Ҷин дар Қуръон ва Суннат


«Ин кист?», Ӯ гуфт: Ман Абуҳурайра ҳастам, расули Худо фармуд: «



бет2/3
Дата11.07.2016
өлшемі0.61 Mb.
#191730
1   2   3

«Ин кист?»,

Ӯ гуфт: Ман Абуҳурайра ҳастам, расули Худо фармуд:



«Бароям чанд санге барои таҳорат гирифтан биёр, ва устухону саргин наёр» Пас ман сангҳоро дар бағали худ гирифта будам овардам ва назди расули Худо гузоштам, то инки эшон тамом карданд, ҳамроҳашон роҳ рафтам, ва сипас пурсидам: Устухону саргин чи корашон аст (чи чиз доранд)?.

Фармуданд: «Он ду хӯроки ҷин мебошад, чунки гуруҳе аз ҷинҳои Насибийин назди ман омаданд (ва чи ҷини хубе) онгоҳ аз ман туша талаб карданд, ман барояшон аз Худо хостам ва дуъо кардам, ки бар ҳеҷ устухон ва саргине гузар накунад, магар инки бар он хурок биёбанд»4.

Ва ҳазрати Абдуллоҳ писари Умар (р) ривоят мекунад, ки: "(Инсон ҳар вақт, ки) Хост ғизо бихурад бо дасти рост бихурад, ва ҳаргоҳ хост об бинушад пас бо дасти рост бинушад, зеро ки шайтон бо дасти чап хурок мехурад ва бо дасти чап об менушад"5.

Ҷин худро ба шакл ва суратҳои гуногун дар меоварад

Худованди бузург ва қодир ин қудратро ба ҷин дода аст, то худро ба суратҳои мухталиф ва гуногун дароварад, ва дар ҳадисҳои бисёре ин ҳақиқат собит мебошад, ки онҳо бештар ба сурати саги сиёҳ, ва мору каждум барои инсон зоҳир мегарданд.

Ва ҳамчунин ба шаклу сурати инсонҳо зоҳир мегарданд, чуноне, ки дар рӯзи ҷанги "Бадр" шайтон ба шакли Суроқа ибни Молик барои мушрикин зоҳир шуд ва гуфт: Имруз касе бар шумо ғалаба намекунад ва ман ҳимоят кунанда ва пуштибони шумо ҳастам.6

Ҳамчунин ҷин худро ба шакли шутур, гов, гусфанд, асп, ва парандагон низ дар меоварад...

Пас агар ҷин дар сурат ва шаклҳое, ки гуфтем ошкор шавад, метавонем онҳоро мушоҳида кунем, аммо дар сурат ва шакли аслие, ки Худованд онҳоро офарида аст, дидани онҳо мумкин нест чуноне, ки дар Қуръони карим омада аст:

ﭽإِنَّهُۥ يَرَىٰكُمۡ هُوَ وَقَبِيلُهُۥ مِنۡ حَيۡثُ لَا تَرَوۡنَهُمۡﭼ

[سورة الأعراف 27]

«Шайтон ва ҳамдастонаш шуморо мебинанд, аз ҷое, ки шумо онҳоро намебинед».

Сураи Аъроф, ояти 27



Паноҳ бурдан ба ҷин ҳаром аст

Худованд дар Қуръони карим аз забони ҷин ҳикоят мекунад, ки гуфтанд:

ﭽوَأَنَّهُۥ كَانَ رِجَالٞ مِّنَ ٱلۡإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٖ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَزَادُوهُمۡ رَهَقٗاﭼ

[سورة الجن 6]

Имом ибни Касир дар тафсири ин оят менависад: "Яъне мо ҷинҳо чунин фикр мекардем, ки бар инсонҳо бартари дорем, зеро ки онҳо ҳаргоҳе дар ҷойҳои тарснок ва дар саҳро ва биёбон биафтоданд ба бузурги ҷинҳо дар он минтақа ва макон паноҳ мебурданд, мабодо бар онҳо бади ва зараре бирасад. Пас ҷинҳо ҳангоме диданд, ки инсонҳо аз онҳо тарс ва ваҳшат доранд кушиш карданд бисёри онҳоро битарсонанд, то зиёдтар ба онҳо паноҳ биёваранд..."7

Паноҳ бурдан бар ҷин ширк аст ва Худованд чизи беҳтар аз он ба мо ато карда аст, Хавла духтари Ҳаким мегуяд: Аз расули акрам (с) шунидам, ки мефармояд: «Ҳаргоҳ яке аз шумо дар ҷое манзил гирифт, ин дуъоро бихонад:

"أعوذ بكلمات الله التامات من شر ما خلق".

«Паноҳ мебарам ба калимаҳо комили парвардигор аз шарри ончи, ки офарида аст.»

Ва ин дуъоро то замоне, ки дар он макон аст бигуяд, чизе ба ӯ зарар намерасонад".8



Қурбони кардан барои ҷин ҳаром аст

Уламои ислом дар ин масъала иттифоқи назар доранд, ки барои ҷин қурбони кардан ҳаром, балки ширк аст, зеро ин қурбони барои ғайри Худо аст, ва ҳаргиз хурдани гушти он барои мусалмон раво нест, чи расад бар инки шахси мусалмон ин корро анҷом диҳад.

Бояд қурбони барои тақарруб ба даргоҳи илоҳӣ анҷом бигирад ва касе, ки барои ғайри Худо қурбони мекунад дар шариъати ислом малъун номида шуда аст.

Ҳазрати Али писари Абутолиб (р) аз расули Худо (с) ривоят мекунад, ки фармуд: «Худованд лаънат кунад касеро, ки барои ғайри Худо забҳ мекунад»9.

Вале бо вуҷуди ин афроди ҷоҳил ва нодоне дида мешавад, ки барои кушодани сеҳр барои илоҷи шахси ҷинзада назди соҳир ва он касоне, ки бо ҷин робита доранд мераванд.

Ва онҳо низ ҳайвонҳои бо сифатҳои хос талаб мекунанд, сипас онро барои ҷин қурбони мекунанд ва хуни онро ба бадани мариз мемоланд, онгоҳ дастур медиҳанд, ки онро дар фалон чоҳ (ё қабристон ё ҷои муайяне, ки хосси ҷинҳо аст) биандозанд, ва дар ҳангоми андохтан номи Худоро нагиранд, зеро ин қурбони барои ҷин аст, ки аз он манъ шуда аст, агарчи он ҷодугар нагӯяд, ки барои ҷин қурбони мекунад.

Чунки аъмол ва кирдори инсон вобастаги ба нияташ дорад.

Кумак хостан аз ҷин ҳаром аст

Роҳу равиши ҷодугарон бар кумак ва мадад ҷустан аз ҷин ва шайтонҳо устувор аст, ва мадад хостан аз ғайри Худованд ширк аст.

Бояд бигуем, ки шайтону ҷин ҳеҷ вақт хидмате барои ҷодугар анҷом намедиҳанд, магар дар сурате, ки ҷодугар бо гуфтани сухани куфр ва ё бо анҷом додани аъмоли куфри кофир гардад.

Ва ҳарчи бештар нофармони ва сарпечии амри Худоро бикунад шайтонҳо бештар ба ӯ наздик мешаванд, ва фармонашро бештар баҷо меоваранд.

Ва он таъаввузот ва туморҳое, ки ҷодугарон менависанд, бештари онҳо суханони ширкомез ва куфр аст, ки бо ҳарфҳои номафҳум навишта шудаанд.

Ва ҳамчунин талаби мадад аз авлиёи ҷин ва шайтонҳо мебошад. Ҳарчанд, ки баъзе аз калимот ва оёти Қуръонро барои фиреб додани мардуми нодон ба он шомил мекунанд, то мардум чунин гумон кунанд, ки онҳо бо истифода аз калимаҳои Қуръон таъвиз ва дуъо менависанд.



Оё ҷин ба мардум озор ва азият мерасонад?

Бо далилҳои мухталифи нақли ва ақли собит шуда аст, ки ҷин ба инсон озор ва азият мерасонад, ва ин озору азият ё ба хотири он аст, ки инсон онҳоро озор расонидааст, масалан: Бар сарашон оби гарм рехта ё бар онон пешоб карда, ё инки дар манзилашон манзил намудааст, пас аз ӯ интиқом мегиранд ва ба ӯ озор ва азият мерасонанд ва ё бе ягон сабаб мехоҳанд ба ӯ озор расонанд.

Ва ин фақат як навъи зулму ситам аст, ҳамчуноне, ки инсонҳо ҳангоме, ки сиришташон дигаргун мешавад ва имонашон заъиф мегардад баъзеашон нисбати дигарашон зулму ситамро раво медоранд.

Саръ ва ҷинзадагӣ

Саръ иборат аз халале аст, ки дар ақли инсон ба вуҷуд меояд, ба тавре, ки намедонад чи мегуяд ва чи гуфта аст, ва шахси масруъ қодир ба идораи ҳаракатҳои худ нест.

Саръ ба ду навъ аст:

Якум: Саръ тавассути нафсҳо ва арвоҳи хабис ва бад (ки он ҷинзадагӣ аст).

Дуюм: Саръ ба хотири ахлот ва ин навъи саръро табибҳо дар бораи сабаби илоҷи он сухан мегуянд.

Ва навъи аввали онро бисёри табибҳо ва ақлониҳо инкор мекунанд. Вале бояд бигуем, ки ин навъ аз анвоъи саръ бо нақл ва ақл собит шуда ва чизе аст, ки мушоҳада мешавад ва ҷои инкораш нест.



Зикри далилҳо аз Қуръон ва суннат

Аввал: Далил аз Қуръон:

ﭽٱلَّذِينَ يَأۡكُلُونَ ٱلرِّبَوٰاْ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِي يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مِنَ ٱلۡمَسِّۚ ٢٧٥ﭼ

[سورة البقرة 175]

«Касоне, ки рибо мехуранд (дар рӯзи қиёмат) бар намехезанд магар монанди касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шуда... ».

Сураи Бақара, ояти 175

Имом Қуртуби мегуяд:

"Ин оят далил аст, бар ботил будани гуфтори касоне, ки саръи тавассути ҷинро инкор кардаанд ва гуфтаанд: Шайтон дар бадани инсон роҳ надорад..."10.



Дуюм: Далил аз суннат:

Ато писари Абирабоҳ мегуяд: Абдуллоҳ писари Аббос ба ман гуфт: Оё мехоҳи зани биҳиштиро ба ту нишон диҳам?

Гуфтам: Бале. Гуфт: Ин зани сиёҳ, назди расули Худо омада ва арз кард: Эй расули Худо ман гирифтори саръ ҳастам ва дар вақти саръ баданам намоён мешавад, пас бароям дуъо бифармо.

Расули Худо фармуд: «Агар хости сабр куни ва подошат биҳишт хоҳад буд ва агар хости бароят аз Худованд дуъо ва талаб мекунам то туро шифо диҳад?». Ӯ гуфт: Сабр мекунам. Пас гуфт: Эй расули Худо баданам луч ва намоён мешавад, аз Худованд бихоҳ то инки намоён ва луч нашавам. Онгоҳ расули Худо барояш дуъо кард.11

Дар ривояти Бухорӣ омада аст, ки номи он зан умми Зафар буд.12

Имом ибни Ҳаҷар дар Фатҳул борӣ мегуяд: Дар ривояти Баззор омада аст, ки он зан гуфт: "Ман аз хабис метарсам, ки манро бараҳна созад" ва мурод аз хабис шайтон мебошад.

Ва саръе, ки умми Зафар ба он гирифтор шуда буд аз навъҳои саръи ҷинзадагӣ буд13.

Имом Аҳмад аз Яъло писари Мурра ривоят мекунад: Зане назди расули Худо омад дар ҳоле, ки фарзанди хурдсолаш, ки бемор буд (ҷинзада шуда буд) ҳамроҳи худ оварда буд, онгоҳ расули Худо фармуд: «Берун шав эй душмани Худо, ман расули Аллоҳ ҳастам» дар натиҷа он кудак шифо ёфт14.

Ва дар баъзе аз алфози ин ҳадис омадааст: Мо ҳамроҳи расули Худо дар сафар будем, онгоҳ занеро дидем, ки нишаста аст ва кудаке ҳамроҳаш буд, пас гуфт: Эй расули Худо: Ба ин кудак бало расида аст ва ба хотири балои ӯ моҳам дар бало ҳастем, ва дар шабона рӯз намедонем ӯро мегирад, расули Худо фармуд: "Кудакро ба ман бидеҳ" онгоҳ он зан кудакро баланд кард ва ба расули Худо дод. Ва расули Худо кудакро дар миёни худ ва полони шутураш қарор дод, сипас даҳонашро боз кард ва себор дар он дамид ва фармуданд:

«بسم الله إن عبد الله، أقصا عدو الله»

Онгоҳ кудакро ба модараш баргардонд. Ва фармуд: «Дар ҳангоми баргаштан дар инҷо моро мулоқот кун ва моро аз ҳоли ӯ бо хабар соз».

Яъло писари Мурра мегӯяд: Пас мо рафтем ва дар бозгашт он занро дар онҷо дидем, ки бо худаш се гусфанд дорад.

Расули Худо (с) фармуданд: "Кудакат чигуна аст?" Гуфт: Қасам ба он зоте, ки туро ба ҳақ офарида аст, то ин лаҳза чизе дар ӯ надидаем, ва ин гусфандҳоро бардоред, расули Худо ба ман фармуд: «Поён биё ва якеро бардор ва бақияро ба ӯ баргардон»15.

Иллати ҷинзадагӣ чист?

Ибни Таймия (р) дар бораи ҷин задагӣ мегуяд: Гоҳе бахотири ишқ ва шаҳват мебошад, ва бештар ба иллати душмани ва маҷозот сурат мегирад, яне инки баъзе инсонҳо бар онҳо озор ва азият бирасонанд, ва ё инки ҷинҳо чунин гумон кунанд, ки онҳо қасдан озор ва азияташон медиҳанд, бо пешоб кардан бар онҳо, ё бо рехтани оби гарм, ва ё куштани баъзе аз онон, агарчи худи инсон инро надонад. Ва ҷаҳлу нодони ва ситам дар миёни ҷин бисёр вуҷуд дорад. Пас онон дар ҳангоми уқубат ва муҷозот кардан зиёдтар аз он, ки сазовор бошад, уқубат медиҳанд ва гоҳ вақте монанди инсонҳои аҳмақ ва нодон бахотири кори ночизе ва беҳудагӣ ва азият кардан вориди бадани инсон мешаванд.



Хулосаи иллатҳои ҷинзадагӣ

  1. Ишқи ҷин (пари) яъне: Зани ҷини ошиқи марди инси шавад, ва ё инки марди ҷини ошиқи зани инси шавад.

  2. Дохил шудани ҷин аз роҳи сеҳр (ҷоду) ва ин чунин аст, ки ҷодугаре бахотири озор ва азияти шахсе ҷинро амр мекунад, ки дар баданаш дохил шавад.

  3. Зулму ситами инсон ба онҳо ва ё рехтани оби гарм ва ё бо афтодан ба руяшон ва ё бо пешоб кардан бар онон.

  4. Зулму ситами ҷин бар инсон ва он чунин аст, ки бидуни ягон сабаб дохили баданаш гардад ва ӯро озор диҳад, ва ин дар чанд ҳолат мешавад, ки аз он ҷумла:

1) Хашми (ғазаби) зиёд.

2) Бисёр тарсидан.

3) Гирифтори сахт дар шаҳавот ва гуноҳон.

4) Ғафлати бисёр.

5) Андуҳи бисёр.

6) Хушҳолии бисёр.



Нишонаҳои ҷинзадагӣ

Бисёри ҷин задагиҳо монанди дигар касалҳо аломат ва нишонаҳои хоси худро дорад. Ва донистани ин нишонаҳо барои муъолиҷа кунанда аҳамияти хоссе дорад. Ва ин нишонаҳо ду қисм мебошанд:

Якум: Нишонаҳои он дар хоб.

Дуюм: Нишонаҳои он дар бедори.



Нишонаҳои ҷинзадагӣ дар хоб чунин аст:

  1. Парешони ва камхобӣ.

  2. Бисёр (бор-бор) бедор шудан дар шаб.

  3. Кобус, яне: инсон дар хобаш чизи тарснок мебинад ва наметавонад ҳаракат кунад, ва касеро ба фарёд биталабад (Сиёҳи ё махлуқоти бадҳайбат дидан).

  4. Хобҳои ваҳшатнок.

  5. Ҳамеша дидани баъзе ҳайвонот дар хоб монанди: гурба, саг, шутур, мор, шер, рубаҳ, муш... .

  6. Ханда ё гиря ва фарёд задан дар хоб.

  7. Нола кардан дар хоб.

  8. Баланд шудан дар хоб бидуни шуъур ва роҳ рафтан дар хоб.

  9. Дар хоб дидани афроде, ки бисёр баланданд ва ё бисёр кутоҳанд, ва ё дидани афроди сиёҳ дар хоб.

Нишонаҳои ҷинзадагӣ дар бемор

  1. Сардардии доими, (ба шарте, ки беморӣ чашмдард ё гушдард ё бинидард ва ҳалқ ва ё дандон ё меъдадард набошад).

  2. Аз зикри Худо ва намозу ибодат кароҳият дошта бошад.

  3. Парешону хиёли шуда бошад.

  4. Эҳсоси дилтанги кунад.

  5. Ба гуша нишини ва танҳоги майл дошта бошад.

  6. Ангуштонӣ даст ва пояшро хоб барад.

  7. Дард кардани узве аз узвҳои бадаш, ки духтурон аз муолаҷаи он оҷиз мондаанд.

  8. Шунидани садоҳои аҷибу ғариб.

  9. Ғаш кардан.

Машруъияти илоҷи мас (ҷинзадагӣ)

Беягон шак дохил шудани ҷин дар бадани инсон аз ҷумлаи зулм ва ситаме ҳаст, ки шариати исломӣ аз он наҳйи кардааст ва аз байн бурдани зулм аз ҷумлаи корҳое аст, ки ба инсон аҷру подош дода мешавад. Ва расусуллоҳ (с) моро амр карданд, ки ба фарёди мазлумон бирасем ва ононро ёрӣ намоем. Ва дар ҳадисе фармудааст:

«انصر أخاك ظالما أو مظلوما ..».

«Бародаратро ёрӣ кун, хоҳ золим бошад ё мазлум, агар золим аст ӯро аз ситам боз дор, ки ин ёрии ӯ мебошад».16

Ва дар ҳадиси дигар фармудаанд:

«من استطاع أن ينفع أخاه فليفعل».

«Касе, ки метавонад ба бародараш фоидае бирасонад, пас онро анҷом диҳад».17

Пас шахси муъолиҷакунанда бо тиловати Қуръон ва хондани дуоҳо ва зикрҳои шаръӣ ба ёрии он мазлум мешитобад то он ҷини золимро аз бадани ӯ берун кунад.



Сифатҳои муъолиҷакунанда

  1. Ихлос дошта бошад.

  2. Дорои ақидаи саҳеҳ бошад.

  3. Мутамассик ва побанд ба аҳкоми Қуръон ва суннат бошад.

  4. Ба роҳҳои шайтон ва ҳолатҳои ҷин огоҳи дошта бошад.

  5. Дорои илму огоҳи бошад, хусусан ба усулӣ дин ва умури даъват.

  6. Бар тоъат ва ибодатӣ Худованд давомнок бошад.

  7. Аз муҳаррамот дури кунад.

  8. Аз бидъат дури кунад.

  9. Дуъоҳо ва зикрҳои ворид шударо доимо хонад. Ва....

Кайфияти (чигунагии) илоҷ:

Илоҷ се марҳила дорад:



Марҳилаи аввал пеш аз муъолиҷа кардан

  1. Таваккал ба Худованд карда дуо кунад, ки Худованд кушоиш диҳад ва ӯро дар ин кор ёрӣ кунад.

  2. Пок сохтанӣ он хона ва маконе, ки дар он муъолиҷа мекунанд, бо берун карданӣ суратҳо ва чизҳои мункаре, ки монеъи даромаданӣ фариштагон мегардад.

  3. Берун оварданӣ таъвиз (тумор) ва дуъоҳое, ки дар гардан ва дасти мариз аст.

  4. Амр кардани занҳо ба риъоят кардани ҳиҷоби комил ва ҳамроҳи маҳрамаш бошад.

  5. Бо таҳорат ва покиза будан, бояд шахси муъолиҷашаванда ва ҳозирин таҳорат кунанд.

  6. Чанд дақиқае дар бораи имон ба Худо ва тавакал ба Ӯ барои ҳозирин суҳбат кунад.

Марҳилаи дуюм: Илоҷ

Дастӣ худро бар рӯи сари бемор бигзорад, ва бо тартил ва садои баланд оятҳои зеринро дар гушаш бихонад.



أعوذ بالله من الشيطان الرجيم

  1. ﴿بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ١ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٣ مَٰلِكِ يَوۡمِ ٱلدِّينِ ٤ إِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ ٥ هۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ٦ صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ ٧﴾18.

[سورة الفاتحة 1- 7]


  1. ﴿الٓمٓ ١ ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ ٢ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣ وَٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَ وَبِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ ٤ أُوْلَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٥﴾19.

[سورة البقرة 1-5]

  1. ﴿وَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ ١٦٣ إِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلۡفُلۡكِ ٱلَّتِي تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖ وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلۡمُسَخَّرِ بَيۡنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ ١٦٤﴾20.

[سورة البقرة 163-164]

  1. ﴿ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُۚ لَا تَأۡخُذُهُۥ سِنَةٞ وَلَا نَوۡمٞۚ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيۡءٖ مِّنۡ عِلۡمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَۚ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ وَلَا يَ‍ُٔودُهُۥ حِفۡظُهُمَاۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ ٢٥٥ لَآ إِكۡرَاهَ فِي ٱلدِّينِۖ قَد تَّبَيَّنَ ٱلرُّشۡدُ مِنَ ٱلۡغَيِّۚ فَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلطَّٰغُوتِ وَيُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰ لَا ٱنفِصَامَ لَهَاۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ٢٥٦ ٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يُخۡرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَوۡلِيَآؤُهُمُ ٱلطَّٰغُوتُ يُخۡرِجُونَهُم مِّنَ ٱلنُّورِ إِلَى ٱلظُّلُمَٰتِۗ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٢٥٧﴾21.

[سورة البقرة 255-257]

  1. ﴿ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِۦۚ وَقَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ غُفۡرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ ٢٨٥ لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۚ لَهَا مَا كَسَبَتۡ وَعَلَيۡهَا مَا ٱكۡتَسَبَتۡۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذۡنَآ إِن نَّسِينَآ أَوۡ أَخۡطَأۡنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تَحۡمِلۡ عَلَيۡنَآ إِصۡرٗا كَمَا حَمَلۡتَهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلۡنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِۦۖ وَٱعۡفُ عَنَّا وَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَآۚ أَنتَ مَوۡلَىٰنَا فَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٨٦﴾22.

[سورة البقرة 285- 286]

  1. ﴿شَهِدَ ٱللَّهُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَأُوْلُواْ ٱلۡعِلۡمِ قَآئِمَۢا بِٱلۡقِسۡطِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ١٨ إِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلۡإِسۡلَٰمُۗ وَمَا ٱخۡتَلَفَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِ‍َٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ١٩﴾23.

[سورة آل عمران 18-19]

  1. ﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۢ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٥٤﴾24.

[سورة الأعراف 54]


  1. ﴿أَفَحَسِبۡتُمۡ أَنَّمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ عَبَثٗا وَأَنَّكُمۡ إِلَيۡنَا لَا تُرۡجَعُونَ ١١٥ فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡحَقُّۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡكَرِيمِ ١١٦ وَمَن يَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَا بُرۡهَٰنَ لَهُۥ بِهِۦ فَإِنَّمَا حِسَابُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ١١٧ وَقُل رَّبِّ ٱغۡفِرۡ وَٱرۡحَمۡ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلرَّٰحِمِينَ ١١٨﴾25.

[سورة المؤمنون 115- 118]


  1. ﴿وَٱلصَّٰٓفَّٰتِ صَفّٗا ١ فَٱلزَّٰجِرَٰتِ زَجۡرٗا ٢ فَٱلتَّٰلِيَٰتِ ذِكۡرًا ٣ إِنَّ إِلَٰهَكُمۡ لَوَٰحِدٞ ٤ رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ ٱلۡمَشَٰرِقِ ٥ إِنَّا زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِزِينَةٍ ٱلۡكَوَاكِبِ ٦ وَحِفۡظٗا مِّن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ مَّارِدٖ ٧ لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى ٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰ وَيُقۡذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٖ ٨ دُحُورٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ وَاصِبٌ ٩ إِلَّا مَنۡ خَطِفَ ٱلۡخَطۡفَةَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ ثَاقِبٞ ١٠﴾26.

[سورة الصافات 1- 10]

  1. ﴿وَإِذۡ صَرَفۡنَآ إِلَيۡكَ نَفَرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ يَسۡتَمِعُونَ ٱلۡقُرۡءَانَ فَلَمَّا حَضَرُوهُ قَالُوٓاْ أَنصِتُواْۖ فَلَمَّا قُضِيَ وَلَّوۡاْ إِلَىٰ قَوۡمِهِم مُّنذِرِينَ ٢٩ قَالُواْ يَٰقَوۡمَنَآ إِنَّا سَمِعۡنَا كِتَٰبًا أُنزِلَ مِنۢ بَعۡدِ مُوسَىٰ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلۡحَقِّ وَإِلَىٰ طَرِيقٖ مُّسۡتَقِيمٖ ٣٠ يَٰقَوۡمَنَآ أَجِيبُواْ دَاعِيَ ٱللَّهِ وَءَامِنُواْ بِهِۦ يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُجِرۡكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ٣١ وَمَن لَّا يُجِبۡ دَاعِيَ ٱللَّهِ فَلَيۡسَ بِمُعۡجِزٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَيۡسَ لَهُۥ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءُۚ أُوْلَٰٓئِكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ٣٢﴾27.

[سورة الأحقاف 29 -32]

  1. ﴿يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنٖ ٣٣ فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ٣٤ يُرۡسَلُ عَلَيۡكُمَا شُوَاظٞ مِّن نَّارٖ وَنُحَاسٞ فَلَا تَنتَصِرَانِ ٣٥ فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ٣٦﴾28.

[سورة الرحمن 33-36]

  1. ﴿لَوۡ أَنزَلۡنَا هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ عَلَىٰ جَبَلٖ لَّرَأَيۡتَهُۥ خَٰشِعٗا مُّتَصَدِّعٗا مِّنۡ خَشۡيَةِ ٱللَّهِۚ وَتِلۡكَ ٱلۡأَمۡثَٰلُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ ٢١ هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِۖ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ ٢٢ هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡقُدُّوسُ ٱلسَّلَٰمُ ٱلۡمُؤۡمِنُ ٱلۡمُهَيۡمِنُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡجَبَّارُ ٱلۡمُتَكَبِّرُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٢٣ هُوَ ٱللَّهُ ٱلۡخَٰلِقُ ٱلۡبَارِئُ ٱلۡمُصَوِّرُۖ لَهُ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ يُسَبِّحُ لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٢٤﴾29.

[سورة الحشر 20- 24]

  1. ﴿قُلۡ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ ٱسۡتَمَعَ نَفَرٞ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَقَالُوٓاْ إِنَّا سَمِعۡنَا قُرۡءَانًا عَجَبٗا ١ يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلرُّشۡدِ فَ‍َٔامَنَّا بِهِۦۖ وَلَن نُّشۡرِكَ بِرَبِّنَآ أَحَدٗا ٢ وَأَنَّهُۥ تَعَٰلَىٰ جَدُّ رَبِّنَا مَا ٱتَّخَذَ صَٰحِبَةٗ وَلَا وَلَدٗا ٣ وَأَنَّهُۥ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى ٱللَّهِ شَطَطٗا ٤ وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن تَقُولَ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا ٥ وَأَنَّهُۥ كَانَ رِجَالٞ مِّنَ ٱلۡإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٖ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَزَادُوهُمۡ رَهَقٗا ٦ وَأَنَّهُمۡ ظَنُّواْ كَمَا ظَنَنتُمۡ أَن لَّن يَبۡعَثَ ٱللَّهُ أَحَدٗا ٧ وَأَنَّا لَمَسۡنَا ٱلسَّمَآءَ فَوَجَدۡنَٰهَا مُلِئَتۡ حَرَسٗا شَدِيدٗا وَشُهُبٗا ٨ وَأَنَّا كُنَّا نَقۡعُدُ مِنۡهَا مَقَٰعِدَ لِلسَّمۡعِۖ فَمَن يَسۡتَمِعِ ٱلۡأٓنَ يَجِدۡ لَهُۥ شِهَابٗا رَّصَدٗا ٩﴾30.

[سورة الجن 1 – 9]

  1. ﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ ١ ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢ لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ ٤﴾31.

[سورة الإخلاص 1-4]

  1. ﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ ١ مِن شَرِّ مَا خَلَقَ ٢ وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ٣ وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ ٤ وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ ٥﴾32.

[سورة الفلق 1- 5]

  1. ﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلنَّاسِ ١ مَلِكِ ٱلنَّاسِ ٢ إِلَٰهِ ٱلنَّاسِ ٣ مِن شَرِّ ٱلۡوَسۡوَاسِ ٱلۡخَنَّاسِ ٤ ٱلَّذِي يُوَسۡوِسُ فِي صُدُورِ لنَّاسِ ٥ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ ٦﴾33.

[سورة الناس 1-6]

Баъд аз тиловати ин оятҳо ё ҷин аз бадани инсон дур мешавад ва ё яке аз чунин ҳолатҳо дида мешавад:

1) Касали ғаш мекунад.

2) Фарёд мезанад.

3) Дастонашро ба гушҳояш мегузорад (То инки Қуръонро нашунавад).

4) Фарёд мезанад ва мегуяд: Қуръон нахонед.

5) Садои аҷибе монанди садои ҳайвонот мебарорад.

6) Чашмонашро мебандад.

7) Баданаш меларзад.

Пас агар ин нишонаҳо дида шуд ӯро хитоб карда чунин саволҳоро бипурс:

Номат чист?

Дар кадом дин ҳастӣ?

Сабаби даромаданат дар бадани ин инсон чист?

Оё касе дигар низ ҳамроҳи ту ҳаст?

Оё ба дастури кадом ҷодугаре дар бадани ин инсон даромадаӣ?

Дар куҷои бадан ҳастӣ?

Пас агар ҷини мусалмон бошад ӯро панду насиҳат кун, ва сабаби дохил шуданашро бидон, агар бахотири зулму ситам ин корро карда бошад, барояш баён кун, ки саранҷоми золимон дар рӯзи қиёмат сахт аст, ва агар бахотири ишқ ва ошиқи аст, барояш бигу: Ин кор дуруст нест ва ӯро аз азоби Худованд битарсон, ва агар ба хотири он бошад, ки дар ӯ зулм кардаанд, барояш бигу: Ин шахс қасди озору азияти туро надошт зеро ӯ туро намебинад, ва касе ки қасдан кореро анҷом надода бошад сазовори уқубат нест, ва мусалмон бародари мусалмон аст.

Пас агар қабул кард ва берун шуд, шукронаи Худоро бигуед.

Ва пеш аз берун шуданаш бояд аҳд бибандад, ки дигар барнагардад ва ба касе озор надиҳад. Ва чинин бигуяд:

"Бо Худои бузург аҳд ва паймон мебандам, ки бидуни озор ва азият аз бадани ин шахс берун шавам, ва ҳаргиз ба суӣ ӯ ва ё мусалмони дигаре барнамегардам ва ҳеҷ мусалмонеро озор намедиҳам, агар ман аҳдамро шикастам пас лаънати Худо ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар ман бод".

Баъд аз аҳд бастан бо гуфтани ассалому алайкум аз бадан берун мешавад, ва нуқтае ки бояд аҳамият дода шавад ин аст, ки бояд аз ангуштони даст ё пояш, ва ё гуш, ё бини ва ё даҳонаш берун шавад. Ва ҳаргиз ба вай иҷозат надиҳед ки аз чашм ё шикамаш берун шавад.

Аммо агар ҷин кофир бошад пеш аз ҳарчи ӯро ба ислом даъват кун, пас агар қабул кард ва мусалмон шуд барояш баён кун, ки вуҷудаш дар бадани ин шахс ва озор расонидан ба вай зулм аст ва бояд аз баданаш берун шавад.

Ва агар исломро қабул накард ва бар куфраш ва озор доданаш бар ин шахс боқи монд ӯро таҳдид кун ва оятҳои зикр шударо такрор кун ва "Оятулкурси, сураҳои Ёсин, Соффот, Духон, Ҷин, Ҳашр, Ҳуммаза, Аъло, ки ба ҷин озор ва ранҷ мерасонад бихон.

Ва агар бозҳам берун рафтанро инкор кард пас бо задани шонаҳо ва китфҳо ва бозуҳояш ҷинро маҷбур ба баромадан кун.





Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет