Қонуни ҷУМҲурии тоҷикистон дар бораи ҷамъияти ҳилоли аҳмари тоҷикистон



Дата27.06.2016
өлшемі112.5 Kb.
#160988
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №1, мод. )
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шаклҳои дастгирии Ҷамъияти мазкурро аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро танзим мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, ба ташаббуси шаҳрвандон, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона баҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстона ва ғамхорӣ кардан дар ҳаққи мардум бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтмоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ созмон дода шудааст.

2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ташкилоти миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда, фаъолияти худро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Номгӯи «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва «Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тааллуқ дошта, ҳаммаъно мебошад.

3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, ҷамъияти ихтиёриест, ки мутобиқи Конвенсияи Женева (с.1949) ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона мусоидат менамояд.


Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад. Заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ ба Конвенсияи мазкур (с.1977), Оинномаи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Оинномаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Оинномаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маҳсуб меёбад.


Моддаи 3. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии ҷумҳуриявӣ, ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси умумияти манфиатҳои шаҳрвандон бо мақсади сабук намудани азияти одамон, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмак расонидан ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва шахсони аз ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ зарардида, ҳамкорӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки аз Конвенсияи Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977) бармеоянд, тарғиби ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ фаъолият мекунад.



Моддаи 4. Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дорои Оиннома буда, мутобиқи он фаъолият менамояд. Дар Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тартиби ташкили он, ташаккули мақомоти роҳбарикунанда ва назоратӣ, сохторҳои ташкилӣ, шароит ва тартиби ба узвияти ҷамъият қабул намудан, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзо ва инчунин дигар маълумоте, ки ба иҷрои фаъолияти он алоқаманд аст, муайян мешаванд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мутобиқи Оиннома ва низомномаҳои тасдиқшуда фаъолият менамояд. Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар анҷумани Ҷамъияти мазкур тасдиқ карда мешавад.



Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар фаъолияти худ принсипҳои умдаи зерини Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ба роҳбарӣ мегирад:



- башардӯстӣ - Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки баҳри кӯмакрасонӣ бидуни истисно ба ҳамаи маҷрӯҳони майдони муҳорибаҳо созмон дода шудааст, бо истифодаи ҳамаи имкониятҳояш дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба пешгирӣ ва сабукгардонии азобу шиканҷаи мардум дар тамоми ҷаҳон кӯшиш мекунад;

- беғаразӣ - Ҳаракат аз таассуби миллӣ, нажодӣ, динӣ ва ақидаҳои синфию сиёсӣ озод аст. Он барои сабук кардани азоби мардум мекӯшад, фақат эҳтиёҷмандии онҳоро ба назар мегирад ва пеш аз ҳама ба шахсони аҳволашон хеле вазнин кӯмак мерасонад;

- бетарафӣ - бо мақсади истифода аз эътимоди ҳамаи мардум ҳаракат дар амалиёти ҷангӣ тараферо ҷонибдорӣ намекунад ва ҳеҷ гоҳ ба баҳсу мунозираҳои сиёсӣ, нажодӣ, динӣ ё ғоявӣ дахолат намекунад;

- мустақилӣ - Ҳаракат мустақил аст. Ҷамъиятҳои миллӣ дар амалиёти башардӯстонаи кишварҳояшон нақши мададрасониро иҷро карда, ҳамчун шахсони ҳуқуқии давлатҳои худ барои мутобиқи принсипҳои бунёдии ҳаракат амал кардан бояд мухторияти хешро нигоҳ доранд;

- ихтиёрӣ - Ҳаракат ихтиёрӣ ва мақсадаш кӯмакрасонӣ буда, ҳеҷ гоҳ барои ба даст овардани фоида кӯшиш намекунад;

- ягонагӣ - дар мамлакат танҳо як Ҷамъияти Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмар арзи вуҷуд дошта метавонад. Дарҳои он бояд барои ҳама боз бошад ва фаъолияти башардӯстонаашро дар саросари қаламрави кишвар иҷро намояд;

- фарогир - Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, ки аз ҷамъиятҳои мақому масъулияташон баробар иборат аст, умумиҷаҳонист.

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони дигари ҳуқуқӣ, инчунин шахсони воқеӣ ӯҳдадоранд, ки принсипҳои фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро, ки дар қисми аввали ҳамин модда зикр шудаанд, эҳтиром намоянд.


Моддаи 6. Вазифаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳам мустақилона ва ҳам бо ҳамкории мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- мусоидат ба фаъолияти башардӯстии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи Женева (с. 1949) ва Протоколҳои иловагӣ ба он (с.1977) бармеоянд;

- паҳн намудани маълумот оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳо ва идеалҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар;

- иштирок дар чорабиниҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бобати сабук кардани азияти инсон ва нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ, инчунин иҷрои барномаҳои худ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ;

- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудан ва кӯмак расонидан ба шахсоне, ки қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона буда, инчунин аз ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ зарар дидаанд;

- расонидани кӯмак тавассути Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ба қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ҷабр дидаанд;

- иҷро намудани вазифаҳои дигаре, ки аз принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бармеоянд.
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар моддаи 6 Қонуни мазкур зикр шудаанд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар маърифати санитарӣ ва таълимоти тиббӣ ба аҳолӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва нигоҳубини беморон дар хона ширкат намуда, дар таъсиси хадамоти марбути тайёр намудани кадрҳо дар ин самти фаъолият ва тайёр намудани ҳайати шахсӣ, ки ба сохторҳои мудофиаи гражданӣ шомиланд, мусоидат мекунад;

- бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқи байналмилалии башарӣ ва ҳимояи нишони Ҳилоли Аҳмар ҳамкорӣ мекунад;

- аломати Ҳилоли Аҳмарро чун нишони фарқкунанда истифода мекунад;

- дар ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар давраи осоишта ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намуда, тарғиботро дар байни аҳолӣ барои беподош додани хун ва ҷузъҳои он ҷиҳати табобат ба роҳ мемонад;

- дар расонидани кӯмаки табобатию пешгирӣ ва иҷтимоии шахсони ба он ниёзманд иштирок менамояд;

- баҳри дастрас шудани маводи зарурати нигоҳубини бемор тавассути шабакаҳои дорутаъминкунии Ҳилоли Аҳмар фаъолият карда, барои нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизмати тиббию иҷтимоии пулакӣ мерасонад;

- барои расонидани кӯмак ба шахсони бехонумон, гурезаҳо ва табақаҳои дигари аҳолии ниёзманд хадамоти махсус ташкил мекунад;

- бо мақсади ҷустуҷӯи шахсони бе ному нишон гумгашта хадамоти ҷустуҷӯӣ ташкил мекунад, робитаи байни аъзои оилаҳоро, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ ҷудо шудаанд, барқарор месозад, барои пайваст намудани оилаҳо кӯмак мерасонад;

- қабул, нигоҳдорӣ ва тақсими кӯмаки башардӯстонаро, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ва дигар манбаъҳо расонида мешавад, ба роҳ мемонад;

- бо хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба маҷрӯҳон ва беморони зарардидаи давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона кӯмак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор ташкил менамояд;

- бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, кӯмак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор созмон медиҳад;

- барои истифодаи аломати Ҳилоли Аҳмар ба сифати нишони фарқкунанда ва дар замони осоишта ба сифати нишони ҳимоят иҷозат медиҳад;

- ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва ҷойгирондани қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда осеб дидаанд, кӯмак мерасонад;

- дар ҳамгироӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда осеб дидаанд, ба фаъолияти башардӯстонаи ин ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ёрӣ мерасонад;

- мутобиқи Конвенсияи Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагӣ ба он (с.1977) дар давраи осоишта заминаи моддию техникӣ бунёд мекунад ва барои ташкили кори Бюрои миллии маълумотдиҳӣ мутахассисонро таълим медиҳад ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона вазифаҳои онро иҷро менамояд;

- барои дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додани маълумот ва иттилоот оид ба ҳуқуқи башардӯстии байналмилалӣ ва Принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар хадамоти дахлдор таъсис медиҳад;

- фаъолияти табъу нашрро ба роҳ мемонад;

- вазифаҳои дигареро, ки Конвенсияи Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ ба он (с.1977) ва ҳуҷҷатҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин Қонуни мазкур ба зиммаи онҳо вогузоштааст, иҷро менамояд.


Моддаи 8. Иттилоот оид ба фаъолият

1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои воситаҳои ахбори омма шароит муҳайё мекунад, ки иттилоотро оид ба фаъолият ва ҳисоботи солонааш озодона дастрас намоянд.

2. Инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон вазифаи ҷамъиятии воситаҳои ахбори омма мебошад.
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ташкилотҳои дигари байналмилалии башардӯст, инчунин бо ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мутобиқ ба вазифа ва самтҳои асосии дар моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳамкорӣ менамояд.

2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии башардӯстии худро тибқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ҷамъият қабул гардидаанд, ба роҳ мемонад.

3. Ҷамъиятҳои миллии хориҷии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои асосии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар асоси шартнома бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ менамоянд.


Моддаи 10. Истифодаи аломат ва номи Ҳилоли Аҳмар аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Аломат ва номи Ҳилоли Аҳмар аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода карда мешаванд.

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 11. Ҳамкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад созишнома бандад, ки дар он самтҳои асосӣ ва тарзҳои ҳамкорӣ муайян карда мешаванд.

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани фаъолият мутобиқи вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур, инчунин дар асоси фармоиши давлатӣ муайян шудаанд, метавонанд Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии онро ҷалб намоянд.

3. Ҳангоми зарурат мақомоти иҷроия ва намояндагии маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумоти дар ихтиёрашон бударо, ки барои иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур лозиманд, ба ихтиёри Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон вогузор менамоянд.

4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд тамоми маълумоти пешбиникардаи Конвенсияи Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо (с.1977) оид ба шахсоне, ки тибқи Конвенсия ва Протоколҳои мазкур ниёзманд ба ҳимоятанд, дар зарфи 15 рӯзи баъди муқаррар кардани назорат аз паси ин шахсон пешниҳод намоянд.


Моддаи 12. Дастгирии давлатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар иҷрои вазифаҳои он мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур бо назардошти чораҳои моддӣ ва ғайра дастгирӣ менамоянд.

2. Озод намудани Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ҳамчунин кӯмаки молиявии барномаҳои махсусе, ки ҷавобгӯи вазифаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.


Моддаи 13. Маблағгузории фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Андозаи маблағгузории давлатӣ барои пардохти ҳаққи узвияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, пардохтҳои маблағгузории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва барои иҷрои барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ муқаррар карда мешавад.

2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳақ доранд ташкилотҳои минтақавӣ ва маҳаллии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ намоянд.

3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон метавонад хайрия ва кӯмакҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакл қабул намояд.

4. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон метавонад ҳар навъи моликиятро, ки барои амалӣ намудани вазифа ва ҳадафҳояш лозим медонад, ба даст оварад, молик бошад ва ихтиёрдорӣ кунад.


Моддаи 14. Ҷудо намудани биноҳо барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Биноҳоро барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии он ҷиҳати таъмини фаъолияти онҳо, инчунин ҷойгиронии мақомоти идораи он мақомоти иҷроия ва намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунанд.
Моддаи 15. Моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад, ки ба паҳн кардани ақидаҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба барномаҳои фаъолияти Ҷамъияти мазкур равона шудааст. Мӯҳлат, тартиб ва шарти гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Ҷамъияти мазкур дар асоси барномаи гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои гузаронидани чорабиниҳо дар доираи моҳвораи Ҳилоли Аҳмар, аз майдонҳои варзишӣ, боғ ва дигар иншооти фарҳангӣ - иҷтимоӣ истифода карда метавонад.


БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.


Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,

592

Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет