1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет26/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   33

65. Сураи Талоќ
Дар Мадина нозил шуд ва он дувоздањ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй пайѓамбар, чун занонро талоќ дињед, пас, онњоро дар (аввали) иддаташон талоќ дињед2 ва иддатро шумор кунед. Ва аз Худо – Парвардигори хеш битарсед. Онњоро аз хонањояшон берун макунед. Ва бояд ки онњо берун нараванд, магар он ки кори бењаёии ошкоро ба амал оранд. Ва ин њадњои (муќарраркардаи) Худо аст. Ва њар ки аз њадњои Худо таљовуз кунад, пас, ба љони худ ситам кардааст. Њељ кас намедонад, шояд ки Худо баъд аз талоќ кореро пайдо кунад.1

2. Ва чун (муталлаќот) ба меоди худ наздик расанд, пас, онњоро ба ваљњи писандида нигоњ доред ё ба ваљњи писандида аз онњо људо шавед. Ва аз ќавми худ ду каси соњиби адлро гувоњ гиред ва шањодатро барои Худо рост адо кунед. Њар ки ба Худо ва рўзи охир мўъмин бошад, ба ин њукм панд дода мешавад. Ва њар ки аз Худо битарсад, [Худо] барои ў роњи халосие падид меорад.

3. Ва ба ў аз он љое, ки гумон надорад, ризќ медињад. Ва њар ки бар Худо таваккул кунад, пас, Худо ўро бас аст. Ба дурустї ки Худо кори Худро [ба анљом] расонанда аст. Њар оина Худо барои њар чизе андоза сохтааст.

4. Ва аз (љумлаи) занони шумо2 онон, ки аз њайз навмед шуданд, агар ба шубња афтодаед; ва низ онон, ки ба (синни) њайз нарасидаанд, иддаташон се моњ аст. Иддати соњибони њамл он аст, ки њамли худро бинињанд. Ва њар ки аз Худо битарсад, Худо барои ў дар кораш осониро падид меорад.

5. Ин њукми Худо аст, ки онро ба сўи шумо фуруд овард. Ва њар ки аз Худо битарсад, љурмњои ўро аз вай дур кунад ва ба ў зиёда музд дињад.

6. Дар он љое, ки шумо сукунат доред, ба ќадри тоќататон занони муталлаќаро сокин кунед. Ва онњоро изо марасонед, то бар онњо танг гиред. Ва агар соњиби њамл бошанд, пас, барояшон нафаќа дињед, то он ки њамли худро нанињанд. Ва агар ба фармони шумо шир дињанд, пас, ба онњо муздашонро бидињед. Ва ба ваљњи писандида бо якдигар мушоварат кунед. Ва агар бо якдигар [корро] душвор кунед, пас, ба фармудаи ў3 зани дигар шир хоњад дод.

7. Соњиби дорої бояд ки аз дороии худ харљ кунад; ва он кас, ки ризќ бар вай танг карда шуд, бояд аз он чи харљ кунад, ки Худо ба ў додааст. Худо њељ касро таклиф намекунад, магар ба андозаи он чи, ки ба ў додааст. Худо баъд аз тангдастї осоишро падид хоњад овард.

8. Ва басо ањли дењањо, ки ба њукми Парвардигори худ ва пайѓамбарони Ў нофармонї карданд, пас, Мо онњоро ба њисобе сахт муњосаба кардем ва ба азобе душвор азоб кардем.

9. Пас, сазои амали худро чашиданд ва саранљоми корашон зиёнкорї шуд.

10. Худо барояшон азоби сахт муњайё кардааст. Пас, эй соњибони хирад, ки имон овардаед, аз Худо битарсед; ба дурустї ки Худо барои шумо Китобро фуруд овардааст

11. [ва] пайѓамбареро (фиристодааст), ки оёти возењи Худоро барои шумо мехонад, то касонеро, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, аз торикињо ба сўи равшанї барорад. Ва њар киро, ки ба Худо имон орад ва корњои шоиста бикунад, ба бўстонњое дарорад, ки зери он љўйњо меравад; он љо њамеша љовидонанд. Ба дурустї ки Худо ризќро барои ў некў сохтааст.

12. Худо Он аст, ки њафт осмон ва аз замин монанди онро офарид, њукми Ў дар миёни онњо фуруд меояд, то бидонед, ки Худо бар њама чиз Тавоно аст ва (низ бидонед, ки) Худо аз рўи илм њар чизро фаро гирифтааст.


66. Сураи Тањрим (Њаром кардан)
Дар Мадина нозил шуд ва он дувоздањ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй пайѓамбар, чаро он чизеро њаром мекунї, ки Худо барои ту њалол сохтааст, [ва бо ин кор] хушнудии занони худро металабї? Ва Худо Омурзгори Мењрубон аст.

2. Ба дурустї ки Худо барои шумо кушодани савгандњоятонро муќаррар кардааст.1 Ва Худо Корсози шумо аст. Ва Ў Донои Боњикмат аст.

3. Ва чун пайѓамбар ба яке аз занони худ пинњон суханеро гуфт, пас, чун [он зан] он суханро ифшо кард ва Худо пайѓамбарро бар он огоњ сохт, пайѓамбар [он занро] ба баъзеи он сухан шиносо кард ва аз баъзе эъроз кард. Ва ваќте ки ўро ба он хабардор кард, он зан гуфт: «Кї туро ба ин хабар дод?» Фармуд: «Худои Донои Хабардор маро хабар дод».

4. Агар шумо – ду зан,2 ба сўи Худо тавба кунед, (хуш бошад), ба дурустї ки дилњои шумо каљ шудааст. Ва агар ба ранљонидани пайѓамбар бо њам муттафиќ шавед, пас, њамоно Худо Корсози ўст; ва низ Љабраил ва мардумони шоиста аз мўъминон ва фариштагон баъд аз ин мададгоранд.

5. Агар (пайѓамбар) шуморо талоќ дињад, зуд аст, ки Парвардигораш барои ў занони дигар ба иваз дињад: бењтар аз шумо, гарданнињодагон, бовардорандагон, дуокунандагон, тавбанамояндагон, ибодаткунандагон, рўзадорандагон, шавњардидагон ва духтарон.

6. Эй мўъминон, хештан ва ањли хонаи худро аз оташе, ки оташангези он мардумон ва сангњо бошанд, нигоњ доред. Фариштагони дуруштхў, сахтрў бар он оташ муваккаланд, Худоро дар он чи ба онњо фармудааст, нофармонї намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онњо њукм мешавад.

7. Эй кофирон, имрўз узр пеш маоред; љуз ин нест, ки шумо мутобиќи он чи мекардед, љазо дода мешавед.

8. Эй мўъминон, ба сўи Худо ба якбора тавбаи холис кунед; умед њаст, ки Парвардигоратон љурмњоятонро аз шумо дур кунад ва шуморо ба бўстонњое дарорад, ки зери он љўйњо меравад – дар рўзе, ки Худо пайѓамбар ва ононро, ки њамроњи ў имон овардаанд, расво накунад; нури онњо пешопешашон ва аз љониби росташон меравад; мегўянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо тамом дењ ва моро биомурз, ба дурустї ки Ту бар њар чиз Тавоної».

9. Эй пайѓамбар, бо кофирон ва мунофиќон љињод кун ва бар онњо дурушт шав; ва љои онњо дўзах аст; ва вай бад љое аст.

10. Худо барои онон, ки кофир шуданд, зани Нўњ ва зани Лутро достоне падид овард, ки зери никоњи ду бандаи шоиста аз бандагони Мо буданд, пас, ба он ду банда хиёнат карданд. Онњо аз он ду зан чизеро аз (азоби) Худо дафъ накарданд. Гуфта шуд: «Бо дарояндагон ба дўзах дароед».

11. Ва Худо барои онон, ки имон оварданд, зани Фиръавнро достоне падид овард, ки чун гуфт: «Эй Парвардигори ман, назди Худат, дар бињишт хонае барои ман бино кун ва маро аз Фиръавн ва кори ў рањо кун ва маро аз ќавми ситамкорон наљот дењ».

12. Ва Марям – духтари Имронро, ки фарљи худро нигоњ дошт ва Мо аз Рўњи Худ дар он дамидем; ў суханони Парвардигори худ ва Китобњои Ўро бовар дошт ва аз фармонбардорандагон буд.


67. Сураи Мулк (Подшоњї)
Дар Макка нозил шуд ва он сї оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бисёр Бобаракат аст Он (Худой), ки подшоњї ба дасти Ў аст. Ва Ў бар њама чиз Тавоно аст.

2. Он, ки маргу њаётро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом як аз шумо дар амал некўтар аст. Ва Ў Ѓолиби Омурзгор аст.

3. Он, ки њафт осмонро табаќа-табаќа офарид; дар офариниши [Худои] Рањмон њељ безобитагї набинї (эй бинанда), пас, чашмро бозгардон: оё њељ шикастагї мебинї?

4. Пас, чашмро дубора бозгардон, то чашм ба љониби ту хоршуда ва мондашуда бозояд.

5. Ва ба дурустї ки осмони наздикро бо чароѓњо зинат додем ва он чароѓњоро олоти рондани шаётин сохтем ва барои онњо азоби оташи сўзонро омода кардаем.

6. Ва барои онон, ки ба Парвардигори худ кофир шуданд, азоби дўзах аст ва он бад љое аст.

7. Ваќте ки онњо ба дўзах афканда шаванд, аз он овозе монанди овози хар бишунаванд ва он (дўзах) љўш мезанад,

8. наздик аст, ки аз хашм пора-пора шавад. Њар гоњ гурўње ба дўзах афканда шаванд, нигоњбонони дўзах аз он гурўњ суол кунанд: «Оё њељ (пайѓамбари) тарсонандае назди шумо наомада буд?»

9. Гўянд: «Оре, тарсонанда ба мо омада буд, пас, дурўѓ доштем ва гуфтем: Худо њељ чизро фуруд наовардааст ва шумо [дар чизе] нестед, магар дар гумроњии бузург».

10. Ва гўянд: «Агар мо мешунидем ё мефањмидем, дар зумраи ањли дўзах дохил намешудем».

11. Ва ба гуноњи хеш иќрор шаванд. Пас, лаънат бод ба ањли дўзах!

12. Ба дурустї, барои онон, ки аз Парвардигори хеш ѓоибона метарсанд, омурзиш ва музди бузург аст.

13. Ва сухани худро пинњон кунед ё онро ошкоро гўед – њамоно Худо ба он чи дар синањо бошад, Доно аст.

14. Оё Он, ки офаридааст, намедонад? Ва Ў Борикбини Хабардор аст.

15. Ў Он аст, ки заминро барои шумо ром сохт, то дар рўи он роњ равед ва аз ризќи Худо бихўред. Ва барангехтан ба сўи Ўст.

16. Оё аз Он (Зот)-е эмин шудаед, ки дар осмон аст, аз он ки ногањон замин љунбиш кунад, пас, шуморо ба замин фурў барад?

17. Оё аз Он (Зот)-е эмин шудаед, ки дар осмон аст, аз он ки боди сангбор бар шумо бифиристад? Пас, хоњед донист, ки тарсонидани Ман чї гуна аст.

18. Ва њар оина касоне, ки пеш аз онњо буданд, дурўѓ доштанд. Пас, [оё надидед, ки] уќубати Ман чї гуна шуд?

19. Оё паррандагони болои худро надидаанд, ки бол мекушоянду фароњам меоранд? Онњоро ба љуз [Худои] Рањмон касе нигоњ намедорад. Ба дурустї ки Ў ба њар чиз Бино аст.

20. Оё кист он, ки вай барои шумо лашкар аст, шуморо ба љуз Худои Рањмон нусрат медињад? Кофирон [дар чизе] нестанд, магар дар фиреб.

21. Оё кист он, ки агар Худо ризќи Худро бозгирад, ба шумо рўзї дињад? Балки дар саркашї ва рамидагии муњкам пайвастаанд.

22. Оё касе, ки бар рўи худ афтода, нагунсор биравад, роњёфтатар аст ё касе, ки рост истода ба роњи рост меравад?1

23. Бигў: «Ў Он аст, ки шуморо биофарид ва барои шумо шунавої ва чашмњо ва дилњо падид овард. Андаке шукр мекунед».

24. Бигў: «Ў Он аст, ки шуморо дар замин пароканда сохт ва ба сўи Ў барангехта хоњед шуд».

25. Ва мегўянд: «Агар ростгўед, ин ваъда кай бошад?»

26. Бигў: «Љуз ин нест, ки илм назди Худо аст ва љуз ин нест, ки ман бимкунандаи ошкорам».

27. Ва он гоњ, ки он ваъдаро наздик бибинанд, рўи онон, ки кофир шуданд, нохуш карда шавад2 ва гуфта шавад: «Ин аст он чи, ки онро металабидед».

28. Бигў: «Оё мебинед, агар Худо ман ва ононро, ки њамроњи мананд, њалок кунад ё бар мо рањмат кунад, кї кофиронро аз азоби дарддињанда халосї дињад?»

29. Бигў: «Ў Бахшоянда аст, ба Ў имон овардем ва бар Вай таваккул намудем. Пас, хоњед донист, ки дар гумроњии зоњир кист».

30. Бигў: «Оё мебинед, агар оби шумо фурўрафта шавад, пас, кї ба шумо оби равонро биёрад?»


68. Сураи Ќалам
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу ду оят ва ду рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Нун. Савганд ба ќалам ва ба он чи менависанд,

2. ки ту, ба фазли Парвардигорат, девона нестї.

3. Ва ба дурустї ки туро музди бенињоят аст.

4. Ва ба дурустї ки ту бар хўи бузург њастї.

5. Пас, хоњї дид ва онњо низ хоњанд дид,

6. ки девонагї ба кадом як аз шумо аст.

7. Њар оина Парвардигори ту ба касе Донотар аст, ки роњи Ўро ѓалат кард ва (низ) Ў ба роњёфтагон Донотар аст.

8. Пас, дурўѓдорандагонро фармон мабар.

9. Орзу доранд, ки мулоимат1 кунї, то онњо низ мулоимат кунанд.

10. Ва аз њар бисёр савгандхўрандаи муњаќќар фармон ќабул макун

11. – [аз] њар айбкунанда, раванда ба суханчинї,

12. манъкунандаи хайр, аз њад гузашта, гуноњкор,

13. [аз] њар сахтрўй, баъд аз ин њама – њаромзода,2

14. ба сабаби он ки соњиби молу фарзанд аст,

15. чун оёти Мо бар вай хонда шавад, гўяд: «Афсонаи пешиниён аст».

16. Бар бинии ў доѓ хоњем нињод.3

17. Ба дурустї, Мо онњоро озмудем, чунон ки соњибони бўстонро озмуда будем; чун ќасам хўрданд, ки албатта, бўстонро дар ваќти субњ дарав кунанд.

18. Ва «иншоаллоњ» нагуфтанд.

19. Пас, балое аз Парвардигори ту бар он бўстон ба гирд омад4 ва онњо хуфта буданд.

20. Пас, монанди зироати буридашуда гардид.

21. Пас, дар ваќти субњ ба якдигар овоз доданд,

22. ки агар даравкунанда њастед, пагоњї ба кишти худ равед.

23. Ва рафтанду бо якдигар пинњон сухан мегуфтанд:

24. «Имрўз њељ фаќире бояд ки дар бўстони шумо дохил нашавад».

25. Ва пагоњї ба нияти бухл тавоно рафтанд.

26. Ва он гоњ, ки он бўстонро диданд, гуфтанд; «Њар оина мо роњро ѓалат кардаем.5

27. На, балки мо мањруммондагонем».

28. Бењтаринашон гуфт: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки чаро тасбењ намегўед?»6

29. Гуфтанд: «Парвардигори худро ба покї ёд мекунем, њамоно мо ситамкор будем».

30. Пас, якдигарро маломаткунон баъзеашон рў ба баъзе оварданд,

31. гуфтанд: «Эй вой бар мо, њамоно мо аз њад гузашта будем.

32. Умед аст, ки Парвардигори мо бўстоне бењтар аз ин дар иваз ба мо дињад; ба дурустї ки мо ба сўи Парвардигорамон раѓбаткунандаем».

33. Азоб њамчунин аст. Кош медонистанд, ки њамоно азоби охират бузургтар аст.

34. Ба дурустї ки барои парњезгорон назди Парвардигорашон бўстонњои неъмат аст.

35. Оё мусулмононро монанди гуноњкорон гардонем?

36. Чист шуморо, чї гуна њукм мекунед?

37. Оё наздики шумо китобе њаст, ки дар вай мехонед,

38. ки ба ростї њар чи ихтиёр мекунед, дар он барои шумо њаст?

39. Оё шуморо ањдњои муњкам бар зиммаи Мо аст, ки (њукми он) то ба ќиёмат бошад, ки њар оина њар чи њукм мекунед, барои шумо аст?

40. Аз онњо бипурс: кадом як аз онњо ба он зомин аст?

41. Оё онњоро шарикон њастанд? Пас, агар ростгўянд, бояд ки шарикони худро биёранд.

42. Рўзе, ки [љома] аз соќ бардошта шавад ва онњо ба саљда хонда шаванд, пас, натавонанд.

43. Ниёиш дар чашмњояшон зоњир бошад, хорї онњоро фурў гирад. Ба дурустї ки онњо ба саљда дар њоле хонда мешуданд, ки онњо тандуруст буданд.

44. Пас, Маро бо касе бигузор, ки ин суханро дурўѓ мешуморад. Онњоро аз он роње, ки намедонанд, поя-поя фурў хоњем кашид.

45. Ва ба онњо мўњлат хоњам дод. Ба дурустї ки њилаи Ман муњкам аст.

46. Оё аз ин љамоа музд металабї ва онњо аз товон гаронборанд?

47. Оё наздики ин љамоа илми ѓайб аст, ки онњо менависанд?

48. Пас, барои њукми Парвардигорат сабр кун ва монанди соњиби моњї1 мабош, ки чун дуо кард ва [дили] ў аз ѓам пур буд.

49. Агар он намебуд, ки рањмате аз љониби Парвардигораш ўро дарёфт, албатта, дар замини бегиёњ ба њоле партофта мешуд, ки ў бадњол буд.2

50. Пас, Парвардигораш ўро баргузид ва ўро аз љумлаи солењон сохт.

51. Ва ба дурустї, кофирон наздик буданд, ки чун Ќуръонро шуниданд, туро ба чашмњои тези худ билаѓзонанд ва мегўянд: «Ба ростї ки ў девона аст».

52. Ва ба њаќиќат, ин Ќуръон љуз панде барои оламиён [чизи дигар] нест.


69. Сураи Њоќќа (Ќиёмат)
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу ду оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќиёмат!

2. Чї гунна аст ќиёмат, [напурс]!

3. Ва чї чиз туро хабардор кард, ки ќиёмат чї гуна аст?

4. Ќабилаи Самуд ва Од ќиёматро дурўѓ шумурданд:

5. аммо Самуд ба наъраи тунд њалок карда шуданд;

6. ва аммо Од ба боди сахти аз њад даргузашта њалок карда шуданд.

7. Худо он бодро њафт шабу њашт рўзи пай дар пай бар Од баргумошт. Ва он ќавмро ба замин афтода медидї, гўё онњо танањои аз кўњнагї барњамшудаи дарахтони хурмо бошанд.

8. Пас, њељ боќимондаеро аз онњо мебинї?

9. Ва Фиръавну онон, ки пеш аз вай буданд ва ањли Мўътафикот низ гуноњ карданд;

10. ва фиристодаи Парвардигори худро нофармонбардорї карданд. Пас, Худо он љамоаро ба гирифтани сахт даргирифт.

11. Њамоно, ваќте ки об аз њад гузашт, шуморо бар киштии равон савор кардем,

12. то он [воќеа]-ро барои шумо панде бикунем ва гўши ёддорандае онро ёд дорад.

13. Пас, чун дар сур як бор дамида шавад,

14. ва замину кўњњо бардошта шаванд ва ба як бор кўфтан кўфта шаванд.

15. Пас, он рўз [ќиёмати] воќеъшаванда воќеъ шавад.

16. Ва осмон, ки он рўз суст шуда бошад, бишикофад.

17. Ва фариштагон бар канорњои осмон бошанд. Ва он рўз њашт [фаришта] тахти Парвардигоратро болои хеш бардоранд.

18. Он рўз шумо пеш оварда шавед, ки аз њоли шумо њељ сирре пинњон намонад.

19. Аммо он кас, ки Номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад, гўяд: «Номаи аъмоли маро бигиреду бихонед,

20. њар оина мўътаќид будам, ки ман њам ба њисоби худ хоњам расид».

21. Пас, он шахс дар зиндагонии писандида бошад,

22. дар бињиште баланд,

23. ки меваи он наздик аст.

24. [Ба онњо гуфта шавад:] «Гуворо бихўреду биошомед – ба сабаби он чи дар рўзњои гузашта пеш фиристода будед.

25. Ва аммо он кас, ки Номаи аъмолаш ба дасти чапаш дода шавад, гўяд: «Эй кош, Номаи аъмолам ба ман дода намешуд!

26. Ва намедонистам, ки њисоби ман чист,

27. эй кош, марг охиркунандаи кор мебуд!

28. Моли ман маро њељ нафъ накард.

29. Подшоњии ман аз ман нобуд шуд».

30. [Гуфта шавад:] «Ўро бигиред ва тавќ ба гарданаш кунед!

31. Сипас ўро ба дўзах дохил кунед;

32. ва ўро ба занљире дароред, ки дарозиаш њафтод газ бошад».

33. Ба дурустї ки ин шахс ба Худои Бузург имон намеовард;

34. ва (мардумонро) бар таом додани фаќир раѓбат намедод.

35. Пас, ўро имрўз дар ин љо дўсти наздике нест.

36. Ва ин шахсро њељ таоме нест, магар зардоб,

37. ки онро ба љуз гуноњкорон касе нахўрад.

38. Пас, ќасам мехўрам ба он чи мебинед;

39. ва он чи намебинед;

40. ки дурустї, ин (Ќуръон) гуфтори фиристодаи бузургвор аст.

41. Ва он на гуфтори шоирест, ки имон наоред.

42. Ва на гуфтори коњинест, ки панд напазиред.

43. Аз љониби Парвардигори оламиён фуруд оварда шудааст.

44. Ва агар пайѓамбар баъзе суханњоро бар Мо мебаст,

45. албатта, ўро аз дасти рост мегирифтем,

46. сипас раги дили ўро мебуридем.1

47. Пас, њељ кас аз шумо ўро2 боздоранда нест.

48. Ба дурустї ки Ќуръон барои парњезгорон панде аст.

49. Ва њаќиќатан, Мо медонем, ки баъзеи шумо дурўѓдорандаанд.

50. Ва Ќуръон бар кофирон њасрат аст.

51. Ва ба дурустї ки Ќуръон рости дуруст аст.

52. Пас, номи Парвардигори Бузургвори худро ба покї ёд кун.


70. Сураи Маъориљ (Мартабањо)
Дар Макка нозил шуд ва он чињилу чањор оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Хоњандае азоберо дархост кард, ки воќеъ шуданист,

2. – барои кофирон. Ва онро њељ боздорандае нест;

3. (фурудоянда) аз љониби Худо, ки Соњиби мартабањо аст.

4. [Мартабањое, ки бо онњо] фариштагон ва Рўњ3 дар рўзе, ки миќдори он панљоњ њазор сол аст,4 ба сўи Худо боло мераванд.

5. Пас, ба якбора сабри некў бикун.

6. Њамоно кофирон он рўзро дур мебинанд.

7. Ва Мо онро наздик мебинем.

8. Рўзе, ки осмон монанди мис гудохта шавад.

9. Ва кўњњо монанди пашм рангин шавад.

10. Ва њељ хешованд хешованди дигарро напурсад,

11. дар њоле ки њамдигарро мебинанд. Гуноњкор орзу кунад, ки барои азоби он рўз фарзандони худро ба иваз дињад

12. ва (низ) зану бародари худро

13. ва (низ) ќабилаеро, ки ба ў љой медињад

14. ва (низ) њар киро, ки дар замин аст – њамаро якљо – пас, худашро бирањонад.

15. Њаргиз [чунин] набошад. Ба дурустї ки дўзах оташи шўълазананда аст,

16. пўсти сарро кашанда аст,

17. њар киро, ки эъроз кард ва рўгардон шуд, [ба худ] мехонад;

18. ва [он касро, ки] мол љамъ намуд ва дар ованд нигоњ дошт.

19. Њамоно одамї ношикебанда офарида шудааст.

20. Чун мусибате ба ў бирасад, изтиробкунанда аст;

21. ва чун хайре ба ў бирасад, бухлкунанда аст.

22. Магар намозгузорон –

23. онон, ки бар намози худ давомкунандагонанд;

24. ва онон, ки дар амволашон њиссае њаст, муќаррар

25. барои суолкунанда ва бемояи камсуол;

26. ва онон, ки рўзи љазоро бовар медоранд;

27. ва онон, ки аз азоби Парвардигори худ тарсандагонанд –

28. ба ростї, азоби Парвардигорашон (чунон аст, ки) аз он эмин натавон шуд;

29. ва онон, ки андоми нињонии худро нигоњдорандагонанд,

30. магар бар занони худ ё канизаконе, ки дастњояшон молики онњо шудааст ва њар оина онњо маломаткардашудагон нестанд;

31. ва онон, ки ѓайри инро талаб мекунанд, (пас,) касоне аз њад гузаштагон њастанд;

32. ва онон, ки амонатњо ва ањдњои худро риояткунандагонанд;

33. ва онон, ки ба гувоњињои худ истодагонанд;

34. ва онон, ки бар намози худ муњофизаткунандагонанд –

35. ин љамоа дар бўстонњо гиромї њастанд.

36. Пас, кофиронро чист, ки ба сўи ту шитобонанд,

37. гурўњ-гурўњ шуда, аз љониби росту аз љониби чап?

38. Оё њар шахсе аз онњо тамаъ мекунад, ки ба бўстони неъмат дароварда шавад?

39. Њаргиз [чунин] набошад. Ба дурустї ки Мо онњоро аз он чи [ки худ] медонанд, офаридаем.1

40. Пас, ба Парвардигори машриќњо ва маѓрибњо ќасам мехўрам, ки дар њаќиќат Мо Тавоноем

41. – бар он, ки бењтар аз онњо иваз биёрем; ва Мо [дар ин] ољиз нестем.

42. Пас, онњоро бигузор, ки ба бењудагї дароянд ва бозї кунанд, то он ки ба он рўзи худ бархўранд, ки ба онњо ваъда дода мешавад –

43. рўзе, ки аз ќабрњо шитобон бароянд, гўё онњо ба сўи нишонањо медаванд.

44. Дар дидањояшон ниёиш зоњир шуда бошад, онњоро хорї даргирад. Ин он рўз аст, ки ба онњо ваъда дода мешуд.


71. Сураи Нўњ
Дар Макка нозил шуд ва он бисту њашт оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ба дурустї ки Мо Нўњро ба сўи ќавмаш фиристодем, ки: «Ќавми худро битарсон, пеш аз он ки ба онњо азоби дарддињанда биёяд».

2. Гуфт: «Эй ќавми ман, ба дурустї ки ман барои шумо тарсонандаи зоњирам.

3. Худоро ибодат кунед ва аз Ў битарсед ва фармони ман баред,

4. то гуноњонатонро барои шумо биомурзад ва шуморо то ваќти муќаррар мавќуф дорад. Агар медонед, њар оина чун ваќти муќарраркардаи Худо биёяд, њаргиз онро мавќуф дошта нашавад».

5. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман шабу рўз ќавми худро даъват кардам.

6. Пас, даъват кардани ман дар њаќќи онњо ба љуз гурехтан чизеро зиёда накард.

7. Ва њар гоњ, ки ман онњоро даъват кардам, то Ту онњоро биомурзї, ангуштони худро дар гўшњои хеш дароварданд ва љомањои хешро ба худ дарпечиданд ва бар куфр мудовамат карданд ва ба якбора саркашии бузург намуданд.

8. Сипас њамоно ман онњоро ба овози баланд даъват кардам.

9. Боз, ба ростї ки ман ба онњо ошкор гуфтам ва (низ) ба онњо ба якбора пинњон гуфтам.

10. Пас, гуфтам: «Аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, њамоно Ў Омурзанда аст,

11. то бар шумо аз осмон борони резанда фиристад;

12. ва бо амвол ва фарзандон шуморо мадад кунад ва ба шумо бўстонњо бидињад ва барои шумо љўйњо падид орад.

13. Шуморо чист, ки аз Худо бузургиро умед намекунед?

14. Њол он ки шуморо ба таврњои мухталиф офаридааст.

15. Оё намебинед, чї гуна Худо њафт осмонро табаќа-табаќа офарид;

16. ва дар миёни инњо моњро фурўзанда ва офтобро чароѓ(-и дурахшанда) сохт;

17. ва Худо шуморо ба навъе аз рўёнидан аз замин рўёнид.

18. Сипас шуморо ба замин боздарорад ва (низ) ба тавре аз берун овардан шуморо берун орад.

19. Ва Худо барои шумо заминро фароше сохт,

20. то ба роњњои кушодаи он (замин) биравед».

21. Нўњ гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ин љамоа нофармонии ман карданд ва ба касе пайравї намуданд, ки дар њаќќи вай молу фарзандаш ба љуз зиён чизеро зиёда накардааст.1

22. Ва ба якбора њилаи бузург карданд;

23. ва гуфтанд: «Маъбудони худро њаргиз тарк макунед; ва «Вадд» ва «Сувоъ» ва «Яѓус» ва «Яъуќ» ва «Наср»2-ро њаргиз тарк макунед.;

24. Ва ба дурустї ки бисёреро гумроњ карданд ва ба ситамкорон ба љуз гумроњї [чизеро] зиёда мадењ».

25. Ба сабаби гуноњони худ ѓарќ карда шуданд, пас, дар оташ дароварда шуданд; ва барои хеш ба љуз Худо њељ нусратдињандае наёфтанд.

26. Ва Нўњ гуфт: «Аз кофирон њељ сокиншавандаеро бар замин магузор.

27. Ба дурустї, агар Ту онњоро бигузорї, бандагони Туро гумроњ созанд ва ба ѓайр аз бадкори носипосдор касеро назоянд.

28. Эй Парвардигори ман, маро ва падару модари маро ва њар киро, ки имон оварда ба хонаи ман дарояд ва (љамеи) мардони мўъмин ва занони мўъминаро биомурз ва ба ситамкорон ба љуз њалокї чизеро зиёда мадењ».



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет