32. Сураи Саљда
Дар Макка нозил шуд ва он сї оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон.
1. Алиф. Лом. Мим.
2. Фуруд овардани Китоб, ки дар он њељ шубња нест, аз љониби Парвардигори оламиён аст.
3. Оё мегўянд: «Онро барбофтааст»? Балки вай рост аст, аз љониби Парвардигори ту омадааст, то ќавмеро, ки њељ тарсонандае пеш аз ту ба онњо наомадааст, тарсонї, то бувад ки онњо роњ ёбанд.
4. Худо Он аст, ки осмонњову замин ва он чиро, ки мобайни онњо аст, дар шаш рўз офарид, сипас бар Арш ќарор гирифт; шуморо љуз Вай њељ дўсте ва шафоаткунандае нест. Оё пандпазир намешавед?
5. Корро аз осмон ба сўи замин (фуруд оварда) тадбир мекунад. Сипас он кор дар рўзе, ки миќдори он аз он њисоб, ки мешуморед, [баробари] њазор сол аст, ба сўи Худо боло меравад.
6. Ин (сифати) Донандаи нињону ошкоро, Ѓолиби Мењрубон аст –
7. – Он, ки њар чизеро, ки офарид, онро ба некўтарин ваљњ сохт ва офариниши одамиро аз гил оѓоз кард.
8. Сипас, насли ўро аз хулосае аз оби хор пайдо кард.
9. Сипас, ўро дурустандом кард ва дар вай аз Рўњи Худ дамид; ва барои шумо гўшњову чашмњову дилњо пайдо кард; андаке шукр мекунед.
10. Ва гуфтанд: «Чун дар замин гум шавем, оё мо дар офариниши нав хоњем буд?» Балки онњо ба мулоќоти Парвардигори хеш кофиранд.
11. Бигў: «Малакулмавт,1 ки бар шумо гумошта шудааст, рўњи шуморо меситонад; сипас, ба сўи Парвардигори хеш гардонида мешавед».
12. Ва (тааљљуб кунї) агар он ваќт дарнигарї, ки гуноњкорон назди Парвардигори хеш афканандаи сарњои худ бошанд, (гўянд:) «Эй Парвардигори мо, дидему шунидем, пас моро бозгардон, то кори шоиста бикунем, ба ростї ки мо яќинкунандаем».
13. Ва агар мехостем, ба њар шахсе њидояти ўро медодем, валекин ин ваъда аз љониби Ман собит шуд, ки: «Њамоно дўзахро аз њамаи љинниёну одамиён – якљо, пур кунам.
14. Пас, ба сабаби он ки мулоќоти ин рўзи худро фаромўш кардед, (ин азобро) бичашед! Ба дурустї ки Мо низ шуморо фаромўш кардем; ва ба сабаби он чи мекардед, азоби доимро бичашед.
15. Љуз ин нест, ки ба оёти Мо ононе имон меоранд, ки чун ба он панд дода мешаванд, саљдакунон нагунсор афтанд ва Парвардигори хешро ба ситоиш ба покї ёд кунанд ва онњо такаббур намекунанд.
16. Пањлўњояшон аз хобгоњ дур мемонад, ба тарсу умедворї Парвардигори худро мехонанд; ва аз он чи ба онњо рўзї додаем, харљ мекунанд.
17. Пас, њељ нафсе намедонад, аз равшании чашм чї чиз барои онњо пинњон дошта шудааст, ки ба он чи мекарданд, подош аст.
18. Оё касе, ки мўъмин бошад, монанди касе аст, ки фосиќ бошад? Њаргиз баробар намешаванд.
19. Аммо онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, барояшон – ба тариќи мењмонї – бињиштњо љои мондан аст.
20. Аммо онон, ки фосиќ буданд, пас, љояшон дўзах аст. Њар гоњ хоњанд, ки аз он љо берун оянд, дар он бозгардонида шаванд ва ба онњо гуфта шавад: «Азоби оташе бичашед, ки онро дурўѓ медоштед!»
21. Ва, албатта, [дар дунё] ба онњо азоби камтари фурўтар аз азоби бузургро бичашонем, бувад ки онњо бозгарданд.
22. Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба оёти Парвардигори хеш панд дода шавад, сипас, аз он рўй бигардонад? Ба ростї ки Мо аз гуноњкорон Интиќомкашандаем.
23. Ва дар њаќиќат ба Мўсо Китоб додем; пас, аз мулоќоти вай1 дар шубња мабош; ва вайро1 барои Банї Исроил њидоят сохтем.
24. Ва аз онњо – ваќте ки сабр карданд ва ба оёти Мо яќин оварданд – пешвоёне пайдо кардем, ки ба фармони Мо роњ менамуданд.
25. Њамоно Парвардигори ту рўзи ќиёмат миёни онњо – дар он чи андар он ихтилоф мекарданд, файсала кунад.
26. Оё барои онњо возењ нашудааст, ки пеш аз онњо чї ќадар аз [ањли] ќарнњоро њалок кардем, ки онњо дар хонањои он љамоа мераванд? Ба ростї, дар ин кор нишонањое њаст. Оё намешунаванд?
27. Оё надиданд, ки Мо обро ба сўи замини бегиёњ равон мекунем, то ба сабаби он зироатро берун орем, ки чањорпоёнашон ва худи онњо низ аз он зироат мехўранд. Оё намебинанд?
28. Ва мегўянд: «Агар ростгў њастед, ин фатњ кай хоњад буд?»
29. Бигў: «Рўзи фатњ ба кофирон имон оварданашон суд надињад; ва онњо мўњлат дода нашаванд».
30. Пас, аз онњо рўй бигардон ва нигарон бош, њамоно онњо низ нигаронанд.
33. Сураи Ањзоб (Гурўњњо)
Дар Мадина нозил шуд ва он њафтоду се оят ва нўњ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй пайѓамбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиќон фармонбардорї макун. Ба дурустї ки Худо Донои Боњикмат аст.
2. Ва ба он чизе, ки аз љониби Парвардигори ту ба сўи ту вањй фиристода мешавад, пайравї кун, њамоно Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.
3. Ва бар Худо таваккул кун ва Худо Вакил бас аст.
4. Худо барои њељ марде ду дилро дар дохили бадани ў наофаридааст; ва он занонатонро, ки ба онњо зињор мекунед,1 модарони шумо нагардонидааст; ва писархондагонатонро писарони шумо насохтааст. Ин сухани шумо аст, ки ба дањони хеш мегўед; ва Худо сухани рост мегўяд ва Ў ба роњ [-и њаќ] далолат мекунад.
5. Писархондагонро ба падаронашон нисбат кунед; ин назди Худо росттар аст; пас, агар падаронашонро надонед, он гоњ онњо бародарони шумо дар дин ва озодкардагони шумоанд.2 Ва бар шумо дар он (лафзе), ки ба (такаллуми) он хато карда бошед, гуноње нест, валекин (гуноњ он аст, ки) дилњои шумо ќасд карда бошад. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
6. Пайѓамбар ба (тасарруф дар умури) мўъминон аз худи онњо сазовортар аст; ва занони пайѓамбар модарони онњоанд;3 ва дар њукми Худо баъзе хешовандон ба баъзе аз соири мўъминон ва њиљраткардагон наздиктаранд, лекин он, ки дар њаќќи дўстони худ некўї бикунед, (љоиз бувад). Ин њукм дар Китоб4 навишта шудааст.
7. Ва (ёд кун), чун аз пайѓамбарон ва [хусусан] аз ту ва аз Нўњ ва Иброњим ва Мўсо ва Исо писари Марям ањдашонро гирифтем ва аз њама ањди муњкам гирифтем,
8. барои он ки то (Худо) ростгўёнро аз ростиашон бипурсад, вале барои кофирон азоби дарддињанда муњайё кардааст.
9. Эй мўъминон, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед – ваќте ки лашкарњо бар сари шумо омад, пас, бар онњо бод ва лашкарњоеро, ки онњоро намедидед, фиристодем. Ва Худо ба он чи мекунед, Доно аст.
10. Чун аз љониби болои шумо ва аз љониби поини шумо ба шумо омаданд ва чун дидањо хира монданд ва љонњо ба гулў расиданд ва (нисбат) ба Худо ба гумонњои мухталиф гумон мебурдед,
11. дар он љо мўъминон имтињон карда шуданд ва ба љунбонидани сахт љунбонида шуданд.
12. Ва чун мунофиќон ва онон, ки дар дилњояшон беморї аст, мегуфтанд: «Худо ва пайѓамбари Ў ба љуз ба тариќи фиреб додан, ба мо ваъда надоданд».
13. Ва чун тоифае аз онњо гуфтанд: «Эй ањли Ясриб,5 шуморо љои мондан нест, пас, бозгардед!» Ва гурўње аз онњо аз пайѓамбар иљозат талабиданд, мегуфтанд: «Ба ростї ки хонањои мо бепаноњ аст». Ва (њол он ки) он хонањо бепаноњ набуданд; ба љуз гурехтан (чизи) дигар намехостанд.
14. Ва агар бар сари онњо аз навоњии он даромада мешуд, пас, аз онњо фитна1 талаб карда мешуд, албатта, онро [анљом] медоданд ва дар ин кор ба љуз андаке таваќќуф намекарданд.2
15. Ва дар воќеъ пеш аз ин бо Худо ањд баста буданд, ки пуштро барнагардонанд. Ва ањди Худо пурсидашуда аст.
16. Бигў: «Агар аз марг ё кушта шудан гурезед, шуморо гурехтан суд надињад; ва дар он њангом ба љуз андаке бањраманд сохта нашавед».
17. Бигў: «Агар [Худо] дар њаќќи шумо сахтї бихоњад ё дар њаќќи шумо неъмате бихоњад, кист он, ки шуморо аз (тасарруфи) Худо нигоњ дорад?!» – Ва ба љуз Худо барои хеш дўсте ва ёридињандае наёбанд.
18. Ба ростї ки Худо аз шумо боздорандагонро ва низ онњоеро медонад, ки ба бародарони худ гўянд: «Ба сўи мо биёед!» Ва ба љуз андаке ба корзор њозир намешаванд,
19. [дар њолате ки] дар њаќќи шумо бахиланд. Пас, чун тарс биёяд, бибинї, ки онњо ба сўи ту дарменигаранд, чашмњояшон мегардад – монанди касе, ки аз (сахтии) марг бењуш карда шавад. Пас, чун тарс биравад, ба забонњои тез, бар мол бухлкунон, ба шумо забондарозї кунанд. Ин љамоа имон наовардаанд. Пас, Худо кирдорњояшонро нобуд сохт. Ва ин кор бар Худо осон аст.
20. Мепиндоранд, ки лашкарњои ањзоб нарафтаанд. Ва агар ин лашкарњо биёянд, таманно кунанд, ки кош онњо дар миёни аъробиёни бодиянишин мебуданд ва аз ахбори шумо суол мекарданд.3 Ва агар дар миёни шумо мебуданд, ба љуз андаке корзор намекарданд.
21. Ба дурустї ки барои шумо – барои касе, ки (савоби) Худо ва рўзи охирро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад, дар [кори] пайѓамбари Худо иќтидои писандидае њаст.
22. Ва чун мўъминон лашкарњои ањзобро диданд, гуфтанд: «Он чи Худову пайѓамбари Ў ба мо ваъда дода буданд, ин аст. Ва Худову пайѓамбари Ў рост гуфтанд». Ва ин мољаро дар њаќќи онњо ба љуз бовар доштану гардан нињодан [чизеро] наафзуд.
23. Аз мўъминон мардоне њастанд, ки он чиро бо Худо бар он ањд баста буданд, рост карданд; пас, аз онњо касе њаст, ки ќарордоди худро ба анљом расонид4 ва аз онњо касе њаст, ки интизорї мекашад ва ба њељ ваљњ [ањди худро] ба табдил кардание табдил накардааст,
24. то Худо ростгўёнро дар муќобилаи ростиашон љазо дињад ва мунофиќонро, агар хоњад, азоб кунад, ё бар онњо ба рањмат бозгардад. Њамоно Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
25. Ва Худо кофиронро бо хашмашон бозгардонид, њељ манфиате наёфтанд. Ва Худо дар муќаддимаи љанг аз тарафи мўъминон кифоят кард. Ва Худо Тавонои Ѓолиб аст.
26. Аз ањли Китоб ононро, ки ба ин лашкарњо мададгорї карда буданд, аз ќалъањояшон фуруд овард1 ва дар дилњояшон хавф афканд. Тоифаеро мекуштед ва тоифаеро асир мегирифтед.
27. Ва оќибати кор замини онњову хонањои онњову молњои онњоро ва заминеро, ки ба он нарафтаед,2 ба шумо дод. Ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.
28. Эй пайѓамбар, ба занони худ бигў:3 «Агар зиндагонии дунёву ороиши онро мехоста бошед, пас биёед, то ба шумо матоъ дињам ва ба рањо кардани нек шуморо рањо кунам.
29. Ва агар Худову пайѓамбари Ў ва сарои охиратро мехоњед, пас, ба ростї, Худо музди бузургеро барои занони некўкор аз шумо омода сохтааст».
30. Эй занони пайѓамбар, њар ки аз шумо бадкории зоњир ба амал орад, вайро ду баробари [дигарон] азоб карда шавад. Ва ин кор бар Худо осон аст.
31. Ва њар ки аз шумо ба Худо ва пайѓамбари Ў фармонбардорї кунад ва кори нек бикунад, ба ў муздашро ду бор бидињем ва барои ў рўзии нек муњайё кунем.
32. Эй занони пайѓамбар, шумо монанди њар кадом аз соири занон нестед; агар парњезгорї доред, дар сухан гуфтан мулоимат макунед, ки он гоњ касе, ки дар дилаш беморист, тамаъ кунад; ва сухани некў гўед.
33. Ва дар хонањои хеш бимонед ва монанди изњори таљаммул, ки дар љоњилияти пешин буд, изњори таљаммул макунед ва намозро барпо доред ва закотро бидињед ва ба Худову пайѓамбари Ў фармонбардорї кунед. Љуз ин нест, ки Худо мехоњад, то аз шумо, эй ањли байт, палидиро дур кунад ва шуморо ба пок кардание пок кунад.
34. Ва аз оятњои Худо ва аз њикмат он чиро, ки дар хонањои шумо хонда мешавад, ёд кунед. Ба дурустї ки Худо Лутфкунандаи Хабардор аст.
35. Ба ростї ки Худо барои мардони мусулмон ва занони мусулмон; ва мардони бовардоранда ва занони бовардоранда; ва мардони тоаткунанда ва занони тоаткунанда; ва мардони ростгўянда ва занони ростгўянда; ва мардони шикебоикунанда ва занони шикебоикунанда; ва мардони фурўтанинамоянда ва занони фурўтанинамоянда; ва мардони садаќадињанда ва занони садаќадињанда; ва мардони рўзадоранда ва занони рўзадоранда; ва мардони муњофизаткунандаи шармгоњи худ ва занони муњофизаткунандаи шармгоњи худ; ва мардони ба бисёрї ёдкунандаи Худо ва занони ёдкунанда – омурзиш ва музди бузург муњайё кардааст.
36. Ва њељ мўъмину њељ мўъминаро он нест, ки чун Худову пайѓамбари Ў коре муќаррар кунанд, онњоро дар он кори хеш ихтиёр бошад. Ва њар ки Худову пайѓамбари Ўро нофармонї кунад, пас, њамоно, ба гумроњии зоњир гумроњ шудааст.
37. Ва (ёд кун) чун ба шахсе, ки Худо бар вай инъом кардааст ва ту низ бар вай инъом кардаї, мегуфтї: «Зани худро бар худ нигоњ дор ва аз Худо битарс» – ва он чиро, ки Худо падидорандаи он аст, дар замири хеш пинњон мекардї ва аз мардумон метарсидї ва Худо ба он, ки аз Вай битарсї, сазовортар аст. Пас, ваќте ки Зайд аз Зайнаб њољатро ба анљом расонид,1 Зайнабро ба ту ба занї додем, то бар мўъминон дар (никоњ кардани) занони писархондагон – чун аз онњо њољатро ба охир расонанд – њељ тангї набошад. Ва амри Худо, албатта, карданист.
38. Бар пайѓамбар дар он чи Худо барои ў њалол сохтааст, њељ тангие нест. [Ин] монанди суннати Худо дар њаќќи ононест, ки пеш аз ин гузаштаанд ва кори Худо боандозаи муќарраркардашуда аст –
39. ононе, ки пайѓомњои Худоро мерасонанд ва аз Вай метарсанд; ва ба љуз аз Худо аз њељ кас наметарсанд; ва Худо Њисобкунанда бас аст.
40. Муњаммад падари њељ кас аз мардони шумо нест; валекин пайѓамбари Худо ва мўњри пайѓамбарон аст.2 Ва Худо ба њар чиз Доно аст.
41. Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед.
42. Ва субњу шом Ўро ба покї ёд кунед.
43. Ў Он аст, ки бар шумо рањмат мефиристад ва фариштагони Ў (бар шумо дуои рањмат мекунанд), то шуморо аз торикињо ба сўи равшанї бароварад. Ва Худо бо мўъминон Мењрубон аст.
44. Дуои хайри онњо3 дар рўзе, ки бо Худо мулоќот кунанд, салом аст; ва Ў барояшон музди нек омода кардааст.
45. Эй пайѓамбар, њамоно Мо туро гувоњидињанда ва муждадињанда ва тарсонанда фиристодем;
46. ва ба њукми Худо ба сўи Ў даъваткунанда ва [њамчун] чароѓи равшан [фиристодем].
47. Ва мўъминонро ба он башорат дењ, ки барои онњо аз љониби Худо бахшоиши бузург бошад.
48. Ва кофирону мунофиќонро фармон мабар ва ранљониданашонро (аз назари эътибор) бигузор ва бар Худо таваккул кун; ва Худо Корсоз бас аст.
49. Эй мўъминон, чун занони мўъминаро никоњ кунед, сипас – пеш аз он, ки ба онњо даст расонед, онњоро талоќ дињед, пас, шуморо бар ин занон њељ иддате нест, ки онро бишуморед. Пас, ба ин муталлаќот мутъа дињед4 ва онњоро ба гузоштани нек бигузоред, [ки раванд].
50. Эй пайѓамбар, дар њаќиќат Мо барои ту [инњоро] њалол кардем: он занонатро, ки мањрашонро додаї; ва канизаконеро, ки дасти ту молики онњо шудааст – аз он чи Худо бар ту оид сохтааст;1 ва духтарони амакатро; ва духтарони аммањоятро; ва духтарони таѓоиятро; ва духтарони холањоятро – онон, ки бо ту њиљрат карданд; ва зани мўъминаеро, ки агар худро барои пайѓамбар бибахшад2 – агар пайѓамбар хоњад, ки ўро ба занї гирад – хос барои ту, ба љуз мўъминон аст. Њамоно Мо он чиро донистаем, ки бар онњо дар њаќќи занонашон ва (дар њаќќи) канизаконе, ки дасташон молики онњо шудааст, фарз сохтаем, (сањл кардем) то бар ту њељ тангї набошад.3 Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
51. Аз онњо њар киро хоњї [навбаташро] мавќуф дорї ва њар киро хоњї назди хеш љой дињї; ва агар занеро аз он љумла талаб кунї, ки онњоро яксў кардаї, пас, бар ту њељ гуноње нест. Ин (рухсат додан) ќарибтар аст ба он, ки чашмњояшон равшан шавад ва андўњ нахўранд ва њамаи онњо ба он чи ба онњо бидињї, хушнуд шаванд. Ва Худо он чиро медонад, ки дар дилњои шумо аст ва Худо Донои Бурдбор аст.
52. Баъд аз ин [дигар] занон туро њалол нестанд ва (њалол нест) он, ки ба љои онњо занони дигарро бадал кунї – агарчи њусни онњо туро ба шигифт орад – магар он чи дасти ту молик шудааст. Ва Худо бар њама чиз Нигањбон аст.
53. Эй мўъминон, ба хонањои пайѓамбар надароед, магар ваќте ки барои таоме ба шумо иљозат дода шавад, он њам аз ѓайри [барваќт омада] мунтазири пухта шудани таом истодан, валекин чун шуморо даъват карда шавад, дароед. Пас, чун таом хўред, барои сухане ором нагирифта, пароканда шавед. Ба ростї ки ин кор пайѓамбарро меранљонад, пас, аз шумо шарм дошт ва Худо аз сухани рост шарм намедорад. Ва чун аз занони пайѓамбар чизе талаб кунед, пас, онро аз паси парда талаб кунед. Ин хислат барои дилњои шумо ва дилњои онњо поктар аст. Ва шуморо сазовор нест, ки пайѓамбари Худоро биранљонед ва ба таври муаббад сазовор нест, ки пас аз вай занонашро никоњ кунед. Ба дурустї ки ин кор назди Худо гуноњи бузург аст.
54. Агар чизеро ошкор кунед, ё онро пинњон доред, пас, њамоно Худо ба њар чиз Доно аст.
55. Бар занон (дар парда напўшидан) пеши падарони хеш ва писарони хеш ва бародарони хеш ва писарони бародарони хеш ва писарони хоњарони хеш ва занони [њамљинси] хеш ва он чи дасташон молики он аст – гуноње нест. (Эй занон) аз Худо битарсед. Ба ростї ки Худо бар њама чиз Гувоњ аст.
56. Њамоно, Худо ва фариштагони Ў бар пайѓамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва ба салом гуфтане салом гўед.
57. Њамоно, Худо ононро, ки Худову пайѓамбари Ўро меранљонанд, дар дунёву охират лаънат кард ва барои онњо азоби хоркунанда муњайё сохт.
58. Ва онон, ки мардони мўъмин ва занони мўъминаро ба ѓайри гуноње, ки ба амал оварда бошанд, меранљонанд, њамоно бори бўњтон ва гуноњи зоњирро бардоштанд.
59. Эй пайѓамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодарњои худро бар худ фурў гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онњо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
60. Агар мунофиќон ва онон, ки дар дилњояшон беморист ва фошкунандагони хабари бад дар Мадина [аз кирдорњои хеш] боз намонанд, албатта, туро бар онњо баргуморем, сипас бо ту дар Мадина ба љуз замоне андак њамсоя набошанд,1
61. дар њоле ки онњо лаънаткардашудагонанд, њар љо ёфта шаванд, асир гирифта шаванд ва ба куштани бисёр кушта шаванд.
62. (Ин монанди) равиши Худо дар (њаќќи) онон аст, ки пеш аз ин гузаштанд. Ва дар равиши Худо њаргиз таѓйире наёбї.
63. Мардумон туро аз ќиёмат суол мекунанд, бигў: «Љуз ин нест, ки донистани он назди Худо аст». Ва чї чиз туро хабар дод, шояд ки (омадани) ќиёмат наздик бошад.
64. Ба ростї ки Худо кофиронро лаънат кардааст ва барояшон оташ омода сохтааст,
65. ки дар он љо њамеша љовидонанд, њељ дўсте ва ёридињандае наёбанд.
66. Рўзе, ки рўйњояшон дар оташ гардонида шавад, гўянд: «Эй кош, мо Худоро фармон мебурдем ва пайѓамбарро фармон мебурдем».
67. Ва гўянд: «Эй Парвардигори мо, ба ростї ки мо рањбаронамон ва бузургонамонро фармон бурдем, пас моро аз роњ гумроњ сохтанд.
68. Эй Парвардигори мо, ба онњо аз азоб дучанд бидењ ва онњоро ба лаънати сахт лаънат кун».
69. Эй мўъминон, монанди онон мабошед, ки Мўсоро ранљониданд, пас Худо ўро аз он чи гуфта буданд, пок сохт. Ва Мўсо назди Худо бообрў буд.
70. Эй мўъминон, аз Худо битарсед ва сухани устувор бигўед,
71. то [Худо] кирдорњоятонро ба салоњ орад ва гуноњонатонро барои шумо биомурзад. Ва њар ки Худову пайѓамбари Ўро фармон барад, пас, ба дурустї ки ба фирўзии бузург ноил шудааст.
72. Ба ростї, Мо амонатро бар осмонњову замину кўњњо арз кардем, пас, ќабул накарданд, ки онро бардоранд ва аз он битарсиданд; ва одамї онро бардошт; дар њаќиќат вай ситамгори нодон буд.
73. [Ин арзи амонат барои он буд, ки] то Худо мардони мунофиќ ва занони мунофиќ ва мардони мушрик ва занони мушрикро азоб кунад ва ба мардони мўъмин ва занони мўъмин ба рањмат руљўъ кунад. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
34. Сураи Сабаъ (Сабо)
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу чањор оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њама ситоиш Худойро аст, ки он чи дар осмонњову дар замин аст, ба дасти Ўст; ва дар охират [низ] ситоиш Ўро аст. Ва Ў Боњикмату Огоњ аст.
2. Он чиро, ки ба замин дармеояд ва он чиро, ки аз он бармеояд ва он чиро, ки аз осмон фуруд меояд ва он чиро, ки дар он боло меравад, медонад. Ва Ў Мењрубони Омурзанда аст.
3. Ва кофирон гуфтанд: «Ќиёмат бар мо нахоњад омад». Бигў: «Оре, ќасам ба Парвардигорам – (Парвардигоре) ки Донандаи ѓайб аст, албатта, ба шумо хоњад омад; њамвазни заррае, ё хурдтар аз он ва ё бузургтар аз он – дар осмонњову дар замин – аз Вай Ѓоиб намешавад, магар он ки дар Китоби Зоњир сабт аст,
4. то ононро, ки имон оварданд ва амалњои шоиста карданд, љазо дињад: барои он љамоа омурзиш ва рўзии гиромї аст;
5. ва барои онон, ки дар радди оёти Мо муќобалакунон саъй карданд, азобе аз уќубати дарддињанда њаст.
6. Ва онон, ки ба онњо илм дода шудааст, мебинанд, ки он чи аз љониби Парвардигорат ба ту фуруд оварда шуд, рост аст ва ба сўи роњи (Худои) Ѓолиби Сутудакор далолат мекунад.
7. Ва кофирон [ба мардум] гуфтанд: «Оё шуморо бар марде далолат кунем, ки ба шумо хабар медињад: чун пора-пора карда шавед – [ба таври] тамом пора-пора шудан – њар оина шумо боз аз нав зинда карда хоњед шуд?
8. Оё бар Худо дурўѓро барбастааст, ё ба ў љунуне њаст?» Балки онон, ки ба охират имон намеоранд, дар азобу дар гумроњии дур бошанд.
9. Оё аз осмону замин ба он чи пеши рўи онњост ва ба он чи паси пушти онњост, наменигаранд? Агар хоњем, онњоро ба замин фурў мебарем, ё порањои осмонро бар онњо меафканем. Ба дурустї ки дар ин (кор) барои њар бандаи руљўъкунанда нишонае њаст.
10. Ва ба дурустї ки ба Довуд аз наздики худ бузургї додем, (гуфтем): «Эй кўњњо, бо ў овозњои худро бозгардонед»;1 ва мурѓонро (ба ў мусаххар сохтем) ва оњанро барои ў нарм гардонидем,
11. [гуфтем] ки: «зирењњои кушода бисоз ва дар бофтани њалќањо андоза нигањ дор ва (эй ањли байти Довуд) кирдорњои шоиста ба амал оред, њамоно Ман ба он чи мекунед, Биноам».
12. Ва барои Сулаймон бодро (мусаххар сохтем), сайри аввали рўзи ў якмоња роњ буд ва сайри охири рўзи ў низ якмоња роњ буд ва чашмаи мисро барои ў равон сохтем ва аз девон касеро (мусаххар гардонидем), ки дар пеши ў ба њукми Парвардигори хеш кор мекард; ва аз девон њар ки аз њукми Мо каљї кунад, ўро (порае) аз азоби дўзах бичашонем.
13. Барои ў он чи мехост, месохтанд: аз ќалъањо, суратњо, косањо ба ќадри њавзњо ва дегњои собит дар љойњои худ. (Гуфтем:) «Эй касони Довуд, шукр кунед. Ва аз бандагони Ман андак касе шукргузоранда аст.
14. Пас, чун маргро бар вай муќаррар кардем, девонро бар марги ў (чизе) далолат накард, магар кирми чўбхоре, ки асои Сулаймонро мехўрд. Пас, чун биафтод, пеши девон возењ шуд, ки агар ѓайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда диранг намекарданд.
15. Ба дурустї ки ќавми Саборо дар масканњояшон нишонае буд: ду бўстон – аз љониби росту аз љониби чап. (Гуфтем:) «Ризќи Парвардигори хешро бихўред ва Ўро шукр гўед, (шуморо) шањре покиза ва Парвардигоре Омурзанда њаст».
16. Пас рў гардониданд.1 Пас Мо бар онњо сели тунд фиристодем ва ба љои ду бўстонашон ду бўстони дигар ба онњо иваз додем: дорои мевањои бадмаза ва дорои дарахти газ ва чизи андаке аз дарахти кунор.
17. Инчунин онњоро ба сабаби носипосиашон сазо додем ва Мо ба љуз носипос касеро сазои бад намедињем.
18. Дар миёни онњо ва миёни он дењањое, ки дар он баракат нињодаем,2 дењањои ба якдигар муттасил пайдо кардем ва дар он дењањо омадурафт муќаррар кардем. (Гуфтем:) «Дар ин дењањо шабњову рўзњо эмин шуда сайр кунед».
19. Пас, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, дар миёни сафарњои мо дурї пайдо кун». Ва онњо бар хеш ситам карданд. Пас Мо онњоро афсона гардонидем ва [ба таври] тамом пора-пора сохтан онњоро пора-пора сохтем. Њамоно дар ин (мољаро) барои њар сабркунандаи шукргўянда нишонањое њаст.
20. Ва ба дурустї ки Шайтон дар њаќќи онњо андешаи худро рост ёфт. Пас, онњо, ба љуз гурўње андак аз мўъминон, ба ў пайравї карданд.
21. Ва Шайтонро бар онњо њељ ѓалаба набуд, лекин (мубтало гардонидем) то касеро, ки ба охират имон меорад, аз касе људо кунем, ки аз он дар шубња аст. Ва Парвардигори ту бар њар чиз Нигањбон аст.
22. Бигў: «Онњоеро бихонед, ки шумо ононро ба љуз Худо [худоён] гумон мекунед». Молики њамвазни як зарра дар осмонњову дар замин нестанд ва онњоро дар осмонњову замин њељ ширкате нест ва Худоро аз онњо њељ ёридињанда нест.
23. Ва шафоат назди Худо суд накунад, магар барои касе, ки ўро дастурї дода бошад, то он гоњ, ки изтироб аз дили онњо дур карда шавад, гўянд: «Парвардигори шумо чї чиз фармудааст?» Гўянд: «Сухани ростро (фармудааст). Ва Ў Баландмартабаи Бузургќадр аст».
24. Бигў: «Кї ба шумо аз осмонњову замин рўзї медињад?» (Боз) бигў: «Худо медињад. Ва, њар оина, мо ё шумо дар њидоят ё дар гумроњии зоњирем».
25. Бигў: «Шумо аз гуноњи мо суол карда нахоњед шуд ва мо аз он чи шумо мекунед, суол карда нахоњем шуд».
26. Бигў: «Парвардигори мо миёни мо љамъ хоњад кард, сипас миёни мо ба ростї њукм мекунад ва Ў Њукмкунандаи Доно аст».
27. Бигў: «Ба ман ононро бинамоед, ки шумо онњоро бо Худо шарик сохта, барбастаед. На чунин аст, балки Худо Њамон Ѓолиби Боњикмат аст».
28. Мо туро нафиристодем, магар барои њамаи мардумон – муждадињанда ва тарсонанда, валекин аксари мардумон намедонанд.
29. Ва мегўянд: «Агар ростгў њастед, ин ваъда кай бошад?»
30. Бигў: «Барои шумо ваъдаи рўзе аст, ки аз он соате бозпас намонед ва на [соате] пешї кунед».
31. Ва кофирон гуфтанд: «Мо ин Ќуръонро ва он Китобро, ки пеш аз он буд, њаргиз бовар надорем». Агар бибинї, чун ситамкорон назди Парвардигори хеш истода карда шаванд, баъзеашон суханро ба сўи баъзе боз мегардонад; онон, ки нотавон гирифта шуда буданд, ба онон, ки саркашї мекарданд, мегўянд: «Агар шумо намебудед, њар оина, мо мўъмин мешудем».
32. Саркашон ба нотавонон гўянд: «Оё баъд аз он ки ба шумо њидоят омад, мо шуморо аз он боздоштем? Балки худи шумо гуноњкор будед».
33. Ва нотавонон ба саркашон гўянд: «Не, балки макри шабу рўз (моро боздошт), чун ба мо мефармудед, ки ба Худо кофир шавем ва барои Ў њамтоёнро муќаррар кунем». Ва чун азобро бибинанд, дар дил пушаймон шаванд. Ва мо дар гардани кофирон тавќњо андозем; сазо дода намешаванд, магар мувофиќи он чи мекарданд.
34. Ва Мо бимкунандаеро дар њељ дење нафиристодем, магар мунъимони он дењ гуфтанд: «Њамоно мо ба он чи, ки шумо бо он фиристода шудаед, ногаравидагонем».
35. Ва гуфтанд: «Мо ба эътибори амвол ва авлод зиёдатарем ва мо азобкардашаванда нестем».
36. Бигў: «Ба дурустї ки Парвардигори ман рўзиро барои њар ки хоњад, фарох мекунад ва танг мекунад, валекин аксари мардум намедонанд».
37. Ва амволи шумо ва авлоди шумо он чизе нест, ки шуморо назди Мо ба мартабаи ќурбат муќарраб гардонад, лекин муќарраб касе аст, ки имон овард ва кори шоиста кард, пас, барои ин љамоа – ба сабаби он чи амал карданд, љазои дучанд аст ва онњо эмин дар кўшкњои баланд бошанд.
38. Ва онон, ки дар (радди) оёти Мо муќобилакунон саъй мекунанд, дар азоб њозир карда шаванд.
39. Бигў: «Ба дурустї ки Парвардигори ман рўзиро барои њар ки аз бандагони Худ хоњад, фарох мекунад; ва барои њар ки хоњад, танг месозад. Ва шумо аз њар љинс, ки бошад, харљ кунед, пас, Худо ивази онро медињад ва Ў Бењтарини рўзидињандагон аст.
40. Ва рўзе, ки Худо њамаи онњоро якљо барангезад, сипас, ба фариштагон гўяд: «Оё инњо шуморо ибодат мекарданд?»
41. Гўянд:1 «Покї Турост, Туї Корсози мо, на онњо; балки онњо љинњоро ибодат мекарданд, аксари онњо ба љинњо эътиќод доштанд».
42. Пас имрўз баъзеи шумо барои баъзе суд расонидан ва зиён кардан наметавонед. Ва ба ситамкорон фармоем: «Азоби оташеро бичашед, ки шумо онро дурўѓ медоштед».
43. Ва чун оёти равшани Мо бар онњо хонда мешавад, гўянд: «Ин (пайѓамбар) нест, магар марде, ки мехоњад шуморо аз он чи боздорад, ки падарони шумо онро мепарастиданд». Ва гўянд: «Ин (Ќуръон) чизе нест, магар дурўѓе барбофта». Ва кофирон, чун сухани рост ба онњо биёмад, гўянд: «Ин чизе нест, магар сењри зоњир».
44. Ва Мо ба онњо1 китобњое надодем, ки онро бихонанд ва пеш аз ту њељ тарсонандаеро ба сўи онњо нафиристодаем.
45. Ва касоне, ки пеш аз онњо буданд, дурўѓї доштанд ва инњо2 ба дањяки он чи ба пешиниён дода будем, нарасидаанд. Пас, онњо пайѓамбарони Маро ба дурўѓ нисбат карданд. Пас, уќубати Ман чї гуна буд?
46. Бигў: «Љуз ин нест, ки шуморо ба як калима панд медињам: ду-ду ва як-як барои Худо бархезед [ва биравед]; боз тааммул кунед, ки ба ин ёри шумо2 љунуне нест; барои шумо ў фаќат бимкунанда аст – пеш аз омадани азоби сахт».
47. Бигў: «Он чи аз музд аз шумо суол карда бошам, барои шумо аст. Нест музди ман, магар бар Худо ва Ў бар њама чиз Хабардор аст».
48. Бигў: «Ба дурустї ки Парвардигори ман (вањйи) ростро меафканад, [Ў] Донои пўшидањост».
49. Бигў: «(Сухани) рост омад ва (маъбуди) ботил офариниши нав намекунад ва [баъд аз марг] дигар бор барнамегардонад».
50. Бигў: «Агар гумроњ шавам, пас, љуз ин нест, ки бар нафси хеш гумроњ мешавам; ва агар роњ ёбам, пас ба сабаби он аст, ки Парвардигори ман ба сўи ман вањй мефиристад; ба дурустї ки Вай Шунавои Наздик аст».
51. Ва агар бибинї, чун музтариб шаванд, халосї набошад; ва аз њар љои наздик гирифта шаванд3
52. ва гўянд: «Имон овардем ба вай».4 Ва аз куљо онњоро аз љои дур ба даст овардани имон бошад?!5
53. Ва пеш аз ин ба вай кофир буданд ва аз љои дур нодида [тўњмат] меафканданд.
54. Ва миёни онњову миёни он чи мехостанд, људої афканда шуд, чунончи ба амсоли онњо пеш аз ин карда шуд. Ба дурустї ки онњо дар шакки ќавї буданд.
Достарыңызбен бөлісу: |