Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф



бет1/5
Дата27.06.2016
өлшемі331.5 Kb.
#160998
  1   2   3   4   5
Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ МАОРИФ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156,

№7, ќ.2, мод. 422; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1295) 


Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.
БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ


Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;

аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;

аспирант – шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд;

аттестатсияи хатм – тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;

аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;

баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият – иҷозатномадиҳии такрорӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии навбатии муассисаи таълимӣ дар шакли муттаҳидшудаи ин амалиёт дар як мӯҳлат;

бакалавр – шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст;

барномаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд; 

интернатура –  ихтисосгирии баъдидипломӣ барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтӣ;

донишҷӯ – шахсе, ки дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ (бакалавриат, магистратура ва мутахассис) таҳсил менамояд;

зинаҳои таҳсилот – марҳилаҳои таълиму тарбия, ки давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд;

китоби дарсӣ – воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро  пайдарҳам ифода менамояд;

маблағгузории сарикасӣ – маблағгузорие, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад;

магистратура – дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад;

мазмуни таълим – сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимие, ки азхудкунии он имкони гирифтани дараҷаи таҳсилот ва ихтисоси муайянро медиҳад;

мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати  давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат ва роҳбарӣ менамояд;

мақомоти дахлдори давлатӣ – мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатие, ки ваколатҳои муайянеро дар соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;

мактаби (синфи) камнуфус – муассисаи таълимие (синфе), ки дар маҳалҳои камаҳолӣ барои бо таҳсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад;

маориф - раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки соҳиби дараҷаи муайяни таҳсилот гардидани таълимгирандагонро таъмин мекунад;

машғулияти инфиродӣ – шакли таълим бо истифодаи тарзҳои гуногуни таълими инфиродӣ, ки ба хонанда ё донишҷӯ дониши иловагӣ медиҳад;

муассисаи таълимӣ – ташкилоти таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба роҳ монда, як ё якчанд барномаҳои таълимиро амалӣ мегардонад;

муассисаи таълимии махсус – ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва муҳити махсуси педагогӣ буда, офияти тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдаконеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин менамояд; 

муассисаи томактабӣ – ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи  аввалия фаро мегирад;

мутахассис – шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро  соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ имконият дорад;

натиҷаи таълим – маҷмӯи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ соҳиб мегарданд;

нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд; 

низоми маориф – мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд;

нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии шахсоне, ки муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳои байналмилалиро хатм кардаанд;

омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбия машғул мебошад;

фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ – фаъолияти омӯзгорие, ки дар муассисаи таълимӣ берун аз вақти корӣ ва ё берун аз муассисаи таълимӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад;

ординатура (резидентура) – таҳсилоти олии касбии баъдидипломии тиббие, ки аз рӯи ихтисосҳои муайяни тиббӣ зери роҳбарии табиби дараҷаи илмидошта ё табибони пуртаҷриба анҷом дода мешавад;

сифати таълим – тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад; 

сифати таҳсилот – маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ;

стандартҳои давлатии таҳсилот – маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту мӯҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;

тарбия – раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз  ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ; 

таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;

тарбиягиранда – кӯдаке, ки дар муассисаҳои томактабӣ бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст;

таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишҷӯ, аспирант, шунавандаи муассисаи таълимӣ;

таҳсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст;

таҳсилоти калонсолон – маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кӯмаки он калонсолон қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд;

таҳсилоти муттасил – дар тӯли ҳаёт гирифтани таҳсилот ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ;

таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад; 

таҳсилоти фарогир – барои кӯдакон, новобаста ба  ҷинс, нажод, забон, миллат, эътиқоди динӣ, иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, қобилият, вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот;

таҷҳизоти таълимӣ – таҷҳизоте, ки дар раванди таълим барои ташаккули дониш, маҳорат, малака, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии таълимгирандагон истифода мешавад;

раванди таълим – низоми фаъолияти таълимию тарбиявӣ барои расидан ба  мақсадҳои таълим;

экстернат – омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи хатм дар муассисаҳои таълимӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

2. Давлат барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил равона мекунад. 

3. Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф  ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.

4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

5. Дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.
Моддаи 4. Принсипҳои  асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

– қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– бартарии соҳаи маориф дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ;

– ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;

– дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;

– бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;

– муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

– ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;

– ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;

– ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;

– мустақилияти муассисаҳои таълимӣ;

– раванди муттасили таҳсил;

– мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

– ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;

– пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;

– ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.


Моддаи 5. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд: 

– таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил;

– фароҳам овардани кафолати ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;

– муқаррар намудани салоҳият, ваколатҳо, вазифаҳо, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;

– муҳайё  намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;

– фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим;

– мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс;

– тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ;

– тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ; 

– дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ.


Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил
1. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад.

2. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳатмии умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, инчунин дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун ройгон гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот кафолат медиҳад.

3. Ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва дигар нишонаҳо метавонад танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.

4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд. 

5. Давлат дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад.

6. Давлат таълимгирандагони болаёқатро дастгирӣ намуда, ба таҳсилоти онҳо кӯмак мерасонад, аз рӯи натиҷаи таълим барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.

7. Давлат таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд. 

8. Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад.

9. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҳуқуқи баробар доранд. 

10. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.


Моддаи 7. Забони таҳсил
1. Забони асосии таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мебошад.

2. Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сернуфуси миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи соҳаи маориф, ба забони модарии онҳо гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.

3. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ забони таҳсил бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии хонандагон, синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти онҳо муайян карда мешавад.

4. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмист.

5. Таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ
1. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар карда мешаванд, ки аз нишондиҳандаҳои зерин иборатанд:

– ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо;

– ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;

– талаботи асосӣ ба сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон;

– мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилот. 

2. Барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия мегарданд. Барномаҳои таълимӣ аз инҳо иборатанд:

– томактабӣ;

– таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);

– таҳсилоти ибтидоии касбӣ; 

– таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ;

– таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

– таҳсилоти иловагӣ;

– таҳсилоти махсус; 

– таҳсилоти калонсолон.

3. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад.

4. Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

5. Барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълимӣ таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ карда мешаванд.

6. Мӯҳлат ва меъёри омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ Қонуни мазкур ва стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд.

7. Дар муассисаҳои таълимӣ барои озмоиши технологияи нави таълим ва ҷорӣ кардани мазмуни нави таълим ба таври таҷрибавӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия карда мешаванд. 

8. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ карда мешаванд. 

9. Дар муассисаҳои таълимии таҷрибавӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба тариқи озмоиш барномаҳои таълимии давлатҳои пешрафта метавонанд истифода шаванд.

10. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ менамояд.


БОБИ 2.

НИЗОМИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 9. Сохтори низоми маориф
1. Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:

– стандартҳои давлатии таҳсилот;

– барномаҳои таълимӣ;

– шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;

– мақомоти идоракунии маориф;

– муассисаҳои таълимӣ; 

– субъектҳои раванди таълиму тарбия; 

– муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф;

– иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ;

– воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳо.

2. Дар низоми маориф инчунин сохторҳои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онҳо ба вазифаҳои зерин вобаста мебошанд:

– гирифтани таҳсилот ва таъмини он;

– гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– тақсимоти ҷойҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– амалӣ намудани барномаҳои миллии арзёбӣ;

– мусоидат барои иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ;

– мониторинг ва арзёбии дониш аз рӯи вазифаҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Дар низоми маориф метавонанд сохторҳои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста намебошад.


Моддаи 10. Муассисаи таълимӣ, сохтор ва намудҳои он
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд. 

2. Мақоми муассисаи таълимӣ ва сохтори он аз тарафи муассис (муассисон) муайян гардида, дар оинномаи муассиса тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мегардад.

3. Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

4. Тасдиқ кардан ё тағйир додани мақоми муассисаи таълимӣ дар асоси хулосаи аттестатсияи давлатӣ амалӣ мегардад.

5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд:

– томактабӣ;

– таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);

– таҳсилоти ибтидоии касбӣ; 

– таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ; 

– таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

– таҳсилоти иловагӣ;

– таҳсилоти махсус;

– муассисаҳои таълимии дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд. 

6. Намудҳои дигари муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ
1. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода  мешавад.

2. Муассисаи таълимии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

3. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

4. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми маҳаллӣ дорад, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

5. Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо қарори муассис (муассисон) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузарад.

6. Муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ба сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимии маҳаллӣ ба сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешаванд.

7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

8. Муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд.

9. Дар сурати барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронидани таълимгирандагонро мувофиқи хоҳиши онҳо ба дигар муассисаҳои таълимии мувофиқ таъмин менамоянд.
Моддаи 12. Тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ
1. Тартиби бақайдгирии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. 

2. Ҳуқуқи муассисаи таълимӣ барои  пешбурди фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ки оинномаи он пешбинӣ намудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ин муассиса мавриди амал қарор дода мешавад.

3. Ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома дода мешавад. 

4. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маорифро пайдо менамояд.


Моддаи 13. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ
1. Муассиси (муассисони)  муассисаи таълимӣ инҳо шуда метавонанд:

– мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф; 

– иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;

– фондҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

2. Муассис (муассисон) метавонад муассисаи таълимии муштарак таъсис диҳад.

3. Муассиси ҳама намуди муассисаҳои таълимии ҳарбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълими ҳарбии шаҳрвандон мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.



Достарыңызбен бөлісу:
  1   2   3   4   5




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет