Мундариҷа Масъалаҳои иқтисодии географӣ ва рушти саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон



бет1/3
Дата06.07.2016
өлшемі306 Kb.
#181194
  1   2   3
Мундариҷа

Масъалаҳои иқтисодии географӣ ва рушти саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон

Сарсухан ……………………………………………………….……….3-4

1. Мавқеи геограФӣ ва баҳои иқтисодӣ ба шароит ва сарватҳои табии Тоҷикистон……..………………………………………….……...5-39

2. Давраҳои ташаккулёбии саноати кӯҳӣ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ шахсӣ…………………………………………...………………...40-47

3. Ҳолати ҳозира ва дурнамоии рушди саноати кӯҳӣ…………………………………………………………...…..48-55

Хулоса …………………………………………………….…………..56-57

Рўйхати адабиётҳо……………………………………………….……..58


сарсухан

Мавқеи географӣ ин дар сатҳи замин нисбат ба якдигар воқеъ гардидани объект, маҳал ва қаламравро ифода менамояд. Он бо тарзҳои гуногун, табиӣ, риёзӣ, геополитикӣ муайян карда мешавад. табиат, аҳолӣ ва хоҷагии кураи Замин гуногун аст. Географияи табиӣ дар бораи қонунияти тараққиёт ва ҷойгиршавии унсурҳои комплекси табиии (релеф, бойигариҳои табиӣ, иқлим, хок, набото ва олами ҳайвонот кураи Замин ва қисмҳои ҷудогонаи онҳо баҳс мекунад. Он аз ҷумлаи илмҳои табиӣ буда, дар асоси қонунҳои табиат инкишоф меёбад. Географияи табииро ба якчанд қисм тақсим кардан мумкин аст: ландшафтшиносӣ, геоморфология, иқлимшиносӣ, биогеография ва ғайра). Географияи табиИ ва иқтисодӣ якҷоя бо ҷузъҳояшон силсилаи илмҳои географиро ташкил медиҳанд. Силсилаи илмҳои географӣ ба дарахти азиме монанд аст, ки ду танаи калон иборат буда, ҳар яки он боз аз шохаҳои бисёр таркиб ёфтааст. Бо тарзи риёзӣ дар байни кадом арзу тўл воқеъ гардидани объект, маҳал ва ё масоҳат муқаррар карда мешавад. Аз нигоҳи географияи табиӣ бошад, объект, маҳал ва масоҳатро нисбат ба материкҳо, ҳавзаҳои об, системаҳои Кўҳӣ муайян менамоянд. Муҳити географӣ ин қисми табиати рўи замин аст, ки тавассути ҳаёт ва фаъолияти хоҷагидории инсон тағйир ёфта, асоси зиндагӣ ва фаъолияти инсониятро ташкил медиҳад. Мафҳуми табиат ва «муҳити географӣ» қариб бо ҳам монанданд. Вале мафҳуми табиат нистабан васеътар аст. Муҳити географӣ аслан дар натиҷаи фаъолияти бевоситаи инсон дар тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад, ки дар ин муддат шаҳру корхонаҳо, иншоотҳои гуногун, азхудкунии замин, қлиёт ва ғайра пайдо шудаанд. Ба таври дигар гўем, муҳити географӣ ҳамон қисмати табиати кураи замин мебошад, ки ҷамъияти инсонӣ дар он ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолии худро пайваста идома медиҳад. Он на ин ки муҳити зиндагӣ, балки ягона манбаи зисту зиндагӣ ва маънавиёту тандурустии одамон ба шумор меравад. Масъалаҳои географияи табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон на танҳо байни ҳам, балки бо якдигар илмҳо, бахусус биология, физика, химия геология, иқтисодиёт, таърих робитаи ногусастанӣ доранд ва якҷоя бо онҳо омўхта мешаванд.бояд гуфт, ки донистани географияи табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон барои ҳар як сокинони ҷумҳурӣ зарур мебошад, зеро донишманде фармудааст: Надонистани хусусиятҳои кишвари худ ва фарқи он аз кишварҳои дигар на маънои онро дорад, ки ту дар Ватани худ шахси аҷнабӣ бугона ҳастӣ

Бо вуҷуди ин ҳангоми муайян намудани мавқеи муҳити географӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ нуқтаи назари якхела вуҷуд надорад. Баъзе аз донишмандон мавқеи онро аз ҳадди имкон зиёд, гурўҳи дигаре онро қариб инкор мекунад. Солҳои охир дар баробари мафҳуми муҳити географӣ боз истилоҳи муҳити зист паҳн гардидааст. Муҳити зист муҳити зисту зиндагонӣ ва фаъолияти истеҳсолию ҳамаҷонибаи ҷамъияти инсонӣ (таъсири табиию антропогенӣ) – ро дар бар мегирад. Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале онҳо дар ҳама қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география медонед, ки захираҳои табиҳ ба намудҳои захираи ашёи минералӣ, замин, манбаи об, ҷангал ва ғайра тақсим мешавад. дар навбати худ онҳоро ба намудҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи замин, пеш аз ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараёни пайдоишиҳои фоиданок дар давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобарор пайдо ва тақсимшавии захираҳои табиӣ дар ҳама ноҳияю мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиёди давлатҳои Осиёю Америкои ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқи Наздик бошанд, бо захираи нефту гази табиӣ фарқ мекунанд. ҳамин тавр, нобаробар ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ дар кураи Замин аз як тараф ба ҷараёни тақсимоти байналхалқии меҳнат ва муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ имконият медиҳад, аз тарафи дигар ба аксари давлатҳое, ки аз норосигии сартватҳои табиӣ танқисӣ мекашанд, мушкилиҳои иловагӣ зам мекунад.

ҳамин тавр, сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи ҷамъияти инсонӣ мебошанд ва танҳо истифодаи оқилонаи онҳо дар асоси пешрафти комёбиҳои илму техника боиси пурзўр гардидани иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат хоҳад гашт. Саноати ҳозираи Тољикистон қариб пурра дар замони ҳокимияти Шўравӣ ба вуҷуд омадааст. То ин дар Тоҷикистон чун як гўшаи дурдасти Русия корхонаҷои косибии хурд бартарӣ доштанд. Ҳоло саноати соҳаи асосии хоҷагии халқ буда, қисми зиёди даромади миллии мамлакатро медиҳад. Саноати Тоҷикистон баъди соли 1990 ба бўҳрони шадиди иқтисодӣ дучор омад. сабаби асосии он канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар давлатҳои собиқ Шўравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷумҳуриро тарк намудани бисёр коргарону мутахассисон гардид.



1. Мавқеи географӣ ва соҳаи иқтисодӣ ба шароит ва сарватҳои табии Тоҷикистон

Мавқеи географӣ ин дар сатҳи замин нисбат ба якдигар воқеъ гардидани объект, маҳал ва қаламравро ифода менамояд. Он бо тарзҳои гуногун, табиӣ, риёзӣ, геополитикӣ муайян карда мешавад. Бо тарзи риёзӣ дар байни кадом арзу тўл воқеъ гардидани объект, маҳал ва ё масоҳат муқаррар карда мешавад. Аз нигоҳи географияи табиӣ бошад, объект, маҳал ва масоҳатро нисбат ба материкҳо, ҳавзаҳои об, системаҳои кўҳӣ муайян менамоянд. Дар географияи иқтисодию иљтимоӣ ва географияи сиёсӣ бошад, он нисбат ба дигар объекту маҳал ва ҳудудҳо (мамлакат, бозори ҷаҳонӣ ва ғайра) муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани мавқеъи табиию географи асосан аз тарзи табиӣ ва риёзӣ истифода мебаранд. Аз ин нигоҳ Тоҷикистон дар байни арзҳои 360 – 40 ва 410 – 05 – и шимолӣ ва тўлҳои 670 – 14 – и шарқӣ (аз Гринвич), дар қисми ҷануби шарқии системаи кўҳҳои Осиёи Миёна воқеъ гардидааст.

Нуқтаҳои канории Тоҷикистон дар шимол дар қаторкўҳи Курама, дар ҷануб дар водии дарёи Панҷ, дар ғарб қаторкўҳи Зарафшон ва дар шарқ қаторкўҳи Сарикўл мебошанд. Дар ғарб давоми шохаҳои пастии Тўрон ба марзи Тоҷикистон даромадаанд, ки оҳиста – оҳиста ба доманакўҳҳо ва қаторкўҳҳои Осиёи Миёна мувофиқ меояд. Қаламрави Тоҷикистон 143, 1 ҳазор км2 – ро ташкил менамяод. Он аз ғарб ба самти шарқ ба масофаи 700 кашол ёфтааст.

Қисми марказии мамлакат тақрибан дар меридиани 710 тўли шарқӣ хело камбар буда, қариб 100 км – ро ташкил менамояд.

Аз сабабе, ки Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё ҷойгир шудааст, бинобар он аз уқёнусҳо дур мебошад. Масофаи марзи он то баҳри Каспий 1150 км ва то баҳри Арал 700 км – ро дар бар мегирад.

Вобаста ба мавқеи географӣ, марзи кунунии Тоҷикистон ниҳоят печ дар печ буда дар замони Иттиҳоди Шўравӣ ташаккул ёфтааст. Аммо дар ин давра он вобаста бо баъзе фикру ақидаҳои миллӣ ва сиёсию иқтисодӣ якчанд маротиба тағйир ёфтааст. 14 октябри соли 1924 ибтидоан дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо Тоҷикистон дар ҳайати ҷумњурии Ўзбекистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор таъсир ёфт. Сипас 16 октябри соли 1929 аз ҳайати Ўзбекистон баромада, ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил намуд ва худи ҳамон сол ба ҳайати собиқ СССР ҳамчун ҷумҳурии Иттифоқи шомил гардид. Пас аз пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 7 ноябри соли 1991 аз ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ баромад. Ҳоло ҳар сол 9 сентябр ҳамчун рўзи истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар айни замон масофаи умумии марзи Тоҷикистон 3000 км – ро ташкил менамяод. Аз ҷумла дар масофаи 1180 км бо Ўзбекистон, 1030 км бо Афғонистон, 430 км бо ҷумҳурии Халқии Чин ва 630 км бо ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дар шарқ марзи ҷумҳурӣ бо Чин қаторкўҳи Сарикўл мегузарад.

Марзи ҷанубии ҷумҳурӣ соли 1895 муқаррар карда шудааст, ки он бо ҷараёни дарёҳои Помир, панҷ ва Амударё мутобиқ буда, Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо менамояд. Аз тарафи ғарб ва шимол Тоҷикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Он соли 1925 муқаррар гардида буд, ки дар он вақт Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии Худмухтор ба ҳайати Ўзбекистон шомил буд. Соли 1929, вақте, ки Тоҷикистон ҷумҳурии Иттифоқӣ эълон гардид, собиқ округи Хуҷанд, ки аҳолии онро асосан тоҷикон ташкил менамуданд ба ҳайати Тоҷикистон шомил гардид. Мутобиқан ба ин марзи Тоҷикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон тағйир ёфт.

Мувофиқи системаи идоракунии маъмурӣ, ки онро Конститутсияи мамлакат (Сарқонун) муқаррар намудааст, қаламрави он ба шабакаи воҳидҳои сиёсию маъмурӣ тақсим карда шудааст, ки онро тақсимоти сиёсию маъмурӣ мегўянд. Хусусияти онро шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳокимияти сиёсии давлат муайян менамояд. Дар шароити давлати демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ тақсимоти сиёсию маъмури барои саривақт амалӣ гардонидани масъалаҳои иқтисодӣ, ҷтимоӣ нигаронида шудааст. Мутобиқаи ба ҳалли масъалаи тақсимоти сиёсию маъмурӣ дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ соли 1939 дар њудуди Тоҷикистон вилояти Ленинобод, Сталинобод, Кўлоб, Ғарм ва соли 1925 вилояти Худмухтори Бадахшони Кўҳӣ ташкил карда шуданд. Дертар вилояти Қурғонтеппа дар ҷануб ва вилояти Ўротеппа дар шимоли ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд. Солҳои 1950 – 1960 вобаста ба такмил додани корҳои ташкилию роҳбарии сохтмон ва таъсиси Совнархозҳо зарурати барҳам хўрдани вилоятҳо ва муттаҳид намудани колхозҳо ва ноҳияҳои маъмурӣ ба миён омад. маҳз дар ин давра дар тақсимони сиёсию маъумрии ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ даромад. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Кўлобу Ғарм ва соли 1963 Ленинобод барҳам дода шуд. Миқдори ноҳияҳои маъмурии поёнӣ низ кам карда шуданд. Ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ надодан ва Совнархозҳоро барҳам доданд. Ин буд, ки соли 1970 вилояти Қўрғонтеппа ва як қатор ноҳияҳои маъмурӣ - поёнӣ аз нав барќарор карда шуданд. Балки Истиқлолияти миллӣ вобаста ба сохти нав масъалаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ. Ҳарбӣ ва ташкилӣ ба миён омад. ҳалли онҳо қисман ташкил додани тақсимоти сиёсию маъмуриро талаб намуд. Аз ҳамин нигоҳ соли 1993 вилоятҳои Кўлоб ва Қўрғонтеппа муттаҳид карда шуданд ва он номи Хатлонро гирифт.

Дар ин давра бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани рушди хоҳагии халқи ҷумҳурӣ ва ба истеҳсолот наздик шудани роҳбарии ноҳияҳои маъмурӣ поёние, ки дар гузушта барҳам дода буданд, қисман аз нав барқарор карда шуданд. Ба номи бисёр ноҳияҳо тамоюли миллӣ дода шуд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ду вилояти маъмурҳ ноҳияҳои тобеи марказ , як вилояти худмухтор, 57 ноҳияи маъмурии поёнӣ, 22 шаҳр, 50 шаҳрак ва 280 ҷамоъа ташаккул ёфтаанд.

Аз тарафи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994, тањти рақами 983 «қонун дар бораи истифодаи қаъри замин» ба имзо расид, ки пурра тартиби истифодаи сарватҳои табии заминро муқаррар месозад.

Аз он ҷумла дар моддаи 7, боби 2 қонуни мазкур ҳуқуқҳои истифодаи қаъри замин барои чунин навъҳои фаъолият муқаррар карда шудааст:

1) тадқиқоти геологӣ;

2) истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз он ҷумла истифодаи партовҳои корхонаҳои истихроҷию маъдантозакунӣ ва соҳаҳои истеҳсолии ба онҳо вобаста;

3) сохтумон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста набуда, аз он ҷумла иншоотҳои зеризаминӣ барои нигоҳдории нафт, газ ва дигар моддаҳо ва масолеҳҳо, инчунин барои нигаҳдории моддаҳои зарарнок ва партовҳои обҳои саноатӣ;

4) ташкили объектҳои махсус ҳифзшавандаи геологӣ, ки дорои аҳамияти илмию мадани, эстетикӣ, санитарию беҳдоштиии ва дигар (нуқтаҳои табиӣ, ғорҳо ва дигар ковокиҳои зеризаминии монанди онҳо);

5) ҷамъоварии маводҳои намунаҳои минералогӣ, палеонтологӣ, ва дигар коллексияҳо.

Дар моддаи нуҳуми ҳамин боб оид ба маҳдудиятҳои истифодаи қаъри замин чунин ҳолатҳо муқаррар карда шудаанд:

Бо мақсади бехатарии давлат ва ҳифзи муҳити атроф ҳукумати ҳумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад истифодаи қитъаҳои муайяни ҳудуди қаърии худро маҳдуд намояд ва ё пурра манъ созад (дар таҳрири қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.01.2008с №351).

Истифодаи қаър дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтаӯаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноатӣ, нақлиёт ва ва алоқа метавонад қисман ва ё пурра дар он ҳолатҳое, ки агар истифодаи қаъри ҳудудҳои номбаршуда метавонад боиси таҳдиди хатар ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ гашта, ба объектҳои хоҷагии халқ ва ё муҳити табии атроф хисорот ворид созанд, манъ карда шавад.

Истифодаи қаъри ҳудудҳои махсус ҳимояшаванда мутобиқи мавқеи ҳуқуқию маъмурии ҳамин ҳудуд амалӣ карда мешавад.

Дар боби сеюми қонун дар бораи қаъри замин масъалаҳои истифодаи меъёрӣ ва ҳифзи қаъри замин муқаррар карда шудаанд. Мувофиқи талаботҳои он риояи пурраи талаботҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда ҳатмӣ буда, истифода ва азхудкунии худсаронаи қаъри замин қатъиян манъ карда мешавад.

Гузаронидани экспертизаи давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, инчунин қитъаҳои қаъри замин, ки барои мақсадҳои ғайриистихроҷӣ мувофиқи қонун амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати истихроҷи конҳо бояд пуррагии маъданҳои истихроҷшуда таъмин карда шуда, ҳисобгирии шаффофи раванди истихроҷӣ бояд таъмин карда шавад.

Муҳофизати қонҳои канданиҳои фоиданок аз хавфи зериобмонӣ, пуробшавӣ, сохтор ва дигар омилҳои ба пастравии сифати канданиҳои фоиданок сабабгогшаванда, инчунин боиси костагардии арзиши саноатии он ва ё мураккабсозии шароитҳои истихроҷи конҳо бояд таъмин карда шавад.

Бояд ҳангоми истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок ҳама гуна амалиётҳо ва корҳои боиси ифлосшавии муҳити табиӣ гарданда, ки ба истифодаи захираҳои конҳо вобаста мебошанд, махсусан ҳангоми дар иншоотҳои зеризаминӣ нигоҳдории захираҳои нафт, газ ва моддаҳои тарканда, нигоҳдории моддаҳои зарарнок ва партовҳои истеҳсолӣ, партови оби ифлосшуда бояд мувофиқи тартиби муқарраргардида ва талаботҳои асосӣ ба иҷро расонида шаванд.

Риояи қоидаҳои консервиронӣ ва бартарафсозии корхонаҳои истихроҷи конҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок алоқаманд надоранд, ҳатмӣ мебошад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешаванд.

Бояд сохтмон ва бунёди худсаронаи биноҳо ва иншоотҳо дар ҳои канданиҳои фоиданлк ва ҳои ба истифодаи конҳо вобастабуда пешгирӣ карда шавад.

Мувофиқи талаботҳои қонун оид ба истифодаи қаъри замин талаботҳо оид ба бехатарии гузаронидани амалиётҳо ва корҳои ба истихроҷ ва коркарди конҳо вобастабуда, ҳолатҳои зерин ҳатман риоя карда шаванд: сохтумон ва истифодабарии корхонаҳои истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок, иншоотҳои зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани тадқиқотҳои геологии қаъри замин танҳо дар ҳолати пурра таъмин шудани бехатарии ҳаёт ва фаъолияти кормандони ин корхонаҳо ва аҳолии дар ҳудуди истихроҷшаванда наздик ҷойгиршуда иҷозат дода мешавад. мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ, истифодабарандагони қаъри замин ва мақомоти назорати давлатии бехатарии окрҳо дар доираи масъулият ва кафолатҳои худ масъуланд, ки иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ, инчунин стандартҳои мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшударо дар самти таъмини бехатарии корҳои ба истифодаи қаъри замин вобастабударо иҷро намоянд ва ё иҷроиши онро таъмин намоянд. Роҳбарони муассисаҳои ба истихроҳи конҳо вобастабударо бевосита барои бехатарии корҳо ва амалиётҳои ба истихроҷ ва коркарди конҳо вобастабуда ҷавобгар мебошанд.

То замони хотимаёбии раванди басташавии корхонаи истихроҷӣ ва ё иншооти зеризаминии ба истихроҷи захираҳои қаър вобастанабуда истифодабарандаи қаър масъулияти мувофиқи қонун муқарраршударо бояд иҷро намуда, нақбҳои зеризаминӣ ва ё рўизаминӣ, дастгоҳ ва таҷњизоти пармагарӣ ва истихроҷӣ бояд ба ҳолати таъминкунандаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити табииро пурра таъмин намояд. Бастани муассисаҳои истихроҷӣ ва ё иншоотҳои ба истихроҷи захираҳои қаър вобастанабуда пас аз баимзорасии санад оид ба баста шудани он аз тарафи мақомоти давлатии барои иҷрои ин амал дорои иҷозатномаи давлатидошта қонуни дониста мешавад.

Муҳити географӣ ин қисми табиати рўи замин аст, ки тавассути ҳаёт ва фаъолияти хоҷагидории инсон тағйир ёфта, асоси зиндагӣ ва фаъолияти инсониятро ташкил медиҳад. Мафҳуми табиат ва «муҳити географӣ» қариб бо ҳам монанданд. Вале мафҳуми табиат нистабан васеътар аст. Муҳити географӣ аслан дар натиҷаи фаъолияти бевоситаи инсон дар тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад, ки дар ин муддат шаҳру корхонаҳо, иншоотҳои гуногун, азхудкунии замин, нақлиёт ва ғайра пайдо шудаанд. Ба таври дигар гўем, муҳити географӣ ҳамон қисмати табиати кураи замин мебошад, ки ҷамъияти инсонӣ дар он ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолии худро пайваста идома медиҳад. Он на ин ки муҳити зиндагӣ, балки ягона манбаи зисту зиндагӣ ва маънавиёту тандурустии одамон ба шумор меравад.

Бо вуҷуди ин ҳангоми муайян намудани мавқеи муҳити географӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ нуқтаи назари якхела вуҷуд надорад. Баъзе аз донишмандон мавқеи онро аз ҳадди имкон зиёд, гурўҳи дигаре онро қариб инкор мекунад. Солҳои охир дар баробари мафҳуми муҳити географӣ боз истилоҳи муҳити зист паҳн гардидааст. Муҳити зист муҳити зисту зиндагонӣ ва фаъолияти истеҳсолию ҳамаҷонибаи ҷамъияти инсонӣ (таъсири табиию антропогенӣ) – ро дар бар мегирад.

Тамоми он бо табиат, ба муҳити географӣ мебошад. Тадриҷан гузаштан ба шакли хоҷагии истеҳсоли (зироатчигию чорводорӣ) инқилоби бузурги иқтисодие буд, ки он ба пурзўршавии таъсири инсон ба табиат овард. Муносибати одамон ба табиат, махсусан дар ҳудуди тамаддуни қадимаи паҳншуда, қабл аз ҳама дар водиҳои дарёи Нил, Далҷа, Ефрат, ҳинд, Ганг, Хуанхэ, Янсзи, Ому гуногунранг гардид. Баъдтар таъсири назаррас дар қаламрави Риму Юнони қадим мушоҳида карда мешуд. Одамон обанбору иншоотҳои обёрӣ (канал, коррез) сохта, ботлоқзорҳоро хушконида, бо воситаи дарахтшинонию кабудизоркунӣ дар масофаи чандин километр пеши роҳи ҳаракати биёбоншавиро мегирифтанд.

Аз аввали асри ХХ дар алоқамандии табиату ҷамъият марҳилаи нав сар шуд. Таъсир ва ё «фишор» - и ҷамъият ба табиати атроф ниҳоят авҷ гирифт. Дар ин асно аз ландшафтҳои табиӣ ба антропогенӣ (шаҳру деҳот, корхонаҳои саноатию истихроҷи маъдани кўҳӣ, хоҷагиҳои ҷангалу минтақаҳои рекреатсионӣ ва ғайра) табдил ёфтан ҳодисаи муқаррарӣ гардид.

Бо мурури замон қариб дар тамоми қитъаю материкҳо инсон аз табиат ба таври васеъ захираҳои онро истихроҷ намуда, ба ивази ин ба мухити атроф партовҳои зиёдеро боқӣ гузошт, ҳамин тавр, ду масъалаи бо ҳам алоқаманду муҳими ба миён омад: 1) оқилона (дуруст) истифодабарии захираҳои табиӣ; 2) ҳифзи муҳити зист.

Ба зинаи баланди инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ расидани инсоният, пеш аз ҳама истифодаю коркарди захираҳои гуногуни табиӣ алоқаманд аст.

Дар ҳама давру замон талабои одамон ба захираҳои табиӣ якхел нест. Масалан, бе об инсон ва дигар мавҷудоти зинда дер зиндагӣ натавон кард, ҳол он ки бе истифодаи баъзе намуди ашёҳои маданӣ вай тўли ҳазорҳо сол ҳаёт ба сар бурдааст. Харҷу маблағгузорӣ нисбати истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ низ якхела нест. Дар бисёр ҳолат сарфу харҷи коркарду истифодабарии намуди сарватҳои табиӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ оқилона буда, дар лаҳзаи дигар маблағгузории калон ва техникаю технологияи мураккабу гаронро талаб мекунад.

Бисёр намуди сарватҳои табиӣ баъди тадқиқу истихроҷ ба ашёи хоми соҳаҳои гуногуни истеҳсоли табдил меёбанд. Аз тарафи дигар ашёи хоми ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷалбшуда дар зинаи дувум ба захираи иқтисодӣ табдил меёбад. Ҳамин тариқ, унсурҳои табиӣ ҳангоми сарфи меҳнат ба олотҳои истеҳсолӣ, бино ва дигар неъматҳои моддӣ мубаддал мешаванд.

Саноати ҳозираи ҷаҳонӣ миқдори ниҳоят зиёди ашёи хом истифода мекунад. Харҷи он аксар 70-75% хароҷоти умумии истеҳсолоти махсулоти саноатиро ташкил менамояд. Чунин вазъият аксари давлатҳоро дар ҳолати ногувор мегузорад.

Қисми зиёди захираҳои сарватҳои табиӣ (махсусан, канданиҳои фоиданок) оҳиста – оҳиста баъди истихроҷи босуръат тамом мешаванд. Ин ҳодиса боиси ташвишу изтироб аст. аз тарафи дигар на ҳамаи захираи мавҷудаи кураи Замин тадқиқ шудаанд. Бисёр конҳои кашфшуда самаранок истифода бурда намешаванд. Тадқиқоти солҳои охир дар аксари давталҳои дунё захираҳои калони сарватҳои табииро ошкор намудаанд. Пешрафти илмию техникӣ оид ба истифодаи қувваи бузурги қувваи ядроӣ дар соҳаҳои мухталиф пешомадҳои боварибахш дорад. Ҳоло дар бисёр давлатҳои мутарақӣ истифодаи қувваи Офтоб, шамол ва дигар сарчашмаҳои энергетикӣ самараи худ дода истодаанд. Дар ҳар сурат бояд комёбиҳои илму техника ба манфиати инсон равона шуда, табиат ва захираҳои бойи онро ғанӣ гардонад.

Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале онҳо дар ҳама қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география медонед, ки захираҳои табиӣ ба намудҳои захираи ашёи минералӣ, замин, манбаи об, ҷангал ва ғайра тақсим мешавад. дар навбати худ онҳоро ба намудҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи замин, пеш аз ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараёни пайдоиши канданиҳои фоиданок дар давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобарор пайдо ва тақсимшавии захирахои табиӣ дар ҳама ноҳияю мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиёди давлатҳои Осиёю Америкои ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқи Наздик бошанд, бо захираи нефту гази табиӣ фарқ мекунанд.



Дар дунё давлатҳое ҳастанд ба мисли ИМА, Россия ва Чин, ки қариб бо тамоми намуди сарватҳои табиӣ таъминанд. Ба ин гурўҳ Ҳиндустон, Бразилия, Австралия ва боз якчанд давлатҳои дигар (гарчанде бо баъзе намуди сарватҳои табиӣ аз давлатҳои номбурда қафо меистанд, вале онҳоро низ ҳамчун мамлакатҳои бо захираи сарватҳои табиӣ таъминбуда эътироф мекунанд) дохил мешаванд.

Умуман дар сайёраи мо давлате вуҷуд надорад, ки ин ва ё он намуди сарвати табиӣ надошта бошад. Ҳангоми кам ва ё набудани ин ва ё он намуди захираи табиӣ ба дигар давлатҳо муроҷиат мекунанд. Бо вуҷуди дар ҳудуди Ҷопон набудани бисёр намудҳои захираҳои табиӣ бо истифода аз ашёи хом, сўзишвории кашонда ва комёбиҳои илму техника ба дараҷаи ниҳоят баланди пешрафти иқтсодӣ ноил гардидааст. Бар хилофи Ҷопон давлатҳои зиёде вомехўранд, ки бо вуҷуди захираҳои бои сарватҳои табиӣ дараҷаи инкишофи иҷмоию иқтисодии онҳо назарнорас аст.

Ҳамин тавр, нобаробар ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ дар кураи Замин аз як тараф ба ҷараёни тақсимоти байналхалқии меҳнат ва муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ имконият медиҳад, аз тарафи дигар ба аксари давлатҳое, ки аз норосигии сартватҳои табиӣ танқисӣ мекашанд, мушкилиҳои иловагӣ зам мекунад.

Ҳамин тавр, сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи ҷамъияти инсонӣ мебошанд ва танҳо истифодаи оқилонаи онҳо дар асоси пешрафти комёбиҳои илму техника боиси пурзўр гардидани иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат хоҳад гашт.

Канданиҳои фоиданок аз қадимулайём ҳадафи фаъолияти меҳнатии инсон буданд. Ин ҳолат дар замони чунин давраҳои таърихии тамаддуни ҷамъияти инсонӣ, мисли асри сангин, асри биринҷӣ, асри фулузот таҷассум ёфтаанд. Дар асрҳои миёна инсон аз қаъри замин 18 номгўй, асри XVII – 25 асри XVIII – 29 асри XIX -47, ибтидои асри ХХ- 54 ва ҳоло бошад зиёда аз 200 намуди ҳархелаи ашёи минералиро истифода мебарад. Мувофиқи ҳисоби олимон инсоният дар тўли тамоми ҳастиаш аз қаъри замин 180 млрд тонна ангишт, 85 млрд тонна нефт, 40 млрд тона маъдани оҳан, 280 млн тона маъдани мис истихроҷ кардааст. Дар айни замон соле аз қаъри Замин зиёда аз 100 млрд тонна намуди ҳархелаи ашёи минералӣ ва сўзишворӣ истихроҷ карда мешавад, ки агар онро ба қатораҳо бор кунем, пас дарози ин қаторҳо (вагонҳои роҳи оҳан) ба 700 ҳазор километр мерасад ва ин дарозӣ метавонад, ки атрофи хати экваторро 17 маротиба печонад. Тадқиқоти геологӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки захираи намудҳои гуногун канданиҳои фоиданок дар кураи амин як хел нест.

Тавсифи умумӣ. Захираҳои табиӣ таҳкурсии тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат, воситаҳои зиндагӣ ва истеҳсолот ба шумор меравад.

Захираҳои табиӣ ба чор гурўҳ ҷудо мешаванд: минералӣ (маъданӣ) обӣ, замин ва биологӣ.

Дар навбати худ захираҳои минералӣ ба се қисм ҷудо мешаванд: сўзишворию – энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, торф варақсангҳои сўзанда); маъданҳои металлӣ, (металҳои сиёҳ, ранга, нодир асил) ва минералҳои ғайриметаллӣ (ашёи хоми кимиёвӣ, сохтмони ва ғайра)

Захираҳои кашфшудаи канданиҳои фоиданокро мувофиқи дараҷаи истифодабарӣ ба чор категория тақсим менамоянд: А, В, СI, С2. Чунин тақсимот дараҷаи омузишу истифодаи захираҳои кашфшударо муайян мекунад.

Категорияи А-ин захираҳое мебошанд, ки пурра омўхта шуда барои истифодабарӣ тавсия дода шудаанд; категорияҳои В ва СI –ин конҳои ҳастанд, ки кашф шуданду аммо то ҳол захираҳои онҳо пурра аниқ карда нашудаанд. Категорияҳои С2 – захираҳое мебошанд, ки алҳол ба онҳо баҳои аниқ дода нашудааст, яъне ин захираҳо дар айни замон тахминан баҳо дода шудаанд.

Ба ғайри аз ин боз захираҳое ҳастанд, ки фақат пешгўи карда шудаанд ва ё дар оянда дар ин ҳавзаҳо кашфиётҳо бурда мешаванд.

Ҳамаи категорияҳои зикршуда, (А, В, СI, С2,) ва ҳам захираҳои пешгўи шуда дар якҷоягӣ ба захираҳои геологӣ дохил мешаванд.

Захираҳои маъдани ба миқдори зиёда аз 200 намуд ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои геологӣ, алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 400 кони канданиҳои фоиданок кашф карда шудааст, ки 70 намудҳои онҳоро конҳои маъданию ғайри маъданӣ ташкил медиҳанд. Дар айни замон 100 кон ба истифода дода шудааст, ки 36 намуди ашёи хоми маъданиро дар бар мегиранд.

Инкишофи минбаъдаи ҷамъият аз дараҷаи ҳар чӣ бештар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Ҳаҷми истихроҷи маъдан ва дараҷаи истифодаи ашёи хом, нишондиҳандаҳои асосии тараққиёт ва нишонаи иқтидори иқтисодии ин ва ё он мамлакат ба ҳисоб меравад.

Бо сабаби бошиддат истифодабарии захираҳои минералию ашёи хом, дар натиҷаи нобаробар тақсимшавии ин захираҳо дар кураи замин, таъмин намудани талаботи доимоафзояндаи саноат ба ин захираҳо боиси мушкилиҳои зиёд шуда истодааст. Бо ин мақсад дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон кофтукови геологӣ ва тадқиқотҳои нави ҷустуҷўи захираҳои минералию ашёи хомро ба тариқӣ васеъ ба роҳ мондан, аҳамияти калон дорад.

Бо ин мақсад омўхтани таърихи сохти геологии пайдоиши конҳои маъдан дар минтақаҳои гуногун, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, тайёр кардани мутахассисон, нашр намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои геологӣ, нашр намудани китобҳо, маҷаллаҳо ва дар ин асос пурзўр намудани кофтуковҳои геологӣ, ба қатори вазифаҳои муҳимтарин дохил мешаванд.

Ҳалли ин масъалаҳо дар Тоҷикистон низ роҳҳои худро доранд ва мо бояд барои амали гардонидани ин масъалаҳо кўшиш намоем. Халқи тоҷик ҳанўз дар замонҳои қадим ба кўҳҳои сар ба фалак кашида ва водиҳои зархези худ бо умеди зиёд ва орзуҳои нек менигарист. Бозёфтҳои археологӣ далели онанд, ки то давраи мо ҳанўз дар асри биринҷӣ дар Қарамазору Зарафшон ва Бадахшон ба коркарди маъдан машғул буданд. Конканони қадими ин сарзамин мису тилло, сурбу нуқра, симобу оҳан ва сангҳои қиматбаҳо ба монанди лаъл, лоҷувард, фирўзаву ёқутро аз конҳо ба таври оддӣ истихроҷ мекарданд. Ҳатто номи баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ба монанди Кондара, Кони Нуқра, Кони Мансур, Кўҳи Лаъл аз қадим машҳуру маъруф будаанд. Дар асрҳои XI-XII истеҳсоли маъдан дар кишварамон хеле ривоҷ ёфта будааст. Ҳанўз дар асри XI аъломаи бузурги Машриқзамин Абуали ибни Сино нахустин бор дар ҷаҳон ҷисмҳои минералиро ба гурўҳҳо тақсим карда будааст.


Олими машҳур Абурайҳон Берунӣ дар китоби «Китоб-ул-ҷавоҳир» (китоб дар боби шинохтани ҷавоҳирот), ки соли 1048 нашр шудааст, масъалаҳои омўзиш ва тадқиқи сарватҳои зери заминӣ Осиёи Миёна, аз он ҷумла конҳои тиллои Рашту Шуғнон, лаъли Бадахшон, симобу нуқраи Зарафшон, нефти Фарғона ва ғайраро муфассал шарҳ додааст.

Маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш дар асари худ «Наводир-ул-вақоеъ» менависад: «Бадахшон мулкест, ки манзараи назари офтоби рахшон аст ва дар он чаҳор маъдан аст: тилло, лоҷувард, лаъл, ёқут».

Ҳамаи далелҳо гувоҳи онанд, ки сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон дар гузаштаи хеле дур низ шўҳрати калон доштааст. Тадқиқоти аввалин нисбати дар асоси илми омўхтани табиат ва сарватҳои табиӣ Тоҷикистон бо номи олимони рус, Ф. Богословский, П.П. Семёнов-Тяньшанский, А.П. Федченко, И.В. Мушкетов, Г.Д. Романовский, Д.Л. Иванов, Д.В. Наливкин ва дигарон, ки дар асри XIX ва аввалҳои асри ХХ гузаронида буданд, вобаста аст.

Мунтазам омўхтани сохти геологӣ ва ганҷинаҳои Тоҷикистон дар замони Ҳокимияти Шуравӣ оғоз ёфт. Соли 1925 аз тарафи олими рус, И.И. Бездека номгў ва харитаи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нашр карда шуд. Солҳо 1928-1932 барои омўхтани боигариҳои табиӣ Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Экспедитсияи комплексии тоҷику помир тахти роҳбарии академик Н.П. Горбунов ташкил шуд. Ин экспедитсия барои тартиб додани харитаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ки соли 1942 аз чоп баромад, ёри расонд. Дар Тоҷикистон дар ин давра якчанд конҳои нави канданиҳои фоиданок кашф шуданд.

Тарақкиёти минбаъдии хоҷагии халқи Тоҷикистон, зарурияти дар дохили республика ташкил намудани идораҳои геологӣ ва Институтҳои илмӣ-тадқиқотиро ба миён гузошт. Бо ҳамин мақсад соли 1932 дар назди базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР Сектори геология ва соли 1941 Институти геологияи филиали Тоҷикистонии Академияи Илмҳои СССР ташкил шуд. Соли 1951 ин институт ба ҳайати Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамон сол таҳсис ёфта буд, дохил шуд. Соли 1943 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДДМТ) шўъбаи геология кушода шуд, ки баъдтар ба факултаи геология табдил ёфт. Ин факулта бисёр ҷавононро тарбия карда дар тараққиёти илми геологияи тоҷик, ва ҷустуҷўи сарватҳои Тоҷикистон ҳиссаи сазовори худро гузоштанд.

Дар қатори дигар олимони забардасти Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар омўхтани сарзамини Тоҷикистон хизмати сазовор кардаанд, ҳиссаи олимони тоҷик академик Соро Юсупова (1910-1966), академик Р. Баротов ва дигарон низ хеле назаррас аст.

Минбаъд дар натиҷаи корҳои пурсамари геологҳо дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расид. Дар ин давра харитаи геологии республика кашида шуд, ки дар онҳо оиди ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок дар миқёси ҳар як минтақа маълумоти пурра ҷамъ оварда шудааст.

Солҳои мавҷудияти Ҳукумати Шўравӣ дар Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кўҳи ташкил ёфта ва рў ба инкишоф ниҳод. Алҳол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, рўҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сўрма, симоб, висмут, флюорит, булўри кўҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба монанди лаъл, лоҷувард, фирўза ва ғайра, инчунин намаксанг, масолеҳои бинокорӣ, ангишт, нефт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ, ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат равона карда шудаанд.

Дар базаи истифодабарии захираҳои минералию ашёи хом дар ҷумҳурӣ корхонаҳои металлургияи ранга, саноати истихроҷи маъдан, саноати кимиё, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра бунёд карда шудаанд.

Бовуҷуди он, ки Тољҷикистон аз бисёр захираҳои минералию ашёи хом ниҳоят бой аст, онҳо дар ҳудуди мамлакат нобаробар ҷойгир шудаанд. Чунин ҳолат дар тараққиёт ва ҷойгиркунии соҳаҳои саноат дар ин ва ё он минтақа мушкилиҳо пеш меоварад.

Дар процесси омўзиш, канданиҳои фоиданоки металлиро аз ҷињати хусусиятҳои техникию иқтисодиашон ба гурўҳҳои зерин тақсим мекунанд.


  1. Металҳои сиёҳ;

  2. Металҳои ҷавҳардоркунанда (руйпушкунанда)

  3. Металлҳои ранга;

  4. Металҳои асил;

  5. Элементҳои радиоактивӣ.

Гурўҳи металҳои сиёҳ. Ба ин гурўҳ маъдани оҳан, манган ва хром мансубанд, ки асоси металургияи сиёҳро ташкил медиҳанд.

Маъдани оҳан - дар Тоҷикистон маъдани оҳан дар Шимолии мамлакат конҳои Чоқадамбулоқ, Оқкулак ва Туранглӣ, ва дар қисми Марказии он дар ноҳияи Нуробод (Тегерма) кашф карда шудаанд. Муҳимтаринаш захираҳои кони маъдани оҳани Чокадамбулоқи Қарамазор мебошад, ки дар оянда барои истифода бурдан дар саноати металлургияи сиёҳ (захираи он аз рўи категорияи А+В+С1 ба 60 млн. тонна мерасад) аз ҷиҳати миқдор ва сифат ба мақсад мувофиқ аст.

Манган - ҳамчун филизаи сиёҳ дар металлургия кор фармуда мешавад. Аз ҷумла 95% он дар металлургияи сиёҳ истифода карда мешавад. Манган асосан барои тайёр намудани рельсҳои роҳҳои оҳан, чархи вагон, зиреҳи танкҳо ва тракторҳо, ва ғайра истифода карда мешавад. Манган ҳамчун элемент соли 1774 аз тарафи химики швед К.В. Шееле (1742-1791) кашф карда шудааст.

Дар Тоҷикистон манган дар ноҳияи Исфара бо номи кони Чатиратек маълум аст, ки ин филиза дар байни мармарҳои палеозои ёфт шудааст.



Гурўҳи металҳои руйпушкунанда. Металҳое, ки хусусияти ҷавҳардоркуни доранд, инҳо титан, ванадий, никел, кобалт, молибден ва волфрам мебошанд.

Дар ҷумњурии мо танҳо захираи молибден ва волфрам дар қисми Шимолӣ ва Марказии Тоҷикистон кашф карда шудаанд.



Молибден - дар таркиби маъданҳои кони Чоруқдарон ва Янги Кон мавҷуд аст. Дар баъзе мавзеъњои Рашту Дарвоз низ молибден дучор меояд. Молибден дар металлургияи сиёҳ барои ҳосил кардани хуллаҳои гуногун ва тайёр кардани рангҳои зард, кабуд ва зангор корбаст мешавад.

Пўлодҳои молибдендорро дар авиатсия ва саноати автомобил ба кор мебаранд.



Волфрам - яке аз филизоти муҳими саноати металлургӣ буда, барои истеҳсоли пулоди аъло сифат ва лампаҳои электр ба кор бурда мешавад. Дар таркиби волфрам қариб 15 минерал вомехўранд.

Конҳои маъдани волфрами Тоҷикистон дар кўҳӣ Муғул (кони Чоруқдарон), дар қаторкуҳи Ҳисор (конҳои Майхўра, Кабудӣ, Такфон, Сармад ва Зарафшон (кони ҷилав) ҷойгир шудаанд.



Гурўҳи металҳои ранга. Ба ин гурўҳ металҳои мис, рўҳ, сурб, алюминия, магний, қалъагӣ, симоб, сурма, висмут дохил мешаванд.

Тоҷикистон дорои захираҳои боӣ маъдани металҳои ранга мебошад.

Аз замонҳои қадим сурб, рўҳ ва мис дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурда мешаванд.

Аксарияти конҳои маъдани сурб ва рўҳ дар Шимолӣ республика асосан дар Қарамазор (кўҳи Қурама) ҷойгир шудаанд. Дар инҷо конҳои Олтинтопган, Қуруқсой, Чолота, Консой, Кони Мансур, Чуқурҷилға, Чамбарак, ва ғайра маълуманд. Дар атрофи ноҳияи Исфара низ якчанд конҳои сурб ва рўҳ (Эскикон, Қаротек) маълум карда шудааст.

Конҳои маъдани сурб ва рўҳ дар Тоҷикистони Марказӣ дар нишебии қаторкўҳи Ҳисор мавҷуданд, (Таккоб, Кондара, Сафедорак, Дияималик ва ғайра).

Дар бисёр конҳои сурбу рўҳи ҷумҳури ба қадри даркори захираҳои мис ҳам вомехўранд. Захираи маъдани мис дар конҳои Чоруқдорон ва Тарор (ноҳияи Панҷакент) муайян карда шудааст.

Конҳои маъдани сурб ва рўҳ асосан дар эраи палеозой ба вуҷуд омадаанд. Конҳои Тоҷикистони ҷанубӣ-Ёкунҷ, Дараишо бошанд, нисбатан ҷавон буда ба эраҳои мезозой ва кайнозой таалуқ доранд.

Дар таркиби маъданҳои бештари конҳо ба ғайр аз сурб ва рўҳ ба миқдори муайян пайвастаҳои нуқра, кобалт, кадмий ва дигар филизот мавҷуданд.



Алюминий - дар таркиби бисёр минералхо, мавҷуд бошад, ҳам, алҳол асосан аз боксит алунит, сиенит истеҳсол карда мешавад. Боксит - ҷинси кўҳиест, ки бо гил, хок ва регсанги сурх ё сафед монанд буда дар таркиби он, ба қадри даркори гидрооксидҳои алюминий ҳаст.

Як қисми конҳои боксити Тоҷикистон дар нишебии қисми шимолии қаторкўҳҳои Туркистон (Ворух, Шаҳристон) дар байни оҳаксангҳои эраи палеозой ҷойгир шудаанд. Қисми дигари онҳо дар каторкўҳҳои Зарафшон (Киштут) ва Ҳисор (Янгиоб) дар байни регсанг ва гилҳои эраи мезозой вомехўранд.

Конҳои боксит дар нишебии қаторкўҳҳои Ҳисор (Ромит, Қаротоғ) дар болои ҷинсҳои магмавӣ воқеанд. Аммо конҳои боксити Тоҷикистон хеле хурд буда ва аҳамияти саноатӣ надоранд. Ҳоло заводи алюминий Тоҷикистон ашъёи хомро барои ҳосил кардани алюминий аз дигар давлатҳо мегирад.

Солҳои охир алюминиро бевосита аз ҷинсҳои магмавӣ, аз сиенитҳои нефелиндор низ ҳосил мекунанд. Калонтарин кони нефелин дар ноҳияи Рашт (Кони Турпӣ) ҷойгир аст.

Барои ҳосил кардани алюминий аз сиенитҳои нефелиндор технологияи навро ҷорӣ кардан лозим меояд. Барои истеҳсоли алюминий қувваи хеле зиёди барқ сарф мешавад.

Магний - ҳам хеле аз филизотҳои муҳими ранга мебошад. Онро аз доломит (оҳаксанги магнитдор) ҷудо карда гирифтан мумкин аст. Доломит дар бисёр ҷойҳои қаторкўҳҳои Ҳисор (Қаротоғ) ва дар назди ноҳияи Ёвон ёфт шудааст.

Қалъагӣ - дар Тоҷикистони Марказӣ ва Помир маълум аст. Дар конҳои Тагобикул ва Кумарх (ҳавзаи дарёи Яғноб) минерали қалъагӣ касситерит дар байни хоросанг ва варақсангҳои метаморфии палеозой вомехўранд. Дар кони Майхура низ (ҳавзаи дарёи Варзоб) кассетирит дучор меояд.

Қалъагиро барои истеҳсоли асбобҳои биринҷӣ, қуттиҳои консерва ва кафшеркунӣ истифода мебаранд.



Симобу сўрма - ҳануз дар замонҳои қадим маълум буданд. Симобро асосан, аз шангарф (киновар)-Hg S – ном минерал, ки ранги сурхи баланд ё қирмизи дорад, ҳосил мекунанд. Яке номи он аз калимаи арабии «кино бари» ба миён омадааст, ки маънояш «хуни аждаҳо» мебошад.

Симоб ягона филизаи моеъ мебошад, ки баъзан дар намуди холис низ дучор меояд, Вай нуқраранг аст, барои ҳамин ҳам ўро баъзан «Оби нуқра» меноманд.

Агар вазъи ҳаво муътадил бошад хосияти ҷоришавии симоб зиёд ва ба ҳар тараф парешон мешавад. Аз замонҳои қадим қимати симоб ба қимати тилло баробар дониста мешуд. Барои ҳосил кардани симоб минерали шангарфро куфта, баъд метафсонанд. Симоб аз таркиби минерал ба намуди буғ ҷудо мешавад ва сипас хунук шуда ба симоби моеъ мубаддал мегардад.

Яке аз хусусиятҳои аҷиби симоб ин маҳлулкунии тилло мебошад.

Агар маҳлули симоби тиллодорро тафсонем симоб буғ шуда, дар рўи зарф тиллои холис боқӣ мемонад.

Симоб ва пайвастаҳои он заҳрнок мебошанд. Симобро дар бисёр соҳаҳои тиб, сохтани ҳароратсанҷ, ҳавосанҷ ва лампаҳои махсус барои тайёр кардани асбоби тарконанда (детанатор) ба кор мебаранд.

Конҳои симоб дар Кончоч (назди Искандаркул), Қавноқ, Зардхок ва Заҳок ҷойгир шудаанд. Кони Ҷиҷикрут дар баробари симоб сурма ҳам дорад. Солҳои охир дар қаторкўҳҳои Туркистон ва Помири Шимолӣ ҳам конҳои симобро кашф кардаанд.

Сўрма - сўрмаро асосан аз минерали антимонит (Sb2 S3) ки ранги сурбро дорад, ҳосил мекунанд. Сурма ҳам хосияти гуногун дорад. Филизе, ки ғаши сурма дорад, дар натиҷаи соидан аз гарми на ин ки васеъ, балки баръакс фишўрда мешавад. Ин хусусияти сўрмаро дар техника, алалхусус дар саноати мошинсозӣ васеъ истифода мебаранд. Гири чархҳо, подшибник ва соққоҳои онро аз ҳамин филиза месозанд. Сурма барои тайёр кардани хулаҳои филизии матбаа (бо омехтаи сурб) ва ҳар хел рангҳо ҳам ба кор меравад. Аз замонҳои қадим сурмаро барои тайёр кардани ҳар хел дорўҳо низ истифода мебаранд.

Аксарияти конҳои сурма дар ҳавзаҳои дарёҳои Шингов, Моғиён ва Яғноб ҷойгир шудаанд, ки ин конҳои Туркпарида, Қароқамар, Гурдара, Рўдакӣ, Учкадо, Калтакўл аз қабили онҳоанд. Умуман Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои сурма дар байни давлатҳои ИДМ ҷои якўмро ишғол мекунад. Дар айни замон аз конҳои Ҷиҷик-рут сурмаю симоб истеҳсол, мекунад. Барои ба тарзи пурра истифода бурдани конҳои сурмаю симоби кўҳистони Зарафшону Ҳисор дар ҷои якшавии дарёҳои Фон ва Искандар дар ноҳияи Айнӣ комбинати маъдантозакунии Анзоб сохта шуд. Ҳоло геологҳои ҷумҳурӣ якчанд конҳои нав кашф кардаанд, ки истеҳсоли сурмаю симобро хеле зиёд мекунад. Дар доираи қаторкўҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷустуҷўи конҳои нав давом дорад.



Висмут - дар металлургия барои ҳосил кардани хўлаҳои тезгудоз, тайёр кардани ҳар хел шишаҳои махсус, реактивҳои химиявӣ ба кор бурда мешавад. Газворҳое, ки бо маҳлули висмут кор карда шудаанд, намесўзанд. Аз висмут ҳар гуна дорўҳо низ тайёр мекунанд.

Хокаи маъдани висмут дар Қарамазори Шарқӣ маълум аст. Ин конҳои Адрасмон, Сари Қурғон, Маразбулоқ ва Челтимас мебошанд. Ин конҳо дар байни ҷинсҳои вулконии турш – порфирҳои кварцдор ҷойгир шудаанд. Маъдани ин конҳо мураккаб буда, дар таркибаш ғайр аз висмут минералҳои сурб, рўҳ, кадмий, кобалт ва нуқра доранд.



Гурўҳи металҳои асил ва элементҳои гурўҳи платиндор. Ба ин гурўҳ металҳо тилло, нуқра, платина ва элементҳои гурўҳи платинадор дохил мешаванд.

Тилло - ҳамчун филизаи гаронбаҳо тимсоли қудрати моддии мамлакат мебошад. Тилло металли нодир аст. Ба таъсири обу ҳаво ва модаҳои химиявӣ устувор буда, дорои ранги хоси дилрабост. Дар техника, тиб ва заргарӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Беҳуда нест, ки тиллоро филизаи асил мегўянд.

Конҳои тилло аз ҷиҳати пайдоиши худ ба конҳои асил ва пошхурда ҷудо мешаванд.

Конҳои асили тилло ба ҷинсҳои магмавӣ хусусан ба рагҳои кварци алоқаманданд. Дар таркиби баъзе маъданҳо ба монанди волфрам, қалъагӣ, арсен, оҳан ва рўҳ низ заррачаҳои тилло мушоҳида мешаванд. Ранги минералии пирит зард буда, аксар вақт бўлурҳои ў шакли куб доранд, чунин ҷинсҳои кўҳӣ дар маъданҳои тиллодор дар кўҳистони Зарафшону Ҳисор, Дарвоз, Помири Шарқӣ ва Қарамазор дида мешаванд.

Аз маъдани конҳои асил ҷудо карда гирифтани тилло хеле меҳнатталаб аст. Маъданҳои тиллоро дар осиёбҳои махсус мисли рег майда карда, баъд заррачаҳои тиллоро ба воситаи симоб ҷудо карда мегиранд. Дар конҳои асил дар таркиби як тонна маъдан аз 1 то 200 грамм тилло ба назар мерасад.

Конҳои пошхурда дар натиҷаи вайрон шудани ҷинсҳои кўҳии тиллодор ба вуҷуд меоянд. Онҳо аз таъсири об, ҳаво, ҳарорат ва ғайра тадриҷан вайрон ва ба сангпора, рег ва гил мубаддал мешаванд. Обҳои равон ин ҷинсҳои вайроншударо ба ҷойҳои дигар бурда такшин мекунад.

Дар вақтҳои суст шудани ҷараёни об ва таъғир ёфтани маҷрои дарё заррачаҳои тилло ҳамчун филизаи хеле вазнин дар ҷойҳои муайян такшин мешаванд. Чунин ҷинсҳои пошхўрдаро дар рўдхона ва дар водии дарёҳои қадим пайдо кардан мумкин аст. Ҳоло дар баъзе суфачаҳои соҳили дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Яхсу ва Сурхоб, ки аз шағал, рег ва гилҳо иборатанд, заррачаҳои тилло мушоҳида карда мешаванд.

Дар ҳавзаи дарёи Яхсу (Дарвоз) дар таркиби кангломерат ва регсангҳо, ки тахминан 30 миллион сол пеш аз ин дар давраи неоген ба вуҷуд омадаанд, заррачаҳои тилло мавҷуданд. Чунин ҷинсҳои кўҳие, ки тилло доранд, дар атрофи Рангкул ва водии Маркансуи Помири Шарқӣ низ ҳастанд. Тоҷикистон аз замонҳои қадим ҳамчун диёри конҳои тиллодор шўҳрат дорад.

Аҷдодони мо аз реги дарёҳои Зарафшон ва Панҷ, зарраҳои тиллоро шуста мегирифтанд.

Ҳоло геологҳои Тоҷикистон пайдоиши ҷинсҳои куҳии тиллодорро омухта, алоқаи онҳоро бо ҷинсҳои магмавӣ, метаморфӣ ва такшин ва сохти тектоникӣ муайян кардаанд. Ин тадқиқоти илмӣ имконият дод, ки қонуниятҳои асосии дар сарзамини ҷумҳурӣ ҷой гирифтани маъдан ошкор карда шавад.

Дар асоси сарчашмаҳои қадим оиди захираҳои тилло доштани сарзаминамон баъзе маълумотҳо маълум карда шудаанд. Масалан: дар давраи сулолаи Сомониён тиллоро дар Рашт- 32 кг 430 гр, дар дараи Вахон (ҷанубӣ Помир 24 кг 360 гр.) дарёфт карда шуда буданд.



Нуқра - аз давраҳои қадим истеҳсол карда мешавад. Нуқра барои сахт кардани мис бо он ҳамроҳ карда мешавад, инчунин барои сика задани танга, тайёр намудани зарфҳои хўрокхурӣ, асбобҳои заргарӣ ва наққошӣ, барои дандонсозӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.

Дар Тоҷикистон нуқра (дар Қарамазор) аз маъдани конҳои сурбу рўҳ аз замонҳои хеле қадим истеҳсол карда мешуд. Дар базаи захираҳои Кони Мансур комбинати нави саноати металлургӣ дар назар дошта шудааст.



Гурўҳи элементҳои радиоактивӣ. Уран дар шакли оксид дар соли 1739 аз тарафи химики немис М. Клапрот дар маъдани сиёҳ, ки минбаъд катрони уран ном доданд, аз кўҳҳои Маъдан дар Саксония кашф карда шуд. Дар шакли металл соли 1884 аз тарафи олими француз Э. Пелиго пайдо карда шуд.

Солҳои зиёде ба уран он қадар талаботи зиёде набуд. Вай дар Аврупо барои истеҳсоли рангҳои ҷиллодиҳанда ва чиниворӣ истифода бурда мешуд. Дар аввали асри XX омехтаи маъдани уранро барои истеҳсолкардани элементҳои радиоактивии баланд, - радий истифода мекарданд, ки дар тиб (табобати обилаҳо) ва асбобҳои ченкуни истифода мебурданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ уран барои тайёр намудани бомбаҳои атомӣ ва дигар лавозимотҳои ҳарбӣ истифода бурда шуд. Пас аз солҳое 1950 уран бо ташабуси Ҳокимияти Советӣ барои манфиати хоҷагии халқ истифода бурда шуд. Дар соли 1954 дар ҷаҳон истгоҳи аввалини атомӣ дар ш. Обнинск (в Калугаи Россия) сохта шуд. Дар соли 1960 аллакай 5 мамлакати ҷаҳон дорои истгоҳҳои барқии атомӣ буданд. Ҳоло дар ҷаҳон қариб 60 истгоҳи барқии атомӣ кор мекунанд. Захираҳои уран дар тамоми ҷаҳон қариб 3,6 млн. т. ташкил мекунад. Ин захираҳо дар Австралия-25%, захираҳои ҷаҳон, инчунин дар ИМА, Канада, Намибия, Франсия, Бразилия, Аргентина, Зоир, Португалия, Шветсия ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҷойгир шудаанд.

Дар Тоҷикистони мо низ захираҳои маъдани уран кашф карда шудаанд ва аз баски дар харитаи геологӣ нишон дода нашудаанд, оиди дар куҷо ҷойгир шудани онҳо маълумоте нест. Аз руи маълумотҳо захираҳои асосии он дар шимолӣ ва қисми марказию шарқии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Гурўҳи канданиҳои фоиданоки ғайриметалӣ. Ба гурўҳи канданиҳои фоиданоки ғайриметаллӣ фосфорит, апатит, намакҳои калийи, сулфури табиӣ, флюорит, сангҳои қиматбаҳо, намакҳо, кварц, оҳаксанг, мармар, гилу гилбутаву хок ва қайра дохил мешаванд.

Аз ин гурўҳ фосфорит, апатит ва намакҳои калийиро асосан гурўҳи канданиҳои фоиданоки аграноми меноманд. Сабаби асосии ба ин гурўҳ дохил шудани онҳо аз он иборат, ки онҳо барои саноати истеҳсоли нуриҳои минералӣ бо сифати ашёи хом истифода бурда мешаванд. Худи нуриҳои минералӣ дар хоҷагии қишлоқ ба кор бурда мешаванд. Аз фосфорит ва апатит нуриҳои минералии фосфордор (суперфосфат) тайёр карда шуда, аз намаки калий нуриҳои минералии калийдор тайёр карда мешавад.

Дар замони Ҳокимияти Шўравӣ талаботи ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин нуриҳои минералӣ аз Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ СССР пурра таъмин карда мешуд. Бинобарон кофтуковҳои ҳаматарафаи геологӣ барои кашф кардани ин захираҳои ашёи хом дар Тоҷикистон пурра гузаронида нашудааст ва ин захираҳо алҳол пурра кашф карда нашудаанд. Аз ҳамин сабаб дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералии фосфордор ва калийдор амал намекунанд. Ҳоло ҳам чун пештара талаботи хоҷагии қишлоқи ҷумҳури аз суперфосфат ва нуриҳои калийдор аз давлатҳои ИДМ ва берун аз ҳудуди он таъмин карда мешаванд.

Дигар захираи ғайриметалл, ин сулфури табиӣ мебошад, ки аз он кислотаи сулфат ва дигар маҳсулотҳо истеҳсол мекунанд, ки он мањсулотҳо барои саноати кимиё ва дигар соҳаҳо ба сифати ашёи хом истифода бурда мешаванд. Дар ҷумҳурии мо ашёи хоми сулфур, ки аамияти саноатӣ дошта бошад, ҳоло кашф карда нашудааст.

Бояд қайд намуд, ки соҳаи асосии хоҷагии халқи ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳаи хоҷагии қишлоқ ташкил мекунад. Хоҷагии қишлоқ бошад бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо истеҳсолоти интенсивноки худро таъмин карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб дар оянда истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаб мебошад.

Тавсифи флюорит. Ин минерал шаффоф ва нимшаффоф буда, он қадар сахт нест. Дар табиат бо рангҳои бунафш, гулобӣ, зард, сабз дида мешавад. Флюорит бо сангҳои қимат монанд ҳаст, бинобар на ҳамаи заргарон онро зуд шинохта метавонанд.

Дар охири асри XVIII химики швед Шееле муайян кард, ки таркиби флюорит қисман аз калсий ва қисман аз унсури номаълуми ғайр иборат аст. Пас аз сад сол (соли 1889) олими франсавӣ Муассон аз гази зардчатоб – фтор иборат будани қисми ғайри флюоритро муайян намуд.

Флюорит на танҳо дар заргари ва саноати оптикӣ, балки дар металлургия, кимиё низ васеъ истифода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи флюорит дар байни давлатҳои ИДМ ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Конҳои флюорит дар Қаромазор (Навгарзон, Конимансур, Кенгқутан) ва дар нишебии ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор (Такоб, Кондара, Беғар, Мағов, Калтуч, Ромит, Чурёз, Сурхтеппа) воқеанд, ки аксари конҳои флюорит чун рег дар байни хорасангҳо вомехўранд.

Ҳоло флюоритро аз конҳои Навгарзон дар ноҳияи Ашт, Беғар (ҳавзаи дарёи Варзоб) ва Мағов (ҳавзаи дарёи Кофарниҳон) истиҳроҷ мекунанд.



Тавсифи сангҳои қиматбаҳо. Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон - лаъл, лоҷвард, фирўза ва дигарҳо аз замонҳои қадим машҳуранд.

Алмос (бриллиант), ёқути кабуд (сапфир), ёқути сурх (рубин), хризоберилл, алоксандрит (зумрад), лаъл (шпинели асил) ба гурўҳи сангҳои қиматбаҳои худранги дараҷаи якўм дохил мешаванд. Мутаасифона, дар Тоҷикистон аз ҷумлаи сангҳои дараҷаи якум то ҳол ба ҷўз лаъл дигар сангҳои қиматбаҳои дараҷаи якўм дарёфт карда нашудааст.

Фирўза, аметист (нилум), булўри кўҳӣ, халцедон, ақиқ ба гурўҳи сангҳои худранги дараҷаи дуюм ва сеюм дохил мешаванд.

Сангҳои рангин - лоҷвард, кварцҳои рангин, яшм, ҷазъ (оникс), мармар, газ, ба гурўҳи сангҳои кандакорӣ - резакорӣ дохил мешаванд.

Сангҳои қиматбаҳо на фақат дар заргарӣ, балки дар соҳаҳои гуногуни саноат ва техникаи навтарин истифода мешаванд.

Лаъли Бадахшон санги қиматбаҳои сурхранги дурахшон аст. Ин санг, чи хеле, ки аз номаш маълум аст, дар Вилояти Автономии Бадахшони Кўҳии республикамон дида мешавад. Деҳае, ки дар он ҷо кони лаъл воқеъ аст, бо номи деҳаи Кўҳи Лаъл аст. Лаъли Бадахшон аз замонҳои хеле қадим машҳуру маълум будааст. Лаъли Бадахшонро дар бозорҳои Бухоро, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои машрикзамин савдо мекарданд.

Заргарон тоҷ, ангуштарин ва дасмонаҳои шоҳонро ба лаъл меоростанд.

Аввалин маълумоти муфассалро доир ба лаъли Бадахшон олими машҳур Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ул ҷавоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» овардааст.

Дар боби махсуси ин китоб, ки «Ал-Лаъл-ул-Бадахш» ном дорад, Берунӣ менависад, ки «Лаъл байни табақоти сангҳои сафеди булурин ба ҳаҷми гуногун ба андози чормағз то ба андозаи харбуза бихобад».

Таркиби химиявии лаъл (шпинел) аз алюмосиликати магнийдор иборат буда, дар он омехтаи оксиди оҳан, хром ва манган ҳам ҳаст.

Ранги сурх ва гулобии шпинели Кўҳӣ Лаъл ба омехтаҳои хром вобаста аст. Шпинелро оксиди манган ранги бунафша диҳад, оксиди оҳан тобиши осмонӣ медиҳад. Лаъл минерали басо сахт аст. Сахтии нисбии алмос 10 бошад, аз лаъл 8 мебошад, вазни хоси он ба ҳисоби Берунӣ 3,5 аст. Аксарияти шпинелҳои Кўҳӣ Лаъл сурху гулобиранганд. Баъзе булўрҳои бунафшаранг ва сиёҳ ҳам вомехўранд.

Андозаи булўрҳо аз якчанд милиметр то 2 х 3 см, баъзан ба андозаи 6 х 12 см мешаванд.

Солҳои охир геологҳо дар атрофи Кўҳи Лаъл дар Ғорондара, Лоҷварддара, Абхарв, Сумчин, Ямчин чанд конҳои нави лаълро муайян кардаанд.

Ҳоло лаъл на фақат чун ҷавоҳирот балки дар соҳаҳои гуногуни техникаи навин, алалхусус дар соҳаи электроника, истифода карда мешавад.



Лоҷвард - санги қиматбаҳо буда, аз замонҳои қадим маълуму машҳур будааст. Кони Лоҷвард дар ҳавзаи дарёи Шоҳдара ҷойгир шудааст.

Дар замонҳои кадим аз лоҷвард зарфҳои нафис метарошиданд ва дар лавҳакориҳо ба кор мебурданд. Аз лоҳвард инчунин нигини ангуштарину дастпонаҳо ва мўҳра месохтанд. Лоҷвардро соида, хока карда, барои наққши ранги аълосифати ултрамарин (ранги кабуди баланд) ҳосил мекунанд. Лоҷвардро бо забони илмӣ Лазурит меноманд, вайро ба гурўҳи сангҳои кошинкории дараҷаи якўм дохил мекунанд.

Лоҷвард дар бозорҳои аксари мамлакатҳои Шарқ, Миср, Юнон ва Рим шўҳрат дошт. Лоҷварди Бадахшонро бо корвонҳо ба Бобулистон, Ҳиндустон мебурданд. Овозаи лоҷварди Шоҳдара аз кадим маълум буд. Яке аз шохобҳои дарёи Бодомдара, ки ба Шоҳдара мерезад, бо номи Лоҷварддара машҳур аст. Якумин шуда муҳандиси рус А. Серебренников соли 1894 мавҷудияти лоҷвардро дар мавзеи Шоҳдара ба харита қайд карда буд. Кони Лоҷвард аз Хоруғ 100 км дур бошад ҳам, аммо бо вуҷуди он то Шоҳдараю Бодомдара роҳи мошингард кушода шудааст.

Лоҷвард - минерали лазурит ё Ляпис-Лазур (санги нилгун) мебошад.

Таркиби кимиёвии вай аз алюмосиликатҳои натрию калсийдор ва оксидҳои сулфур - иборат аст.

Лазурит агар - чӣ минерали шафоф нест, бо ранги осмонӣ, нилуфариву бунафши худ дилро ба тахсир меоварад, Лазурит минералӣ хеле сахт, сахтии нисбиаш аз рўи шкалаи даҳбалла 5,5 - 6 мебошад. Онро ба шиша бозўрӣ харошидан мумкин аст.

Тадқиқот нишон додааст, ки кони Лоҷварди Шоҳдара камаш 3 миллиард сол муқаддам дар давраи архей ба вуҷуд омадааст. Ҳоло аз лоҷварди Бадахшон, дастмона, ангуштарин, медалион ва дигар ороишҳои занона месозанд. Лоҷвардро инчунин барои ороиши қасрҳои маданият истифода мебаранд. Меъморону кандакорони кишварамон бо умеди калон орзу доранд, ки қасрҳои мухташами пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанберо бо лоҷварди Помир оро диҳанд.

Фирўза - санги қимматбаҳои кабуд ё осмонранги ғайри шафоф мебошад, ба гурўҳи сангҳои гаронбаҳои рангаи дараҷаи сеюм дохил мешавад.

Фирўзаро аз замонҳои қадим чун санги зебои нисбатан арзон барои зебу зинат ба кор мебурданд. Истилоҳи байналхалқии ин санги қимматбаҳо бирюза аст, ки тахрифи фирўза мебошад.

Фирўзаро дар заргарӣ истифода мекунанд.

Фирўза минералиест, ки ҷисми он аз ҷиҳати физикӣ ва кимиёвӣ якхела буда, дар натиҷаи реаксияҳои табий дар қабатҳои қашри замин ба вуҷуд меояд. Ин минерал дар ҷойҳои кафидаи замин, ки дар он маҳлулҳои мис, алюминий, фосфор мавҷуданд, ёфт мешавад. Миқдори мис, ки сабаби асосии кабудчарангии фирўза мебошад, дар таркиби он аз 8 то 3 фоиз мавҷуд аст. Фирўза, баъзан дар натиҷаи тағйир ёфтани устухон ва дандонҳои ҳайвоноти мурда низ пайдо мешавад.

Ин навъ фирўзаро фирўзаи устухонӣ меноманд.

Сахтии нисбии фирўза ба 5 – 6 баробар аст, ки дар сатҳи он ба шиша ё корд рах гузоштан мумкин аст. Ранги фирўза, бо мурури замон дар натиҷаи фарсоиш, таъсири муҳит ва моддаҳои органикӣ хира ва камҷило мешавад.

Конҳои фирўза дар Эрон, ИМА ва Хитой ва дар нимҷазираи Синой воқеанд. Хусусан фирўзаи нишопурӣ (Эронӣ ) фирўзаи дараҷаи аъло мебошад. Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон дар як худи вилояти Суғд 6 кони фирўза маълум аст. Яке аз конҳои шоёни диққат – Фирўзакон мебошад. Ҳоло дар яке аз конҳои вилояти Суғд фирўзаи осмонранг ва кабуд истеҳсол карда мешавад. Солҳои наздик захираҳои ҳамаи конҳои фирўза бояд муайян карда шаванд.

Геологҳо солҳои охир дар Помирӣ Шарқӣ якчанд минералҳои хушранг дарёфт карданд.

Дар Помири ҷанубу ғарбӣ аломати ёқути кабуд (сапфир), ёқути сурх (рубин) ва гранатҳои хушранг муайян карда шуданд. Дар баробари сангҳои қиматбаҳои табии, олимони кимиё, физикҳо ва минерологҳо булўрҳои гуногуни хушрангро ба таври сунъи ҳосил карда истодаанд.

Вале ягон санги сунъи ҷои офаридаи табиатро гирифта наметавонад.

Геологҳои Тоҷикистон ҳоло дар ҷустуҷўи конҳои нави сангҳои қимматбаҳо мебошанд ва умед аст, ки конҳои нави лаълу лоҷвард, фирўзаю ёқут ва дигар сангҳои хушранг кашф карда хоҳанд шуд.

Кварц - ин минерали сахт буда аз сабаби сахт буданаш дар вақти вайрон шудани ҷинсҳои кўҳии булўр, кварц ба шакли ғуруша мемонад. Кварцро ҳатто бо корди пўлодин ҳам харошидан мумкин нест. Кварц чун шиша ҷило медиҳад. Он, сафед, дудранг, зардча, гулобӣ, бунафш ва сиёҳ, вале аксар вақт беранг мебошад.

Кварц дар ҷинсҳои магмавӣ дар шакли булурҳои гуногунҳаҷм вомехўрад.

Агар магма дар руи замин хунук шуда бошад, оксиди силиций (яъне кварц), чун шиша сахт мешавад.

Дар таркиби кварц шиша аз 60 то 80 фоиз мавҷуд аст. Ҳоло аз кварц шишаҳои аълосифат тайёр мекунанд, ки он ҳам ба гарми ва ҳам ба хунуки як хел тобовар аст. Дар металлургия бе хиштҳои оташбардори кварци маъданро гудохта намешавад. Аз кварц барои асбобҳои оптикӣ линзаҳо месозанд. Лампаҳои кварцӣ дар электроника аҳамияти калон доранд, Реги кварцӣ яке аз масолеҳи асосии бинокорӣ аст.



Достарыңызбен бөлісу:
  1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет