«Дар кишвари соњибистиќлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии њадафњои стратегии он дониста шудааст». Эмомалї Рањмон


Рушди тањсилот ва илми тиб сарчашмаи дастовардњои соњаи тандурустии кишвари соњибистиќлол



бет4/6
Дата23.06.2016
өлшемі9.19 Mb.
#154727
1   2   3   4   5   6

Рушди тањсилот ва илми тиб сарчашмаи дастовардњои соњаи тандурустии кишвари соњибистиќлол

Масъалаи омода кардани мутахассисон



ва бо кадрњои баландихтисос таъмин

намудани муассисањои тиббї яке аз

масъалањои мубрами рўз мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон, 20.04.2011с.

Мусаллам аст, ки бењбудии сифати хизматрасонињои тиббию фармасевтї аз бисёр љињат ба сатњу сифати омодагии касбии кадрњои тиббию фармасевтї, њамчун омили асосии пешбарандаи соњаи тандурустї, алоќаманд мебошад. Аз ин лињоз, дар 20 соли истиќлолият бо назардошти он, ки аз њисоби аќќалиятњои миллї кормандони соњибкасби соњањои гуногун, аз љумла кормандони соњаи тандурустї тарки кишвар намуданд, зарурияти пешбурди сиёсати нав дар соњаи тайёр кардани кадрњои тиббї пеш омад, ки маќсади он аз тарбия ва бозомўзии мутахассисони дорои дониш ва малакањои муосири соњаи тандурустии кишвар иборат буд, ки метавонанд усулњои нави пешгирї, ташхис ва муолиљаро таъмин намуда, сатњ ва сифати хизматрасонии тиббиро баланд бардоранд.

Бањри тарбияи босифати кадрњои соњаи тандурустї дар давраи сипаригашта дар Тољикистон як ќатор санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гардид, ки «Консепсияи ислоњоти тањсилоти тиббї ва фарматсевтї дар Љумњурии Тољикистон», «Барномаи рушди Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино дар солњои 2006-2015», «Барномаи тайёр намудани кадрњои тиббї барои солњои 2010-2020» аз љумлаи онњо мебошанд.

Маќсади «Консепсияи ислоњоти тањсилоти тиббию фарматсевтї» пеш аз њама мутобиќ гардонидани тањсилоти тиббї - сохтор, мазмун, мўњлат ва сифати таълимот ба стандартњои давлатї ва байналмилалї, талаботи расонидани кўмаки тиббии босифат ба ањолї, ворид шудани Љумњурии Тољикистон ба фазои тањсилоти ягонаи љањонї, њамчунин имконоти ба роњ мондани њамкорињои байналмилалї дар соњаи тайёркунї ва бозомўзии мутахассисон мебошад.

Маќсадњои асосии «Барномаи тайёр кардани кадрњои тиббї барои солњои 2010-2020» ин мутобиќи самтњои афзалиятноки соњаи тандурустї, тайёр намудани кадрњои баландихтиссоси тиббї ва илмї тањия ва татбиќи усулњои банаќшагирии захирањои кадрї, ки ба талаботи воќеии ањолї ба хизматрасонии тиббї љавобгў мебошанд, таќвият бахшидан ва афзоиш додани имконияти тайёр кардани кадрњои тиббї дар заминаи муассисањои таълимию илмии системаи тандурустї, аз байн бурдани нобаробарии љуѓрофї, бо кормандони тиббї таъмин намудани муассисањои тиббии вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї, маќсаднок тайёр намудани мутахассисони тиббї дар муассисањои таълимии тиббии љумњурї аз шањру ноњияњое, ки таъмини онњо бо кадрњои тиббї нокофї мебошад, тањия ва татбиќи воситањои њавасмандгардонї барои ба кор љалб кардан ва нигоњдории кадрњои тиббї аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ВМКБ, вилоятњо, шањру ноњияњои љумњурї, махсусан дар дењот ва тайёр кардани кадрњои илмии соњаи тандурустї дар муассисањои илмию таълимии хориљи кишвар аз рўи ихтиссосњое, ки дар Љумњурии Тољикистон имконияти тайёр намудани онњо вуљуд надорад, мебошад.

Маќсади асосии «Барномаи рушди Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино (ДДТТ) » ин фароњам овардани шароити мусоид барои ба роњ мондани раванди босифати таълим ва бо кадрњои баландихтисоси педагогї таъмин кардани он, ба вуљуд овардани базаи пурќуввати моддиву техникї, тањияи барномањои таълимии љавобгўйи замон, дастрас будани китобу дастурњои илмиву таълимї, таљњизоти зарурии таълимиву озмоишї, барои тайёр кардани кадрњои баландихтиссоси тиббї ва фармасевтї њамчун ќисми људонашавандаи сиёсати иљтимоии давлатї оид ба мустањкам намудани соњаи тандурустї мебошад.

Бояд ќайд кард, ки имрўз дар кишвар шумораи табибон 15412 нафарро ташкил медињад, ки ин нишондињанда соли 1991 13635 нафарро ташкил медод. Тањлилњо нишон медињанд,ки дар муддати 20 соли истиќлолият новобаста аз он, ки аксари табибони соњибкасб дар ин солњо бо сабабњои гуногун тарки кишвар намуданд, теъдоди табибон нисбат ба соли 1991 13% зиёд шудааст.Таъминотнокї бо табибон ва кормандони миёнаи тиббї аз соли 1991 (мутаносибан 24,9 ва 76,1) сар карда, то соли 2007 (мутаносибан 18,6 ва 41,3) тамоюл ба пастравї дошт. Хурсандибахш аст, ки нишондињандаи мазкур аз соли 2007 ин љониб рў ба афзоиш дорад.

Тайёр кардани кормандони тибби амалї дар ДДТТ, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тољикистон (ДТИБКТТ), Маркази љумњуриявии таълимию клиникии тибби оилавї, 4 коллељ ва 11 омўзишгоњњои тиббї амалї карда мешавад.

ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино дар тўли фаъолияти 71 - солаи худ зиёда аз 33 њазор табибонро омода кардааст, ки имрўз на танњо дар гўшаву канори кишвар, балки берун аз марзи он низ кору фаъолият мекунанд. Дар давоми 20 соли истиќлолияти давлатии кишварамон 14772 нафар мутахассисон тайёр карда шудаанд, ки таќрибан 45% -и шумораи умумии хатмкардагони донишгоњро ташкил медињанд. Дар њамин муддат Донишгоњи тиббиро 687 нафар шањрвандони давлатњои хориљї хатм намудаанд. Миќдори хатмкунандагон аз соли 1991 то соли 2005 тамоюл ба пастравї дошта, аз соли 2005 то инљониб ин тамоюл рў ба афзоиш дорад.

Ќобили ќайд аст, ки дар ин давра Президенти кишвар, Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон ба рушди ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино, ки маркази ягонаи тайёркунии табибон мебошад, диќќати махсус зоњир менамояд. Ба ин ќабули Барномаи рушди донишгоњ, ки дар боло зикр карда шуд ва ду маротиба ба Донишгоњ ташрифи расмї овардани Љаноби Олї, гувоњи гуфтањои боло мебошанд. Бо дастгирии бевоситаи Љаноби Олї, љињати анљом додани корњои таъмиру сохтмони донишгоњ 24 млн. сомонї, харидории таљњизот ва дигар маводњои таълимї 9 млн. сомонї људо карда шудааст. Дар доираи супоришњои додашуда ва татбиќи Барномаи рушди донишгоњ бошад, заминаи моддию техникии донишгоњ ба талаботи замони муосир зина ба зина мутобиќ гардонида шуда истодааст. Ин пешравињо ва сањми босазои донишгоњи тиббиро дар тайёр намудани кадрњои баландихтисос, рушду такомули илми тиб, комёбињо дар таъмини њифзи тандурустии ањолї, фаъолияти пурмањсули башардўстона ва эњсону шафќат ба инобат гирифта, дар маросими таљлили 70-солагии донишгоњ, он бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 16 ноябри соли 2009, №735 бо «Ифтихорнома» - и Њукумати Љумњурии Тољикистон сазовор гардонида шуд, ки ин бењтарин намунаи ќадрдонии роњбарияти олии кишвар ба фаъолияти ањли кормандони донишгоњ ба њисоб меравад.

Айни њол, дар донишгоњ 6222 донишљў тањсил мекунад, ки аз онњо 550 нафарашон тибќи квотаи Президентї ба донишгоњ ќабул шудаанд. Ѓайр аз ин, ба довталабони шањру ноњияњое, ки аз нарасидани мутахасисони тиббї танќисї мекашанд, њангоми имтињонњои ќабул ба ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино тўли 5- соли охир имтиёз дода мешавад. Дар ДДТТ 503 нафар донишљўёни хориљї тањсил мекунанд, соли 2010 бори аввал 5 нафар аспирант аз Љумњурии Исломии Эрон ва Љумњурии Исломии Афѓонистон, Љумњурии Судан, 7 нафар ординатори клиникї аз Љумњурии Исломии Афѓонистон, Љумњурии Исломии Эрон ва Њиндустон ба тањсил фаро гирифта шуданд.

Дар донишгоњ 63 кафедра фаъолият мекунад, ки аз он 21 кафедраи муолиљавї, 17 кафедраи љарроњї, 20 кафедраи назариявии тиббї ва 8 кафедраи назариявии ѓайритиббї мебошанд. Роњбарии 40 кафедраро докторони илм (64,5%), 21 кафедраро номзадњои илм (33,9%) ба ўњда доранд.

Њайати кадрњои педагогї аз 650 нафар иборат аст, ки 295 нафарашон дараљаи илмї доранд. Аз онњо 84 нафар докторњои илм ва 211 нафарашон номзадњои илм њастанд. Унвоннокии кадрњои педагогї донишгоњ аз 39,4%-и соли 2007 то апрели соли 2011 ба 45,4% расидааст.

Дар 20 соли истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар донишгоњ 332 нафар номзади илм ва 52 доктори илм тайёр карда шудааст. Соли 2009 дар ДДТТ унвони «Профессори фахрии ДДТТ» таъсис дода шуд. То имрўз ба ин унвони ифтихорї 2 нафар корманди донишгоњ сарфароз гардонида шудааст. Барои ДДТТ боиси ифтихор мебошад, ки Президенти Љумњурии Туркманистон Гурбангули Бердимуњаммедов низ ба ин унвон мушарраф гардидааст.

Дар айни замон бозсозии пойгоњњои моддиву техникии ДДТТ љараён дорад. Дар давраи солњои 2001-2005 маблаѓгузории ДДТТ (маблаѓњои буљавї бо хусусї) 4,8 млн. сомонї, солњои 2006-2010 бошад ин маблаѓ то 62,7 млн. сомонї расид. Татбиќи марњилаи аввали «Барномаи рушди ДДТТ барои солњои 2006-2015» анљом ёфт, ки дар ин давра Донишгоњ ба комёбињои назаррас ноил гардид.

Бинои асосии донишгоњ аз нав таъмир ва таљњизонида шуда, Озмоишгоњи марказии илмии тадќиќотї барќарор ва бо таљњизоти навтарин муљањњаз гардонида шуд. Дар бинои нави минтаќаи Ќарияи Боло ду хобгоњ аз нав таъмир ва ба истифода дода шуд. Чопхонаи хурд ва китобхонаи электронї таъсис дода шуд. Маркази илмию клиникии «Стоматология» ва Маркази ташхису табобатии донишгоњ таъсис ва таљњизонида шуд. Инчунин дар донишгоњ бо дастгирии лоињаи «Здрав Плюс» USAID Маркази захирањои тибби исботшуда ва Маркази иттилоотии маводи доруворї таъсис ёфт. Дар айни замон фаъолияти устувори лоињањоро ДДТТ ба ўњда дорад. Дар донишгоњ зиёда аз 700 компютерњои муосир мавриди истифодабарї ќарор дорад, ки ќисми зиёди онњо ба шабакаи байналмиллалии «Интернет» васл шудааст. Захираи китобхона таќрибан 20% пурра гардонида шуда, 515000 нусха китобро дар бар мегирад. Кушодашавии Озмоишгоњи њуљайрањои бунёдї бо иштироки Љаноби Олї барои тамоми кормандони донишгоњ воќеаи фаромўшнашаванда ва боиси ифтихори њамагон мебошад.

Бояд ќайд кард, ки дар доираи дастуру супоришњое, ки аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (24 апрели соли 2010) бармеоянд, ба маќсади вусъат бахшидани такмили ихтисоси кормандони тиб ва ба роњ мондани усулњои нави ташхису табобат Маркази такмили ихтисосу бозомўзї ва Маркази таълимї-табобатии «Эндољарроњї» ташкил ёфт.

Дар Донишгоњи тиббї Шўроњои диссертатсионї оид ба њимояи дараљаи доктори илмњо аз рўи ихтисосњои зерин: љарроњї, беморињои дарунї ва беморињои кўдакона, шўроњои диссертатсионї оид ба њимояи дараљаи номзади илмњо аз рўи ихтисосњои љарроњї, беморињои дарунї ва беморињои кўдакона, бењдошт, беморињои пўст, эпидемиология, физиология, анатомияи одам, саратоншиносї, љарроњии кўдакона, љарроњии дилу рагњои хунгард амал мекунанд.

То апрели соли 2011 дар ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино аз рўи 12 мавзўи комплексї, ки аз њисоби буљети љумњурї маблаѓгузорї мешаванд, корњои илмї-тадќиќотї анљом дода шудааст, ки ба ин 31 кафедра ва Озмоишгоњи марказии илмї - тадқиқотї љалб карда шудаанд. Инчунин, 20 кафедраи донишгоњ бошад, мавзўи ташаббусї доранд. Мавзўъњои илмии донишгоњ дар давраи истиқлолият ба масъалањои њалталаби беморињои дилу рагњо, беморињои модару кўдак, беморињои сироятї, љарроњињои пластикї-барќароркунї, иллатњои сирояткунандаи пўст, љанбањои актуалии патологияи бронхошушии кўдакон, љарроњии гипертензияи порталї, табобати љарроњии норасоии варидњо, ташхис ва муолиљаи остеопатия, хусусиятњои клиникии амёбиаз ва мукаммалкунии усулњои тахшису табобати он, дар асоси гиёњњои шифобахш тайёр намудани доруворї, омўзиши морфологияи узвњои дарунї, беморињои стоматологї, ташхис ва роњњои пешгирии беморињои сироятї ба монанди бемории сил, домана бахшида шудаанд.

Кормандони ДДТТ солњои охир дар самти омўзиши њуљайрањои бунёдї ва татбиќ намудани имплантатсияи њуљайрањои бунёдї дар љараёни табобат ба дастовардњои назаррас ноил шуданд. Дар самти трансплантатсияи гурдањо ва шинондани мўйи сар кормандони донишгоњ ба дастовардњои назаррас низ ноил шудаанд.

Олимони ДДТТ дар 20 соли истиќлолият 67 монография нашр карданд, ки 1\3 њиссаи тамоми монографияњои дар тўли фаъолияти донишгоњ нашршударо ташкил медињанд, 12547 маќолаву фишурда нашр гардид, ки 2\3 њиссаи тамоми маќолаву фишурдањои дар 71 соли мављудияти донишгоњ нашршударо ташкил медињад. Аз соли 1999 инљониб дар ДДТТ маљаллаи «Паёми Сино» нашр мешавад, ки ба реестри таќризшавандаи маљаллањои Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маорифи Федератсияи Руссия шомил аст. Аз соли 2010 сар карда, маљаллаи илмї-амалии «Ављи Зуњал» ба забони давлатї нашр шуда истодааст.

Дар таърихи пасошўравии худ олимони ДДТТ барои ихтироооти худ соњиби 105 патент шуда, 669 пешнињодњои ратсионализаторї намуданд, ки нисфи њамаи пешнињодњои дар 70 соли мављудияти ДДТТ ба дастовардаи онро ташкил медињад.

Дар 70 соли фаъолияти худ ДДТТ зиёда аз 70 конфронси илмї-амалї, 7 симпозиум ва зиёда аз 160 семинар гузаронидааст, ки зиёда аз 70 %-и он ба 10 соли охир рост меояд. Њамагї дар ДДТТ 27 озмоишгоњњои илмї-тадќиќотї ва таълимї фаъолият менамоянд. Дар назди ОМИТ тайи солњои охир 9 озмоишгоњи илмї-тадќиќотї таъсис дода шуд, ба монанди: озмоишгоњи тањќиќи об, њуљайрањои бунёдї, гематология, иммунобактериология, психофизиология; љарроњии эксперименталї ва ѓайра.

Дар озмоишгоњњои ДДТТ усулњои тадќиќоти иммуноферментї ва радиоиммунологї, реаксияи полимеразї амалї гашта, татбиќ намудани тањќиќотњои гистокимиёвї ба наќша гирифта шудааст.

То ба даст овардани соњибистиќлолии кишварамон раванди таълим дар ДДТТ пурра ба забони русї ба роњ монда шуда буд. Дар давраи истиќлолият раванди таълим ба забонњои тољикиву русї ва англисї љараён дорад. Таъминотнокї бо китобњои дарсї аз 42%-и соли 2005 ба 99,6%- дар соли 2010 расонида шуд. Ќобили зикр аст, ки чунин таъминнокї бо китобњои дарсї њатто дар даврони шўравї мављуд набуд. Дар донишгоњ лоињаи барномаи бозсозии тањсилоти олии тиббии тодипломї амалї шуда, барномањои таълимии тиббї ба стандартњои байналмиллалии тањсилоти тиббї мутобиќ карда шуда истодаанд. Дар ДДТТ Маркази ягонаи тестї таъсис дода шудааст, ки дар он имтињонњои љорї, гузариши давлатии тамоми курсњо ва дохилшавиро ќабул ва бањогузорї карда мешаванд.

Дар давраи фаъолияти ДДТТ 12 нафар кормандони донишгоњ дорандаи Љоизаи Давлатии ба номи Абўали Ибни Сино шуданд. Дар байни љавонон 8 нафар дорандаи Љоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи љавонон варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон гаштанд. Дар соли 2008 ДДТТ сазовори љоизаи Ассамблеяи савдои аврупої «Сифати аврупої» гардид.

ДДТТ дар 5 соли охир тариќи грант зиёда аз 34 млн сомониро аз худ кард. Донишгоњ дар даврони истиќлолият бо муассисањои таълимии тиббии Љумњурии Исломии Эрон, Украина, Россия, Литва, Чин, Туркманистон ва Афѓонистон њамкории пурќувват пайдо кард. Донишљўёни Донишгоњ таљрибаи истењсолии худро дар Љумњурињои Эрону Украина ва аз соли 2010 сар карда, давраи коромўзиашонро дар Љумњурии Чин мегузаронанд.

Тањсилоти баъдидипломии кормандони дорои маълумоти миёна ва олии касбии тиббї дар заминаи ДТИБКТТ ва Шўъбањои дар шањрњои Хуљанд ва Ќурѓонтеппабудаи он, ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино, Маркази љумњуриявии таълимию клиникии тибби оилавї (аз рўи ихтиссоси тибби оилавї) ва Маркази љумњуриявии илмии хун амалї карда мешавад.

ДТИБКТТ, бо ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 3-юми июни соли 1993, тањти № 247 «Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси табибони Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон» дар шањри Душанбе таъсис ёфтааст. Бо ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 18-уми июли соли 1994, тањти № 363 Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тољикистон ба Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тољикистон табдили ном шудааст. Шўъбањои дар шањри Хуљанди вилояти Суѓд ва шањри Ќурѓонтеппаи вилояти Хатлонбуда, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5-уми июли соли 2002, тањти № 246 «Оид ба таъсис додани Шўъбањои Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тољикистон дар шањри Хуљанди вилояти Суѓд ва шањри Ќўрѓонтеппаи вилояти Хатлон» ташкил карда шудаанд.

Агар дар оѓози фаъолияти донишкада (соли 1993) дар он як доктори илмњои тиб, як профессор, 19 нафар номзади илмњои тиб ва 11 нафар омўзгорони бедараља ва бе унвони илмї фаъолият дошта бошанд, њоло дар Донишкада ва шўъбањои дар шањрњои Хуљанд ва Ќўрѓонтеппа будаи он 21 нафар кормандони дорои дараљаи илмии доктори илмњои тиб ва 83 нафар дараљаи илмии номзади илмњои тиб фаъолият доранд, нишондоди дараљанокии сатњи илмии донишкада 55,9%- ро ташкил медињад.

Дар донишкада 8 нафар Кормандони шоистаи Љумњурии Тољикистон ва 1 нафар Арбоби илм ва техникаи Љумњурии Тољикистон кор мекунанд. Аз љумлаи кормандон 41 нафар аълочиёни тандурустии Љумњурии Тољикистон мебошанд.

Дар донишкада ва шўъбањои он намудҳои зерини нақшавӣ ва ғайринақшавии таҳсили баъдидипломї ба амал оварда мешаванд: ихтисосгирї оиди тахассусҳои асосии клиникї барои шахсони дорои маълумоти олї ва миёнаи махсуси тиббї ва фармасевтї, такмили ихтисос дар даврањои умумї ва мавзўї барои њама тахассусњои табибї ва шуғли њамширагӣ, гузаронидани даврањои сайёри таълимӣ, гузаронидани даврањои тайёрии аккредитатсионї ва аттестатсионї барои ноил шудан ба категорияњои тахассусии дараљаи олӣ, якум ва дуюм, давраҳои тайёрии сертификатсионӣ, тағйири ихтисос, азнавтайёркунии кадрҳои маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси тиббию фармасевтидошта, азнавтайёркунии табибони дигар ихтисосњо ба табибони тибби оилавӣ ва кормандони миёнаи тиб ба њамшираҳои тибби оилавӣ, таҳсили 2 - сола дар ординатураи клиникӣ бо ихтисосњои асосии мувофиќи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустї, тайёр намудани кадрњои илмию омӯзгорї дар аспирантура ва докторантура.

Дар давоми 19 соли фаъолияти донишкада дар даврањои такмили ихтисос ва бозомўзї 27813 нафар табибон (18078 нафар дар даврањои такмили ихтисос ва 4132 нафар дар даврањои ихтисосгирї) тањсил гирифтанд. Пеш аз даврони истиќлолият зиёда аз 75 фоизи ин мутахассисон аз сабаби набудани шароити муосоид ба шањрњои дигар љумњурињо саргардон мешуданд.

Дар даврони истиќлолият кормандони Донишкада дар доираи 108 мавзўи марбут ба самтњои афзалиятноки соњаи тандурустї тањќиќотњои илмии бунёдиро анљом доданд. Дар натиља оид ба ташхис ва табобати беморињои саратонї, омўзиши фаъолияти мубодилаи майнаи сар дар беморони гирифтори осебњои њамбаста бо воситаи истифодаи сканери дуплексии рагњои хунгарди гардан ва майнаи сар, муайян намудани дараљаи норасогии функсионалии љигар вобаста аз њаљм, мавќеъ, љойгиршавї, миќдор ва оризањои обхалтањои эхинококки шуш, љигари кўдакон, беморињои урологї, роњњои њозима дастовардњои зиёд ба даст омад. Дар донишкада айни њол 33 кафедра ва 6 курси он оид ба 27 мавзўъњои илмиву-тадќиќотї (дар бахши љарроњї – 12, дар бахши беморињои дарунї – 10, дар бахши тандурустии љамъиятї – 5) кор бурда истодаанд. Аз онњо 15 лоињањо аз њисоби буља маблаѓгузорї мешаванд ( дар бахши љарроњї-8, дар бахши терапия-4, дар бахши тандурустии љамъиятї -3), 12 мавзўњои дигар ташаббусї мебошанд.

Дар ДТИБКТТ Шўроњои диссертатсионї оид ба њимояи дараљаи номзади илм аз рўи ихтисосњои анестезиология ва реаниматология, сињњатии љомеа ва тандурустї амал менамоянд.

Дар давраи фаъолияти худ Донишкада бо Барномаи Тандурустии Хазинаи Оѓо-Хон, Лоињаи Здрав-Плюс, Намояндагии Маркази Байналмиллалии Донишгоњи тропикии Швейтсария дар Тољикистон, лоињаи Тољикї-Шветсарї доир ба ислоњоти соњаи тандурустї ва дастгирии тибби оилавї (лоињаи Сино), Донишгоњи Каролинская (Шветсия) њамкорињои судмандро ба роњ мондааст.

Яке аз самти афзалиятнок дар соњаи рушди захирањои кадрии соњаи тандурустї тибќи санадњои меъёрии њуќуќии кишвар ин тарбия намудани мутахасисони тибби оилавї мебошад. Ба маќсади рушди тибби оилавї Маркази љумњуриявии тибби оилавї дар асоси фармони Вазорати тандурустї соли 1999 таъсис ёфта, соли 2004 ба Маркази љумњуриявии таълимию клиникии тибби оилавї табдил дода шуд. Марказ ба шахсоне, ки дорои маълумоти олї ва миёнаи тиббї мебошанд, имконияти такмили сатњи дониш ва малака, гузаштани курсњои тахассусї, таљрибаомўзї ва такмили ихтисосро аз рўи ихтисоси тибби оилавї фароњам меоварад. Инчунин Марказ дар шањрњои Хорўѓ, Хуљанд ва Қўрѓонтеппа Марказњои вилоятии худро таъсис додааст, ки айни њол ба бозомўзии мутахасисони тиббї машѓул мебошанд. Ба ѓайр аз ин, дар шањру ноњияњои Турсунзода, Шањринав, Вањдат, Рашт, Панљакент, Конибодом, Истаравшан, Шањритўс, Данѓара ва Кўлоб шўъбањои байниноњиявии тибби оилавї фаъолият дошта, тобеи Марказ мебошанд. Дар шањри Душанбе низ Маркази шањрии тибби оилавї фаъолият мекунад. Дар љумњурї аз соли 1998 сар карда то ба имрўз 2554 табиби оилавї ва 2809 корманди миёнаи тибби оилавї тайёр карда шудаанд, ки мутаносибан 22 ва 29 фоизи онњо дар 3 соли охир тайёр карда шудаанд.

Тарбияи мутахассисони дорои тањсилоти миёнаи тиббї ва фармасевтї дар 4 коллељи тиббии шањрњои Душанбе, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа ва Хуљанд, 11 омўзишгоњи тиббии шањру ноњияњои Данѓара, Ёвон, Вањдат, Њисор, Рашт, Турсунзода, Конибодом, Истаравшан, Панљакент, Хорўѓ ва Исфара сурат мегирад. Боиси ќайд аст, ки аз 11 омўзишгоњи тиббии љумњурї 6-тои он, яъне 55%-и онњо дар замони истиќлолият ташкил карда шуданд. Аз љумла, омўзишгоњњои тиббии шањрњои Истаравшан ва Панљакент соли 1991, омўзишгоњи тиббии ноњияи Рашт ва шањри Хоруѓ соли 1992, Омўзишгоњи тиббии шањри Турсунзода соли 2007 ва Омўзишгоњи тиббии шањри Исфара соли 2009 мањсули замони истиќлолиятанд. Айни њол, дар коллељу омўзишгоњњои тиббї 19623 нафар донишљўён аз рўи 8 ихтисос: «Кори умумитиббї», «Кори момодоягї», «Кори дандонсозї», «Кори фарматсевтї», «Техника ва таљњизоти тиббї», «Гигиена, санитария, эпидемиология», «Кори лабораторї» ва «Кори њамширагї» таълим мегиранд. Дар 20 - соли истиќлолият коллељу омўзишгоњњои тиббиро 60722 нафар хатм намуданд. Дар тўли 20 соли истиќлолият заминањои таълимї, кадрї ва моддию техники коллељу омўзишгоњњои тиббї бењтар гардонида шудааст, аз он љумла бањри бењтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимї, таљрибаомўзї, корњои амалии донишљўён ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар Коллељи тиббии љумњуриявї, Маркази таълимию истењсолии таъмири техника ва таљњизоти тиббї, Маркази таълимию истењсолии фарматсевтї, кафедрањои «Ташхиси лабораторї» ва «Тибби халќї» дар Маркази миллии ташхис Маркази таълимию табобатии љарроњии Коллељи тиббии љумњуриявї таъсис дода шуд. Бо маќсади бењтар намудани таъминотнокии муассисањои тиббии шањру ноњияњои бо кормандони миёнаи тиб камтаъмин, тибќи супориши Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 августи соли 2008, №16.3/32 аз њисоби коллељњо ва омўзишгоњњои тиббї дар назди беморхонањои марказии шањру ноњияњои Балљувон, Восеъ, Фархор, Њамадонї, Темурмалик, Шањритўс, А. Љомї, Панљ, Ќумсангир, Сарбанд, Вахш, Румї, Љилликул, Н. Хусрав, Љиргатол, Бохтар, Хуросон, Ховалинг, Файзобод, Тољикобод, Роѓун, Шањринав, Варзоб, Нуробод, Норак, Тавилдара, Рўдакї, Айнї, Спитамен, Ѓончї, Мастчоњ, Зафаробод, Ашт, Дарвоз, Ванљ, Рўшон ва Мурѓоб гурўњњои таълимии маќсаднок таъсис дода шуд. Ин имкон дод, то дастрасии тањсилоти миёнаи касбии тиббї бењтар гардонида шуда, духтарони ноњияњои дурдаст бо харљи камтар соњибмаълумот гарданд.

Дар даврони истиќлолият аз рўи самтњои зерини афзалиятноки илмї: беморињои сироятї, беморињои дилу рагњои хунгард, саратон, беморињои узвњои њозима, саломатии модарону кўдакон, беморињои эндокринї, чашм, беморињои тавассути алоќаи љинсї интиќолшаванда, сил, ВНМО/БПНМ, тандурустии рўњї ва тањияи маводи нави доруворї дар соњаи тандурустї корњои илмию тадќиќотї бурда шуда истодааст. Айни њол, дар мамлакат аз рўи 15 ихтисосњои тиббї ( љарроњї, беморињои дарунї, беморињои кўдакон, бењдошт, беморињои пўст, эпидемиология, физиология, анатомияи одам, саратоншиносї, љарроњии кўдакон, љарроњии дилу рагњои хунгард, беморињои амрози занон, гастроэнтерология, анестезиология ва реаниматология, сињатии љомеа ва тандурустї, фармакология ва фармакологияи клиникї ) рисолањои номзадї ва аз рўи 4- ихтисос: љарроњї, беморињои дарунї, беморињои кўдакона ва гастроэнтерология рисолањои доктори илмњо њимоя карда мешаванд, ки пеш аз истиќлолият чунин имконият ба куллї дар њудуди кишвар вуљуд надошт. Имрўз дар соњаи тандурустии кишвар 692 нафар номзадњо ва докторони илм кору фаъолият доранд, ки зиёда аз 65%-и онњо дар даврони истиќлолият рисолањои илмии худро њимоя намудаанд.

Дар соњаи тандурустї норасогии кадрњои илмї аз рўи ихтисосњои зайл ба мушоњида мерасад: беморињои дил, психиатрия, осебшиносї, наркология, нефрология, беморињои чашм, трасплантология ва узвњои сунъї, љарроњии дилу рагњои хунгард, ташхиси клиникии лабораторї, экспертизаи тиббию иљтимої ва барќарорсозии тиббию иљтимої, анатомияи патологї, физиологияи патологї, токсикология, тибби судї, вирусология ва иммунология. Мављудияти чунин норасої бо муассисањои пешрафтаи илмї ва таълимии кишварњои хориљї тањким додани њамкориро таќозо менамояд. Ба маќсади аз байн бурдани норасоињои мутахасисон аз рўи ихтисосњои номбаршуда њамасола бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон мутахассисони тиббї ба муасисањои илмию таълимии хориљи кишвар фиристода мешаванд. Аз он љумла, солњои охир мутахасисони ихтисосњои пайвандсозии узвњо, љарроњии дили кўдакон, бордоркунии сунъї, хизматрасонии техникаи тиббї, тибби судї, вирусология ва анатомияи паталогї дар муассисањои илмию таълимии хориљи кишвар тањсил намуданд, ки ин барои бори аввал ба роњ мондани хизматрасонињои дахлдори нави тиббї мусоидат намуд.

Ба маќсади таъмини њамоњангсозии фаъолияти муассисањои илмии системаи тандурустї, љорї намудани дастовардњои муоссири илмї ва усулњои ташхису муолиља дар амалияи тиббї, бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон дар маросими баистифодадињии бинои навтаъмири ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино (25 ноябри соли 2008) тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 августи соли 2009, № 494 Академияи илмњои тибби назди Вазорати тандурустї таъсис дода, њамзамон тибќи њамин ќарор Пажўњишгоњи гастроэнтерологии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба сохтори Вазорати тандурустї ворид карда шуд. Бояд ќайд кард, ки аз 12 муассисаи илмии зертобеи Академия 9-тои онњо: Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу раг ва ќафаси сина ( соли 2003), Маркази љумњуриявии илмии хун (соли 2003), Маркази љумњуриявии илмию таълимии љарроњии барќарорсозї ( соли 1998), Маркази љумњуриявї оид ба масъалањои ѓизо (соли 2001), Маркази илмию тадќиќотии дорусозї ( соли 1997), Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї (соли 2003), Маркази љумњуриявии илмию клиникии педиатрї ва љарроњии кўдакона ( соли 2008) ва Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтањои инсон ( соли 2010), Пажўњишгоњи илмии клиники стоматология ва љарроњии љоѓў рўй (соли2010) дар даврони истиќлолият таъсис дода шудааст, ки ин аз самти афзалиятнок ба њисоб рафтани илми тиб ва дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон шањодат медињад. Айни њол, аз љониби 14 муассисањои илмї ва таълимии соњаи тандурустї аз рўи 63 мавзўъњои илмї кор бурда мешавад.

Дастовардњои олимони тибби тољик дар даврони истиќлол назаррас буда, ба самтњои баландбардории сатњи ташхиси даќиќ бо истифода аз технологияи муосири љањонї ва роњњои нави табобат равона гаштааст. Бори аввал дар љумњурї муайян намудани сабабњои пайдоиши сиррози љигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселюлярї дар сатњи таѓйироти генетикии ДНК ва РНК дастрас гашта, ташхиси радиологии изотопии (синтиграфияи) узвњои дохила ба роњ монда шуд. Амалиётњои љарроњии пайванди узвњо (гурда ва њуљайрањои бунёдї) нисбати беморињои, дил ва буѓумњо амалї гашт. Дар соњаи акушерї – гинекологї ва перинатологї бошад, амалиётњои љарроњї бо истифода аз технологияи эндоскопї сурат гирифта, барои њомиладории экстрокорпоралии занњои хавфи баланди таваллуддошта, заминаи боэътимод гузошта шуд. Васеъ намудан ва стенткунонии роњњои шараёни ќалб ва амалиётњои љарроњии пластикї вусъати тоза пайдо намуданд.

Олимони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология муайян намуданд, ки дар ҳолати бемории гелиотропии ҷигар зањри растании гелиотроп асосан ба рагҳои хунгарди хурдтарин таъсир намуда, онҳоро васеъ ва гузаронишашонро баланд мекунад. Бинобар ҳамин, ба ин беморї номи «гепатоангиопатияи гелиотропӣ» (бемории Мирољник-Мансуров) дода шуд. Дар асоси ин омўзишҳо бори нахуст усули табобати ин беморї пешкаш гардид.

Омўзиши вирусњои В, Д ва С дар ҷараёни гепатити музмин, сирроз ва саратони ҷигар, муайян намудани занҷири аминокислотаи вируси В ва намудҳои мутатсияи он, генотипҳои вируси В ва С, «интерференсия»-и вирусҳо (бо њам таъсиркунии онњо) барои коркарди усулҳои нави ташхис ва табобати ин бемориҳо асос гардид, ки он умри беморонро аз 3 то 5 сол дароз менамояд. Алгоритми ташхиси ҷараёни пинҳонии вирусҳои В ва С кор карда бароварда шуд. Нақши фарбеҳї дар пайдоиши ҳолати инсулинорезистентӣ, бемории чарбсории ғайриалкоголии ҷигар, давраи аввали пайдоиши санги талхадон, усулҳои пешгирї ва табобати онҳо муайян гардидаанд. Дар пажӯҳишгоҳ бори нахуст усули нави табобати њубобчаҳои ҷигар ва ғадуди зери меъда бо сўзани махсус дар зери назорати истифодаи фаросадо коркард гардид. Усулҳои нави ташхиси радиологӣ (кардиоспект) ва ҷигар дар амал татбиқ гардидаанд. Дар асоси гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон якчанд доруҳои зиддивирусӣ, гепатопротекторӣ ва талхаронӣ ихтироъ щуд.

Аз љониби кормандони Пажўњишгоњи илмї- тадќиќотии тибби профилактикии Тољикистон дар 20 соли соњибистиќлолият аз рўи 20 мавзўъ тадќиќотњои илмї гузаронида шуда, 35 рисолаи номзадї ва 9 рисолаи докторї њимоя карда шудааст. Дастовардњои назаррасї кормандони Пажўњишгоњи мазкур ин дарёфт намудани намуди нави лактобактерияњо аз шири туршшуда, ки онро метавон барои тайёр намудани доруворї истифода бурд, љорї намудани усулњои њозиразамони ташхис ва табобати беморињои сироятї, омўзиш ва тањлили вирусњои ВНМО ва таснифи генетики вирусњое, ки дар љумњурии мо вомехўранд, инчунин омўзиш ва тањлили илмии барангезандаи таби хунрав дар Љумњурии Тољикистон ва тартиб додани харитаи эпидемиологии бемории мазкур мебошад. Дар натиљаи омўзиши хосиятњои генетики вируси бемории табби хунин аввалин маротиба генотипњо ва зергенотипњои ин вирус дар љумњурии мо ташхис ва тањлил карда шуд.

Кормандони Маркази илмии саратоншиносї бошад, дар ин давра ташхисњои иммуногистокимиёвї барои муайян кардани сохтори морфологии омос, муайян кардани маркерњои омос њангоми бемории саратон, љарроњињои мураккаби саратони сурхрўда, сохтани масонаи сунъї аз рўдаи борик њангоми саратони масона ва љарроњињои узвнигањдоранда бо саратони гурда ва ѓадуди шириро ба роњ монданд. Дар њамкорї бо ташкилотњои байналмиллалї технологияи нави табобат бо нур татбиќ гардид.

Дар Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо ва ќафаси сина, коронарография, стентгузорї ва шунтикунонии коронарї, ивазкунии даричањои дил, бартараф намудани нуќсонњои модарзодии дил бо натиљањои назаррас ба роњ монда шуд. Дар давраи солњои истиќлолият олимони Марказ 350 корњои илмї, 4 монография ба табъ расонданд, 18 рисолаи номзадї ва 2 рисолањои докториро дифоъ намуда, соњиби 26 ихтироот гаштаанд.

Дар Маркази љумњуриявии илмию таълимии љарроњии барќарорсозї дар давраи истилолият реплантатсияи ангуштони кандашуда, барќароркунии дастаи асабию рагии андомњо, аутотрансплантатсия бофтањо ба роњ монда шудаанд. Натиљаи корњои илмї ин гирифтани 25 патенти ихтироотї, 65 воридоти љарроњињои нав, нашр шудани 260 маќолањои илмї мебошад. Дар ин самт 4 рисолаи докторї ва 11 рисолаи номзадї њимоя карда шуд.

Аз љониби кормандони Пажўњишгоњи илмию клиникии стоматология ва љарроњии љоѓу рўй усулњои муосири муолиљаи беморињои стоматологї ва љарроњии љоѓу рўй ба монанди муолиљаи адентия ( нестшавии дандонњо) бо истифодаи имплантатњои денталї, артропластика бо эндопротезњои титанї дар њолати анкилози (шахшавии) буѓумњои чаккаю љоѓи поён, тармими деформатсияњои рўй бо истифодаи имплантатњои контурї аз силикон ва муолиљаи аномалияњои љоѓу дандонњо бо истифода аз технологияи муосир, ба роњ монда шуд. Дар ин муддат, анљуманњои якум ва дуюми стоматологњои Љумњурии Тољикистон бо иштироки олимони давлатњои хориљии дуру наздик гузаронида шуданд.

Дар Маркази љумњуриявии илмии хун дар ин давра бори аввал дар мамлакат усулњои љамъоварӣ, коркард ва реинфузияи хуни љарроњї дар доираи таъмин намудани бехатарии хун бо истифода аз технологияи њозиразамон ба роњ монда шуд. Инчунин, собит карда шуд, ки яке аз сабабњои асосии хунравињои рўдањо дар беморони мубталои домана ихтилоњои нињонї ва возењи системаи гемостаз мебошанд. Ба ѓайр аз ин, сохтори антигении эритроситњои ањолии минтаќањои гуногуни мамлакат, ки ањамияти стратегї доранд, омўхта шуд. Ин барои банаќшадарории захирањои хун дар замони осоишта ва њолатњои фавќулодда имконият фароњам меорад.

Дар даврони соњибистиќлолии мамлакат њайати кормандони Пажўњишгоњи илмию тадќиќотии акушерї- гинекологї ва перинатологии Тољикистон дар маљмўъ 17 кори илмию тадќиќотиро ба анљом расонидаанд, ки њадафи онњо боз њам баланд бардоштани сатњ ва сифати ташкил ва расонидани кўмакрасонињои акушерї, гинекологї ва неонатологї дар мамлакат буд. Натиљаи корњои илмї дар амалияи клиникии муассисањои таваллудию гинекологї ва солимии репродуктивї, ба таври васеъ мавриди истифода ќарор дода мешаванд, аз он љумла муоинаи допплерометрии гардиши хун дар системаи бачадон-њамроњак-тифл њангоми патологияњои акушерї ва экстрагениталї, ворид намудани системаи нави ташкил ва расонидани кўмакрасонињои тиббї оид ба танзими оила, гузаронидани амалиёти буриши ќайсари ба тарзи буридани Старк бо маќсади паст намудани њаљми хунравї ва давомнокии бењискунї, алгоритми омодасозии њомиладорони дорои њамли аз инкишоф аќибмонда ва ѓайрањо.

Дар соњаи фарматсия корњои илмї- тадқиқотї дар даврони истиќлолият ба маќсади тањияи маводи доруворї аз моддањои фаъоли биологии бо усулњои сунъӣ њосилкардашуда, растанињои шифобахш, моддањои пайдоишашон маъданї ва њайвонотї равона карда шуд. Олимони тољик тайи солњои истиќлолият доруњои уросултан (нотурон), карбатин, ИХАНТ, кулулачаҳои магнитї, селекартен, дибаферол, дибакупрол, тимогар, тимотсин, тимофер, гюрзотоксин, ѓилофаки мумиё, малњамњои фурасиллин, стрептосид, мумиё, равѓанњои эфири иссоп ва кокутиро дар асоси бентонитҳои Тољикистон, малњами тиомекол, ќиёми мастакӣ, равѓани эфири лимў, љўшобаи меваи софораи японӣ, шираи «Ромит», ќиёми камол ва дар асоси он доруњои «Ферусино G ва Р», равѓанњои ангат, хуч, кавари хордор ва аморант, шираи решаи тиллої, омехтаҳои гиёњњои шифобахш: юнибет, фитобет ва чорбаргро тањия намудаанд. Инчунин, онњо исбот карданд, ки бентонитҳои мањаллӣ, талк, моддањои пектинии аз себ ва ситрусињо њосилшударо ба сифати моддањои ёридињанда њангоми истењсоли малњамњо, њабњо, ѓилофакњо, микроѓилофакњо ва дигар шаклњои доруњо ба таври васеъ истифода бурдан мумкин аст.

Боиси хурсандист, ки имрўз олимони тољик якљоя бо марказњои пешќадами илмии Руссия, Олмон, Япония, Англия, Фаронса ва дигар мамлакатњои љањон корњои илмї анљом медињанд.

Њамин тариќ, дар даврони истиќлолият заминањои њуќуќї ва моддии рушди захирањои кадрии соњаи тандурустї тањия ва ташаккул дода шуда, миќдори кормандони тиббї зиёд ва тайи солњои охир раванди таъминотнокии муассисањои тандурустї бо табибон ва кормандони миёнаи тиббї тамоюл ба афзудан дорад. Бањри бо табибон ва кормандони миёнаи тиббї таъмин намудани ноњияњои бо кормандони тиббї камтаъмин ба довталабони ноњияњои мазкур њангоми имтињони ќабули муассисањои таълими тиббї имтиёз дода мешавад. Аз 17 муассисаи таълимии тиббї 7-тои (41, 2 %) он ва аз 12 муассисаи илмии тиббї 9-тои (75%) онњо дар даврони истиќлолият таъсис дода шудаанд. Бори аввал, баъди соњибистиќлол гардидани кишвар тарбияи кадрњои илмии тиббї аз рўи 15 ихтисос дар њудуди Љумњурии Тољикистон ба роњ монда шуд. Инчунин, зиёда аз 65%-и мутахассисони дорои дараљаи номзад ва доктори илм доштаи соњаи тандурустї рисолањои илмии худро мањз дар даврони истиќлолият њимоя намуданд.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет