1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет5/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33

6. Сураи Анъом (Чањорпоён)
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду шасту панљ оят ва бисту шаш рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ситоиш Худойро аст, ки осмонњову заминро офарид ва торикињову равшаниро пайдо кард; ва боз кофирон бо Парвардигори хеш баробар мекунанд.1

2. Ў Он [Худой] аст, ки шуморо аз гил биофарид ва ваќт(-и марг)-ро муќаррар кард; ва муддате назди Ў муайян аст;2 ва боз шумо шак мекунед.

3. Ва Ў Худо3 дар осмонњо ва дар замин аст, пинњону ошкори шуморо медонад; ва он чиро медонад, ки амал мекунед.

4. Ва њељ нишонае аз нишонањои Парвардигорашон бар онњо наомад, магар ки аз он рўгардон шуданд.

5. Ба дурустї ки сухани ростро – чун ба онњо омад – ба дурўѓ нисбат карданд; пас ба онњо хабари чизе, ки ба он тамасхур мекарданд, хоњад омад.

6. Оё надидаанд, ки пеш аз онњо чї ќадар аз он умматњоеро њалок кардаем, ки ба онњо дар замин истиќрор дода будем – истиќроре, ки ба шумо надодем; ва бар онњо борони пай дар пай резанда фиристода будем; ва љўйњое пайдо кардем, ки зери пояшон мерафт? Пас, онњоро ба гуноњонашон њалок кардем; ва баъд аз онњо уммате дигар4 пайдо кардем.

7. Ва агар навиштае дар вараќе бар ту фурў мефиристодем ва онро бо дасти худ ламс мекарданд, њамоно кофирон мегуфтанд: «Ин ба љуз сењри зоњир [чизе] нест».5

8. Ва гуфтанд: «Чаро фариштае бар ў фуруд оварда нашудааст?»6 Агар фариштаеро фурў мефиристодем, албатта, кор ба анљом расонида мешуд ва ба онњо мўњлат дода намешуд.7

9. Ва агар он фиристодаро фаришта мекардем, лозим мешуд, ки ўро марде гардонем;8 ва њар оина он чиро бар онњо муштабењ мекардем, ки онњо алњол иштибоњ мекунанд.

10. Ба дурустї ки пайѓамбарон пеш аз ту тамасхур карда шуданд. Пас ба тамасхуркунандагон аз онњо љазои он чизе омад, ки ба он тамасхур мекарданд.9

11. Бигў: «Дар замин сайр кунед, сипас бибинед, ки охири кори дурўѓдорандагон чї гуна будааст».

12. Бигў: «Он чи дар осмонњо ва замин аст, аз они кист?» (Љавоб) бигў: «Аз они Худо аст; бар Худ мењрубониро лозим кард, албатта, шуморо дар рўзи ќиёмат, ки дар он њељ шак нест, љамъ кунад. Онон, ки дар њаќќи хештан зиён карданд, имон намеоранд.

13. Ва он чи дар шабу рўз сокин шуд, аз они Ўст; ва Ў Шунавои Доно аст».

14. Бигў: «Оё ба љуз Худои Пайдокунандаи осмонњову замин [дигареро] ба дўстї гирам, ки Ў ризќ медињад ва ризќ дода намешавад?!» Бигў: «Њамоно ба ман амр карда шудааст, ки нахустин мусулмон бошам;1 ва (фармуда шуд, ки) аз мушрикон мабош».

15. Бигў: «Агар ба Парвардигори худ нофармонї кунам, ба дурустї ки аз азоби рўзи бузург метарсам».

16. Дар он рўз аз њар ки азоб боздошта шавад, пас Худо бар вай мењрубонї кардааст: ва ин комёбии зоњир аст.

17. Агар Худо ба ту сахтї расонад, њељ кас ба љуз Ў дафъкунандаи он нест. Ва агар ба ту неъмате расонад, пас Ў дар њама чиз Тавоно аст.

18. Ва Ў болои бандагони Худ Ѓолиб аст. Ва Ў Донои Огоњ аст.

19. Бигў: «Чї чиз дар боби шањодат бузургтар аст?»2 Бигў: «Худо аст [ки] миёни ману миёни шумо Гувоњ аст; ва ин Ќуръон ба сўи ман вањй карда шудааст, то шуморо ва њар касро, ки ба ў (Ќуръон) бирасад, ба он бим кунам. Оё шумо гувоњї медињед, ки бо Худо маъбудоне дигар њастанд?» Бигў: «Ман гувоњї намедињам». Бигў: «Љуз ин нест, ки Ў Худои Ягона аст; ва ба дурустї ки ман аз он чи шумо шарик муќаррар мекунед, безорам».

20. Касоне, ки ба онњо Китоб додаем, ўро3 мешиносанд, чунон ки писарони худро мешиносанд. Онон, ки дар њаќќи хештан зиёнкор шуданд, имон намеоранд.

21. Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурўѓро барбандад, ё оёти Ўро ба дурўѓ нисбат кунад? Ба дурустї ки ситамкорон растагор намешаванд.

22. Ва он рўз, ки њамаи онњоро якљо њашр кунем, сипас ба мушрикон гўем: «Он шариконатон, ки шумо ба гумон исбот мекардед, куљоанд?»

23. Баъд аз он узри онњо љуз ин набошад, ки мегўянд: «Ба Худо – Парвардигори мо ќасам, ки мушрик набудем».

24. Бинигар, чї гуна бар хештан дурўѓ гуфтанд ва он чи ифтиро мекарданд, аз онњо гум гашт.

25. Ва аз онњо касоне њастанд, ки ба сўи ту гўш менињанд; ва Мо бар дилњояшон пардањо афкандаем, то онро нафањманд ва дар гўши онњо гаронї [нињодаем]; ва агар њар мўъљизаеро бибинанд, ба он имон намеоранд; то ваќте ки назди ту биёянд, бо ту муљодала кунанд. Ин кофирон гўянд: «Ин чизе ба љуз ќиссањои пешиниён нест».

26. Онњо аз ў4 манъ мекунанд5 ва худ аз ў дур мешаванд; ва намедонанд, ки ба љуз хештан [касеро] њалок намекунанд.

27. Агар онњоро дар он ваќт, ки назди оташ боздошта шаванд, бибинї, мегўянд: «Эй кош, мо бозгардонида шавем, пас, оёти Парвардигори хешро ба дурўѓ нисбат накунем ва аз мўъминон бошем».

28. Не, балки он чи пеш аз ин мепўшиданд, барои онњо зоњир шуд;1 ва агар бозгардонида шаванд, албатта, ба сўи он чи руљўъ кунанд, ки аз он манъ карда мешуданд. Ва њамоно онњо дурўѓгўёнанд.

29. Ва гуфтанд: «Ба љуз зиндагонии инљањонии мо њељ (њаёте) нест; ва мо барангехта нашавем».2

30. Ва агар он гоњ бибинї, ки ба њузури Парвардигорашон боздошта шаванд, гўяд:3 «Оё ин дуруст нест?» Гўянд: «Оре, ќасам ба Парвардигори мо».4 Гўяд: «Ба сабаби он, ки кофир будед, азобро бичашед».

31. Њамоно онон, ки мулоќоти Худоро ба дурўѓ нисбат карданд, зиёнкор шуданд, то он гоњ, ки ќиёмат ногањон ба онњо биёяд, гўянд: «Эй дареѓ бар мо, бар он чи, ки дар бобати он5 таќсир кардем». Ва онњо бори (гуноњони) худро бар пуштњои худ бармедоранд. Огоњ шав, бад чизе аст он чи бармедоранд.

32. Ва зиндагонии дунё ба љуз бозию лањв чизе нест; њамоно сарои охират барои касоне, ки парњезгорї мекунанд, бењтар аст. Оё ба аќл дарнамеёбед?

33. Ба дурустї ки Мо медонем: он чи онњо мегўянд, туро андўњгин мекунад. Ва ба дурустї ки онњо фаќат туро ба дурўѓ нисбат намекунанд, балки ин ситамкорон оёти Худоро инкор мекунанд.

34. Ва ба дурустї ки пайѓамбарон пеш аз ту ба дурўѓ нисбат карда шуданд, пас, бар такзибу ранљонида шудани худ сабр карданд, то ба онњо нусрати Мо биёмад. Ва суханони6 Худоро њељ таѓйирдињандае нест. Ва њамоно, баъзе хабари пайѓамбарон ба ту омад.

35. Ва агар рўгардонии онњо бар ту гарон шуда бошад; ва агар битавонї сўрохе дар замин ё нардбоне дар осмон биљўї, то мўъљизае барояшон биёрї; ва агар Худо мехост, онњоро бар њидоят љамъ месохт; пас аз нодонон мабош.7

36. Њамоно, танњо онон, ки мешунаванд, ќабул мекунанд.8 Ва мурдагонро Худо бармеангезад; сипас ба сўи Ў гардонида мешаванд.

37. Ва гуфтанд: «Чаро нишонае бар ў аз љониби Парвардигораш фуруд оварда нашуд?»9 Бигў: «Ба дурустї, Худо бар он ќодир аст, ки ояте фурў фиристад, валекин аксари онњо намедонанд».

38. Ва њељ љонваре дар замин нест ва њељ паррандае бо ду боли худ намепарад, магар ин ки онњо љамоатњое монанди шумо њастанд. Мо дар Китоб10 њељ чизеро фурў нагузоштаем. Ва сипас ба сўи Парвардигори худ њашр карда хоњанд шуд.

39. Ва касоне, ки оёти Моро ба дурўѓ нисбат карданд, каронанд ва гунгонанд, дар торикињоанд. Худо њар киро хоњад, гумроњ мекунад ва њар киро хоњад, ба роњи рост мегардонад.

40. Бигў: «Чї мебинед, агар ба шумо азоби Худо биёяд, ё ба шумо ќиёмат биёяд, агар ростгў њастед, [боз њам] ѓайри Худо [дигареро] мехонед?

41. Балки танњо Ўро мехонед; пас, агар хоњед, он чиро, ки барои (дафъи) он мехонед, дафъ мекунад; ва он чиро, ки шарик муќаррар мекардед, фаромўш мекунед».

42. Ба дурустї ки ба сўи умматон пеш аз ту пайѓамбароне фиристодем, пас, онњоро ба сахтињо ва беморињо гирифтор кардем, то зорї кунанд.

43. Пас, чаро ваќте ки ба онњо азоби Мо омад, зорї накарданд? Валекин дилњояшон сахт шуд; ва Шайтон он чиро, ки мекарданд, дар назарашон зинат дод.

44. Пас, чун он пандеро, ки ба онњо дода шуд, фаромўш карданд, бар онњо дарњои њама чизро кушода сохтем,1 то он њангом, ки бо он чи ба онњо дода шуд, шодмон гаштанд, ногањон онњоро фурў гирифтем, пас, онњо [њама] ноумед шуданд.

45. Пас, бехи гурўњи ситамкорон бурида шуд; ва сипос Худойро, ки Парвардигори оламиён аст.

46. Бигў: «Чї мебинед, агар Худо шунавої ва чашмњои шуморо бозгирад ва бар дилњоятон мўњр кунад, кист [он] маъбуди ѓайри Худо, ки онро ба шумо биёрад?» Бибин, чї гуна оятњоро гуногун баён мекунем; боз онњо рўгардон мешаванд.

47. Бигў: «Чї мебинед, агар азоби Худо ногањон ё ошкоро ба шумо биёяд, оё ба љуз ќавми ситамкорон [касе] њалок карда мешавад?»

48. Ва Мо пайѓамбаронро ба љуз башоратдињанда ва бимкунанда намефиристем; пас, бар онон, ки имон оварданд ва некўкорї карданд, њељ тарс набувад ва онњо андўњгин намешаванд.

49. Ва ба касоне, ки оёти Моро ба дурўѓ нисбат карданд, ба сабаби фосиќ буданашон азоб бирасад.

50. Бигў: «Ба шумо намегўям, ки хазинањои Худо назди ман аст; ва ман ѓайбро [низ] намедонам; ва ба шумо намегўям, ки ман фариштаам; чизеро пайравї намекунам, ба љуз он чи, ки ба сўи ман вањй карда шудааст». Бигў: «Оё нобино ва бино баробар мешаванд? Оё тааммул намекунед?»

51. Ва касонеро, ки аз њашр карда шудани худ ба сўи Парвардигорашон метарсанд, бо ин [Китоб] бим кун: онњоро ба љуз Худо њељ дўсте ва шафоаткунандае нест, то парњезгорї кунанд.

52. Ва касонеро, ки бомдоду шом ба Парвардигори хеш мунољот мекунанд ва рўи Ўро металабанд, аз худ дур макун, чизе аз њисоби онњо бар ту нест ва чизе аз њисоби ту бар онњо нест, то онњоро биронї. [Марон онњоро, ки] он гоњ аз ситамкорон бошї.

53. Ва њамчунин баъзе мардумонро ба баъзе имтињон кардем, то гўянд: «Оё ин љамоа аст, ки Худо аз миёни мо бар онњо инъом кардааст?» Оё Худо ба шукркунандагон Донотар нест?

54. Ва чун касоне, ки ба оятњои Мо имон овардаанд, пеши ту биёянд, бигў: «Саломун алайкум! Парвардигоратон мењрубониро бар Худ лозим кардааст, ки њар кас аз шумо ба нодонї кори бад кунад ва баъд аз он тавба кунад ва некўкорї намояд, албатта, Худо Омурзандаи Мењрубон аст».

55. Ва њамчунин нишонањоро тафсил мекунем, то роњи гуноњкорон зоњир шавад.

56. Бигў: «Њамоно барои ман ибодат кардани ононе, ки шумо ба љуз Худо мепарастед, манъ карда шудааст». Бигў: «Орзуњои шуморо пайравї намекунам – ба дурустї ки он гоњ аз роњёфтагон набошам».

57. Бигў: «Ба дурустї ки ман аз Парвардигори худ бар њуљљатам ва шумо онро ба дурўѓ доштед. Он чи шумо ба зудї металабед, назди ман нест.1 Касеро ба љуз Худо њукм нест, њаќро2 баён мекунад; ва Ў бењтарини файсалакунандагон аст».

58. Бигў: «Агар он чи, ки шумо онро ба зудї металабед, назди ман мебуд, њамоно кор миёни ману шумо ба анљом расонида мешуд. Ва Худо ба ситамкорон Донотар аст».

59. Ва калидњои ѓайб3 назди Ўст, ба љуз Ў онро касе намедонад; ва он чи дар биёбону дарё аст, медонад; ва њељ барге намеафтад, магар ин ки онро медонад. Ва њељ донае дар торикињои замин ва њељ тару хушке нест, магар он ки дар Китоби равшан сабт аст.

60. Ва Ў Он [Худой] аст, ки ба шаб ќабзи рўњи шумо мекунад; ва он чиро, ки ба рўз касб кардаед, медонад, боз дар рўз шуморо бармеангезад, то меоди муайян ба анљом расонида шавад. Сипас бозгашти шумо ба сўи Ўст; ва шуморо ба он чи мекардед, хабар медињад.

61. Ва Ў болои бандагони Худ Ѓолиб аст; ва малоикаи нигањбонро бар шумо мефиристад; то ваќте ки ба касе аз шумо марг биёяд, фиристодагони Мо ќабзи рўњи ў кунанд; ва онњо таќсир намекунанд.

62. Сипас ба сўи Худо, ки Худованди њаќиќии онњо аст, бозгардонида мешаванд.4 [Бидонед, ки] њукм [танњо] Ўрост; ва Ў шитобандатарини њисобкунандагон аст.

63. Бигў: «Кист, ки шуморо аз торикињои биёбону дарё мерањонад? Ба зорї ва ниёзи пинњонї ба Ў мунољот мекунед, ки агар моро аз ин рањої дињад, њамоно, аз шукркунандагон бошем».5

64. Бигў: «Худо шуморо аз он ва аз њар андўње мерањонад, боз њам шумо ба Ў шарик муќаррар мекунед».

65. Бигў: «Ў бар он Тавоно аст, ки аз болоятон,1 ё зери поятон2 азобе бар шумо фиристад, ё шуморо гурўњ-гурўњ дар њам омезад ва ранљу сахтии баъзеро ба баъзеи шумо бичашонад».3 Бинигар, чї гуна оятњоро гуногун баён мекунем, то онњо бифањманд.

66. Ва ќавми ту Ќуръонро ба дурўѓ нисбат карданд, [дар њоле ки] он рост аст. Бигў: «Бар шумо нигањбон нестам».

67. Ва њар хабарро ваќти вуќўъ њаст ва зуд хоњед донист.

68. Ва чун касонеро бибинї, ки дар оятњои Мо гуфтугў мекунанд,4 аз онњо рўйгардон шав, то ваќте ки дар сухане ѓайри он шурўъ кунанд. Ва агар Шайтон туро фаромўш гардонад, пас, баъди ёд овардан бо гурўњи ситамкорон манишин.

69. Аз њисоби кофирон чизе бар ўњдаи касоне нест, ки парњезгорї карданд, валекин (бар онњо) панд додан (лозим) аст, то шавад ки парњезгорї кунанд.

70. Ва касонеро бигузор, ки дини худро бозию лањв гирифтанд ва зиндагонии дунё онњоро бифирефт; ва ба Ќуръон панд дењ, то нафсе ба он чи касб кардааст, гирифтор карда нашавад; ўро ба љуз Худо њељ дўсту шафоаткунандае нест; ва агар ивази худ њар фидяе, ки бидињад, аз вай гирифта намешавад. Ин љамоа ононанд, ки ба он чи касб кардаанд, гирифтор шуданд ва ба сабаби он, ки кофир буданд, барояшон ошомидание аз оби љўшон ва азоби дарддињанда аст.

71. Бигў: «Оё ба љуз Худо касеро мунољот кунем, ки ба мо нафъе намедињад ва зиёне намерасонад? Ва баъд аз он, ки Худо ба мо роњи ростро намудааст, бар пошнањои худ бозгардем5 – монанди касе, ки шаётин ўро дар замин гумроњ карда бошад – њайрон монда; ўро ёроне бошанд, ки ба сўи роњи рост мехонандаш, ки: «Ба сўи мо биё!» Бигў: «Ба дурустї ки њидояти Худо њидоят(-и њаќиќї) аст ва ба мо фармуда шудааст, ки ба Парвардигори оламиён гардан нињем».

72. Ва намозро барпо доред ва аз Худо битарсед. Ва Ў Он [Худой] аст, ки ба сўи Ў њашр карда хоњед шуд.

73. Ва Ў Он [Худой] аст, ки осмонњову заминро ба њаќ биофарид; ва рўзе, ки бифармояд:6 «Бишав!» Пас, мешавад. Сухани Ў рост аст. Ва рўзе, ки дар сур дамида шавад, подшоњї аз они Ўст, Донандаи пинњону ошкор аст; ва Ў Устуворкори Огоњ аст.

74. Ва чун Иброњим ба падараш Озар гуфт: «Оё бутонро ба худої мегирї? Ба дурустї ки ман туву ќавми туро дар гумроњии зоњир мебинам».

75. Ва њамчунин малакути осмонњо ва заминро ба Иброњим нишон медодем, то ў аз яќинкунандагон бошад.1

76. Пас, чун шаб бар вай торик шуд, ситораро диду гуфт: «Ин Парвардигори ман аст». Пас, чун фурў рафт, гуфт: «Фурўравандагонро дўст надорам».

77. Пас, чун моњи тулўъкардаро дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст». Ва ваќте ки фурў рафт, гуфт: «Агар Парвардигорам маро њидоят накунад, албатта, аз гурўњи гумроњон шавам».

78. Ва ваќте ки офтоби тулўъкардаро дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст, ин бузургтар аст». Пас, чун фурў рафт, гуфт: «Эй ќавми ман, ба дурустї ки ман аз он чи шарик муќаррар мекунед, безорам.

79. Ман – дар њолате, ки њанифам – рўи худро ба сўи Он Зоте мутаваљљењ сохтам, ки осмонњову заминро биофарид ва ман аз мушрикон нестам».

80. Ва ќавмаш ба ў љидол карданд, гуфт: «Оё дар боби Худо бо ман љидол мекунед? Ва [њол он ки] ба дурустї, маро њидоят кардааст. Ва ман аз он чи шумо бо Худо шарик муќаррар мекунед, наметарсам, валекин аз он (метарсам), ки Худо чизеро ирода кунад.2 Ва Парвардигори ман аз љињати дониш њама чизро ињота кардааст; оё панд намегиред?

81. Ва ман чї гуна аз он тарсам, ки шумо онро шарик муќаррар мекунед; ва шумо аз он наметарсед, ки чизеро шарики Худо муќаррар кардед, ки барои он далеле бар шумо фурў нафиристодааст. Агар медонед (бигўед), кадом як аз ин ду гурўњ ба амн сазовортар аст?»

82. Касоне, ки имон оварданд ва имони худро ба ситам наомехтанд – эминї аз они онњост ва онњо роњёфтагонанд.

83. Ва ин њуљљати Мо аст, ки онро ба Иброњим додем, [то бо он] бар ќавми худ [њуљљат гирифт]; њар киро хоњем дар мартабањо баланд мекунем. Ба дурустї ки Пардвардигори ту Устуворкори Доно аст.

84. Ва ба ў Исњоќу Яъќубро бахшидем ва њар якеро њидоят кардем; ва Нўњро пеш аз ин њидоят карда будем; ва аз авлоди Иброњим Довуд ва Сулаймон ва Айюб ва Юсуф ва Мўсо ва Њорунро (роњ намудем). Ва њамчунин некўкоронро љазо медињем.

85. Ва (њидоят кардем) Закарийё ва Яњё ва Исо ва Илёсро; њар як аз солењон буданд.

86. Ва Исмоил ва Ясаъ ва Юнус ва Лутро; ва њар якро бар оламиён фазилат додем.

87. Ва [баъзе] аз падаронашон ва фарзандонашон ва бародаронашонро (њидоят кардем); ва онњоро баргузидем ва ба сўи роњи рост далолат кардем.

88. Ин њидояти Худо аст, ба он аз бандагони Худ њар киро хоњад, далолат мекунад. Ва агар шарик муќаррар мекарданд, аз онњо он чи карда буданд, нобуд мешуд.

89. Ин љамоа касонеанд, ки ба онњо Китобу њикмат ва пайѓамбарї додем. Ва агар ба он1 инњо2 кофир шаванд, пас, гурўњеро бар он мегуморем, ки њаргиз ба он кофир нашаванд.3

90. Ин љамоа касонеанд, ки Худо онњоро њидоят кардааст; пас, ба равиши онњо иќтидо кун. Бигў: «Бар он4 њељ музде аз шумо суол намекунам. Ин ба љуз панд барои оламиён чизе нест».5

91. Ва чун гуфтанд: «Худо бар њељ одамї чизе фурў нафиристодааст» – Худоро њаќќи ќадри Ў ќадр накарданд. Бигў: «Кї Китобе фурў фиристод, ки Мўсо барои равшанї ва њидояти мардумон онро овардааст? Онро дар вараќњо[-и пароканда] менависед, онро ошкор мекунед ва бисёреро пинњон мекунед; ва шумо он чи6 омўхта шудед, ки онро на шумо медонистед ва на падаронатон (медонистанд)».7 Бигў: «Худо!»8 Сипас онњоро бигузор, то дар бањси [ботили] худ бозї кунанд.

92. Ва ин Китобе9 бобаракат аст, ки онро фиристодем – тасдиќкунандаи он чи аст, ки пеш аз вай буд, то бо он ањли Макка ва касонеро, ки гирдогирди Макка сокинанд, бим кунї; ва касоне, ки ба охират имон овардаанд, ба он низ имон оранд; ва онњо бар намози худ муњофизат мекунанд.

93. Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурўѓ барбаст, ё гуфт: «Ба ман вањй фиристода шудааст». Ва (ба њаќиќат) ба сўи ў чизе фиристода нашудааст. Ва [ё аз] касе, ки гуфт: «Ман монанди он чи фуруд хоњам овард, ки Худо фуруд овардааст?»10 Ва агар бинигарї, ваќте ки золимон дар шадоиди марг бошанд; ва фариштагон дасти худро дароз мекунанд, (мегўянд): «Љонњои худро берун оред, имрўз ба сабаби он, ки бар Худо ноњаќ мегуфтед ва аз (тасдиќи) оёти Ў саркашї мекардед, бо азоби расвокунанда љазо дода хоњед шуд».

94. Ва њамоно танњо, чунон ки бори аввал шуморо офарида будем, пеши Мо омадед ва он чиро, ки ба шумо ато карда будем, паси пушти хеш бигузоштед. Ва шафоаткунандагони шуморо бо шумо намебинем – ононро, ки гумон мекардед дар (тарбияти) шумо шариконанд.11 Ба дурустї ки пайванди миёни шумо бурида шуд; ва он чи гумон мекардед, аз шумо гум шуд.

95. Ба дурустї ки Худо Шикофандаи дона ва њаста аст, зиндаро аз мурда берун меорад ва берунорандаи мурда аз зинда аст. Ин аст Худои шумо! Пас, аз куљо баргардонида мешавед?

96. Ў Шикофандаи субњ аст ва шабро оромгоњ гардонид ва офтобу моњро барои њисоб [муќаррар кард]. Ин аст таќдири Худои Ѓолиби Доно.

97. Ва Ў Он [Худой] аст, ки барои шумо ситорањоро биофарид, то бо онњо дар торикињои биёбону дарё роњ биёбед. Ба дурустї, нишонањоро барои гурўње, ки медонанд, ба тафсил баён кардем.

98. Ва Ў Он [Худой] аст, ки шуморо аз як шахс пайдо кард, сипас шуморо ќароргоње аст ва вадиатљое аст. Ба дурустї, нишонањоро барои гурўње, ки мефањманд, ба тафсил баён кардем.

99. Ва Ў Он [Худой] аст, ки аз осмон обе фуруд овард; пас бо он њар гуна рустаниро берун овардем ва аз он сабзаро берун овардем, ки аз он (сабза) донањои яке дар дигаре пайвастаро берун меорем ва аз шукуфањои дарахтони хурмо хўшањои хамидаро (берун меорем) ва [низ] бўстонњое аз дарахтони ангур ва зайтун ва анор – монанди якдигар ва ѓайри монанди якдигар. Ба меваи дарахт – чун мева орад; ва ба пухтагии он бинигаред: ба дурустї, дар инњо барои гурўње, ки имон доранд, нишонањое аст.

100. Ва барои Худо шариконеро аз љин муќаррар карданд; њол он ки онњоро Худо офаридааст; ва аз рўи нодонї барои Ў писарону духтарон барбофтанд. Ў Поку Баланд аст аз он чи васф мекунанд.

101. Ў Офаринандаи осмонњову замин аст. Чї гуна Ўро фарзанде бошад, њол он ки Ўро зане набуд; Ў њар чизро биофарид ва ба њар чиз Доно аст.

102. Ин аст Худо – Парвардигори шумо; ба љуз Ў њељ маъбуде нест, Офаринандаи њар чиз аст. Пас, Ўро парастиш кунед; ва Ў бар њар чиз Корсоз аст.

103. Чашмњо Ўро дарнамеёбанд1 ва Ў чашмњоро дармеёбад; ва Ў Мењрубони Огоњ аст.

104. Ба дурустї ки аз љониби Парвардигоратон ба шумо далелњо омаданд; пас, њар ки бино шуд, ба нафъи ўст; ва њар ки нобино монд, ба зиёни ўст; ва ман бар шумо нигањбон нестам.

105. Ва њамчунин нишонањоро гуногун баён мекунем, то [нашавад] он, ки гўянд: «Ту [дарс] хондаї»; ва то ин (дин)-ро барои гурўње баён кунем, ки медонанд.

106. Он чиро, ки аз љониби Парвардигорат ба сўи ту вањй карда шуд, пайравї кун; ба љуз Ў њељ маъбуде нест; ва аз мушрикон рўй бигардон.

107. Агар Худо мехост, онњо шарик муќаррар намекарданд ва туро бар онњо нигоњбон нагардонидем ва ту бар онњо корсоз нестї.

108. Онњоеро, ки мушрикон ба љуз Худо мепарастанд, дашном мадињед, зеро ки онњо аз рўи зулм ба ѓайри дониш Худоро дашном хоњанд дод. Њамчунин дар назари њар гурўње кирдорашонро ороста кардем. Сипас бозгашти онњо ба сўи Парвардигорашон аст; пас, Ў онњоро ба он чи, ки мекарданд, огоњ мекунад.

109. Ва ба сахттарин савгандонашон ба Худо савганд хўрданд,2 ки агар барояшон мўъљиза биёяд, албатта, ба он имон оранд. Бигў: «Љуз ин нест, ки мўъљизањо назди Худост; ва чї медонед,3 ки чун он мўъљизањо биёяд, онњо имон наоранд».

110. Ва чунон ки бори аввал ба Ќуръон имон наоварданд, дилњояшон ва чашмњояшонро бармегардонем ва онњоро дар гумроњии худ саргардон мегузорем.

111. Ва агар Мо фариштагонро ба сўи онњо мефиристодем ва мурдагон бо онњо сухан мегуфтанд ва бар онњо њама чизро гурўњ-гурўњ љамъ мекардем, њаргиз имон намеоварданд, магар ваќте ки Худо хоњад, валекин бисёре аз онњо намедонанд.

112. Ва њамчунин барои њар пайѓамбаре душманоне аз шайтонњои инсу љин пайдо кардем, [ки] барои фиреб додан баъзеашон ба сўи баъзе сухани (ба зоњир) ороста илќо мекунанд. Ва агар Парвардигори ту мехост, ин корро намекарданд. Пас, онњоро ба ифтирояшон бигузор.

113. Ва [сухани ба зоњир ороста илќо мекунанд,] то дилњои касоне, ки ба охират имон надоранд, ба сўи он майл кунад ва то онро биписанданд ва то он чиро, ки онњо дар паи карданаш њастанд, амал кунанд.1

114. (Бигў:) «Оё њакаме ба љуз Худо талаб кунам?» Ва Ў Он аст, ки барои шумо Китоби2 возењ кардашударо фиристод. Ва касоне, ки ба онњо Китоб3 додаем, медонанд, ки ин (Ќуръон) аз љониби Парвардигори ту ба ростї фурў фиристода шудааст. Пас, аз шаккунандагон мабош.

115. Ва сухани Парвардигори ту дар ростию инсоф тамом аст. Њељ кас таѓйиркунандаи суханњои Ў нест; ва Ў Шунавои Доно аст.

116. Агар бисёрии ањли ин заминро фармонбардорї кунї, туро аз роњи Худо гумроњ мекунанд; онњо ба љуз гумон чизеро пайравї намекунанд ва ба љуз дурўѓ чизе намегўянд.

117. Њамоно Парвардигори ту ба касе, ки аз роњи Ў дур мешавад, Донотар аст; ва Ў ба роњёфтагон донотар аст.

118. Агар ба оёти Худо мўъмин њастед, пас, аз он чи номи Худо бар вай зикр карда шудааст, бихўред.

119. Ва чист шуморо, ки аз он чи номи Худо бар вай зикр карда шудааст, намехўред? Ва Худо он чиро, ки бар шумо њаром сохтааст, барои шумо ба тафсил баён кардааст, магар он чи, ки ба он музтар бошед. Ба дурустї ки бисёре ба хоњиши нафси худ, ба ѓайри дониш [дигаронро] гумроњ мекунанд. Њамоно, Парвардигори ту ба таљовузкунандагон Донотар аст.

120. Ва гуноњи ошкорову пинњони онро тарк кунед; њамоно касоне, ки гуноњ мекунанд, ба (њасби) он чи мекарданд, љазо дода хоњанд шуд.

121. Ва аз он чи, ки номи Худо бар вай ёд карда нашудааст, махўред, ба дурустї ки он4 гуноњ аст. Ва њамоно шайтонњо ба дўстони худ васваса илќо мекунанд, то бо шумо хусумат кунанд; ва агар ба онњо фармонбардорї кунед, пас, шумо мушрик бошед.

122. Оё касе, ки мурда буд ва Мо ўро зинда сохтем1 ва барои ў нуре пайдо кардем, ки бо он дар миёни мардумон меравад, монанди касе бошад, ки сифаташ ин аст, ки дар торикињост ва аз он беруноянда нест? Њамчунин, он чи кофирон мекарданд, дар назарашон ороста карда шудааст.

123. Ва њамчунин дар њар дење раисони фосиќони он дењро пайдо кардем, то дар он фасод кунанд.2 Ва ба касе фасод намекунанд, магар дар њаќќи хештан, вале намедонанд.

124. Ва чун ба онњо нишонае биёяд, гўянд: «Мо имон наорем, то ваќте ки он чи ба пайѓамбарони Худо дода шудааст, ба мо [њам] дода шавад».3 Худо Донотар аст, ки пайѓамбарии Худро дар куљо бинињад. Ба ин гуноњкорон – ба сабаби он, ки бад меандешиданд, [аз] назди Худо расвої ва азоби сахт хоњад расид.

125. Пас Худо њар касро хоњад, ки њидоят кунад, синаи ўро барои Ислом мекушояд;4 ва њар касро хоњад, ки гумроњ кунад, синаи ўро нињоят танг мекунад, гўё ки ба осмон боло меравад.5 Ва њамчунин Худо нопокиро бар касоне меандозад, ки имон намеоранд.

126. Ва ин роњи рости6 Парвардигори ту аст; ба дурустї нишонањоро барои гурўње тафсил кардем, ки пандпазир мешаванд.

127. Барои онњо назди Парвардигорашон сарои саломатї7 њаст; ва ба сабаби он чи мекарданд, Худо Корсози онњо аст.

128. Ва рўзе, ки њамаи онњоро якљо њашр кунад (гўяд): «Эй гурўњи љин,8 бисёре аз мардумонро тобеи худ гирифтед». Ва дўстони онњо аз одамиён9 гўянд: «Эй Парвардигори мо, баъзеи мо аз баъзе бањраманд шуданд; ва ба меоди худ, ки барои мо муайян карда будї, расидем».10 Гўяд: «Љои шумо оташ аст, дар он љо љовидонед, магар он чи Худо хостааст».11 Ба дурустї ки Парвардигори ту Устуворкори Доно аст.

129. Ва њамчунин баъзе ситамкоронро ба сабаби он чи мекарданд, ба баъзе вомегузорем.

130. Эй гурўњи љинну инс, оё ба шумо пайѓамбароне аз (љинси) худатон наомаданд, [ки] бар шумо оёти Маро мехонданд ва шуморо аз мулоќоти ин рўзатон бим мекарданд? Гўянд: «Бар хештан гувоњї додем». Ва зиндагонии дунё онњоро фиреб дода буд ва бар хештан гувоњї доданд, ки кофир буданд.

131. Ин12 ба сабаби он аст, ки Парвардигори ту барои зулм шањрњоро, – дар њоле, ки ањли онњо ѓофил бошанд, њаргиз њалок намекунад.1

132. Ва барои њар як [гурўњ] аз (аљри) он чи карданд, мартабањост; ва Парвардигори ту аз он чи мекунанд, бехабар нест.

133. Ва Парвардигори ту Бениёз, Худованди рањмат аст; агар хоњад, шуморо дур мекунад ва пас аз шумо њар киро хоњад, љонишин месозад, чунон ки шуморо аз насли ќавме дигар пайдо кард.

134. Њамоно, он чи ба шумо ваъда карда мешавад, албатта, омаданист ва шумо ољизкунанда нестед.

135. Бигў: «Эй ќавми ман, шумо бар њолати хеш амал кунед, ман низ амалкунандаам; ба зудї хоњед донист, ки оќибат(-и писандида) дар охират аз они кї мешавад. Ба дурустї ки золимон растагор намешаванд».

136. Ва барои Худо аз зироату чањорпоён – он чи Ў офаридааст, њисса муќаррар карданд; ва ба гумони худ гуфтанд: «Ин барои Худо аст; ва ин барои шарикони мо аст». Пас, он чи барои шарикони онњо буд, ба Худо намерасид; ва он чи барои Худо буд, ба шариконашон мерасид. Бад чизе аст, ки њукм мекунанд.

137. Ва њамчунин шариконашон дар назари бисёре аз мушрикон ќатли фарзандонашонро ороста карданд, то онњоро њалок кунанд ва то бар онњо дини онњоро пўшида гардонанд. Ва агар Худо мехост, ин корро намекарданд; пас, онњоро бо он чи ифтиро мекунанд, бигузор.

138. Ва ба гумони худ гуфтанд: «Он чањорпоён ва зироат мамнўъ аст, онро касе нахўрад, магар он кас, ки мо хоњем». Ва чањорпоёне, ки саворї бар пушти онњо њаром карда шудааст, дигаранд; ва чањорпоёне, ки назди забњи онњо номи Худоро намегиранд, дигаранд. Ба Худо дурўѓ мебанданд. Ба зудї, ба он чи ифтиро мекарданд, љазояшонро хоњад дод.

139. Ва гуфтанд: «Он чи дар шиками ин љањорпоён бошад, барои мардони мо њалол ва бар занони мо њаром аст». Ва агар мурда бошад, њама дар он шариканд. [Худо] ба зудї барои ин баёнашон љазои онњоро хоњад дод. Ба дурустї ки Ў Устуворкори Доно аст.

140. Њамоно касоне зиёнкор шуданд, ки аз љињати бехирадї, ба ѓайри дониш фарзандони худро куштанд ва ба сабаби дурўѓ бастан ба Худо, он чиро, ки Худо ба онњо рўзї дода буд, њаром карданд. Ба дурустї ки онњо гумроњ шуданд ва роњёфта нашуданд.

141. Ва Ў Он [Худой] аст, ки бўстонњое пайдо кард – бардошташуда бар пояњо2 ва ѓайри бардошташуда бар пояњо3 ва дарахтони хурмо ва зироат, бо мевањои гуногун; ва зайтун ва анор, монанди якдигар ва ѓайри монанди якдигар.4 Чун мева берун оварад, аз мевањои он бихўред ва рўзи даравиданаш закоти онро бидињед; ва исроф макунед; ба дурустї ки Худо исрофкунандагонро дўст надорад.

142. Ва [низ] аз чањорпоёни борбардоранда ва ба замин афкананда,1 аз он чи Худо ба шумо рўзї додааст, бихўред ва гомњои Шайтонро пайравї макунед, ба дурустї ки ў барои шумо душмани зоњир аст.

143. Њашт ќисм: ду аз гўсфанд ва ду аз буз.2 Бигў: «Оё ин ду нарро њаром кардааст, ё ин ду модаро, ё он чиро, ки рањмњои ин ду мода дар бар дорад? Агар ростгў њастед, аз рўи дониш ба ман хабар дињед».3

144. Ва ду аз шутур ва ду аз гов. Бигў: «Оё ин ду нарро њаром кардааст, ё ин ду модаро, ё он чиро, ки рањмњои ин ду мода дар бар дорад? Оё ваќте ки Худо шуморо ба он њукм кард, њозир будед?» Пас, кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурўѓ бандад, мардумонро аз рўи бедонишї гумроњ кунад? Ба дурустї ки Худо ќавми ситамкоронро роњ наменамояд.

145. Бигў: «Дар миёни он чи ба сўи ман вањй фиристода шудааст, њељ чизеро, ки хўрдани он барои хўранда њаром бошад, намеёбам, магар он ки мурдор бошад; ё хуни рехташуда; ва гўшти хук, ки њар оина нопок аст; ё он чи фисќ бошад, ки бар [забњи] он барои ѓайри Худо овоз баланд карда шудааст». Ва њар ки дармонда шавад, [агар] ситамкунанда ва аз њад гузаранда набошад, пас, њамоно, Парвардигори ту Омурзандаи Мењрубон аст.

146. Ва барои яњудиён њар љонвари нохундорро4 њаром сохтем ва аз гову гўсфанд – пињи ин дуро барояшон њаром кардем, магар пиње, ки онро пушт ё рўдањои ин ду бардоштааст, ё он чи бо устухон омехта бошад. Онњоро – ба сабаби ситамашон – ин тавр љазо додем; ва ба дурустї ки Мо ростгўем.

147. Пас, агар туро ба дурўѓ нисбат кунанд, бигў: «Парвардигори шумо Худованди мењрубонии бисёр аст; ва уќубати Ў аз ќавми гуноњкорон рад карда намешавад».

148. Ба зудї мушрикон бигўянд: «Агар Худо мехост, мову падарони мо шарик муќаррар намекардем ва чизеро њаром намекардем». Њамчунин касоне, ки пеш аз онњо буданд, ба дурўѓ нисбат мекарданд, то он ки уќубати Моро чашиданд. Бигў: «Оё назди шумо донише њаст,5 то онро барои мо берун оред? Ба љуз шубњањо чизеро пайравї намекунед ва ба љуз дурўѓ чизе намегўед».

149. Бигў: «Далели муњкам хоси Худо аст; ва агар Худо мехост, њамаи шуморо якљо њидоят мекард».

150. Бигў: «Гувоњони худро биёред – ононро, ки гувоњї медињанд, ки Худо инро њаром сохтааст». Пас, агар гувоњї дињанд, ту бо онњо гувоњї мадењ; ва хоњиши касонеро пайравї макун, ки оёти Моро ба дурўѓ нисбат карданд ва касонеро, ки ба охират эътиќод надоранд ва бо Парвардигори худ баробар мекунанд.6

151. Бигў: «Биёед, то он чиро бихонам, ки Парвардигоратон бар шумо њаром кардааст: ин, ки чизеро шарики Ў муќаррар макунед ва ба волидайн некўкорї кунед ва фарзандони худро аз тарси фаќр макушед; Мо ба шумо ва ба онњо рўзї медињем; ва ба бењаёињо1 чи зоњир бошад аз он ва чи пўшида – наздик машавед; ва њељ нафсро макушед, ки Худо [куштанашро] њаром сохтааст, магар ба њаќ.2 Ин аст он чи Худо шуморо ба он њукм фармудааст, то бувад ки шумо ба аќл дарёбед.

152. Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба маслињате, ки некўтар аст, то он ки ба љавонии худ расад; ва паймонаву тарозуро ба инсоф тамом кунед. Мо ба њељ кас љуз ба ќадри тоќати ў таклиф намедињем. Ва чун сухан гўед,3 инсофро риоят намоед, агарчи соњиби ќаробат бошад.4 Ва ба ањди Худо вафо кунед.5 Ин аст он чи Худо шуморо ба он њукм фармудааст, то бувад ки шумо панд пазиред.

153. Ва ин роњи рости Ман аст, пас, онро пайравї кунед ва роњњои дигарро пайравї макунед, ки шуморо аз роњи Худо људо кунад. Ин аст он чи Худо шуморо ба он њукм фармудааст, то шояд ки шумо парњезгорї кунед».

154. Сипас ба Мўсо Китоб дода будем, то бар њар кас, ки некўкор буд, неъматро тамом кунем; ва барои баёни њар чизе; ва [низ] барои њидоят ва мењрубонї, то шояд ки онњо ба мулоќоти Парвардигорашон имон оранд.

155. Ва ин6 Китобе аст бобаракат, ки онро фиристодем; пас, пайравии ў кунед ва парњезгорї кунед, то [бошад ки] бар шумо мењрубонї карда шавад.

156. То нагўед: «Љуз ин нест, ки Китоб бар ду гурўњ пеш аз мо фуруд оварда шуд.7 Ва ба дурустї ки мо аз омўхтани онњо бехабар будем».

157. Ё нагўед: «Агар Китоб бар мо фуруд оварда мешуд, њамоно аз онњо роњёфтатар мебудем». Пас, аз Парвардигоратон ба шумо њуљљат ва њидоят ва бахшоиш омадааст. Ва кист ситамкортар аз касе, ки оёти Худоро ба дурўѓ нисбат кунад ва аз он рўй бигардонад? Ба зудї ононро, ки аз оёти Мо рўй мегардонанд, ба сабаби рўйгардон шудани онњо, ба бадтарин азоб љазо хоњем дод.

158. Оё мунтазир нестанд, магар онро, ки ба онњо фариштагон биёянд;8 ё (њукми) Парвардигори ту биёяд;9 ё баъзе нишонањои Парвардигори ту биёяд?10 Рўзе, ки баъзе нишонањои Парвардигори ту биёяд, имони касе, ки пеш аз ин имон наоварда буд, ё дар имони худ амали хайр касб накарда буд, барои ў нафъ надињад.11 Бигў: «Интизор кунед, њамоно мо низ мунтазирем».

159. Ба дурустї, ту аз касоне, ки дини худро пароканда карданд ва гурўњ-гурўњ шуданд, безорї; љуз ин нест, ки кори онњо ба Худо гузошта шудааст, сипас онњоро ба он чи мекарданд, хабар медињад.

160. Њар ки некие оварад, ўро дањчанд [подош] аст ва њар ки бадие оварад, ба љуз мисли он љазо дода нахоњад шуд; ва бар онњо ситам карда намешавад.

161. Бигў: «Ба дурустї ки Парвардигори ман маро ба роњи рост далолат намудааст – дини дуруст, ба кеши Иброњим, ки њаниф буд ва аз мушрикон набуд».

162. Бигў: «Ба дурустї ки намози ман ва њаљљу ќурбонии ман ва зиндагонии ман ва мавти ман – (њама) барои Худо – Парвардигори оламиён аст.

163. Ўро њељ шарик нест; ва ба ман ин фармуда шудааст; ва ман нахустин мусулмонам».

164. Бигў: «Оё ѓайри Худо парвардигоре талаб кунам?» Ва Ў Парвардигори њама чиз аст. Ва њељ кас ба љуз барои худ амал намекунад; ва њељ бардорандае бори дигареро барнамедорад. Сипас руљўи шумо ба сўи Парвардигоратон бошад; ва Ў шуморо ба он чи, ки дар он ихтилоф мекардед, хабардор мекунад.

165. Ва Ў Он аст, ки шуморо љонишинони замин сохт ва баъзеро болои баъзе ба дараљањо баланд кард, то шуморо дар он чи ба шумо додааст, биозмояд. Ба дурустї ки Парвардигори ту ба шитоб уќубаткунанда аст; ва Ў Омурзандаи Мењрубон аст.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет