Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ҳифзи хок
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод.548)
Қонуни мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидаҳои манфӣ муайян карда, маҷмӯи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-хок – қабати болоии табиӣ ё дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият тағйирёфтаи замин, ки аз моддаҳои маъданӣ ва органикӣ, об, ҳаво, организмҳои хокӣ ва самараи фаъолияти ҳаёти онҳо иборат буда, хосияти ҳосилхезӣ, сохт ва хусусиятҳои дигари барои мавҷудияти набототу ҳайвонот ва ҳаёту фаъолияти инсон зарурро дорост;
-ҳифзи хок – маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва тадбирҳои дигари оқилона истифода бурдани хок, инчунин аз харобшавӣ, таъсироти манфии табиӣ ва техногенӣ пешгирӣ ва ҳифз кардани он;
-ҳолати хок – маҷмӯи нишондиҳандаҳое, ки таркиб, сохт ва хусусияти хокро ифода мекунанд;
-сифати хок – маҷмӯи хосиятҳои хок, ки ҷанбаҳо ва самаранокии аҳамияти хокро дар таъмини муҳити мусоид барои зисти инсон, наботот ва ҳайвонот муайян мекунанд;
-қабати ҳосилхези хок – қабати болоии хок, ки барои нумӯи наботот хосияти мусоидро дорост;
-хоки нодир – хоке, ки дар шароити беназири табиию иқлимӣ ташаккул ёфта, дорои аҳамияти махсуси ҳифзшавандаи табиӣ, илмӣ ва хусусиятҳои дигари арзишнок мебошад;
-хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан таҳдид менамояд – хоке, ки аз хосиятҳои худ маҳрум мегардад ё ҳамчун объекти табиӣ аз байн меравад;
-меъёрҳои сифати хок – нишондиҳандаҳои сохт ва хосиятҳои хок, ки ба туфайли онҳо хок қобилияти ҳосилхезии худро нигоҳ медорад;
- таъсиррасонии имконпазир ба хок- натиҷаи таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва тарзҳои дигари истифодаи хок, ки дар ин ҳолат меъёрҳои сифати хок риоя гардида, аз ҳадди таъсири ҷоизи антропогенӣ ба хок зиёд намебошад;
-меъёрҳои таъсиррасонии имконпазири антропогенӣ ба хок -натиҷаи таъсири умумии намудҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ ва тарзҳои дигари истифодаи хок, ки дар он ҳолат қобилияти табиии хок таъмин мегардад;
-ифлосшавии хок – бо хок омехта ва дар он ҷамъ шудани моддаҳои зарарноки кимиёвӣ, радиоактивӣ ва микроорганизмҳо, ки сифати хокро хароб месозанд, ба унсурҳои дигари муҳити табиӣ ва умуман ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд;
-харобшавии тадриҷии хок – бад шудани сохт ва таркиби хок, ки ба олудашавӣ, ботлоқшавӣ, шӯршавӣ ва омилҳои дигари манфӣ сабаб гардида, ҳосилхезии онро паст ва таркибашро хароб месозад;
-беқувватии хок – тағйир ёфтани сохт ва хосиятҳои хок, ки дар натиҷаи он моддаҳои ғизоӣ кам гашта, ҳосилхезиашро паст мекунад;
-вайрон шудани хок – қисман ё пурра (ба таври механикӣ) нобуд ва вайрон гардидини таркиби хок;
-барқарорсозии хок – андешидани чораҳо дар бобати барқарор намудани ҳолати табиии сохт, сифат ва хусусиятҳои хок.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи хок
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи хок ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок мутобиқи принсип ва меъёрҳои эътирофнамудаи ҳуқуқӣ, шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок инҳоянд:
-иштирок дар шартномаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок;
- мутобиқ гардонидани стандарту меъёрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи хок бо стандарту меъёрҳои байналмилалӣ;
-мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва иттилооти дигар дар соҳаи ҳифзи хок.
БОБИ 2. АСОСҲОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ХОК
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок аз инҳо иборатанд:
-таъмини истифодаи оқилона ва нигоҳдории хок ҳамчун муҳимтарин ҷузъи муҳити табиӣ;
-таъмини татбиқи технологияҳои ҳифзи хок ва чораҳои дигари пешгирӣ аз олудашавӣ ва харобшавии хок дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар;
- сари вақт гузаронидани таҳқиқот ва ошкор намудани тағйироти ҳолати хок;
- андешидани тадбирҳо барои ҳосилхез гардонидани хок ва барқарор кардани хоки харобгардида;
-илман асоснок кардани чорабиниҳо дар соҳаи ҳифзи хок;
-ошкор, пурра ва саҳеҳ будани маълумоти ҳолати хок ва тадбирҳое, ки барои ҳифзи хок андешида мешаванд;
-иштироки мутахассисон дар мавриди қабули қарорҳо дар соҳаи ҳифзи хок;
- ногузир будани ҷавобгарӣ барои зарари ба хок расонидашуда.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи хок
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи хок дохил мешаванд:
-амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ;
- муайян кардани мақоми ваколатдор;
- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-таҳия ва маблағгузорӣ ба барномаҳои ҷомеъ ва мақсадноки давлатӣ;
-ташкили мониторинги давлатии ҳолати хок, муайян кардани тартиби гузаронидани мониторинги истеҳсолӣ;
-муқаррар намудани тартиби мансуб донистани хок ба хоки нодир ва хоке, ки ба он хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад;
-муайян намудани тартиби назорати давлатии ҳифзи хок;
-бастани созишномаҳо ва шартномаҳои байниҳукуматӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати иҷрои онҳо;
- ваколатҳои дигар оид ба ҳифзи хок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 6. Барномаҳои ҳифзи хок
1. Барои ҳифзи гуногуннавъии хок, аз ҷумла пешгирӣ аз олуда ва харобшавии он барномаҳои ҷомеъ ва мақсадноки давлатию минтақавӣ қабул карда мешаванд.
2. Дар барномаҳои ҷомеъ дар баробари пешбинӣ намудани тадбирҳо дар соҳаи ҳифзи хок чорабиниҳои дигари ҳифзи муҳити зист низ пешбинӣ карда мешаванд.
3. Дар барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва минтақавӣ ҳифзи хок аз эрозияи обӣ ва бодӣ, барқарор намудани хокҳои харобшуда, андешидани тадбирҳо бо мақсади баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва тадбирҳои дигари ба ҳифзи хок мусоидаткунанда пешбинӣ мегарданд.
Моддаи 7. Муқаррар намудани меъёрҳо дар соҳаи ҳифзи хок
1. Бо мақсади ҳифзи хок, таъмини иҷрои корҳои санитарию гигиенӣ, экологӣ ва хоҷагидорӣ меъёрҳои давлатии сифати хок, меъёрҳои ҷоизи таъсиррасонӣ ба хок ва меъёрҳои дигар муқаррар карда мешаванд.
2. Нишондиҳандаҳои меъёрии сифати хок шомили нишондиҳандаҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои кимиёвӣ, радиоактивӣ, биологӣ ва микроорганизмҳо дар хок ва тағйироти ҷоизи таркиб, сохт ва хусусиятҳои он, ки иҷрои вазифаҳояшро таъмин менамоянд, буда бо назардошти навъи хок ва таъйиноти мақсадноки замин муқаррар карда мешаванд.
3. Нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири ҷоиз ба хок шомили нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири намуди мушаххаси ҷоизи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар ба хок, ки марбут ба сарчашмаи мушаххаси таъсир ҳастанд ва нишондиҳандаҳои фишори ҷоизи антропогенӣ ба хок мебошанд.
4. Нишондиҳандаҳои меъёрии ҷоизи антропогенӣ ба хок аз рӯи ҳар намуди таъсир ба хок ва маҷмӯи таъсир ба хоки тамоми маҳалли муайян бо назардошти хусусиятҳои ташаккули хоки минтақаҳои гуногуни табиии иқлимӣ, қобилияти худбарқароркунии хок ва таъйиноти мақсадноки замин муқаррар карда мешаванд.
5. Нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири ҷоизи антропогенӣ ба хоки замини киштзорҳо бояд ҳосилхезии онро таъмин намоянд.
6. Нишондиҳандаҳои меъёрии соҳаи ҳифзи хок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Мониторинги хок
1. Мониторинги хок аз мушоҳидаи мунтазами ҳолати он бо мақсади ошкор намудани тағйирот дар сохт ва сифати он иборат буда, таҳқиқоти хок, баҳодиҳии он ва пешбинии тадбирҳо ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфии онро дар бар мегирад.
2. Мониторинги давлатии ҳолати хокро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи мониторинги давлатии экологӣ ва (ё) мониторинги замин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд.
3. Мониторинги давлатии ҳолати хок аз ҳисоби буҷети давлат амалӣ карда мешавад.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар машғуланд ва дар натиҷаи фаъолияти онҳо ба хок таъсири манфӣ расидааст, ӯҳдадоранд мониторинги ҳолати хокро анҷом диҳанд. Дар ин ҳолат мониторинги ҳолати хок аз ҳисоби шахсоне, ки фаъолияти онҳо ба ҳолати хок таъсири манфӣ расонидааст, амалӣ гардонда мешавад.
Моддаи 9. Таҳқиқи хок
1. Мақсад аз таҳқиқи хок муайян кардани ҳолат ва сифати он, андешидани чораҳо оид ба ҳифз, барқарор ва беҳ намудани ҳолати хок мебошад.
2. Таҳқиқи хок дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ё бо ташаббуси истифодабарандагони замин гузаронида мешавад.
3. Таҳқиқи хок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, он мавқеи навъ ва зернавъҳои хоки қитъаи замин, ҳолати санитарӣ ва экологии хок, инчунин хусусиятҳои дигари онро муайян менамояд.
4. Таҳқиқи хок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахсони мутасаддии ин намуди фаъолият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
5. Маълумот оид ба таҳқиқи хок, харитаҳои хок, ҳисобот дар бораи ҳолати хок ва ҳуҷҷатҳои расмии дигарро дар бар мегирад.
6. Харитаҳои хок дар асоси маълумоти кадастри давлатии замин, мониторинги давлатии экологӣ, таҳқиқи хок ва маълумоти дигар дар бораи хок тартиб дода мешаванд.
Моддаи 10. Маълумот дар бораи ҳолати хок
Маълумот дар бораи ҳолати хок ва маълумот ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
БОБИ 3. ТАЛАБОТ БА ҲИФЗИ ХОК
Моддаи 11. Ҳифзи қабати ҳосилхези хок
1. Ҳифзи қабати ҳосилхези хок яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
2. Ҳангоми иҷрои фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигар фаъолият ҳифзи қабати ҳосилхези хок бояд таъмин карда шавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми дар қитъаҳои замини дорои хоки ҳосилхез бунёд кардани биною иншоотҳо ва машғул шудан бо намудҳои дигари фаъолияти ғайрикишоварзӣ ҷиҳати хароб накардани қабати ҳосилхези хок, онро бурида гирифта, ба ҷойи дигар, ки шароити мусоид дорад, интиқол медиҳанд.
4. Қабати ҳосилхези хоки бурида гирифташуда барои барқарор намудани хоки заминҳои хароб ва олудагашта, заминҳои камҳосил, беҳтар кардани сифати хоки киштзорҳо, инчунин барои аз худ кардани қитъаҳои замини нав истифода мешавад.
5. Ҷойҳои нигоҳдории қабати ҳосилхези хоки бурида гирифташуда ва истифодаи минбаъдаи онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муайян мекунанд.
6. Қабати ҳосилхези хокро аз марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан манъ аст. Намунаи хок ва коллексияҳои хок танҳо ба мақсадҳои илмӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда мешаванд.
Моддаи 12. Талабот ба ҳифзи хок ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон
1. Ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншоотҳо талабот оид ба ҳифзи хок бояд риоя карда шавад.
2. Дар таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмон баробари ба инобат гирифтани талаботи экологию санитарӣ бояд тадбирҳо оид ба ҳифзи хоки ҳосилхез ҳатман пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 13. Талабот ба ҳифзи хок ҳангоми иҷрои фаъолияти истеҳсолӣ, истифодабарии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият
1. Фаъолияти истеҳсолӣ, истифодабарии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигар фаъолият, ки ба хок таъсири манфӣ мерасонанд, бояд мутобиқи талабот ва нишондиҳандаҳои меъёри ҳифзи хок ба роҳ монда шавад.
2. Бо мақсади пешгирии ифлосшавии хок шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи объектҳо ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба хок таъсири манфӣ мерасонанд, ӯҳдадоранд технологияҳои самарабахши тоза кардани чангу дуд ва партовҳои дигарро ба роҳ монда, объектҳояшонро бо таҷҳизоти махсуси поксозӣ таъмин намоянд.
3. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода намудани объектҳо ва машғул шудан бо намудҳои дигари фаъолият, ки ба ҳолати хок таъсири манфӣ расонида метавонанд, гузаронидани мониторинги истеҳсолии ҳолати хок аз ҷониби онҳо ҳатмӣ мебошад.
4. Агар хоки қитъаҳои замин дар натиҷаи истифодаи объектҳо ва намудҳои дигари фаъолият ифлосгашта, ба саломатии аҳолӣ хатар таҳдид намояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, қабати олудашудаи хокро бурида гирифта, дар ҷои махсус гӯронанд ва бо тартиби маъмулӣ бо хоки тоза рӯпӯш намоянд.
Моддаи 14. Талабот оид ба ҳифзи хок ҳангоми барҳам додан ё муваққатан аз амал боздоштани объектҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият
Дар сурати барҳам додан ё муваққатан аз амал боздоштани объектҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба ҳолати хок таъсири манфӣ мерасонанд, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар объектҳои мазкур фаъолият мекунанд, вазифадоранд ҳолати хокро таҳқиқ намуда, барои барқарор кардани ҳолати мусоиди истифодаи минбаъдаи он мутобиқи таъйиноти мақсаднок тадбирҳо андешанд.
Моддаи 15. Талабот ба ҳифзи хок аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ
1. Барои ҳифз намудани хок аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ аввал корҳои вобаста ба таҳқиқи хок гузаронида мешаванд.
2. Бо мақсади ҳифзи хок аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷагӣ таҳия карда мешаванд, ки дар онҳо тадбирҳои агротехникӣ, мелиоративӣ ва тадбирҳои дигар пешбинӣ мегарданд.
3. Бо назардошти натиҷаҳои таҳқиқи хок барои ҳифзи он аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ тадбирҳои зерин андешида мешаванд:
- тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо то ҳадди муайяннамудаи лоиҳаи паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ;
- обшӯй кардани заминҳои шӯр;
- риоя кардани меъёри обёрӣ мутобиқи нақшаи обёрикунӣ ва эҳтиёҷоти зироат;
- иҷрои корҳои дигари агротехникӣ ва мелиоративӣ, ки ба ҳифзи заминҳо аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ мусоидат мекунанд.
Моддаи 16. Талабот оид ба ҳифзи хок аз камғизоӣ ва хушку сахтшавӣ
1. Истифодабарандагони замин ӯҳдадоранд барои камғизо, хушк ва сахт нашудани хок, инчунин барқарор намудани ҳосилхезии хок, хусусиятҳои кимиёвӣ ва биологии он, тадбирҳо андешанд.
2. Бо мақсади пешгирии камғизо нашудани хок бо назардошти натиҷаҳои таҳқиқи хок, аз ҷумла аз харитаи агрокимиёвӣ ва корҳои лабораторӣ истифода карда, ба хок мутобиқи меъёрҳои зарурӣ нуриҳои маъданӣ ва органикӣ андохта мешаванд. Барои ҳифз намудани хок аз камғизошавӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии он нақша ва тартиби муайяни киштгардони зироатҳоро ҷорӣ намудан зарур аст.
3. Чорабиниҳо оид ба пешгирии хушкшавии хок дар доираи корҳои мелиоративӣ ва агротехникии зерин анҷом дода мешаванд:
- вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии табиии хок ва бо назардошти намуди зироат таҳия кардани нақшаи истифодабарии об ва обёрии замин тибқи меъёрҳои муайяншуда;
- бо мақсади нигоҳ доштани намнокии хок пеш аз боришоти барфу борон мутобиқи талаботи агротехникӣ шудгор кардани заминҳо.
4. Барои ҳифзи хок аз сахтшавӣ дар баробари андешидани тадбирҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур чораҳои иловагӣ оид ба нарм намудани хокҳои сахтшуда ва кишти зироатҳое, ки хусусияти ковок кардани хокро доранд, андешида мешаванд. Ҳамзамон барои сахт нашудани хок ба замин нуриҳои маъданӣ ва органикӣ андохта мешаванд.
Моддаи 17. Талабот оид ба барқарор намудани хоки харобгардида
1. Истифодабарандагони замин ва хоҷагидорони дигаре, ки барои истифода қитъаҳои замин доранд ва дар натиҷаи амал ё беамалии онҳо хоки заминашон хароб гардидааст, ӯҳдадоранд барои барқарор намудани он тадбирҳо андешанд.
2. Хароҷоти барқароркунии хоки харобгашта аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бинобар амал ё беамалии онҳо хароб гардидааст, ҷуброн карда мешаванд.
3. Тадбирҳо оид ба барқароркунии хоки харобшуда дар асоси усулҳои илмӣ ва бо назардошти намуд ва дараҷаи харобшавии он, қобилияти табиии аз нав барқароршавии хок, инчунин бо назардошти таъйиноти мақсадноки хок андешида мешаванд.
4. Ҳангоми барқарор кардани хоки харобгардида тартиби махсуси истифодаи қитъаи замини дорои чунин хок ҷорӣ карда мешавад, ки ин амал барои барқарор намудани хосият ва ҳосилхезии хок, камтар кардани таъсири антропогенӣ ва пурра барқарор гаштани фаъолияти зарурии он равона карда мешавад.
5. Агар дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ҳолати хок мунтазам хароб гардида ё бо моддаҳои зараровар беш аз пеш олуда шуда, ба саломатии одамон хатар таҳдид намояд, истифодабарии ин гуна қитъаҳои замин боздошта мешавад.
6. Қабати хоки бо моддаҳои радиоактивӣ ё бо моддаҳои дигари ба ҳаёт ва саломатии инсон зарарнок олудашудаи хок бурида гирифта, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи махсус гӯронда мешавад.
7. Дар сурати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мутобиқи банди «д» моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷуброни зарари ба хок расонидаашон озод карда намешаванд.
БОБИ 4. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ХОК
Моддаи 18. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок
1. Назорати давлатии ҳифзи хок дар доираи назорати давлатии экологӣ, назорати давлатии истифодабарию ҳифзи замин ва назорати таъмини беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ сурат мегирад.
2. Назорати давлатии ҳифзи хок амалҳои зеринро дар бар мегирад:
-назорати ҳолати хок дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият;
-назорати иҷрои талабот ва риояи нишондиҳандаҳои меъёри ҳифзи хок;
-назорати иҷрои чорабиниҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, шаҳрсозӣ ва экологӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дигар, ки тадбирҳои пешгирии хароб ва олудашавии хок, барқарорсозии он ва рафъи ҷараёнҳои манфиро дар хок фаро гирифтаанд;
-санҷиши дурустии маълумоте, ки дар бораи ҳолати хок пешниҳод карда шудааст;
-андешидани чораҳо оид ба рафъи камбудиҳо дар соҳаи ҳифзи хок.
3. Мақомоти ваколатдор ва тартиби назорати давлатиро дар соҳаи ҳифзи хок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 19. Назорати ҷамъиятӣ ва истеҳсолии ҳифзи хок
Назорати ҷамъиятӣ ва истеҳсолии ҳифзи хок бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 16 октябри соли 2009,
№555
Достарыңызбен бөлісу: |