1. Сураи Фотиња (Кушоянда)


Сураи Зилзол (Заминљунбї)



бет29/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   33

99. Сураи Зилзол (Заминљунбї)
Дар Мадина нозил шуд ва он њашт оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ваќте ки замин ба он љунбиши худаш љунбонида шавад;

2. ва замин борњои худашро берун оварад;

3. ва инсон гўяд: «Заминро чї њолат аст?»

4. Дар он рўз замин хабарњои худро баён кунад,

5. ба сабаби он ки Парвардигори ту ба замин њукм фиристодааст.

6. Он рўз мардумон гурўњ-гурўњ бозгарданд, то ба онњо љазои аъмолашон намуда шавад:

7. пас, њар ки њамсанги як зарра амали нек карда бошад, онро бибинад;

8. ва њар ки њамсанги як зарра амали бад карда бошад, онро бибинад.


100. Сураи Одиёт (Аспони даванда)
Дар Макка нозил шуд ва он ёздањ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба аспони (тез ва пурдам) давандае, ки нафасзанон медаванд;

2. ва ќасам ба аспоне, ки ба наъли худ сангро зада оташ мебароранд;

3. ва ќасам ба аспони ѓораткунандае дар ваќти субњ,

4. ки дар он ваќт ѓуборро барангезанд;

5. ва дар он ваќт дар миёни љамоате дароянд,

6. ба дурустї ки одамї ба Парвардигори худ носипос аст;

7. ва ба дурустї ки одамї бар носипосии худ огоњ аст;

8. ва ба дурустї ки одамї дар дўст доштани мол сахт аст.

9. Пас, оё намедонад, ки чун њар он чи дар гўрњо бошад, барангехта шавад;

10. ва њар он чи дар синањо бошад, зоњир карда шавад,

11. ба дурустї ки Парвардигорашон он рўз ба ањволашон Хабардор аст.
101. Сураи Ќориъа (Кўбанда)
Дар Макка нозил шуд ва он ёздањ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Кўбанда.1

2. Чист он кўбанда?

3. Ва ту чї медонї, ки он кўбанда чист?

4. Рўзе, ки мардумон монанди парвонањои пароканда бошанд.

5. Ва кўњњо монанди пашми рангини њаллољишуда бошанд.

6. Аммо њар ки паллањои (њасаноти) ў гарон шуд,

7. пас, он шахс дар зиндагии писандида бошад.

8. Ва аммо њар ки паллањои ў сабук шуд,

9. пас, љои мондани он шахс «њовия» бошад.

10. Ва чї чиз туро огоњ сохт, ки «њовия» чист?

11. – Оташе аст нињоят сўзон.
102. Сураи Такосур (Бисёрталабї)
Дар Макка нозил шуд ва он њашт оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бисёрталабї2 шуморо ѓофил кард,

2. то ваќте ки ба гўристонњо расидед.

3. Не, не, хоњед донист.

4. Боз њам, не, не, хоњед донист.

5. Не, не, агар яќин бидонед,

6. албатта, дўзахро хоњед дид.

7. Пас, албатта, дўзахро яќин хоњед дид.

8. Сипас дар он рўз аз неъматњо пурсида хоњед шуд.


103. Сураи Аср (Замон)
Дар Макка нозил шуд ва он се оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба замон,

2. ки њар оина одамї дар зиён аст,

3. магар онон, ки имон оварданд ва амалњои шоиста карданд ва якдигарро ба дини дуруст васият карданд ва якдигарро ба шикебої васият карданд.
104. Сураи Њумаза (Айбкунанда)
Дар Макка нозил шуд ва он нўњ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Вой бар њар айбкунандаи ѓайбатгўянда!

2. Он, ки молро фароњам оварду онро нигоњ дошт.

3. Мепиндорад, ки моли ў ба ў зиндагии љовид медињад.

4. Не, не, албатта, ба «њутама» андохта хоњад шуд.

5. Ва ту чї медонї, ки «њутама» чист?

6. [Он] оташи афрўхташудаи Худо аст,

7. ки бар дилњо ѓолиб шавад.

8. Ба дурустї ки он оташ бар онњо гумошта шудааст

9. – дар сутунњои дароз.
105. Сураи Фил
Дар Макка нозил шуд ва он панљ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Оё надидї, ки Парвардигори ту бо ањли фил чї гуна муомила кард?

2. Оё бадандешии онњоро дар бефоидагї насохт?

3. Ва бар онњо паррандагонро фављ-фављ фиристод,

4. [ки] ба сўи онњо сангрезањо аз санггил меандохтанд.

5. Пас, онњоро монанди коњи хўрдашуда гардонид.
106. Сураи Ќурайш
Дар Макка нозил шуд ва он чањор оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Барои улфат додани Ќурайш,

2. улфат додани онњо дар сафари зимистону тобистон,

3. пас, бояд ки Парвардигори ин Хонаро ибодат кунанд.

4. Он, ки ба онњо – аз бањри он ки гурусна буданд – таом дод ва ба онњо – аз бањри он ки тарсон буданд – амн дод.


107. Сураи Моъун
Дар Макка нозил шуд ва он њафт оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Оё он шахсро дидї, ки љазои аъмолро дурўѓ мешумурд?

2. Пас, он шахс касест, ки ба дуруштї ятимро меронад;

3. ва бар таом додани фаќир раѓбат намедињад.

4. Пас, вой бар он намозгузорон!

5. – Онон, ки аз намози худ ѓафлат меварзанд;

6. онон, ки риё мекунанд;

7. ва моъунро1 намедињанд.
108. Сураи Кавсар
Дар Макка нозил шуд ва он се оят аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ба дурустї ки Мо туро Кавсар2 ато кардем.

2. Пас, барои Парвардигори худ намоз гузор ва (шутурро) ќурбонї кун.

3. Ба дурустї ки душмани ту худ думбурида3 аст.
109. Сураи Кофирун (Кофирон)
Дар Макка нозил шуд ва он шаш оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бигў: «Эй кофирон!

2. Он чиро, ки шумо мепарастед, ман парастиш намекунам.

3. Ва шумо он чиро, ки ман мепарастам, парастиш намекунед.

4. Ва ман он чиро, ки шумо парастидед, парастиш нахоњам кард.

5. Ва шумо [низ] он чиро, ки ман мепарастам, парастиш намекунед.

6. Шуморо дини шумост ва маро дини ман аст.


110. Сураи Наср (Ёрї)
Дар Мадина нозил шуд ва он се оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ваќте ки ёрии Худо ва фатњ биёмад;

2. ва мардумонро бибинї, ки дар дини Худо фављ-фављ дохил мешаванд,

3. пас, Парвардигори худро бо ситоиш ба покї ёд кун ва аз Вай омурзиш талаб кун. Ба дурустї ки Худо Тавбаќабулкунанда аст.
111. Сураи Лањаб (Шўъла)
Дар Макка нозил шуд ва он панљ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њалок бод ду дасти Абўлањаб ва њалок бод худи ў!

2. Моли ў ва он чи пайдо карда буд, аз сари ў њељ [чизро] дафъ накард.

3. Ба оташи шўъладор хоњад даромад.

4. Ва зани ў (низ дарояд), ки њезумкаш аст.

5. Дар гардани ў ресмоне аз лифи хурмост.
112. Сураи Ихлос
Дар Макка нозил шуд ва он чањор оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бигў: «Ў Худои Ягона аст.

2. Худои Бениёз аст.

3. На зодааст ва на зодашуда аст.

4. Ва њељ кас Ўро њамто нест».


113. Сураи Фалаќ (Субњ)
Дар Мадина нозил шуд ва он панљ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бигў: «Ба Парвардигори субњ паноњ мегирам

2. аз шарри њар чи офаридааст;

3. ва аз шарри шаби торик, чун дохил шавад;

4. ва аз шарри занони љодугари дар гирењњо дамзананда;

5. ва аз шарри њасуд, чун њасад кунад».
114. Сураи Нос (Мардумон)
Дар Мадина нозил шуд ва он шаш оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бигў: «Ба Парвардигори мардумон паноњ мегирам,

2. – Подшоњи мардумон,

3. Худои мардумон,

4. аз шарри васвасазанандаи бозпасраванда,

5. он, ки дар синањои мардумон васваса меафканад,

6. аз љинниён бошад ё аз мардумон».



1 Яъне: инс ва љинн ва малоика ва њоказо, ки њар кадомеро оламе њаст.

2 Яъне: пайѓамбарон, сиддиќон, шањидон ва солењон.

3 Яъне: яњудиён.

4 Яъне: насрониён.

1 Яъне: пешвоёни худ.

2 Яъне: аз Ќуръон.

3 Яъне: њезум.

1 Яъне: ба сабаби гум шудани ягон чизи марѓуби худ њаргиз озурдахотир намешаванд.

2 Ин сухане чанд дар сураи 7 «Аъроф», ояти 23 дарљ аст.

1 Ин ибора тарљумаи «банї Исроил» аст.

2 Яъне: Таврот.

3 Яъне: оламиёни он замон.

4 Яъне: фидя ќабул нашавад.

5 Яъне: барои канизї.

1 Яъне: тарангубин, хоршакар.

2 Яъне: бедона.

3 Яъне: дење, ки дар замони њазрати Мўсо (а) фатњ шуда буд.

4 Яъне: ба љои «њиттатун» (омурзиш), «њинтатун» (гандум) гуфтанд.

5 Яъне: банї Исроил дувоздањ ќабила буданд, барои њар ќабила як чашма муайян шуд.

6 Яъне: фуруд оварда шуд.

7 Собион: 1) гурўње аз насрониён ё яњудиён ё яњудиёни насронї; 2) гурўње, ки аз њар дину мазњаб љињатњои ба худашон маъќулро гирифта, онро пайравї мекарданд.

8 Яъне: ањкоми Таврот.

1 Яъне: шикор карданд. Ва шикор кардан рўзи шанбе дар дини банї Исроил њаром буд.

2 Шахсеро аз банї Исроил кушта ёфтанд ва кушандаи он маълум набуд. Худои Таъоло њукм фармуд, ки говеро кушанд ва бо узве аз он гов он кушташударо бизананд, то зинда шавад ва аз ќотилони худ хабар дињад. Алќисса, говро ба маблаѓи калон хариданд ва бизаданд. Кушташуда зинда шуд ва писарони амаки худро ном бурд, ки онњо куштанд. Пас ќотилонро ба ќасос расониданд; ва аз он ваќт боз ќотилро аз мерос мањрум сохтанд.

3 Яъне: Тавротро.

1 Яъне: бо раисони хеш.

2 Яъне: наъти пайѓамбари охируззамон.

3 Яъне: Љабраил (а).

1 Яъне: Ќуръон.

2 Яъне: Ќуръон.

1 Яњудиён дар маљлиси пайѓамбар (с) омада, лафзи «роъино» мегуфтанд. Ин лафз ду маънї дорад: 1) «моро риоят кун», «бар мо шафкат кун», 2) «руунатдоранда», «аблањ». Ва ќасди онњо дашном буд. «Унзурно» – «ба мо нигоњ кун».

2 Яъне: ба љињоди онњо фармон дињад.

1 Яъне: мушрикон.

2 Яъне: яњудиён Узайрро ва насрониён Исоро писари Худо мегуфтанд.

3 Яъне: мушрикон.

4 Яъне: Таврот.

1 Яъне: дини Ўро.

2 Ќиблаи мусулмонон дар оѓоз Байтулмуќаддас буд. Ва чун пайѓамбар (с) ба Мадина њиљрат фармуд, шонздањ ё њабдањ моњ ба тарафи Байтулмуќаддас намоз мегузорид. Худо дар ояти 144 сураи Баќара фармон дод, ки ба сўи Масљиду-л-Њаром намоз гузоред, Бо нузули ин оят Каъба ќиблаи мусулмонон шуд.

3 Яъне: таѓйири ќибла.

4 Яъне: таѓйири ќибла.

1 Яъне: 1) пайѓамбари Исломро; 2) Ќуръонро.

2 Яъне: барои њосил кардани савоби охират.

1 Яъне: он чиро, ки мепўшиданд.

2 Яъне: ба тиљорат.

3 Яъне: василањо ва пайвандњо.

1 Дар ин оят он чизњои њаром зикр шудааст, ки фаќат ба чањорпоён тааллуќ дорад. Он чизњои њаром, ки ба хабоис, даррандагон ва монанди ин тааллуќ дорад, мавзўи дигар аст.

2 Яъне: дар хўрдани он чизњо.

3 Яъне: дар озод ё халос кардани бандагон.

4 Яъне: эътибори мумосалат дар куштагон.

5 Яъне: дар њукм мисли ўст.

6 Яъне: чизе аз хуни мусулмони маќтул.

1 Њукми васият бо ояти маворис мансух аст, ниг. сураи «Нисо» 4:7-14.

2 Яъне: рўза доштан.

3 Яъне: касоне, ки тоќати рўза доштан доранд, вале мехоњанд, ки рўза надоранд.

4 Яъне: фарзанд.

5 Яъне: ба ришва.

6 Яъне: аз моњи њаљ.

1 Яъне: то мардумон дар онњо эњроми њаљ банданд.

2 Яъне: аз Макка.

3 Яъне: аз ширк.

4 Яъне: шаввол ва зулќаъда ва дањаи зулњиљља.

5 Яъне: эњром бандад.

6 Яъне: аз гадої ва дуздї.

1 Яъне: аз Арафот.

2 Яъне: дар Мино.

3 Яъне: савоби охират.

4 Яъне: айёми Мино.

5 Яъне: аз роњи Мино.

6 Яъне: дар усул мухталиф машавед.

7 Яъне: ањли исён.

8 Яъне: азоби Худо биёяд.

1 Яъне: раљаб ва зулќаъда ва зулњиљља ва муњаррам.

2 Яъне: тарвиљи ширк.

3 Яъне: аз Ислом.

4 Яъне: дар дунё.

5 Яъне: њароманд ва аз манфиатњои онњо сарфи назар бояд кард.

6 Яъне: аз њољати зарурї.

1 Яъне: занони мўъминро.

2 Яъне: мушрикон.

3 Яъне: ѓусл ба љо оранд.

4 Яъне: аз роњи пеш, ки тифл пайдо шавад.

5 Яъне: аъмоли солењаро.

6 Яъне: савганд барои мавќуф гузоштани кори нек љоиз нест.

7 Яъне: ќасам мехўранд, ки љимоъ накунанд.

8 Яъне: аз паси савганд.

1 Яъне: њалол нест, ки ба бадали талоќ аз мањр бигиред.

2 Яъне: дар муошират.

3 Яъне: бори сеюм.

4 Яъне: ў духул кунад.

5 Яъне: ин шавњари дигар.

6 Яъне: иддат гузашт.

7 Яъне: бо шавњарони пешинаи худ.

8 Яъне: васї.

9 Яъне: пеш аз ду сол.

1 Яъне: никоњ ба таври шаръї.

2 Яъне: дар миёни иддат.

3 Яъне: ба киноят.

4 Яъне: шавњар њаќќи худро гузошта, тамом дињад.

5 Яъне: хусусан намози асрро.

6 Яъне: аз душман ва монанди он.

7 Яъне: аз хона.

8 Яъне: баъд аз як сол.

9 Яъне: аз зебу зинат ва талаби шавњар.

10 Яъне: нафаќа ва маскан.

1 Яъне: нўшандагон гуфтанд.

1 Мухотаб Муњаммад (с) аст.

2 Яъне: Нимрўд.

3 Яъне: ба ситам мустањиќќи куштанро мегузорам ва касеро, ки мустањиќќи куштан нест, мекушам.

4 Он шахс Узайр буд.

1 Яъне: бовар доштаам.

2 Яъне: аз беадабии гадой.

1 Мухотаб Муњаммад (с).

2 Яъне: савоби он.

3 Яъне: ба сабаби машѓул будан бо љињод ё умури дин чизе аз моли дунё касб карда наметавонанд.

4 Яъне: аз гўр.

5 Яъне: ќабл аз ояти тањрим.

6 Яъне: баъд аз ояти тањрим.

1 Яъне: аз мусулмонон.

1 Фурќон: 1) Китобњои осмонї ва мўъљизањои пайѓамбарон, ки људокунандаи њаќќу ботиланд; 2) Ќуръон.

1 Яъне: рўзи Бадр.

2 Яъне: кофиронро.

3 Мухотаб Муњаммад (с) аст.

4 Яъне: ошкор сохт.

5 Яъне: дар ќабули Ислом.

6 Яъне: њаќиќати њолро донистанд.

7 Мухотаб Муњаммад (с) аст.

8 Яъне: мушрикон.

1 Яъне: дар ањди Худо нест.

1 Яъне: аз хидмати волидайн озодкарда.

2 Давоми сухани зан аст.

3 Яъне: духтар шоистагии хидмати Байтулмуќаддасро надорад.

4 Яъне: Исоро бовар дорад.

5 Яъне: нишонаи њамли он фарзанд.

6 Яъне: ќуръа мепартофтанд.

1 Яъне: Исо алайњи-с-салом.

2 Яъне: дар зумраи шоњидоне, ки мукаммали умматанд.

3 Яъне: ба он кофирон.

4 Яъне: аз ин љањон.

5 Мухотаб Муњаммад (с) аст.

1 Яъне: инсон шуд.

2 Яъне: баъзе гуфтанд: «яњудї буд»; ва баъзе гуфтанд: «насронї буд».

3 Њаниф: 1) шахсе, ки ќиблааш Каъба бошад ва њаљ гузорад ва хатна намояд ва аз љанобат ѓусл кунад; 2) шахсе, ки Худои Ягонаро парастад; 3) шахсе, ки ба шариати иброњимї пайравї кунад.

4 Мусулмон: 1) шахсе, ки худро ба амри Худо таслим кардааст ва ба фармони Ў гардан нињодааст; 2) шахсе, ки пайрави дини Ислом аст.

5 Яъне: дар замони ў.

6 Яъне: бо якдигар.

1 Татиммаи каломи ањли Китоб аст.

2 Яъне: ба њар хиёнату љиноят, ки дар њаќќи арабњои бесавод мекунем, бар мо њељ уќубат нахоњад буд.

3 Яъне: оре, барои он хиёнату љиноят уќубат хоњад буд.

4 Яъне: аз ањли Китоб.

5 Яъне: аз худ ѓалат сохта, дар Китоб мехонанд.

6 Яъне: муршиди халќ шавед.

7 Яъне: барои пайѓамбарон аз фарзандони Одам паймон гирифт.

8 Яъне: ќабул кардед?

9 Яъне: бар якдигар.

1 Яъне: наќше, ки дар санг зоњир аст.

2 Яъне: аз љињати асбоби роњ.

1 Яъне: шубањот меоред, то назди мардумон зоњир шавад, ки каљ аст.

2 Яъне: Авсу Хазраљ: ва араби маъдияву ямания; ва арабу аљам бо якдигар душманї доштанд.

3 Яъне: вољиб би-л-кифоя аст, ки љамъе ба амр ба маъруф ва нањй аз мункар ќиём намоянд.

4 Яъне: монанди яњудиён ва насрониён машавед, ки њафтоду чанд фирќа гаштанд.

5 Яъне: муќаррар карда шуд.

6 Яъне: ба сабаби забондарозї.

7 Яъне: бигурезанд.

1 Яъне: ба ањд ва зимма.

2 Яъне: касоне, ки аз онњо мусулмон шуда бошанд.

3 Яъне: аз ѓайри мусулмон.

1 Яъне: дар Бадр.

2 Яъне: кофирон.

1 Яъне: гуноњони онњоро мањв кунад.

2 Яъне: шањодатро.

3 Яъне: зидди кофирон.

4 Яъне: фирор кардед.

5 Яъне: дар гурехтан.

1 Яъне: дар ин кор моро ихтиёр нест ва ба тадбири мо кор намекунанд.

2 Ва ин кор барои он карда шуд, ки дар илми илоњї муќаррар буд.

3 Яъне: кофирон ва мусулмонон.

4 Яъне: чун дар ин њолат бимиранд.

5 Яъне: аз моли дунё.

6 Яъне: ба сар бардошта.

1 Яъне: ба душман.

2 Яъне: кофиронро аз сарзамини хеш.

3 Яъне: маслињат медонистем.

4 Яъне: заифисломро.

1 Яъне: ба дини Ў.

2 Яъне: ихтиёр карданд.

1 Яъне: то њангоми булуѓ.

2 Яъне: болиѓ шаванд.

3 Яъне: дар хурдсолии онњо.

4 Яъне: валии ятим агар тавонгар бошад, аз моли ятим чизе нагирад.

5 Яъне: хешони ѓайри ворис.

6 Яъне: ба тариќи мењрубонї.

1 Калола – касе, ки падару фарзанд ва бародару хоњари њамтана надорад.

2 Яъне: ањёфї – бародарон ва хоњарони њамбатн, модаряк.

3 Яъне: ањёфиён.

4 Яъне: васияте, ки зиёда аз сеяк (1/3) бувад, эътибор надорад.

5 Яъне: аз мусулмонон.

1 Яъне: аз никоњ бо њар ки хоњанд.

2 Яъне: пас, метавон изо дод.

3 Яъне: моли бисёр дар мањр дода бошед.

4 Яъне: њамхобагї кардед.

5 Яъне: эљоб ва ќабул ба њузури шоњидон дар миён омад.


Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет