дар муассисањои табобатї мебошад. Тањлили њаљми хариди дорувории генерикї ва тиљоратї дар се беморхонаи калони љумњуриявї нишон дод, ки дар давраи солњои 2005-2008 њиссаи доруњои генерикии харидашуда 16% афзоиш ёфта, њиссаи дорувории асосї дар њамин давра 15 % зиёд гардидааст.

Самти дигари рушди соњаи фармасевтї ба роњ мондани истењсоли маводи дорувории ватанї мебошад. Тибќи ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 1993 Кумитаи «Тољикфарминдустрия» ба ихтиёри Вазорати тандурустии љумњурии Тољикистон гузаронида шуд ва соли 2001 ба Корхонаи воњиди давлатии «Тољикфарминдустрия» табдил дода шуд, ки ба истењсоли маводи доруворї дар љумњурї љавобгу мебошад.

Айни замон дар љумњурї корхонањои фармасевтии ватании зерин: Корхонаи коркарди гиёњњои шифобахши «Помир», Љамъиятњои дорои масъулияташон мањдуди «Тиб барои Шумо», «Шабнам ШАР», «Њаким», «Сахо», «ММД», «Авитсенна», «Фармико» ва «Шањром» Љамъияти сањомии кўшодаи «Фароз», Љамъияти сањомии пўшидаи «Аввалин», истењсоли зиёда аз 81 номгўи маводи доруворї, молњои тиббї ва иловагињои фаъоли биологиро ба роњ мондаанд.

Ба маќсади рушди илми фармасевтї соли 1997 дар назди Вазорати тандурустї Маркази илмию тадќиќотии тањияи доруњои нав дар асоси ашёи хоми мањаллї ташкил гардид, ки соли 2006 Маркази илмию тадќиќотии фармасевтӣ номгузори карда шуд.

Вазифаи асосии маркази номбаршуда ин коркард ва тањияи маводњои доруворї дар асоси ашёи хоми мањаллї мебошад. Асосан дар солњои истиќлолият дар байни захирањои мањаллии доруворї ба маќсади тањияи доруворї маводи тадќиќоти моддањои фаъоли биологии бо усулњои сунъӣ њосилкардашуда, растанињои шифобахш, моддањои пайдоишашон минералї ва њайвонотї буданд.

Айни њол, дар марказ корҳои илмию тадқиқотӣ дар доираи ду мавзўъ: истифодаи ашёи хоми мањаллї барои тањияи маводи доруворию парафарматсевтии ватанї ва асосноккунии илмии батанзимдарории муомилоти маводи доруворї дар Љумњурии Тољикистон дар давраи гузариш, тањќиќот бурда мешавад.

То давраи истиқлолият миқдори номзадњои илм дар соњаи фарматсия 7 нафарро ташкил медод. Дар давраи истиқлолият бошад, 8 нафар рисолаи номзадї ва 2 нафар рисолаи докторї њимоя намуданд.

Баъди соњибистиќлолї ягона корхонае, ки барои васл, хизматрасонии техникї ва таъмири таљњизотњо ва техникаи тиббї вобаста буд, ба Љамъияти сањњомї табдил гашта, аз тобеияти вазорат баромад. Бинобар ин, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2010 № 698 Корхонаи воњиди давлатии «Тољиктибтаљњизот» таъсис дода шуд.

Љињати таъмини самти хизматрасонии техникаи тиббї бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 2010 чор нафар мутахассисони соњаи тандурустї дар шањри Харкови Љумњурии Украина омўзонида шуда, дар Коллељи тиббии љумњуриявї аз соли 2006 инљониб тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисоси хизматрасонии техникаи тиббї ба роњ монда шудааст.

Дар рушди соњаи фарматсевтии кишвар ташкилотњои байналмилалї Лоињаи «Таќвияти бахши фарматсевтии Тољикистон» - и ТУТ, Кумитаи байналмилалии «Дорўсозони бидуни марз», Лоињаи «Сино», Фонди Оѓохон дар ВМКБ, Маркази идораи Лоињаи ислоњоти системаи тандурустии Тољикистон бо маблаѓгузории Бонки Осиёии рушд, Ташкилоти байналмилалии Лоињаи «HOPE » низ сањми босазои худро гузоштаанд. Боиси ќайд аст, ки аз љониби лоињаи Бюрои Аврупоии ТУТ «Таќвияти бахши фарматсевтии Тољикистон» доир ба рушди заминаи њуќуќии фаъолияти фармасевтї, дастрасї ва самаранок истифодабарии маводи доруворї корњои зиёд анљом дода шудааст.

Њамин тариқ, дар 20 соли истиқлолият соњаи фарматсевтии кишвар ба дастовардњои назаррас ноил гардид. Дар ин муддат сохторњои ба танзимдарории фаъолияти фарматсевтї ва муомилоти маводи доруворї, ки пеш аз даврони истиқлолият арзи вуљуд надоштанд, таъсис дода шуданд. Заминањои њуқуқии фаъолияти фарматсевтї тањия гардида, ба бењтар намудани дастрасии маводи доруворї мусоидат намуданд. Низоми бақайдгирии давлатї, сертификатсиякунонї ва танзими воридоти доруворї муайян гардида, миқдори доруњои аз қайди давлатї гузашта, ба талаботи стандартњои сифат љавобгў зиёд ва миқдори доруворињои ба тариқи қочоқ воридшаванда кам гардид. Муассисањои фарматсевтии кишвар ба талаботи бозори иқтисодї мутобиқ гардида, бањри бењтар намудани вазъи таъминоти ањолї бо доруворї фаъолияти босамар менамоянд.
Вусъатёбї ва густариши маблаѓгузорї асоси инкишофи соњаи тандурустии кишвар
Барои пешрафти соња пеш аз њама љорї намудани

низоми нави маблаѓгузорї, яъне маблаѓгузории

сарикасї дар муассисањои кўмаки аввалияи тиббию

санитарї чорањои дахлдор андешидан зарур аст”

Эмомалї Рањмон, 29.03.2008с.

Пешрафти соњаи тандурустї ба маблаѓгузорї вобастагии зиёд дорад. Дар доираи ислоњоти соњаи тандурустї ворид намудани шаклњои нави маблаѓгузории ба замони њозира мутобиќгашта, самти афзалиятноки соња эълон шудааст.

Бояд қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ дар 20 соли истиќлолият асосан аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ карда шуда, қисман дар асоси барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ дастгирӣ ёфтааст.

Буљети соњаи тандурустї дар 20 соли истиќлолияти љумњурї аз 956 њазор сомонї ба 592751 њазор сомонї расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1992 620 маротиба зиёд мебошад. Буљети имсолаи соњаи тандурустї нисбат ба солњои 2001 ва 2006 мутаносибан 22,68 ва 5,26 маротиба зиёд мебошад. Маблаѓгузории соња бошад, нисбати маљмўи мањсулоти дохилї назар ба солњои 2001 ва 2006 мутаносибан 2,22 ва 1,54 маротиба зиёд шудааст. Харољот нисбати њар як нафар ањолї дар соли 2011 80,1 сомониро ташкил медињад, ки ин нисбат ба солњои 2001 ва 2006 мутаносибан 18,2 ва 4,9 маротиба зиёд мебошад.

Бањри ислоњоти маблаѓгузории соњаи тандурустї як ќатор њуљљатњои муњими соња ба монанди: Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи маблаѓгузории соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон дар солњои 2005-2015, Наќшаи кўтоњмуддати байнисоњавї барои солњои 2006-2008 оид ба татбиќи «Стратегияи маблаѓгузории соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон дар давраи солњои 2005-2015», љорї намудани маблаѓгузории сарикасї дар муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї, Барномаи кафолатњои давлатї оид ба таъмини ањолии ноњияњои таљрибавии Љумњурии Тољикистон бо кўмаки тиббию санитарї, Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї, Барномаи миёнамўњлати харољоти давлатї, Дастурамали нави ягона љињати пардохти музди мењнати кормандони соњаи тандурустї, Тартиби муќаррар намудани нархи хизматрасонии тиббие, ки аз тарафи муассисањои хусусии тиббї расонида мешавад ва Ќонун «Дар бораи суѓуртаи њатмии тиббї» ќабул шуданд.

Маќсади ислоњоти маблаѓгузории соњаи тандурустї аз тањияи системаи устувор ва њамгироишудаи маблаѓгузории тандурустї дар асоси њаљми афзояндаи маблаѓгузорї, бо таќсимоти баробари захирањо ва афзоиши самарабахшии системаи тандурустї љињати таъмини дастрасии универсалї дар доираи барномаи кафолатњои давлатї, бењбуди њимояи ањолї, махсусан гурўњњои камбизоати ањолї аз хавфњои молиявї, бењбуди дастрасї ба хизматрасонињои тиббї, истифодаи судманд ва оќилонаи захирањои соњаи тандурустї ва таъмини омилњои њавасмандгардонї барои бењбуди сифати хизматрасонињои тиббї иборат мебошад.

Маќсади асосии Стратегияи маблаѓгузории соњаи тандурустї барои солњои 2005-2015, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10 майи соли 2005, №171тасдиќ шудааст, ин љорї намудани системаи маблаѓгузории сарикасї дар муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї, љорї намудани системаи пардохт барои њар як њолати муолиља дар хадамоти бистарикунонї, тањия ва љорї намудани барномаи кафолатњои давлатї мебошад.

Раванди ислоњоти маблаѓгузории соњаи тандурустї бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон аз љониби Вазорати тандурустї дар якљоягї бо кўмаки техникии донорњо ва шарикон оид ба рушд, аз љумла Иттињоди Аврупо, Бонки Умумиљањонї, USAID, Агенти Швейтсария оид ба рушд ва њамкорї, ТУТ ва Фонди Оѓохон амалї шуда истодааст.

Самти дигари афзалиятноки ислоњоти маблаѓгузории соњаи тандурустї ин гузариш ба маблаѓгузории сарикасии кўмаки аввалияи тиббию санитарї буда, дар Тољикистон аз соли 2005 ба таври таљрибавї љорї гардид.

Маблаѓгузории сарикасї дар муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї дар соли 2005 дар ду ноњия (Варзоб ва Данѓара), соли 2007 дар 15 шањру ноњия, соли 2009 дар тамоми шањру ноњияњои вилоятњои Суѓду Хатлон, 3 ноњияи тобеи љумњурї ва 1 ноњияи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон татбиќ карда шуда, айни њол ин раванд дар тамоми шањру ноњияњои љумњурї татбиќ карда шудааст. Дар натиља, дар системаи идоракунии муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарии љумњурї таѓйиротњои зерин ворид карда шуданд: ба марказњои саломатии ноњия (шањр) маќоми шахси њуќуќии мустаќил дар сохтори идоракунии тандурустии ноњия (шањр) дода шуд, бунгоњхои саломатї вобаста ба мансубияти њудудї ба тобеияти марказњои саломатии дењот вобаста карда шуданд, ќисми амбулатории беморхонаи минтаќавии дењот дар доираи воњидњои кори ихтисоршуда ва маблаѓњои пешбинишуда ба марказхои саломатии дењот табдил дода шуданд, вазифаи воњиди «муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноњия (шањр) оид ба ёрии амбулаторию поликлиникї» ба вазифаи «Менељер» дар шабакаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии ноњия табдил дода шуд, дар доираи воњидњои кори амалкунанда дар сохтори шабакаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии ноњия (шањр), шўъбаи кадрњо ва муњосиботи мутаммарказ ва дар рўйхати мансабњои воњидњои кори шабакаи КАТС вазифаи нозири кадрњо, сармуњосиб ва мутахассиси омори тиббї дохил карда шуд, маблаѓгузории шабакаи кўмаки аввалияи тиббию санитарї ва хадамоти бистарикунонии ноњия (шањр) људо карда шуда, дар буљаи солонаи соњаи тандурустии ноњия (шањр) барои маблаѓгузории шабакаи кўмаки аввалияи тиббию санитарї на кам аз 40 фоизи маблаѓњо пешбинї карда шуданд.

Аз соли 2004 сар карда, ба маќсади таъмини њуќуќи шањрвандон оид ба њифзи саломатї, баланд бардоштани сифати кўмаки тиббї, ба танзим даровардани хизматрасонии тиббї, барњам додани ришвагирї ва тамаъљўї аз беморон, бењтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббї ба ањолї, хусусан гурўњњои аз нигоњи иљтимої камбизоат Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон Барномаи кафолати давлатиро амалї намуда истодааст. Барномаи кафолатњои давлатї номгўи хизматрасонии кафолатноки тиббиро, ки ройгон фароњам оварда мешаванд, инчунин номгўи хизматрасонињои иловагиро, ки ќисман ё пурра аз љониби мурољиин пардохта мешавад, муайян менамояд. Барномаи кафолатњои давлатї хизматрасонињои заминавиро дар бар мегирад, ки дар сатњи кўмаки аввалияи тиббию санитарї расонида мешавад, аз љумла хизматрасонињои пешгирї, ки ба тамоми ањолї ройгон расонида мешавад. То имрўз Барномаи кафолатњои давлатї дар 8 ноњияи таљрибавї (шањрњои Сарбанд, Норак ва Турсунзода, ноњияњои Данѓара, Спитамен, Рашт, Шањринав, Варзоб) татбиќ мегардад.

Дар соли 2011 Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон, азм дорад, ки доираи Барномаи кафолатњои давлатиро дар њамаи шањру ноњияњои вилояти Суѓд, иловатан ба таљрибаи дар дигар ноњияњо татбиќшаванда, тавсеа бахшад.

Бо маќсади танзими пардохти ѓайрирасмии ањолї дар соњаи тандурустї ва љорї намудани њампардохти расмї ва хизматрасонии пулакї дар муассисањои тиббї, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 декабри соли 2008, тањти №600 «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї» муайян карда шуд.

Бо маќсади иљрои ќарори мазкур дар назди вазорат комиссияи љумњуриявии татбиќи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї таъсис дода шуда, Низомномаи комиссияи мазкур тањия ва тасдиќ карда шуд. Инчунин, љињати иљрои банди 4-и ќарори дар боло зикргардида фармони якљояи Вазорати тандурустї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон аз 10 феврали соли 2009, тањти №81-11 «Дар бораи тасдиќи Ќоидањо ва Низомнома доир ба татбиќи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ба имзо расонида шуд, ки дар асоси он Тартиб, Ќоидањо ва Низомнома дар бораи татбиќи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї тањия ва тасдиќ карда шуд.

Ба мақсади истифодаи самараноки захирањои давлатии молиявї дар доираи барномањои маќсадноки соњавии давлатї дар давраи миёнамўњлат дар Љумњурии Тољикистон раванди татбиќи Барномаи миёнамўњлати харољотњои давлатї оѓоз гардид, ки дар соњаи тандурустї аз соли 2008 инљониб ба таври таљрибавї татбиќ мегардад. Барномаи миёнамўњлати харољотњои давлатї унсури асосии ислоњоти идоракунии захирањои молиявии љамъиятї ба њисоб меравад, зеро он бењбуди интизоми ба њам пайвасти молиявї ва босуботи таќсими самарабахши захирањои молиявї, самарабахшии амалиёт ва шаффофиятро дастгирї менамояд. Вазифаи аввалиндараљаи Барномаи миёнамўњлати харољотњои давлатї аз таѓйир додани системаи банаќшагирии буљетии аз собиќ Иттињоди Шўравї боќимонда иборат аст, ки ба харољот ва зиёд намудани буљет барои системаи банаќшагирии он, самарабахшї ва натиља нигаронида шудааст. Барномаи миёнамўњлати харољотњои давлатї тавассути бењбуди ояндабинї, ташаккул, пешбинишаванда будани он ва идоракунии буљети тандурустї ба соњаи тандурустї таъсири мусбї мерасонад. Инчунин, он алоќаи мутаќобила байни Стратегияи миллии тандурустї ва афзалиятњои тандурустиро бо буљети тандурустї ва воридоти воситањои пулї имконпазир мегардонад.

Самти дигари ислоњоти маблаѓгузории соња ба маќсади њавасманд гардонидани кормандони соња, ин - зиёд намудани музди мењнати кормандони соњаи тандурустї мебошад.

Бояд ќайд кард, ки дар 20 соли итиќлолияти љумњурї музди маоши кормандони соњаи тандурустї аз 3 сомонї ба 332 сомонї расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1996 110, нисбат ба соли 2001- 55,3 ва нисбат ба соли 2006 10,4 маротиба зиёд мебошад.

Њамзамон тибқи супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон, ки аз суханронии ў дар маросими ба истифода додани Беморхонаи минтаќавии ноњияи Њисор (29 марти соли 2008) бармеояд, ба мақсади иљрои банди 3-и ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 20 июли соли 2009, тањти № 409 «Дар бораи тадбирњои татбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20 июни соли 2009, тањти №671», Дастурамали нави ягона љињати пардохти музди мењнати кормандони соњаи тандурустї аз тарафи гурўњи кории байниидоравї тањия шуда, 29 июни соли 2009 аз тарафи Вазорати тандурустї дар мувофиќа бо вазорату идорањои дахлдор тасдиќ карда шуд. Њадафи тањияи њуљљати мазкур баланд бардоштани сатњи воќеии музди мењнати кормандони муассисањои буљетии соњаи тандурустї, ташкили системаи музди мењнат дар муассисањои тиббии буљетї дар асоси ченаки тарифии ягона ва бартараф намудани фарќияти беасоси минтаќавии музди мењнат мебошад.

Бо маќсади муайян намудани харољотњо дар соњаи тандурустї вобаста аз манбаи маблаѓгузорї, маќомотњои таќсимкунандагони маблаѓњо, таъминкунандагони хизматрасонињои тиббї ва вазифањои тандурустї, инчунин, муќоиса намудани харољотњои соњаи тандурустии кишвар бо давлатњои хориљї Њисобњои миллии тандурустї бо кўмаки техникии Маркази татбиќи Лоиња оид ба тандурустии љамоавию заминавии Бонки умумиљањонї бо љалби мутахассисони Шўъбаи тањлили сиёсати тандурустї ва мушовирони байналмиллалї тањия ва тасдиќ гардидаанд.

Њамин тариқ, ислоњоти маблаѓгузории соњаи тандурустї ба љорї намудани маблаѓгузории сарикасї дар муассисањои КАТС, пардохти маблаѓ барои њар як њолати табобат дар хадамоти бистарикунонї, баланд бардоштани музди маоши кормандони соња ва самаранок истифодабарии маблаѓњои буљетї равона карда шуда, боиси сол ба сол афзудани маблаѓгузории соњаи тандурустї гардидааст.





Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет