Объединение юридических лиц в форме ассоциации


INTERNATIONAL SCIENTIFIC JOURNAL



Pdf көрінісі
бет134/199
Дата28.02.2023
өлшемі3.95 Mb.
#470155
1   ...   130   131   132   133   134   135   136   137   ...   199
1 3 ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ

INTERNATIONAL SCIENTIFIC JOURNAL
«GLOBAL SCIENCE AND INNOVATIONS 2020: CENTRAL ASIA» 
NUR-SULTAN, KAZAKHSTAN, FEB-MARCH 2020 
 
130 
корҳои мустақилонаи ҳамаи хонандагонро ҷамъбаст менамояд. 
Сохтори ингуна муносибат имкон медиҳад, ки ба таври ошкор раванди корҳои 
мустақилонаи хонандагонро, ки ҷараёнҳои фикррониҳои ботинии онҳоро бо амалётҳои 
ҳаётӣ алоқаманд мекунанд, муоина намоем. Ҳангоми иҷрои фаъолиятҳои амалӣ идроки 
ҳиссии пурзури хонандагон зоҳир мегардад. Ин идрок бо тафаккури донисташавандагӣ 
пайваст мешавад, зеро супориш иборат аз тасаввуротҳои нав оид ба мафҳумҳое, ки онҳоро 
бояд хонандагон соҳиб шаванд, мебошад. Хонандагон қисмати худназоратиро гузаронида 
аз нав раванди мушаххас таҳлилӣ – синтезӣ мегузаронад. Ҳангоми ифода намудани 
характерисупоришҳо ҳамаи ин махсусиятҳои фаъолияти мустақилонаи хонандагонро ба 
ҳисоб нагирифтан номумкин аст. Ҳамин тавр, функсияи хонандагон ҳангоми иҷрои 
супоришҳои мустақилона раванди мураккебе мебошад, ки фаъолияти маърифатии фаъоли 
мақсаднокро таъмин менамояд. Дар ин маврид роли асосиро равандҳои фикрии таҳлилӣ 
синтезӣ мебозанд, ки онҳо махсусияти таълими самарабахшро ташкил медиҳанд. [2. 10-
12] 
Функсияи омӯзгор дар ҳамбастагӣ бо функсияи хонандагон дар намуди зерин 
ошкор мегардад. Омӯзгор ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ супориши мушаххасро ба хонандагон 
пешниҳод менамояд, мақсад ва мароми кор пайдарпаии иҷрои он усулҳои худназоратии 
кор аз тарафи хонандагон ва тарзҳои гузориши онҳо муайян мекунад. Омӯзгор на танҳо 
фаъолиятҳои амалии хонандагонро мушоҳида мекунад, балки ин амалётҳоро зери назорат 
гирифта, ба хонандагон нишондодҳои сари вақтиро барои содир накардани хатогиҳо дода, 
фаъолияти мустақилонаи онҳоро таҳлил намуда дурустии иҷрои супоришҳоро санҷида, то 
кадом дараҷа мундариҷаи ко рва натиҷаҳои иҷрошударо сарфаҳм рафтанашонро 
мефаҳмонад. 
Инчунин омӯзгор то кадом андоза гирифтани дониш, малака ва маҳорати 
хонандагонро дар доираи супориши додашуда месанҷад. 
Тадқиқотҳои олимони педагог ва равоншинос имконият медиҳанд, кич ор дараҷаи 
фаъолияти сермаҳсули мустақилонаи хонандагонро, ки ба фаъолияҳои таълимиашон 
мувофиқанд, шартан ҷудо намоем: 
1. 
Амали нусхабардории хонандагон аз рӯи намунаи додашуда. Мутобиқсозии 
объектҳо ва ҳодисаҳо, шинохти онҳо бо роҳи муқоиса бо намунаҳои маълум. Дар ин зина 
омодагии хонандагон ба фаъолияти мутақилона оѓоз меёбад. 
2. 
Фаъолияти баён карда тавонистани иттилоот оид ба объекти омӯхташаванда дар 
доираи хотира. Дар ин зина методҳо ва усулҳои умумисозхии фаъолияти маърифатӣ ва 
гузариш ба ҳалли масъалаҳои нисбатан мураккаб ба амал меояд. 
3. 
Дар зинаи сеюм фаъолияти скмарабахши гирифтани дониш барои ҳалли масъалаҳо 
ба вуҷуд меояд, ки он аз ҳудуди намунаҳои маълум берун меояд ва аз хонандагон 
қобилиятҳои хулосабарориҳои индуктивӣ ва дедуктивиро талаб мекунад. 
4. 
Фаъолияти мустақилонаи татбиқи донишҳо дар ҳалли масъалаҳо дар шароитҳои 
нав бо тартиб додани барномаҳои мукаммали қабули нишондодҳо ва коркарди гипотезии 
тафаккури қиёсиро дар бар мегирад. [7 с.140]
Дар дарсҳои физика хонандагон бояд донишҳо, маҳорату малакаҳоро ба воситаи 
корҳои мустақилонаи гуногун аз худ намоянд. Ин корҳо бояд системанок буда талаботҳо ё 
принсипҳои муайянро қаноат кунанд.


Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   130   131   132   133   134   135   136   137   ...   199




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет