INTERNATIONAL SCIENTIFIC JOURNAL
«GLOBAL SCIENCE AND INNOVATIONS 2020: CENTRAL ASIA»
NUR-SULTAN, KAZAKHSTAN, FEB-MARCH 2020
128
шын, дұрыc.Пeдaгoгтың мoйнындa eртeңгi eлiм дeп eңiрeйтiн ұрпaқты тәрбиeлey мiндeтi
тұр,coндықтaн дa тәрбиeшiнiң әр күнi iздeнicпeн, eртeңгi aзaмaтты қaлыптacтырy
жayaпкeршiлiгiмeн ұштacып жaтaды.
ПAЙДAЛAНЫЛҒAН ӘДEБИEТТEР ТIЗIМI:
1.Нaзaрбaeв Н.Ә Қaзaқcтaн – 2050 Cтрaтeгиялық қaлыптacқaн мeмлeкeттiк жaңa caяcи
бaғыты.Eлбacы Н.Ә Нaзaрбaeвтың Қaзaқcтaн xaлқынa жoлдayы 2012 жылғы 14 жeлтoқcaн.
2. Нaзaрбaeв Н.Ә «Бoлaшaққa бaғдaр:рyxaни жaңғырy» aтты мaқaлacы 12 cәyiр 2017 жыл.
4.Бeлгiбaeвa Г. Пaтриoттық тәрбиe бeрyдe ayыз әдeбиeтiнiң aтқaрaтын
рөлi.– Aлмaты; Рayaн,2010.
5.Нayрызбaeв Ж. Ұлттық мeктeптiң ұлы мұрaты. – Aлмaты:Aнa тiлi,2012.
6. Ғaббacoв Coвeт- Xaн. Бayыржaн Мoмышұлы: Aнa тiлi жәнe ұлттық
тәрбиe. – Aлмaты: Мeктeп. 2011.
МА ЌСАД, МАЗМУН ВА ШАКЛЊОИ ТАШКИЛИ КОРИ МУСТАЌИЛОНАИ
ХОНАНДАГОН ДАР ТАЊЌИЌОТТЊОИ ПСИХОЛОГЇ, ПЕДАГОГЇ ВА МЕТОДЇ
Сафарзода Парвтинаи Усмон
Њамид Маљидов Арбоби илм ва техникаи Тољикистон, Академики академияи илмњои
педагогї ва иљтиомї, доктори илмњои техникї, профессор
Замони муосир бо афзоиши босуръати илм ва техника тавсиф меёбад. Илм ба
қувваи истеҳсолкунандаи ҷомеа табдил меёбад. Зери таъсири талаботҳои ҳаёт
наздикшавии илмҳои фундаменталӣ ва амалӣ ҷараён дорад. Муҳлатҳои дар амал
татбиқшавии кашфиётҳои илмӣ тадриҷан кӯтоҳ шуда истодааст. Дар алоқамандӣ ба ин аз
мутахассисони соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ тафаккури ба дараҷаи олӣ инкишофёфта,
донишҳои ҳамаҷониба ва маҳорати бо тартиби системанок татбиқ намудани онҳо,
мутобиқшавӣ ба таѓйиротҳое, ки дар шароитҳои корӣ ба амал меоянд, азхудкунии техника
ва технологияи нав талаб карда мешавад. Дар баробари мустаҳкам дар хотир нигоҳ
доштани донишҳои ҳосилнамуда бояд маҳорати амиқ ва ҳамаҷониба баҳо додан ба
далелҳо, ҳодисаҳо ва масъалаҳои нав ва усулҳои ҳалли ратсионалии онҳо афзалият пайдо
намояд. Яке аз масъалаҳои асосии тарбияи насли наврас – ташаккули тафаккури мустақил
ва омодагӣ ба фаъолияти эҷодӣ мебошад. [1. с. 7 − 15]
Ин талаботи замон, масъалаи иҷтимоие мебошад, ки дар назди мактаби имрӯза
истодааст. Мо бояд хонандагонро ба маълумотгирӣ ва худмаълумотгирӣ, коркарди
малакаҳои пурракунандаи донишҳо, моҳирона ва фаврӣ мавқеъгирӣ дар ҷараёни
иттилоотҳои илмӣ ва сиёсӣ омода намоем. Бинобар ин зарурияти дар ташаккул додани
метод ва усулҳои ратсионалии корҳои таълимӣ, тарбияи ба талабот омӯзиш мувофиқ ва
таваҷҷуҳи хонандагон ба таҳсил ба миён меояд.
Корҳои мустақилона воситаи муҳими азхудкунии донишҳои амиқ ва устувор,
воситаи ташаккули фаъолнокӣ ва мустақилият ҳамчун нишондиҳандаи шахсият ва
инкишофи қобилиятҳои ақлонӣ барои хонандагон ба шумор меравад.
Фаъолияти мустақилонаи маърифатии хонандагон дар дарс, ки ба таври ратсионалӣ
ташкил карда шуда, системанок гузаронида мешавад, на танҳо ба сифати дониш, малака
ва маҳорати дар фаъолияти таълимӣ ҳосилшуда таъсири мусбат мерасонад, балки дар
онҳо муносибати ҷиддиро ба омӯзиш тарбия намуда, ба муносибати онҳо ба дарс ва
тартибот дар синф ҳосил мекунад [4 с. 25-30]
|