1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет9/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   33

12. Сураи Юсуф
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду ёздањ оят ва дувоздањ рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Ро. Ин (оят)-њо оёти Китоби равшан аст.

2. Ба дурустї ки Мо онро дар њоле, ки Ќуръони арабист, фурў фиристодем, бошад ки шумо [ба аќл] дарёбед.

3. Мо бо вањй фиристодани Худ ба сўи ту ин Ќуръонро бар ту бењтарин ќисса мехонем. Ва њамоно (њол ин аст,) ки ту пеш аз он аз бехабарон будї.

4. (Ёд кун) чун Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падари ман, ба дурустї ки ман ба хоб ёздањ ситора ва офтобу моњро дидам; инњоро барои худ саљдакунанда дидам».

5. Гуфт: «Эй писараки ман, хоби худро пеши бародаронат баён макун, ки он гоњ дар њаќќи ту њилае андеша кунанд. Њамоно Шайтон душмани ошкори одамї аст.

6. Ва њамчунин1 Парвардигорат туро баргузинад ва ба ту илми таъвилу-л-ањодисро2 биомўзад; ва неъмати Худро бар ту ва бар фарзандони Яъќуб тамом кунад, чунон ки онро пеш аз ин бар ду љадди ту – Иброњим ва Исњоќ тамом карда буд. Њамоно Парвардигори ту Донои Устуворкор аст».

7. Ба дурустї ки дар ќиссаи Юсуф ва бародарони ў барои суолкунандагон нишонањо њаст.

8. Чун гуфтанд: «Юсуф ва бародари (њаќиќии) ў назди падарамон аз мо дўсттар аст; ва мо љамоате њастем. Њамоно падарамон дар хатои зоњир аст.

9. Юсуфро бикушед ё ба замин(-и ѓайри маълум) биафканед, то таваљљўњи падари шумо барои шумо холї шавад ва то баъд аз ин гурўњи шоиста бошед».3

10. Гўяндае аз онњо гуфт: «Юсуфро макушед; ва агар коре карданї њастед, ўро дар чоњи торик биафканед, то баъзе аз мусофирон ўро баргирад».

11. Гуфтанд: «Эй падари мо, њоли ту чист, ки моро бар Юсуф амин намепиндорї ва ба дурустї ки мо барои ў некхоњ њастем.

12. Ўро фардо бо мо бифирист, то меваи бисёр хўрад ва бозї кунад. Њамоно мо нигањбони ў њастем».

13. Гуфт: «Њамоно он, ки шумо ўро бибаред, маро андўњгин мекунад ва аз он метарсам, ки ўро гург бихўрад ва шумо аз вай бехабар бошед».

14. Гуфтанд: «Агар ўро гург бихўрад – ва мо љамоате њастем – њар оина он гоњ мо зиёнкор бошем».

15. Пас, чун ўро бибурданд ва азимат карданд, ки ўро дар чоњи торик биафкананд, ба сўи ў вањй фиристодем, ки албатта, онњоро ба ин мољарояшон хабардор хоњї кард ва онњо нашиносанд.

16. Ва шабонгоњ гирён-гирён пеши падари худ омаданд.

17. Гуфтанд: «Эй падари мо, њамоно мо дар мусобиќа шурўъ кардем ва Юсуфро назди рахти хеш гузоштем, пас, ўро гург бихўрд; ва агарчи мо ростгў њастем, ту бовардорандаи мо нестї».

18. Ва бар пероњани ў хуни дурўѓро оварданд. (Яъќуб) гуфт: «Не, балки нафси шумо барои шумо тадбиреро оростааст. Пас, кори ман сабри нек аст; ва Худо аст, ки аз Вай бар он чи шумо баён мекунед, мадад талабида мешавад».

19. Ва корвоне омад; пас обкаши худро фиристоданд; ва ў далви худро андохт, гуфт: «Эй муждаи ман, ин нављавоне аст». Ва (ањли ќофила) ўро чун сармояе пинњон сохтанд. Ва Худо ба он чи мекарданд, Доно аст.

20. Ва (бародарон) ўро ба бањои ноќис – дирњаме чанд шумурдашуда – фурўхтанд; ва дар бораи Юсуф бераѓбат буданд.

21. Ва он шахсе аз ањли Миср, ки Юсуфро харид кард, ба зани худ гуфт: «Љои ўро гиромї дор, шояд ки моро нафъ дињад, ё ўро фарзанд гирем». Ва њамчунин Юсуфро дар он замин ќарор додем, то ба ў илми таъвилу-л-ањодисро1 биомўзем. Ва Худо бар кори Худ Тавоно аст, валекин аксари мардум намедонанд.

22. Ва чун (Юсуф) ба нињояти ќуввати худ расид, ба ў доної ва илм додем. Ва њамчунин некўкоронро љазо медињем.

23. Ва он зан, ки Юсуф дар хонааш буд, аз ў талаб кард, то аз њифзи худ бигузарад;2 ва дарњоро бибасту гуфт: «Пеш ой». Гуфт: «Ба Худо мепаноњам, ин шахс соњиби ман аст, љои маро некў сохт;3 ба дурустї ки золимон растагор намешаванд».

24. Ва њамоно он зан ба сўи Юсуф ќасд кард. Ва агар он чиз намебуд, ки Юсуф далели Парвардигори худро дид, вай ба сўи зан ќасд мекард. Чунин (кардем), то бадї ва бењаёиро аз вай бигардонем. Ба дурустї ки вай аз бандагони холискардаи Мо аст.

25. Ва ба сўи дарвоза бо якдигар сабќат карданд ва он зан пероњани Юсуфро аз паси пушт бидарид; ва шавњари занро назди дарвоза ёфтанд. Зан гуфт: «Чист љазои касе, ки ба ањли ту кори бад хоста бошад, магар он ки ба зиндон карда шавад ё азобе дарддињанда?»

26. (Юсуф) гуфт: «Ин зан аз ман талаб кард, то маро аз муњофизати нафси худ ѓофил кунад». Ва гувоње аз ќабилаи зан гувоњї дод, ки агар пероњани Юсуф аз пеш дарида аст, пас ин зан рост гуфтааст ва Юсуф аз дурўѓгўён аст.

27. Ва агар пероњани ў аз пушт дарида аст, пас он зан дурўѓ гуфтааст ва Юсуф аз ростгўён аст.

28. Пас, чун (шавњараш) пероњани ўро аз пас дарида дид, гуфт: «Њамоно ин кор аз макри шумо аст (эй занон); њамоно макри шумо (эй занон) бузург аст.

29. Эй Юсуф, аз ин мољаро даргузар. Ва (эй зан) барои гуноњи худ талаби омурзиш кун, ба дурустї ки ту аз хатокунандагон будаї».

30. Ва заноне чанд дар шањр гуфтанд: «Зани Азиз аз нављавони худ талаб мекунад, то ўро аз њифзи нафси худ ѓофил кунад. Њамоно (Юсуф) ишќи худро дар дили ў љо кардааст. Њар оина мо ўро дар гумроњии зоњир мебинем».

31. Пас чун (зани Азиз) ѓайбати онњоро шунид, ба сўяшон одам фиристод ва барояшон маљлисе муњайё кард ва ба њар яке аз онњо корде доду гуфт: «(Эй Юсуф) берун ой, бар ин занон». Пас, чун диданд, ўро бузург ёфтанд ва дастони хеш бибуриданду гуфтанд: «Пок аст Худо, ин (нављавон) одамї нест; ин ба љуз фариштаи гиромї шахсе нест».

32. (Зани Азиз) гуфт: «Ин он кас аст, ки маро дар (ишќи) вай маломат карда будед. Ба дурустї ки ман аз вай талаб кардам, то ўро аз њифзи нафси худаш ѓофил кунам. Пас, худро нигоњ дошт. Агар он чи ба ў мефармоям, накунад, албатта, зиндон карда шавад ва аз хоршудагон бошад».

33. (Юсуф) гуфт: «Эй Парвардигори ман, назди ман зиндон дўсттар аз он чи аст, ки маро ба сўи он мехонанд. Ва агар Ту фиреби ин занонро аз ман надорї, албатта, ба онњо майл кунам ва аз нодонон бошам».

34. Пас, Парвардигораш дуои ўро ќабул кард; ва фиреби онњоро аз Юсуф боздошт. Ба дурустї ки Вай Шунавои Доно аст.

35. Сипас, он љамоаро – баъд аз он, ки нишонањоро дида буданд, зоњир шуд, ки албатта, ўро то муддате ба зиндон дароваранд.1

36. Ва њамроњи Юсуф ду љавон ба зиндон дохил шуданд. Яке аз онњо гуфт: «Њамоно ман худро ба хоб дидам, ки оби ангур мефишорам». Ва дигарї гуфт: «Њамоно ман худро ба хоб дидам, ки бар сари худ ноне бардоштаам, ки мурѓон аз он мехўранд. Моро ба таъбири ин хоб хабардор кун, ба дурустї ки туро аз некўкорон мебинем».

37. Гуфт: «Њељ таоме, ки шуморо дода мешавад,2 ба шумо нахоњад омад, магар пеш аз он ки ба шумо биёяд, шуморо ба таъбири он3 хабардор кунам. Ин таъбир аз он ќабил аст, ки Парвардигори ман маро омўхтааст. Њамоно кеши ќавмеро тарк кардаам, ки ба Худо имон намеоранд ва онњо ба охират эътиќод надоранд.

38. Ва кеши падарони худ – Иброњим ва Исњоќ ва Яъќубро пайравї кардам. Моро нашояд, ки чизеро шарики Худо муќаррар кунем. Ин аз фазли Худо бар мову бар мардумон аст, валекин бештари мардум шукр намекунанд.

39. Эй ду бошандаи зиндон, оё маъбудони пароканда бењтаранд, ё Худои Яктои Ѓолиб?

40. Шумо ба љуз Худо ибодат намекунед, магар номњое чандро, ки шумо ва падарони шумо муќаррар кардаед; Худо бар онњо њељ далеле нафиристодааст. Ба љуз Худо [дигаре]-ро фармонравої нест. Фармуд, ки ба љуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед. Ин кеши дуруст аст, валекин бештари мардумон намедонанд.

41. Эй ду бошандаи зиндон, аммо яке аз шумо мавлои худро шароб бинўшонад; ва аммо он дигар бар дор карда шавад, пас мурѓон аз сари ў бихўранд. Коре, ки дар он суол мекунед, файсала карда шудааст».

42. Ва Юсуф ба шахсе аз он ду кас, ки дониста буд, ки халосёбанда аст, гуфт: «Маро назди мавлои худ ёд кун». Пас Шайтон аз хотири вай фаромўш гардонид, ки пеши мавлои худ ёд кунад. Пас, Юсуф чанд сол дар зиндон монд.

43. Ва подшоњ гуфт: «Ба дурустї, ман ба хоб њафт гови фарбењро дидам, ки онњоро њафт гови лоѓар мехўранд ва њафт хўшаи сабз ва (њафт) хўшаи дигари хушкро дидам. Эй љамоа, агар хобро таъбир мекунед, дар боби хоби ман ба ман љавоб дињед».

44. Гуфтанд: «Ин хобњои шўрида аст ва мо ба таъбири хобњо(-и шўрида) доно нестем».

45. Ва он шахс аз он ду кас, ки наљот ёфта буд ва баъди муддате ба ёд оварда буд, гуфт: «Ман шуморо ба таъбири ин хоб хабар медињам. Пас, маро бифиристед».

46. Гуфт: «Эй Юсуф, эй ростгў, ба ман дар бораи ин (хоби) њафт гови фарбењ, ки онњоро њафт гови лоѓар мехўранд ва њафт хўшаи сабз ва (њафт) хўшаи дигари хушк љавоб дењ, то ки ман ба сўи мардумон бозгардам, то онњо бидонанд».

47. Гуфт: «Њафт сол пай дар пай бар одати худ зироат кунед. Пас, он чи бидаравед, онро дар хўшааш бигузоред, магар андаке, ки аз он бихўред.

48. Боз, баъд аз он, њафт соли сахт биёянд, он чиро, ки барои онњо захира нињода будед, бихўранд, магар андаке аз он чи ба эњтиёт нигоњ доред.

49. Боз, баъд аз он, соле биёяд, ки дар он бар мардумон борон фиристода шавад ва дар он (афшурданињоро) биафшоранд».

50. Ва подшоњ гуфт: «Юсуфро пеши ман биёред». Пас, чун фиристодаи подшоњ назди Юсуф омад, ў гуфт: «Ба сўи мавлои худ бозгард, пас, аз ў суол кун: «Њоли он занон, ки дасти хешро буриданд чист? Ба дурустї ки Парвардигори ман ба њилабозии онњо Доно аст».

51. (Подшоњ) гуфт: «Њоли шумо чї буд, ваќте ки аз Юсуф талаб кардед, то ўро аз эњтиёти нафс билаѓзонед?» Гуфтанд: «Покї Худойро аст, мо бар Юсуф њељ гуноњ надонистем». Зани Азиз гуфт: «Акнун сухани рост зоњир шуд, ки ман аз вай талаб кардам, то ўро аз эњтиёти нафси худаш билаѓзонам. Ва њамоно ў аз ростгўён аст».

52. (Юсуф гуфт:) Ин њама барои он аст, то (Азиз) бидонад, ки ман ѓоибона ба ў хиёнат накардаам ва (бидонад) ин, ки Худо хиёнаткоронро роњ наменамояд.

53. Ва ман нафси худро ба покї сифат намекунам, њамоно нафс бисёрфармоянда ба бадї аст, магар он ваќт, ки Парвардигори ман мењрубонї кунад. Ба дурустї ки Парвардигори ман Омурзандаи Мењрубон аст».

54. Ва подшоњ гуфт: «Ўро пеши ман биёред, то вайро холис барои хидмати худ муќаррар кунам». Пас, чун бо Юсуф сухан гуфт, гуфт:1 «(Эй Юсуф) њар оина ту имрўз назди мо соњибќадри амонатдор њастї».

55. Гуфт: «Маро бар хазинањои ин сарзамин муќаррар кун, њамоно ман муњофизаткунандаи доноам».

56. Ва њамчунин Юсуфро дар он замин манзалат додем; аз он замин њар љо, ки мехост, ќарор мегирифт. Ба њар ки хоњем, рањмати Худро мерасонем ва музди некўкоронро зоеъ намекунем.

57. Ва њамоно музди охират барои онон, ки имон оварданд ва парњезгорї мекарданд, бењтар аст.2

58. Ва бародарони Юсуф омаданд ва бар вай дохил шуданд, пас ў онњоро бишинохт ва онњо ўро ношиносо буданд.

59. Ва чун сомони онњоро барояшон муњайё кард, гуфт: «Бародари аллотии3 худро, ки аз падари шумо аст, пеши ман биёред, оё намебинед, ки ман паймонаро ба тамомї медињам ва ман бењтарини мењмондорикунандагон њастам.

60. Ва агар ўро пеши ман наоваред, пас, назди ман барои шумо њаргиз паймонае набошад ва ба ман њаргиз наздик нашавед».

61. Гуфтанд: «Бо падари ў гуфтушунид мекунем. Мо, албатта, ин корро хоњем кард».

62. Ва (Юсуф) ба ѓуломони худ гуфт: «Сармояи онњоро дар хўрљинњояшон бинињед, шояд онњо чун ба ањли хонаи хеш бозраванд, онро бишиносанд, бувад ки онњо бозоянд».

63. Пас, чун ба сўи падари хеш бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падари мо, паймона аз мо манъ карда шуд, пас, бародари моро бо мо бифирист, то паймона гирем; ва њамоно мо нигањбони вай њастем».

64. (Яъќуб) гуфт: «Шуморо бар вай амин нагирам, магар чунон ки пеш аз ин шуморо бар бародари вай амин гирифта будам; пас, Худо Нигањдорандаи бењтар аст ва Ў Мењрубонтарини мењрубонон аст».

65. Ва чун борњои худро бикушоданд, сармояи худро ёфтанд, ки ба онњо бозгардонида шудааст. Гуфтанд: «Эй падари мо, беш аз ин чї мехоњем? Ин сармояи мо аст, ки ба сўи мо бозгардонида шудааст. (Пас, ба малик бозравем) ва барои касони худ ѓалла оварем; бародари худро нигањбонї кунем ва паймонаи як шутур зиёда орем; ва он чи овардаем, паймонаи андак аст».1

66. Гуфт: «Ўро бо шумо нафиристам, то он ки ањде аз Худо ба ман дињед, ки албатта, ўро ба ман бозоред, магар он ки гирифтор карда шавед». Пас, чун ањди хешро ба ў доданд, (Яъќуб) гуфт: «Худо бар он чи мегўям, Нигањбон аст».

67. Ва гуфт: «Эй писарони ман, аз як дарвоза дохил машавед ва аз дарвозањои пароканда дароед;2 ва чизеро аз [ќазои] Худо аз сари шумо дафъ намекунам; ва ба љуз Худо [касеро] фармонравої нест; бар Вай таваккул кардам; ва мутаваккилон бояд ки бар Вай таваккул кунанд».

68. Ва чун аз он роњ, ки падарашон ба онњо фармуда буд, дохил шуданд; чизеро аз [ќазои] Худо аз сари онњо дафъ карда наметавонист, лекин хатареро саранљом дод, ки дар замири Яъќуб буд; ва ба дурустї ки ў бо он чи ба ў омўхта будем, соњиби дониш буд: валекин аксари мардум намедонанд.

69. Ва чун бар Юсуф дохил шуданд, бародари айнии худро ба сўи худ љой дод; гуфт: «Ба дурустї ки ман бародари ту њастам, пас, ба сабаби он чи мекарданд, андўњгин мабош».

70. Пас, ваќте ки сомони онњоро барояшон муњайё кард, ованди об хўрданро дар хўрљини бародари худ нињод. Баъд аз он овозкунанда овоз дод, ки эй корвониён, њамоно шумо дуздед.

71. [Корвониён] рў ба сўи онњо оварда гуфтанд: «Чист он чи гум кардаед?»

72. Гуфтанд: «Паймонаи подшоњро гум кардаем; ва барои касе, ки онро биёрад, як бори шутур бошад; ва ман ба ин ваъда зоминам».

73. Гуфтанд: «Ба Худо, њамоно донистаед, ки мо наомадаем, то дар замин фасод кунем ва њаргиз дузд набудаем».

74. Гуфтанд: «Агар шумо дурўѓгў бошед, пас, љазои он феъл чист?»

75. Гуфтанд: «Љазои ин феъл касе аст, ки матоъ дар хўрљини ў ёфта шавад, пас њамон шахс љазои ў бошад;3 мо ситамкоронро њамчунин љазо медињем».

76. Пас (Юсуф) пеш аз хўрљини бародари худ ба (кофтукови) хўрљинњои онњо шурўъ кард; баъд аз он паймонаро аз хўрљини бародари худ баровард. Њамчунин барои Юсуф тадбир кардем: ў намехост, ки бародари худро ба [њукми] дини подшоњ асир гирад, лекин ўро ба хости Худо асир гирифт; њар касеро, ки хоњем, дар дараљањо баланд мегардонем ва болои њар соњиби дониш доное аст.

77. Гуфтанд: «Агар ин шахс дуздї кунад, (дур нест) ки бародари ў пеш аз ин дуздї карда буд. Пас, Юсуф ин суханро дар замири худ пинњон дошт ва онро пеш аз онњо ошкор накард; (дар дили худ) гуфт: «Шумо дар манзалат бадтаред ва Худо ба он чи баён мекунед, Доно аст».

78. Гуфтанд: «Эй Азиз, њамоно ўро падаре њаст – пири калонсол, пас, аз мо якеро ба љои ў бигир. Ба дурустї ки мо туро аз некўкорон мебинем».

79. Гуфт: «Ба Худо мепаноњам аз он ки [касеро] бигирам, магар он кас, ки матои хешро назди ў ёфтаем; њамоно мо он гоњ ситамкор бошем».

80. Пас, чун аз вай ноумед шуданд, танњо, машвараткунон ба хилват рафтанд. Бузургтаринашон гуфт: «Оё надонистаед, ки падаратон ањде аз Худо бар шумо гирифтааст ва шумо пеш аз ин дар њаќќи Юсуф таќсир карда будед. Пас, аз ин сарзамин људо нахоњам шуд, то ваќте ки падарам ба ман иљозат дињад, ё Худо маро њукм кунад ва Ў Бењтарини њукмкунандагон аст.

81. (Эй бародарон) ба сўи падари хеш бозравед, пас, бигўед: «Эй падари мо, ба дурустї ки писари ту дуздї кард; ва љуз ба он чи медонистем, [ба чизе] гувоњї надодем ва ёддорандаи илми ѓайб набудем.

82. Ва аз дење, ки мо дар он будем ва аз корвоне, ки мо дар он омадаем, бипурс; ва албатта, мо ростгўем».

83. (Яъќуб) гуфт: «Балки нафсњои шумо кореро барои шумо ороста кардааст; пас (њоли ман) сабри нек аст; умеди он аст, ки Худо њамаи онњоро якљо пеши ман биёрад. Ба дурустї ки Ў Донои Боњикмат аст».

84. Ва аз онњо рўй бигардониду гуфт: «Эй андўњи ман бар Юсуф». Ва ду чашми ў ба сабаби андўњ сафед шуд; ва ў аз ѓам пур шуда буд.

85. Гуфтанд: «Ба Худо њамеша њастї, ки Юсуфро ёд мекунї, то он ки бемор шавї, ё аз њалокшудагон бошї».

86. Гуфт: «Љуз ин нест, ки ѓами сахти худу андўњи худро ба Худо баён мекунам ва аз љониби Худо он чиро медонам, ки шумо намедонед.

87. Эй писарони ман, биравед, пас, Юсуф ва бародари ўро љустуљў кунед ва аз рањмати Худо ноумед мабошед; њар оина (сухан ин аст, ки) аз рањмати Худо ба љуз гурўњи кофирон [касе] ноумед намешавад».

88. Пас, чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз, ба мо ва касони мо сахтї расидааст ва мо сармояи номаќбул овардаем, пас, ба мо паймона тамом бидењ ва бар мо садаќа бидењ; ба дурустї ки Худо садаќадињандагонро љазо медињад».

89. Гуфт: «Оё донистед, ки бо Юсуф ва бародараш – ваќте ки шумо нодон будед, чї кардед?»

90. Гуфтанд: «Оё дар њаќиќат ту Юсуфї?» Гуфт: «Ман Юсуфам; ва ин бародари ман аст; ба дурустї ки Худо бар мо инъом кард; њар оина сухан ин аст, ки њар ки парњезгорї кунад ва сабр намояд, пас Худо музди некўкоронро зоеъ намекунад».

91. Гуфтанд: «Ќасам ба Худо, њамоно Худо туро бар мо бартарї додааст ва ба дурустї ки мо хатокунанда будем».

92. Гуфт: «Имрўз сарзанише бар шумо нест. Худо шуморо биомурзад ва Ў Мењрубонтарини мењрубонон аст.

93. Ин пероњани маро бибаред ва онро бар рўи падарам биафканед, то бино шавад; ва њамаи ањли хешро якљо пеши ман биоваред».

94. Ва чун корвон људо шуд,1 падарашон гуфт: «Агар маро ба нуќсони аќл нисбат накунед, ба дурустї ки ман бўи Юсуфро меёбам».

95. Гуфтанд: «Ба Худо, њамоно ту дар хатои ќадими худ њастї».

96. Пас, чун муждадињанда пеши вай омад, пероњанро бар рўи вай андохт, пас бино гашт, гуфт: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки њамоно ман аз љониби Худо он чиро медонам, ки шумо намедонед».

97. Гуфтанд: «Эй падари мо, барои гуноњони мо дар њаќќи мо омурзиш талаб кун, ба дурустї ки мо гунањгор будем».

98. Гуфт: «Аз Парвардигори худ барои шумо омурзиш талаб хоњам кард; ба дурустї ки Ў Омурзандаи Мењрубон аст».

99. Пас, чун бар Юсуф даромаданд,2 падару модари худро ба сўи худ љой доду гуфт: «Агар Худо хоста бошад, ба Миср эмин шуда дароед».

100. Ва падару модари худро бар тахти худ боло бурд ва онњо ба сўи ў саљдакунон афтоданд. Ва гуфт: «Эй падари ман, ин таъбири хоби ман аст, ки пеш аз ин дида будам, њамоно Худо онро рост сохт; ва [Ў] ба ман неъмати фаровон дод: чун маро аз зиндон берун овард ва баъд аз он ки Шайтон миёни ману миёни бародарони ман хилоф афканд, шуморо аз сањро овард. Ба дурустї ки Парвардигори ман њар чизеро, ки мехоњад, ба тадбири нек Созандаи он аст; њамоно Ў Донои Боњикмат аст.

101. Эй Парвардигори ман, ба ман подшоњї додї ва ба ман таъвили ањодисро омўхтї. Эй Пайдокунандаи осмонњову замин, Ту дар дунёву охират Корсози ман њастї, маро мусулмон бимирон ва маро ба солењон даррасон».

102. Ин ќисса аз ахбори ѓайб аст, онро ба сўи ту3 вањй мекунем. Ва чун бадсиголикунон бар машварати худ азм карданд, ту назди онњо набудї.

103. Ва аксари мардумон – агарчи ту њирс кунї – мўъмин нестанд.

104. Ва ту барои таблиѓи Ќуръон аз онњо музде талаб намекунї; ин ба љуз панде барои оламиён [чизе] нест.

105. Ва басо нишонањо дар осмонњову замин њаст, ки онњо бар он мегузаранд ва аз тааммул дар онњо эърозкунандаанд.

106. Ва аксари онњо ба Худо имон намеоранд, магар он ки барои Ў шарик муќаррар кардаанд.

107. Оё эмин шудаанд аз он, ки уќубате омм аз азоби Худо бар онњо биёяд, ё ќиёмат ногањон ба онњо биёяд ва онњо огоњ набошанд.

108. Бигў: «Ин роњи ман аст; ману пайравони ман бо њуљљати зоњир ба сўи Худо мехонем; ва Худо Пок аст; ва ман аз шарик муќарраркунандагон нестам».

109. Ва Мо пеш аз ту [касеро] нафиристодем, магар мардонеро аз ањли дењањо, ки ба онњо вањй мефиристодем. Оё дар замин сайр накардаанд, то бибинанд: охири кори касоне, ки пеш аз онњо буданд, чї гуна шуд? Ва њамоно сарои охират барои парњезгорон бењтар аст; оё намефањмед?

110. (Мўњлат додем) то ваќте ки пайѓамбарон ноумед шуданд ва ќавмашон гумон карданд, ки онњо ба дурўѓ ваъда карда шудаанд, нусрати Мо ба онњо омад; ва њар кас, ки хостем, наљот дода шуд. Ва азоби Мо аз гурўњи ситамкорон боздошта намешавад.

111. Ба дурустї ки дар ќиссаи пайѓамбарон барои соњибони хирад панде њаст. Ќуръон сухане нест, ки барбофта бошад, валекин тасдиќкунандаи он чи аст, ки пеш аз вай аст ва баёнкунандаи њар чиз ва њидоят ва бахшоиш барои мўъминон аст.
13. Сураи Раъд
Дар Мадина нозил шуд ва он чињилу се оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Мим. Ро. Инњо оёти Ќуръонанд; ва он чи аз Парвардигорат ба ту фурў фиристода шуд, рост аст, валекин аксари мардумон имон намеоранд.

2. Худо Њамон аст, ки осмонњоро ба ѓайри сутунњое, ки онро бинед, бардошт; баъд аз он бар Арш мустаќар шуд ва офтобу моњро ром кард; њар яке ба меоде муайян сайр мекунад; корро тадбир менамояд; нишонањоро баён мекунад, то шумо ба мулоќоти Парвардигори худ яќин оред.

3. Ва Ў Њамон аст, ки заминро густурд ва дар он љо кўњњову нањрњоро офарид; ва дар замин аз њар навъ мева ду ќисм офарид;1 шабро ба рўз мепўшонад; ба дурустї, дар ин барои ќавме, ки тафаккур мекунанд, нишонањо њаст.

4. Ва дар замин ќитъањои мухталиф аст: пайваста бо якдигар ва бўстонњо аз дарахтони ангур ва киштзору дарахтони хурмо – баъзе бисёршох ва баъзе ѓайри онанд, ки (њама) аз як об сероб карда мешаванд; ва дар таъми мевањо баъзеро бар баъзе бартарї медињем. Ба дурустї, дар ин барои ќавме, ки ба аќл дармеёбанд, нишонањо њаст.

5. Ва агар тааљљуб кунї, пас, сухани онњо аљаб аст, ки: «Оё ваќте ки хок шавем, оё дар офариниши нав хоњем буд?» Онњо касонеанд, ки ба Парвардигори хеш номўътаќид шуданд ва онњо ба ин сифатанд, ки дар гарданашон тавќ бошад ва онњо ањли оташанд, дар њоле ки онњо дар он љо љовидон бошанд.

6. Ва аз ту ба шитоб уќубатро пеш аз роњат металабанд. Ва ба дурустї ки пеш аз онњо уќубатњо гузаштааст. Ва њамоно Парвардигори ту барои мардумон – бо вуљуди ситамкор буданашон – Худованди омурзиш аст ва ба дурустї ки Парвардигори ту сахтуќубат аст.

7. Ва кофирон мегўянд: «Чаро бар ин пайѓамбар аз Парвардигори ў нишонае фиристода нашуд?» (Эй Муњаммад) љуз он нест, ки ту бимкунанда њастї ва њар ќавмеро роњнамое аст.

8. Худо он чиро медонад, ки њар мода дар шикам дорад ва он чиро, ки рањмњо ноќис мекунанд ва он чиро, ки зиёда мегардонанд. Ва њар чизе назди Ў баандоза аст.

9. Доно ба пинњону ошкоро аст, Бузурги Баландмартаба аст.

10. Яксон аст аз шумо касе, ки суханро бипўшад ва касе, ки онро ба овози баланд гўяд ва касе, ки дар шаб пинњон аст ва касе, ки дар рўз роњ меравад.

11. Барои одамї миёни ду дасти ў ва паси пушти ў фариштагони аз паи якдигар оянда њастанд, ба њукми Худо ўро нигоњ медоранд. Ба дурустї, Худо њолатеро, ки ба ќавме бошад, таѓйир намедињад, то ваќте ки онњо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, таѓйир дињанд. Ва чун Худо ба ќавме уќубатро ирода кунад, пас онро бозгардонидан нест; ва барои онњо ба љуз Вай њељ корсозандае нест.

12. Ў Он [Худой] аст, ки барои пайдо кардани тарсу умед барќро ба шумо менамоёнад ва абрњои гаронро бармедорад.

13. Ва раъд бо ситоиши Ў ва фариштагон (низ) аз тарси Ў ба покї ёд мекунанд; ва Ў соиќањоро мефиристад, пас, онро ба њар ки хоњад, мерасонад. Ва кофирон дар боби Худо муљодала мекунанд. Ва Ў сахтуќубат аст.

14. Дуои њаќ аз они Ўст.1 Ва онон, ки кофирон онњоро ба љуз Худо мехонанд, ба њељ ваљњ дуои онњоро ќабул намекунанд, магар монанди касе, ки ду дасти худро ба сўи об бикушояд, то ба дањонаш бирасад; ва он об њаргиз ба дањони ў расанда нест. Ва дуои кофирон ба љуз гумроњї [дар чизе] нест.

15. Ва њар ки дар осмонњову замин аст ва сояњояшон хоњону нохоњон ба ваќти субњу шом ба Худо саљда мекунанд.

16. Бигў: «Парвардигори осмонњову замин кист?» Бигў:2 «Худо аст». Бигў: «Оё ба љуз Вай дўстоне гирифтед, ки барои хештан суде ва зиёне [расонида] наметавонанд?» Бигў: «Оё нобинову бино баробар аст? Оё торикињову равшанї баробар аст? Оё барои Худо шариконеро муќаррар кардаанд, ки монанди офаридани Худо офарида бошанд, пас офарида бар онњо муштабењ шудааст?» Бигў: «Худо Офаринандаи њар чиз аст ва Ў Ягонаи Ѓолиб аст».

17. Аз осмон обро фурў фиристод, пас рўдњо ба андозаи хеш равон шуданд. Пас, оби равон бар рўи оби оянда кафе бардошт. Ва аз он чи ба талаби пероя ё ба талаби рахти хона дар оташ мегудозандаш, [низ] кафе монанди кафи об аст. Њамчунин Худо масали њаќќу ботилро баён мекунад. Аммо он каф ночиз шуда меравад; ва аммо он чи ба мардум суд мерасонад, дар замин мемонад. Худо њамчунин масалњоро баён мекунад.

18. Барои онон, ки сухани Парвардигори хешро ќабул карданд, њолати нек аст. Онон, ки сухани Ўро ќабул накарданд: агар њамаи он чи дар замин аст, якљо ва монанди он њамроњи он аз они онњо бошад, албатта, онро ивази худ [фидя] дињанд – барои ин љамоа сахтии њисоб аст ва љои онњо дўзах аст; ва он бад љое аст.

19. Пас оё касе, ки медонад: он чи аз љониби Парвардигори ту ба сўи ту фурў фиристода шудааст, рост аст, монанди касе бошад, ки нобино аст? Љуз ин нест, ки соњибони хирад пандпазир мешаванд –

20. онон, ки ба ањди Худо вафо мекунанд ва ањдро намешикананд;

21. ва онон, ки он чи Худо пайванд кардани онро фармудааст, мепайванданд ва аз Парвардигори хеш метарсанд ва аз сахтии њисоб хавф доранд;

22. ва онон, ки ба талаби рўи Парвардигори хеш1 шикебої карданд ва намозро барпо доштанд ва аз он чи Мо ба онњо рўзї додем, пинњону ошкоро харљ карданд ва бадиро бо некўї дафъ мекунанд – барои ин љамоа љазои он сарой аст –

23. бўстонњои њамеша мондан, ки онњо ва њар ки аз падаронашон ва занонашон ва авлодашон некўкор бошад, ба он љо дароянд ва фариштагон аз њар дарвоза бар онњо дохил шаванд.

24. (Гўянд:) «Салом бар шумо, ба сабаби сабр кардани шумо». Пас, нек аст љазои он сарой.

25. Ва онон, ки ањди Худоро баъди устувор кардани он мешикананд ва он чи Худо пайванд кардани онро фармудааст, ќатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд – ин љамоаро лаънат ва барояшон сахтии он сарой аст.

26. Худо рўзиро барои њар ки хоњад, фарох месозад ва танг мекунад. Ва (кофирон) ба зиндагонии дунё шодмон шуданд; ва зиндагонии дунё нисбат ба охират ба љуз матои андак [чизе] нест.

27. Ва кофирон мегўянд: «Чаро бар пайѓамбар аз љониби Парвардигораш нишонае фуруд оварда нашуд?»2 Бигў: «Њамоно Худо њар киро хоњад, гумроњ мекунад ва њар касро, ки ба Вай бозгардад, ба сўи Хеш роњ менамояд» –

28. онон, ки имон оварданд ва дилњояшон ба ёди Худо ором мегиранд. Огоњ шав: дилњо ба ёди Худо ором мегиранд.

29. Онон, ки имон оварданд ва корњои нек карданд, барояшон њолати хуш ва хубии љойгоњ бошад.

30. Њамчунин туро дар уммате фиристодем, ки пеш аз вай умматњои бисёр гузаштанд, то барояшон он чиро бихонї, ки ба сўи ту вањй фиристодем ва онњо ба [Худои] Рањмон кофиранд. Бигў: «Ў Парвардигори ман аст, ба љуз Ў њељ маъбуде нест; бар Вай таваккул кардам ва бозгашти ман ба сўи Ўст».

31. Ва агар Ќуръоне мебуд, ки ба сабаби он кўњњо равон карда мешуданд; ё ба сабаби он замин шикофта мешуд; ё ба сабаби он мурдагон ба сухан оварда мешуданд (низ имон намеоварданд). Балки њама корњо якљо аз они Худо аст. Оё мўъминон надонистаанд, ки агар Худо мехост, њамаи мардумонро якљо роњ менамуд. Ва кофирон њамеша ба ин сифат бошанд, ки ба сабаби он чи карданд, ба онњо уќубате сахт мерасад; ё он уќубат наздик ба хонањояшон фурў меояд, то ваќте ки ваъдаи Худо биёяд; ба дурустї ки Худо ваъдаро хилоф намекунад.

32. Ва њамоно пайѓамбарон пеш аз ту тамасхур карда шуданд; пас, ба кофирон мўњлат додам, боз онњоро гирифтор кардам; пас, уќубати Ман чї гуна буд?

33. Пас оё Он, ки бар њар кас ба љазои он чи амал кардааст, Нигањбон аст (мисли ин бутон бошад)? Ва (кофирон) барои Худо шарикон муќаррар карданд. Бигў: «Номњояшонро баён кунед; оё Худоро ба он чи, ки дар замин намедонад, хабар медињед? Ё ба сухани сарсарї (фирефта мешавед)? Балки барои кофирон андешаи фосидашон ороста шудааст ва аз роњ боздошта шудаанд. Ва њар кас, ки Худо ўро гумроњ кунад, барояш њељ рањнамояндае нест.

34. Онњоро дар зиндагонии дунё азоб аст ва ба дурустї ки азоби охират сахттар аст ва барои онњо аз Худо њељ нигоњдорандае нест.

35. Сифати бињиште, ки ба парњезгорон ваъда карда шудааст, он аст, ки зери он љўйњо меравад; мевањои он љовид аст ва сояаш њамчунин. Ин љазои парњезгорон аст. Ва љазои кофирон оташ аст.

36. Ва онон, ки ба онњо Китоб додаем, ба он чи ба сўи ту фиристода шуд, шод мешаванд. Ва аз ин љамоатњо касе њаст, ки баъзеи онро инкор мекунад. Бигў: «Љуз ин нест, ки ба ман фармуда шудааст, ки ибодат кунам ва барои Ў шарик муќаррар накунам; ба сўи Ў даъват мекунам ва бозгашти ман ба сўи Ўст».

37. Ва њамчунин Ќуръонро Китобе арабї фурў фиристодем ва агар баъд аз он чи аз илм ба ту омадааст, хоњиши нафси онњоро пайравї кунї, туро аз (уќубати) Худо њељ корсозандае ва нигоњдорандае нест.

38. Ва њамоно Мо пеш аз ту пайѓамбаронро фиристодем ва ба онњо занону фарзандон додем; ва њељ пайѓамбарро нашояд, ки љуз ба њукми Худо њељ нишонае биёрад; барои њар ќазои муваќќат номае њаст.

39. Худо њар чиро мехоњад, нобуд месозад ва њар чиро хоњад, собит мекунад; ва Умму-л-Китоб1 назди Ўст.

40. Ва агар баъзеи он чиро, ки ба онњо ваъда мекунем, ба ту бинамоёнем; ё ќабзи рўњи ту кунем – (ба њар њол) љуз ин нест, ки бар ту пайѓом расонидан аст ва бар Мо њисоб аст.

41. Оё намебинанд, ки Мо ба ин сарзамин ќасд мекунем, ки онро аз љонибњояш ноќис месозем.2 Ва Худо њукм мекунад ва њукми Ўро њељ радкунандае нест; ва Ў Зудњисобкунанда аст.

42. Ва њамоно касоне, ки пеш аз онњо буданд, бад сиголиданд; пас њамаи бадсиголї якљо аз они Худо аст; он чиро медонад, ки њар нафсе ба амал меорад. Ва ин кофирон хоњанд донист, ки љазои он сарой аз они кист.

43. Ва кофирон мегўянд: «Ту пайѓамбар нестї». Бигў: «Худо дар миёни ману шумо Гувоњ бас аст; бас аст Он, ки илми Китоб назди Ўст».3



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет