29. Сураи Анкабут (Тортанак)
Дар Макка нозил шуд ва он шасту нўњ оят ва њафт рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Мим.
2. Оё мардумон пиндоштанд, ки ба муљарради он, ки гўянд: «Имон овардем» – гузошта шаванд ва онњо имтињон карда нашаванд?
3. Ва ба дурустї ононро, ки пеш аз онњо буданд, имтињон кардем. Пас, Худо ононро, ки рост гуфтанд, албатта, маълум кунад ва дурўѓгўёнро, албатта, маълум созад.
4. Ё онон, ки хатоњо ба амал оварданд, гумон карданд, ки бар Мо пешдастї мекунанд? Бад чизе аст, ки ба он њукм мекунанд!
5. Њар ки мулоќоти Худоро умед дошта бошад, пас ваъдаи Худо, албатта, омаданист. Ва Ў Шунавои Доно аст.
6. Ва њар ки љињод кунад, љуз ин нест, ки барои нафъи хеш љињод мекунад. Њамоно Худо аз оламиён Бениёз аст.
7. Ва аз сари онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, албатта, хатоњояшонро мањв кунем ва ба онњо некўтар аз он чи мекарданд, љазо дињем.
8. Ва ба одамї амр кардем, ки ба падару модари худ некўї кун. Ва агар онњо бо ту кўшиш кунанд, ки ба Ман он чиро, ки ба њаќиќати он туро донише нест, шарик орї, пас, ба онњо фармонбардорї макун. Бозгашти шумо ба сўи Ман аст; пас, шуморо ба он чи мекардед, хабар медињам.
9. Ва ононро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, албатта, дар зумраи шоистагон дарорем.
10. Ва аз мардумон касоне њастанд, ки мегўянд: «Ба Худо имон овардем». Пас, чун дар роњи Худо ба онњо изое дода шавад, ранљ додани мардумонро монанди азоби Худо мешуморанд. Ва агар аз назди Парвардигори ту фатње биёяд, мегўянд: «Њамоно мо бо шумо будем». Оё Худо ба он чи дар синањои оламиён аст, Донотар нест?
11. Ва албатта, Худо ононро, ки имон оварданд, маълум мекунад; ва албатта мунофиќонро маълум месозад.
12. Ва кофирон ба мўъминон гуфтанд: «Роњи моро пайравї кунед ва мо гуноњони шуморо мебардорем». Ва онњо бардорандаи чизе аз гуноњони он љамоа нестанд. Њамоно онњо дурўѓгўянд.
13. Ва албатта, борњои худ ва борњое њамроњи борњои худро бардоранд1 ва рўзи ќиёмат аз он чи ифтиро мекарданд, албатта, суол карда шаванд.
14. Ва ба дурустї ки Нўњро ба сўи ќавми ў фиристодем; пас, ў дар миёни онњо панљоњ сол кам њазор сол таваќќуф кард. Пас, онњоро тўфон даргирифт ва онњо ситамкор буданд.
15. Пас, Нўњ ва ањли киштиро наљот додем ва онро2 барои оламиён нишонае сохтем.
16. Ва Иброњимро (фиристодем), ваќте ки ба ќавми худ гуфт: «Парастиши Худо кунед ва аз Вай битарсед; агар медонед, ин барои шумо бењтар аст.
17. Љуз ин нест, ки ба љуз Худо бутонро мепарастед ва дурўѓро бармебандед. Ба дурустї онон, ки шумо онњоро ба љуз Худо парастиш мекунед, барои шумо рўзї дода наметавонанд. Пас, рўзиро аз назди Худо талаб кунед ва Ўро бипарастед ва шукри Ў ба љо оред; ба сўи Ў бозгардонида хоњед шуд».
18. Ва агар дурўѓ мешумуред, пас, ба дурустї ки умматњо пеш аз шумо дурўѓ шумурда буданд; ва ба [ўњдаи] пайѓамбар ба љуз пайѓом расонидани ошкоро чизе нест.
19. Оё надидаанд, ки Худо чї гуна аз бози аввал офаринишро пайдо мекунад, сипас, онро бори дигар [эњё] мекунад? Њамоно ин кор бар Худо осон аст.
20. Бигў: «Дар замин сайр кунед, пас, дарнигаред, ки чї гуна аз бози аввал офаринишро пайдо кард; сипас, Худо он пайдоиши бозпасинро барпо мекунад. Ба дурустї ки Худо бар њар чиз Тавоно аст.
21. Њар киро хоњад, азоб мекунад ва бар њар ки хоњад, рањм мекунад ва ба сўи Ў баргардонида хоњед шуд.
22. Ва шумо дар замин ва [њам] дар осмон ољизкунанда нестед ва шуморо ба љуз Худо њељ дўсту ёридињандае нест.
23. Ва онон, ки ба оёти Худо ва ба мулоќоти Ў кофир шуданд, аз рањмати Ман ноумед шуданд ва барои онњо азоби дарддињанда аст.
24. Пас, љавоби ќавми Иброњим ба љуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ўро бикушед, ё бисўзонед!» Ва Худо ўро аз оташ бирањонид. Ба дурустї, дар ин мољаро барои гурўње, ки бовар медоранд, нишонањое њаст.
25. Ва гуфт: «Љуз ин нест, ки шумо ба љуз Худо ба љињати дўстї дар миёни хеш дар зиндагонии дунё бутонро гирифтаед. Сипас, дар рўзи ќиёмат баъзеи шумо мункири баъзе шавад ва баъзеи шумо баъзеро лаънат кунад. Ва љои шумо дўзах аст ва шуморо њељ ёридињандае нест».
26. Пас, Лут Иброњимро бовар дошт. Ва гуфт:3 «Ба дурустї ки ман ба [он љо, ки амри] Парвардигори ман [аст] њиљраткунандаам. Њамоно Вай Ѓолиби Боњикмат аст».
27. Ва Исњоќ ва Яъќубро ба ў ато кардем ва пайѓамбарї ва Китобро дар авлоди вай муќаррар доштем ва музди ўро дар дунё додем; ва ба дурустї ки дар охират вай аз шоистагон аст.
28. Ва Лутро (фиристодем), ваќте ки ба ќавми худ гуфт: «Њамоно шумо он кори бењаёиро мекунед, ки пеш аз шумо њељ кас аз оламиён онро накардааст.
29. Оё шумо (ба ќасди шањват) ба мардон меоед ва роњзанї мекунед ва дар маљлиси хеш кори нописандида ба амал меоред?» Пас, љавоби ќавми ў љуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар ту аз ростгўён њастї, азоби Худоро пеши мо биёр».
30. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бар ќавми муфсидон нусрат дењ».
31. Ва ваќте ки фиристодагони Мо муждаро пеши Иброњим оварданд, гуфтанд: «Ба дурустї ки мо њалоккунандаи ањли ин дењаем. Њамоно ањли ин дења ситамкор буданд».
32. Гуфт:1 «Њамоно Лут дар он љо аст». Гуфтанд: «Мо бар њар кас, ки он љо њаст, донотарем, албатта, ў ва ањли ўро њалос кунем – ба ѓайр аз зани вай, ки аз боќимондагон бошад».
33. Ва ваќте ки фиристодагони Мо пеши Лут омаданд, ба сабаби онњо андўњгин шуд ва барои онњо тангдил гашт; онњо гуфтанд: «Матарс ва андўњ махўр, ба дурустї ки мо наљотдињандаи ту ва ањли ту њастем – ба ѓайр аз зани ту, ки аз боќимондагон бошад!
34. Ба дурустї ки мо бар ањли ин дења ба сабаби он, ки бадкорї мекарданд, уќубатеро аз осмон фуруд меорем».
35. Ва њамоно аз он дења барои гурўње, ки тааќќул мекунанд, нишони возењ гузоштем.
36. Ва ба сўи Мадян бародарашон Шуайбро (фиристодем), пас, гуфт: «Эй ќавми ман, ба Худо ибодат кунед ва рўзи бозпасинро умедвор бошед ва дар замин фасодкунон њар сў нагардед».
37. Пас, ўро дурўѓї доштанд ва онњоро зилзила даргирифт ва бомдод дар хонањои хеш мурда афтоданд.
38. Ва Оду Самудро (њалок кардем); ва ба дурустї ки баъзе масканњояшон барои шумо возењ аст. Ва Шайтон кирдорњояшонро барояшон ороста сохта буд, пас, онњоро аз роњ боздошт, дар њоле ки онњо бино буданд.
39. Ва Ќорун ва Фиръавн ва Њомонро (њалок кардем); ва ба дурустї ки Мўсо бо нишонањои возењ ба онњо омада буд. Пас, онњо дар замин такаббур карданд ва [бар њукми Худо] пешигиранда набуданд.
40. Пас, њар якеро ба ваболи гуноњаш гирифтор сохтем: аз онњо касе буд, ки бар вай боди сангбор фиристодем; ва аз онњо касе буд, ки ўро овози сахт фурў гирифт; ва аз онњо касе буд, ки ўро ба замин фурў бурдем; ва аз онњо касе буд, ки ѓарќ сохтем. Ва њаргиз чунин набуд, ки Худо бар онњо ситам кунад, валекин онњо бар хеш ситам мекарданд.
41. Достони онон, ки ба ѓайри Худо дўстон гирифтаанд, њамчун достони анкабут аст, ки хонае фаро гирифт. Ва агар медонистанд, сусттарини хонањо, њамоно, хонаи анкабут аст.
42. Ба дурустї ки Худо он чиро медонад, ки онњо ба љуз Вай – аз њар чи бошад – мепарастанд; ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.
43. Ва ин достонњоро барои мардумон баён мекунем ва онро ба љуз доноён касе ба аќл дарнамеёбад.
44. Худо осмонњову заминро ба тадбири дуруст офарид. Ба дурустї ки дар ин кор нишонае барои мўъминон аст.
45. Бихон, [эй Муњаммад], он чиро аз Китоб, ки ба сўи ту вањй фиристода шудааст ва намозро барпо дор, ба дурустї ки намоз аз кори бењаёї ва феъли нописандида манъ мекунад ва ба дурустї ки ёд кардани Худо аз њама бузургтар аст; ва Худо он чиро, ки мекунед, медонад.
46. Ва бо ањли Китоб љуз ба он сурате, ки некў бошад, муљодала макунед, магар бо касоне аз онњо [муљодала кунед], ки ситам карданд ва бигўед: «Ба он чи ба сўи мо фуруд оварда шуд ва ба он чи ба сўи шумо фуруд оварда шуд, имон овардем ва Худои мо ва Худои шумо Яке аст ва мо ба Ў фармонбардорем».
47. Ва њамчунон ин Китобро ба сўи ту фуруд овардем. Пас, онон, ки ба онњо Китоб додем, ба он имон меоранд; ва аз инњо1 касе њаст, ки ба он имон меорад. Ва ба љуз кофирон касе оёти Моро инкор намекунад.
48. Ва ту пеш аз нузули Ќуръон њељ китоберо намехондї ва ба дасти рости худ њељ китоберо наменавиштї; он гоњ ин бадкешон дар шак меафтоданд.
49. Балки Ќуръон дар синањои онон, ки ба онњо илм дода шуд, оёти равшан аст. Ва ба љуз ситамкорон касе оёти Моро инкор намекунад.
50. Ва гуфтанд: «Чаро нишонањо аз љониби Парвардигори вай бар ин пайѓамбар фиристода нашуд?» Бигў: «Љуз ин нест, ки нишонањо назди Худо аст ва љуз ин нест, ки ман тарсонандаи ошкор њастам».
51. Оё онњоро њамин кифоят накардааст, ки бар ту Китоб фиристодем ва бар онњо хонда мешавад? Ба дурустї, дар ин (Китоб) барои ќавме, ки бовар медоранд, рањмат ва панд њаст.
52. Бигў: «Гувоњ миёни ману шумо Худо бас аст, он чиро, ки дар осмонњо ва замин њаст, медонад. Ва онон, ки ба ноњаќ имон оварданд ва ба Худо кофир шуданд, зиёнкоранд».
53. Ва аз ту шитоби азоб (омаданро) металабанд; ва агар меоди муайян намебуд, албатта, азоб ба онњо меомад. Ва ногањон ба онњо (азоб) биёяд ва онњо бехабар бошанд.
54. Аз ту шитоби азоб (омаданро) талаб мекунанд ва њол он ки дўзах фарогирандаи кофирон аст.
55. Рўзе, ки азоб онњоро аз болояшон ва аз зери пояшон фаро гирад, (Худо) гўяд: «Бичашед (љазои) он чиро, ки мекардед!»
56. Эй бандагони мўъмини Ман, ба дурустї ки замин кушода аст, пас, [ба љои боамнтар њиљрат кунед, то] холисан Маро ибодат кунед!
57. Њар шахс чашандаи марг аст; ва сипас ба сўи Мо гардонида мешавед.
58. Ва ононро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, албатта, аз бињишт дар мањалњои баланд љой дињем, зери он љўйњо мераванд; он љо љовидонанд. Чї нек аст музди ин амалкунандагон –
59. ононе, ки сабр карданд ва бар Парвардигори хеш таваккул мекунанд.
60. Ва басо љонварон, ки рўзии худро барнамедоранд; Худо онњоро ва шуморо низ рўзї медињад; ва Ў Шунавои Доно аст.
61. Ва агар аз онњо суол кунї: «Кист Он, ки осмонњову заминро офарид ва офтобу моњро ром гардонид?» – Албатта, гўянд: «Худо». Пас, чї гуна (аз роњи тавњид) гардонида мешаванд?!
62. Худо рўзиро барои њар ки аз бандагони Хеш хоњад, фарох мекунад ва барои њар ки хоњад, танг месозад. Ба дурустї ки Худо ба њар чиз Доно аст.
63. Ва агар аз онњо суол кунї: «Кист Он, ки аз осмон обро фуруд овард, пас, ба сабаби он заминро – баъди мурдани он – зинда сохт?» – Албатта, гўянд: «Худо». Бигў: «Ситоиш Худойрост». Балки бештарини онњо ба аќл дарнамеёбанд.
64. Ва ин зиндагонии дунё ба љуз бењудаву бозї чизе нест; ва агар медонистанд, ба дурустї ки сарои охират сарои зиндагонї аст.
65. Пас, чун онњо ба киштињо савор шаванд, ба Худо – ибодатро барои Вай холис намуда – дуо кунанд. Ва ваќте ки онњоро ба сўи замини хушк наљот дод, ногањон онњо шарик меоранд,
66. то ба он чи онњоро ато кардем, носипосї кунанд ва то бањраманд шаванд. Пас, хоњанд донист.1
67. Оё надидаанд, ки Мо Њарами боамн пайдо кардем ва [њол он ки] мардумони гирдогирдашон рабуда мешаванд? Оё [чизи] беаслро бовар медоранд ва ба неъмати Худо носипосї мекунанд?
68. Ва кист ситамгортар аз касе, ки бар Худо дурўѓро барбандад ё сухани ростро – чун пеши ў биёяд – дурўѓ дорад? Оё кофиронро љой дар дўзах нест?!
69. Ва ононро, ки дар роњи Мо љињод карданд, албатта, ба роњњои Худ далолат кунем. Ва ба дурустї ки Худо бо некўкорон аст.
30. Сураи Рум
Дар Макка нозил шуд ва он шаст оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Мим.
2. (Ќавми) Рум маѓлуб шуданд –
3. дар наздиктарин замин.2 Ва онњо баъд аз маѓлуб шудани худ ѓолиб хоњанд омад –
4. дар чанд сол. Фармон пеш аз ин ва пас аз ин Худойрост; ва он рўз мўъминон шодмон мешаванд –
5. ба нусрати Худо. Њар киро хоњад, нусрат медињад; ва Ў Ѓолиби Мењрубон аст.
6. Худо ваъда кардааст. Ва Худо ваъдаи Худро хилоф намекунад; валекин аксари мардумон намедонанд.
7. Зоњире аз (тадбири) зиндагонии дунёро медонанд ва онњо аз охират бехабаранд.
8. Оё дар замири худ тафаккур намекунанд, ки Худо осмонњову замин ва он чиро, ки дар миёни он њар дуст, љуз ба тадбири дуруст ва ба (таъйини) ваќти муќаррар наофаридааст. Ва ба дурустї ки бисёре аз мардумон ба мулоќоти Парвардигори хеш номўътаќиданд.
9. Оё дар замин сайр накарданд, пас бинигаранд оќибати ононро, ки пеш аз онњо буданд, чї гуна шуд? Онњо тавонотар аз инњо буданд ва замин биронданд ва бештар аз инњо онро обод карданд. Ва пайѓамбаронашон бо мўъљизањо бар онњо омаданд; пас, Худо [бар он] набуд, ки бар онњо ситам кунад; валекин онњо бар хештан ситам мекарданд.
10. Сипас, оќибати он касон, ки бадї карданд, бадтар шуд – ба сабаби он, ки оёти Худоро дурўѓ доштанд ва ба он истењзо мекарданд.
11. Худо халќро аз бози аввал пайдо мекунад, сипас, онро [баъди марг] дубора [зинда] мекунад; боз ба сўи Ў баргардонида мешавед.
12. Ва рўзе, ки ќиёмат барпо шавад, гуноњкорон [ноумед шуда] хомўш монанд.
13. Ва барои онњо аз шариконашон њељ шафоаткунандае набошад ва ба шарикони хеш номўътаќид шаванд.
14. Ва рўзе, ки ќиёмат барпо шавад – он рўз (мардумон) пароканда шаванд.
15. Аммо онон, ки имон оварданд ва кирдорњои шоиста карданд, онњо дар бињишт хушњол карда шаванд.
16. Ва аммо онон, ки кофир шуданд ва оёти Мо ва мулоќоти охиратро дурўѓ доштанд, пас, онњо дар азоб њозиркардагонанд.
17. Пас, ваќте ки ба шабонгоњ дармеоед ва ваќте ки ба бомдод дармеоед, Худоро ба покї ёд кунед –
18. ситоиш Ўрост дар осмонњову замин – ва охири рўз ва он гоњ, ки ба ваќти завол дармеоед, [низ чунин кунад].1
19. Зиндаро аз мурда берун меорад ва мурдаро аз зинда берун меорад ва заминро – баъди мурдани он – зинда месозад: ва њамчунин берун оварда хоњед шуд.2
20. Ва аз нишонањои Худо он аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас, ногањон, ки мардум шудед, (њар љо) пароканда гардидед.
21. Ва аз нишонањои Худо он аст, ки барои шумо аз љинси худатон занон офарид, то бо онњо ором гиред ва дар миёни шумо дўстию мењрубонї пайдо кард. Ба дурустї, дар ин кор барои гурўње, ки тааммул мекунанд, нишонањое њаст.
22. Ва аз нишонањои Ў офаридани осмонњову замин ва гуногун будани забонњо ва рангњои шумо аст. Ба дурустї ки дар ин кор барои донишмандон нишонањое њаст.
23. Ва аз нишонањои Ў хуфтани шумо дар шаб ва ризќ талаб кардани шумо аз фазли Ў дар рўз аст. Ба дурустї, дар ин кор барои ќавме, ки мешунаванд, нишонањое њаст.
24. Ва аз нишонањои Ў ин аст, ки барќро аз барои тарсонидан ва раѓбат додан ба шумо менамоёнад ва аз осмон обро фуруд меорад, пас, ба сабаби он заминро – баъд аз мурданаш – зинда мекунад. Ба дурустї, дар ин кор барои ќавме, ки ба аќл дармеёбанд, нишонањое њаст.
25. Ва аз нишонањои Худо ин аст, ки осмону замин ба њукми Ў меистанд. Сипас, чун шуморо ба як бор хондан бихонад, ногањон шумо аз замин бароед.
26. Ва њар ки дар осмонњову замин аст, аз они Ў аст ва њама барои Ў фармонбардоранд.
27. Ва Ў Он [Худой] аст, ки халќро аз бози аввал пайдо мекунад, сипас, онро [баъди марг] дубора [зинда] мекунад; ва ин кор бар Вай осонтар аст; ва Ўро дар осмонњо сифати баландтарин аст ва Ў Ѓолибу Боњикмат аст.
28. Барои шумо мисоле аз њоли худатон баён мекунад: оё аз бандагоне, ки дасти шумо молики онњо аст, дар он чи ба шумо ато кардем, њељ шарикие њаст, то дар он яксон бошед ва аз онњо монанди тарсидан аз ќавми хеш битарсед? Њамчунин нишонањоро барои ќавме, ки ба аќл дармеёбанд, баён мекунем.1
29. Балки ситамкорон ба ѓайри илм хоњиши нафси худро пайравї кардаанд. Пас, касеро, ки Худо гумроњ кардааст, кї роњ менамояд? Ва онњоро њељ ёридињандае нест.
30. Пас, рўи худро барои ибодат рост кун, дар њоле ки росткеш бошї; дини Худоро пайравї кун, ки мардумонро бар он пайдо кардааст. Ин дини Худоро бадал кардан набувад. Ин дини дуруст аст, валекин аксари мардумон намедонанд.
31. Ба сўи Вай руљўъ карда, ибодат кунед ва аз Вай битарсед ва намозро барпо доред ва аз мушрикон мабошед –
32. аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурўњ-гурўњ шуданд; њар гурўњ ба он чи назди ўст, хурсанд аст.
33. Ва чун ба мардумон сахтї бирасад, ба сўи Парвардигорашон руљўъ карда, Вайро бихонанд. Сипас, чун осоише аз љониби Худ ба онњо бичашонад, ногањон тоифае аз онњо ба Парвардигори худ шарик меоранд,
34. то (оќибат) ба он чи, ки ба онњо ато кардем, носипосї кунанд. Пас, бањраманд шавед [эй кофирон]; ва зуд бошед, ки (њаќиќати њолро) бидонед!
35. Оё бар онњо далеле фуруд овардем, пас он далел ба он чи бо Худо шарик меоранд, далолат дошта бошад?
36. Ва чун ба мардумон бахшоише бичашонем, бар он шодмон шаванд; ва агар ба сабаби он чи дастњояшон пеш фиристодааст, ба онњо сахтї бирасад, ногањон онњо навмед мешаванд.
37. Оё надиданд, ки Худо рўзиро барои њар ки хоњад, фарох мекунад ва (барои њар ки мехоњад) танг мекунад. Ба дурустї, дар ин муќаддима барои ќавме, ки имон меоранд, нишонањое њаст.
38. Пас, [эй Муњаммад] њаќќи соњиби хешї, мискин ва роњгузарро бидењ. Ин (додан) барои касоне, ки рўи Худоро металабанд, бењтар аст; ва ин љамоа растагоранд.
39. Ва он чи аз суд дода бошед, то дар моли мардумон биафзояд, пас, он назди Худо намеафзояд;1 ва он чи аз садаќа, рўи Худоро талабкунон дода бошед, пас, ин љамоа дучандкунанда њастанд.
40. Худо Он аст, ки шуморо биофарид, сипас ба шумо рўзї дод; сипас шуморо бимиронад; сипас шуморо зинда гардонад. Оё аз шарикони шумо касе њаст, ки чизе аз ин кор бикунад? Покї Ўрост ва аз он ки шарик меоранд, Баландтар аст.
41. Ба сабаби он чи дасти мардумон ба амал овардааст, фасод дар хушкию дарё пайдо шуд, то љазои баъзеи он чиро, ки амал карданд, ба онњо бичашонад,2 бувад ки онњо бозгарданд.
42. Бигў: «Дар замин сайр кунед, пас дарнигаред, ки анљоми [кори] ононе, ки пеш аз ин буданд, чї гуна буд? Бештаринашон мушрик буданд».
43. Пас рўи худро барои дини дуруст рост кун – пеш аз он ки рўзе биёяд, ки аз љониби Худо онро бозгашт нест. Он рўз [мардум] аз њам људо шаванд:
44. њар ки кофир шавад, пас (зарари) куфри ў бар вай аст; ва касоне, ки кори шоиста карда бошанд, ин љамоа барои хештан оромгоњ рост мекунанд,
45. то (Худо) ононро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, аз фазли худ љазо дињад. Ба дурустї ки Вай кофиронро дўст намедорад.
46. Ва аз нишонањои Худо он аст, ки бодњои муждадињанда мефиристад – барои он ки ба шумо аз рањмати Худ бичашонад; ва барои он ки киштињо ба фармони Ў равон шаванд; ва барои он ки аз фазли Ў рўзї талаб кунед; ва барои он ки шояд шумо шукр кунед.
47. Ва њамоно, пеш аз ту пайѓамбаронро ба сўи ќавмашон фиристодем; пас нишонањоро пеши ќавми худ оварданд. Пас, аз онон, ки нофармонї карданд, интиќом кашидем. Ва нусрати мўъминон бар Мо лозим буд.
48. Худо Он аст, ки бодњоро мефиристад, пас абрро бармеангезад; пас он абрро дар осмон чунон ки хоњад, мегустаронад ва онро пора-пора мегардонад. Пас, мебинї, ки аз миёни он ќатрањо берун меоянд. Пас, чун онро аз бандагон ба њар ки хоњад, расонад, ногањон онњо шодмон мешаванд;
49. ва агарчи пеш аз он ки бар онњо (борон) фуруд оварда шавад, навмедшаванда буданд.
50. Пас, ба сўи осори рањмати Худо дарнигар, ки чї гуна заминро баъди мурда будани он зинда мекунад. Њамоно Вай, албатта, Зиндакунандаи мурдагон аст ва Ў бар њама чиз Тавоно аст.
51. Ва агар боде фиристем, пас он киштро зардшуда бибинанд, албатта, баъд аз он носипос шаванд.
52. Пас, ба дурустї ки ту ба [гўши] мурдагон ва карон – чун пушт дода рўй бигардонанд – [овози] даъватро шунавондан наметавонї.
53. Ва ту кўронро аз гумроњиашон рањнамоянда нестї. Ва ту [сухан] намешунавонї, магар ба касоне, ки оёти Моро бовар медоранд – пас ин љамоа гарданнињодагонанд.
54. Худо Он аст, ки шуморо аз (ибтидои) нотавонї офарид, сипас, баъд аз нотавонї (ба шумо) тавоної дод; сипас, баъд аз тавоної (ба шумо) нотавонї ва сафедии мўй дод. Њар чи хоњад, меофаринад; ва Ў Донои Тавоно аст.
55. Ва рўзе, ки ќиёмат барпо шавад, гуноњкорон савганд хўранд, ки ба љуз соате [дар ќабр] таваќќуф накардаанд. Њамчунин [дар дунё аз ростгўї] баргардонида мешаванд.
56. Ва онон, ки ба онњо илму имон дода шудааст, гўянд: «Ба дурустї ки бар вафќи Китоби Худо то рўзи Растохез таваќќуф кардед. Пас, ин рўзи Растохез аст, валекин шумо намедонистед».1
57. Пас, он рўз золимонро узрхоњиашон суд надињад ва на аз онњо тавба талаб карда шавад.
58. Ва њар оина, дар ин Ќуръон барои мардумон њар достоне баён кардем; ва агар пеши онњо нишонае биёрї, кофирон гўянд: «Шумо ба љуз бењудагўй [каси дигар] нестед».
59. Њамчунин Худо бар дилњои онон, ки намедонанд, мўњр менињад.
60. Пас, сабр кун, ба дурустї ки ваъдаи Худо рост аст; ва онон, ки яќин намеоранд, туро сабуксор накунанд!
31. Сураи Луќмон
Дар Макка нозил шуд ва он сию чањор оят ва чањор рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Мим.
2. Ин оятњои Китоби боњикмат аст,
3. њидоят ва бахшоиш барои некўкорон аст –
4. ононе, ки намозро барпо медоранд ва закотро медињанд ва онњо ба охират боварї доранд.
5. Онњо аз љониби Парвардигори худ бар њидоятанд; ва онњо растагоранд.
6. Ва аз мардумон касе њаст, ки суханеро меситонад, ки барои бозї аст, то ба ѓайри илм мардумро аз роњи Худо гумроњ кунад ва роњи Худоро тамасхур гирад; барои ин љамоа азоби хоркунанда аст.
7. Ва чун оёти Мо бар ин шахс хонда шавад, такаббуркунон рўй бигардонад, гўё онро нашунидааст, гўё дар гўшњои вай гароние њаст. Пас ўро ба азоби дарддињанда хабар дењ.
8. Ба дурустї, барои онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, бињиштњои неъмат аст,
9. [ки] он љо љовидонанд. Худо (ваъдаи) рост ваъда додааст ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.
10. Осмонњоро ба ѓайри сутунњое, ки онро бибинед, офарид; ва дар замин кўњњои устуворро афканд, то ки шуморо [замин] наљунбонад; ва њар навъ љонваронро дар замин пароканда кард. Ва аз осмон обе фуруд овардем; пас, аз њар љинси нек дар он рўёнидем.
11. Ин офариниши Худо аст, пас ба Ман бинамоед: онон, ки ба љуз Ваянд, чї чиз офариданд? Балки ситамкорон дар гумроњии зоњиранд.
12. Ва ба дурустї, ба Луќмон њикмат ато кардем, (гуфтем) ки: «Худоро шукр кун; ва њар ки шукр кунад, пас, љуз ин нест, ки барои нафъи худ шукр мекунад; ва њар ки носипосї кунад, пас, њамоно, Худо Бениёзи Сутудакор аст».
13. Ва (ёд кун) чун Луќмон ба писари худ гуфт – ва ў он писарро панд медод: «Эй писараки ман, ба Худо шарик муќаррар макун, ба дурустї ки ширк ситаме бузург аст».
14. Ва одамиро нисбат ба падару модари вай њукм фармудем; модараш вайро дар њоли сустї болои сустии дигар1 дар шикам бардоштааст; ва аз шир боз кардани ў дар ду сол аст; (њукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорї кун. Бозгашт ба сўи Ман аст.
15. Ва агар бо ту дар он кўшиш кунанд, то чизеро, ки туро ба (њаќиќати) он донише нест, бо Ман шарик муќаррар кунї, пас ба онњо фармонбардорї макун ва бо онњо дар (маишати) дунё ба ваљњи писандида сўњбат дор ва роњи касеро пайравї кун, ки ба сўи Ман руљўъ дорад. Сипас руљўъи шумо ба сўи Ман аст; пас шуморо ба он чи мекардед, огоњ мекунам.
16. [Луќмон гуфт:] «Эй писараки ман, ба дурустї ки агар [кирдоре] њамсанги донае аз сипандон бошад, пас дар миёни санге ё дар осмонњо ё дар замин бошад – (ба њар њол) Худо онро њозир кунад; њамоно Худо Борикбини Хабардор аст.
17. Эй писараки ман, намозро барпо дор ва ба кори писандида бифармо ва аз нописандида манъ кун ва ба њар чи ба ту бирасад, сабр кун; ба дурустї ки ин муќаддима аз корњои маќсуд аст.
18. Ва рухсораи худро аз мардум матоб2 ва дар замин хиромон роњ марав, ба дурустї ки Худо њар нозандаи худситояндаро дўст надорад.
19. Ва дар рафтори худ миёнаравї кун ва овози худро фуруд ор. Ба ростї ки бадтарини овозњо овози харон бошад».
20. Оё надидед, ки Худо он чиро, ки дар осмонњо аст ва он чиро, ки дар замин аст, барои шумо ром гардонид ва неъматњои ошкору пинњони Худро бар шумо ба тамом фуруд овард. Ва аз мардумон касе њаст, ки ба ѓайри дониш ва ба ѓайри њидоят ва ба ѓайри Китоби равшан дар боби Худо љидол мекунад.
21. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Чизеро, ки Худо фуруд овардааст, пайравї кунед» – гўянд: «Балки чизеро, ки падарони худро бар он ёфтаем, пайравї мекунем». Оё дар њоле ки Шайтон онњоро ба сўи азоби дўзах мехонад, [пайравї мекунанд]?
22. Ва њар ки рўи худро ба сўи Худо мутаваљљењ созад ва вай некўкор бошад, пас, њамоно ба дастовезе муњкам даст задааст. Ва бозгашти корњо ба сўи Худо аст.
23. Ва њар ки кофир шавад, пас куфри вай туро андўњгин накунад. Руљўъи онњо ба сўи Мост, пас, онњоро ба он чи мекарданд, хабардор кунем. Ба ростї, Худо ба хислате, ки дар синањо бошад, Доност.
24. Онњоро андаке бањраманд месозем, сипас, онњоро ба бечорагї ба сўи азоби сахт меронем.
25. Ва агар аз онњо суол кунї: «Кист, ки осмонњову заминро биофарид?» – албатта бигўянд: «Худо (офарид)». Бигў: «Ситоиш Худойро аст». Балки аксарашон намедонанд.
26. Он чи дар осмонњову замин аст, аз они Худо аст. Њамоно, Худо Бениёзу Сутуда аст.
27. Ва агар дарахтон – он чи дар замин њаст, ќалам шаванд ва дарё сиёњї бошад, баъд аз ин дарё њафт дарёи дигар онро мадад кунад, суханони Худо ба поён нарасад. Њамоно Худо Ѓолиби Боњикмат аст.
28. Офаридани шумо ва барангехтани шумо ба љуз монанди (офаридану барангехтани) як тан [чизи дигар] нест. Њамоно Худо Шунавои Бино аст.
29. Оё надидї, ки Худо шабро дар рўз дармеорад ва рўзро дар шаб дармеорад ва офтобу моњро ром гардонид, њар яке то муддати муайян меравад; ва (оё надидї, ки) Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст?
30. Ин (корњо) ба сабаби он аст, ки њамоно Худо Барњаќ аст; ва (ба сабаби он аст, ки) он чи ба љуз Вай мепарастанд, бењуда аст; ва (ба сабаби он аст, ки) њамоно Худо Баландмартабаи Бузургќадр аст.
31. Оё надидї, ки киштї ба фазли Худо дар дарё меравад, то ба шумо баъзе нишонањои Хешро бинамоёнад. Ба дурустї ки дар ин муќаддима барои њар сабркунандаи сипосдоранда нишонањое њаст.
32. Ва чун мавље монанди соябонњо онњоро фаро гирад, ибодатро барои Худо холис карда, Ўро бихонанд; пас, он гоњ, ки онњоро ба сўи хушкї наљот дињад, пас, баъзеи онњо миёнарав бошанд. Ва ба љуз њар ањдшиканандаи носипос [касе] оёти Моро инкор намекунад.
33. Эй мардумон, аз Парвардигори хеш битарсед ва аз рўзе њазар кунед, ки њељ падар ба љои писари хеш кифоят накунад ва на фарзанде ба љои падари худ чизеро кифояткунанда бошад. Ба дурустї ки ваъдаи Худо рост аст, пас, зиндагонии дунё шуморо фиреб надињад ва (Шайтони) фиребдињанда шуморо ба [авф кардани] Худо фиреб надињад.
34. Њамоно Худо, ки илми ќиёмат назди Ўст, боронро фуруд мефиристад ва он чиро медонад, ки дар шиками њомилањост. Ва њељ шахсе намедонад, ки фардо чї кор хоњад кард ва њељ шахсе намедонад, ба кадом замин хоњад мурд. Ба ростї ки Худо Донои Хабардор аст.
Достарыңызбен бөлісу: |