Аҳамияти ақида дар ҳаёти мусалмон
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Тарҷума ва таҳия аз арабӣ: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
2013 - 1434
أهمية العقيدة في حياة المسلم
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب
2013 - 1434
Аҳамияти ақида дар ҳаёти мусалмон.
Дар ин ҳеҷ хилофе нест, ки илми ақида аз шарифтарин ва азимтарин ъулум аст. Зеро ки шарафи ҳар илме марбут аст, ба шарафи он маълум. Ва илми ақида Фиқҳи Акбар аст, дар муносибат бо фиқҳи фуруъ. Аз ин лиҳоз имом АбуҲанифа (раҳимаҳуллоҳ) фармудаҳои худро, ки дар усули дин дар чанд варақе ҷамъоварӣ карда буд, “Фиқҳи Акбар” номгузорӣ кард.
Ва эҳтиёҷи мардум ба ин илм, болотар аз ҳама гуна эҳтиёҷот аст, зеро ки ҳаёти қалбҳо ва неъмату оромии он имкон надорад, магар дар ҳолате, ки Парвардигор ва маъбуди хешро бо номҳову сифатҳо ва афъолаш бишносад. Ва Ӯро барои хеш маҳбубтар аз ҳама қарор додаву дар роҳи хушнудии танҳо Ӯ саъю талош намояд.
Ва маҳол аст, ки ақли башарӣ мустақилона Ӯро бишносад, пас Худованди азизу раҳим (ғолибу меҳрубон) аз раҳмати хеш паёмбаронро мабъус кард, то ки Ӯро ба бандагонаш ошно созанд.
Ҳамчунин ба сӯйи Ӯ даъват кардаву ба Биҳишт башорат диҳанд ва аз азоби Ҷаҳаннам барҳазар доранд.
Ва калиди даъвати паёмбарон ва асли рисолаташон – ин маърифати Маъбуди ҳаққ (Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло) бо асмову сифот ва афъолаш буд.Зеро ки ҳамин шинохту маърифати Маъбуд, асоси дигар матолиби даъвати паёмбарон аст.
Ва сипас ду асли бузурги дигар меояд:
1. Таъриф ва шиносоии он роҳе, ки ба сӯйи Ӯ субҳонаҳу ва таъоло мебарад. Ва он роҳ – шариъати Ӯ мебошад, ки амру наҳйи Ӯро дар бар гирифтааст.
2. Таъриф ва шиносоии соликони он роҳ, ки пас аз паймудани он роҳ чӣ неъмату мақоме эшонро интизор аст.
Пас ҳар кӣ огоҳтар ва орифтар ба асмову сифот ва афъоли Худованд буд, ҳамон қадар дар роҳ паймудан ба сӯйи Ӯ устувортар хоҳад буд. Ва бохабартар аз ҳоли сулук ва соликон хоҳад буд.
Ҳамчунин дар аҳамияти ақида ва таълиму тадрис, таъаллум ва нашри он изофа мекунем, ки:
1. Ҳамин ақида ҳаст, тавониста аст, ки қалбҳоро бо ҳам муттаҳид созад ва муслиминро дар як ҳадаф ва манҳаҷ қарор диҳад. Ҳадафи ягона – ва он ҳам мубориза бо ширк ва гумроҳиву зулму фавоҳиш. Ва нашри тавҳиду яктопарастӣ, адлу ҳақиқат ва хайру некӯиҳо байни мардум.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фармудааст:
﴿وَٱعۡتَصِمُواْ بِحَبۡلِ ٱللَّهِ جَمِيعٗا وَلَا تَفَرَّقُواْۚ وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ كُنتُمۡ أَعۡدَآءٗ فَأَلَّفَ بَيۡنَ قُلُوبِكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم بِنِعۡمَتِهِۦٓ إِخۡوَٰنٗا وَكُنتُمۡ عَلَىٰ شَفَا حُفۡرَةٖ مِّنَ ٱلنَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنۡهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ ١٠٣﴾ [ال عمران: ١٠٣]
“Ва ҳамагӣ ба ресмони Аллоҳ (Қуръони карим) чанг бизанед ва пароканда машавед. Ва ба ёд оваред неъмати Аллоҳро бар хеш, онгоҳ ки (ба ҳамдигар) душманоне будед ва Аллоҳ байни дилҳоятон (унс ва улфат барқарор кардаву онҳоро ба ҳам) пайванд дод, пас дар партави неъмати Ӯ, барои ҳам бародароне шудед.
Ва (ҳамчунин, шумо бо бутпарастӣ ва ширке, ки доштед) бар лаби гудоле (чуқурие) аз оташ (Ҷаҳаннам) будед, вале шуморо аз он наҷот дод (ва ба соҳили имон расонид).
Худованд инчунин бароятон оёти худро ошкор месозад, шояд ки ҳидоят шавед”.
Сураи Оли Имрон 103
Ва ҳамчунин фармудааст:
﴿وَأَلَّفَ بَيۡنَ قُلُوبِهِمۡۚ لَوۡ أَنفَقۡتَ مَا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا مَّآ أَلَّفۡتَ بَيۡنَ قُلُوبِهِمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ أَلَّفَ بَيۡنَهُمۡۚ إِنَّهُۥ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٦٣﴾ [الانفال: ٦٣]
“Ва (Аллоҳ буд, ки онҳоро дар партави Ислом дигаргун кард) ва дар миёни онҳо улфат эҷод намуд (дилҳои пур аз ҳиқду кинаи онҳоро ба ҳам наздик ва меҳрубон кард). Агар ҳамаи ончӣ дар замин аст сарф мекардӣ, наметавонистӣ, ки миёни қалбҳояшон улфат барқарор созӣ. Вале Аллоҳ (бо ҳидояти хеш ба сӯйи имон ва дӯстиву бародарӣ) миёни онҳо унс ва улфат андохт, зеро ки Ӯ азизу ҳаким аст (бар ҳар коре тавоност ва кораш аз рӯйи ҳикмат анҷом мепазирад)”.
Сураи Анфол 63
Ба ҳеҷ оқиле пушида нест, ки мардуми араб қабл аз Ислом чӣ ҳол дошт! Ихтилофу парокандагӣ ва буғзу кинаву қатлу куштор, ҳаёт бидуни аҳдоф.
Вале ҳамин ақида бо омадани худ аз ҳамон мардуми араб дар чанд соли андак бузургтарин ва беҳтарин умматро сохт. Аз чӯпонии гӯсфандон ба сарварӣ раҳнамоии башарият расиданд. Фа-субҳона муғаййирил-аҳвол!
Пас ҳеҷ омиле наметавонад мусалмононро дар як сафф муттаҳид ва дар як сухан ҷамъ созад, магар ҳамин ақидаи муборак. На қавмият ва на ватаният ва на чизи дигаре аз равишҳои ботили заминӣ.
Ин аст ақидаи бузурги исломӣ, ки бар Қуръону Суннат ва иттибоъи Салафи Солеҳ бино шудааст. Ақидаи тарбият, таълим, раҳнамоӣ ва иқдому созандагӣ. Ақидаест возеҳу ошкор, ки дар он ҳеҷ ибҳому тирагие нест. Мушкилбаёниву фалсафабозии гумроҳсозандае надорад.
Балки ин ақидаест, ки ба марди бадавие (араби бодиянишин, ки ба ҷуз саҳрову чарогоҳ чизе надидааст) арза карда мешуд, ки онро дарк мекард ва қонеъ мешуд, ва баъдан ин ақидаро ба қавму қабилаи хеш мунтақил мекард.
2. Дуввум аз нукоти мубаййини аҳамияти ин ақида он аст, ки мо муътақидем ва дар ин эътиқоди худ ҳеҷ тардиде надорем, ки агар уммати исломӣ ба ин ақидаи саҳеҳ ва софу беолоиш мутамассик ва пойбанд набошад, пас ҳеҷ гоҳ уммати мусалмони ҳақиқӣ нахоҳад буд. Ҳамон ақидае, ки аз Салафи солеҳ (Паёмбар, ёронаш ва тобиъин) ба мо мерос мондааст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин маврид гуфтааст:
﴿فَإِنۡ ءَامَنُواْ بِمِثۡلِ مَآ ءَامَنتُم بِهِۦ فَقَدِ ٱهۡتَدَواْۖ وَّإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا هُمۡ فِي شِقَاقٖۖ فَسَيَكۡفِيكَهُمُ ٱللَّهُۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١٣٧ صِبۡغَةَ ٱللَّهِ وَمَنۡ أَحۡسَنُ مِنَ ٱللَّهِ صِبۡغَةٗۖ وَنَحۡنُ لَهُۥ عَٰبِدُونَ ١٣٨﴾ [البقرة: ١٣٧، ١٣٨]
“Агар онҳо имон биёваранд, Ҳамчуноне (мисле) ки шумо имон овардаед (ва ба он чизҳое ки шумо имон овардаед), пас (ба роҳи рости илоҳӣ) ҳидоят ёфтаанд. Ва агар пушт кунанд (рӯй бартобанд), пас роҳи ихтилоф ва душманиро пеш гирифтаанд ва Аллоҳ туро басанда хоҳад буд (ва Ӯ туро аз азият ва найрангу дасисаҳои онҳо наҷот хоҳад дод) ва Ӯ шунавову биност (ва гуфтори онҳоро мешунавад ва кирдори онҳоро мебинад).
(Худованд моро бо дини тавҳидӣ ва имони ростин зинат додааст) Ин сибға (рангу зинати) Аллоҳ ҳаст, ва чӣ касе (метавонад) аз Аллоҳ зеботар биёрояд ва бипирояд?! Ва мо танҳо Ӯро мепарастем”.
Сураи Бақара 137-138
Пас ин ақида сибғаи илоҳист, (сибға – яъне рангу зинат) ки бояд марди мӯъмин ба ин сибға музайян бишавад. Ва танҳо ин ақида дину фитрати Ӯст, ки онро барои бандагони худ хостааст ва танҳо соҳиби онро мавриди ризоят ва хушнудиву муҳаббати хеш қарор додаву аз наъими Биҳишт баҳравар месозад.
Ва танҳо ҳамин ақида сазовори нусрат ва ёрии илоҳист. Ва танҳо соҳиби ҳамин ақида ва носиру ношири он сазовор аст, ки нусрат ва сарвариву пояндагӣ бахшида шавад.
“Эй мӯъминон, агар шумо Аллоҳро (яъне дини Аллоҳро) ёрӣ кардед, Ӯ низ шуморо ёрӣ кардаву қадамҳоятонро собит хоҳад кард”.
Сураи Муҳаммад 7
Пас ҳеҷ нусрату пирӯзие дар ин дунё ва ҳеҷ бурде дар охират нест, магар бо ин ақида.
3. Саввум инки Аллоҳ таъоло ҳеҷ амалеро аз банда қабул нахоҳад кард магар он замоне, ки ин ақидаи саҳеҳро дар қалби хеш ҷой диҳад. Бидуни ин ақида амалҳо ҳама бар бод хоҳад рафт.
Аллоҳ таъоло гуфтааст:
﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٧﴾ [النحل: ٩٧]
“Ҳар касе, чӣ зан бошад ва чӣ мард, кори шоиста анҷом диҳад ва ӯ муъмин бошад, ба ӯ зиндагии покиза ва хушоянде мебахшем ва подоши онҳоро бар тибқи беҳтарин корҳояшон хоҳем дод”.
Сураи Наҳл 97
Ва ҳамчунин гуфтааст:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجۡرَ مَنۡ أَحۡسَنَ عَمَلًا ٣٠﴾ [الكهف: ٣٠]
“Касоне, ки имон овардаанд (ба Аллоҳ ва дини ҳаққе ки ба ту ваҳй шудааст эй Муҳаммад) ва корҳои шоиста кардаанд (подошашон дар пешгоҳи Офаридгорашон маҳфуз аст). Мо подоши касеро ҳадр намедиҳем, ки кори некӯ карда бошад”.
Сураи Каҳф 30
Ва ҷойи дигар ҳам фармудааст:
﴿فَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا كُفۡرَانَ لِسَعۡيِهِۦ وَإِنَّا لَهُۥ كَٰتِبُونَ ٩٤﴾ [الانبياء: ٩٤]
“Ҳар касе, ки чизе аз корҳои шоиста анҷом диҳад, дар ҳоле ки имон дошта бошад, саъю талоши ӯ нодида гирифта намешавад ва мо қатъан онро хоҳем навишт”.
Сураи Анбиё 94
Ва аммо кофире, ки аз имону ақида рӯй бартофтааст, аъмолаш тибқи фармудаи Аллоҳ таъоло дар чунин ҳол аст:
﴿مَّثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡۖ أَعۡمَٰلُهُمۡ كَرَمَادٍ ٱشۡتَدَّتۡ بِهِ ٱلرِّيحُ فِي يَوۡمٍ عَاصِفٖۖ لَّا يَقۡدِرُونَ مِمَّا كَسَبُواْ عَلَىٰ شَيۡءٖۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلضَّلَٰلُ ٱلۡبَعِيدُ ١٨﴾ [ابراهيم: ١٨]
“Ҳолу вазъияти аъмоли касоне ки ба парвардигори худ имон наёвардаанд, ҳамчун ҳоли хокистаре аст, ки дар як рӯзи тӯфонӣ, бод ба тундӣ бар он вазад (ва онро дар ҳаво пахшу пароканда созад ва чизе аз он боқӣ нагузорад). (Ҳамин тавр кофирон дар рӯзи қиёмат) ба чизе аз он амалҳои кардаи худ даст намеёбанд (зеро ки гирдбоди куфру ширк бар хокистари аъмолашон вазидааст ва онро ба ғорат бурдааст). Ин гумроҳии сахтест (талошу кӯшиши бебаҳра ва ҳосил саргардониву саргаштагӣ)”.
Сураи Иброҳим 18
4. Ва дигар нуктаи баёнгари аҳамияти волои ақида ин аст, ки Паёмбар (ﷺ) сездаҳ сол аз даъвати худро танҳо дар ин мавзуъ сарф кард. Сездаҳ сол дар Макка танҳо таъсиси ақида. Ва таҳкими аркони ислому имон дар нуфуси мардум.
Ва ҳамчунин оятҳои нозилшуда дар Макка қариб, ки ҳамагӣ дар ҳамин боб нозил шудааст. Ва танҳо он замоне, ки ин асли бузург дар қалби муслимин ҷой шуд ва арконаш дар нуфуси мардум русух кард, оёти аҳком ва ибодоту муъомалот нозил гардид.
5. Ақида амре ҳаст, ки тамоми паёмбарон ва расулон бар он иттифоқ доранд, ҳарчанде ки шариъатҳояшон дигаргун аст.
Аллоҳ таъоло чунин баён кардааст:
﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]
“Мо ба ҳар миллате паёмбаре фиристодем (ва даъвати ҳамаи онҳо ин буд), ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут (шайтон, бут, ситамгарон ва ғайра) дурӣ кунед”.
Сураи Наҳл 36
Ва ҳамчунин гуфтааст:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِيٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدُونِ ٢٥﴾ [الانبياء: ٢٥]
“Мо қабл аз ту ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар ин ки ба ӯ ваҳй кардаем, ки Маъбуде (барҳаққ) ҷуз ман нест, пас фақат маро бипарастед”.
Сураи Анбиё 25
Ва гуфтааст:
﴿إِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلۡإِسۡلَٰمُۗ وَمَا ٱخۡتَلَفَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بَِٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ١٩﴾ [ال عمران: ١٩]
“Бегумон дини (ҳаққ ва писандида) дар пешгоҳи Худованд Ислом аст (яъне холисона таслими фармони Аллоҳ шудан, ва ин дини ҳамаи Паёмбарон будааст). Ва аҳли китоб ба ихтилоф барнахостанд, магар баъд аз огоҳӣ. (Ва он ҳам) ба сабаби ситамгарӣ ва саркашӣ миёни худашон буд ва (ангезае ҷуз раёсатхоҳӣ ва инҳисорталабӣ надошт). Ва касе, ки ба оятҳои Аллоҳ таъоло (оятҳои диданӣ дар офоқ ва нафси хеш, ё оятҳои хонданӣ дар китобҳои осмонӣ) куфр варзад, (бидонад, ки) бегумон Аллоҳ таъоло зуд ҳисобрасӣ мекунад”.
Сураи Оли Имрон 19
Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
“Ва ин гуфтаи Худованд ((Ҳамоно дини ҳақ назди Аллоҳ ислом аст)), хабар аст аз ҷониби Ӯ таъоло, ки ба ҷуз ислом динеро аз касе намепазирад. Ва он (яъне Ислом) пайравии паёмбарон аст бар ончӣ ки Аллоҳ таъоло онҳоро мабъус кардааст. Дар ҳама давру замон, ҳатто ин ки бо биъсати Муҳаммад хотима ёфт. Рисолати Муҳаммад тамоми роҳҳои тақарруб ба Аллоҳро баставу танҳо роҳи Муҳаммадро боз гузошт. Пас ҳар касе, ки баъд аз биъсати Муҳаммад, бо шариъате ғайри шариъати ӯ бо Аллоҳ мулоқӣ шавад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд. Чӣ тавре, ки фармудааст: ((Пас ҳар касе ҷуз ислом динеро бихоҳад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд…))”.
Ва ҳамчунин Расули акрам (ﷺ) гуфтааст:
"الأنبياء إخوة من علات ، أمهاتهم شتى ودينهم واحد" رواه مسلم
“Паёмбарон бо ҳам бародарони ъиллот ҳастанд, модаронашон гуногун ва динашон якто”.
Ривояти имом Муслим
Ҳамчунин ин ақида бузургтарин илмро дар бар мегирад, ки он ҳам маърифати Аллоҳ таъолост. Ва маърифату шинохти зоти илоҳӣ яке аз аркони имон, ва балки асли аркони имон аст, ки боқимонда он рукнҳо ҳама тобеъ бар ин асли бузурганд.
Ва бояд донист, ки ҳақиқати ин имон танҳо гуфтори “Оманту биллоҳ” нест, балки ҳақиқати имон он аст, ки парвардигор ва маъбуди хешро, ки ба Ӯ имон овардааст бишносад. Балки бар ӯ воҷиб аст, ки дар маърифат ва шинохти ному сифатҳои Парвардигор саъйю талош кунад, то ки ба дараҷаи яқин бирасад.
Дараҷаи имони банда низ ба андозаи маърифат ва шинохти Аллоҳ таъоло ҳаст, ки ҳар қадар банда аз парвардигори хеш огоҳтар гашт ҳамин андоза имонаш меафзояд. Ва роҳи дурусти шинохти Аллоҳ таъоло ин тадаббур ва фаҳми Қуръон аст.
6. Аҳамияти дигари ақида ин аст, ки Аллоҳ таъоло бандагонро халқ кардааст танҳо барои парастишу ибодати хеш.
Чӣ тавре, ки мегӯяд:
﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ [الذاريات: ٥٦]
“Ва ман наёфаридам ҷинн ва инсонҳоро магар ин ки маро ибодат ва парастиш кунанд”.
Сураи Зориёт 56
Вале имкон надорад, ки Ӯро ибодат кардаву бипарастанд бидуни онки Ӯро бишносанд. Пас ҳатмӣ ва зарур аст, ки Ӯро бишносанд, то ки мақсуд аз офариниши хешро таҳқиқ бахшанд.
Ва иштиғоли банда ба маърифати Худованд иштиғол ба асли мақсуди офариниш аст. Ва тарки маърифати Худованд – ин зоеъ кардани мақсуди офариниш ва вуҷуд аст.
Бисёр зишту қабиҳ аст ҳоли он бандае, ки неъмати фаровони парвардигорро дарёфт кардаву аз фазли Ӯ баҳраманд аст, вале аз маърифати Ӯ бебаҳраву аз ному авсофи Ӯ бехабар.
7. Ва ахиран, дар баёни аҳамият ва шарафи ин боб ҳамин қадр кофист, ки Қуръони Карим ҳеҷ ояташ аз номҳои зебо ва авсофи камоли илоҳӣ холӣ нест.
Шайхул Ислом ибни Таймия гуфтааст:
“Дар Қуръон зикри номҳои Аллоҳ ва сифоту афъолаш бештар аз зикри хӯрдану нушидан ва никоҳ дар Биҳишт аст ва оёти дарбаргирандаи зикри асмо ва сифоти илоҳӣ мақоми волотаре доранд аз оёти маъод. Бузургтарин ояти Қуръони Карим низ дарбаргирандаи ҳамин аст.
Чӣ тавре ки собит шудааст дар ҳадиси саҳеҳ, ки Муслим онро ривоят кардааст:
Аз Паёмбар (ﷺ) ривоят аст, ки ба Убай ибни Каъб гуфт: (Оё медонӣ, ки кадомин ояте дар Китоби Аллоҳ бузургтарин аст?
Гуфт: Аллоҳу ло илоҳа илло ҳувалҳаййюл қаййюм (Маъбуде (барҳаққ) ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва Ӯ зиндаву пойдор аст)!
Пас Паёмбар (ﷺ) бо дасти хеш ба синаи ӯ зад ва гуфт: Муборакат бод илм!”.
Ва низ аз Паёмбар (ﷺ) собит шудааст, ки ((Қул ҳуваллоҳу аҳад)) баробар бо сеяки Қуръон аст.
Ва ҳамчунин Расули гиромӣ (ﷺ) башорат додааст он саҳобиеро ки ин сураи муборакаи Ихлосро дӯст медошт. Он саҳобӣ мегуфт: Ман ин сураро дӯст медорам, зеро ки сифати Раҳмон аст. Паёмбар (ﷺ) ба ӯ башорат дод, ки Аллоҳ таъоло ӯро дӯст медорад.
Яъне ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дӯст медорад онҳоеро ки зикри асмо ва сифоти Ӯро дӯст медоранд.
Аз Аллоҳ азза ва ҷалла мехоҳем, ки моро бо ислом дорад ва бо имон бимиронад, Ӯ шунавову муҷиб аст…
Ва дуруду салом бар банда ва расулаш Муҳаммад ва олу асҳобаш.
Достарыңызбен бөлісу: |