Моддаи 37. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи фаъолияти худ ваколатҳои зеринро доро мебошанд:
– барои барҳам додани муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии давлатӣ дар ҳудуди дахлдор ризоият медиҳанд;
– ба беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва шароити моддию маишии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф мусоидат менамоянд;
– дар бобати беҳбудии шароити иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф чораҳо меандешанд;
– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.
Моддаи 38. Вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ
1. Муассисаҳои таълимӣ дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон, фаъолияти илмӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ мустақил мебошанд.
2. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
– оинномаи худро таҳия намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд мегузаронанд;
– қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимии худро тасдиқ менамоянд;
– нақшаҳои таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳоро тасдиқ менамоянд;
– талаботи иҷозатномаро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ риоя менамоянд;
– дар раванди таълиму тарбия усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ менамоянд;
– аттестатсияи мобайнӣ ва аттестатсияи хатми хонандагон ва донишҷӯёнро гузаронида, сатҳи сифати таълимро назорат менамоянд;
– шаклҳои нави таълим, аз ҷумла таълими кредитиро татбиқ менамоянд;
– такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
– бақайдгирӣ (инвентаризатсия), ҳифз ва нигоҳубини мол, ашё ва таҷҳизоти таълимиро таъмин менамоянд;
– бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявию пулӣ тадбирҳо меандешанд;
– тарзи ҳаёти солимро дар байни таълимгирандагон тарғиб намуда, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатариро риоя мекунанд;
– барои аз таҳсил дур намондани кӯдакони синни мактабӣ якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти оморӣ ҷамъ намуда, ҷалби хонандагонро ба зинаҳои таҳсилот назорат менамоянд;
– ба таълимгирандагони эҳтиёҷманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намуда, онҳоро бо маводи зарурӣ таъмин менамоянд;
– хонандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбии кишвар ва хориҷа омода менамоянд;
– ба хонандагон тарзи дурусти интихоби касбро таълим дода, роҳнамоии касбиро ба роҳ мемонанд;
– ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд;
– сохтор, ҷадвали вазифаю маош, тақсимоти ӯҳдадориҳои вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаи худро тасдиқ менамоянд;
– ба маоши вазифавии омӯзгорони муассисаи худ иловапулиҳо муқаррар намуда, тартиб ва андозаи мукофотпулиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд;
– омӯзгорон ва дигар кормандони худро ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешбарӣ менамоянд;
– ба заминаҳои моддию техникии муассисаи худ таҳким бахшида, мутобиқи талаботи меъёрӣ бо таҷҳизот ва ашёи таълимӣ таъмин менамоянд;
– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳо ва воситаҳои иловагии моддию молиявиро ҷалб менамоянд;
– фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва тиббиро таъмин ва таҳти назорат қарор дода, барои беҳтар намудани шароити онҳо тадбирҳо меандешанд;
– ба фаъолияти омӯзгорон, дигар кормандон ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд;
– вазифаҳои дигареро, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст, иҷро мекунанд.
3. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ вазифаҳои дар моддаи мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд.
Моддаи 39. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ
1. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо амалӣ мегардад.
2. Роҳбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шӯрои муассиса, роҳбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар роҳбар иҷро менамояд.
3. Роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, махсус ва иловагии давлатӣ бо тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
4. Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.
Моддаи 40. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ
1. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо идора карда мешаванд.
2. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо муассисаҳои таълимии давлатӣ баробарҳуқуқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
3. Тарзҳои идоракунии бевоситаи муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассиси (муассисони) онҳо муайян мекунад.
Моддаи 41. Худидоракунии муассисаҳои таълимӣ
1. Дар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд.
2. Ба мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ шӯрои муассисаи таълимӣ, шӯроҳои омӯзгорон ва олимон, шӯроҳои истеҳсолию педагогӣ, илмию методӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ, директорон, ректорон, донишҷӯён, аспирантон, сарпарастон, нозирон, ташкилотҳои хонандагон, сохторҳои кумитаҳои кор бо ҷавонон ва занон, кумитаҳои падару модарон, ассотсиатсияҳои падару модарон, омӯзгорон ва ғайра дохил мешаванд, ки номгӯй ва вазифаҳои онҳо бо назардошти низомномаҳои дахлдори намунавии муассисаҳои таълимӣ дар оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ мегарданд.
3. Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён, аспирантон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
4. Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зеринро меандешанд:
– раванди таълиму тарбияро ташаккул дода, иҷрои онро назорат менамоянд;
– фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимиро назорат менамоянд;
– ба беҳтар шудани вазъи молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.
Моддаи 42. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи маориф
1. Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои илму техника, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ташаккул меёбад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, дастовардҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва фарҳангиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ менамоянд.
3. Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар муассисаҳои илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамоянд.
БОБИ 5.
ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ. МАҚОМИ ОМӮЗГОР
Моддаи 43. Субъектҳои раванди таълиму тарбия
Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дохил мешаванд:
– таълимгирандагон, коромӯзон, интернҳо, ординаторҳо, докторантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, кормандони соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
– мураббиён, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;
– ходимони илмӣ, кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;
– падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда);
– намояндагони муассисаву дигар ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд.
Моддаи 44. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия
1. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд.
3. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашта таҳсил мекунанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмро бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар муассисаҳои таълимии давлатие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, супоранд.
4. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби ба таври истисно аз як муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти касбӣ гузаштани хонандагон ва донишҷӯён, аз ҷумла ройгон ё пулакӣ будани таълимро, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
5. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд худро аз амали ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ва ё қадру эътиборашонро паст мезананд, ҳифз намоянд.
6. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии давлатиро муассис (муассисон) бо стипендия, ёрдампулӣ, хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тиббию солимгардонӣ ва дигар ёрии моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд.
7. Хароҷоти таҳсили аспирантон, докторантон ва дигар унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
8. Хонандагон ва донишҷӯён ҳангоми таълим ва таҷрибаомӯзии касбӣ бо тартиби муқарраршуда бо ҷойи кор, шароити бехатари меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.
9. Барои шахсони дар муассисаҳои тарбиявӣ ва ислоҳӣ қарордошта, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти идоракунии маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тайёрии касбӣ ва ҳамчунин худомӯзии онҳо шароит муҳайё менамоянд.
10. Хонандагон ва донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома таҳсил менамоянд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои «4» (хуб) ва «5» (аъло) месупоранд, бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронида мешаванд. Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронидани чунин хонандагон ва донишҷӯёнро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
11. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
12. Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳсил мекунанд, дар мавриди мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии иловагӣ аз ҷойи кор ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳуқуқ доранд.
13. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимӣ метавонад дар доираи имкониятҳои худ барои таълимгирандагон дигар намуди имтиёзҳоро муқаррар намояд.
Моддаи 45. Стипендия ва дигар пардохтҳои пулӣ
1. Стипендия маблағе мебошад, ки барои хонандагон, донишҷӯён, интернҳо, ординаторҳо ва аспирантони гурӯҳҳои таҳсили рӯзона пардохт карда мешавад.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини стипендия таъсис дода мешаванд:
– стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»;
– стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯён;
– стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантон;
– стипендияи номӣ.
3. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон, донишҷӯён ва аспирантони болаёқат, ки дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ дастовардҳои назаррас доранд, пардохт карда мешавад.
4. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ пардохт карда мешавад.
5. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешаванд. Стипендияи мазкур барои донишҷӯён вобаста ба дастовардҳояшон дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ таъин карда мешавад.
6. Барои донишҷӯёни соли аввали таҳсил, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, аз аввали соли таҳсил то санҷиши аввал (санҷиши нимсола) стипендияи давлатии академӣ пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
7. Барои донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои I ва II стипендияи давлатии академӣ, новобаста ба натиҷаи таҳсил пардохт карда мешавад.
8. Стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи давлатӣ барои аспирантон ва докторантон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
9. Стипендияи номӣ аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунии маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи мазкурро таъсисдиҳандагони он муайян менамоянд.
10. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, стипендияи давлатии академӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
11. Ба таълимгирандагон дигар пардохтҳои пулӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 46. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар соҳаи
маориф
1. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳуқуқ доранд:
– барои фарзандони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия ва шакли таълимро интихоб намоянд;
– дар кори мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ иштирок намоянд;
– ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;
– манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд;
– барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.
2. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ӯҳдадоранд:
– барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;
– ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳифз намоянд;
– фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ, эҳтироми оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;
– ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд.
3. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон ӯҳдадоранд, ки бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд.
4. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) инчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
5. Падару модаре (шахсони онҳоро ивазкунандае), ки ба таҳсили фарзандон монеъагӣ мекунанд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 47. Мазмуни мақоми омӯзгор
Мазмуни мақоми омӯзгор вобаста ба хусусиятҳои касбӣ маҷмӯи омилҳои зеринро, ки мақоми омӯзгорро дар ҷамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад:
– қадру қимати касби омӯзгорӣ;
– талабот ба меъёрҳои тайёрии касбӣ ва маҳсули меҳнати омӯзгор;
– дараҷаи эътироф ва дастгирии омӯзгор аз тарафи давлат;
– ҳурмату эҳтироми омӯзгор дар ҷамъият, муассисаи таълимӣ, оила ва байни таълимгирандагон;
– шароити таъминоти моддии омӯзгор;
– ҳолати ҳифзи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии омӯзгор.
Моддаи 48. Фаъолияти омӯзгорӣ
1. Ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва малакаи зарурии касбӣ доранд, машғул шуда метавонанд.
2. Омӯзгорон давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Дар асоси натиҷаи аттестатсия дараҷаи ихтисоси касбии онҳо муайян карда мешавад.
3. Омӯзгороне, ки амали содирнамудаашон барои минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолифат мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.
4. Омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон дар асоси хулосаи тиббӣ барои фаъолияти омӯзгорӣ мувофиқат намекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.
5. Омӯзгорон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгориро доранд.
6. Фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ, ки ба гирифтани даромад равона шудааст, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он бояд аз қайди давлатӣ гузарад.
7. Барои фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ гирифтани иҷозатнома ҳатмӣ нест, аммо бе қайди давлатӣ машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ манъ аст.
8. Пурра кардани ҳайати кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимӣ дар асоси оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълимӣ баста шудааст, муайян карда мешаванд.
Моддаи 49. Усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ
Фаъолияти омӯзгорӣ бо усулҳои зерин амалӣ мегардад:
– муносибати маҷмӯӣ ба таълим ва тарбия;
– хусусияти башардӯстонаи таълиму тарбия ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон;
– риояи принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ;
– дар назар доштани аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва дигар хусусиятҳои шахсии таълимгирандагон;
– тарбияи таълимгирандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ;
– риояи принсипи муттасилии таҳсилот;
– муносибати эҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ вобаста ба мақсаду вазифаҳои таълим;
– дар асоси дастовардҳои навтарини илм, техника, технология ва фарҳанг такмил додани дониши худ;
– робита бо таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);
– ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои кӯдакон ва наврасон, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Моддаи 50. Ҳуқуқҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳуқуқ доранд:
– шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд;
– фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии худро таҳким бахшанд;
– барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд;
– ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;
– шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд;
– барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.
2. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои дигар ҳуқуқҳое низ мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 51. Ӯҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия ӯҳдадориҳои зеринро доранд:
– оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;
– сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;
– азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;
– дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ худро дар канор нагиранд;
– таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд;
– аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд;
– дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд;
– вобаста ба имконот дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд;
– меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон ва донишҷӯён дар раванди дарс риоя намоянд;
– журнали синфӣ (гурӯҳӣ) -ро дар доираи муқаррарот пур намоянд;
– ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд;
– бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;
– меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд;
– дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд;
– аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд;
– ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд;
– дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;
– вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;
– маводи нави илмӣ, таълим, методӣ, рӯзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;
– маводи таълимӣ, конспект, нақшаҳои тақвимӣ, лексияҳо ва корҳои санҷишиву озмоишии хаттии худро дар сатҳи касбӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ намоянд;
– барои инкишофи маҳорат ва малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намоянд;
– барои дар озмунҳои (олимпиадаҳои) ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд;
– қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд;
– барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд;
– аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намоянд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд;
– услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;
– санҷишу имтиҳонҳои қабул ва ҷориро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида гузаронида, дар вақти баҳогузорӣ ба амалҳои субъективӣ роҳ надиҳанд;
– аттестатсияи хатм ва имтиҳонҳои хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон баҳои воқеӣ гузоранд;
– рӯзномаи хонандагон ва дафтарҳои санҷишии донишҷӯёнро санҷида, баҳои дар журнал ва варақаи имтиҳонӣ қайдгардидаро ба онҳо гузаронанд;
– дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд;
– иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд;
– таълимгирандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;
– ҷалби таълимгирандагонро ба ташкилотҳои хонандагон ва донишҷӯён таъмин карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин, муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;
– корҳои илмӣ, эҷодии адабӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар корҳои таълимгирандагонро роҳнамоӣ намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии онҳо шароит муҳайё намоянд;
– нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепӯшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) -ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;
– нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;
– дар таҳия ва омода намудани иншо, кори санҷишӣ, корҳои хаттии эҷодиву илмӣ, реферат, кори курсӣ, таҳқиқоти илмӣ, рисола, лоиҳаи дипломӣ ва инноватсионӣ ба таълимгирандагон роҳбарӣ намоянд;
– дафтарҳои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ намоянд.
2. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия масъуланд:
– ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳанд;
– ба хонандагон ва донишҷӯён маслиҳати методӣ ва илмӣ дода, дигар хизматрасонии таълимиро амалӣ намоянд;
– дар вақти корӣ ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълимӣ берун нараванд;
– қобилияти иҷтимоӣ ва ҷисмонии хонандагон ва донишҷӯёнро ба манфиати шахсӣ истифода набаранд;
– ӯҳдадориҳои роҳбари синф (гурӯҳ) -ро дар доираи меъёрҳои муқарраршуда иҷро карда, бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) робита барқарор намоянд;
– ба намуди зоҳирии худ диққат дода, дар муассисаи таълимӣ либоси тавсиявиро пӯшанд, таълимгирандагонро дар рӯҳияи зебопарастӣ тарбия кунанд;
– ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, қадру эътибори онҳоро паст назананд;
– одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд.
3. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия ӯҳдадорӣ ва масъулиятҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассисаи таълимӣ ва санадҳои дохилии он пешбинӣ намудаанд, ба зимма доранд.
Достарыңызбен бөлісу: |