4. Сураи Нисо (Занон)
Дар Мадина нозил шуд ва он яксаду њафтоду шаш оят ва бисту чањор рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй мардумон, аз он Парвардигоратон битарсед, ки шуморо аз як кас биофарид; ва аз он (як кас) зани ўро офарид; ва аз ин ду (кас) мардумони бисёр ва занони бешумор мунташир сохт; ва аз он Худо битарсед, ки ба (номи) Ў аз якдигар суол мекунед. Ва аз (ќатъи) хешовандї (битарсед). Ба дурустї ки Худо бар шумо Нигањбон аст.
2. Ва ба ятимон амволашонро бидињед; ва нопокизаро бо покиза бадал макунед; ва амволашонро ба амволи худ ба њам оварда махўред. Њамоно ин гуноњи бузург аст.
3. Ва агар бидонед, ки дар њаќќи духтарони ятима адл натавонед кард, пас, аз соири занон он чи шуморо хуш ояд, ду-ду ва се-се ва чањор-чањор никоњ кунед ва агар донед, ки (дар ин сурат низ) адл натавонед кард, пас, бо як зан (никоњ кунед) ё (суррия гиред) онро, ки дастњои шумо молики ўст. Ин кор ба он наздиктар аст, ки љавр накунед.
4. Ва ба занон мањрашонро ба хушдилї бидињед. Ва агар занон аз баъзеи мањр барои шумо ба хушдилї даргузаранд, пас, онро созгору хушгувор бихўред.
5. Ва ба бехирадон амволи худро мадињед, ки Худо онро барои шумо сабаби истиќомати маишат кардааст; ва аз ин мол онњоро бихўронед ва бипўшонед; ба онњо сухани некў бигўед.
6. Ва ятимонро имтињон кунед,1 то он гоњ, ки ба њадди никоњ расанд.2 Пас, агар њусни тадбири онњоро дарёфтед, амволашонро ба онњо бирасонед. Ва он амволро – аз тарси он, ки бузург шаванд – ба исроф ва шитобї махўред.3 Ва њар ки тавонгар бошад, бояд ки парњезгорї кунад;4 ва њар ки фаќир бошад, бояд ки ба ваљњи писандида бихўрад. Пас, чун ба онњо амволашонро расонед, бар онњо гувоњ гиред; ва Худо Њисобкунанда(-и њама) бас аст.
7. Мардонро аз он чи падару модар ва хешон бигузоранд, њисса њаст; ва занонро аз он чи падару модар ва хешон бигузоранд, њисса њаст; аз он чи кам бошад он мол, ё бисёр; ин њиссаи муќарраркардашуда аст.
8. Ва чун хешон5 ва ятимон ва гадоён њангоми ќисмати мерос њозир шаванд, пас, чизе аз он ба онњо бидињед6 ва ба онњо сухани некў бигўед.
9. Ва бояд ки [аз Худо] битарсанд онон, ки агар баъди худ фарзандони нотавонро бигузоранд, бар онњо бимнок бошанд, [ки зоеъ шаванд, пас] бояд ки аз Худо њазар кунанд ва бояд ки сухани устувор бигўянд.
10. Њамоно онон, ки амволи ятимонро ба зулм мехўранд, љуз он нест, ки дар шиками худ оташро мехўранд; ва [ба зудї] ба дўзах дароянд.
11. Худо шуморо дар њаќќи фарзандонатон њукм мекунад, ки мардро монанди њиссаи ду зан аст. Ва агар духтарон зиёда аз ду бошанд, пас, ду саввуми њисса аз он чи (маййит) гузоштааст, аз они онњо аст. Ва агар (зуррияташ) як духтар бошад, пас, ними тарака барои ўст. Ва агар маййит фарзанде дошта бошад, як шашуми њисса аз он чи бигузоштааст, аз они њар як аз падару модари маййит аст. Ва агар ў фарзанде надошта бошад ва падару модараш вориси ў шаванд, пас, як саввуми њисса аз они модараш аст. Ва агар маййитро бародарон бошанд, пас, як шашуми њисса барои модараш аст. Ва (ин таќсим) баъди адои васияте аст, ки маййит ба он фармудааст, ё баъди адои дайн аст. Падарони шумо ва писарони шумо намедонанд, ки кадом як аз онњо дар нафъ расонидан ба шумо наздиктар аст. [Ин] њиссаи муайянкардашуда аз љониби Худост. Ба дурустї ки Худо Донои Устуворкор аст.
12. Ва нимаи он чи занонатон бигузоштаанд – агар онњо фарзанде надошта бошанд – аз они шумо аст; ва агар онњоро фарзанде бошад, пас, як чањоруми њисса аз он чи бигузоштаанд, барои шумост – баъди адои васияте, ки ба он фармуда бошанд, ё баъди адои дайн; ва як чањоруми њисса аз он ки шумо бигузоштед, занонрост, агар шумо фарзанде надошта бошед; ва агар шумо фарзанде дошта бошед, пас як њаштуми њисса аз он чи шумо бигузоштед, барои занон аст – баъд аз адои васияте, ки ба он фармуда бошед, ё адои дайн. Ва агар мард(-и мурда), ки аз вай мерос мехоњанд, ё зан(-и мурда) калола1 бошад ва ўро бародаре ё хоњаре бувад,2 пас, як шашуми њисса аз они њар як аз онњо аст; ва агар зиёда аз ин бошанд,3 пас, онњо дар як саввуми њисса бо њам шариканд – баъди адои васияте, ки ба он фармуда шуд, ё баъди адои дайн, ба ѓайри он ки зараррасонанда бошад.4 Ин њукм аз љониби Худо аст. Ва Худо Донои Бурдбор аст.
13. Инњо њама њадњои (муќарраркардаи) Худо аст; ва њар ки ба Худо ва расули Ў фармонбардорї кунад, ўро ба бињиштњое дарорад, ки зери он љўйњо меравад; дар он љо љовидонанд. Ва ин комёбии бузург аст.
14. Ва њар ки ба Худо ва расули Ў нофармонї кунад ва аз њадњои (муќарраркардаи) Ў таљовуз кунад, ўро ба оташ дарорад, [дар њоле ки] дар он љовид бошад; ва ўро азоби расвокунанда аст.
15. Ва аз занони шумо онон, ки зино мекунанд, пас, чањор мард аз љинси хеш5 бар онњо гувоњ талабед; пас, агар гувоњї доданд, онњоро дар хонањо мањбус кунед, то он ки марг умри онњоро тамом кунад ё Худо барои онњо роње муќаррар кунад.
16. Ва он дуро аз шумо, ки зино мекунанд, озор дињед. Агар тавба карданд ва некўкорї пеш гирифтанд, пас, аз [таъзиби] онњо эъроз кунед. Ба дурустї ки Худо Бозгардандаи Мењрубон аст.
17. Љуз ин нест, ки (ваъдаи ќабули) тавба бар Худо барои он касоне лозим аст, ки ба нодонї маъсият мекунанд, баъд аз он зуд тавба мекунанд; Худо бар он гурўњ ба рањмат бозмегардад. Ва Худо Донои Устуворкор аст.
18. Ва (ваъдаи ќабули) тавба он касонеро нест, ки маъсиятњо мекунанд, то он гоњ, ки касеро аз онњо марг пеш ояд, мегўяд: «Ба дурустї ки ман алњол тавба кардам»; ва на он касонерост, ки кофир бимиранд. Барои ин гурўњ азоби дарддињанда омода сохтаем.
19. Эй мўъминон, барои шумо њалол нест, ки занонро мерос гиред ва онњо нохуш бошанд; ва онњоро манъ макунед,1 то баъзе аз он чиро, ки ба онњо додаед, ба даст оред; магар ин ки ошкоро кори бад бикунанд.2 Ва бо занон ба ваљњи писандида зиндагонї кунед, зеро агар онњоро нописанд кунед, пас, шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад.
20. Ва агар зан ба љои зане бадал кардан хоњед ва ба яке аз онњо моли бисёр дода бошед,3 пас, аз он мол чизеро бозмагиред. Оё онро ба ситам ва таадии ошкоро мегиред?!
21. Ва чї гуна онро бозмегиред, њол он ки баъзеи шумо ба баъзе расидааст;4 ва занон аз шумо ањди муњкамро гирифтаанд?!5
22. Ва аз занон бо касе никоњ макунед, ки бо ў падарони шумо никоњ карда бошанд. Лекин ба он чи гузаштааст, афв аст. Њамоно ин кори бад ва мабѓуз аст; ва ин бад роњест.
23. Бар шумо њаром карда шуданд: модарони шумо; ва духтарони шумо; ва хоњарони шумо; ва хоњарони падарони шумо; ва хоњарони модарони шумо; ва духтарони бародар; ва духтарони хоњар; ва он модарони шумо, ки ба шумо шир додаанд;6 ва хоњарони шумо аз љињати ширхорагї; ва модарони занони шумо; ва духтарони занони шумо, ки дар канори шумо парвариш меёбанд – аз байни он занони шумо, ки бо онњо омезиш кардед – ва агар бо онњо омезиш накарда бошед, пас, бар шумо њељ гуноњ нест; ва занони писарони шумо, ки аз пушти шумо бошанд;7 ва он ки миёни ду хоњар љамъ кунед,8 лекин ба он чи гузашт, афв аст. Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
24. Ва (њаром карда шуданд:) занони шавњардор, магар он, ки дасти шумо молики ў шудааст.9 [Инњо] њукмњое аст, ки Худо бар шумо лозим сохтааст; ва ѓайр аз ин њама (муњаррамот) барои шумо њалол карда шуд, ки бо амволи худ барои иффат никоњ талаб кунед, на барои шањватронї. Пас аз он, ки аз занон ком гирифтед, муќаррар карда шудааст, ки мањрашонро ба онњо бидињед;1 ва бар шумо баъди мањри муќаррар, дар он чи бо якдигар розї шудед, њељ гуноњ нест.2 Ба дурустї ки Худо Донои Устуворкор аст.
25. Ва њар ки аз шумо аз љињати тавонгарї натавонад, ки бо занони озоди мўъмин никоњ кунад, пас бояд бо он, ки дасти шумо молики ў шудааст, (яъне) аз канизакони шумо, ки мўъмин бошанд, никоњ кунед; ва Худо ба имони шумо Донотар аст. Баъзеи шумо аз љинси баъзе аст;3 пас, бо канизакон бо иљозати моликонашон никоњ кунед ва мањрашонро ба хушхўї ба онњо бидињед, дар њоле ки афифа бошанд, на зинокунанда ва на пинњонї дўстгиранда. Ва чун дар њиболаи шавњар омаданд, агар зино кунанд, пас, барои онњо ними миќдори он чи аз уќубат аст, ки бар занони озод аст. Ин4 барои касе аз шумо аст, ки аз гуноњ битарсад; ва он ки сабр кунед, барои шумо бењтар аст. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
26. Худо мехоњад барои шумо баён кунад ва шуморо ба роњњои касоне њидоят намояд, ки пеш аз шумо буданд ва бар шумо ба рањмат бозгардад. Ва Худо Донои Устуворкор аст.
27. Ва Худо мехоњад, ки бар шумо ба рањмат бозгардад, аммо касоне, ки пайравии шањват мекунанд, мехоњанд, ки шумо каљравї кунед – каљравии азим.
28. Худо мехоњад, ки [корро] аз шумо сабук кунад. Ва инсон заиф офарида шудааст.
29. Эй мўъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноњаќ махўред, магар ваќте ки он доду ситади тиљорат бо ризомандии якдигар аз шумо бошад. Ва хештанро макушед. Ба дурустї ки Худо ба шумо Мењрубон аст.
30. Ва њар ки ба тааддї ва ситам чунин кунад, ўро ба дўзах дарорем; ва ин [кор] бар Худо осон аст.
31. Агар шумо аз гуноњони кабира, ки аз он нањй карда шудаед, иљтиноб кунед, аз шумо гуноњони саѓираатонро нобуд месозем ва шуморо ба мањалли гиромї дармеорем.5
32. Ва он чиро таманно макунед, ки Худо ба он баъзеи шуморо бар баъзе бартарї додааст. Барои мардон – аз он чи њосил кардаанд – бањрае њаст; ва барои занон – аз он чи њосил кардаанд – бањрае њаст. Ва аз Худо бахшоиши Ўро суол кунед. Ба дурустї ки Худо ба њама чиз Доно аст.
33. Ва Мо барои њар чизе аз он чи падару модар ва хешон гузоштаанд, ворисон муќаррар кардем; ва ба касоне, ки онњоро ањди шумо марбут сохтааст, бањраашонро бидињед.1 Ба дурустї ки Худо бар њама чиз Њозир аст.
34. Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарї додааст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харљ карданд, бар занон корандеш шудаанд. Пас, занони некўкор фармонбардоранд ва дар ѓайбат(-и шавњар) он чиро нигоњдорандаанд, ки Худо онро нигоњ доштааст. Ва он занонеро, ки аз саркашиашон тарс доред, панд дињед; ва пас, дар хобгоњ онњоро тарк кунед,2 пас, онњоро бизанед; ва агар ба шумо фармонбардорї карданд, пас, бар онњо роњ(-и ситам) маљўед. Ба дурустї ки Худо Баландмартабаи Бузургќадр аст.
35. Агар миёни зану шавњар мухолафат маълум кардед, пас, доваре аз хешони мард ва доваре аз хешони зан муайян кунед; агар (ин доварон) сулњро бихоњанд, албатта, Худо дар миёни онњо мувофаќат кунад. Ба дурустї ки Худо Донои Огоњ аст.
36. Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ў муќаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва њамсояи хешованд ва њамсояи бегона ва њамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молики ў шуд,3 накўкорї кунед. Њамоно Худо касеро дўст намедорад, ки мутакаббири худситоянда бошад;
37. (ва дўст намедорад) ононро, ки бухл мекунанд ва мардумонро ба бухл мефармоянд ва он чиро, ки Худо аз фазли Худ ба онњо додааст, мепўшанд. Ва барои кофирон азоби расвокунандае омода сохтаем;
38. ва ононро, ки амволи худро барои намоиш ба мардумон харљ мекунанд ва ба Худо ва рўзи ќиёмат мўътаќид нестанд. Ва њар ки Шайтон ёри ў бошад, пас вай бад ёрест.
39. Ва агар ба Худо ва рўзи охир имон меоварданд ва аз он чи Худо ба онњо додааст, харљ мекарданд, барояшон чї зиён буд? Ва Худо ба онњо Доност.
40. Ба дурустї ки Худо ба вазни заррае ситам намекунад; ва агар он амал некї бошад, онро дучандон кунад ва аз назди Худ музди бузург бидињад.
41. Пас, чї њол бошад он гоњ, ки аз њар ќавм гувоњеро биёрем ва туро бар ин уммат гувоњ биёварем.
42. Дар он рўз онон, ки кофир шуданд ва ба пайѓамбар нофармонї карданд, орзу кунанд, ки эй кош, замин бар онњо њамвор карда шавад.4 Ва аз Худо њељ суханеро напўшанд.
43. Эй мўъминон, дар њоле, ки шумо маст бошед, ба намоз наздик машавед, то он ки бифањмед, чї мегўед;5 ва низ дар њолати љанобат, то он ки ѓусл кунед, магар он ки роњгузар бошед. Ва агар бемор ё мусофир бошед, ё касе аз шумо аз ќазои њољат биёяд, ё бо занон мубошарат кунед ва обро наёбед, пас ќасди хоки пок (таяммум) кунед: бо он рўй ва дастњои хешро масњ кунед. Ба дурустї ки Худо Афвкунандаи Омурзанда аст.
44. Оё касонеро надидї, ки бањрае аз Китоб дода шудаанд, гумроњиро меситонанд ва мехоњанд, ки шумо [низ] роњро гум кунед.
45. Ва Худо ба душманони шумо Донотар аст; ва Худои Дўст бас аст; ва Худои Ёридињанда бас аст.
46. Аз яњудиён ќавме њастанд, ки калимаро аз љойњояш таѓйир мекунанд ва мегўянд: «Шунидем ва осї шудем»; ва (мегўянд): «Исмаъ ѓайра мусмаъин»; ва «Роъино». (Суханро) ба забони худ мепечонанд1 ва дар дин таъна мезананд. Агар онњо мегуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорї кардем»; ва «Исмаъ»2 ва «Унзурно»3 – њамоно барои онњо бењтар ва дурусттар мебуд. Лекин Худо онњоро ба сабаби куфрашон лаънат кардааст. Пас, ба љуз андаке имон намеоранд.
47. Эй ањли Китоб, ба он чи фуруд овардем – тасдиќкунандаи он чи, ки бо шумо аст – имон оред, пеш аз он ки (сурати) рўйњоро мањв кунем, пас бар шакли пушти рўйњо бигардонем, ё онњоро лаънат кунем, чунон ки ањли шанберо лаънат кардем. Ва њукми Худо [иљро] шуданист.
48. Ба дурустї, Худо онро, ки барои Ў шарик муќаррар карда шавад, намеомурзад; ва ѓайри он њар киро хоњад, меомурзад. Ва њар ки барои Худо шарик муќаррар кунад, њамоно ба гуноњи бузург ифтиро кардааст.
49. Оё касонеро надидї, ки худро [пок гуфта] ситоиш мекунанд? Балки Худо њар киро хоњад, ситоиш мекунад. Ва ба миќдори риштае4 ситам карда нахоњанд шуд.
50. Бибин, чї гуна бар Худо дурўѓро мебанданд. Ва ин гуноњи ошкоро бас аст.
51. Оё касонеро надидї, ки бањрае аз Китоб дода шудаанд, ба буту маъбуди ботил мўътаќид мешаванд ва дар њаќќи кофирон мегўянд, ки онњо аз мўъминон роњёбандатаранд.
52. Онон гурўњеанд, ки Худо онњоро лаънат кардааст. Ва њар касеро, ки Худо лаънат кунад, барои ў ёридињандае нахоњї ёфт.
53. Оё барои онњо аз подшоњї бањрае њаст? Пас (он њангом) миќдори наќире5 ба мардум надињанд.
54. Ё ба мардумоне њасад мекунанд, ки Худо ба онњо аз фазли Худ [бањра] додааст. Пас ба дурустї ки ба касони Иброњим Китобу дониш додем ва ба онњо подшоњии бузург додем.
55. Аз онњо касе њаст, ки ба он Китоб имон овард ва аз онњо касе њаст, ки аз вай рўй гардонд. Ва дўзах – оташи афрўхта кифоят аст.
56. Њамоно, касонеро, ки ба оёти Мо кофир шуданд, зуд ба оташ дарорем; њар гоњ, ки пўстњояшон пухта гардад, ба иваз барояшон ба љуз он пўстњои дигар пайдо кунем, то азобро бичашанд. Ба дурустї ки Худо Ѓолиби Устуворкор аст.
57. Ва касонеро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, зуд ба бўстонњое дарорем, ки зери он љўйњо меравад, [дар њоле ки онњо] дар он њамеша љовидонанд; дар он љо барои онњо занони пок кардашуда њаст; ва онњоро ба сояи нек [соякунанда]1 дарорем.
58. Ба дурустї, Худо ба шумо мефармояд, ки амонатњоро ба ањли онњо адо кунед ва (мефармояд, ки) чун миёни мардумон њоким шавед, ба ростї њукм кунед. Њар оина некў чизе аст, ки Худо бо он ба шумо панд медињад. Ба дурустї ки Худо Шунавои Биност.
59. Эй мўъминон, Худоро фармонбардорї кунед ва пайѓамбару фармонравоёнро аз љинси хеш2 фармонбардорї кунед. Пас, чун дар чизе ихтилоф кунед, агар ба Худо ва рўзи охир эътиќод медоред, онро ба сўи Худо ва пайѓамбар рољеъ кунед. Ин ба (эътибори) оќибат бењтар ва некўтар аст.
60. Оё касонеро надидї, ки гумон мекунанд, ки ба он чи ба сўи ту нозил карда шудааст ва ба он чи пеш аз ту нозил карда шудааст, имон овардаанд, мехоњанд (ќазияњои хешро) ба сўи саркаш мурофаа кунанд; ва њол он ки ба онњо фармуда шуд, ки ба вай мункир шаванд. Ва Шайтон мехоњад, ки онњоро гумроњ созад – гумроњии дур.
61. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Ба сўи он чи Худо нозил кардааст ва ба сўи пайѓамбар биёед» – он мунофиќонро бибинї, ки аз ту ба эъроз бозмеистанд.
62. Пас, чї гуна аст, он гоњ, ки ба онњо – ба сабаби он чи дастњояшон пеш фиристодааст – мусибате бирасад, назди ту биёянд, ба Худо ќасам мехўранд, ки: «ба љуз некўкорї ва мувофиќат кардан [чизе] нахоста будем?»3
63. Ин гурўњ касоне њастанд, ки Худо он чиро, ки дар дилњояшон аст, медонад; пас, аз онњо эъроз бикун;4 ва ба онњо панд бидењ; ва ба онњо сухане муассир дар дилашон бигў.
64. Ва Мо њељ пайѓамбареро нафиристодем, магар барои он ки ба њукми Худо ў фармонбардорї карда шавад. Ва агар ин љамоа – ваќте ки бар хештан ситам карданд – назди ту меомаданд ва аз Худо омурзиш талаб мекарданд ва пайѓамбар барои онњо омурзиш талаб мекард, њамоно Худоро ба рањмат Бозояндаи Мењрубон меёфтанд.
65. Чунин нест, ба Парвардигорат ќасам, ки онњо имон намеоранд, то он ки туро дар ихтилофе, ки дар миёнашон воќеъ шуд, њакам кунанд; ва аз он чи њукм фармудї, дар дили худ тангї бознаёбанд ва ба гардан нињодан ќабул кунанд.
66. Ва агар Мо бар онњо менавиштем, ки хештанро бикушед, ё аз хонањои хеш берун шавед, љуз андаке аз онњо ин [кор]-ро намекарданд. Ва агар он чиро мекарданд, ки ба он панд дода мешаванд, њамоно барои онњо бењтар ва дар устуворї(-и дин) муњкамтар мебуд.
67. Ва он гоњ, албатта, аз назди Хеш музди бузург ба онњо медодем.
68. Ва онњоро ба роњи рост далолат мекардем.
69. Ва онон, ки Худою расулро фармон бурданд, њамроњи он касонанд аз пайѓамбарон ва сиддиќон ва шањидон ва солењон, ки Худо бар онњо инъом кардааст. Ва онњо некў рафиќонанд.
70. Ин бахшоиш аз Худост. Ва Худо Доно бас аст.
71. Эй мўъминон, силоњи худро бигиред ва гурўњ-гурўњ шуда берун равед, ё њама љамъ омада берун равед.1
72. Ва њамоно аз шумо касе њаст, ки диранг мекунад;2 пас, агар мусибате ба шумо бирасад, бигўяд: «Худо бар ман инъом кард, чун бо онњо њозир набудам».
73. Ва агар неъмате аз Худо ба шумо бирасад, гўё миёни шумо ва миёни вай њаргиз дўстї набуд, бигўяд: «Кош, бо онњо мебудам, пас матлаби бузургро меёфтам».
74. Пас, касоне, ки зиндагонии дунёро ба охират мефурўшанд, бояд ки дар роњи Худо љанг кунанд. Ва њар ки дар роњи Худо љанг кунад ва кушта шавад, ё ѓолиб ояд, ба ў музди бузург бидињем.
75. Ва чист шуморо, ки дар роњи Худо љанг намекунед ва [низ] барои бечорагон аз мардон ва занон ва кўдакон – онон,3 ки мегўянд: «Эй Парвардигори мо, аз ин дења, ки ањли он ситамкоранд, моро берун ор ва аз назди Худ барои мо корсозе муќаррар кун ва аз назди Худ барои мо ёридињандае муќаррар кун?»
76. Мўъминон дар роњи Худо корзор мекунанд; ва кофирон дар роњи маъбуди ботил мељанганд. Пас, бо дўстони Шайтон љанг кунед. Ба дурустї ки њилаи Шайтон суст аст.
77. Оё касонеро надидї, ки ба онњо гуфта шуд: «Дасти худ боздоред4 ва намозро барпо кунед ва закотро бидињед»?5 Пас, чун бар онњо љанг навишта шуд, ногоњ гурўње аз онњо, монанди тарсидан аз Худо ё сахттар [аз он], аз мардумон метарсиданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро корзорро бар мо навиштї? Чаро то ваќте наздик моро (зинда) нагузоштї?» Бигў: «Бањрамандии дунё андак аст ва охират барои касе, ки парњезгорї кунад, бењтар аст ва миќдори ришта6 ситам карда нахоњад шуд».
78. Њар љо, ки бошед, марг шуморо дармеёбад, агарчи дар њисорњои муњкам бошед. Ва агар ба онњо неъмате бирасад, гўянд: «Ин аз назди Худо аст». Ва агар ба онњо бадие бирасад, гўянд: «Ин аз назди ту аст». Бигў: «Њама аз назди Худост». Пас, ин ќавмро чї њол аст, ки наздик нестанд суханеро бифањманд?
79. Он чи аз неъмат ба ту расид, аз Худост; ва он чи аз мењнат ба ту расид, аз назди нафси ту аст. Ва Мо туро барои мардумон пайѓамбар фиристодем. Ва Худо Њозир бас аст.
80. Њар ки пайѓамбарро фармонбардорї кунад, пас, њамоно Худоро фармонбардорї кардааст. Ва њар ки эъроз кард, пас, туро бар онњо нигоњбон нафиристодаем.
81. Ва мегўянд:1 «Фармонбардорї [дар дили мост]». Пас, чун аз назди ту берун раванд, гурўње аз онњо ба ваќти шаб ба ѓайри он чи ту мефармої, раъй мезананд. Ва Худо он чиро менависад,2 ки шаб мегўянд. Пас, аз онњо эъроз кун ва бар Худо таваккул намо. Ва Худо Корсозанда бас аст.
82. Оё Ќуръонро тааммул намекунанд? Агар аз назди ѓайри Худо мебуд, албатта, дар он ихтилофи бисёр меёфтанд.
83. Ва ваќте ки хабаре аз эминї ё тарс назди онњо биёяд, онро машњур месозанд; ва агар онро ба сўи пайѓамбар ва ба сўи фармонравоён аз ањли Ислом рољеъ мегардониданд, њамоно, маслањати он хабарро касоне аз онњо дармеёфтанд, ки маслањати онро бароварда метавонанд. Ва агар бахшоиши Худо ва рањмати Ў бар шумо намебуд, ба љуз андаке, [њама] албатта, Шайтонро пайравї мекардед.
84. Пас, дар роњи Худо љанг кун;3 ба љуз худат [ба касе] таклиф карда нашудаї; ва мўъминонро раѓбат дењ;4 наздик аст, ки Худо љанги кофиронро боздорад. Ва Худо ба эътибори љанг ва ба эътибори уќубат додан сахттар аст.
85. Њар ки шафоат кунад – шафоати нек, ўро аз савоби он бањрае бошад; ва њар ки шафоат кунад – шафоати бад, ўро аз азоби он њиссае бошад. Ва Худо бар њар чиз Тавоност.
86. Ва чун ба саломе таъзим карда шавед, пас, ба калимае бењтар аз он таъзим кунед, ё ба њамон калима љавоб дињед. Ба дурустї ки Худо бар њама чиз Њисобкунанда аст.
87. Худо, ки ба љуз Ў њељ маъбуд нест, албатта, шуморо ба рўзи ќиёмат – дар он њељ шак нест – ба њам орад. Ва кист, ки дар сухан аз Худо ростгўйтар бошад?
88. Пас чист шуморо,5 ки дар бораи мунофиќон ду гурўњ шудед? Ва Худо онњоро ба шумии он чи карданд, нагунсор сохт. Оё мехоњед касеро роњ намоед, ки Худо ўро гумроњ сохтааст? Ва њар киро, ки Худо гумроњ кунад, барои ў њељ роње наёбї.
89. Орзу карданд, ки шумо низ кофир шавед, чунон ки онњо кофир шуданд, пас, баробар бошед. Пас, њељ касро аз онњо дўст магиред, то он ки дар роњи Худо њиљрат кунанд.6 Ва агар эъроз карданд,7 пас, њар љо, ки онњоро ёбед, асир бигиред ва бикушед. Ва касеро аз онњо дўст ва ёр магиред,
90. – магар ононро, ки бо гурўње пайванд доранд, ки миёни шумо ва миёни онњо ањд њаст; ё назди шумо биёянд ва синаи онњо аз он, ки бо шумо биљанганд, ё бо ќавми хеш биљанганд, танг омадааст; ва агар Худо мехост, њамоно онњоро бар шумо мусаллат месохт, пас, бо шумо мељангиданд. Ва агар аз љониби шумо як сў шаванд ва бо шумо љанг накунанд ва ба сўи шумо пайѓоми сулњро биафкананд, пас, Худо ба шумо алайњи онњо роње надодааст.
91. Ба зудї, ќавми дигареро хоњед ёфт, ки мехоњанд аз шумо эмин шаванд ва аз ќавми худ эмин шаванд. Њар гоњ, ки ба сўи фитнаангезї бозгардонида мешаванд, дар он нагунсор андохта шаванд.1 Ва агар аз шумо як сў нашаванд ва ба сўи шумо пайѓоми сулњро наафкананд ва дасти хешро бознадоранд, пас, њар љо, ки онњоро ёбед, асир гиред ва ќатл намоед. Ва Мо ба шумо бар ин љамоат њуљљати зоњир додаем.
92. Ва мўъминеро насазад, ки мўъминеро бикушад, магар ба хато.2 Ва њар ки мўъминеро ба хато бикушад, пас озод кардани бардаи мўъмин ва хунбањои расонидашуда ба касони маќтул лозим аст, магар он ки (аз он) даргузаранд. Ва агар (маќтул) аз гурўњи душманони шумо ва мўъмин бошад, пас, озод кардани бардаи мўъмин лозим аст.3 Ва агар (маќтул) аз ќавме бошад, ки миёни шумо ва онњо ањд аст,4 пас, хунбањои расонидашуда ба касони ў ва озод кардани бардаи мўъмин лозим аст; ва њар ки наёбад, пас, рўза доштан ду моњ пай дар пай лозим аст; [ин] (ба љињати ќабули) тавба аз љониби Худо аст. Ва Худо Донои Устуворкор аст.
93. Ва њар ки мўъминеро ба ќасд бикушад, пас, љазои ў дўзах аст, дар он љовид бошад; ва Худо бар ў хашм гирифтааст ва ўро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ў омода сохтааст.
94. Эй мўъминон, чун дар роњи Худо сафар кунед,5 (нек) тањќиќ кунед ва ба касе, ки ба сўи шумо «салом» андохтааст, магўед: «Мўъмин нестї» – матои зиндагонии дунёро металабед; ва назди Худо ѓаниматњои бисёр њаст. Шумо пеш аз ин њамчунин будед ва Худо бар шумо инъом кард; пас, тањќиќ кунед; ба дурустї ки Худо ба он чи мекунед, Огоњ аст.
95. Аз мўъминон – нишинандагони ѓайри маъзур6 ва дар роњи Худо бо молу љони хеш љињодкунандагон баробар нестанд. Худо дар мартабањо ба онон, ки бо молу љони хеш љињодкунандаанд, бар нишинандагон фазл додааст; ва Худо њар якеро ваъдаи нек кардааст. Ва Худо муљоњидонро бар нишинандагон ба музди бузург афзунї додааст.
96. [Ин] мартабањо ва омурзиш ва бахшоиш аз љониби Ў аст; ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
97. Ба дурустї, ба онон, ки фариштагон арвоњашонро ќабз карданд, – дар њолате, ки бар хештан ситамкор буданд1 – (фариштагон) гуфтанд: «Шумо дар чї њол будед?» Гуфтанд: «Дар замин бечорагон будем». Гуфтанд: «Оё замини Худо фарох набуд, то дар он њиљрат мекардед?» Пас, љои ин љамоа дўзах аст; ва ў бад љое аст;
98. – магар онон аз мардон ва занон ва кўдакон, ки ба њаќиќат бечораанд, њељ чора наметавонанд ва њељ роњ намеёбанд.
99. Пас, наздик аст, ки Худо ин љамоаро афв кунад; ва Худо Афвкунандаи Омурзанда аст.
100. Ва њар ки дар роњи Худо тарки ватан кунад, дар замин иќоматгоњи бисёр ва фарохии маишат биёбад. Ва њар ки њиљраткунон ба сўи Худо ва пайѓамбари Ў аз хонаи худ берун равад, пас, ўро марг дарёбад,2 пас, ба дурустї ки музди ў бар Худо собит аст; ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
101. Ва чун дар замин сафар кунед ва агар аз он битарсед, ки кофирон шуморо дар бало афкананд, пас гуноње бар шумо дар он нест, ки аз намоз (ќадаре) кўтоњ созед. Њамоно кофирон барои шумо душмани ошкоро њастанд.
102. Ва чун дар миёни онњо бошї3 ва барои онњо намозро барпо кунї, бояд ки гурўње аз онњо бо ту биистанд ва силоњи хеш бигиранд; ва чун саљда кунанд, бояд ки аз паси шумо бошанд;4 ва он гурўњи дигар, ки њанўз намоз накардаанд, бояд ки биёянду бо ту намоз кунанд ва бояд ки њизру5 силоњи худро бигиранд. Кофирон орзу карданд, ки кош аз силоњ ва матои хеш ѓофил шавед, то якбора бар шумо њамла кунанд. Ва агар шуморо ранље аз борон бошад, пас, бар шумо њељ гуноњ дар он нест, ки силоњи худро бинињед ва, албатта, њизри худ бигиред. Ба дурустї ки Худо азоби расвокунандае барои кофирон омода кардааст.
103. Пас, чун намозро тамом кардед, Худоро истода ва нишаста ва бар пањлўи хеш ёд кунед. Ва чун оромидед, намозро барпо кунед.6 Ба дурустї ки намоз бар мўъминон фарзи ваќти муайянкардашуда аст.
104. Дар љустуљўи кофирон сустї макунед; агар шумо дардманд мешавед, онњо низ дардманд мешаванд, чунон ки шумо мешавед; ва шумо аз Худо он чиро умед доред, ки онњоро [ба он] умед нест. Ва Худо Донои Устуворкор аст.
105. Њамоно Мо Китобро ба ростї ба сўи ту фуруд овардем, то бо он чи Худо туро шиносо сохтааст, дар миёни мардумон њукм кунї; ва барои њимояти хиёнаткунандагон хусуматкунанда мабош.
106. Ва аз Худо омурзиш бихоњ; ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
107. Ва аз љониби онон, ки бо љинси хеш хиёнат мекунанд, хусумат макун. Њамоно Худо онро дўст надорад, ки хиёнаткунандаи гуноњкор бошад.
108. Аз мардумон пинњон мекунанд ва аз Худо пинњон намекунанд; ва шабонгоњ – он чиро аз сухан, ки Худо намеписандад, машварат мекунанд, Худо бо онњо аст. Ва Худо ба он чи мекунанд, Фарогиранда аст.
109. Огоњ бошед шумо, эй ќавм, ки аз тарафи онњо дар зиндагонии дунё хусумат кардед, пас, кист, ки рўзи ќиёмат аз тарафи онњо бо Худо хусумат хоњад кард ва ё кист, ки бар онњо корсозанда бошад?
110. Ва њар ки кори бад бикунад, ё бар хештан ситам кунад, сипас аз Худо омурзиш талабад, Худоро Омурзандаи Мењрубон биёбад.
111. Ва њар ки гуноње бикунад, пас, љуз ин нест, ки онро бар љони хеш мекунад. Ва Худо Донои Усутуворкор аст.
112. Ва њар ки хатое ё гуноње бикунад, сипас ба он бегуноњеро тўњмат кунад, пас бўњтон ва гуноњи зоњирро бар худ бардоштааст.
113. Ва агар фазли Худо ва бахшоиши Ў бар ту намебуд, гурўње аз онњо ќасд карда буданд, ки туро гумроњ кунанд. Ва ба љуз хештан [касеро] гумроњ намекунанд; ва ба ту њељ зиён нарасонанд. Ва Худо бар ту Китобу дониш фуруд овардааст; ва он чиро намедонистї, ба ту омўхтааст; ва фазли Худо бар ту бузург аст.
114. Дар бисёре аз машварати пинњонии онњо хубие нест, лекин [хубї дар машварати] касест, ки ба садаќа ё ба кори писандида ё ба салоњкорї миёни мардумон фармояд. Ва њар ки инро ба талаби хушнудии Худо кунад, ба зудї ба ў музди бузург бидињем.
115. Ва њар ки баъд аз он, ки роњи рост барояш маълум шуд, ба пайѓамбар мухолифат кунад ва ѓайри роњи мўъминонро пайравї кунад, ўро бо он чи дўст медорад, вогузорем ва ўро ба дўзах дарорем; ва он бад љоест.
116. Ба дурустї, Худо онро, ки ба Ў ширк орад, намеомурзад; ва ѓайри ширк њар киро хоњад, меомурзад. Ва њар ки ба Худо шарик муќаррар кунад, пас ба гумроњии дур гумроњ шудааст.
117. Онњо ба љуз Худо намепарастанд, магар бутонеро, ки номи духтарон доранд; ва намепарастанд, магар Шайтони саркашро,
118. [ки] Худо ўро лаънат кардааст. (Шайтон) гуфт: «Аз бандагонат њиссаи (дар илми азалї) муайяншударо, албатта, бигирам.
119. Ва, албатта, онњоро гумроњ кунам ва дар орзу(-и ботил) афканам; ва, албатта, ба онњо бифармоям, то гўши чањорпоёнро бишикофанд; ва, албатта, ба онњо бифармоям, то офариниши Худоро таѓйир дињанд».1 Ва њар ки ба љуз Худо Шайтонро дўст гирад, пас, ба зиёни зоњир зиёнкор шуд.
120. Ў ба онњо ваъда медињад ва онњоро дар орзу меандозад. Ва Шайтон ба онњо ваъда намекунад, магар ба фиреб.
121. Љои он љамоат дўзах аст ва аз он махласе наёбанд.
122. Ва ононро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, ба бўстонњое дарорем, ки зери он љўйњо меравад; он љо њамеша љовидон бошанд. Ваъдаи Худо рост аст. Ва кист, ки дар сухан аз Худо ростгўйтар бошад?
123. (Кор) на ба (вафќи) орзуи шумост ва на ба (вафќи) орзуи ањли Китоб. Њар ки кори бад кунад, ба он љазо дода хоњад шуд; ва барои худ ба љуз Худо њељ дўсте ва ёридињандае наёбад.
124. Онон аз мардон ва занон, ки мўъмин бошанд ва корњои шоиста кунанд, ба бињишт дароянд ва миќдори наќире1 ситам карда нашаванд.
125. Ва ба эътибори дин кист некўтар аз касе, ки рўи худро барои Худо мутеъ сохт ва ў некўкор аст; ва дар њолате ки њаниф буд, миллати Иброњимро пайравї кард? Ва Худо Иброњимро дўст гирифтааст.
126. Ва он чи дар осмонњост ва он чи дар замин аст, аз они Худост; ва Худо њама чизро Фарогиранда аст.
127. Ва дар боби занон аз ту талаби фатво мекунанд,2 бигў: «Дар боби занон Худо ба шумо фатво медињад ва он чи дар Китоб бар шумо хонда мешавад, дар њаќќи он занони ятима (нозил шудааст), ки ба онњо он чиро намедињед, ки барояшон фарз карда шудааст; ва раѓбат мекунед, ки бо онњо никоњ кунед; ва дар боби бечорагон аз кўдакон (нозил шудааст) ва ба он њукм аст, ки бо инсоф таањњуди њоли ятимон кунед. Ва Худо ба он чи аз некўї мекунед, Доност».
128. Ва агар зане аз шавњараш саркашї ё рўгардонї маълум кунад, пас, дар онњо гуноњ нест, ки дар миёни худ сулњ оранд – навъе аз сулњ; ва сулњ кори бењтар аст. Ва нафсњо бар бухл њозиранд.3 Ва агар некўкорї ва парњезгорї кунед, пас, ба дурустї ки Худо ба он чи мекунед, Доност.
129. Ва агарчи нињояти раѓбат кунед, њаргиз миёни занон адл карда наметавонед; пас, боре, каљї макунед – тамоми каљї – то он ки он занонро монанди муаллаќа вогузоред. Ва агар ислоњ кунед ва парњезгорї намоед, пас, ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
130. Ва агар аз якдигар људо шаванд,4 Худо њар якеро аз тавонгарии Худ кифоят кунад; ва Худо Фарохнеъмати Устуворкор аст.
131. Ва он чи дар осмонњост ва он чи дар замин аст, аз они Худост. Ва њамоно ононро пеш аз шумо, ки Китоб дода шуданд ва шуморо низ њукм фармудем, ки: «Аз Худо битарсед». Ва агар кофир шавед, пас ба дурустї ки он чи дар осмонњо аст ва он чи дар замин аст, аз они Худо аст; ва Худо Тавонгари Сутудашуда аст.
132. Ва он чи дар осмонњост ва он чи дар замин аст, аз они Худост; ва Худо Корсоз бас аст.
133. Эй мардумон, агар [Худо] хоњад, шуморо дур мекунад ва дигаронро ба вуљуд меорад. Ва Худо бар ин кор Тавоност.
134. Њар ки толиби подоши дунё бошад,5 пас, подоши дунё ва охират назди Худо аст; ва Худо Шунавои Биност.6
135. Эй мўъминон, бар инсоф боустувор, барои Худо гувоњидињанда бошед – агарчи бар зарари хештан, ё падару модар ва хешовандон – чи тавонгару чи фаќир – бошад; (ба њар њол) Худо бар онњо Мењрубонтар аст. Пас, аз адл майлкунон ба хоњиши нафс пайравї макунед. Ва агар суханро печонед, ё рўй бигардонед, пас, ба дурустї ки Худо бар он чи мекунед, Огоњ аст.
136. Эй мўъминон, ба Худо ва пайѓамбари Ў ва он Китоб, ки бар пайѓамбари Худ фурў фиристодааст ва он Китоб, ки пеш аз ин фурў фиристодааст, имон оред. Ва њар ки ба Худо ва ба фариштагони Ў ва Китобњои Ў ва пайѓамбарони Ў ва ба рўзи охир кофир шавад, њамоно, ба гумроњии дур гумроњ шудааст.
137. Касоне, ки имон оварданд, боз кофир шуданд, сипас, боз имон оварданд, сипас, боз кофир шуданд ва дар куфр зиёдат карданд1 – Худо њаргиз онњоро наомурзад ва њаргиз ба онњо роње нанамоёнад.
138. Ба мунофиќон бо он хабар дењ, ки барои онњо азоби дарддињанда бошад.
139. Онон, ки ба љои мўъминон кофиронро дўст мегиранд – оё назди онњо арљмандї металабанд? Ва ба дурустї ки њамаи арљмандї якљо аз они Худо аст.
140. Ва њамоно дар Ќуръон бар шумо фурў фиристодааст, ки чун бишунавед, ки ба оятњои Худо инкор намуда мешавад ва ба онњо тамасхур карда мешавад, пас, бо онњо манишинед, то он ки дар сухане ба љуз он шурўъ кунанд; вагарна, шумо њам монанди онњо бошед. Ба дурустї ки Худо њамаи мунофиќон ва кофиронро (якљо) дар дўзах ба њам меорад.
141. Онон, ки интизори шумо мекашанд: пас, агар шуморо аз љониби Худо фатње бошад, гўянд: «Оё бо шумо набудем?»2 Ва агар кофиронро насибе бошад, гўянд:3 «Оё бар шумо фарогиранда нашудем? Ва оё шуморо аз (зарари) мўъминон боз надоштем?»4 Пас, Худо рўзи ќиёмат миёни шумо њукм хоњад кард; ва Худо барои кофирон бар мўъминон њаргиз роње кушода нагардонад.5
142. Њамоно мунофиќон Худоро фиреб мекунанд; ва Худо низ онњоро фиреб мекунад. Ва чун ба намоз бархезанд, коњиликунон бархезанд ва ба мардум худнамої мекунанд; ва ба љуз андаке, Худоро ёд намекунанд.
143. Дар миёни ину он мутараддиданд, на ба сўи инонанд ва на ба сўи онон. Ва њар киро Худо гумроњ кунад, пас, барои ў њељ роње наёбї.
144. Эй мўъминон, кофиронро ба љуз мўъминон дўст магиред. Оё мехоњед, ки барои Худо бар хештан њуљљати ошкор собит кунед?
145. Њамоно мунофиќон дар табаќаи зертарини оташанд ва барои онњо њељ ёридињандае наёбї,
146. – магар онон, ки тавба карданд ва сулњ пеш гирифтанд ва ба Худо чанг заданд ва дини худро барои Худо холис гардониданд; пас, он гурўњ њамроњи мўъминонанд. Ва Худо ба зудї ба мўъминон музди бузург бидињад.
147. Агар сипосдорї кунед ва имон оред, Худо ба азоби шумо чї кор мекунад? Ва Худо Ќадршиноси Доност.
148. Худо баланд гуфтани сухани бадро дўст намедорад, магар аз љониби он кас, ки зулм дида бошад. Ва Худо Шунавои Доност.
149. Агар кори некро ошкоро кунед, ё онро пинњон кунед, ё аз зулме афв кунед, пас, ба дурустї ки Худо Афвкунандаи Тавоност.
150. Њамоно касоне, ки ба Худо ва пайѓамбарони Ў кофир мешаванд ва мехоњанд, ки дар миёни Худо ва пайѓамбарони Ў тафриќа кунанд;1 ва мегўянд: «Ба баъзе пайѓамбарон имон меорем ва баъзе номўътаќид мешавем»; ва мехоњанд, ки дар миёни ину он роње гиранд,
151. – он гурўњ дар њаќиќат кофиранд. Ва барои кофирон азоби расвокунанда омода сохтаем.
152. Ва ба касоне, ки ба Худо ва пайѓамбарони Ў имон оварданд ва дар миёни њељ яке аз онњо тафриќа накардаанд, Худо муздашонро хоњад дод. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
153. Ањли Китоб аз ту дархост мекунанд, ки аз осмон бар онњо Китобе фуруд орї.2 Онњо аз Мўсо сахттар аз инро суол карда буданд, гуфтанд: «Ба мо Худоро ошкоро бинамоён». Пас ба сабаби гуноњашон соиќа онњоро гирифт. Боз, баъд аз он, ки ба онњо мўъљизањо омад, гўсоларо маъбуд гирифтанд. Пас, инро аз онњо афв кардем ва ба Мўсо ѓалабаи зоњир додем.
154. Ва барои гирифтани ањдашон Турро болои онњо бардоштем ва ба онњо гуфтем: «Ба дарвоза саљдакунон дароед». Ва ба онњо гуфтем: «Дар рўзи шанбе таљовуз макунед». Ва аз онњо ањди муњкам гирифтем.
155. Пас, ба сабаби ањди худро шикастанашон ва (ба сабаби) куфрашон ба оёти Худо ва пайѓамбаронро ба ноњаќ куштанашон ва гуфтанашон, ки: «Дили мо дар парда аст» – балки Худо ба сабаби куфрашон бар дили онњо мўњр нињодааст; ва ба љуз андаке имон наоранд.
156. Ва [низ] ба сабаби куфрашон ва гуфтани бўњтоне бузург бар Марям.3
157. Ва (ба сабаби) гуфтанашон, ки њамоно мо Масењ – Исо писари Марямро куштем, ки пайѓамбари Худо буд. Ва ўро накуштаанд ва ўро бар дор накардаанд, валекин бар онњо муштабењ шуд. Ва њар оина касоне, ки дар боби Исо ихтилоф карданд, аз њоли ў дар шакканд ва онњоро ба он яќине нест; лекин пайравии гумон мекунанд. Ва ба яќин ўро накуштаанд, –
158. – балки Худо ўро ба сўи Худ бардошт. Ва Худо Ѓолиби Устуворкор аст.
159. Ва аз ањли Китоб њељ кас нест, магар он ки, албатта, ба Исо пеш аз мурдани Исо имон оварад;4 ва рўзи ќиёмат Исо бар онњо гувоњ бошад.
160. Пас ба сабаби зулме, (ки) аз яњудиён (ба зуњур омад) ва ба сабаби боздоштани онњо (мардумони) бисёрро аз роњи Худо бар онњо чизњои покизаеро њаром сохтем, ки барояшон њалол буданд.
161. Ва [ба сабаби] судро гирифтани онњо; ва њол он ки аз он манъ карда шудаанд; ва амволи мардумонро ба ноњаќ хўрдани онњо. Ва барои кофирон аз онњо1 азоби дарддињандае муњайё кардем.
162. Лекин аз онњо собитќадамон дар илм; ва мўъминоне, ки ба он чи ба сўи ту фурў фиристода шудааст ва ба он чи пеш аз ту фурў фиристода шудааст, имон меоранд; ва намозро барподорандагон; ва (њамчунин) закотро дињандагон; ва ба Худо ва рўзи охир имон орандагон – ба ин љамоа ба зудї музди бузург бидињем.
163. Ба дурустї ки Мо ба сўи ту вањй фиристодем, чунон ки ба сўи Нўњ; ва пайѓамбарони пас аз вай вањй фиристодем; ва чунон ки ба сўи Иброњим; ва Исмоил; ва Исњоќ; ва Яъќуб; ва наберагон; ва Исо; ва Айюб; ва Юнус; ва Њорун; ва Сулаймон вањй фиристодем; ва чунон ки ба Довуд Забурро додем.
164. Ва пайѓамбароне, ки ќиссаи онњоро пеш аз ин ба ту гуфтаем ва пайѓамбароне, ки ќиссаи онњоро ба ту нагуфтаем. Ва Худо бо Мўсо сухан гуфт.
165. Пайѓамбарони муждадињанда ва бимкунанда (фиристодем), то мардумонро баъд аз фиристодани пайѓамбарон бар Худо њуљљате набошад.2 Ва Худо Ѓолиби Устуворкор аст.
166. Лекин Худо дар њаќќи он чи ба сўи ту фурў фиристодааст, гувоњї медињад, ки онро ба илми Худ фурў фиристод; ва фариштагон (низ) гувоњї медињанд; ва Худо Гувоњ бас аст.
167. Њамоно касоне, ки кофир шуданд ва аз роњи Худо боздоштанд, дар њаќиќат, ба гумроњии дур гумроњ шуданд.
168. Ба дурустї, Худо касонеро, ки кофир шуданд ва ситам карданд, њаргиз намеомурзад ва ба онњо роњеро наменамояд, –
169. – магар роњи дўзах, [дар њоле ки] дар он њамеша љовиданд. Ва он бар Худо осон аст.
170. Эй мардумон, ба дурустї ки пайѓамбаре ба ростї аз љониби Парвардигоратон ба шумо омад, пас имон оред, [ки] барои шумо бењтар бошад.3 Ва агар кофир шавед, пас, њамоно он чи дар осмонњо ва замин аст, аз они Худо аст. Ва Худо Донои Устуворкор аст.
171. Эй ањли Китоб, дар дини худ аз њад магузаред ва дар бораи Худо ба љуз сухани рост [чизе] магўед. Љуз ин нест, ки Масењ – Исо писари Марям пайѓамбари Худо ва файзи Ўст, ки онро ба сўи Марям андохт; ва рўње аз (љониби) Худост. Пас, ба Худо ва пайѓамбарони Ў имон оред ва магўед: «(Худоён) сеанд». Аз ин бозмонед,4 то барои шумо бењтар бошад.5 Љуз ин нест, ки Худо Маъбуди Ягона аст ва аз он, ки Ўро фарзанде бошад, пок аст; он чи дар осмонњо ва замин аст, аз они Ўст. Ва Худо Корсозанда бас аст.
172. Исо њаргиз аз он нанг надорад, ки бандаи Худо бошад; ва фариштагони муќарраб [низ] (нанг надоранд). Ва Худо њамаи касонеро, ки аз бандагии Ў нанг кунанд ва саркашї намоянд – якљо, назди Хеш хоњад барангехт.
173. Аммо ба касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, муздашонро ба тамом медињад ва ба онњо аз фазли Њуд зиёда медињад. Ва аммо касонеро, ки нанг доштанд ва саркашї карданд, ба азоби дарддињанда азоб мекунад; ва барои худ ба љуз Худо њељ дўсте ва њељ ёридињандае намеёбанд.
174. Эй мардумон, ба дурустї ки далеле аз Парвардигоратон назди шумо омад. Ва равшании ошкоро ба сўи шумо нозил кардем.
175. Аммо касонеро, ки ба Худо имон оварданд ва бо Ў чанг заданд, ба зудї дар рањмату фазл аз назди Худ дармеорад ва ба онњо ба сўи Худ роњи ростро менамоёнад.
176. Аз ту талаби фатво мекунанд, бигў: «Худо шуморо дар боби калола1 фатво медињад: агар марде бимирад, ки фарзандаш нест ва ў хоњаре дошта бошад, пас нимаи он чи гузоштааст, барои хоњараш аст; ва он бародар вориси ин хоњар мешавад, агар ўро фарзанде набошад. Ва агар ду хоњар бошанд, пас, ду саввуми он чи гузоштааст, барои он ду аст. Ва агар онњо љамоа бошанд – мардону занон, пас [њар] мардро баробари насиби ду зан аст. Худо барои шумо баён мекунад, то гумроњ нашавед. Ва Худо ба њама чиз Доно аст».
Достарыңызбен бөлісу: |