1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет27/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   33

72. Сураи Љинн
Дар Макка нозил шуд ва он бисту њашт оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бигў:1 «Ба сўи ман вањй фиристода шуд, ки љамоае аз љинн гўш нињоданд, пас, гуфтанд: «Ба дурустї ки мо Ќуръоне аљиб шунидем,

2. ки ба сўи роњи рост далолат мекунад. Пас, ба он имон овардем ва њељ якро бо Парвардигори хеш шарик муќаррар нахоњем кард;

3. ва он ки бузургии Парвардигори мо баланд аст, зане ва фарзанде фаро нагирифтааст.

4. ва он ки љоњили мо бар Худо дурўѓ мегуфт;

5. ва он ки мо чунин пиндоштем, ки банї Одам ва љинниён бар Худо њаргиз сухани дурўѓро нагўянд;

6. ва он ки мардони одамиён ба мардони љинн паноњ мегирифтанд ва дар њаќќи он љинниён саркаширо зиёда карданд;2

7. ва он ки одамиён гумон карданд – чунон ки шумо гумон карда будед, ки Худо њељ касро њаргиз нафиристад.3

8. ва он ки мо ба осмон даст расонидем ва ёфтем, ки осмон ба посбонони муњкам ва ба ситорањои фурудоянда пур карда шудааст;

9. ва он ки мо ба љойњо аз осмон барои шунидан4 менишастем; пас, њар ки алњол гўш бинињад, барои худ ситорае дар камин ёбад;

10. ва он ки мо намедонем, оё дар њаќќи онон, ки дар заминанд, балое ирода карда шуд ё Парвардигорашон дар њаќќи онњо хайрро ирода кардааст;

11. ва он ки љамъе аз мо шоистакоронанд ва љамъе аз мо ѓайри инанд ва мо фирќањои мухталиф њастем;

12. ва он ки мо донистем, ки Худоро дар замин њаргиз наметавонем ољиз кард ва бо гурехтан низ Ўро ољиз натавонем кард;

13. ва он ки мо чун њидоятро шунидем, ба он имон овардем ва њар ки ба Парвардигори хеш имон орад, пас, ў аз њељ нуќсоне ва аз њељ ситаме натарсад;

14. ва он ки љамъе аз мо мусулмонанд ва љамъе аз мо гуноњкоранд: пас, онон, ки мусулмон шуданд, роњи ростро ќасд карданд;

15. ва аммо гуноњкорон барои дўзах њезум бошанд».

16. Агар бар роњи дуруст рост меистоданд, албатта, онњоро оби бисёр менўшонидем,1

17. то онњоро ба он имтињон кунем. Ва њар ки аз ёд кардани Парвардигори худ эъроз кунад, ўро ба азоби сахт дарорад.

18. Ва он ки масљидњо махсус барои Худо аст. Пас, бо Худо њељ якеро ибодат макунед.

19. Ва он ки чун бандаи Худо2 истод, ки Худоро ибодат кунад, наздик буданд, ки бар он банда яке бар дигаре часпида шаванд.3

20. Бигў: «Љуз ин нест, ки Парвардигори худро ибодат мекунам ва ба Ў њељ якро шарик муќаррар намекунам».

21. Бигў: «Њар оина ман дар њаќќи шумо зарар расонидан ва тариќи ростї муќаррар кардан наметавонам».

22. Бигў: «Ба дурустї ки њељ яке маро аз уќубати Худо паноњ надињад ва ба љуз Вай њаргиз паноњ наёбам,

23. – лекин ба як хабар расонидан аз љониби Худо [хабар мерасонам] ва ба як таблиѓ пайѓомњои Ўро [таблиѓ мекунам]». Ва касоне, ки Худо ва пайѓамбари Ўро нофармонї кунанд, пас, њамоно оташи дўзах аз они онњост – дар он љо њамеша љовидонанд.

24. То ваќте ки он чиро бибинанд, ки ба онњо ваъда дода мешавад, пас, хоњанд донист, ки кист нотавонтар ба эътибори нусратдињанда ва камтар аз рўи шумор.

25. Бигў: «Ман намедонам, оё он чи ки ба шумо ваъда дода мешавад, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замонеро муќаррар мекунад?

26. [Ў] Донандаи пинњон аст; ва њељ якеро бар илми ѓайби Худ огоњ намесозад,

27. магар касеро аз пайѓамбар, ки ўро писанд ояд. Пас, ба дурустї ки Худо пеши вай ва аз паси пушти вай фариштагони нигањбонро равон мекунад,

28. то (Худо) бидонад, ки онњо пайѓомњои Парвардигори худро ба тањќиќ расонидаанд. Ва Худо он чиро, ки назди онњо аст, аз њар љињат ињота кардааст ва њар чизро аз рўи шумор фаро гирифтааст».


73. Сураи Муззаммил (Љома бар худ печида)
Дар Макка нозил шуд ва он бист оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй (марди) љома бар худ печида!1

2. Ќиёми шаб кун, магар андаке,2

3. (ќиём кун) ними шаб ё андаке аз он кам кун.3

4. Ё андаке бар ними шаб биафзо ва Ќуръонро ба возењ хондан тартил кун.

5. Ба дурустї ки Мо фармоне душворро4 бар ту нозил хоњем кард.

6. Њар оина ќиёми шаб дар мувофиќати забон бо дил зиёдатар аст ва дар талаффузи алфоз дурусттар.

7. Њар оина туро дар рўз шуѓли бисёр аст.

8. Ва номи Парвардигори худро ёд кун ва ба сўи Ў мутаваљљењ шуда, аз њама љињат ба якбора гусаста шав.

9. Парвардигори машриќу маѓриб аст, ба љуз Ў њељ маъбуде нест, пас, Ўро Корсоз гир.

10. Ва бар он чи мегўянд, сабр кун ва онњоро – ба тарк кардани некў – тарк кун.

11. Ва Маро бо дурўѓшуморандагон, ки соњибони неъматанд, бигузор ва онњоро андаке мўњлат дењ.

12. Ба дурустї ки назди Мо бандњои гарон ва оташи афрўхта

13. ва таоми гулўгир ва азоби дарддињанда њаст

14. дар рўзе, ки замину кўњњо биљунбанд ва кўњњо монанди тали рег аз њам пошида шаванд.

15. Ба дурустї ки Мо ба сўи шумо пайѓамбаре бар шумо гувоњидињанда фиристодем, чунон ки ба сўи Фиръавн пайѓамбаре фиристода будем.

16. Пас, Фиръавн он пайѓамбарро нофармонбардорї кард; ва Мо – ба гирифтани сахт – ўро гирифтем.

17. Пас, агар кофир монед, аз рўзе, ки кўдаконро пир мегардонад, чї гуна дар паноњ шавед?

18. Осмон дар он рўз шикофта бошад. Ваъдаи Худо (албатта) шуданист.

19. Њамоно ин панд аст, пас, њар ки хоњад, ба сўи Парвардигори худ роњ бигирад.

20. Њамоно Парвардигори ту медонад, ки ту ва љамоае аз онон, ки њамроњи туанд, наздик ба ду сеяки шаб ва ними шаб ва сеяки шаб бармехезед. Ва Худо шабу рўзро андоза мекунад. Худо донист, ки шумо онро5 ињота карда наметавонед, пас, бар шумо ба рањмат бозгашт, пас, он чи аз Ќуръон осон бошад, бихонед. Худо донист, ки баъзе аз шумо бемор хоњанд буд ва дигарон дар замин сафар мекунанд, то аз фазли Худо талаби рўзї намоянд ва дигарон дар роњи Худо корзор мекунанд. Пас, он чи аз Ќуръон осон бошад, бихонед ва намозро барпо доред ва закотро бидињед ва – ба вом додани нек – Худоро вом дињед.1 Ва он чиро аз амали нек, ки барои хештан мефиристед, назди Худо бењтар ва ба эътибори музд бузургтар хоњед ёфт. Ва аз Худо талаби омурзиш кунед, ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.


74. Сураи Муддассир (Љома бар худ печида)
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу шаш оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй (марди) љома бар худ печида!2

2. Бархезу битарсон;

3. ва Парвардигори худро ба бузургї ёд кун.

4. Ва љомањоятро пок соз;

5. ва палидињоро дур кун;

6. ва набояд ки чизе бидињї ва зиёда талаб кунї;

7. ва барои (њукми) Парвардигори хеш сабр кун.

8. Ва ваќте ки дар сур дамида шавад,

9. пас, он гоњ он рўз рўзи душвор бошад,

10. бар кофирон – ѓайри осон.

11. Маро бо касе бигузор, ки танњо офаридам;

12. ва ўро моли фаровон додам;

13. ва фарзандони (дар маљлис) њозиршаванда;

14. ва барои ў [њамаро] ба якбора омода кардам;3

15. боз тамаъ мекунад, ки зиёда дињам.

16. Њаргиз [чунин] набошад! Ба дурустї ки ў ба оёти Мо ситезанда аст.

17. Ўро ба машаќќате хоњам расонид.

18. Ба дурустї ки ў фикр кард ва андоза муќаррар намуд.

19. Лаънат бод бар ў! Чї гуна андоза кард?!

20. Боз њам лаънат бод бар ў! Чї гуна андоза кард?!

21. Сипас дарнигарист;

22. сипас рўй турш карду пешонї дарњам кашид;

23. сипас пушт гардониду такаббур кард;

24. пас, гуфт: «Ин (Ќуръон) чизе нест, магар љодуие, ки (аз соњирон) наќл карда мешавад;

25. ин (Ќуръон) чизе нест, магар каломи одамї».

26. Ўро ба дўзах хоњам даровард.

27. Ва чї медонї, ки дўзах чист?

28. (Оташе, ки чизеро) боќї намегузорад ва тарк намекунад;

29. одамиёнро сўзонанда аст;

30. бар вай нуздањ [фаришта муваккал]-анд.

31. Ва ба љуз фариштагон касеро муваккали дўзах насохтаем ва шуморашонро ба љуз озмоиш дар њаќќи кофирон чизе насохтаем, то ањли Китоб яќин кунанд; ва то мўъминон дар имони худ зиёда шаванд; ва то ањли Китоб ва мўъминон шак накунанд; ва то онон, ки дар дилашон беморї аст ва кофирон бигўянд: «Худо ба ин достон чї чиз ирода кардаааст?» Худо њамчунин њар киро хоњад, гумроњ мекунад ва њар киро хоњад, роњ менамояд; ва љуз Ў лашкарњои Парвардигоратро касе намедонад. Ва ин ба љуз панде барои мардумон чизе нест.

32. Њаргиз [чунин] набошад. Савганд ба моњ;

33. ва савганд ба шаб, чун пушт баргардонад;

34. ва савганд ба субњ, чун равшан шавад,

35. ба дурустї ки дўзах яке аз чизњои бузург аст;

36. тарсонандаи мардумон аст –

37. барои њар ки аз шумо, ки хоњад пештар ояд ё бозпас монад.

38. Њар шахсе ба он чи кард, дар гарав аст,

39. магар ањли саодат,

40. ки дар бўстонњо бошанд, суол кунанд

41. аз гуноњкорон:

42. «Чї чиз шуморо ба дўзах даровард?»

43. Гўянд: «Мо аз намозгузорандагон набудем;

44. ва фаќирро таом намедодем;

45. ва бо фурўрафтагон (дар ботил) фурў мерафтем;

46. ва рўзи љазоро дурўѓ мешумурдем,

47. то ваќте ки марг ба мо расид».

48. Пас, шафоати шафоаткунандагон барои онњо суд надињад.

49. Онњоро чист, ки аз панд рўгардон шудаанд?

50. Гўё онњо харони рамандаанд,

51. ки аз шере гурехта бошанд.

52. Балки њар шахсе аз онњо мехоњад, ки ба ў номањои кушода дода шавад.1

53. Не, не, балки аз охират наметарсанд.

54. Не, не, ба дурустї ки Ќуръон панд аст.

55. Пас, њар ки хоњад, онро бихонад.

56. Ва (бандагон) ёд намекунанд, магар ваќте ки Худо хоста бошад. Ў сазовори он аст, ки аз Вай битарсанд ва Ў сазовори он аст, ки биомурзад.


75. Сураи Ќиёмат
Дар Макка нозил шуд ва он чињил оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Савганд мехўрам ба рўзи ќиёмат;

2. Ва савганд мехўрам ба нафси маломаткунанда,1

3. ки оё одамї мепиндорад, ки устухонњои ўро љамъ накунем?

4. Бале, (љамъ мекунем); Тавоноем бар он, ки [њатто] сарангуштњои ўро рост кунем.

5. Балки одамї мехоњад, ки пеши рўи худ2 маъсият кунад.

6. Мепурсад: «Рўзи ќиёмат кай хоњад буд?»

7. Ваќте ки чашм хира шавад;

8. ва моњ тира гардад;

9. ва офтобу моњ якљо љамъ карда шавад,

10. он рўз одамї бигўяд: «Гурезгоњ куљост?»

11. Не, не, њељ паноњ нест.

12. Он рўз ќароргоњ ба сўи Парвардигорат аст.

13. Он рўз одамиро ба (њаќиќати њоли) он чи хабар дода шавад, ки пеш фиристода ва пас гузошта буд.3

14. Балки одамї бар нафси худ бино аст.

15. Агарчи узрњои худро дар миён орад.

16. Барои зуд аз ёд кардан забони худро ба (такрори) Ќуръон маљунбон.4

17. Ба дурустї ки љамъ кардани Ќуръон (дар синаи ту) ва хондани он (бар забони ту) бар [ўњдаи] Мост.

18. Пас, чун онро (ба забони фаришта) бихонем, хондани онро пайравї кун.

19. Сипас, ба дурустї ки возењ кардани он бар [ўњдаи] Мост.5

20. Не, не, балки дунёро дўст медоред;

21. ва охиратро тарк менамоед.

22. Дар он рўз як пора рўйњо тоза мебошанд,

23. ки ба сўи Парвардигори худ назаркунандаанд.

24. Ва дар он рўз як пора рўйњо пешонї дарњам кашидаанд,

25. чунин пиндорї, ки ба онњо азобе миёншикан воќеъ њамегардад.

26. Не, не, ваќте ки (рўњ) ба чанбари гардан бирасад

27. ва гуфта шавад: «Кист афсункунанда?»

28. Ва (яќин) донад,6 ки ин ваќти људо шудан(-и рўњ) аст;

29. ва як соќ ба соќи дигар бипечад,2

30. дар он рўз равон кардан ба сўи Парвардигори ту аст.

31. Пас, (одамї) на бовар дошт ва на намоз гузорид,

32. валекин дурўѓ шумурд ва рўгардон гашт;

33. боз, хиромон ба сўи ањли хонаи худ бирафт.

34. Вой бар ту, пас, вой бар ту!

35. Боз, вой бар ту, пас, вой бар ту!

36. Оё одамї мепиндорад, ки ба [њоли] худ гузошта шавад?

37. Оё нутфае аз манї набуд, ки дар рањм рехта мешуд?

38. Сипас хуни баста буд, пас, (Худо онро) биофарид ва дурустандом кард;

39. пас, аз он (манї) ду ќисмро сохт: мардро ва занро.

40. Оё Ин (Худо) бар он Тавоно нест, ки мурдагонро зинда кунад?


76. Сураи Инсон3
Дар Макка нозил шуд ва он сию як оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њар оина бар инсон муддате аз замон омадааст, ки чизе зикр кардашуда набуд.

2. Ба дурустї ки Мо инсонро аз мании дарњамомехта4 офаридем, то ўро биозмоем ва ўро шунавои бино сохтем.

3. Њамоно Мо инсонро ба роњ(-и рост) далолат кардем, хоњ шукргўянда аст ва хоњ – носипос.

4. Ба дурустї ки Мо барои кофирон занљирњо ва тавќњо ва оташи афрўхта омода сохтаем.

5. Њамоно некўкорон аз љоми шаробе менўшанд, ки омезиши вай [оби] Кофур бошад5

6. чашмае, аз он бандагони Худо меошоманд, онро ба якбора равон кардан равон мекунанд.6

7. Ба назр вафо мекунанд ва аз рўзе метарсанд, ки машаќќати он мунташир бошад.

8. Ва таомро – бо вуљуди эњтиёљ ба он – ба фаќиру ятиму зиндонї медињанд.

9. (Мегўянд:) «Љуз он нест, ки ба шумо барои Зоти Худо таом медињем, аз шумо музде ва шукре наметалабем.

10. Ба дурустї ки мо аз Парвардигори худ [дар] рўзе, ки туршрўй ва нињоят сахт аст, метарсем».

11. Пас, Худо онњоро аз сахтии он рўз нигоњ дошт ва ба онњо тозагї ва хушњолї расонид.

12. Ва ба муќобилаи сабрашон ба онњо бўстон ва љомаи абрешимї љазо дод.

13. Он љо бар тахтњо такя зада бошанд, он љо (гармии) офтоб ва сармои тундро набинанд.

14. Ва сояњои он бўстон бар онњо наздик шуда бошад ва мевањои он [ба навъе аз] осон кардан осон дастрас карда шавад.

15. Ва бар онњо бо зарфњое аз нуќра ва бо љомњое аз обгинањо омадушуд карда шавад

16. – обгинањое аз нуќра, ки онњоро ба андозае андоза карда бошанд.

17. Ва он љо ба онњо љоми шаробе нўшонида шавад, ки омезиши он (оби чашмаи) Занљабил аст.

18. Чашмае дар бињишт аст, ки Салсабил номида мешавад.

19. Ва бар гирди онњо нављавонони љовидон гардиш кунанд; чун онњоро бинї, пиндорї, ки онњо марвориди [нав аз садаф] афшондашудаанд.

20. Ва чун он љо нигоњ кунї, неъмати фаровон ва подшоњии бузург бибинї.

21. Бар [тани] онњо љомањои сабз аз дебои нозук ва дебои муњкам бошад ва ба онњо даствонањо аз нуќра зевар пўшонида шавад ва Парвардигорашон шароби нињоят пок ба онњо бинўшонад.

22. Ба дурустї ки ин (неъмат) барои шумо љазои аъмол аст ва саъйи шумо ќабул карда шудааст.

23. Ба дурустї ки Мо Ќуръонро – ба фуруд овардание – бар ту фуруд овардем.

24. Пас, бар њукми Парвардигори худ шикебої кун ва ба гуноњкоре ё носипосе1 [аз зумраи мардумон] фармон мабар.

25. Ва номи Парвардигори худро субњу шом ёд кун.

26. Ва дар баъзе соатњом шаб барои Ў намоз гузор ва ваќти дароз аз шаб Ўро ба покї ёд кун.

27. Ба дурустї ки ин [кофирон] дунёро дўст медоранд ва рўзи гаронро паси пушти худ тарк мекунанд.

28. Мо онњоро офаридем ва пайванди мафосилашонро муњкам кардем; ва чун хоњем, ба тариќи бадал кардан, ќавме монанди онњоро ба иваз орем.

29. Ба дурустї ки ин панд аст. Пас, њар ки хоњад, ба сўи Парвардигори худ роњ пеш бигирад.

30. Ва шумо чизеро намехоњед, магар ваќте ки Худо хоњад. Ба дурустї ки Худо Донои Боњикмат аст.

31. Њар киро хоњад, дар рањмати Худ дохил мекунад; ва барои ситамкорон азоби дарддињанда омода кардааст.
77. Сураи Мурсалот (Бодњо)
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Савганд ба бодњои ба ваљњи нек фиристодашуда;

2. ва савганд ба бодњои ба тариќи шиддат тундвазанда;

3. ва савганд ба бодњои ба якбора пањнкунандаи абр;

4. ва савганд ба бодњои ба якбора аз њам људокунандаи абр;

5. ва савганд ба фариштагони фурудорандаи вањй –

6. барои (дафъи) узр ё барои тарсонидан,

7. ки ба дурустї, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, албатта, буданист.

8. Пас, ваќте ки ситорањо бенур карда шаванд;

9. ва ваќте ки осмон шикофта шавад;

10. ва ваќте ки кўњњо пора-пора шаванд;

11. ва ваќте ки барои пайѓамбарон ваќт муайян карда шавад,

12. [пас гўянд]: «Барои кадом рўз ин [чизњо] мавќуф гузошта шуд?»

13. [Он гоњ гуфта шавад:] «Барои рўзи файсала кардан».

14. Ва ту чї донї, ки рўзи «файсала кардан» чист?

15. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

16. Оё нахустиниёнро њалок накардаем,

17. баъд аз он пасиниёнро дар паи онњо орем?

18. Бо гуноњкорон њамчунин мекунем.

19. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

20. Оё шуморо аз оби беќадр наофаридаем?!

21. Пас, он обро дар љои устувор нињодем,

22. – то муддати муайян.

23. Мо бар он (кор) Тавоно будем, пас, Мо некў Тавоноем!

24. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

25. Оё Мо заминро љамъкунанда насохтем

26. барои зиндагон ва мурдагон?!

27. Ва дар замин кўњњои баланд офаридем ва ба шумо оби ширин нўшонидем.

28. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

29. Ба сўи чизе биравед, ки онро дурўѓ мешумурдед.

30. Ба сўи сояи соњиби се шўъба биравед,

31. ки на сояи сард бошад ва на аз гармии оташ кифоят кунад.

32. Ба дурустї ки он оташ шарорањое монанди кўшк меафканад.

33. Гўё он шарорањо шутурони зарданд.

34. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

35. Ин рўз рўзе аст, ки сухан нагўянд.

36. Ва ба онњо иљозат дода нашавад, ки то узр (таќрир) намоянд.

37. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

38. Ин рўз рўзи файсала кардан аст, ки шуморо бо пешиниён љамъ кардем.

39. Пас, агар шуморо њилае њаст, дар њаќќи Ман њила кунед.

40. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

41. Ба дурустї ки муттаќиён дар сояњо ва [канори] чашмањо бошанд;

42. ва аз мевањо њар чи ки бихоњанд.

43. [Гўянд:] «Ба сабаби он чи мекардед, гуворо бихўреду биошомед.

44. Њамоно Мо некўкоронро њамчунин љазо медињем».

45. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

46. Бихўреду андаке бањраманд бошед, њар оина шумо1 гуноњкоред.

47. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

48. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Намоз гузоред» – намоз намегузоранд.

49. Дар он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

50. Пас, баъд аз Ќуръон ба кадом сухан имон хоњанд овард?


78. Сураи Набаъ (Хабар)
Дар Макка нозил шуд ва он чињил оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Аз чї чиз [кофирон] бо якдигар суол мекунанд?

2. Аз хабари бузурге [суол мекунанд],

3. ки онњо дар он ихтилоф доранд.2

4. Њаќќо, ки хоњанд донист.

5. Боз њаќќо, ки хоњанд донист.

6. Оё заминро фарше насохтаем?!

7. Ва кўњњоро – мехњо?!

8. Ва шуморо љуфт-љуфт3 офаридем.

9. Ва хоби шуморо роњате сохтем.

10. Ва шабро парда сохтем.

11. Ва рўзро ваќти талаби маишат сохтем.

12. Ва болои шумо њафт осмони муњкам бино кардем.

13. Ва чароѓе дурахшанда4 офаридем.

14. Ва аз абрњои боронафшон оби резон фуруд овардем,

15. то ба сабаби он об донаву гиёњро барорем;

16. ва бўстонњои дар њам печидаро.

17. Њар оина рўзи файсала кардан ваќти муайян аст.

18. Он рўзест, ки дар сур дамида шавад, пас, шумо гурўњ-гурўњ шуда биёед;

19. ва осмон шикофта шавад, пас, [гўї] дарвозањост

20. ва кўњњо равон карда шаванд, пас, [гўї] монанди сароб аст.

21. Њар оина дўзах дар интизор аст;

22. саркашонеро љои бозгашт аст,

23. ки муддатњои дароз дар он љо дирангкунандагонанд;

24. дар он љо хунукию ошомиданї дарнаёбанд,

25. магар оби гарму зардобро.

26. (Љазо дода шуд) – љазои мувофиќ.

27. Ба дурустї ки онњо њисобро таваќќўъ надоштанд.

28. Ва оёти Моро ба як дурўѓ доштан дурўѓ мешумурданд.

29. Ва Мо њар чизро ба (тариќи) навиштан забт кардем.

30. Пас, бичашед. Ва Мо ба шумо ба љуз азоб чизеро зиёда нахоњем дод.

31. Њар оина муттаќиёнро матлабёбї њаст:

32. бўстонњову дарахтони ангур аст;

33. ва дўшизагони анорпистони њамсол;

34. ва љоми пур аз шароб.

35. Дар он љо сухани бењуда ва дурўѓ (шумурдан)-ро намешунаванд.

36. [Ин] љазоест њамчун атои ба ќадри басанда, ки аз љониби Парвардигори туст.

37. Парвардигори осмонњову замин ва он чи мобайни онњост – [Худои] Рањмон, ки аз њайбати Ў сухан гуфтан натавонанд.

38. Рўзе, ки Рўњ ва фариштагон саф зада биистанд, касе сухан нагўяд, магар он ки [Худои] Рањмон ба Ў дастурї дода бошад; ва сухани дуруст гўяд.1

39. Ин рўз њаќ аст, пас, њар ки хоњад, ба сўи Парвардигори худ роњи бозгашт бигирад.

40. Ба дурустї ки Мо шуморо аз азоби наздики ояндае тарсонидем – рўзе, ки одамї он чиро бибинад, ки ду дасти вай пеш фиристода буд; ва кофир бигўяд: «Эй кош, ман хок мебудаме».


79. Сураи Нозиъот (Кашандагони љон)
Дар Макка нозил шуд ва он чињилу шаш оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба фариштагоне, ки ба сахтї љонњоро бикашанд;2

2. ќасам ба фариштагоне, ки ба як берун овардан [љонњоро] берун оранд;3

3. ќасам ба фариштагоне, ки ба як шино кардан шино кунанд;4

4. пас, ќасам ба фариштагоне, ки ба як сабќат кардан сабќат кунанд;5

5. пас, ќасам ба фариштагоне, ки кореро тадбир кунанд,

6. рўзе, ки љунбандае биљунбад,6

7. аз пай дарояндае аз паси вай дарояд,7

8. дар он рўз (як љамъ) дилњо тарсон бошанд.

9. Бар дидањо хорї њувайдо шуда бошад.

10. Мегўянд: «Оё мо ба њолати нахустин бозгардонида шавем?

11. Оё чун устухонњои пўсида шавем?»

12. Гуфтанд: «Он гоњ ин бозгашти зиёндињанда бошад».

13. Пас, љуз ин нест, ки он (воќеа) як овози тунд аст,

14. ки ногањон онњо бар рўи замин омада бошанд.

15. Оё хабари Мўсо пеши ту омадааст?

16. Чун Парвардигораш дар водии поки Туво ба ў овоз дод,

17. ки: «Ба сўи Фиръавн бирав, њар оина вай аз њад гузаштааст.

18. Пас, бигў: «Оё туро њељ майл аст ба он, ки покиза шавї?

19. Ва туро ба сўи Парвардигорат роњ намоям, пас, битарсї?».

20. Пас, ба Фиръавн он мўъљизаи бузургро нишон дод.

21. Ва ў дурўѓ дошт ва нофармонї кард;

22. сипас, аз он [маљлис] бозгашт ва тадбир мекард.

23. Пас (ќавми худро) љамъ кард ва овоз дод;

24. пас гуфт: «Ман парвардигори бузургвори шумоам».

25. Ва Худо ўро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард.

26. Њамоно дар ин хабар барои њар касе, ки метарсад, пандест.

27. Оё шумо дар офариниш муњкамтаред ё осмон? Худо онро бино кард;

28. иртифои онро баланд сохт ва онро дуруст кард.

29. Ва шаби онро торик кард ва равшании рўзи онро ошкор намуд.

30. Ва баъд аз он заминро њамвор кард.

31. Аз замин обу чарогоњи онро берун овард.

32. Ва кўњњоро устувор намуд.

33. – Барои манфиати шумо ва чањорпоёни шумо.

34. Пас, ваќте ки њангомаи бузург2 биёяд,

35. рўзе, ки одамї он чиро ба ёд орад, ки амал карда буд.

36. Ва дўзах барои њар касе, ки диданаш хоњад, зоњир карда шавад.

37. Аммо касе, ки аз њад гузашта бошад;

38. ва зиндагонии инљањониро баргузида бошад,

39. пас, њамоно дўзах љои ўст.

40. Ва аммо касе, ки аз истодан ба њузури Парвардигори хеш тарсида бошад ва нафсро аз шањват боздошта бошад,

41. пас, њамоно бињишт љои ўст.

42. Туро аз ќиёмат мепурсанд: «Ќиёми он кай бошад?»

43. Туро аз зикри он чї кор аст?

44. Мунтањои (илми) он ба сўи Павардигори ту аст.

45. Љуз ин нест, ки ту касеро тарсонанда њастї, ки аз он [ќиёмат] битарсад.

46. Рўзе, ки онро бибинанд, чунон аст, ки гўё онњо дар дунё ба љуз як ваќти шом ё як ваќти субњ, ки пеш аз он буд, диранг накарда буданд.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет