1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет24/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   33

53. Сураи Наљм (Ситора)
Дар Макка нозил шуд ва он шасту ду оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Савганд ба ситорае, ки фурў афтад,

2. ин ёри шумо1 гумроњ нашуд ва роњро ѓалат накардааст.

3. Ва сухан аз хоњиши нафс намегўяд.

4. Нест гуфтораш, магар вањй, ки ба ў фиристода мешавад.

5. (Фариштаи) бисёр боќувват ўро омўхтааст –

6. оне, ки соњиби њусн аст, пас, рост истод,

7. дар њоле ки ў ба канораи баланди осмон буд.

8. Сипас наздик шуд ва фуруд омад.

9. Пас, ба масофаи ду камон ё наздиктар аз он расид.

10. Пас, ба сўи бандаи Худо пайѓом расонид – он чиро, ки расонид.

11. Дил(-и пайѓамбар) дар он чи дид, дурўѓ нагуфт.

12. Оё дар бораи он чи пайѓамбар мебинад, бо ў гуфтугў мекунед?

13. Ба дурустї ки ўро2 як бори дигар дида буд,

14. наздики Сидрату-л-Мунтањо,

15. [ки] бињишти оромгоњ наздики он (Сидра) аст.

16. [Фариштаро] ваќте [дид], ки Сидраро пўшонида буд – он чи пўшонида буд.

17. Чашми [пайѓамбар] каљравї накард ва аз (маќсад) таљовуз нанамуд.

18. Њар оина баъзе нишонањои бузурги Парвардигори худро муояна кард.

19. Оё Лот ва Уззоро дидед?

20. Ва Манот – саввуми дигарро?

21. Оё шуморо писар бошад ва Худоро – духтар?

22. Он гоњ ин ќисмат – ќисмати беинсофона бошад.

23. Ин чизе нест, магар номњое чанд, ки шумову падарони шумо онро муќаррар кардаед, ки Худо бар субути он њељ далеле фуруд наовардааст. Онњо [чизеро] пайравї намекунанд, магар вањм(-и фосид) ва чизеро, ки нафс хоњиш мекунад. Ва ба дурустї ки ба онњо аз Парвардигорашон њидоят омадааст.

24. Оё он чи одамї орзу мекунад, барояш муяссар аст?

25. Пас, он љањону ин љањон аз они Худо аст.

26. Ва дар осмонњо бисёр фариштагон њастанд, ки шафоати онњо чизеро нафъ намекунад, магар баъд аз он ки Худо барои њар ки хоњад, дастурї дињад ва ризоманд шавад.

27. Њамоно онон, ки охиратро бовар намедоранд, фариштагонро ба номи духтарон меноманд.

28. Ва онњоро ба ин [гуфтаи худ] њељ донише нест. Онњо [чизеро] пайравї намекунанд, магар вањмро; ва ба дурустї ки вањм барои шинохти њаќиќат чизеро нафъ намедињад.

29. Пас, аз касе, ки аз ёд кардани Мо рўгардон шавад ва ба љуз зиндагонии инљањонї чизеро талаб накунад, ту [низ] эъроз кун.

30. Ин нињояти онњо аз рўи дониш аст. Њамоно Парвардигори ту ба њар ки аз роњи Худо гумроњ шудааст, Доно аст, дар њоле ки Ў ба њар ки роњ ёфт, Доност.

31. Ва он чи дар осмонњову он чи дар замин аст, аз они Худо аст, то ононро, ки бадкорї карданд, ба он чи амал намуданд, љазо дињад; ва ононро, ки некўкорї карданд, ба некўї љазо дињад –

32. – ононеро, ки аз кабоири гуноњон ва бењаёињо – љуз гуноњони саѓира – парњезгорї мекунанд. Њар оина Парвардигори ту Бисёромурзиш аст; ва Ў ба ањволи шумо Доност – ваќте ки шуморо аз замин пайдо кард ва ваќте ки дар шиками модарони хеш љанин будед. Пас, хештанро ситоиш макунед, ки Ў ба њар ки парњезгорї кард, Донотар аст.

33. Оё касеро, ки рўгардон шуд – дидї –

34. ва андаке (аз мол) доду сахтдил шуд?

35. Оё илми ѓайб назди ўст ва ў (њар чизро) мебинад?

36. Оё ба он чи дар сањифањои Мўсост, ба ў хабар дода нашуд –

37. ва дар [сањифањои] Иброњим, ки вафодор буд –

38. – аз он ки њељ бардорандае бори гуноњи дигариро нахоњад бардошт?

39. Ва аз он ки одамиро љуз он чи амал кардааст, [чизе] нарасад;

40. ва аз он ки саъйи ў дида хоњад шуд,

41. сипас ба ў ба якбора љазои комил дода хоњад шуд;

42. ва аз он ки бозгашт ба сўи Парвардигори ту аст;

43. ва аз он ки Ў механдонад ва мегирёнад;

44. ва аз он ки Ў мемиронад ва зинда мекунад;

45. ва аз он ки Ў љуфти нару модаро офарид –

46. – аз нутфа, он гоњ, ки (дар рањм) рехта шавад.

47. ва аз он ки пайдо кардани дигар бар Худо лозим аст;

48. ва аз он ки Ў тавонгар созад ва сармоя дињад;

49. ва аз он ки Парвардигори ситораи Шиъро Ўст;

50. ва аз он ки Ў Оди нахустинро њалок сохт

51. њамроњи Самудро ва њељ касро боќї нагузошт.

52. Ва пеш аз ин ќавми Нўњро (њалок кард), ки онњо ситамкортар ва аз њад гузаштатар буданд.

53. Ва (шањрњои) Мўътафикаро (ба замин) афканд.

54. Пас, бар вай пўшонид – он чи пўшонид.1

55. Пас, дар кадом як аз неъматњои Парвардигорат шубња мекунї?

56. Ин (пайѓамбар) тарсонандае аст аз љумлаи тарсонандагони пешин.

57. Ќиёмат наздик омад.

58. Барои ў, ба љуз Худо, њељ зоњиркунандае нест.

59. Оё аз ин сухан тааљљуб мекунед?

60. Ва механдеду намегирйед?

61. Ва шумо бозикунандагонед.

62. Пас, Худоро саљда кунед ва парастиш намоед.


54. Сураи Ќамар (Моњ)
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу панљ оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќиёмат наздик омаду моњ бишикофт.2

2. Ва агар (кофирон) нишонае бибинанд, рўй бигардонанду гўянд: «Сењре ќавї аст».

3. Ва дурўѓ шумурданд ва пайравии хоњишњои нафсонии худ карданд. Ва њар коре ба ваќти худ ќарор гирифтааст.

4. Ва ба дурустї, ба онњо он чи аз хабарњое омадааст, ки дар он панд аст,

5. донише тамом бошад. Пас, тарсониданњо фоида намедињад

6. ва аз онњо рўй бигардон. Дар он рўзе, ки даъваткунанда ба сўи чизе нохуш даъват кунад,

7. [бибинї, ки] бо чашмњои фурў афканда аз ќабрњо бароянд, гўё онњо малахи парокандаанд,

8. дар њоле ки ба сўи он даъваткунанда шитобкунанда бошанд. Кофирон мегўянд: «Ин рўзи душворе аст».

9. Пеш аз ин ќавми Нўњ дурўѓ шумурданд. Пас, бандаи Моро дурўѓї доштанду гуфтанд: «Девона аст». Ва ў озурда шуд.

10. Пас, Парвардигори худро дуо кард, ки: «Ман маѓлуб шудаам, интиќом бикаш».

11. Пас, Мо дарњои осмонро ба оби бисёри резанда кушодем.

12. Ва чашмањо аз замин равон кардем. Ва бинобар коре, ки муќаддар шуда буд,1 об (аз њар љониб) љамъ шуд.

13. Ва Нўњро бар киштие дорои тахтањову мехњо савор кардем.

14. Ба њузури чашми Мо мерафт, то интиќом барои касоне бошад, ки ўро бовар надошта буданд.

15. Њар оина инро нишонае сохтем. Пас, оё њељ пандгирандае њаст?

16. Пас, азобу тарсониданњои Ман чї гуна буд?

17. Ва ба дурустї ки Ќуръонро осон кардем, то панд гиранд. Пас, оё њељ пандпазирандае њаст?

18. Ќавми Од дурўѓ шумурданд. Пас, азобу тарсониданњои Ман чї гуна буд?

19. Ба дурустї ки Мо дар рўзи шуми баѓоят сахт боди тундро бар онњо фиристодем,

20. ки мардумонро бармеканд, гуё онњо танањои дарахтони хурмои аз бех баркандаанд.

21. Пас, азобу тарсониданњои Ман чї гуна буд?

22. Ва ба дурустї ки Ќуръонро осон кардем, то панд гиранд. Пас, оё њељ пандпазирандае њаст?

23. Ќавми Самуд тарсонандагонро дурўѓї шумурданд.

24. Пас, гуфтанд: «Оё як одамиро, ки аз ќавми худамон аст, пайравї кунем? Њар оина, он гоњ мо дар гумроњї ва девонагї бошем.

25. Оё аз миёни мо вањй ба ў нозил карда шуд? Не, балки ў дурўѓгўи худписанд аст».

26. Фардо хоњанд донист, ки дурўѓгўи худписанд кист?

27. [Ба Солењ гуфтем:] «Ба дурустї ки Мо модашутурро ба љињати озмоиши онњо хоњем фиристод, пас онњоро нигарон бош ва сабр пеш гир.

28. Ва онњоро хабардор кун, ки об дар миёни онњо таќсим шудааст, њар як ба њиссае аз об њозир шавад».

29. Пас, ёри худро овоз доданд ва ў дастдарозї карду [шутурро] пай кард.

30. Пас, азобу тарсониданњои Ман чї гуна буд?

31. Ба дурустї ки Мо бар онњо як наъра фиристодем, пас, монанди гиёњи хушки дарњам шикастаи њазира шуданд.1

32. Ва ба дурустї ки Ќуръонро осон кардем, то панд гиранд. Пас, оё њељ пандпазирандае њаст?

33. Ќавми Лут тарсонандагонро дурўѓї шумурданд.

34. Ба дурустї ки Мо боди сангбор бар онњо фиристодем, ба љуз ањли хонаи Лут, ки онњоро ваќти сањар халос кардем,

35. – ба мењрубоние аз назди Хеш. Њар киро, ки шукргузорї кунад, њамчунин љазо медињем.

36. Њамоно Лут онњоро аз уќубати Мо тарсонида буд. Пас, дар он тарсониданњо мукобара карданд.

37. Онњо сухан гуфтанд, то Лутро аз (њифзи) мењмононаш ѓафлат дињанд. Пас, чашмони онњоро мањв кардем, пас, (гуфтем:) бичашед азобу тарсониданњои Маро.

38. Ва њар оина, як пагоњ азобе љойгиранда бар онњо шабехун зад.

39. Пас (гуфтем): «Бичашед азобу тарсониданњои Маро.

40. Ва ба дурустї ки Ќуръонро осон кардем, то панд гиранд. Пас, оё њељ пандпазирандае њаст?

41. Ва ба дурустї ки тарсонандагон ба Оли Фиръавн омаданд.

42. Њамаи нишонањои Моро дурўѓї шумурданд. Пас, Мо [низ] онњоро даргирифтем – монанди даргирифтани Ѓолиби Ќавї.

43. Оё кофирони шумо аз ин љамоатњо бењтаранд, ё барои шумо дар китобњои пешин њукми халосї аст?

44. Оё мегўянд: «Мо љамоате интиќомгиранда њастем»?

45. Ин љамоат шикаст дода хоњад шуд ва онњо пушт бигардонанд.

46. Балки ќиёмат ваъдагоњи онњо аст ва ќиёмат сахттару талхтар аст.

47. Њамоно гуноњкорон дар гумроњї ва девонагианд.

48. Рўзе, ки онњо бар рўяшон дар дўзах кашида шаванд, [гуфта шавад, ки]: «Бичашед [азоберо, ки аз] даст расонидани дўзах бошад.

49. Ба дурустї ки Мо њар чизро ба андозаи муќаррар пайдо кардем.

50. Ва њукми Мо љуз як калима нест, [ки] монанди як мижа задани чашм аст.

51. Ва Мо амсоли шуморо њалок сохтем, пас, оё њељ пандгирандае њаст?

52. Ва њар чизе, ки кардаанд, дар Номаи аъмол (навишта) аст.

53. Ва њар хурду бузург навишта шудааст.2

54. Ба дурустї ки парњезгорон дар бўстонњову чашмасор бошанд,

55. дар маљлиси ростї – назди Подшоњи Тавоно.
55. Сураи Рањмон (Бахшоянда)
Дар Мадина нозил шуд ва он њафтоду њашт оят во се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. [Худои] Рањмон,

2. ки Ќуръонро омўхт;

3. одамиро офарид,

4. ки ба ў сухан гуфтан омўхт.

5. Офтобу моњ ба њисобе (муќаррар) мераванд.

6. Ва гиёњу дарахт саљда мекунанд.

7. Ва осмонро барафрошт ва тарозуро баргузор кард,

8. то он ки дар тарозу аз њад таљовуз накунед.

9. Ва [вазнро] ба инсоф рост санљед ва дар тарозу нуќсон макунед.

10. Ва заминро барои одамиён густурд,

11. ки дар он (замин) мева ва дарахтони хурмои дорои ѓилофњоанд;

12. ва донаи баргдор ва гули хушбўй аст.

13. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

14. Одамиро аз гили хушкшудае – монанди сафол – офарид.

15. Ва љинро аз шўълаи оташ офарид.

16. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

17. Парвардигори ду машриќ ва Парвардигори ду маѓриб аст.

18. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

19. Ду дарёро равон сохт, то ба њам љамъ шаванд.

20. Миёни ин њар ду њиљобе аст, ки яке бар дигарї таљовуз намекунад.

21. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

22. Марвориду марљон аз он ду (дарё) бармеояд.

23. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

24. Ва Ўрост киштињои барафрошта, монанди кўњњо, ки дар дарё равон шаванд.

25. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

26. Њар ки бар рўи замин аст, фонї шавад.

27. Ва рўи Парвардигори ту, ки Худованди бузургию икром аст, боќї бимонад.

28. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

29. Њар ки дар осмонњо ва замин аст, аз Худо суол мекунад. Њар рўз Худо дар коре аст.

30. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

31. Эй љинну инс, ба зудї (аз њама) фориѓ шуда, ба шумо мутаваљљењ шавем.

32. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

33. Эй гурўњи љинну инс, агар метавонед, ки аз канорањои осмонњову замин берун равед, пас, берун равед. Берун нахоњед рафтан, магар бо ќуввате.1

34. Пас, кадом як аз неъматњом Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

35. Бар шумо шўълае аз оташ ва дуд низ фиристода хоњад шуд, пас, муќобилат натавонед кардан.

36. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

37. Пас, чун осмон бишикофад, мисли гули сурх, монанди адими сурх шавад.

38. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

39. Пас, дар он рўз њељ одамие ва љинне аз гуноњи худ суол карда нашавад.

40. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

41. Гуноњкорон ба ќиёфаи худ шинохта шаванд. Пас, аз мўи пешонї ва пойњо (низ кашида) бигиранд.

42. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

43. Ин њамон дўзах аст, ки гуноњкорон онро дурўѓ шумурда буданд.

44. Дар миёни он (оташ) ва оби гарми љўшида омадурафт мекунанд.

45. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

46. Ва барои касе, ки аз истодан ба њузури Парвардигори худ тарсидааст, ду бўстон аст.

47. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

48. Он ду [бўстон] дорои шохњои бисёранд.

49. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

50. Дар он ду (бўстон) ду чашма меравад.

51. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

52. Дар он ду (бўстон) аз њар мевае ду ќисм бошад.

53. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

54. Бар фаршњое такя задаанд, ки астари он аз дебо бошад ва меваи он ду бўстон наздик бувад.2

55. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

56. Дар он љо занони фурўандозандаи чашмон њастанд, ки њељ одамие ва љинне пеш аз бињиштиён бо онњо љимоъ накардааст.

57. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

58. Гўё он њурон ёќуту марљонанд.

59. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

60. Оё љазои некўкорї љуз некўкорї аст?

61. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

62. Ва ба љуз ин ду бўстон, ду бўстони дигар бошанд.

63. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

64. Аз ѓояти сабзї ба сиёњї мезананд.

65. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

66. Дар он ду бўстон ду чашмаи љўшанда њаст.

67. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

68. Дар он ду бўстон меваву дарахтони хурмову анор бошанд.

69. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

70. Дар он љо занони баргузидаи бољамол бошанд.

71. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

72. Њуроне, ки дар хаймањо нигоњ дошта шудаанд.

73. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

74. Њељ одамие ва љинне пеш аз бињиштиён бо онњо љимоъ накардааст.

75. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

76. Бар болишњои сабзу бисотњои некў такя задаанд.

77. Пас, кадом як аз неъматњои Парвардигоратонро дурўѓ мешумуред, [эй њар ду гурўњи инсу љинн]?

78. Бобаракат аст номи Парвардигори ту, ки Худованди бузургию икром аст.


56. Сураи Воќиъа (Ќиёмат)
Дар Макка нозил шуд ва он наваду шаш оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Он гоњ, ки ќиёмат воќеъ шавад,

2. воќеъ шудани онро њељ дурўѓгўяндае нест.1

3. [Гурўњеро] пасткунанда, [гурўњеро] баландкунанда аст.

4. Он гоњ, ки замин ба якбора сахт љунбонида шавад;

5. ва кўњњо ба якбора реза карда шаванд;

6. пас, монанди ѓубор пароканда шаванд.

7. Ва шумо се ќисм шавед:

8. – Пас, ањли саодат, ки чї андоза ањли саодатанд, [напурс]!

9. – Ва ањли шаќоват, ки чї андоза ањли шаќоватанд, [напурс]!

10. – Ва пешравандагон, ки онњо пешравандагонанд;

11. онњо наздиккардагонанд,

12. ки дар бўстонњои неъмат бошанд.

13. Љамъе бисёр аз пешиниёнанд.2

14. Ва андаке аз пасиниёнанд.3

15. Бар тахтњои зарбофта нишаста бошанд,

16. дар њоле ки рў ба рўи якдигар бар онњо такя задаанд.

17. [Писарони] нављавони љовидонмонда бар гирди онњо гардиш мекунанд.

18. Бо пиёлањову ибриќњову љомњо [-и пур] аз шароби љорї.

19. Онњо аз он (шароб) на сардард мешаванд ва на аз њуш мераванд.

20. Ва аз њар љинс мева, ки писанд кунанд.

21. Ва аз њар љинс гўшти мурѓон, ки хоњиш кунанд.

22. Ва (онњорост) њурони кушодачашм

23. Монанди марвориди пўшида дар садаф –

24. [њама] подош ба (њасби) он чи мекарданд.

25. Дар он љо на сухани бењуда шунаванд ва на њарфе, ки гуноњ бошад,

26. магар гуфтани «салом, салом».

27. Ва ањли саодат, ки чї андоза ањли саодатанд, [напурс]!

28. Дар [зери] дарахтони Сидри бехор;

29. ва дарахтони мавз, ки меваи он болои њам чида шудааст;

30. ва дар сояи бардавом;

31. ва дар оби резон;

32. ва дар меваи бисёр,

33. [ки] на ба поён расад ва на аз он манъ карда шавад;

34. ва фаршњои барафрошташуда.

35. Њамоно Мо њуронро ба як офаридан офаридем.

36. Пас, онњоро дўшизагоне сохтем,

37. мањбубшаванда ва њамумр ба шавњарон,

38. барои ањли саодат.

39. [ки онњо] љамъе бисёр аз пешиниёнанд

40. ва љамъе бисёр аз пасиниён.

41. Ва ањли шаќоват, ки чї андоза ањли шаќоватанд, [напурс]!

42. Онњо дар боди гарму оби гарманд;

43. ва дар сояи дуди сиёњанд,

44. ки на хунук ва на боиззат бошад.

45. Ба дурустї ки онњо пеш аз ин ба ноз парварда буданд.

46. Ва бар гуноњи бузург исрор меварзиданд.1

47. Ва мегуфтанд: «Оё чун бимирем ва хоку устухон шавем, боз мо барангехта шавем?

48. Оё падарони нахустини мо низ (барангехта шаванд)?»

49. Бигў: «Ба дурустї ки пешиниёну пасиниён

50. дар меоди рўзи муќаррар љамъ карда шаванд.

51. Пас, ба дурустї ки шумо, эй гумроњони дурўѓшуморандагон,

52. аз дарахтони Заќќум хоњед хўрд;

53. ва шикамњоро аз он пур хоњед кард;

54. пас, аз болои он оби гарм хоњед ошомид,

55. пас, хоњед ошомид – монанди ошомидани шутурони ташнагизада».

56. Ин аст мењмонии онњо рўзи љазо. мизбонї

57. Мо шуморо офаридем, пас, чаро бовар намекунед?2

58. Оё дидаед он чиро, ки [рањми занон] мерезед?

59. Оё шумо онро меофаринед ё Мо Офаринандаем?3

60. Мо дар миёни шумо маргро муайян кардем ва бар Мо кассе пешигирифта нест,

61. – аз он ки ба ивази шумо ќавме монанди шуморо орем ва шуморо дар он чи биофиринем, ки намедонед.

62. Ва ба дурустї ки офариниши нахустинро донистаед, пас, чаро панд намегиред?

63. Оё он чиро, ки мекоред, дидаед?

64. Оё шумо онро мерўёнед ё Мо Рўёнандаем?

65. Агар хоњем, он зироатро гиёње дарњам шикаста бигардонем, [то] ба тааљљуб монед,

66. (гўед): «Ба дурустї ки мо ќарздор шудем,

67. балки мо мањруммондагонем».

68. Оё он обро, ки меошомед, дидаед?

69. Оё шумо онро аз абр фуруд овардаед ё Мо фурудорандагонем?

70. Агар хоњем, онро шўр бигардонем, пас, чаро шукр намегўед?

71. Оё он оташро, ки меафрўзед, дидаед?

72. Оё шумо дарахти онро офаридед ё Мо Офаринандаем?

73. Мо он дарахтро панде ва барои мусофирон манфиате сохтем.

74. Пас, Парвардигори Бузурги худро ба покї ёд кун!

75. Пас, савганд мехўрам ба афтодани ситорањо –

76. ва агар бидонед, ин савганде бузург аст –

77. он ки ин Ќуръони гиромиќадр аст:

78. «(Навишташуда) дар Китоби Пўшида,1

79. ки ба љуз поккардагон, касе ба он даст намерасонад;

80. аз Парвардигори оламиён фиристода шудааст».

81. Оё шумо ба ин сухан инкоркунандаед?

82. Ва онро, ки ба дурўѓ нисбат мекунед, насибаи худ месозед?

83. Пас, он гоњ, ки рўњ ба нои гулў расад;

84. ва шумо дар он ваќт мебинед;

85. ва Мо ба ў нисбат ба шумо наздиктарем, валекин наменигаред.

86. Пас, агар ѓайри љазододашудагон њастед,

87. агар ростгўй њастед, чаро рўњро боз нагардонед?

88. Ва аммо агар (он мурда) аз наздиккардагон [-и боргоњи илоњї] бошад,

89. пас, роњату гули хушбўю бўстони неъмат (аз они ўст).

90. Ва аммо агар аз ањли саодат бошад,

91. пас, туро, ки аз ањли саодатї, саломат аст.

92. Ва аммо агар аз дурўѓшуморандагони гумроњ бошад,

93. пас, барои ў мењмонї аз оби гарм аст;

94. ва даровардан ба дўзах аст.

95. Њар оина ин хабар росту яќин аст.

96. Пас, номи Парвардигори Бузурги худро ба покї ёд кун.


57. Сураи Њадид (Оњан)
Дар Мадина нозил шуд ва он бисту нўњ оят ва чањор рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Худоро њар чи дар осмонњо ва замин аст, ба покї ёд кард. Ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.

2. Подшоњии осмонњо ва замин аз они Ўст. Зинда мекунад ва мемиронад ва Ў бар њама чиз Тавоно аст.

3. Ў Нахустин(-и њама) ва Охирин(-и њама) ва Ошкору Нињон аст ва Ў ба њар чиз Доно аст.

4. Ў Он [Худой] аст, ки осмонњову заминро дар шаш рўз офарид, сипас бар Арш устувор шуд; он чиро ба замин дармеояд ва он чиро аз он бармеояд ва он чиро аз осмон фуруд меояд ва он чиро дар он боло меравад – медонад. Ва њар љо, ки бошед, Ў бо шумост. Ва Худо ба он чи мекунед, Бино аст.

5. Подшоњии осмонњо ва замин аз они Ўст. Ва корњо ба сўи Худо бозгардонида мешавад.

6. Шабро дар рўз дармеорад ва рўзро дар шаб дармеорад; ва Ў ба он чи дар синањост, Доно аст.

7. Ба Худо ва расули Ў имон оред ва аз он мол, ки шуморо дар вай љонишини дигарон сохтааст, харљ кунед. Пас, онњоеро аз шумо, ки имон оварданд ва харљ карданд, музди бузург аст.

8. Ва чист шуморо, ки ба Худо имон намеоред? Ва расули Ў шуморо даъват мекунад, ки ба Парвардигори худ имон оред. Ва агар бовардоранда њастед, ба дурустї ки аз шумо ањд гирифтааст.1

9. Ва Ў Он [Худой] аст, ки бар бандаи Худ оёти возењро фурў мефиристад, то шуморо аз торикињо ба сўи равшанї берун орад. Ба дурустї ки Худо ба шумо Бахшояндаи Мењрубон аст.

10. Ва чист шуморо, ки дар роњи Худо харљ намекунед? Ва мероси осмонњову? замин аз они Худо аст. Аз шумо онњое, ки пеш аз фатњ(-и Мака) харљ намуданд ва љанг карданд, [бо дигарон] баробар нестанд, онњо аз касоне, ки баъд аз фатњ харљ намуданд ва љанг карданд, дар мартаба бузургтаранд. Ва Худо ба њар яке ваъдаи некўе додаст. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.

11. Кист он, ки Худоро ба якбора ќарзи некў дињад, пас, барои ў он ќарзро дучанд адо кунад ва барои ў музди бузург бошад?

12. Рўзе, ки мардони мўъмин ва занони мўъминро (ба ин сифат) бибинї, ки нури онњо пеши рўй ва аз љониби рости онњо мешитобад [ва ба онњо гуфта шавад]: «Шуморо имрўз бўстонњое мужда бод, ки зери он љўйњо меравад, дар њоле ки дар он љо љовид бошед», ин комёбии бузург аст.

13. Рўзе, ки мардони мунофиќ ва занони мунофиќ ба мўъминон мегўянд: «Ба сўи мо (ба назари шафќат) нигаред, то аз нури шумо равшанї гирем», [ба онњо] гуфта шавад: «Ба паси пушти худ бозгардед ва равшаниро биљўед!»2 Пас, дар миёни онњо деворе бино карда шавад, ки онро дарвозае бошад: дар даруни он девор рањмат аст ва дар беруни он девор – азоб.

14. Мунофиќон ба мўъминон овоз дињанд: «Оё мо њамроњи шумо набудем?» Гўянд: «Оре, валекин шумо хештанро дар бало афкандед ва нигарон будед3 ва шак овардед ва орзуњо шуморо фирефта кард, то он ки фармони Худо бирасид.4 Ва Шайтони фиребанда шуморо дар (фармонбардории) Худо фиреб дод.

15. Пас, имрўз аз шумо ва аз кофирон фидяе фаро гирифта намешавад. Љои шумо оташ аст – њамон (оташе), ки лоиќи шумост; ва (вай) бад бозгаштест».

16. Оё мўъминонро ваќти он нарасидааст, ки њангоми ёд кардани Худо ва он чи аз дини њаќ фуруд омадааст, дилњояшон ниёиш кунад? Ва монанди касоне набошанд, ки ба онњо пеш аз ин Китоб дода шудааст, пас, муддат бар онњо дароз гашт ва дилњояшон сахт шуд ва бисёре аз онњо бадкоронанд.

17. Бидонед, ки Худо заминро – баъд аз мурда буданаш – зинда мекунад. Њар оина Мо нишонањоро барои шумо баён кардем, бувад ки шумо дарёбед.

18. Ба дурустї, барои мардони хайротдињанда ва занони хайротдињанда ва (онњое, ки) Худоро ба якбора ќарзи некў медињанд, барояшон дучанд [подош] дода мешавад ва онњоро музди гиромиќадр аст.

19. Ва онон, ки ба Худо ва пайѓамбарони Ў имон оварданд, гурўњи сиддиќон ва шањидон назди Парвардигори хеш њастанд; ва дорандаи музди худ ва нури худ мебошанд. Ва онон, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурўѓ шумурданд, ањли дўзаханд.

20. Бидонед, ки зиндагонии дунё бозї ва бењудагї ва ороиш ва дар миёнатон худситої ва дар молњову фарзандон зиёдаталабист. Монанди боронест, ки рустании он зироаткунандагонро ба шигифт оварад, сипас хушк шавад ва онро зард бибинї, сипас дарњам шикаста гардад. Ва дар охират азоби сахт аст ва низ аз љониби Худо омурзиш ва хушнудист. Ва зиндагонии дунё чизе нест, магар бањрае, ки боиси фиреб бошад.

21. Ба сўи омурзиш аз љониби Парвардигоратон ва ба сўи бињиште, ки пањноии он ба андозаи пањноии осмону замин аст, сабќат кунед. [Он бињишт] барои касоне омода карда шудааст, ки ба Худо ва пайѓамбарони Ў имон меоранд; ин фазли Худо аст, ба њар ки хоњад, онро медињад. Ва Худо Соњиби фазли бузург аст.

22. Њељ мусибате дар замин ва дар љони шумо намерасад, магар пеш аз он ки он мусибатро биофаринем, дар Китобе навишта шудааст; ба дурустї ки ин бар Худо осон аст.

23. То бар он чи аз дасти шумо рафтааст, андўњ нахўред ва то ба он чи шуморо ато кардааст, шодмон нашавед; ва Худо њар такаббуркунандаи худситояндаро дўст намедорад –

24. – ононеро, ки бухл мекунанд ва мардумонро ба бухл мефармоянд. Ва њар ки рўгардон шавад, [бидонад, ки] Худо њамоно Бениёзи Сутуда аст.

25. Ба дурустї ки Мо пайѓамбарони Худро бо нишонањои возењ фиристодем ва њамроњи онњо Китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардумон ба инсоф амал кунанд; ва оњанро фуруд овардем, ки дар он нерўи сахт ва манфиатњои дигар барои мардумон њаст, то Худо касеро бидонад, ки Худо ва пайѓамбарони Ўро ѓоибона нусрат медињад. Ба дурустї ки Худо Тавонои Ѓолиб аст.

26. Ва ба дурустї ки Нўњ ва Иброњимро фиристодем ва дар авлоди онњо пайѓамбарї ва Китобро нињодем. Пас, баъзеашон роњёбандаанд ва бисёре аз онњо бадкоронанд.

27. Боз, аз паи онњо пайѓамбарони Худро фиристодем; ва Исо писари Марямро аз пай овардем ва ба ў Инљилро додем; ва дар дили тобеонаш мењрубонию бахшоишро нињодем; ва Мо рањбониятеро, ки худ онро пайдо карда буданд, бар онњо фарз насохта будем; лекин ба талаби хушнудии Худо ихтироъ карданд, пас, онро ба њаќќи нигоњ доштанаш нигоњдошт накарданд. Пас, ба касоне, ки аз онњо имон оварданд,1 муздашонро ато кардем; ва бисёре аз онњо бадкоронанд.

28. Эй онњо, ки имон овардаед,1 аз Худо битарсед ва ба пайѓамбари Ў2 имон оред, то ба шумо аз рањмати Худ ду њисса бидињад ва ба шумо нуре бидињад, ки ба он роњ равед ва то шуморо биомурзад. Ва Худо Омурзгори Мењрубон аст.

29. То ањли Китоб бидонанд, ки онњо бар чизе аз фазли Худо ќодир нестанд. Ва (бидонанд, ки) фазл ба дасти Худо аст, онро ба њар ки хоњад, медињад ва Худо соњиби фазли бузург аст.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет