1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет4/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33

5. Сураи Моида (Хон)
Дар Мадина нозил шуд ва он яксаду бист оят ва шонздањ рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй мўъминон, ба ањдњо2 вафо кунед. Чањорпоён аз (ќисми) анъом3 барои шумо њалол карда шудааст, магар он чи бар шумо хонда хоњад шуд.4 Дар њоли эњром њалолдорандаи шикор мабошед. Ба дурустї ки Худо он чи мехоњад, њукм мекунад.

2. Эй мўъминон, њурмати нишонањои Худоро; ва моњи њаромро;5 ва ќурбониро; ва он чи дар гардани он ќилода6 меандозанд; ва ќасдкунандагони Байту-л-Њаромро, ки аз Парвардигори худ фазлу хушнудї металабанд,7 машиканед. Ва чун эњром кушодед, пас шикор кунед; ва душмании гурўње ба сабаби он, ки шуморо аз Масљиду-л-Њаром боздоштанд, шуморо бар таљовуз кардан аз њад водор накунад.1 Ва бар некўкорї ва парњезгорї бо якдигар мадад кунед ва бар гуноњу ситам бо якдигар мадад макунед; ва аз Худо битарсед. Ба дурустї ки уќубати Худо сахт аст.

3. Бар шумо њаром карда шуд: мурдор; ва хун;2 ва гўшти хук; ва он чи ба ваќти забњи ў номи ѓайри Худо ёд карда шавад; ва он чи ба хафа кардан мурда бошад; ва он чи ба задан мурда бошад; ва он чи аз љои баланд афтода бимирад; ва он чи ба шох задан мурда бошад; ва он чи дарранда хўрда бошад, ба љуз он чи (баъд аз ин офатњо) забњ карда бошед; [ва низ њаром карда шуд] он чи бар нишонањои маъбуди ботил забњ шуда бошад; ва он чи таќсими онро ба тирњои фол бихоњед. Ин њама фисќ аст. Кофирон имрўз аз дини шумо ноумед шуданд; пас, аз онњо матарсед ва аз Ман битарсед. Имрўз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр кардам. Пас, њар ки дар гуруснагї ночор шавад, ѓайри моил ба гуноњ, њамоно Худо Омурзандаи Мењрубон аст.3

4. Аз ту мепурсанд: «Чї чиз барояшон њалол карда шуд?» Бигў: «Бароятон њалол карда шуд: покизањо;4 ва он чи ки онро аз љонварони шикорї омўхта бошед, дар њолате ки шумо омўзгор бошед, ба инњо баъзеи он чиро меомўзед, ки Худо ба шумо омўхтааст; пас он чиро бихўред, ки барои шумо нигоњ доштанд;5 ва бар он номи Худоро ёд кунед.6 Ва аз Худо битарсед; ба дурустї ки Худо Зудњисобкунанда аст.

5. Имрўз покизањо барои шумо њалол карда шуд ва таоми ањли Китоб барои шумо њалол аст ва таоми шумо барои онњо њалол аст; [њамчунин бароятон њалол аст] занони покдоман аз мўъминон ва занони покдоман аз касоне, ки пеш аз шумо Китоб дода шуданд – агар мањрашонро ба онњо бидињед – аз роњи иффатталабї, на шањватронї ва на пинњонї дўст гирифтан. Ва њар ки имонро инкор кунад, пас амалаш нобуд шавад ва ў дар охират аз зиёнкорон аст.

6. Эй мўъминон, чун ба сўи намоз бархезед, рўй ва дастњои худро то оринљ бишўед ва сари худро масњ кунед ва пойњои худро то шитоланг (бишўед); ва агар бољанобат бошед, пас ѓусл кунед. Ва агар бемор ё мусофир бошед, ё яке аз шумо аз халољой биёяд, ё занонро мисос карда бошед7 ва обро наёбед, пас ќасди хоки пок (таяммум) кунед; ва аз он (хок) рўи худ ва дастњои худро масњ кунед. Худо намехоњад, ки бар шумо машаќќате машрўъ кунад, валекин мехоњад, ки шуморо пок созад ва бар шумо неъмати Худро тамом кунад, то шавад ки шукргузорї кунед.

7. Неъмати Худоро бар хеш ва паймони Худоро, ки бо он ањд бо шумо бастааст, ёд кунед, он гоњ, ки гуфтед: «Шунидем ва фармонбардорї кардем». Ва аз Худо битарсед; ба дурустї ки Худо бар он чи дар синањо бошад, Доност.

8. Эй мўъминон, барои Худо ќиёмкунанда ва ба ростї гувоњидињанда бошед ва душмании ќавме шуморо бар тарки адл њамл накунад. Адл кунед, адл ба парњезгорї наздиктар аст ва аз Худо битарсед. Ба дурустї ки Худо ба он чи мекунед, Огоњ аст.

9. Худо ба касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, омурзиш ва музди бузург ваъда кардааст.

10. Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти Моро ба дурўѓ нисбат карданд, ањли дўзаханд.

11. Эй мўъминон, неъмати Худоро бар хештан ёд кунед, он гоњ, ки ќавме ќасд карданд дасти худро ба сўи шумо дароз кунанд, пас дастњояшонро аз шумо боздошт. Ва аз Худо битарсед; ва мўъминон бояд ки бар Худо таваккул кунанд.

12. Ва ба дурустї ки Худо паймони Банї Исроилро гирифт. Ва аз онњо дувоздањ сардор муайян сохтем. Ва Худо гуфт: «Ман бо шумоам. Агар намозро барпо доред ва закотро бидињед ва пайѓамбарони Маро мўътаќид шавед ва онњоро таќвият кунед ва Худоро ќарз дињед – ќарзи нек,1 албатта, аз шумо гуноњонатонро нобуд созам ва, албатта, шуморо ба бўстонњое дарорам, ки зери он љўйњо меравад. Ва њар ки аз шумо баъд аз он кофир шавад, пас роњи ростро гум кардааст».

13. Пас, ба сабаби паймони хешро шикастанашон онњоро лаънат кардем ва дилњояшонро сахт гардонидем. Калимотро аз љойњояшон таѓйир мекарданд ва њиссаеро аз он чи ба он панд дода шуданд, фаромўш карданд. Ва њамеша ба хиёнате аз онњо – магар андаке аз онњо, огоњ мешавї. Пас, онњоро афв кун ва аз онњо даргузар; ба дурустї ки Худо некўкоронро дўст медорад.

14. Ва аз касоне паймон гирифтем, ки гуфтанд: «Мо насронї њастем». Ва њиссаеро аз он чи ба он панд дода шуданд, фаромўш карданд, пас дар миёни онњо то рўзи ќиёмат душманї ва кина барангехтем. Ва Худо ба онњо ба он чи мекарданд, хабар хоњад дод.

15. Эй ањли Китоб, ба дурустї ки пайѓамбари Мо назди шумо омад, барои шумо бисёреро аз Китоб,2 ки пинњон медоштед, баён мекунад ва аз (таќсироти) бисёре даргузар мекунад. Ба дурустї ки аз љониби Худо нуре ва Китобе3 равшан ба шумо омад.

16. Худо ба сабаби он њар касро, ки талаби ризои Ў кунад, ба сўи роњњои наљот далолат менамояд ва онњоро ба иродаи Худ аз торикї ба сўи равшанї берун меорад ва онњоро ба сўи роњи рост далолат мекунад.

17. Ба дурустї, касоне, ки гуфтанд: «Худо њамон Масењ писари Марям аст» – кофир шуданд. Бигў: «Пас, кист, ки аз [иродаи] Худо чизеро дигар кунад? Агар бихоњад, Исо писари Марям ва модараш ва онон, ки дар заминанд – њамаро якљо њалок кунад». Ва подшоњии осмонњо ва замин ва он чи дар миёни ин њар ду аст, аз они Худост; њар чи мехоњад, меофаринад. Ва Худо бар њама чиз Тавоност.

18. Яњудиён ва тарсоён гуфтанд: «Мо писарони Худо ва дўстони Ўем».1 Бигў: «Пас чаро шуморо бар гуноњонатон азоб мекунад? Балки шумо одамиёнед – аз љинси он чи пайдокарда аст. Њар киро хоњад, меомурзад; ва њар киро хоњад, азоб мекунад. Ва подшоњии осмонњо ва замин ва он чи дар миёни ин њар ду бошад, аз они Худо аст; ва бозгашт ба сўи Ў аст».

19. Эй ањли Китоб, ба дурустї ки пайѓамбари Мо назди шумо омад, дар њолати инќитои омадани пайѓамбарон барои шумо (њаќро) баён мекунад,2 то нагўед, ки њељ муждадињанда ва бимкунандае назди мо наомад. (Оре) ба дурустї ки муждадињанда ва бимкунанда назди шумо омадааст. Ва Худо бар њама чиз Тавоност.

20. Ва чун Мўсо ба ќавми худ гуфт: «Эй ќавми ман, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед, он гоњ, ки дар миёни шумо пайѓамбаронро пайдо кард ва шуморо подшоњ сохт ва ба шумо он чиро дод, ки ба њељ кас аз оламиён надод.3

21. Эй ќавми ман, ба Замини Пок, ки онро Худо барои шумо муќаррар сохтааст, дароед ва ба самти пушти худ рўгардон машавед,4 ки он гоњ зиёнкор гардед».

22. Гуфтанд: «Эй Мўсо, ба дурустї ки он љо гурўње зўровар њастанд; ва мо он љо њаргиз дохил нашавем, то он ки онњо аз он љо берун оянд; пас, агар онњо аз он љо берун шаванд, њамоно мо дароем».

23. Ду мард аз ањли таќво, ки Худо бар онњо инъом карда буд,5 гуфтанд: «Аз роњи дарвоза бар ин љамоа дароед; ва чун (ба дарвоза) даромадед, пас, њамоно шумо ѓолиб бошед; ва агар мўъмин њастед, ба Худо таваккул кунед».

24. Гуфтанд: «Эй Мўсо, модом ки онњо дар он љоянд, мо њаргиз дар ин замин надароем. Пас, туву Парвардигорат биравед ва љанг кунед; њамоно мо дар ин љо нишастаем».

25. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман ба љуз бар худ ва бародари худ6 [ба касе] молик нестам, пас, миёни мо ва миёни гурўњи гуноњкорон људої кун».

26. [Худо] гуфт: «Он сарзамин бар онњо чињил сол њаром карда шудааст,7 дар замин саргардон мешаванд. Пас, бар гурўњи ситамгорон андўњнок мабош».

27. Ва хабари ду писари Одамро ба ростї барои онњо бихон, чун ќурбониро ниёз(-и Њаќ) карданд, пас, аз яке ќабул карда шуд ва аз дигарї ќабул карда нашуд.8 Гуфт:1 «Албатта, туро бикушам». Гуфт:2 «Љуз он нест, ки Худо аз парњезгорон ќабул мекунад.

28. Агар ту дасти худро ба сўи ман дароз кунї, то маро бикушї, ман дасти худро њаргиз ба сўи ту дароз накунам, то туро бикушам. Ба дурустї ки ман аз Худо – Парвардигори оламњо метарсам.

29. Ман мехоњам, ки [њам] гуноњи маро ва [њам] гуноњи худро бибарї ва аз ањли дўзах бошї. Ва ин љазои ситамкорон аст».

30. Пас, нафси ў куштани бародарашро дар назари ў сањл сохт; ва ўро бикушт ва аз зиёнкорон шуд.3

31. Пас, Худо зоѓеро фиристод, ки дар замин мекофт, то ба ў бинамоёнад: чї гуна тани мурдори бародари худро бипўшад. Гуфт: «Эй вой бар ман, оё аз он [њам] ољиз шудам, ки монанди ин зоѓ бошам ва тани мурдори бародари худро бипўшам?!» Ва аз пушаймоншудагон гардид.

32. Ба сабаби ин њодиса бар Банї Исроил њукм кардем, ки њар ки касеро ба ѓайри ивази касе ва (ба ѓайри) фасод4 дар замин бикушад, пас чунон аст, ки њамаи мардумонро якљо кушта бошад; ва њар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки њамаи мардумонро якљо зинда сохта бошад. Ва ба дурустї ки пайѓамбарони Мо бо нишонањои равшан ба онњо5 омаданд; боз њам бисёре аз онњо баъд аз ин дар замин таљовузкунандагонанд.

33. Љазои касоне, ки бо Худою расули Ў љанг мекунанд ва дар замин ба ќасди фасод мешитобанд,6 љуз ин нест, ки кушта шаванд, ё бар дор карда шаванд, ё дастњову пойњои онњо аз љониби мухолиф бурида шавад,7 ё аз ватан дур карда шаванд. Ин расвоии онњо дар дунё аст ва дар охират барои онњо азоби азим њаст.

34. Магар касоне, ки пеш аз он, ки шумо бар онњо даст ёбед, тавба кунанд.8 Пас, бидонед, ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

35. Эй мўъминон, аз Худо битарсед ва ба сўи Ў ќурб биталабед ва дар роњи Ў љињод кунед, то растагор шавед.

36. Агар њар он чи дар замин аст њама якљо – њамроњ бо монанди он – ба дасти кофирон бошад ва њамаро барои [наљот] аз азоби рўзи ќиёмат ба ивази худ дињанд, њаргиз аз онњо ќабул карда нашавад ва барои онњо азоби дарддињандае њаст.

37. Мехоњанд, ки аз дўзах берун раванд, вале онњо аз он беруноянда нестанд; ва барои онњо азоби доим њаст.

38. Ва дасти марди дузд ва зани дуздро ба љазои он чи ба амал овардаанд, бибуред. Ин ибрате [аст] аз тарафи Худо. Ва Худо Ѓолиби Доно аст.

39. Њар ки баъди ситами худ тавба кунад ва кори шоиста ба амал оварад, пас Худо ба вай ба рањмат бозмегардад; ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

40. Оё надонистаї, ки подшоњии осмонњову замин аз они Худост? Њар киро хоњад, азоб мекунад ва њар киро хоњад, меомурзад. Ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.

41. Эй пайѓамбар, касоне, ки дар куфр саъй мекунанд, туро андўњгин накунанд – [чи] аз онон, ки ба дањони хеш гуфтанд: «Имон овардем» – ва дили онњо имон наовардааст, чи аз ќавми яњуд: онњо сухани дурўѓро шунавандагонанд;1 шунавандагонанд барои гурўњи дигар, ки пеши ту њанўз наомадаанд;2 калимотро баъд(-и субути онњо) дар љойњои хеш таѓйир мекунанд; ва мегўянд: «Агар ба шумо ин њукм3 дода шавад, ќабул кунед; ва агар онро дода нашавад, пас эњтироз кунед». Барои касе, ки Худо гумроњии ўро ирода кардааст, ту наметавонї аз Худо чизе [аз њикояти онњо] бикунї. – Онњо касоне њастанд, ки Худо нахостааст дилњояшонро пок кунад. Барои онњо дар дунё расвої ва дар охират азоби бузург аст.

42. Онњо шунавандагони сухани дурўѓанд, хўрандагони њароманд;4 агар пеши ту биёянд, миёни онњо њукм кун, ё аз онњо рўй бигардон. Ва агар аз онњо рўй бигардонї, ба ту њељ зиёне нарасонанд; ва агар њукм кунї, пас дар миёни онњо ба инсоф њукм кун;5 ба дурустї ки Худо адлкунандагонро дўст медорад.

43. Ва чї гуна туро њакам гардонанд? Њол он ки назди онњо Таврот аст, Ки дар он њукми Худо аст. Боз, баъд аз ин рўй мегардонанд; онњо мўъмин нестанд.6

44. Ба дурустї ки Мо Тавротро фуруд овардем; дар он њидоят ва равшанї аст; пайѓамбароне, ки ба њукми илоњї гардан нињодаанд, бо он барои яњудиён њукм мекарданд; ва худопарастон ва уламо бо он чи аз Китоби Худо, ки њофизи он гардонида шудаанд ва бар он гувоњ буданд,7 (њама њукм мекарданд). Пас, аз мардумон матарсед ва аз Ман битарсед ва ба оятњои Ман бањои андак харид макунед. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурў фиристодааст, њукм накунанд – њамоно гурўње кофиронанд.

45. Ва дар Таврот барои яњудиён лозим сохтем, ки шахс ба ивази шахс;8 ва чашм ба ивази чашм; ва бинї ба ивази бинї; ва гўш ба ивази гўш ва дандон ба ивази дандон ва захмњоро [иваз] ќисос аст. Пас, њар ки он ќисосро афв кунад, ин (афв) вайро каффорат аст. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурў фиристодааст, њукм накунанд – њамоно гурўње ситамкоронанд.

46. Ва аз пас, дар паи ин пайѓамбарон Исо писари Марямро фиристодем; [ў] тасдиќкунандаи он чи аз Таврот буд, ки дар пеши худ дошт; ва ба ў Инљил додем; дар он њидоят ва равшанї аст ва тасдиќкунандаи он чи аз Таврот буд, ки пеши вай аст; ва барои парњезгорон њидоят ва панд аст.

47. Ва бояд ки ањли Инљил бо он чи Худо дар он фурў фиристодааст, њукм кунанд. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурў фиристодааст, њукм накунанд, њамоно гурўње бадкоронанд.

48. Ва Китобро ба ростї ба сўи ту фурў фиристодем – тасдиќкунандаи он чи аз Китоб, ки пеши вай аст ва нигањбон бар вай; пас, бо он чи Худо фурў фиристодааст, дар миёни онњо њукм кун; ва он чиро, ки аз њукми илоњї ба ту омад, вогузошта, хоњиши онњоро пайравї макун. Барои њар гурўње аз шумо шариате ва роње муќаррар сохтаем. Ва агар Худо мехост, шуморо як уммат мегардонид, валекин хост, ки дар он чи ба шумо додааст, шуморо биозмояд; пас, ба сўи некўкорї шитоб кунед; бозгашти њамаи шумо якљо ба сўи Худо аст; пас, ба он чи дар он ихтилоф мекардед, ба шумо хабар медињад.

49. Ва миёни онњо бо он чи Худо фуруд овардааст, њукм кун; ва хоњиши онњоро пайравї макун; ва аз онњо њазар кун аз он, ки [мабодо] туро аз баъзеи он чи Худо ба сўи ту фурў фиристодааст, фиреб дињанд. Ва агар рўй бигардонанд, пас, бидон, ки Худо мехоњад онњоро ба сабаби баъзе гуноњонашон азоб кунад. Ва њамоно бисёре аз мардумон бадкоранд.

50. Оё њукми љоњилиятро мехоњанд? Ва барои ќавме, ки яќин доранд, кист, ки ба эътибори њукм аз Худо хубтар бошад?

51. Эй мўъминон, яњудиён ва насрониёнро дўст магиред, баъзеи онњо дўсти баъзеанд. Ва њар ки аз шумо онњоро дўст дорад, пас, њамоно ў аз љумлаи онњо аст. Ба дурустї ки Худо гурўњи ситамкоронро роњ наменамояд.

52. Пас касонеро мебинї, ки дар дилњояшон беморї1 аст, дар дўстии онњо2 саъй мекунанд ва мегўянд: «Аз он метарсем, ки ба моён мусибате бирасад».3 Ва наздик аст, ки Худо аз назди Худ фатње, ё чизе дигарро биёрад; он гоњ бар он чи дар дили хеш нињон доштанд, пушаймон шаванд.

53. Ва мўъминон мегўянд:4 «Оё инњо њамон касонанд, ки бо сахттарин савгандњояшон ба Худо ќасам хўрданд, ки албатта, њамроњи шумоанд?» Амалњояшон нобуд шуд ва [худ] зиёнкор гаштанд.

54. Эй мўъминон, њар ки аз шумо аз дини худ баргардад, пас, Худо гурўњеро хоњад овард, ки онњоро дўст медорад ва онњо Ўро дўст медоранд; барои мўъминон нармдиланд, бар кофирон дурушттабъанд; дар роњи Худо љињод мекунанд ва аз маломати маломаткунанда наметарсанд. Ин бахшоиши Худо аст; онро ба њар ки хоњад, медињад; ва Худо Фарохнеъмати Доно аст.

55. Љуз ин нест, ки дўсти шумо Худо ва расули Ў ва мўъминонеанд, ки намозро барпо медоранд ва закотро медињанд; ва онњо рукўъкунандагонанд.

56. Ва њар ки бо Худо ва расули Ў ва мўъминон дўстї кунад, пас, ба дурустї ки гурўњи Худо њамоно ѓолибанд.

57. Эй мўъминон, касонеро, ки дини шуморо тамасхур ва бозї гирифтаанд – аз касоне, ки ба онњо пеш аз шумо Китоб дода шуд; ва кофиронро дўст магиред; ва агар мўъмин њастед, аз Худо битарсед.

58. Ва чун ба сўи намоз нидо кунед, онро тамасхур ва бозї гиранд.1 Ин ба он сабаб аст, ки онњо ќавме беаќланд.

59. Бигў: «Эй ањли Китоб, оё бар мо айб мегиред, магар онро, ки ба Худо ва ба он чи бар мо фурў фиристода шудааст ва ба он чи пеш аз мо фурў фиристода шудааст, имон овардаем; ва магар он ки бештари шумо бадкоранд?»

60. Бигў: «Оё шуморо ба касоне хабар дињам, ки назди Худо ба эътибори љазо бадтар аз ин бошанд? – Касонеанд, ки Худо онњоро лаънат кардааст ва бар онњо хашм гирифтааст ва онњоро бўзинагон ва хукон гардонидааст; ва [касонеанд, ки] маъбуди ботилро парастидаанд. Ин гурўњ ба эътибори љой бадтаранд ва аз роњи рост гумроњтаранд».

61. Ва чун пеши шумо биёянд, гўянд: «Имон овардем». Њол он ки бо куфр даромаданд ва онњо бо куфр берун рафтанд. Ва Худо ба он чи мепўшанд, Донотар аст.

62. Аз онњо бисёреро мебинї, ки ба гуноњу тааддї ва њаром хўрдани худ шитоб мекунанд. Њар оина бад чизест, ки ба амал оварданд.

63. Чаро худопарастон ва донишмандон онњоро аз дурўѓ гуфтанашон ва њаром хўрданашон манъ намекунанд? Њар оина бад чизест, ки мекунанд.

64. Ва яњудиён гуфтанд: «Дасти Худо ба гардан баста аст».2 Дастњояшон баста бод! Ва ба сабаби он чи гуфтанд, лаънат карда шуданд. Балки ду дасти Ў кушода аст. Њар гуна бихоњад, харљ мекунад. Ва он чи ба сўи ту аз Парвардигори ту фурў фиристода шуд, туѓёну куфри бисёре аз онњоро, албатта, биафзояд; ва дар миёни онњо3 то рўзи ќиёмат душманї ва буѓз афкандем. Ва њар гоњ, ки оташеро барои љанг бармеафрўзанд, Худо онро фурў менишонад; ва онњо дар замин ба фасод мешитобанд. Ва Худо муфсидонро дўст намедорад.

65. Ва агар ањли Китоб имон меоварданд ва парњезгорї мекарданд, аз онњо гуноњонашонро нобуд месохтем ва онњоро ба бўстонњои неъмат медаровардем.

66. Ва агар онњо (њукми) Тавроту Инљил ва он чиро, ки аз Парвардигорашон ба сўи онњо фурў фиристода шудааст,4 барпо медоштанд, аз болои худ ва аз зери пойњои худ [рўзї] мехўрданд. Аз онњо гурўње миёнарав њаст, ва[ле] бисёре аз онњо он чи мекунанд, бад чизе аст.

67. Эй пайѓамбар, он чиро, ки аз љониби Парвардигорат ба сўи ту фуруд оварда шудааст, [ба мардум] бирасон. Ва агар [чунин] накунї, пайѓоми Худоро нарасонида бошї. Худо туро аз мардумон нигоњ медорад. Ба дурустї ки Худо гурўњи кофиронро роњ наменамояд.

68. Бигў: «Эй ањли Китоб, шумо бар чизе нестед, то он ки (њукми) Тавроту Инљил ва он чиро, ки аз Парвардигоратон ба сўи шумо фурў фиристода шудааст,1 барпо кунед». Ва он чи ба сўи ту аз Парвардигори ту фурў фиристода шуд,2 туѓёну куфри бисёре аз онњоро, албатта, биафзояд. Пас, бар ќавми кофирон андўњгин машав.

69. Њамоно [аз] имоновардагон ва яњудиён ва ситорапарастон ва насрониён њар ки ба Худо ва рўзи охир имон орад ва кори шоиста кунад, бар онњо њељ тарс нест ва онњо андўњгин нашаванд.

70. Ба дурустї ки ањди Банї Исроилро гирифтем ва ба сўи онњо пайѓамбаронро фиристодем. Њар гоњ, ки пайѓамбаре ба онњо бо он чизе меомад, ки нафси онњо дўст намедошт, гурўњеро ба дурўѓ нисбат мекарданд ва гурўњеро мекуштанд.

71. Ва пиндоштанд, ки њељ уќубат нахоњад буд; пас, кўру кар шуданд. Он гоњ Худо ба онњо ба рањмат бозгашт.3 Пас, боз бисёре аз онњо кўру кар шуданд ва Худо ба он чи мекунанд, Бино аст.

72. Њамоно, касоне кофир шуданд, ки гуфтанд: «Худо њамон Исо писари Марям аст». Ва Исо гуфта буд: «Эй Банї Исроил, Худоро, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумо аст, бипарастед». Ба дурустї, касе, ки барои Худо шарик муќаррар мекунад, Худо бињиштро бар вай њаром кардааст; ва љои ў дўзах аст. Ва ситамкоронро њељ ёридињандае нест.4

73. Њамоно, касоне кофир шуданд, ки гуфтанд: «Худо саввуми се [кас] аст».5 Ва њељ илоње нест, магар Худои Ягона. Ва агар аз он чи мегўянд, бознамонанд, ба ононе, ки аз онњо кофир шуданд, азоби дарддињанда хоњад расид.

74. Оё ба сўи Худо руљўъ намекунанд ва аз Ў омурзиш наметалабанд? Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

75. Исо писари Марям љуз пайѓамбаре [беш] набуд; пеш аз вай [низ] пайѓамбарон гузаштаанд; ва модари ў зане ростгў буд; њар ду таом мехўрданд. Бибин, чї гуна нишонањоро барои онњо баён мекунем; боз бибин, чї гуна [аз њаќ] гардонида мешаванд.

76. Бигў: «Оё ба љуз Худо чизеро ибодат мекунед, ки барои шумо зиёне ва суде [расонида] наметавонад? Ва Худо Шунавои Доно аст».

77. Бигў: «Эй ањли Китоб, ба ноњаќ дар дини худ аз њад магузаред ва хоњиши нафси ќавмеро пайравї макунед, ки пеш аз ин гумроњ шуданд ва (мардумони) бисёреро гумроњ карданд ва аз роњи рост каљравї карданд».

78. Кофирон аз Банї Исроил бар забони Довуд ва Исо писари Марям лаънат карда шуданд. Ин ба сабаби он аст, ки нофармонї мекарданд ва аз њад мегузаштанд.

79. Аз он амали зишт, ки муртакиби он шуданд, якдигарро манъ намекарданд. Њар оина бад чизе аст, ки мекарданд.

80. Бисёре аз онњоро мебинї, ки бо кофирон1 дўстї мекарданд. Ба дурустї, бад чизе аст он чи нафсњояшон барои онњо пеш фиристодааст: он, ки Худо бар онњо хашм гирифт ва онњо дар азоб љовидонаанд.

81. Ва агар ба Худову пайѓамбар ва он чи ба сўи вай фурў фиристода шудааст, имон меоварданд, албатта, мушриконро дўст намегирифтанд. Валекин бисёре аз онњо фосиќонанд.

82. Њамоно яњудиён ва мушриконро сахттарини мардумон дар адовати мўъминон биёбї; ва њамоно касонеро наздиктарини мардумон дар дўстии мўъминон биёбї, ки гуфтанд: «Мо насронї њастем». Ин ба сабаби он аст, ки аз (љинси) онњо донишмандон ва гўшанишинон њастанд; ва онњо такаббур намекунанд.

83. Ва чун он чиро, ки бар пайѓамбар фурў фиристода шуд, бишунаванд, бибинї, чашмњояшон ба сабаби он чи аз њаќ шинохтанд, ашк мерезад, мегўянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, пас моро бо шоњидон2 бинавис.

84. Чаро мо ба Худо ва он чи аз дини рост ба мо омадааст, имон наорем ва дар он тамаъ накунем, ки Парвардигори мо бо ќавми солењон моро [ба бињишт] дохил кунад?»

85. Пас, барои ин сухан, ки гуфтанд, Худо ба онњо љазо[-и некў] дод: бўстонњое, ки зери он љўйњо меравад; дар он љо љовидонанд. Ин аст љазои некўкорон.

86. Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти Моро ба дурўѓ нисбат карданд, њамоно ањли дўзаханд.

87. Эй мўъминон, чизњои покизаеро, ки Худо барои шумо њалол сохтааст, њаром макунед ва аз њад магузаред. Ба дурустї ки Худо аз њад гузарандагонро дўст намедорад.

88. Ва аз њар чизи њалолу покиза, ки Худо ба шумо рўзї додааст, бихўред ва аз Он Худо, ки шумо ба Вай имон овардаед, битарсед.

89. Худо дар савгандњои лаѓви шумо аз шумо бозхост намекунад, валекин ба сабаби муњкам кардани савгандњо аз шумо бозхост мекунад; ва каффорати он таом додан ба дањ мискин аст – аз љинси миёна, ки онро ба ањли худ мехўронед, ё ба онњо пўшиш додан, ё озод кардани барда; ва њар ки наёбад, се рўз рўза доштан лозим аст. Ин каффорати савгандњои шумо аст – чун савганд хўред.3 Ва савгандњои худро нигоњ доред.4 Худо оятњои Худро барои шумо њамчунин баён мекунад, то бувад, ки шукр кунед.

90. Эй мўъминон, љуз ин нест, ки хамр ва ќимор ва нишонањои маъбудони ботил ва тирњои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурї кунед, то бувад ки растагор шавед.

91. Љуз ин нест, ки Шайтон мехоњад ба сабаби хамру ќимор дар миёни шумо душманї ва нохушї биандозад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад. Пас оё (алњол) шумо бозистодед?

92. Ва Худову пайѓамбарро фармонбардорї кунед ва битарсед; ва агар рў гардонед, пас, бидонед, ки бар пайѓамбари Мо ба љуз пайѓом расонидани ошкоро [чизе] нест.

93. Бар касоне, ки имон оварданд ва амалњои шоиста карданд, дар он чи хўрданд, гуноње нест – чун парњезгорї карданд ва имон оварданд ва корњои шоиста карданд; боз парњезгорї карданд ва имон оварданд; боз парњезгорї карданд ва некўкорї намуданд. Ва Худо накўкоронро дўст медорад.

94. Эй мўъминон, њар оина Худо ба чизе аз шикор, ки дастњоятон ва найзањоятон ба он бирасад, шуморо меозмояд, то Худо касеро маълум кунад, ки аз Вай ѓоибона метарсад. Пас, њар ки баъд аз ин тааддї кунад, ўро азоби дарддињанда њаст.

95. Эй мўъминон, чун эњром баста бошед, сайдро макушед. Ва њар ки аз шумо ба ќасд онро бикушад, пас, љазо (вољиб) аст; ва он (љазо): аз љинси чањорпоён монанди њайвоне дињад, ки онро куштааст, [ба шарте, ки] ду соњиби адолат аз шумо ба он њукм кунанд; ва он чањорпои ќурбонї [бояд] ба Каъба расида бошад; ё (он љазо) каффорат аст: таоми фаќирон ё баробари он рўза доштан, то љазои кирдори худро бичашад. Худо аз он чи гузашт, афв кардааст; ва њар ки бори дигар кунад, Худо аз вай интиќом мегирад; ва Худо Ѓолиби Соњибинтиќом аст.

96. Шикори дарё ва хўрдани он барои шумо њалол карда шуд, то барои шумо ва барои ќофила манфиат бошад. Ва то ваќте ки эњром баста бошед, шикори биёбон бар шумо њаром карда шуд. Ва аз Он Худо, ки ба сўи Вай њашр карда хоњед шуд, битарсед.

97. Худо Каъба – Хонаи бузургворро ва [низ] моњи њаром ва [њайвони] ќурбонї ва [њайвони] ќилодадорро сабаби интизоми умури мардумон гардонид. Ин барои он аст, то бидонед, ки Худо он чиро, ки дар осмонњо ва он чиро, ки дар замин аст, медонад ва Худо ба њама чиз Доно аст.

98. Бидонед, ки Худо сахтуќубат аст ва (бидонед, ки) Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

99. Бар пайѓамбар ба љуз расонидани пайѓом [чизе] нест. Ва он чиро, ки ошкор мекунед ва он чиро, ки пинњон мекунед, Худо медонад.

100. Бигў: «Палид ва пок баробар нест, агарчи бисёрии палид туро дар аљаб орад». Пас, эй соњибони хирад, аз Худо битарсед, то [бувад ки] растагор шавед.

101. Эй мўъминон, аз он чизњое суол макунед, ки агар (њаќиќати) онњо пеши шумо зоњир карда шавад, шуморо ѓамгин кунад. Ва агар аз онњо ваќте ки Ќуръон фуруд оварда мешавад, суол кунед, албатта, барои шумо зоњир карда шавад. Худо аз он суолњо афв кард; ва Худо Омурзандаи Бурдбор аст.

102. Ќавме пеш аз шумо аз мисли он чизњо суол карда буданд; сипас, ба онњо кофир шуданд.

103. Худо бањира ва соиба ва васила ва њомиро машрўъ накардааст;1 валекин кофирон бар Худо дурўѓ мебанданд ва бисёре аз онњо ба аќл дарнамеёбанд.

104. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Ба сўи он чи Худо фурў фиристодааст ва ба сўи пайѓамбар биёед» – гўянд: «Барои мо он чи, ки падарони худро бар он ёфтаем, бас аст». Ва агарчи падаронашон чизе намедонистанд ва роњ намеёфтанд.

105. Эй мўъминон, хештанро муњофизат кунед, агар шумо роњ ёфта бошед, касе, ки гумроњ шуд, ба шумо зарар намерасонад. Руљўи њамаи шумо якљо ба сўи Худо аст; пас, ба он чи амал мекардед, шуморо хабар медињад.

106. Эй мўъминон, чун марг ба яке аз шумо фаро расад, (нисоби) шањодат дар миёни шумо ваќти васият ду шахси соњиби адолат аз худатон мебошанд, ё ѓайри худатон – агар дар замин сафар карда бошед ва ба шумо мусибати марг фаро расида бошад. Агар шак дошта бошед, онњоро баъд аз намоз2 боздоред, то ба Худо ќасам хўранд, ки: «Ба ивази он3 бањо(-и дунё)-ро харид намекунем, агарчи [ба мо] соњиби ќаробат бошад; ва гувоњии Худоро пинњон намекунем; ба дурустї ки он гоњ мо аз гуноњгорон бошем».

107. Ва агар бар он иттилоъ ёфта шавад, ки ин ду гувоњ4 гуноње касб карданд, пас, ба љои онњо ду каси дигар, ки авлотар ва аз љумлаи онњое бошанд, ки њаќќашон пўшида шуд,5 биистанд; ва ба Худо савганд хўранд, ки: «Гувоњии мо аз гувоњии он ду дурусттар аст ва аз њад таљовуз накунем; ба дурустї ки он гоњ мо аз ситамкорон бошем».

108. Ин (услуб) ба он наздиктар аст, ки гувоњиро бар ваљњи худ биёранд,6 ё аз он битарсанд, ки баъди савгандњояшон савгандњо рад карда шавад. Ва аз Худо битарсед ва (њукми Ўро) бишунавед. Ва Худо гурўњи фосиќонро роњ наменамояд.

109. Он рўз, ки Худо пайѓамбаронро љамъ кунад, пас бигўяд: «Шуморо чї љавоб дода шуд?» Гўянд: «Моро њељ дониш нест, ба дурустї ки Донандаи умури пинњонї Ту њастї».

110. Он ваќт, ки Худо гўяд: «Эй Исо писари Марям, неъмати Маро бар хеш ва бар волидаи хеш ёд кун, чун туро ба Рўњу-л-Ќудус ќувват додам, дар гањвора ва дар бузургсолї бо мардумон сухан мегуфтї; ва чун Китобу дониш ва Тавроту Инљил ба ту омўхтам; ва чун ба њукми Ман аз гил монанди шакли мурѓ пайдо мекардї ва дар вай медамидї ва ба њукми Ман мурѓе мешуд; ва ба њукми Ман кўри модарзод ва барасдорро бењ мекардї; ва мурдагонро ба њукми Ман берун меовардї;1 ва чун аз ту шарри Банї Исроилро боздоштам, он гоњ, ки барои онњо мўъљизањо овардї. Ва аз миёни онњо кофирон гуфтанд: «Ин ба љуз сењри ошкоро [чизе] нест».

111. Ва чун ба сўи њавориён илњом фиристодам, ки ба Ман ва ба пайѓамбари Ман имон оред, гуфтанд: «Имон овардем ва гувоњ бош,2 ки мо мусулмонем».

112. Чун њавориён гуфтанд: «Эй Исо писари Марям, оё Парвардигори ту метавонад, ки хоне аз осмон барои мо фурў фиристад?» Гуфт: «Агар мўъмин њастед, аз Худо битарсед».

113. Гуфтанд: «Мехоњем аз он хон бихўрем ва дилњои мо ором гирад ва бидонем, ки бо мо рост гуфтї ва бар он аз гувоњон бошем».

114. Исо писари Марям гуфт: «Бор Худоё, эй Парвардигори мо, барои мо хоне аз осмон фуруд ор, то ки барои мо ва барои аввалу охири (уммати) мо иде ва мўъљиза аз љониби Ту бошад; ва ба мо рўзї дењ; ва Ту бењтарини рўзидињандагонї».

115. Худо гуфт: «Ман онро бар шумо фуруд меоварам, лекин њар ки аз шумо баъд аз ин кофир шавад, пас, Ман ўро чунон азобе кунам, ки њељ як аз ањли оламро ончунон азоб накарда бошам».

116. Ва он ваќт, ки Худо гуфт: «Эй Исо писари Марям, оё ту ба мардумон гуфтї, ки маро ва модари маро ба љуз Худо ду маъбуд гиред?» Гуфт: «Ба покї Туро ёд мекунам, маро насазад он чиро бигўям, ки лоиќи ман нест; агар онро гуфта бошам, Ту онро донистаї; Ту он чиро медонї, ки дар замири ман аст; ва ман он чиро намедонам, ки дар замири Ту аст; ба дурустї ки Ту Донандаи умури пинњонї њастї.

117. Ман ба онњо чизе нагуфтаам, магар он чи Ту маро ба он фармуда будї, ки: «Худо – Парвардигори ман ва Парвардигори худро парастед». Ва модом ки дар миёни онњо будам, бар онњо нигањбон будам; пас, ваќте ки маро баргирифтї,3 Ту Худ бар онњо Нигањбон будї; ва Ту бар њама чиз Гувоњ њастї.

118. Агар онњоро азоб кунї, онњо бандагони Туанд; ва агар онњоро биомурзї, Ту Ѓолиби Устуворкор њастї».

119. Худо гуфт: «Ин рўзе аст, ки дар он ростгўёнро ростии онњо нафъ кунад, барои онњо бўстонњое бошад, ки зери он љўйњо меравад, дар он љо њамеша љовидонанд; Худо аз онњо хушнуд шуд ва онњо аз Худо хушнуд шуданд. Ин растагории бузург аст».

120. Подшоњии осмонњову замин ва он чи дар онњо аст, аз они Худо аст; ва Ў бар њама чиз Тавоност.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет