1. Сураи Фотиња (Кушоянда)


Сураи Мўъминун (Мўъминон)



бет14/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   33

23. Сураи Мўъминун (Мўъминон)
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду њаждањ оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ба дурустї ки мўъминон растагор шуданд –

2. њамонњое, ки дар намози хеш ниёишкунандаанд;

3. ва њамонњое, ки аз бењуда рўйгардонанд;

4. ва њамон касоне, ки адокунандаи закотанд;

5. ва њамон касоне, ки шармгоњи худро нигоњдорандаанд,

6. магар бар занони хеш, ё канизаконе, ки милки дасти онњо аст. Пас, ба дурустї ки инон накўњида нестанд.

7. Пас, њар ки ѓайри инро талаб кунад – он љамоа аз њад гузарандаанд.

8. Ва њамонњое, ки амонатњои худ ва ањди худро риояткунандаанд;

9. ва њамонњое, ки бар намозњои худ муњофизаткунандаанд,

10. ин љамоа он ворисонеанд,

11. ки фирдавс(-и барин)-ро ба мерос баранд; онњо он љо бошандаи љовиданд.

12. Ва ба дурустї ки одамиро аз хулосаи гил офаридем.

13. Сипас одамиро нутфа дар ќароргоњи усутувор сохтем.

14. Сипас, он нутфаро хуни баста сохтем, сипас он хуни бастаро гўштпора сохтем, пас, он гўштпораро устухонњое чанд сохтем, пас бар он устухонњо гўштро пўшонидем; сипас, ўро ба офариниши дигар офаридем.3 Пас, Бузург аст Худо – Он Некўтарини офаринандагон!

15. Боз, њамоно шумо баъд аз ин мурда шавед.

16. Сипас, ба дурустї ки шумо рўзи ќиёмат барангехта гардед.

17. Ва ба дурустї ки болои шумо њафт осмон офаридем ва Мо аз офариниш бехабар набудем.

18. Ва аз осмон обро ба андоза фурў фиристодем, пас, онро дар замин љой додем. Ва ба дурустї ки Мо бар дур кардани он Тавоноем.

19. Пас, бо он об барои шумо бўстонњо аз дарахтони хурмову ангур биофаридем, ки дар ин бўстонњо барои шумо мевањои бисёр бошад ва баъзеи онро мехўред.1

20. Ва дарахте (офаридем), ки аз Тури Сино берун меояд;2 ба ваљње мерўяд, ки барои хўрандагон равѓан ва нонхуриш њосил шавад.

21. Ба дурустї ки барои шумо дар чањорпоён панде њаст: шуморо аз он чи дар шиками онњо аст, менўшонем ва дар чањорпоён барои шумо манфиатњои бисёр аст – ва баъзеи инњоро мехўред;

22. ва бар чањорпоёну бар киштињо савор карда мешавед.

23. Ва ба дурустї ки Нўњро ба сўи ќавми ў фиристодем, пас, гуфт: «Эй ќавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба љуз Вай њељ маъбуде нест. Оё наметарсед?»

24. Пас, касоне аз ќавми ў, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин шахс ба љуз одамие монанди шумо [каси дигар] нест, мехоњад, ки бар шумо бартарї пайдо кунад; ва агар Худо мехост, њамоно фариштагонро мефиристод; мо дар [миёни] падарони нахустини хеш ин мољароро нашунидаем.

25. Ин шахс ба љуз марде беш нест, ки ба вай (оризаи) девонагист. Пас, то муддате вайро интизорї кунед».

26. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба муќобили он, ки маро дурўѓгў шумурданд, ба ман нусрат дењ».

27. Пас, ба сўи вай вањй фиристодем, ки: «Киштиро ба њузури Мо ва ба фармони Мо бисоз; пас, чун фармони Мо ояд ва танўр3 љўш занад, аз њар љинс ду танро4 ва касони худро – магар аз онњо касе, ки бар вай гуфтаи Њаќ сабќат кардааст, дар киштї дарор. Ва дар бораи онон, ки ситам карданд, бо Ман сухан магў; ба дурустї ки онњо ѓарќшудагонанд.

28. Пас, чун туву њар ки бо ту бар киштї бошад, рост бинишинед, пас бигў: «(Њамаи) ситоиш он Худойро аст, ки моро аз гурўњи ситамкорон наљот дод».

29. Ва бигў: «Эй Парвардигори ман, маро дар манзили муборак фуруд ор; ва ту Бењтарини фурудорандагонї».

30. Ба дурустї ки дар ин (мољаро) нишонањо њаст ва њамоно Мо Имтињонкунанда будем.

31. Сипас, баъди онњо гурўње дигарро биофаридем.

32. Пас, пайѓамбареро аз ќабилаашон ба миёни онњо фиристодем, ки: «Худоро ибодат кунед, шуморо ба љуз Вай њељ маъбуде нест. Оё наметарсед?»

33. Ва бузургон аз ќавми вай – касоне, ки кофир шуданд ва мулоќоти сарои бозпасинро дурўѓ шумурданд ва дар зиндагонии дунё ба онњо осудагї дода будем, гуфтанд: «Ин шахс ба љуз одамие монанди шумо [каси дигар] нест, аз он чи мехўрад, ки шумо аз он мехўред ва аз он чи меошомад, ки шумо аз он меошомед.

34. Ва агар ба одамие монанди хеш фармонбардорї кунед, ба дурустї ки он гоњ шумо зиёнкор бошед.

35. Оё ба шумо ваъда медињад, ки чун шумо бимиред ва хоке ва устухоне чанд шавед, берун оварда хоњед шуд?

36. Чї дур аст, дур аст он чи ба шумо ваъда дода мешавад!

37. Ба љуз зиндагонии инљањонї зиндагоние нест, мо мемирем ва зинда мешавем1 ва мо барангехташуда нестем.

38. Ин шахс ба љуз марде, ки бар Худо дурўѓро ифтиро кардааст, [каси дигар] нест ва мо ўро тасдиќкунанда нестем».

39. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба муќобили он, ки маро дурўѓгў шумурданд, ба ман нусрат дењ».

40. (Худо) гуфт: «Ба андак замон пушаймон хоњанд шуд».

41. Пас, мувофиќи ваъдаи рост, онњоро овози сахте гирифт; пас, онњоро мисли хошок дар њам шикаста гардонидем. Пас, гурўњи ситамкоронро дурї бод!

42. Сипас, баъди онњо [ањли] ќарнњои дигарро пайдо кардем.

43. Њељ гурўње аз меоди худ сабќат намекунанд ва бозпас намемонанд.

44. Сипас, пайѓамбарони Худро пай дар пай фиристодем; њар гоњ пайѓамбаре ба умматаш омад, ўро ба дурўѓ нисбат карданд; пас баъзеро аќиби баъзе аз пай даровардем;2 ва умматњоро афсона сохтем. Пас, гурўњеро, ки имон намеоранд, дурї бод!

45. Сипас, Мўсо ва бародари ў Њорунро бо нишонањои Хеш ва бо далели зоњир фиристодем –

46. – ба сўи Фиръавн ва љамоати ў. Пас, саркашї карданд ва гурўњи такаббуркунанда буданд.

47. Пас, гуфтанд: «Оё ба ду одамие монанди хеш, ки ќавмашон хидматкунандагони мо њастанд, имон орем?»

48. Пас, он дуро дурўѓгў гуфтанд ва аз њалокшудагон гардиданд.

49. Ва ба дурустї ки ба Мўсо Китоб додем, бувад ки онњо роњ ёбанд.

50. Ва писари Марям ва модарашро нишонае сохтем ва онњоро ба замини баланди дорои истиќрор ва оби равон љой додем.

51. (Гуфтем:) «Эй пайѓамбарон, аз таомњои покиза бихўред ва кори некў кунед, ба дурустї ки Ман ба он чи мекунед, Доноам.

52. Ва њамоно ин миллати шумо аст – миллати якто ва Ман Парвардигори шумоам; пас, аз Ман битарсед!»

53. Пас, умматон кори худро дар миёни хеш мутафарриќ [ва] пора-пора сохтанд; њар гурўње бо он чи назди онњост, шодмонанд.

54. Пас, онњоро то муддате дар ѓафлаташон бигузор.

55. Оё мепиндоранд, ки он чи аз молу фарзанд, ки онњоро бо он имдод мекунем,

56. барояшон дар некўињо саъй мекунем? Балки намедонанд.1

57. Њамоно касоне, ки аз тарси Парвардигори хеш музтарибанд;

58. ва он касоне, ки ба оёти Парвардигори хеш имон меоранд;

59. ва он касоне, ки ба Парвардигори хеш шарик муќаррар намекунанд;

60. ва онон, ки он чи [бояд] бидињанд, медињанд ва дилњояшон ба сабаби он, ки онњо ба сўи Парвардигори хеш хоњанд бозгашт, тарсон аст,

61. – ин љамоа дар некињо саъй мекунанд ва онњо ба сўи он сабќаткунанда њастанд.

62. Ва њељ касро ба љуз ба ќадри тоќати ў таклиф намедињем; ва назди Мо китобест, ки ба ростї сухан мегўяд;2 ва ба онњо ситам карда нашавад.

63. Балки дилњояшон аз ин сухан дар ѓафлат аст ва онњоро ѓайри ин амалњое њаст, ки онњо анљомдињандаи он њастанд,3

64. то ваќте ки осудагони онњоро ба азоб гирифтор созем, ногањон онњо фарёд мекунанд.

65. (Гўем:) «Имрўз фарёд макунед, ба дурустї ки шумо аз Мо нусрат дода нахоњед шуд.

66. Ва ба дурустї ки оёти Ман бар шумо хонда мешуд, пас, шумо бар пошнањои худ бозмегаштед.

67. Бар он4 такаббуркунон, ба афсона машѓул шуда, тарк мекардед».

68. Оё дар он сухан тааммул намекунанд; ё ба онњо он чи омадааст, ки ба падарони нахустинашон наомада буд?

69. Оё пайѓамбари худро нашинохтанд, пас онњо ўро инкор мекунанд?!

70. Оё мегўянд: «Ба вай девонагї аст»? Балки сухани ростро пеши онњо овардааст; ва бештарини онњо нохоњони сухани ростанд.

71. Ва агар Њаќќ5 ба орзуњои онњо пайравї мекард, њамоно осмонњову замин ва њар ки дар миёни онњо аст, табоњ мешуданд; балки ба онњо пандашонро овардем, пас онњо аз панди хеш рўйгардонанд.

72. Оё аз онњо музде мехоњї? Пас, музди Парвардигори ту бењтар аст; ва Ў Бењтарин рўзидињандагон аст.

73. Ва ба дурустї ки ту онњоро ба сўи роњи рост мехонї.

74. Ва њамоно онон, ки ба охират имон намеоранд, аз он роњ яксў шудаанд.

75. Ва агар бар онњо рањм мекардем ва он чиро, ки аз сахтї ба онњо аст, бармедоштем, [њамчунин] саргардон пайваста дар бероњии худ мешуданд.

76. Ва ба дурустї ки Мо онњоро ба азоб гирифтор кардем; пас, ба Парвардигори худ ниёиш накарданд ва зорї нанамуданд,6

77. то ваќте ки бар онњо даре дорои азоби сахт накушодем, он гоњ ногањон онњо дар ин љо ноумед шуданд.

78. Ва Ў Он [Худой] аст, ки барои шумо шунавої ва дидањо ва дилњо биофарид; андаке шукргузорї мекунед.

79. Ва Ў Он [Худой] аст, ки шуморо дар замин пайдо кард ва ба сўи Ў барангехта хоњед шуд.

80. Ва Ў Он [Худой] аст, ки зинда мекунад ва мемиронад; ва омадушуди шабу рўз аз они Ўст. Оё ба аќл дарнамеёбед?

81. Балки монанди он чи гуфтанд, ки нахустиниён гуфта буданд.

82. Гуфтанд: «Оё чун бимирем ва хокею устухоне чанд шавем, оё мо барангехта хоњем шуд?

83. Њамоно ба мову падарони мо пеш аз ин ба ин сухан ваъда дода шуд; ин ба љуз афсонањои пешиниён [чизе] нест».

84. Бигў: «Замину он чи дар он аст, аз они кист? (Бигўед) агар медонед».

85. Хоњанд гуфт: «(Ин њама) аз они Худо аст». Бигў: «Оё пандпазир намешавед?»

86. Бигў: «Парвардигори осмонњои њафтгона ва Парвардигори Арши бузург кист?»

87. Хоњанд гуфт: «(Ин њама) аз они Худо аст». Бигў: «Оё наметарсед?»

88. Бигў: «Кист Он, ки подшоњии њар чиз ба дасти Ўст ва Ў зинњор медињад ва бар хилофи Ў зинњор дода намешавад? (Бигўед) агар медонед».

89. Хоњанд гуфт: «(Ин њама) аз он Худо аст». Бигў: «Пас, аз куљо фиреб дода мешавед?»

90. Балки сухани ростро ба онњо овардаем ва њамоно онњо дурўѓгўянд.

91. Худо њељ фарзанд нагирифтааст ва њељ худои дигар њамроњи Ў нест; он гоњ њар худое чизеро, ки офарида буд, мебурд; ва њамоно баъзе аз онњо бар баъзе ѓолиб меомад. Покї Худорост, аз он чи баён мекунанд.

92. Донандаи нињону ошкор аст; аз он чи шарик меоранд, Бартар аст.

93. Бигў: «Эй Парвардигори ман, агар он чи онњо ба он тарсонида мешаванд, ба ман бинамоёнї,

94. эй Парвардигори ман, пас маро дар гурўњи ситамкорон дохил макун».

95. Ва њамоно Мо бар он Тавоноем, ки он чи ба онњо ваъда медињем, ба ту бинамоёнем.

96. Ва ба хислате, ки он нек аст, бадиро дафъ кун; Мо ба он чи баён мекунанд, Донотарем.

97. Ва бигў: «Эй Парвардигори ман, аз даѓдаѓањои шаётин ба Ту паноњ мебарам.

98. Ва ба Ту, эй Парвардигори ман, паноњ мебарам аз он, ки пеши ман њозир шаванд».

99. То ваќте ки ба касе аз онњо марг биёяд, гўяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон,

100. бувад ки дар сарое, ки онро бигузоштам, кори некў кунам». Чунин [бозгашт] нахоњад буд! Ба дурустї ки ин сухане аст, ки вай [аз ѓайри фоида] гўяндаи он аст. Ва пеши онњо то рўзе, ки барангехта шаванд, барзахе бошад.

101. Пас, чун дар сур дамида шавад, дар он рўз миёни онњо хешовандињо набошад ва бо якдигар суолу љавоб накунанд.

102. Пас, онон, ки паллањои тарозуяшон гарон ояд – ин љамоа растагоронанд.

103. Ва онон, ки паллањои тарозуяшон сабук шавад, пас ин љамоа касоне њастанд, ки дар њаќќи хеш зиён карданд, бошандагони љовид дар дўзаханд.

104. Оташ рўи онњоро месўзад ва онњо дар он љо туршрў њастанд.

105. (Гўем:) «Оё оёти Ман бар шумо хонда намешуд, пас, онро дурўѓ мепиндоштед?»

106. Гўянд: «Эй Парвардигори мо, бадбахтии мо бар мо ѓолиб омад ва гурўње гумроњ будем.

107. Эй Парвардигори мо, моро аз ин љо берун ор, агар (ба куфр) бозгардем, пас, њамоно мо ситамгор бошем».

108. (Худо) фармояд: «Дар ин љо (ба расвої) дохил шавед ва бо Ман сухан магўед!

109. Ба дурустї ки гурўње аз бандагони Ман буданд, ки мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, пас, моро биомурз ва бар мо бибахшой; ва Ту Бењтарини бахшояндагонї».

110. Пас, онњоро масхара гирифтед, то њадде, ки ёди Маро аз дили шумо фаромўш гардониданд; ва шумо бар онњо механдидед.

111. Ба дурустї ки имрўз Ман ба онњо ба муќобалаи сабрашон љазо додам – ба онон, ки ба мурод расидагонанд».

112. (Худо) гўяд: «Ба њисоби шумори солњо чанд муддат дар замин диранг кардед?»

113. Гўянд: «Як рўз, ё баъзеи [як] рўз диранг кардем, пас, аз шуморкунандагон бипурс».

114. (Худо) гўяд: «Агар шумо медонистед, ба љуз андаке диранг накардаед.

115. Оё пиндоштед, ки шуморо бењуда офаридем ва он, ки шумо ба сўи Мо гардонида намешавед?»

116. Пас, Бартар аст Худо – Подшоњи Барњаќ, ѓайри Ў њељ маъбуде нест, Парвардигори Арши гиромиќадр аст.

117. Њар ки бо Худо маъбуди дигарро бихонад, ки вайро бар субути он маъбуд њељ њуљљате нест: љуз ин нест, ки њисоби ў назди Парвардигори ў аст; ба дурустї ки кофирон растагор намешаванд.

118. Ва бигў: «Эй Парвардигори ман, биомурзу бибахшой; ва Ту Бењтарини бахшояндагонї!»


24. Сураи Нур
Дар Мадина нозил шуд ва он шасту чањор оят ва нўњ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ин сурае аст, ки онро фурў фиристодем ва онро фарз сохтем ва дар он оёти равшан фуруд овардем, бувад ки шумо панд гиред.

2. Њар яке аз зани зинокунанда ва марди занокунандаро сад дурра бизанед. Ва агар ба Худо ва рўзи охир имон овардаед, дар љорї кардани шаръи Худо бояд ки шуморо бар онњо шафќат фаро нагирад; ва бояд ки љамоае аз мўъминон ба азоби онњо њозир шаванд.

3. Марди зинокунанда ба љуз ба зани зинокунанда ё ширкоранда [бо касе] никоњ намекунад. Ва зани зинокунандаро ба љуз марди зинокунанда ё ширкоранда [касе] ба занї намегирад. Ва ин кор бар мўъминон њаром карда шуд.1

4. Ва онон, ки занони парњезгорро (ба зино) дашном медињанд, сипас, чањор гувоњ намеоваранд – онњоро њаштод дурра бизанед ва гувоњии онњоро њељ гоњ ќабул макунед, инњо љамоаи фосиќанд,

5. Магар он касоне, ки баъд аз ин тавба кунанд ва кори худро ба салоњ оваранд; пас, ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

6. Ва онон, ки занони худро (ба зино) дашном медињанд ва онњоро, ба љуз нафси хештан, њељ гувоње набошад, пас (махлас) шањодати яке аз онњо чањор бор ба Худо ќасам ёд кардан аст, ки вай ба дурустї аз ростгўён аст».

7. Ва гувоњии панљум (ба) ин (сифат), ки лаънати Худо бар ў бод, агар аз дурўѓгўён бошад.

8. Ва он чиз азобро аз он зан бозмегардонад, ки чањор бор гувоњї дода, ба Худо ќасам ёд кунад, ки ба дурустї ин шавњар аз дурўѓгўён аст.

9. Ва бори панљум (ба) он (сифат гувоњї дињад), ки ѓазаби Худо бар ин зан бод, агар шавњар аз ростгўён бошад.

10. Ва агар фазли Худо ва рањмати Ў бар шумо намебуд ва [агар на] ин буд, ки Худо Тавбапазирандаи Боњикмат аст, (чї чизњо, ки намешуд).2

11. Њамоно онон, ки тўњматро оварданд, љамоате аз шумоанд; ин тўњматро дар њаќќи хеш бад мапиндоред; балки он барои шумо бењтар аст. Барои њар касе аз онњо чизе аст, ки аз гуноњ њосил кард; ва аз онњо барои касе, ки бештари он тўњматро саранљом дод, азоби бузург аст.3

12. Чун онро шунидед, чаро [чунин] нашуд, ки мардону занони мўъмин дар њаќќи хеш некиро гумон мекарданду мегуфтанд: «Ин тўњмати зоњир аст»?

13. Чаро бар ин сухан чањор гувоњ наоварданд? Пас, чун гувоњонро наоварданд – он љамоа назди Худо дурўѓгў њастанд.

14. Ва агар дар дунёву охират фазли Худову рањмати Ў бар шумо намебуд, њар оина, дар он чи, дар бораи он гуфтушунид мекардед, ба шумо азоби бузург мерасид.

15. Чун онро ба забонњои хеш фаро мегирифтед ва ба дањони хеш сухане мегуфтед, ки шуморо ба њаќиќати он донише набуд ва онро осон мепиндоштед ва он назди Худо бузург буд.

16. Ва чун онро шунидед, чаро [чунин] нашуд, ки мегуфтед: «Моро намерасад, ки ин суханњоро ба забон орем, Туро ба покї ёд мекунем (Худоё), ин (сухан) бўњтоне бузург аст»?

17. Худо шуморо панд медињад, ки то агар мўъмин њастед, монанди инро њаргиз ба амал наоред.

18. Ва Худо барои шумо оётро баён мекунад ва Худо Донои Боњикмат аст.

19. Њамоно барои онон, ки дўст медоранд, ки (тўњмати) бадкорї дар [шаъни] мўъминон фош шавад, дар дунёву охират азоби дарддињанда њаст. Ва Худо медонад ва шумо намедонед.

20. Ва агар фазли Худову рањмати Ў бар шумо намебуд ва [агар на] ин буд, ки Худо Бахшояндаи Мењрубон аст, (чї чизњо, ки намешуд).

21. Эй мўъминон, аз паи гомњои Шайтон маравед; ва њар ки пайравии гомњои Шайтон кунад, пас, ба дурустї ки вай ба бењаёї ва кори нописандида мефармояд. Ва агар фазли Худову рањмати Ў бар шумо намебуд, њељ кас аз шумо њаргиз пок намешуд; валекин Худо њар киро хоњад, пок месозад ва Худо Шунавои Доно аст.

22. Ва бояд ки соњибони бузургию вусъат аз шумо бар он савганд нахўранд, ки ба хешовандону бенавоён ва муњољирон дар роњи Худо чизе надињанд; ва бояд ки афв кунанд ва даргузаранд. Оё дўст намедоред, ки Худо шуморо биомурзад? Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

23. Ба дурустї онон, ки занони покдоман, бехабар, мўъминро (ба бадкорї) дашном медињанд, дар дунёву охират лаънат карда шудаанд ва барои онњо азоби бузург аст –

24. дар рўзе, ки забонњояшону дастњояшону пойњояшон бар онњо бар он чи мекарданд, гувоњї дињад.

25. Он рўз Худо љазои боинсофашонро ба тамом ба онњо расонад ва бидонанд, ки Худо Барњаќќи Зоњир аст.

26. Занони нопок ба мардони нопок лоиќанд ва мардони нопок ба занони нопок лоиќанд. Ва занони пок ба мардони пок лоиќанд ва мардони пок ба занони пок лоиќанд; ин љамоа аз он чи мардум мегўянд, барианд, барои онњо омурзиш ва рўзии некў аст.

27. Эй мўъминон, ба хонањое ѓайри хонањои хеш надароед, то он ки иљозат наталабед ва бар ањли он салом надињед; ин барои шумо бењтар аст, бувад ки пандпазир шавед.

28. Пас, агар њељ касро дар он љо наёбед, ба он љо надароед, то он ки ба шумо иљозат дода нашавад; ва агар ба шумо гуфта шавад, ки: «Бозгардед», пас, бояд ки бозгардед; он барои шумо поктар аст; ва Худо ба он чи мекунед, Доно аст.

29. Бар шумо дар он гуноње нест, ки ба хонањое дароед, ки маскани касе нест, шуморо дар он љо манфиате бошад.1 Ва Худо он чиро, ки ошкоро мекунед ва он чиро, ки пўшида медоред, медонад.

30. Ба мардони мўъмин бигў, ки чашми худро бипўшанд ва шармгоњи худро нигоњ доранд; ин барои онњо покизатар аст. Ба дурустї ки Худо ба он чи мекунанд, Хабардор аст.

31. Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашми худро бипўшанд ва шармгоњи худро нигоњ доранд ва ороиши худро2 ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъњо) зоњир аст;3 ва бояд ки сарандозњои худро бар гиребонњои худ фурў гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавњарони хеш; ё падарони хеш; ё падарони шавњарони хеш; ё писарони хеш; ё писарони шавњарони хеш; ё бародарони хеш; ё писарони бародарони хеш; ё писарони хоњарони хеш; ё занони [ањли дини] хеш; ё он касе, ки дасташон молики ў шудааст;4 ё пайравоне аз мардон, ки соњиби шањват набошанд; ё тифлоне, ки њанўз бар шармгоњи занон огоњ нашудаанд. Ва заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зевари хеш, ки пинњон мекарданд, дониста шавад.5 Ва эй мўъминон, њама якљо ба сўи Худо руљўъ кунед, бувад ки растагор шавед.

32. Ва занони бешавњар аз ќавми хеш ва шоистагон аз бандагон ва канизакони хешро ба никоњ дињед; агар дарвеш бошанд, Худо онњоро аз фазли Хеш тавонгар мекунад. Ва Худо Бисёрдињандаи Доно аст.

33. Ва онон, ки асбоби никоњ намеёбанд, бояд ки бар покдоманї устувор бошанд, то он ки Худо онњоро аз фазли Хеш тавонгар кунад. Ва аз бандагони шумо онон, ки мукотабро металабанд, агар дар онњо шоистагие бидонед, пас, онњоро мукотаб кунед ва аз моли Худо, ки ба шумо арзонї доштааст, ба мукотабон дињед. Ва канизакони худро – агар онњо парњезгорї хоњанд, бар зино љабр накунед, то матои зиндагонии дунё ба даст оред. Ва њар ки онњоро љабр кунад, пас, ба дурустї ки Худо барои канизакон – баъди онњоро љабр кардан – Омурзандаи Мењрубон аст.

34. Ва ба дурустї ки ба сўи шумо оятњои равшанро фуруд овардем ва достонеро аз њоли онон, ки пеш аз шумо гузаштанд ва пандеро барои парњезгорон.

35. Худо нури осмонњову замин аст. Достони нури Вай6 монанди тоќе аст, ки дар он чароѓ7 њаст, он чароѓ дар шиша аст;8 он шиша гўё ситораи дурахшанда аст, аз равѓани дарахти бобаракат – дарахти зайтуне афрўхта мешавад, ки на шарќї асту на ѓарбї. Наздик аст, ки равѓани вай – агарчи оташе ба он нарасида бошад – равшанї бидињад, равшанї бар равшанї аст. Худо ба нури Худ њар киро хоњад, роњ менамояд. Ва Худо ин достонњоро барои мардумон баён мефармояд; ва Худо ба њар чиз Доно аст.

36. Дар хонањое, ки Худо иљозат додааст, ки онњо баланд карда шаванд ва он љо номи Ў ёд карда шавад – он љо Худоро субњу шом ба покї ёд мекунанд –

37. мардоне, ки њељ савдогарї ва харидуфурўхт онњоро аз ёд кардани Худо ва барпо доштани намоз ва додани закот бознамедорад, аз он рўзе метарсанд, ки дилњо ва дидањо дар он музтариб шаванд,

38. то Худо ба ивази бењтарини он чи карданд, ба онњо љазо дињад ва аз фазли Хеш ба онњо зиёда кунад. Ва Худо њар киро хоњад, ба ѓайри шумор рўзї медињад.1

39. Ва онон, ки кофир шуданд, аъмолашон монанди саробе ба майдонњои њамвор аст; ташна онро обе мепиндорад, то ваќте ки назди он биёяд, онро чизе наёбад ва Худоро назди он ёбад; њисоби вайро ба тамом ба вай бирасонад ва Худо Зудњисобкунанда аст.

40. Ё монанди торикињо дар дарёи амиќест, ки онро мавље мепўшад, аз болои он мавље дигар, аз болои он абр бувад – торикињое [бувад], ки баъзеи он болои баъзеи дигар аст. Чун дасти худро берун орад, наздик нест, ки онро бинад. Ва њар кас, ки Худо ба ў равшанї надода бошад, пас, њељ равшание барояш нест.

41. Оё надидї, ки њар ки дар осмонњову замин аст ва мурѓони болкушода [њама] Худоро ба покї ёд мекунанд? Дуову тасбењи њар якеро Худ донистааст. Ва Худо ба он чи мекунанд, Доно аст.

42. Ва подшоњии осмонњову замин аз они Худо аст; ва бозгашт ба сўи Худо аст.

43. Оё надидї, ки Худо абрњоро равон мекунад, сипас миёни он љамъ менамояд; сипас онро рўи њам месозад; пас, боронро мебинї, ки аз миёни он берун меояд; ва аз љониби боло, аз кўњњо[-и абр], ки он љо аст, жоларо фуруд меорад. Пас, ба њар ки хоњад, онро мерасонад ва аз њар ки хоњад, онро бозмедорад. Наздик аст, ки дурахшандагии барќи он абр чашмњоро бибарад.

44. Худо шабу рўзро ба якдигар мегардонад; ба дурустї ки дар ин муќаддима барои соњибони басират панде њаст.

45. Ва Худо њар љонвареро аз об офарид. Пас, аз инњо он аст, ки бар шиками худ меравад; ва аз инњо он аст, ки бар ду пой меравад; ва аз инњо он аст, ки бар чањор пой меравад. Худо њар чи хоњад, меофаринад. Ба дурустї ки Худо бар њар чиз Тавоно аст.

46. Њамоно, оёти равшанро фуруд овардем; ва Худо њар киро хоњад, ба сўи роњи рост далолат мекунад.

47. Ва мегўянд:2 «Ба Худову расул имон овардем ва фармонбардорї намудем». Сипас, гурўње аз онњо баъд аз ин рўй мегардонанд; ва онњо мўъмин нестанд.

48. Ва чун ба сўи Худову расули Ў хонда шаванд, то миёни онњо њукм фармояд, ногањон љамоате аз онњо рўйгардонидаанд.

49. Ва агар онњоро њаќ бошад, ба сўи Ў гардан нињода биёянд.

50. Оё дар дилњояшон беморї аст, ё дар шак афтодаанд, ё аз он метарсанд, ки Худову расули Ў бар онњо ситам кунанд? Балки ин љамоа худ ситамкоранд.

51. Љуз ин нест, ки ќавли мўъминон – чун ба сўи Худо ва расули Ў хонда мешаванд, то миёни онњо њукм кунад – он мебошад, ки гўянд: «Шунидем ва фармонбардорї кардем». Ва ин љамоа растагоронанд.

52. Ва њар ки Худову расули Ўро фармонбардорї кунад ва аз Худо тарсад ва аз азоби Ў њазар кунад – ин љамоа ба мурод расандагонанд.

53. Ва [мунофиќон] ба сахттарин ќасамњои худ ба Худо ќасам хўранд, ки агар ба онњо бифармої, албатта, [барои љињод] берун хоњанд рафт.1 Бигў: «Ќасам махўред, фармонбардории писандида матлуб аст. Ба дурустї ки Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст».

54. Бигў: «Фармонбардории Худо кунед ва фармонбардории пайѓамбар кунед; ва агар рўй бигардонед, пас, љуз ин нест, ки бар пайѓамбар он чи аст, ки бар вай лозим карда шуд ва бар шумо он чи аст, ки бар шумо лозим карда шуд. Ва агар фармонбардории ў кунед, роњ меёбед. Ва бар пайѓамбар ба љуз пайѓом расонидани ошкоро [чизе] нест.

55. Худо ба онњое, ки имон оварданд ва амалњои шоиста карданд, ваъда додааст, ки албатта, онњоро дар замин халифа созад, чунон ки касонеро, ки пеш аз онњо буданд, халифа сохта буд;2 ва албатта, динашонро, ки барояшон писандида аст, барои онњо муњкам кунад; ва албатта, баъд аз тарсашон эминиро барои онњо бадал кунад; Маро парастиш кунанд ва чизеро бо Ман шарик муќаррар накунанд; ва њар ки баъд аз ин носипосї кунад – ин љамоа фосиќонанд.

56. Ва намозро барпо доред ва закотро бидињед ва пайѓамбарро фармонбардорї кунед, бувад ки бар шумо рањм карда шавад.

57. Кофиронро дар замин ољизкунанда мапиндор ва љои онњо оташ аст; ва он бад бозгашт аст.

58. Эй мўъминон, бояд онон, ки дастњои шумо молики онњо шудааст3 ва онон аз шумо, ки ба њадди булуѓ нарасидаанд, [барои ба наздатон даромадан] аз шумо се навбат иљозат талабанд: пеш аз намози фаљр; ва нимрўз – ваќте ки љомањои худро фурў менињед; ва пас аз намози ишо, [ки] ин барои шумо се ваќти хилват аст; баъд аз инњо бар шумову бар онњо њељ гуноње нест; бар шумо баъзеи шумо бар баъзеи дигар дарояндаанд. Њамчунин Худо оётро барои шумо баён мекунад ва Худо Донандаи Боњикмат аст.

59. Ва чун тифлон аз шумо ба њадди булуѓ расанд, бояд иљозат талаб кунанд, чунон ки онон, ки пеш аз онњо буданд, иљозат металабиданд. Њамчунин Худо оёти Худро барои шумо баён мекунад ва Худо Донои Боњикмат аст.

60. Ва бар занони калонсол, ки умеди никоњ надоранд, дар он гуноње нест, ки ороишеро зоњир накарда, љомањои худро фурў нињанд; ва агар парњезгорї кунанд, барои онњо бењтар аст. Ва Худо Шунавои Доно аст.

61. Бар нобино гуноње нест; ва на бар ланг гуноње; ва бар бемор гуноње нест; ва на бар худи шумо гуноње дар он, ки аз хонањои хеш бихўред; ё хонањои падарони хеш; ё хонањои модарони хеш; ё хонањои бародарони хеш; ё хонањои хоњарони хеш; ё хонањои амакњои хеш; ё хонањои аммањои хеш; ё хонањои таѓоињои хеш; ё хонањои холањои хеш; ё хонае, ки калидњои он ба тасарруфи шумо аст;1 ё хонањои дўстон; – бар шумо дар он гуноње нест, ки њама якљо ё мутафарриќ бихўред. Пас, чун ба хонањо дароед, бар (ќавми) хеш салом гўед – дуои хайри бобаракати покиза, ки аз назди Худо фуруд омадааст. Њамчунин Худо оётро баён мекунад, бувад ки ба аќл дарёбед.

62. Љуз ин нест, ки мўъминон онњое њастанд, ки ба Худову пайѓамбари Ў имон оварданд; ва чун бо вай ба коре [њамроњ] бошанд, ки љамъ кардани онњоро металабанд, то он ки аз пайѓамбар иљозат нагиранд, [ба љое] нараванд. Њамоно онон, ки аз ту иљозат металабанд, касоне њастанд, ки ба Худо ва расули Ў имон овардаанд; пас, агар барои баъзе корњои худ аз ту иљозат талабанд, аз онњо ба њар ки хоњї, иљозат дењ ва барояшон аз Худо омурзиш талаб кун. Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

63. Талабидани пайѓамбарро дар миёни хеш монанди он машуморед, ки талабидани якдигаратон аст. Њамоно Худо ононро аз шумо, ки ба пинњонї? паноњљўён берун мераванд, медонад. Пас, онон, ки хилофи њукми пайѓамбар мекунанд, бояд аз он битарсанд, ки ба онњо балое бирасад, ё ба онњо азоби дарддињанда бирасад.

64. Огоњ шав, ба дурустї ки он чи дар осмонњову замин аст, аз они Худо аст; равишеро, ки шумо бар он њастед, медонад. Ва рўзе, ки ба сўи Ў бозгардонида шаванд, онњоро ба он чи кардаанд, хабар медињад. Ва Худо ба њар чиз Доно аст.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет