Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шавад.
2. Ҳайати Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Низомномаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2013, № 290
ш. Душанбе
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2013, №290
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раис
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раис
Аъзои Шӯро:
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» - Котиби Шӯро;
Роҳбари мақомоти марказӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои бастани созишнома бо шарики хусусӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ваколат дорад (узви муваққатӣ).
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2013, №290
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд - Низомнома) расмиёти фаъолияти Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусиро (минбаъд - Шӯро) муқаррар ва танзим менамояд.
2. Шӯро мақоми мушовара дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таъсис дода шудааст.
3. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
2. Ташкили фаъолияти Шӯро
4. Ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии Шӯро оид ба лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, расмиёти интихоби тендерӣ, созишнома оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ҳалли баҳсҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» танзим карда мешаванд.
5. Ҷаласаҳои Шӯро тибқи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаҳо аз ҷониби раиси Шӯро муайян карда мешавад.
6. Маҷлиси Шӯро вақте салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на камтар аз 5 аъзои ҳайати он иштирок намоянд.
7. Раиси Шӯро на дертар аз чордаҳ рӯзи тақвимӣ аъзои Шӯроро хаттӣ хабардор сохта, ҷаласаро даъват менамояд ва ӯҳдадор аст, ҷаласаи ғайринавбатиро дар сурати гирифтани дархости хаттӣ оид ба таъйин намудани ҷаласа аз ҷониби на камтар аз панҷ аъзои Шӯро даъват кунад.
8. Дар сурати ба вуҷуд омадани масъалаи фаврӣ, сарфи назар аз талаботи пешбининамудаи банди 7 Низомнома, ҷаласаи ғайринавбатӣ аз ҷониби Раиси Шӯро бо ирсол намудани огоҳинома (барқия, занги телефонӣ) даъват карда мешавад.
9. Раиси дар ҷаласаи Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро анҷом дода мешавад ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ, раисӣ аз ҷониби муовини Раиси Шӯро анҷом дода мешавад.
10. Қарори Шӯро оид ба ҳамаи масъалаҳои бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласа ҳузурдошта қабул ва дар шакли протокол дар бланкаи Шӯро ба расмият дароварда мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳо, шахси дар ҷаласа раисикунанда овози ҳалкунанда дорад.
11. Ҳангоми аз ҷониби Шӯро баррасӣ гардидани масъалаи додани розигӣ оид ба лоиҳаи пешниҳоднамудаи шарикии давлат ва бахши хусуси мутобиқи моддаҳои 14 - 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» роҳбари мақомоти марказӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии масъули соҳае, ки лоиҳаи пешниҳодшуда ба он тааллуқ дорад, ба таври муваққатӣ ба ҳайати Шӯро бо ҳуқуқи як овоз ворид карда мешавад.
12. Протоколи ҳар як ҷаласаи Шӯро аз ҷониби Котиби Шӯро тартиб дода мешавад, ки онро Раиси Шӯро имзо ва мӯҳр мегузорад. Протоколҳои ҷаласаҳои Шӯро дар Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» маҳфуз дошта мешаванд.
13. Дар мавриди зарурӣ Шӯро метавонад шахсонеро (шахсони воқеӣ, роҳбари шахси ҳуқуқӣ, коршиносон ва ғайра), ки ҳузури онҳоро Шӯро барои иштирок кардан ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои ба баррасии ҷаласа пешниҳодшуда лозим медонад, бе ҳуқуқи овоз даъват намояд.
14. Агар масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишаванда бевосита ё ғайримустақиман ба манфиатҳои аъзои Шӯро ё шахсони дар ҷаласа иштироккунанда дахл дошта бошанд, пас онҳо вазифадоранд, ки қабл аз оғози ҷаласа ин ҳолатро ошкор намоянд. Шахсони мазкур набояд дар баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи мазкур ё дар овоздиҳӣ аз рӯи ҳама масъалаҳое, ки ба мӯҳтавои муҳокимаи мазкур дахл доранд, иштирок намоянд.
15. Мутобиқи банди 14 Низомнома агар манфиатдорӣ изҳор карда шуда бошад, ба протоколи ҷаласае, ки дар он манфиатдорӣ изҳор гардид, қайд карда мешавад.
16. Дар ҳама ҷаласаҳои Шӯро Котиби Шӯро иштирок менамояд. Дар сурати ҳузур надоштан, ӯро иҷрокунандаи вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бе ҳуқуқи овоз иваз мекунад.
17. Шӯро ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамояд.
3. Муқаррароти хотимавӣ
18. Шӯро метавонад ҳамаи баҳсҳо оид ба шарикии давлат ва бахши хусусиро баррасӣ намояд.
19. Таъминоти ташкилию методӣ ва техникии фаъолияти Шӯро аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
20. Шӯро шахси ҳуқуқӣ набуда, дорои бланкаи расмӣ ва мӯҳри мудаввар мебошад.
Достарыңызбен бөлісу: |