Мундариҷа Масъалаҳои иқтисодии географӣ ва рушти саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон



бет3/3
Дата06.07.2016
өлшемі306 Kb.
#181194
1   2   3

3. Ҳолати ҳозира ва дурнамоии рушди

саноати кўҳӣ

Пайдоиши соҳаҳои саноат дар пешрафти ҷамъияти инсонӣ нақши хеле бузург бозид. Инқилоби илмӣ – техникӣ ба ҳар восита ба инкишофи саноати тамоми давлатҳои дунё таъсири амалӣ расонид. Ин суръати инкишоф дар асри ХХ ба авҷи баланди худ расид. Махсусан, баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ соҳаҳои боз ҳам мураккаби саноат пайдо шуданд. Ба ин пеш аз ҳама саноати давлатҳои ИМА, Япония, собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Германия мисол шуда метавонанд. Суръати инкишофи баланди саноати Япония боиси ба миқдори хеле зиёд ифлос намудани муҳити атроф гардид. Аз ҳама бештар таъсири манфӣ ба муҳити зист корхонаҳои саноати металлургияи сиёҳу ранга, химия, нефтухимия, энергетикӣ, қоғазу селюлоза мерасонанд. Партовҳои асосии ин соҳаҳои саноатро ба атмосфера гази карбон, ангидриди сулфур, туршии нитроген ва ғайра ташкил мекунанд. Мувофиқи ҳисоби олимон аз соли 1905 то 1965 партовҳои гази сулфур то 4 баробар афзуд ва ҳоло бошад., зиёда аз 150 млн тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 110 млн тоннаи он зиёда аз 70 фоизи ҳаҷми умумии партовҳои гази сулфур ба давлатҳои Европа, ИМА ва Канада рост меояд.

Ифлосшавии ҳавои атмосфера на танҳо ба саломатии одамон, балки ба иқтисодиёт низ зарари зиёди моддӣ меравад, масалан, дар фазо зиёд шудани консентрати гази сулфур боиси афзудани суръати зиндагии металл, вайроншавии биноҳо, ёдгориҳои меъморӣ ва паст шудани сифати маҳсулоти саноатӣ мегардад. Муайян карда шудааст, ки дар ноҳияҳои саноатӣ занг задани пулод то 20 баробар ва вайроншавии алюминий то 100 маротиба нисбати ноҳияҳои кишоварзӣ тезтар ба амал меояд.

Партовҳои корхонаҳои саноатӣ ба фазо ва об боиси дар масофаи хеле зиёд ифлоскунии муҳити зист мегардад. Масалан, муқаррар карда шудааст, ки партовҳои корхонаҳои Германия ва Британия ба масофаи зиёда аз 1000 км то давлатҳои нимҷазираи Скандинавия ва аз ҳудуди ИМА бошат то Канада мерасад. Ин ҳолат ҳангоми боришот яке аз сабабҳои ба амал омадани боронҳои кислотагӣ низ мегардад, ки он ба олами наботот ва зироатҳои кишоварзӣ зарари калони моддӣ меоварад. Корхонаҳои саноатӣ яке аз манбаъҳои асосии ифлоскунии оби ҷую дарё ва баҳру уқёнусҳо низ мебошанд. дар Европаи Ғарбӣ дарёи Рейн маънои шаффофро дорад. Ҳоло аксар оби ин дарё ранги сиёҳтобро гирифтааст.

Чанде пеш матбуоти хориҷӣ дар бораи маҳв гардидани набототу ҳайвонот дар яке аз беҳтарин ва зеботарин кўлҳои Америкаи Шимолӣ кўли Эри хабар дода буданд. Маълум шуд, ки корхонаҳои саноатию коммуналӣ ба ин кўл соле зиёда аз 50 млрд литр партовҳои химиявӣ мерехтанд. Аз партовҳои нефт ва саноати коркарди нефт бошад, бештар баҳрҳои Миёназамин, балтика ва Баҳри Шимолӣ зарар мебинанд. Дар натиҷаи ин гуна партовҳо дар зарфи 30 соли охир захираҳои моҳии Баҳри Миёназамин то 80 фоиз кам шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки 1 тонна нефт то 12 км3 оби баҳру уқёнусро ифлос мекунад.

То давраи пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ тамоми корхонаҳо дар Тоҷикистон кор мекарданд ва дараҷаи партовҳои саноатӣ ба фазо ва ҷўю дарёҳо хеле баланд буд. Шаҳри Душанбе бошад дар солҳои 80 – уми асри гузашта аз ҷиҳати ифлосии фазои атмосфера дар қатори шаҳри Нию – Йорк меистод. Айни замон қисми зиёди корхонаҳои ифлоскунии обу ҳаво нисбатан паст шудааст. Бо вуҷуди ин корхонаҳои саноати металлургияи ранга Заводи арзизи шаҳри Турсунзода, комбинати кўҳии Анзоб, корхонаи Ёвон, Заводи нуриҳои азотии Вахш инчунин корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, хоҷагиҳои коммуналӣ ҳоло ҳам ба миқдори зиёд ҳавои атмосфера ва обҳои нўшокиро бо партовҳои саноат ифлос мекунанд. Қисми зиёди ин корхонаҳо бо таҷҳизоти кўҳна кор карда дар атрофи худ минтақаҳои санитарию муҳофизавӣ надоранд.

Солҳои охир зиёд шудани миқдори нақлиёти автомобилӣ боиси ташвиши ҳақиқии аҳолӣ гардидааст. Танҳо дар Душанбе бештар аз 80% ифлосшавии фазои атмосфера ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Яке аз роҳҳои муҳими беҳтаркунии фазои атмосфера ва тозагии оби кўлу дарёҳои кишвар ин ба таври куллӣ нав кардани технологияи корхонаҳои мавҷуда ва дар ҳама шаҳрҳо таъмиру аз нав сохтани иншоотҳои обтозакунӣ мебошад.

Ҷинсҳои кўҳӣ– агрегати табиии минералҳо ё боқимондаҳои органикие мебошанд, ки қишри заминро ташкил медиҳанд. Ҷинсҳои кўҳиро аз рўи таркиби минералӣ ба ду намуд ҷудо мекунанд 1. Бисёрминералҳо (Полиминералҳо) он ҷинсҳоеро меноманд, ки аз якчанд минералҳо таркиб ёфтаанд. 2. Якминералҳо (мономинералҳо) – ҷинсҳое мебошанд, ки аз як минерал таркиб ёфтаанд.

Аз рўи шароитҳои пайдошавиашон ҷинсҳои кўҳиро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд: магматикӣ, таҳшинӣ ва метаморфикӣ. Пайдоиши ҷинсҳои кўҳӣ дар сохт ва текстураи онҳо акс ёфтааст. Дар зери мафҳуми сохт (структура) хусусиятҳои сохти дохилии ҷинсҳои кўҳӣ, дараҷаи кристаллнокии он, шакл ва андозаи зиёдтарин ва камтарини кристаллҳо ва донаҳои ташкилдиҳандаи онҳо фаҳмида мешавад. Текстура хусусиятҳои дар фазо ҷойгиршавии қисмҳои таркибии ҷинсро меноманд.

Ҷинсҳои кўҳии магматикӣ ҷинсҳоеро меноманд, ки ҳангоми хунук шудани магма (моддаҳои гудохтаи қаъри замин) дар дохили Замин пайдо шудаанд. Аз рўи мавқеи хунук шудани магма дар дохили Замин ҷинсҳои кўҳии магматикиро ба се навъ тақсим менамоянд:

1. Интрузивӣ (қаъри заминӣ), он ҷинсҳое, ки дар натиҷаи хунук шудани магма дар қабатҳои хеле чуқури қишри замин дар шароити фишори калон ва ҳарорати баланд пайдо шудаанд. Дар ин шароит магмаи тафсон оҳиста ва оромона хунук шуда ба кристалл мубаддал мешавад.

2. Гипабиссалӣ (мобайнӣ) ҷинсҳое, ки ҳангоми хунук шудани магма дар чуқурии наздик ба сатҳи замин дар шароити фишор ва ҳарорати начандон калон ба вуҷуд меоянд.

3. Эффузивӣ (сатҳи заминӣ), яъне ҷинсҳое, ки дар натиҷаи хунук шудани магмаи ба рўи замин рехтагӣ (лава-магмаи ба рўи замин баромадаро мегўянд) пайдо шудаанд.

Барои ҷинсҳои интрузивӣ сохти (структураи) пурракристаллӣ ва барои ҷинсҳои эффузивӣ бошад нопурракристаллӣ ё ин ки шишагӣ хос мебошад. Ҷинсҳои магматикӣ дар вобастагӣ аз ягона набудани гудозаи магматикӣ, инчунин аз рўи таркиби химиявӣ ва минералӣ низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҷинсҳои магматикиро асосан аз рўи миқдори SiO2 дар ҷинс ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд, ки ранги ҷинсҳо низ аз миқдори он вобастагӣ дорад: чи қадаре ки миқдори дуоксиди силитсий – SiO2 (кремнезем) зиёд бошад, ранги ҷинс ҳамон қадар равшан мешавад. Вобаста ба миқдори дуоксиди силитсий – SiO2 (кремнезем) ҷинсҳои магматикиро ба чор гурўҳи зерин ҷудо мекунанд.

Ҷинсҳои турш бисёр равшан буда, таркибашон аз 65 % зиёд SiO2 дорад, асосан аз минералҳои квартс ва ортоклаз таркиб ёфтаанд. Намояндагони ин гуруҳи ҷинсҳои кўҳӣ гранит (санги хоро), гранодиорит –ҷинсҳои пайдоишашон интрузивӣ; пегматити гранитӣ, аплит, гранит-порфир – ҷинсҳои субвулқонӣ; липарит (риолит), датсит, пемза, перлит, обсидиан – ҷинсҳои пайдоишашон эффузивӣ мебошанд.

Ҷинсҳои миёна камее сиёҳранг буда, аз 65 то 52 % SiO2 таркиб ёфтаанд. Асосан аз ортоклаз ё ин ки аз плагиоклазҳои натриевӣ-калийгӣ таркиб ёфта, то 30 % минералҳои сиёҳранг (биотит, роговая обманка, авгит)-ро дар бар мегирад. Намояндагони ин гурўҳи ҷинсҳо диорит, габбро-диорит, диорити квартсӣ, сесиенит, сиенитҳои нефелинӣ - ҷинсҳои интрузивӣ; диорит-порфир, сиенит-порфир – ҷинсҳои субвулқонӣ; андезит, андезит-базалт, трахит - ҷинсҳои эффузивӣ мебошанд.

Ҷинсҳои асосӣ сиёҳранг буда, таркибашон 52 – 45 % SiO2 дорад. Аз плагиоклази асосӣ ва пироксенҳо таркиб ёфтаанд. Намояндагони ин гурўҳ габбро, анортозитҳо, пироксенит – ҷинсҳои интрузивӣ; долерит – ҷинси субвулқонӣ; базалт – ҷинси эффузивӣ мебошанд.

Ҷинсҳои ултраасосӣ (фавқуласосӣ) бисёр сиёҳранг, сабзи сиёҳтоб буда, аз 45% кам SiO2 таркиб ёфтаанд. Аз оливин ва пироксенҳо ва баъзан ба миқдори хеле кам шпатҳои саҳроӣ дорад. Намояндагони ин гурўҳ перидотитҳо (гартсбургит ва ғайраҳо), дунит – ҷинсҳои интрузивӣ; пикрит- ҷинси эффузивӣ мебошанд.

Ҷинсҳои кўхии таҳшинӣ дар сатҳи Заамин таҳшин шуда, бештар аз 75 % майдони сатҳи хушкиро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 95 % ҳаҷми онҳо дар шароити баҳрӣ пайдо мешаванд. Барои аксарияти ҷинсҳои таҳшинӣ текстураи қабатнок хос буда, давра ба давра пайдошавии онҳоро таҷассум менамояд. Хосияти қабатнокӣ аз шароити конкретии гузариши раванди ҷинспайдошавӣ вобаста аст, аммо аввалиндараҷаи аз онҳо муҳити динамикаро нишон медиҳад. Масалан, дар обҳои ороми беҳаракат қабатнокии уфуқӣ (горизонталӣ) ва дар обҳои равони ҷараёни дарёӣ қабатнокии моилӣ (наклоннӣ) пайдо мешавад. Боз яке аз нишонаҳои хоси текстураи онҳо холигии онҳо мебошад, ки вобаста аз андозаи холигӣ ба бисёркалон, калон, хурд ва бисёрхурд тақсим менамоянд. Аз рўи пайдоиш ҷинсҳои кўҳии таҳшиниро ба панҷ гурўҳ ҷудо менамоянд.

Ҷинсҳои донагӣ (кластикӣ) дар натиҷаи вайроншавии механикии дигар ҷинсҳои кўҳӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳоро аз рўи се нишона ҷудо менамоянд. 1. Аз рўи андозаи (диаметри) донаҳо: калондона (псефитҳо), миёнадона (псаммитҳо) ва майдадона (алевритҳо). 2. Аз рўи шакли донаҳо: рўядор (угловатые) (шағал) ва ҳамвор (окатанные) (галка). 3. Аз рўи сементатсияшуда: резон (қум, рег) ва сементшуда (сахтшуда) (регсанг).

Ҷинсҳои гилӣ (пелитҳо) аз зарраҳои майда, ки андозаашон (диаметрашон) аз 0.01 мм камтар аст таркиб ёфтаанд. Қисми зиёди онҳо тавассути раванди вайроншавии химиявӣ ба вуҷуд меоянд. Таҳшиншавии гил (хок) аз таҳшиншавии моддаҳои маҳлулҳои каллоидӣ алоқаманд аст, ки исботи чунин гуфтаҳо хосияти қабатнокии тунуки уфуқӣ (горизонталӣ)-и гилҳо мебошад. Ҳангоми дегидрататсияи гил (хок) ҷинси мустаҳками дар об ҳалнашаванда аргиллитҳо пайдо мешавад.

Ҷинсҳои хемогеннӣ дар натиҷаи кристаллшавии моддаҳои маҳлулкардашудаи обҳои равон ҳосил мешаванд. Дар аксар ҳолатҳо ҷинсҳои хемогенӣ якминерала (таркибашон аз як минерал таркиб ёфтаанд) мебошанд: аз миненралҳои синфҳои карбонатҳо (оаксангҳои хемогеннӣ), сулфатҳо (гипс (гач) ва ангидрит), галогенидҳо (намаки ошӣ ва намаки калий (силвин) ва ғайра метавон ном бурд. Ҷинсҳои хемогеннӣ дорои сохти пурракристаллӣ (кристаллӣ-донагӣ): аз калон - то майдакристаллӣ ва ҳатто пушидакристаллӣ мебошанд. Текстураи онҳо қабатӣ ва якхела-массивӣ.

Ҷинсҳои органогенӣ аз ҳисоби таҳшин шудани масолеҳи фаъолияти организмҳо: пеш аз ҳама аз организмҳои баҳрӣ ва ба дараҷаи камтар аз организмҳои бемўхраи обҳои ширин пайдо мешаванд. Баъзе аз ҷинсҳои органогеннӣ дар натиҷаи ҷамъшавии боқимондаҳои растаниҳо (торф) ба вуҷуд меоянд. Аз рўи таркиби минералӣ карбонатҳо (оҳаксанг-ракушечник, бур) бартарӣ дошта, баъзан минералҳои силитсийдор (кремнийдор) (диатомит) ва дигар ҷинсҳои таркибашон органогеннӣ дошта вомехўранд. Ба ин гурўҳи ҷинсҳо сохти биоморфӣ (ҷинсҳои аз устухонҳои вайроннашуда таркиб ёфтааст (скелетов), детрисуӣ (детритусовую) (ҷиснҳои аз склетҳои майдашуда таркиб ёфтааст), биоморфӣ - детритусовӣ (ҷинсҳои аз склетҳои вайронашуда ва майдашуда таркиб ёфтаанд) хос аст. Текстураи ҷинсҳои органогенӣ қабатӣ ва масоманокӣ мебошад.

Ҷинсҳои таҳшинии пайдоиши омехта дошта таркибашон мураккаб буда, ҳангоми таъсири якҷояи равандҳои гуногун пайдо мешаванд. Мергел, опока ҷинсҳое мебошанд, ки бо ин роҳ ба вуҷуд меоянд.

Ҷинсҳои кўҳии метаморфӣ дар натиҷаи азнавпайдошавии қаърии ҷинсҳои пештар пайдошудаи магматикӣ, таҳшинӣ ва метаморфӣ ба вуҷуд меоянд. Таркиби минералии ҷинсҳои метаморфӣ аз шароитҳои метаморфизм ва таркиби ҷинсҳои ибтидоӣ (аввала) вобастагӣ дорад. Асоситарин минералҳои ҳинсофарандаи ҷинсҳои метаморфиро минералҳои магматогеннии қатори қабулшудаи Боуэн, аз ҷинсҳои карбонатии таҳшинӣ, инчунин гранатҳои хоси метаморфогеннӣ, талк, турмалин ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. ҳамаи ҷинсҳои метаморфӣ сохти пурракристаллӣ доранд, ки ба калондона, миёнадона, майдадона, резадона ва пинҳондона (ниҳондона) ҷудо мешаванд. Ғайр аз ин вобаста ба шакли кристаллҳои ташкилдиҳанда, сохти порфиробластовӣ (кристаллҳои сузаншакл) ва гранобластовӣ (ҷинсҳои аз донаҳои гирд таркиб ёфта) низ ҷудо мекунанд.

Хулоса

Аз нигоҳи гурўҳбандӣ ва мураттабсозии илмҳо географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба гурҳи илмҳои ҷамъиятӣ дохил мешавад. Алоқаи илми география ва илмҳои техникӣ таърихи тўлониро дар бар мегиранд. Дар ин муддат вобаста ба дараҷаи пешрафти илму техника муносибати онҳо нисбат ба якдигар як хел набуд. Аз солҳои 50 – и асри XIX сар карда техника ва технология рў ба инкишоф ниҳод ва дар асри ХХ ҳамаи соҳаҳои истеҳсолотро фаро гирифта, барои бо суръат аз худ намудани сарватҳои табиӣ ва ба таври васеъ ҷойгир намудани истеҳсолот мусоидат намуд. Аз тарафи дигар бо суръати баланд аз худ намудани муҳити географӣ ба ҷойгиршавии аҳолӣ, самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнтаӣ, такмил ва ташаккул ёфтани комплексҳои гуногунмиқёси истеҳсолию минтақавӣ, тахассусонӣ ва бо ҳам алоқамандии онҳо таъсир расонид. Вобаста ба мавқеи географӣ, марзи кунунии Тоҷикистон ниҳоят печ дар печ буда дар замони Иттиҳоди Шўравӣ ташаккул ёфтааст. Аммо дар ин давра он вобаста бо баъзе фикру ақидаҳои миллӣ ва сиёсию иқтисодӣ якчанд маротиба тағйир ёфтааст. 14 октябри соли 1924 ибтидоан дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо Тоҷикистон дар ҳайати ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор таъсир ёфт. Дар ин давра бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва ба истеҳсолот наздик шудани роҳбарии ноҳияҳои маъмурӣ поёние, ки дар гузушта барҳам дода буданд, қисман аз нав барқарор карда шуданд. Ба номи бисёр ноҳияҳо тамоюли миллӣ дода шуд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ду вилояти маъмурӣ ноҳияҳои тобеи марказ, як вилояти худмухтор, 57 ноҳияи маъмурии поёнӣ, 22 шаҳр, 50 шањҳак ва 280 ҷамоъа ташаккул ёфтаанд

Ҳамин тавр шаклҳои ҷамъиятии ташкили истеҳсолот (консентратсияи, кооператсия, махсусгардонӣ) узван бо якдигар алоқаманд буда, мунтазам инкишоф додани онҳо дар оқилона ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ ва умуман саноат аҳамияти куллӣ дорад. Бояд хотирнишон намуд, ки ҳар як корхона вобаста ба талаботи хоҷагии халқ ва тиҷорат аз намудҳои гуногуни ашёи хом маҳсулоти ҳархела истеҳсол менамоянд, ки он бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд. Аз ин рў сарфи назар аз мавқеи ҷойгиршавӣ, корхонаҳо вобаста ба истифодаи ашёи хом ҷараёни истҳесолот, навъи маҳсулот ба он ё ин соҳаи саноат дохил мешаванд. Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале онҳо дар ҳама қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география медонед, ки захираҳои табиӣ ба намудҳои захираи ашёи минералӣ, замин, манбаи об, ҷангал ва ғайра тақсим мешавад. дар навбати худ онҳоро ба намудҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи замин, пеш аз ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараёни пайдоиши канданиҳои фоиданок дар давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобарор пайдо ва тақсимшавии захираҳои табиӣ дар ҳама ноҳияю мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиёди давлатҳои Осиёю Америкои ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқӣ Наздик бошанд, бо захираи нефту гази табиӣ фарқ мекунанд. Дар дунё давлатҳое ҳастанд ба мисли ИМА, Россия ва Чин, ки қариб бо тамоми намуди сарватҳои табиӣ таъминанд. Ба ин гурўҳ Ҳиндустон, Бразилия, Австралия ва боз якчанд давлатҳои дигар (гарчанде бо баъзе намуди сарватҳои табиӣ аз давлатҳои номбурда қафо меистанд, вале онҳоро низ ҳамчун мамлакатҳои бо захираи сарватҳои табиӣ таъминбуда эътироф мекунанд) дохил мешаванд. Ҳамин тариқ, захираҳои минералӣ сарчашмаи муҳими ашёи хоми гуногун барои иқтимодиёти ҷаҳонӣ мебошанд. онҳо дар сайёраи мо вобаста ба сохти геологии он нобаробар ҷойгир шудаанд. Қисме аз захираи канданиҳои фоиданок дар натиҷаи истифодаи ғайрисамаранок хароб ва ё тамом шуда истодаанд. Ҳоло комёбии илму техника истифодаи такрории захираи канданиҳои фоиданокро дар оянда пешкаши инсоният намудааст. Ҳиссаи саноати истихроҷ то рафт кам шуда истодааст, ки сабабҳои асосиаш доимо камшавии қувва ва масолеҳталабии он ивазкунии ашёи хоми табиӣ бо масолеҳи синтетикӣ мебошад. Бо вуҷуди он соҳаҳои истихроҷ ҳам дар замони ИИТ ба тағйиротҳо дучор шудаанду ин тйиротҳоро мо дар васеъшавии усулҳои кушода истихроҷкунии канданиҳои фоиданоки хушкию баҳрӣ ва ғайра мебинем.


Рўйхати адабиётҳо
1. Кабутов М.К. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷўмҳурии Тоҷикистон. (китоби дарсӣ). Дар зери таҳрири доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х.М. : Душанбе, , 2005. – 208саҳ.

2. Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р., Географияи Тоҷикистон. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ

3. Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон . – 2011. 189саҳ

4. Ғафуров Ф.Ғ. , Алидодов Б.А. Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок. қисми 1 – Душанбе: «Мир издателей», 2010. – 204саҳ

5. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экология – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 220 саҳ.

6. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экологияи истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ. Душанбе. «Ирфон»- 2010,147саҳ.






Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет