Нурулҳақов Қ.- номзади илми фалсафа, дотсент,
Сардори Шӯъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази
исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақши арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар таҳкими давлати миллӣ
Масъалаи таносуби нақши арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, дар раванди бунёди давлати миллӣ ва навсозӣ (модернизатсия) - и ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказū ба монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим касб кард. Истиқлолияти миллию давлатӣ ба болоравии худшиносии миллӣ ва динӣ мусоидат карда, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ афзуд. Зеро эҳё ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ -фарҳангӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои маънавии истиқлолияти миллию давлатӣ ба ҳисоб меравад. Таваҷҷӯҳ ба таъриху фарҳанг дар ин давра дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳси доманадорро дар атрофи масъалаи нақши арзишҳои миллию мазҳабӣ дар ҷомеаи навин ва рушду такмили давлати миллӣ байни доираҳои мухталифи ҷомеаи тоҷик-зубдагони зеҳнӣ, динӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд овард. Махсусан масъалаи интихоб намудани шакли сохтори давлатӣ ҳамчун омили рушди минбаъдаи ҷомеа ин баҳсро дар заминаи таносуби дунявият ва руҳоният шиддат дод. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд тарафҳои муқовиматкунанда дар раванди сулҳ ба созишу ҳамкорӣ омада роҳи ҳалли масъаларо дарёфтанд ва дунявият ба сифати сохтори давлатӣ дар сатҳи қонунгузорӣ эътироф гардида, заминаи ҳуқуқии мувозиро барои нақшу рушди арзишҳои миллию динӣ дар давлати миллӣ муҳайё сохт, вале баҳси мавзӯи мазкур то ҳол давом дорад. Ин баҳс аслан аз солҳои 90-уми садаи XX оғоз ёфта буд ва дар айни замон доир ба ин масъала чанд назари мухталиф дар доираҳои илмию фарҳангӣ мавҷуд аст. Онро метавон яке аз баҳсҳои ҷиддитарини рӯз номид. Зеро он танҳо як баҳси назарӣ набуда, пеш аз ҳама ҷанбаи амалӣ низ дорад, марбут ба масоили амнияту суботи ҷомеа аст.
Баъзе муҳаққиқон як андоза кӯшидаанд, ки мазмуну мӯҳтавои мухталифи дар мавзӯи мазкур баёншударо гурӯҳбандӣ намоянд.1 Аммо ба масъала агар возеҳтар нигарем, маҷмӯи назарҳои мухталифи роҷеъ ба таносуби нақши арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар худшиносии миллӣ матраҳ гардидаро метавон ба тариқи зайл гурӯҳбандӣ кард.
Назари аввал бештар дар байни баъзе аз намояндагони доираҳои мазҳабии ислоҳхоҳ, расмӣ ва махсусан ҲНИТ мавриди эътироф касб кардааст. Мазмун ва миқёси ин назар аз он иборат аст, ки дар фарҳанги муосири мо арзишҳои исломию миллӣ мақому нақши хос дошта, бояд эҳё ва ҳифз карда шаванд. Масалан ҲНИТ ҳарчанд аз нав эҳё намудани фарҳанги миллиро яке аз ҳадафҳои фаъолияти худ дониста, фарҳанги миллиро аз пайванди арзишҳои исломӣ ва арзишҳои тоисломии тоҷикӣ таркибёфта иборат медонад, ки ин фарҳанг, ҳам дар сатҳи назария ва ҳам дар сатҳи амалия ҷудонопазир мебошад, вале аз назари сарварони ҲНИТ дар таркиби фарҳанги миллӣ арзишҳои исломӣ мавқеи марказӣ дошта, шаҳсутуни онро ташкил медиҳанд.
Дар ин маврид С.А.Нурӣ гуфт: «Меҳвари асосии фарҳанги миллии Тоҷикистон дин ва сутунмӯҳраи фарҳанги миллӣ ислом аст»2. ҲНИТ дар ҳамин замина фарҳанги исломиро омили ваҳдат ва нуқтаи васли ҳамагон донистааст. Ин навъи биниши фарҳанги миллиро имрӯз низ роҳбарону фаъолони ҲНИТ идома ва такмил медиҳанд. Раиси ҳизб М.Кабирӣ чигунагии мактаби сиёсии ҲНИТ-ро шарҳ дода, арз медорад, ки мактаби ҳизб «дар асоси се навъи арзишҳо бино шудааст, арзишҳои динӣ, миллӣ ва умумибашарӣ». Мо ояндаи кишвари худро дар созиш додани ин се арзиш мебинем, ки инсон тавонад дар чаҳорчӯбаи ин се арзиш як ҳаёти саодатманд ва бошарафона дошта бошад»3. Ба андешаи ӯ пайванди ин се арзиш ҳатто метавонад асоси модели нави ҷомеасозӣ ва давлатдорӣ дар минтақа бошад. М.Кабирӣ ҳатто ин андешаро аз номи ҳизб соли 2006 дар ҷаласаи парлумони кишвар, ки ҳайати нави Ҳукумати Тоҷикистонро таъин карда буд, ҳамчун усули фаъолияти он тавсия медиҳад. «Мехостам ба ҳукумати навтаъсис тавсиаеро барои фаъолияти ояндаашон аз номи ҳизби худ пешниҳод намоем. Он ҳам бошад риояи се навъи арзишҳо дар тамоми фаъолияти ҳукумат ва идораи давлат аст. Якум, арзишҳои миллӣ, дуюм, арзишҳои исломӣ ва сеюм, арзишҳои умумибашарӣ. Агар мо тавонем бо созиш додан ва дар заминаи ин се навъ арзишҳо модели нави ҷомеасозӣ ва давлатдориро ба минтақа пешниҳод намоем, пас метавон гуфт, ки ин ҳама заҳматҳои миллати мо беҳуда нарафтаанд4. Ҳамин тариқ чунин тарзи мавқеъгирии намояндагону сарварони ҲНИТ-ро роҷеъ ба фарҳанги миллӣ ва сохтори онро метавон дар фазои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун як раванди нек донист.
Ҷонибдорони назари дуюмро доир ба масъалаи таносуби арзишҳои миллию мазҳабӣ дар фарҳанги миллии муосири мардумони эронӣ мо дар андешаронии донишмандони эронӣ мушоҳида менамоем. Мазмуни ин назар асосан аз он иборат аст, ки фарҳанги муосири мардумони эронӣ бо вуҷуди хусусияти миллӣ доштан дар асли худ аз арзишҳои исломӣ иборатанд, зеро ислом тӯли қариб чордаҳ сада ба тамоми қишрҳои ҳаёти мардумони ғайри араб ворид гардида, фарҳанги онҳоро исломӣ кунонидааст ва арзишҳои тоисломӣ имрӯз дар ин фарҳанг дигар нақши арзанда надоранд. Масалан намояндаи олимони исломии эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ миллатпарастиро падидаи аврупоӣ ба қалам дода, ба миллату қавмият ҳеҷ иртиботе надоштани ислом ва миқёсҳои ҷаҳонӣ доштани онро таъкид сохта5, аз номи пайғамбари Акрам(с) «ифтихор ба ақвоми гузаштаро як чизи ганднок «хонда»6, кеши монавӣ ва маслаки маздакӣ»-ро ба сабаби аз ҷониби Ирониён пуштибонӣ наёфтан «Падидаи миллӣ» намеҳисобад7 ва исломро бо арзишҳои зардуштӣ муқобил гузошта мегӯяд, ки муборизони роҳи озодии мардумони Иронӣ «Ҳаргиз ҷои қаҳрамонони исломиро дар дили Ирониён нахоҳанд гирифт, ҳаргиз ал-Муқаннаъ ва Синдбоду Бобаки Хуррамдин ва Мозиёр ҷои Алӣ бинни Абӯтолиб ва Ҳусайн бинни Алӣ ва ҳатто Салмони Форсиро дар дили Ирониён нахоҳанд гирифт»8. М. Мутаҳҳарӣ ин андешаи худро бо ривояте аз номи паёмбари ислом асоснок карда навиштааст: «Насаби ифтихоромези ҳар кас дини ӯст»9. Ҳамин тариқ ба ақидаи ӯ маҳз «Ислом Ирониро ҳам ба худаш шиносонд ва ҳам ба ҷаҳон».10 М. Мутаҳҳарӣ ҳарчанд ба нақши бузурги мардумони эронӣ дар густариши ислом ва инкишофи фарҳанги исломӣ қоил аст ва ба фарҳанги миллии мардуми эронӣ аз ҳамин дидгоҳ муносибат мекунад, вале дар нисбати фарҳанги тоисломии мардумони эронитабор, ба андешаи мо, бидуни таҳқиқи воқеибинона аз мавқеи тавассути динӣ яктарафа баҳо додааст. Чунки аз ҷониби ӯ ҳамаи арзишҳои тоисломии мардумони форсу тоҷик, ки дар тамоми давраҳои мавҷудият ва тарақиёти онҳо аҳамияти тақдирсоз доштанд, ба осонӣ инкор карда мешаванд. Ҳарчанд М. Мутаҳҳарӣ аз эронӣ будани худ ифтихор карда нақши эрониро дар рушди фарҳанги исломӣ шоиста меҳисобад, аммо ҳини нақшу мақоми арзишҳои тоисломии эрониёнро дар фарҳанги миллии онҳо ва ғанигардии фарҳанги исломӣ инкор кардан ва фарҳанги миллии форсу тоҷикро дар доираи таърих ва фарҳанги исломӣ маҳдуд сохтан беихтиёрона дар ин масъала ба мавқеи сарони ҳаракатҳои ваҳобия, салафия, ҳизбуттаҳрир ва ғ. наздик мешавад ва ба ин масъала ӯ сирф аз нигоҳи як рӯҳонӣ нигаристааст. Чунки мо чунин тарзи баҳодиҳӣ ба арзишҳои миллӣ ва махсусан тоисломии мардумони ғайри арабро дар шакли ифротитар дар андешарониҳои сарону пайравони мазҳабҳои мазкур низ мушоҳида мекунем. Масалан ақидаи муқобил будани ислом ба ифтихороти миллиро намояндаи Ҳизбуттаҳрир Абулқадим Заллум дар рисолааш бо номи «Низоми ҳокимият дар ислом» ба таври зайл баён кардааст: «Дар давлати исломӣ… ба мафҳуми миллатпарастӣ низ эътибор додан ҷоиз нест… Дар давлати исломӣ ба мафҳуми ватанпарварӣ низ ҷой додан лозим нест».11
Мувофиқи ақидаи онҳо имрӯз дар ҷомеаи мусулмонӣ ягона мафкураи қудратманд ислом аст. Албатта чунин андеша ҷои баҳс надорад…. Вале сарварони ҳаракату ҳизбҳои сиёсӣ-динии номбурда бо ин тезис исломи давраи паёмбар ва хулафои рошидинро ба фарҳангҳои миллӣ ва аз ин роҳ ба вуҷудияти давлатҳои миллӣ муқобил гузошта, консепсияи эҳё кардани хилофатро талқин менамоянд, ки хилофи манфиатҳои миллии мардумони мусулмон мебошад. Агар М. Мутаҳҳарӣ миллатпарастиро падидаи аврупоӣ донад, сарварони ҳаракату ҳизбҳои мазкур ҳамчунин демократияро дар асли худ бегона ба ислом ва низоми куфри Ғарб меҳисобанд. Масалан асосгузори «Ҳизб-ут-таҳрир» Тақиуддин Набаҳонӣ ҳама гуна арзишҳои миллӣ ва мавҷудияти давлати миллиро дар ҷомеаи мусулмонӣ рад карда, вазифаи ҳизби худро аз барпо кардани низоми идории хилофат»12 медонад.
Салафия низ тақсим кардани мусулмононро аз рӯи аломатҳои миллӣ, ҳизбӣ ва иҷтимоӣ рад карда, мазҳабро чун як мактаби алоҳидаи пайравӣ намудан аз ислом бидъат меҳисобад. Салафия на танҳо арзишҳои миллиро инкор мекунад, ҳатто аз рӯи баъзе масоили назарию амалӣ он бо мазҳаби ҳанафӣ, ки барои тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказū аҳамияти арзишии миллӣ касб кардааст, ихтилоф дорад. Махсусан нисбат ба мазҳаби исмоилия, тариқаи суфия, ки дар тафаккури динии тоҷикон ҷойгоҳи хосро молик аст, муносибати бештар хасмона дошта, онро ширк медонад. Албатта, чунин тарзи муқобилгузории арзишҳои миллию мазҳабӣ ва арзишҳои миллиро ҳамчун куфр баҳо додан аз ҷониби ваҳобияву салафия ба фароҳам овардани низоъи байнимазҳабӣ метавонад мусоидат намояд ва боиси таҳдид ба суботу амнияти ҷомеа гардад13.
Ҷонибдорони назари сеюм нақши арзишҳои исломию миллиро дар ҳастии миллати тоҷик ва эҳёю рушди он таъкид сохта, вале ба нақши арзишҳои миллии тоисломӣ ва махсусан забони форсӣ-тоҷикӣ дар ҳастию бақои миллат афзалият медиҳанд. Чунончӣ М. Шакурӣ асоси ҳастии миллатро дар забон ва маънавият дониста мегӯяд: «Забон аст, ки ин нишонаҳои ҳастии мардумонро ба ҷилва меорад, ба худи онҳо ва дигарон намоиш медиҳад, барои устуворӣ ва ривоҷу равнақи ҳар кадоме аз он аломатҳо замина тайёр мекунад».14 Аз ин гуфтаҳои Шакурӣ чунин бармеояд, ки забон яке аз рукнҳои асосии андешаи миллии мо бояд бошад ва ҳифзу рушди он муҳимтарин омили ташккули худшиносии миллӣ аст. Ин консепсияро файласуф К. Бекзода ва профессор А. Сатторзода низ тақвият бахшидаанд. А. Сатторзода масъалаи таносуби худшиносии динū ва миллиро мавриди таҳқиқ қарор дода, пайванди ин ду эҳсосотро таъқид месозад, ба ҳам муқобилгузории онҳоро хилофи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ карда, андешаҳои тазодии уламои исломро дар ин масъала баррасū ва муқоиса намуда, дар охир ба чунин хулоса меояд: «Дар ин баҳс ҳақ ба ҷониби онҳое мебошад, ки бартарии худшиносии миллиро бар худшиносии динӣ мепазиранд. Боиси хурсандист, ки дар Тоҷикистон маҳз ҳамин гуна фаҳмиш имтиёз дорад»15.
Андешаи Сатторзодаро тақвият бахшида, бояд қоил бошем, ки худшиносии миллии мо на танҳо дар асоси ҳифзу рушди арзишҳои мазҳабӣ, чуноне, ки баъзеҳо маҳз чунин меҳисобанд, инчунин дар асоси тамоми анъанаҳои фарҳангии мо, ки таърихи зиёда аз панҷҳазорсола доранд, инкишоф меёбад.
Ҷонибдорони назари чорум дар онанд, ки « Исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост»16, зеро ин мавзӯъ бевосита ба масоили амнияти миллӣ мансуб аст. Аз ин лиҳоз «худшиносии динӣ (исломӣ) ҷузъи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад»17 ва рӯҳонияти Тоҷикистон «набояд манофеи миллӣ ва исломиро ба ҳам зид бинанд ва ё мутаъориз нишон диҳанд»18. Ин назарро Шоазимов П. ва Ҷононов С. низ пайгирӣ кардаанд19.
Ҳамин тариқ доир ба масъалаи нақши арзишҳои миллию мазҳабӣ дар худшиносии миллӣ ва таҳкими давлати миллӣ дар доираҳои гуногуни динӣ, зеҳнӣ ва сиёсӣ фаҳмишу назарҳои мухталиф ҷой дорад. Агар биниши яке аз доираҳо ё фардҳо манфиати гурӯҳӣ ё андешаи фардии онҳоро ифода кунанд, назари доира ва фардҳои дигар манофеи миллӣ – умумидавлатиро инъикос менамояд.
Ба андешаи мо, барои он ки нақши арзишҳои миллӣ ва мазҳабиро дар таҳкими давлати миллӣ нишон диҳем, аввалан зарур аст, ки таносуби ин арзишҳоро дар таркиби фарҳанги миллӣ равшан созем. Зеро яке аз пояҳои давлати миллӣ ин мавҷудияти фарҳанги миллии нодир ва нотакрор буда, дар айни замон ин масъала бевосита ба мавзӯи муносибати мутақобилаи давлату дин ва ҳамзистии ҳуввияти миллию динӣ дар фазои давлати миллӣ робитаи зич дорад. Ҷойгоҳи арзишҳои миллию мазҳабӣ дар таркиби фарҳанги миллӣ ва возеҳияти ин арзишҳо чӣ дар андешаю худшиносии миллӣ ва чӣ дар таҳкими давлати миллӣ аз хусусият ва нақшу мақоми таърихии ин арзишҳо дар муайянсозии тақдири халқу миллати муддаӣ ба ин фарҳанг бармеояд. Зиёда аз ин ҳангоми баҳо додан ба масъалаи мазкур хусусияти этнофарҳангии дини исломро дар замони зуҳури он, аз як тараф, ва сатҳу вазъи фарҳангӣ-маънавии халқҳои тоҷику форсро, ки баъдтар исломро қабул карданд, аз тарафи дигар, ба назар гирифтан зарур аст.
Мусаллам аст, ки ислом дар баробари дини тавҳидӣ будан, дини ҳамагонӣ ё оламватанӣ (космополитикӣ) низ ҳаст. То зуҳури динҳои ҷаҳонū, аз ҷумла ислом динҳои тавҳидии дигар ба монанди зардуштия, яҳудия ва ғайра низ буданд. Вале аз сабаби дар ҳудудҳои муайяни миллӣ маҳдуд шудан ин динҳо хусусияти ҳамагонӣ касб карда натавонистанд, ҳарчанд баъзе фарҳангшиносони Ғарб зардуштияро аз аввалин динҳои ҷаҳонӣ донистаанд20. Зеро зардуштия бо вуҷуди асосан дини мардуми эронӣ будан ба баъзе манотиқи дигар ба монанди Ховари Миёнаю Шарқи наздик, Қафқозу баъзе ноҳияҳои Балкан таъсири худро гузаронида буд.
Барои хусусияти ҳамагонӣ касб кардани ин ё он дин танҳо барандаи идеяи тавҳид будани он кифоя нест. Барои ин мавҷуд будани омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва вуҷуд доштани талаботҳои маънавӣ низ зарур аст, ки дар манотиқ ва замони амалкарди динҳои тавҳидии тоисломӣ чунин омилу талаботҳо ҳанӯз фароҳам наомада буданд, яъне ҷомеа ҳанӯз барои қабули он тайёр набуд. Дини ислом бошад дар замоне зуҳур кард, ки дар минтақаҳои зуҳуру густариши он шароиту талаботҳои зарурӣ барои густариши он ба вуҷуд омада буданд. Ислом, ки дар сарҳад ва пайванди ду тамаддуни бузург (византӣ ва эронӣ) зуҳур ёфта буд, бо баҳрабардорӣ аз ин ду тамаддун ва бо ҳам пайвастани он тавонист ҳамчун як падидаи ҷадид аввал маҳз дар ҳамин манотиқ густариш ёбад ва хусусияти ҳамагонӣ касб намояд. Бинобарон ислом ҳамчун дини тавҳидӣ ва инъикоскунандаи баробарии ҳамаи одамон дар назди Худо ба халқҳои гуногун бидуни мансубиятҳои нажодӣ, этникӣ-миллӣ ва иҷтимоӣ муроҷиат намуд. Дар натиҷа мансубияти динӣ ҳамагуна шаклҳои мансубияти дигар, махсусан мансубияти миллиро иваз кард. Дар ислом миллат ва дин як маънӣ дошта, дар Қуръон мафҳуми миллат ба маънои умумияти динии одамон истифода шудааст. (Қуръон: 2:135; 177 ва ғ.) Дар ин маврид М.Мутаҳҳарӣ мегӯяд: « Миллат дар истилоҳи Қуръон ба маънои роҳу равиш ( роҳу равиши Иброҳим- Н.Қ.) ва тариқае, ки аз тарафи як роҳбари илоҳӣ бар мардум арза шудааст»ва ин калима дар 15 ояти Қуръон ба ҳамин маънӣ омадааст.21
Ҳамин тариқ дар ислом аз ибтидо идеяи тақсим кардани одамон аз рӯи аломати этникӣ-миллӣ вуҷуд надошт. Моҳияти тавҳиди исломиро Аҳмад Шалабӣ дар ҳамин матн хеле хуб ифода намудааст. «Эй мардум! Худои Шумо якест. Ва падари Шумо низ якест. Ҳамаи Шумо аз Одам ба вуҷуд омадаед. Ва Одам аз хок. На арабӣ бар аҷамӣ (ғайриараб-Н.Қ.) ва на аҷамӣ бар арабӣ ва на сурхпӯст бар сафедпӯст ва на сафедпӯст бар сурпӯст фазлу бартарие дорад ба ҷуз дар тақводорӣ (худопарастӣ, диндорӣ)». 22
Модоме ки ислом дар сатҳи назария миллатро ҳамчун умумияти этникӣ-фарҳангӣ намепазирад, пас дар доираи тафакури исломӣ арзишҳои миллӣ низ ҳамчун падидаи мустақил аҳамияти хос пайдо намекунанд. Дар заминаи айнияти дину миллат арзишҳои динию миллӣ низ айният ёфта ҳуввияти динӣ аз ҳуввияти миллӣ афзалият пайдо менамояд.
Азбаски ислом дар муҳити иҷтимоӣ-фарҳангии аъроб зуҳур ёфта ва Қуръону дигар муқаддасоти ислом бо забони арабӣ иншо гардида буд, ҳуввияти динии аъроб бевосита таҷассумгари ҳуввияти миллии онҳост. Бинобарон дар сатҳи фарҳангию сиёсӣ ҳарчӣ қадаре ки ҳуввияти худшиносии динии арабҳо боло гирад, ҳуввияту худшиносии миллии онҳо низ инкишоф меёбад. Аз ин рӯ, дар аъроб ҳуввияти миллӣ дар нақшу симои ҳуввияти динӣ ифода меёбад. Барои арабҳо ҳуввияти миллӣ ба он маъное, ки ғайриарабҳо онро мефаҳманд, вуҷуд надорад. Зеро ин ду навъи ҳуввият ва худшиносӣ барои аъроб комилан ҳаммаъноянд.
Вале як нуқтаро бояд ёдрас кард, ки ҷавҳари ҳамагонӣ будани ислом асосан дар идеяи тавҳид таҷассум ёфтааст. Он танҳо дар сатҳи яктопарастӣ ягонагию баробарии одамонро бидуни мансубияти нажодию миллӣ ва иҷтимоӣ таҷассум мекунад. Зеро хусусияти ҳамагонии ислом асосан дар сатҳи назария боқӣ монд. Дар сатҳи амалия бошад он фарқиятҳои этникӣ-миллиро комилан аз байн бурда натавонист. Ислом ба сабаби дар муҳити мушаххаси этникӣ-фарҳангии арабӣ ва шароитҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мафкуравӣ-сиёсии нимҷазираи Арабистон зуҳур карданаш дар ибтидо асосан хусусиятҳои этникӣ-фарҳангӣ ва тарзи зиндагию мафкуравии ҳамон муҳити иҷтимоиро, ки хоси аъроб буд, инъикос карда ҳамчун дин (мафкура)-и миллӣ ташаккул ёфт. Дар ислом ҳифз ёфтани бисёр расму оин ва анъанаҳои тоисломии аъроб ба сифати суннатҳои исломӣ аз он шаҳодат медиҳад. Яке аз сабабҳои маҳз дар муҳити Шарқ густариш ва маҳдуд шудани ислом низ дар ҳамин хусусияти зуҳурёбии он аст.
Аз ин рӯ, дар ҳамон шароит ва дар ҳамин матн дини ислом баробари дар сатҳи ҷаҳонбинӣ ҳамагонӣ будан дар сатҳи амалия (расму оин, анъана, маросимҳо ва ғ.) барои аъроб фарҳанг ва дини миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ислом барои аъроб ҳам арзиши динӣ ба ҳисоб мераваду ҳам арзиши миллӣ. Дар фарҳанги аъроб ин ду арзиш бо ҳам тавъам буда, бо ҳам айният доранд ва онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан комилан имконнопазир аст. Он арзишҳои мусбие, ки дар давраи ҳукмронии мафкураи бутпарастӣ дар фарҳанги тоисломии аъроб вуҷуд доштанд, бо зуҳури Ислом ва баъди он тадриҷан таҳаввул ёфта, ба фарҳанги исломии аъроб ворид шуданд ва имрӯз чун фарҳанги миллии аъроб арзи вуҷуд доранд. Бинобарин барои халқҳои араб масъалаи ба арзишҳои динию миллӣ тасниф кардани фарҳанги миллӣ вуҷуд надорад. Аз ин назар ақидаи сарварону намояндагони мазҳабу ҳаракатҳои исломие чун ваҳобия, салафия, ҳизбуттаҳрир ва руҳониёне, ки миллатгароиро дар ислом бидъат ҳисобида, арзишҳои миллии халқҳои мухталифро барои ислом бегона ва куфр медонанд, дар асли худ низ ҳаракату мазҳабҳои миллатгаро буда, тавассути аз номи ислом инкор кардани арзишҳои миллии халқҳои дигар ҳадафашон ҳифзи манофеи давлатҳои қудратталаби аъроб ва манфиатҳои гурӯҳӣ мебошад. Чунки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва вуҷуди давлатҳои миллӣ барои пиёда сохтани ҳадафҳои стратегии арабизм, ки дар он манофеи баъзе давлатҳои қудратманд низ ниҳон аст, монеа эҷод менамояд. Масъала инҷо асосан хусусияту ҳадафи сиёсӣ дорад, на ғамхорӣ дар ҳақи ислому мусулмон мебошад.
Барои халқҳое, ки то зуҳур ва густариши ислом дар кишварашон соҳиби фарҳангу тамаддуни маънавиасос буда, давраи бутпарастиро дар он шакле, ки ҳанӯз дар қарни VII дар аъроб буд, кайҳо аз сар карда, эътиқод ба худои ягона, нубувват, ба маъод ва китоби муқаддас доштанд, масъалаи таносуби арзишҳои миллию мазҳабӣ аҳамияти хос дорад. Зеро онҳо баъди ғасби аъробу густариши ислом асосан тавассути ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба ҷаҳонбинии исломӣ мутобиқ сохта, тараққӣ додани ин арзишҳо тавонистанд мавҷудият ва чеҳраи миллии худро ҳифз намоянд. Фарҳанги муосири ин халқҳо дар баробари арзишҳои мазҳабӣ аз арзишҳои миллӣ, аз ҷумла тоисломӣ низ иборат аст, ки барои онҳо аҳамияти тақдирсоз доштааст.
Тоҷикон аз ҷумла халқҳоеанд, ки хеле пештар аз зуҳури ислом ба шинохти моҳияти оламу одам, маънои зиндагӣ, неку бад ва ғ. майли тамом доштанд ва дорои андешаи фалсафӣ буданд. Аз ин ҷост, ки онҳо хеле барвақт таълимотҳои фарогирандаи динӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиро доир ба масоили оламшиносӣ ва инсону ҷомеа эҷод кардаанд. Аз ҷумла дар таърихи адён Зардушт буд, ки нахуст ситоиши эзидони пешинро инкор карда, ниёиши худои ягонаро пешниҳод кард23. Эронишиноси амрикоӣ Мэри Бойс мегӯяд, ки Зардуштия аз қадимтарин дини ҷаҳонии ваҳйӣ мебошад. Он бавосита ё бевосита аз динҳои дигар дида ба башарият бештар таъсир расонидааст24. Таъсири зардуштия ба дини яҳудия хеле зиёд аст. Идеяи шинохти худои ягона Яҳво дар зери таъсири зардуштия пайдо шудааст. Дини яҳудӣ бо зардуштия умумиятҳои зиёд дорад.25
Файласуф ва фарҳангшиноси олмонӣ Карл Ясперс тамаддунҳои қадими Байнаннаҳрайн ва Мисри Қадимро ба сабаби «равшангарии фалсафӣ» надоштанашон тамаддунҳои маънавиасос намеҳисобад ва онҳоро ба тамаддунҳои «пеш аз таърих» тааллуқ медонад. Ба андешаи ӯ асли таърих аз фаъолияти олии маънавӣ, аз ҳаёти маънавӣ, ки «равшангарии фалсафӣ» дорад, оғоз мешавад ва ин ҳаёти маънавӣ аз «замони меҳвар» дар Чин, Ҳинд, Эрон, Фаластин ва Юнон оғоз шудааст26. «Замони меҳвар» «фарҳангҳои меҳвар»-ро ба бор овардааст, ки ин фарҳангҳо то замони муосир ҳамчун меҳвари тамаддуни ҷаҳонӣ хизмат кардаанд ва дар атрофи онҳо фарҳанги халқу миллатҳои гуногун ташаккул ёфта, ба камол расидаанд. К. Ясперс Эрониёнро яке аз «халқҳои меҳвар» ҳисобида Зардуштро сардафтари тафаккури фалсафӣ, поягузори ҳаёти маънавӣ ва таърихи ҷаҳон меҳисобад ва дар охир таъқид месозад, ки сарчашмаи умумии рушди инсониятро аз таърихи Осиёи Миёна бояд ҷуст27.
Ҳамин тариқ ҳанӯз то зуҳури ислом дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ эрониён, махсусан ниёгони тоҷикону форсҳо соҳиби арзишҳои маънавие буданд, ки аҳамияти умумибашарӣ доштаанд. Халқҳои тозавориди Осиёи Марказӣ бисёр расму анъана ва одату суннатҳои мардуми бостонӣ ва таҳҷойи ин сарзамини тоҷиконро аз худ намуда, имрӯз расму анъанаҳои миллии худ медонанд. Бинобарон баъди густариши ислом дар ин сарзамин ин арзишҳои маънавии тоҷикон на танҳо аз байн нарафтаанд, балки аз нав дар шаклҳои мухталиф эҳё гардида, рушд ёфта, ба фарҳанги ислом ворид шудаанд.
Густариши ислом ҳарчанд тарзи биниши тафаккури динии форсу тоҷиконро тағйир дод, вале дар зери таъсири фарҳангҳои миллии онҳо арзишҳои исломӣ худ низ тағйир ёфта, хусусияти этникӣ-миллӣ касб карданд. Ислом эътиқодоти динии бисёр халқҳоро аз байн бурда дар айни замон як қатор арзишҳои маънавии онҳоро қабул кард. Бо вуҷуди хусусияти оламватанӣ доштан ҳангоми ба ҳаёти умумиятҳои этникии гуногун ворид шудан ба хусусиятҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию сиёсии онҳо мутобиқ гардида, худ низ ба таҳаввулу тағирот дучор омадааст: Масалан дар муҳити маънавии Эрониён зардуштияю монавия ва маздакия барин афкори диннию фалсафӣ ва иҷтимоии бонуфузе буданд, ки дар таърихи маънавиёти на танҳо худи тоҷикону форсҳо, инчунин юнониёну римиҳо ва минбаъд арабу туркҳо нақши равшан гузоштаанд; Ба гуфти Питер Авери «Ақидаҳои динии эрониён ба ислом амиқан ворид гардидаанд. Ислом дар баробари аз байн бурдани таъсири динҳои дигар аз ҳисоби онҳо қавитар ва ҳаётитар шуд»28, ки дар натиҷа ислом на танҳо ба сифати як дини ҷаҳонӣ, ҳамчунин як фарҳангу тамаддуни башарӣ тараққӣ ёфт. Аз ин рӯ, бисёр исломшиносони Ғарб дар он ақидаанд, ки дар мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани ислом фарҳанги тоисломии мардумони эронӣ нақши муҳим бозидааст. Чуноне ки Г. Грюнебаум мегӯяд, «омезиш ёфтан бо анъанаи давлатдории форсӣ исломро универсалӣ намуд. Ин маънои онро дошт, ки ба низоми умумии идеологии манотиқи мусулмонӣ принсипҳои сиёсии коркардшуда, ки сиёсатро худ ба худ бе зарурияти иртибот доштан бо дин танзим менамуд, ворид гашт».29
Намояндагони фарҳанги тоҷику форс арзишҳои тоисломии эронӣ ва юнонию римиро бо арзишҳои исломӣ омезиш доданд, ки дар натиҷа як фарҳанги нави миллӣ ба вуҷуд омад. Натиҷаи ҳамин синтези фарҳангӣ буд, ки фарҳанги тоҷику форс ва фарҳанги исломӣ умуман мақоми ҷаҳонӣ касб карда, дар якчоягӣ як тамаддуни хоси башариро ташкил доданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳар боре чун сухан аз боби фарҳанги исломӣ меравад, баъзе аз намояндагони руҳонияти ислом арзишҳои тоисломии моро маломат карда, сипас бо ифтихор аз инкишофи илмҳои риёзиёту ҳандаса, маъданшиносию ситорашиносӣ, кимёву физика, тиб, мусиқӣ, тараққиёти санъат, адабиёт ва ғайра дар аҳди густариши ислом ва таъсири онҳо ба тамаддуни Ғарб ёдовар шуда, номи Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Ғиёсиддини Кошонӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯнасри Форобӣ, Насриддини Тӯсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Қозизодаи Чустӣ, Қутбиддини Шерозӣ ва дигаронро ҳамчун намояндагони фарҳанги исломӣ ба забон меоранд. Вале онҳо замина ва сарчашмаи ин дастовардҳои илмиро нодида гирифта, ҳамаи инро зодаи тафаккури исломӣ меҳисобанд.
Албатта ҷои баҳс нест, ки густариши ислом дар манотиқҳои мухталиф ба бархӯрди тамаддунҳои гуногун ва пайдоиши як фарҳанги нав мусоидат намуд. Аммо бо вуҷуди дар манотиқи мухталиф густариш ёфтанаш фарҳанги оламшумули исломӣ тавонист маҳз дар муҳити эронӣ бештар инкишоф ёбад ва онро аз муҳити арабӣ берун кашад. Сабаб дар он буд, ки ҳамаи ин дастовардҳои илмие, ки дар муҳити эронӣ эҷод шуданд, сарчашма ва замина дар фарҳанги тоисломии тоҷику форс доштанд, ки дар натиҷаи муколима ва омезиши фарҳангии Ховару Бохтар, Эрону Юнону Рим ва Ҳинди қадим ба вуҷуд омада буданд. Яке аз намунаи онҳо академияи улуми Гунди Шопур дар аҳди Сосониён мебошад, ки хирадмандони беҳтарини форсу юнону ҳиндро гирд оварда буд ва дар он илмҳои дунявӣ, алалхусус тиб, хеле ривоҷ ёфта буданд, ки мислаш он замон дар ақсои олам вуҷуд надошт. Забони форсӣ-тоҷикӣ, ки дар аҳди ислом ба забони илму адаб табдил ёфт, низ сарчашмаи худро аз забони хаттии Авесто мегирад. Ба гуфти донишманди тоҷик Акбари Турсун «маҳз анъанаҳои дерини фарҳангии қавмҳои эронӣ буданд, ки дар аҳди ислом ба инкишофи минбаъдаи илму фан дар хилофати араб замина шуданд. Дар воқеъ риёзидонон ва ҳайъатшиносони ҳавзаи илмие, ки дар охири қарни VII ва аввали қарни IX дар Бағдод ташаккул ёфта, бо номи «Байтулҳикмат» маъруф шудааст, ҳамагӣ зодагони Хуросон, Мовароуннаҳр, Бохтария ва Фарғона буданд»30.
Ба ҳамин сурат донишмандони тоҷику форс тавонистанд дар асоси анъанаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии бостонии ниёгони худ ва анъанаҳои фарҳангии Юнону Рим дар шакли нав- дар қолиби тафаккури исломӣ таълимотҳои нави фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро эҷод намоянд, ки дар рушди фарҳанги исломӣ нақши муттаассир дошта ба фарҳанги Шарқу Ғарб низ таъсири амиқ гузоштаанд. Идеяи «Мадинаи фозила»- А. Фаробӣ, консепсияи «Инсони маданӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, модели «Инсони Комил»-и тасаввуф ва исмоилия, андешаҳои космологии фалсафаи Машшоия, таълимоти онтологӣ, гносеологӣ, ахлоқию эстетикӣ ва пантеизми А. Сино, гуманизми Саъдии Шерозӣ ва ғайраҳо намунае аз ин гуфтаҳо мебошанд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки баъди хулафои рошидин маҳз мардумони тоҷику форс исломро аз як дин ба як фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ табдил доданд. Аз ин рӯ, он андешае ки маҳз ислом эрониёнро ҳам бо худашон ва ҳам ба ҷаҳониён шиносонид, назари яктарафа буда, пояи устувори илмӣ надорад ва ба хотири бадном кардани таърихи тоисломии эрониён гуфта шуда, аз таассуби динӣ ва мафкураи арабгароӣ ғизо мегирад. Агар маҳз ислом эрониёнро ҳам бо худу ҳам бо оламиён шиносонида бошад, пас саволе ба миён меояд, ки чаро дигар халқҳои мусулмоне, ки аз қитъаи Африко сар карда, то шарқии Аврупою Осиё сукунат доранд, онҳоро низ бо худ ва бо оламиён шинос накард? Асрори ҳамаи ин дар он аст, ки мардумони тоҷику форс аз оғози ҳазораи пеш аз мелод сар карда дар саргаҳи яке аз тамаддунҳои муосири ҷаҳон қарор доштанд ва худ фарҳангсоз буданд. Бо ҳамин сифаташон дар қарни вусто тамаддуни исломиро низ тараққӣ дода, исломро, агар зиёд набошад ҳам, на камтар аз аъроб ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон ҳангоми муайян кардани нақши ислом дар таъин намудани тақдири миллатҳои ғайриараб, махсусан тоҷикону форсҳо як нуқтаро бояд ба инобат гирифт, ки ислом ҳамчун дини оламватанӣ ба ҷуз аъроб наметавонад бевосита таҷассумгари ҳамаҷонибаи симои миллии мардумони ғайриараб, ки асли қавмию фарҳангии дигар доранд, бошад. Таҷрибаи таърихии вуҷудияту тараққиёти халқҳо собит месозад, ки асли қавми онҳо тавассути омилҳои фарҳангӣ-забон, анъана, ёдгориҳои таърихӣ-хаттӣ, афкори динӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, бадеӣ ва ғ. ҳифз гардидааст. Ин мерос ҳамеша таҷассумгари симои қавмию миллии онҳо будааст. Чуноне ки гуфтем, азбаски ислом барои аъроб дар як вақт ҳам арзиши динӣ ва ҳам миллӣ мебошад, ин халқ метавонад тавассути арзишҳои исломӣ ҳамаҷониба манофеъ ва симои миллии худро таҷассум ва ҳифз намояд. Дар нисбати халқҳои ғайриараб бошад, ислом умумияти динӣ-эътиқодӣ ва манфиатҳои муштараки халқҳои мусулмонро ифода ва ҳифз карда истода, вале наметавонад таҷассумгари симои миллии онҳо ва муҳофизи он бошад. Зеро худи мафҳуми миллат ва давлати миллӣ дар он шакле, ки имрӯз дар халқҳои мусулмони олами ислом мавҷуд аст, хоси ислом нест.
Зиёда аз ин ҳамаи давлатҳои миллие, ки баъди истилои араб дар ҳудуди собиқ хилофати араб ба вуҷуд омаданд, асосан дар заминаи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллии тоисломӣ арзи ҳастӣ намуда, тавассути ҳамин арзишҳо ин халқу давлатҳо унвони миллату давлати миллиро соҳиб шудаанд. Масалан агар дар заминаи арзишҳои миллӣ фарқияти фарҳангии тоҷикон аз аъроб вуҷуд намедошт, онҳоро тоҷик наменомиданд ва арзи ҳастӣ кардани давлати миллии онҳо бо унвони Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ғайриимкон мебуд.
Дар давраи аввали мавҷудияти хилофат, ки дар он сулолаҳои арабӣ ҳоким буданд, дар манотиқе, ки фарҳанги арабӣ-исломӣ аз фарҳанги маҳаллӣ-этникӣ афзалият дошт, арабҳо тавонистанд, дар заминаи умумияти динӣ-эътиқодӣ ва арзишҳои исломӣ ин халқҳоро аъробӣ созанд. Аммо дар он манотиқе, ки мардуми бумиаш чун тоҷикону форсҳо таҷрибаи бойи давлатдорӣ ва фарҳанги нерӯманди маънавиасос доштанд, аъроб натавонистанд, ки фарқиятҳои миллӣ-фарҳангиро пурра аз байн баранд. Дар ин манотиқ ислом ба вуҷуди хусусияти оламватанӣ доштан танҳо бо роҳи ба шароитҳои маҳал ва хусусиятҳои этникӣ-фарҳангӣ мутобиқ шудан тавонист ба дини ҷаҳонӣ табдил ёбад, на бо роҳи аз байн бурдани фарқиятҳои мазкур.
Вақте ки дар натиҷаи муборизаҳои дохилисиёсӣ ислом дар сатҳи мафкуравӣ ба мазоҳиби суннӣ, хавориҷ ва шиъа ва дар сатҳи фиқҳӣ-амалӣ ба мактабҳои усулии ҳанифия, моликия, шафеъия ва ҳанбалия тақсим шуд, минбаъд дар ҳамин замина ислом баробари вазифаи муттаҳидсозӣ нақши ҷудоиандозиро дар байни мусулмонон низ иҷро намуд. Фарқиятҳои мазҳабӣ ҳамчун омили ифодакунандаи манфиатҳои гурӯҳӣ ва миллӣ барои ба даст овардани қудрат дар минтақа ва дар хилофат истифода мегардиданд. Ин муборизаҳо дар бисёр маврид дар шакли низоъ ва муборизаҳои мазҳабӣ-миллӣ зоҳир шуда, ба амиқ гардидани фарқиятҳои миллӣ мусоидат менамуданд. Масалан агар мазҳаби суннӣ бештар барои ифода кардани манфиатҳои миллии арабу туркҳо хизмат карда бошад, мазҳаби шиъа ифодакунандаи манофеи миллии форсҳо буд. Ҳаракати шиъа дар асри Х минтақаи Мовароуннаҳрро низ фаро гирифт. Ҳукумати марказии хилофати араб бо мақсади нигоҳ доштани нуфузи худ дар ин минтақа ҳама гуна чораҳоро дид, то ки таъсири шиъаро дар Мовароуннаҳр пешгирӣ намояд. Аз ҷумла хилофат кӯшишҳои сулолаҳои туркро барои ғасби давлати Сомониён дастгирӣ намуд. Бинобарон аз даст рафтани ҳокимияти Сомониён, на давлат, ин натанҳо натиҷаи низоъҳои дохилӣ, ҳамчунин ҳамкории ҳукумати марказии хилофат бо сулолаҳои туркӣ ва дастгирии онҳо буд. Аммо мазҳабҳои динӣ низ натавонистанд фарқиятҳои миллӣ-фарҳангии халқҳои фарогири худро аз байн баранд, чуноне ки шиъа фарқияти фарҳангӣ-миллии форсу озариҳо ва суннӣ фарқияти фарҳангӣ-миллии байни арабу туркҳо ё турку тоҷиконро аз байн набурд.
Дар айни замон пайдоиши мазҳаб дар ислом боиси пароканда шудани халқҳои дорои як аслу фарҳангу забони ягона низ гардида, пояҳои ваҳдати ин халқҳоро ба монанди тоҷикону форсҳо заиф гардонид. Фарқияти мазҳаби тоҷикону форсҳоро душманонашон борҳо барои афрӯхтани низоъи байни онҳо дар тӯли таърих истифода кардаанд. Фарқияти мазҳабии тоҷикону форсҳоро гурӯҳҳои қудратталаб ва руҳонияти шиъаю суннӣ ҳамеша барои ҳифзи манофеи сиёсии худ сӯистифода карданд, ки дар натиҷа фарқияти мазҳабӣ боиси аз байн рафтани ҳуввияти қавмии ин ду халқи аз тамоми ҷанбаҳо ҳамрешаву ҳамтақдир ва ҳамфарҳанг гардидааст. Вале зиёиёну сиёсатмадорони баору номус ва меҳанпарасти миллатгарои ин ду халқи ҳамқавму ҳамфарҳанг ҳамеша кӯшидаанд, ки ваҳдати байни онҳоро тавассути ҳамин арзишҳои миллӣ ҳифз намоянд.
Ҳамин тариқ омили мазҳабӣ тоҷиконро аз эрониён-форсҳо дур сохта, бо қавмҳои турк наздик намуда, дар қаламрави Мовароуннаҳр онҳоро то ҷое бо ин қавм омезиш дод. Дар натиҷа як миллати дар миқёс хеле бузург ба миллати нисбатан хурд табдил ёфт. Ҳарчанд ин ҳодиса сабабҳои таърихӣ-сиёсӣ низ дорад, вале нақши омили динӣ-мазҳабӣ ҳам ин ҷо кам нест.
Он чизе, ки пайванди тоҷикону эрониёни муосир ва худи тоҷиконро дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ имрӯз ҳифз менамояд, на арзишҳои динӣ-мазҳабӣ, балки ҳамон арзишҳои умумифарҳангӣ, махсусан забони форсӣ-тоҷикӣ мебошад, ки аз фарҳанги тоисломӣ мерос монда дар замони густариши ислом эҳёю ҳифз гардида, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои эҳёи Аҷам ва инкишофи фарҳанги исломию дунявии онҳо хизмат карда омадаанд.
Арзишҳои волои фарҳанги тоисломии эрониён дар баробари ворид шудан ба фарҳанги исломӣ ва рушди он хизмат кардан ҳамчунин замина ва омили асосии эҳёи фарҳанги миллати тоҷику форс будааст. Маҳз ҳамин арзишҳои волои тоисломӣ-таҷрибаю анъанаи давлатдорӣ, касбу ҳунар, маданияти баланди хату китоб, малакаю дониши илмӣ, санъату адабиёти маънавиасос, тафаккури китобӣ, забони форси иқтидорманд буданд, ки тоҷиконро дар гирдобҳои таърих аз нест шудан, яъне аъробию турку муғул шудан нигоҳ дошта, мавҷудияти онҳоро ҳамчун умумияти этнофарҳангӣ ҳифз карда омаданд.
Тавассути арзишҳои миллӣ тоҷикон симои миллии худро нигоҳ дошта дар садаи Х давлати миллиашонро эҳё карданд ва имрӯз низ соҳиби давлати миллианд. Вагарна аъроб тавассути ислом, ки дорои тафаккури оламватанист, метавонист тоҷиконро дар худ ҳазм кунад ва чун мисриён ва баъзе халқҳои дигар аъробӣ гардонад. Мисриён бо вуҷуди анъанаи бои давлатдорӣ доштан ва дар ҳамон замон соҳиби тамаддуни хос будан натавонистанд, ки баъди ғасби аъроб дубора эҳё гарданд. Ҳар чизе ки дар ин кишвар аз нав эҳё гардид, бо унвони «арабӣ» умри дубора дид. Чуноне ки дар боло аз забони К.Ясперс гуфтем, сабаби ин дар он будааст, ки тамаддуни мисриён биниши фалсафӣ надошта, ба маънои пуррааш маънавиасос набудааст.
Ба маврид аст, ёдрас намоем, ки яке аз сабабҳои аз байн рафтани давлати Сомониён ва муқобилият накардани тоҷикон ба ғосибони турк дар он будааст, ки тоҷикон бо вуҷуди халқи мухтор будан мансубияту ҳамбастагии худро асосан аз рӯи андозаю мансубияти мазҳабӣ муайян мекардаанд ва ба ҳар сулолаи туркӣ, ки ба сари ҳокимият меомад, ҳамчун ҳаммазҳаби худ менигаристанд ва ғосибони турк низ аз ин омил истифода мекардаанд. Ин оқибат дар тақдири тоҷикон нақши манфӣ бозидааст.Баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён тоҷикон дар зери зулми аҷнабиён, ки ҳаммазҳабашон буданд, мансубияти этникии худро дарк карда, минбаъд ҳамчун умумияти этнофарҳангӣ фазои зеҳнию маънавиашонро дар соҳоти илму фарҳанг ва дин вусъат бахшида, худро ҳифз карда омада31 бошанд ҳам, вале умумияти мазҳабии онҳо бо халқиятҳои турк фазои мавҷудияти онҳоро ҳамчун умумияти этнофарҳангӣ торафт маҳдуд сохта омадааст.
Омили мазҳабӣ махсусан дар замони муосир, ки раванди миллатгароӣ, аз як ҷониб ва ҷаҳонишавӣ, аз тарафи дигар, беш аз пеш ривоҷ меёбад, дар он кишварҳое, ки тоҷикон ягонагии сиёсӣ надоранд, дар тақдири онҳо бештар таъсири манфӣ мерасонад, ба мисли тоҷикони кишвари Ӯзбекистон. Маврид ба ёдоварист, ки яҳудиён маҳз туфайли динашон, ки дар як вақт арзиши миллии онҳост ва ҳуввияти динию миллии онҳо ба ҳам айният дорад, бо вуҷуди тӯли садсолаҳо пароканда будан тавонистанд худро ҳамчун як умумияти этнофарҳангӣ ҳифз намоянд. Тоҷикон бошанд танҳо тавассути арзишҳои миллӣ, махсусан зинда нигоҳ доштани забони тоҷикӣ-форсӣ метавонанд худро ҳамчун умумияти этнофарҳангӣ ҳифз намоянд. Арзишҳои динӣ-мазҳабӣ ҳарчанд онҳоро аз таъсиру фишори фарҳангҳои масеҳию буддоия ва ғ. ҳифз менамоянд, вале дар дохили олами ислом чунин нақшро бозида наметавонад.
Аз ин ҷо бармеояд, ки танҳо арзишҳои диниро шаҳсутун ё сутунмӯҳраи фарҳанги тоҷикон ва фақат динро «насаби ифтихоромез»-и онҳо дониста нақши арзишҳои миллиро дар ҳифзу таъини тақдири онҳо нодида гирифтан фаҳмиши яктарафа буда, нодуруст баҳо додан ба нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими давлати миллӣ мебошад.
Нақши арзишҳои миллиро дар ҳифзи халқу давлати миллии тоҷикону форсҳо таъкид карда, дар айни замон арзишҳои исломиро дар кишваре, ки 97-фисади аҳолиаш мусулмон асту ислом ҳамчун омили муттаҳидсозанда хизмат мекунад, нодида гирифтан низ фаҳмишу назари яктарафа ва барои амнияти ҷомеаю давлат хатарзо аст. Ин ҷо масъалаи нақшу мақоми арзишҳои миллӣ махсусан арзишҳои тоисломиро дар фарҳанг ва тақдири таърихии мардумони тоҷику форс аз он назар таъқид сохтем, то ки ба баъзе паҳлӯҳои масъалаи мазкур ки имрӯз ба яке аз мавзӯҳои баҳси доираҳои динӣ, зеҳнӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст, то андозае рӯшанӣ андозем. Чун сухан дар бораи таносуби арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар фарҳанги миллӣ меравад, ин масъала бояд пеш аз ҳама аз нигоҳи манофеи миллӣ, таъмини суботу амнияти кишвар ва таҳкими давлати миллӣ бояд мавриди баррасӣ қарор гирад.
Як нуқтаи муҳимро бояд таъқид намуд, ки баъди густариши ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр тоҷикон тавассути эҳёи арзишҳои миллии тоисломӣ мавҷудияти худро таъмину ҳифз намуда, дар айни замон худ дар густаришу тараққиёти ислом яке аз нақшҳои меҳвариро бозидаанд. Агар ба масъала амиқтар нигарем, мардумони тоҷику форс на танҳо дар густаришу тараққиёти тамаддуни исломӣ саҳми арзанда доштаанд, балки ҳанӯз аз оғози зуҳур ва ташаккули ислом намояндагони бафарҳанги ин мардум дар рушди дини мубини ислом саҳм гирифтаанд. Ба хотир меоварем ҳамкории Салмони Форсро бо Расули акрам ва ба Салмон ишора карда соҳибилм будани қавми форсро ёдрас намудани Паёмбар. Илова бар ин аз навиштаи бисёр донишмандон маълум мешавад, ки ҳанӯз то зуҳури ислом Эрон ва фарҳанги форсӣ дар қисме аз манотиқи Арабистони қадим нуфӯз доштааст. Агар мероси фарҳангии то исломии эрониёнро бо ислом муқоиса намоем, метавон нуктаҳои ҳаммаъноро пайдо намуд. Бо доштани чунин нақш дар таърихи ислом тоҷикон тавонистанд фарҳангу тамаддуни нави миллиро эҷод карда инкишоф диҳанд, ки он шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Зиёда аз ин дар минтақаи мазкур, ки ватани таърихии ниёгони тоҷик аст, ба ҷои умумияти дини (зардуштӣ)-и пешина дар асоси ислом як умумияти динӣ-мазҳабии нав ба вуҷуд омад, ки барои дар арсаи таърих ворид гардидани як умумияти этнофарҳангӣ ва сиёсӣ (давлати Сомониён)-и нави эронитабор-тоҷикон мусоидат кард.
Ҳамин тариқ, фарҳанги муосири тоҷик, ки дар асрҳои миёна аз нав эҳё ва инкишоф ёфт, аз сарчашмаҳои гуногун шодоб гардидааст. Ба гуфти К.Ясперс ин фарҳанг чун фарҳанги меҳвар дар баробари ба фарҳангҳои дигар об додан худ низ ба сабаби дар сарҳад ва чорроҳаи бархӯрду муколамаи фарҳангу тамаддунҳои мухталифи башарият қарор доштан аз ин тамаддунҳо ғизо гирифтааст. Агар сарчашмаи аввалини фарҳанги мазкур фарҳанги тоисломии ориёии маънавиасос бошад ва он то имрӯз чун таҷассумкунандаи симои миллии мардумони эронӣ ҷузъи ҷудонашавандаи онро ташкил диҳад, сарчашма ва ҷузъи дигари таркибии ин фарҳангро арзишҳои исломӣ ташкил медиҳанд, ки дар партави ақидаҳои иҷтимоию ахлоқӣ, гуманистӣ ва бадеии Қуръону Суннат ва анъанаҳои исломӣ ташаккул ёфтаанд.
Тамоми таҷрибаи таърихӣ ва фарҳангэҷодкунии тоҷикон аз давраи вуруди ислом ба манотиқи эронзамин то ба имрӯз аз он шаҳодат медиҳад, ки дини ислом ба таркиби ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии тоҷикон дохил шуда, дар ҷараёни мутобиқ шудан ба ҳаёти маданӣ-маънавии онҳо дар симои исломи ҳанафӣ хусусияти этникӣ-миллӣ касб карда дар баробари арзишҳои миллӣ ба шаклгирии тарзи зиндагӣ ва тафаккури тоҷикон мусоидат кард. Шояд яке аз сабабҳои имрӯз бо он равияҳои динӣ- сиёсие, ки аз давлатҳои Араб ( салафия, ваҳобия ва ғ.) ба кишвари Тоҷикистон интиқол мешавад, бархӯрд гардидани фарҳанги исломии мо дар ҳамин бошад. Ғояҳои ахлоқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҷаҳонфаҳмии фалсафӣ, зеҳни бадеӣ, анъанаву маросимҳои ислом бо ҳамин гуна арзишҳои мусовии миллии онҳо омезиш ёфтаанд. Ҳамин тариқ дар тӯли таърихи 1300 сола ба ҳамон андозае, ки мардумони тоҷику форс исломӣ шудаанд, ба ҳамон андоза дини ислом низ дар шакли мазҳаби ҳанафӣ, ки яке аз мазоҳибҳои маъмултарини аҳли суннат ва ҷамоат аст, хусусияти миллӣ касб карда, ҷузъи таркибии фарҳанги тоҷиконро ташкил дод. Бар нақшу мақоми ислом ҳамчун дини ҷаҳонӣ баҳо дода, фаромӯш набояд кард, ки ислом аз бисёр ҷиҳат ба ташаккули ҷаҳони маънавии ботинии ин мардум мусоидат намуд. Ин омил ҳамеша дар камолоти ахлоқӣ-маънавии инсон нақши бориз дорад ва тавассути он бисёр арзишҳои барои ҷомеаи инсонӣ муҳим метавонанд қудсият пайдо намоянд.
Аз ин рӯ фарҳанги муосири тоҷик аз маҷмӯи арзишҳои мухталиф, яъне арзишҳои тоисломии ориёӣ, ки ба гуфти ховаршиносону фарҳангшиносони шинохтаи ҷаҳонӣ фарҳанги маънавиасос будааст, аз арзишҳои сирф исломӣ ва арзишҳои миллие, ки дар заминаи омезиш ва синтези анъанаҳои пешқадами эронӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва исломӣ, ки дар шакли афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ, бадеӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва ғ., ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол аз ҷониби доираҳои зеҳнии тоҷикону форсҳо эҷод шудааст, иборат мебошад. Аз ҳамин назар ин се навъи арзишҳо, ки ҷузъҳои таркибии як фарҳанги воҳиданд, аз ҳам ҷудо карда онҳоро муқобили якдигар гузоштан на танҳо хатои илмӣ-методологӣ, ҳамчунин кӯтоҳандешии сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо доир ба ҳамбастагии арзишҳои динию миллӣ ибрози ақида карда, бо шаклҳои ба миллати мо хос арзи ҳастӣ намудани арзишҳои диниро таъқид сохта, мегӯяд: «Манфиатҳои миллии мо тақозо мекунад, ки пайвандҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ дошта шавад, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ кӯмак намояд»32. Чӣ арзишҳои миллӣ ва чӣ арзишҳои мазҳабии мо дар шароити давлати миллӣ дар баробари вазифаҳои муштарак доштан нақшу вазифаи хоси худро низ доранд. Агар арзишҳои мазҳабии мо дар раванди ҷаҳонишавӣ моро аз фишори фарҳанги масеҳӣ, ки хусусияти ғарбгароӣ дорад, ҳифз намуда, талаботҳои эътиқодии моро қонеъ созанд, арзишҳои миллиамон чӣ дар дохили ҷаҳони ислом ва чӣ дар миқёси байналмиллалӣ таҷассумгари симои миллии мо мебошанд ва талаботҳои бадеию маънавии моро дар доираи васеътар қонеъ мегардонанд, сиришти аслии миллати моро собит месозанд. Бо қатъномаи СММ ҷашни байнамиллалӣ эълон шудани Наврӯз далели равшани он аст.
Бинобарон ҳифзу рушди арзишҳои миллию мазҳабӣ ҷузъи сиёсати давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Арзишҳои миллию динӣ дар ягонагию ҳамзистӣ пойдевори маънавии давлати миллиро ташкил дода, моро ба сӯи ваҳдати миллӣ ҳидоят менамоянд. Дар ин масъала ҳама бояд биниши ягона дошта бошем. Эҳтиром гузоштан ба ин арзишҳо аз ҷумла ба арзишҳои динӣ, ки фарҳанги зиндаи мардум аст, метавонад мардуми кишварро беш аз пеш дар бунёди ҷомеаи мардумсолорӣ мутаҳид созад ва ваҳдати давлату шаҳрвандонро ба вуҷуд орад. Ин яке аз омилҳои суботу амнияти ҷомеа ва таҳкими давлати миллист ва ин бояд аз ҷониби ҳар фардӣ тоҷикистонӣ дарк гардад.
Роль национальных и религиозных ценностей в укреплении
нацинального государства
В статье расматиривается проблема соотношения национальных и релегиозных ценностей в таджико-персидской культуры и их роль в возраждении и укреплении национального государства. Автор, показывая различие и особенности соотношения релегиозных и нацинальных ценностей в культуре арабов и таджико-персидских народов, расматиривает роль доисламских таджико-персидских ценностей в возрождении национальной культуры и государства, защити их нацинальной идентичности, с одной строны, и роль этих ценностей вместе с теми национальными ценностями, созданные этими народами на почве ислама и синтеза разных культур в развитии исламской культуры как одной из мировых цивилизаций, с другой стороны.
Показывается также роль ислама в формировании средневекового и современного мировоззрения, способа жизни и культуры таджико- персидских народов в синтезе религиозных и национальных культур и их значение в стабилизации общества и укреплении национального государства.
Ключевые слова: национальные ценности, религиозные ценности, национальная культура, национальное государство, доисламские ценности, ислам, исламская культура, идентичность.
Адабиёт:
-
Шоазимов П.Д. Таджикская идентичность и государственное строительство в Таджикистане. Душанбе, 2003.
-
Абдуллоҳи Раҳнамо. Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон. Душанбе, 2011.
-
Шамолов А.А. Ҷойгоҳи дини ислом дар «Идеяи миллӣ». («Забон ва худшиносии миллӣ», Душанбе, 2008, саҳ.28-41).
-
Джононов С. Проблемы формирования нациолаьного самосознания в условиях государственного строительства Таджикистана, Душанбе, 2009.
-
Наҷот, 2005, 15 декабр; 2007, 25 апрел; 2006, 21 декабр.
-
Муртазо Мутаҳаррӣ. Хадамоти мутақобилаи ислом ва Ирон. Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон, Душанбе, 1999.
-
Сатторзода А. Дар бораи таносуби худшиносии динӣ ва миллӣ дар ҷомеаи тоҷик. («Истиқрори боварӣ миёни исломиён ва дунявигароён-таҷрибаи тоҷикон», Душанбе, 2004, саҳ.106-119).
-
Саидмуҳаммади Халилӣ. Масъул, Муосир, Нақиб, Мушриф ва Дорисҳои Ҳизбу-л-таҳрир. «Истиқлол», 2011, 14 апрел.
-
Шакурӣ М. Хуросон аст ин ҷо. Душанбе, 1997.
-
Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба муносибати 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 8 сентябри соли 2008. Prezident. Tj (habarho-080908 htm.)
-
Давлатов М. Дар он сӯи адён. «Чашмандоз», № 2, соли 2001.
-
Давлатов М. Мактаби истиқлолияти Имом Хумайнӣ. «Чашмандоз», №6, соли 2001.
-
Мэри Бойс. Зароастрийцы. Верования и обычаи. М. 1988
-
Доктор Аҳмад Шалабӣ, Муқаринату-л-адён. ҷ.3, Қоҳира, 1965.
-
Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. Душанбе, 1986.
-
Мӯъминҷонов Ҳ. Тӯрон- гаҳвораи тамаддуни Ориёӣ. Душанбе, 2004.
-
Карл Ясперс. Смысл и назначение истории. М. 1991
-
Авери П. Иран-2500 лет истории культуры. Курьер, Юнеско, 1971, октябрь.
-
Ерасев Б.С. Социально-культурные традиции и общественное сознание в развивающихся странах Азии и Африки. М. 1982.
-
Турсунов А. Эҳёи Аҷам. Душанбе, 1984.
-
Эмомалӣ Раҳмон. Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо. Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллӣ. Душанбе, 2009.
Достарыңызбен бөлісу: |