48. Сураи Фатњ
Дар Мадина нозил шуд ва он бисту нўњ оят ва чањор рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ба дурустї ки Мо барои ту фатњи зоњирро1 хукм кардем,
2. то Худо аз гуноњи ту он чиро, ки собиќ гузашт ва он чиро, ки пас воќеъ шуд, барои ту биомурзад ва неъмати Худро ба ту тамом кунад ва ба ту роњи ростро бинамояд.
3. Ва то Худо туро нусрат дињад – ба нусрати ќавї.
4. Ў Он аст, ки дар дилњои мўъминон итминон фуруд овард, то имоне ба имони собиќашон зиёда шавад. Ва лашкари осмонњо ва замин аз они Худо аст. Ва Худо Донои Боњикмат аст;
5. то мардону занони мўъминро ба бўстонњое дарорад, ки зери он љўйњо равон аст, дар њоле ки дар он љо љовидонанд; ва аз онњо бадињояшонро мањв кунад. Ва ин назди Худо фирўзии бузург аст.
6. Ва то мардону занони мунофиќ ва мардону занони ширкорандаро, ки бар Худо гумони бад доранд, азоб кунад. Гардиши бад бар онњо афтад, Худо бар онњо ба хашм омад ва онњоро лаънат кард ва барояшон дўзахро омода сохт. Ва (дўзах) бад љоест.
7. Ва лашкари осмонњо ва замин аз они Худо аст. Ва Худо Ѓолиби Боњикмат аст.
8. Ба дурустї ки Мо туро гувоњ ва башоратдињанда ва тарсонанда фиристодем,
9. то ба Худо ва расули Ў имон оред ва то нусраташ дињед ва Ўро бузург доред ва бомдоду бегоњ Ўро ба покї ёд кунед.
10. Ба дурустї, онон, ки бо ту байъат мекунанд, љуз ин нест, ки бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастњояшон аст. Ва њар ки ањд бишиканад, љуз ин нест, ки ба зарари нафси худ ањд мешиканад. Ва њар ки ба он чи бо Худо ањд кардааст, вафо кунад, пас, музди бузурге ўро хоњад дод.
11. Пасмондагон аз аъробиён2 ба ту хоњанд гуфт: «Амвол ва фарзандонамон моро машѓул кард, пас, барои мо омурзиш талаб кун». Бо забони худ он чиро мегўянд, ки дар дилашон нест. Бигў: «Агар Худо ба шумо зиён расонидан хоњад, ё дар њаќќи шумо суд додан хоњад, пас, кї метавонад барои шумо чизеро аз Худо [дигар кунад]?» Балки Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.
12. Балки гумон кардед, ки пайѓамбар ва мўъминон њаргиз ба сўи ањли хонаи хеш боз нахоњанд гашт; ва ин гумон дар дили шумо ороста шуд; ва гумон кардед – гумони бад; ва ќавми њалокшуда будед.
13. Ва њар ки ба Худо ва пайѓамбари Ў имон наоварад – пас, њамоно Мо барои кофирон оташро омода кардаем.
14. Ва подшоњии осмонњову замин аз они Худо аст, њар киро хоњад, меомурзад ва њар киро хоњад, азоб мекунад. Ва Худо Омурзгори Мењрубон аст.
15. Ваќте ки барои ба даст овардани ѓаниматњо1 равона шавед, он пасмондагон ба ту хоњанд гуфт: «Бигузоред моро, то аз паи шумо равем». Мехоњанд, ки сухани Худоро табдил кунанд. Бигў: «Шумо њаргиз пайравии мо нахоњед кард – Худо пеш аз ин њамчунин фармудааст». Пас, хоњанд гуфт: «Не, балки ба мо њасад мекунед». Балки инњо (њамеша) фањм намекарданд, магар андаке.
16. Ба пасмондагони аъробиён бигў: «Шумо барои корзори ќавме2 – соњибони корзори сахт – хонда хоњед шуд, ки бо онњо љанг кунед, ё он ки мусулмон шаванд. Пас, агар фармонбардорї кунед, Худо ба шумо музди нек бидињад. Ва агар рўгардон шавед – чунон ки пеш аз ин рўгардон шуда будед, Худо шуморо ба азоби дарддињанда азоб кунад.
17. Бар нобино гуноње нест ва бар ланг гуноње нест ва бар бемор гуноње нест».3 Ва њар ки Худо ва расули Ўро фармон барад, ўро ба бўстонњое дарорад, ки зери он љўйњо меравад. Ва њар ки рўгардон шавад, ўро ба азоби дарддињанда азоб кунад.
18. Ба дурустї ки Худо аз мўъминон – ваќте ки дар зери дарахт бо ту байъат мекарданд, – хушнуд шуд ва он чиро донист, ки дар дили онњо аст. Пас, итминон бар онњо фуруд овард ва ба онњо подош дод: фатњи наздик;
19. ва ѓаниматњои бисёр,4 ки онро ба даст оранд. Ва Худо Ѓолиби Боњикмат аст.
20. Худо ба шумо ѓаниматњои бисёрро ваъда додааст, ки онњоро ба даст меоред; пас, зуд ин (ѓанимат)-ро ба шумо ато кард ва дасти мардумонро аз шумо боздошт, то ин [њама] барои мўъминон нишонае бошад ва то Худо ба шумо роњи ростро бинамояд.
21. Ва низ ѓаниматњои дигар, ки њанўз бар он даст наёфтаед.5 Њар оина Худо бар он ињота кардааст ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.
22. Ва агар кофирон бо шумо љанг мекарданд, албатта, пуштро ба сўи шумо мегардониданд ва дигар корсозе ва нусратдињандае намеёфтанд.
23. Ин оини Худо аст, ки пеш аз ин гузаштааст; ва оини Худоро табдиле нахоњї ёфт.
24. Ва Ўст Он, ки дар миёни Макка дасти онњоро аз шумо ва дасти шуморо аз онњо боздошт, баъд аз он ки шуморо бар онњо фирўзманд сохт. Ва Худо ба он чи мекунед, Бино аст.
25. Онњо6 њамонњоянд, ки кофир шуданд ва шуморо аз Масљиду-л-Њаром боздоштанд ва ќурбониро мавќуф доштанд [ва нагузоштанд], ки ба љои худ бирасад. Ва агар мардону занони мўъмин, ки шумо онњоро намедонед, [дар миёни онњо] намебуданд,(агар хавфи) он (намебуд), ки онњоро поймол кунед ва надониста ба шумо гуноње бирасад, [иљозати њамла кардан ба Макка дода мешуд, валекин ин ба таъхир афтод], то Худо њар киро хоњад, ба рањмати Худ дарорад. Агар аз њам људо мебуданд,1 албатта, кофиронро ба азоби дарддињанда азоб мекардем.
26. Он гоњ, ки кофирон дар дили хеш таассубро – таассуби љоњилиятро нињоданд, Худо низ итминони Худро бар пайѓамбари Худ ва мўъминон фуруд овард ва бар онњо сухани парњезгориро собит кард, ки онњо ба он сазовортар ва ањли он буданд.2 Ва Худо ба њар чиз Доно аст.
27. Њар оина Худо бар пайѓамбар хобро ба њаќ рост баровард: «Агар Худо бихоњад, албатта, эмин шуда ва мўи сари худро тарошида ва кўтоњ карда, тарсон нашуда, ба Масљиду-л-Њаром дохил хоњед шуд». Ў он чиро донист, ки шумо намедонистед ва пеш аз ин фатњи наздикеро муяссар кардааст.
28. Ў Он аст, ки пайѓамбари Худро ба њидоят ва дини рост фиристод, то онро бар њамаи динњо ѓолиб кунад. Ва Худо Гувоњ бас аст.
29. Муњаммад – пайѓамбари Худо ва онон, ки њамроњи ўянд, бар кофирон сахтанд ва дар миёни худ мењрубонанд. Онњоро рукўъкунанда, саљданамоянда мебинї, ки аз Худо фазлу хушнудиро металабанд. Нишонаашон аз асари саљда дар рўйњои онњо аст. Ин (ки мазкур шуд) достони онњо дар Таврот ва достони онњо дар Инљил аст. Онњо монанди зироате њастанд, ки навдаи худро бароварад ва онро ќавї кунад ва ситабр шавад ва бар соќњои худ биистад; ва зироаткунандагонро ба шигифт меоварад, то ба сабаби онњо кофиронро ба хашм орад.3 Худо аз миёни онњо ба касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, омурзиш ва музди бузург ваъда додааст.
49. Сураи Њуљурот (Њуљрањо)
Дар Мадина нозил шуд ва он њаждањ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй мўъминон, рў ба рўи Худо ва расули Ў пешдастї макунед ва аз Худо битарсед, ба дурустї, Худо Шунавои Доно аст.
2. Эй мўъминон, овозњои худро аз овози пайѓамбар баланд макунед ва бо ў монанди баланд гуфтани баъзеи шумо бо баъзе суханро баланд магўед, (аз хавфи он) ки амали шумо нобуд шавад ва шумо хабардор набошед.
3. Ба дурустї, онон, ки овозњои худро назди пайѓамбари Худо паст мекунанд, њамонњоеанд, ки Худо дилњояшонро барои таќво озмудааст. Онњоро омурзиш ва музди бузург аст.
4, Њар оина, аксари онон, ки туро аз паси њуљрањо овоз медињанд, фањм намекунанд.
5. Ва агар онњо сабр мекарданд, то ваќте ки ба сўи онњо берун ої, барояшон бењтар мебуд. Ва Худо Омурзгори Мењрубон аст.
6. Эй мўъминон, агар фосиќе хабареро пеши шумо биёрад, пас, тањќиќ кунед, (аз хавфи) он ки ба нодонї ќавмеро зарар расонед, пас, бар он чи амал кардед, пушаймон шавед.
7. Ва бидонед, ки дар миёни шумо расули Худо аст, агар дар бисёре аз корњо шуморо фармон барад, ба ранљ дарафтед. Валекин Худо имонро барои шумо дўст гардонид ва онро дар дилњои шумо ороста кард ва куфру фисќу нофармониро барои шумо нохуш гардонид. Инњо љамоаи роњёфтагонанд,
8. – ба эњсону неъмат аз назди Худо. Ва Худо Донои Боњикмат аст.
9. Ва агар ду гурўњ аз мўъминон бо якдигар љанг кунанд, пас, миёни онњо сулњ кунед. Ва агар яке аз ин ду бар дигарї тааддї кунад, пас, бо он гурўњ, ки тааддї мекунад, љанг бикунед, то он ки ба сўи њукми Худо руљўъ кунад. Ва агар руљўъ кунад, миёни онњо сулњ кунед – ба инсоф; ва адл кунед; ба дурустї ки Худо адлкунандагонро дўст медорад.
10. Љуз ин нест, ки мўъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулњ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо рањм карда шавад.
11. Эй мўъминон, гурўње бо гурўње тамасхур накунад, эњтимол аст, ки он гурўњ1 аз онњо бењтар бошад. Ва занон бо занони дигар (тамасхур накунанд), эњтимол аст, ки он занон2 аз онњо бењтар бошанд. Ва дар миёни хеш айбљўї макунед ва бо лаќабњои бад якдигарро махонед. Баъд аз имон овардан фосиќї номи баде аст. Ва касоне, ки тавба намекунанд – њамонњо ситамкоронанд.
12. Эй мўъминон, аз гумони бисёр иљтиноб кунед, њар оина баъзе аз гумонњо гуноњ аст; ва љосусї макунед ва якдигарро ѓайбат макунед. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад? Балки аз вай нафрат хоњед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустї ки Худо Тавбапазирандаи Мењрубон аст.
13. Эй мардумон, ба дурустї ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо љамоатњо ва ќабилањо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Њар оина гиромитарини шумо назди Худо парњезгортарини шумо аст, Худо Донои Хабардор аст.
14. Аъробиён гуфтанд: «Имон овардем». Бигў: «Имон наовардаед, валекин бигўед: «Ислом овардем». Ва њанўз имон ба дилњои шумо дарнаомадааст. Ва агар ба Худо ва расули Ў фармонбардорї кунед, ба шумо чизе аз љазои аъмолатон кам надињанд; ба дурустї ки Худо Омурзгори Мењрубон аст».
15. Љуз ин нест, ки мўъминон (ба њаќиќат) ононанд, ки ба Худо ва пайѓамбари Ў имон оварданд ва дигар шубња накарданд ва бо амволу љони худ дар роњи Худо љињод намуданд – он љамоа ростгўёнанд.
16. Бигў: «Оё Худоро ба дини худ хабардор мекунед? Ва Худо он чиро медонад, ки дар осмонњо ва дар замин аст. Ва Худо ба њар чиз Доно аст».
17. Бо он ки мусулмон шудаанд, бар ту миннат менињанд, бигў: «Ба Исломи худ бар ман миннат манињед, балки Худо бар шумо ба он миннат менињад, ки шуморо ба имон њидоят кард, агар ростгў њастед».
18. Њар оина Худо пинњони осмонњо ва заминро медонад ва Худо ба он чи мекунед, Бино аст.
50. Сураи Ќоф
Дар Макка нозил шуд ва он чињилу панљ оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќоф. Ќасам ба Ќуръони бузургвор.
2. Балки онњо аз он ки тарсонандае аз ќавми худашон ба онњо омад, тааљљуб карданд; ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аљиб аст.
3. Оё чун бимирем ва хок шавем (боз зинда мешавем)? Ин бозгардонидан (аз аќл) дур аст».
4. Ба дурустї, Мо донистаем он чиро, ки замин аз онњо кам мекунад;1 ва назди Мо Китоби нигоњдоранда њаст.2
5. Балки онњо сухани ростро – чун ба онњо биомад – ба дурўѓ нисбат карданд. Ва онњо дар коре шўрида афтоданд.
6. Оё ба сўи осмони болои худ наменигаранд, ки чї гуна онро бино кардаем ва оростаем; ва дар он њељ шикофе нест?
7. Ва заминро густурдем ва дар он кўњњо афкандем ва аз њар навъи хушоянда дар он рўёнидем.
8. Роњ намудан ва панд додан барои њар бандаи руљўъкунанда аст.
9. Ва аз осмон оби бобаракат фуруд овардем, пас, ба сабаби он бўстонњо ва донаи кишти даравшаванда рўёнидем;
10. ва дарахтони баланди хурмо, [ки] мевањои он бар њам чида аст,
11. њамчун рўзї барои бандагон аст. Ва бо он [об] шањри мурдаро зинда сохтем. Баромадан (аз гўр) низ чунин аст.
12. Пеш аз онњо ќавми Нўњ ва ањли Расс ва Самуд ба дурўѓ нисбат карданд;
13. ва Од ва Фиръавн ва бародарони Лут;
14. ва ањли Айка ва ќавми Туббаъ – њар яке пайѓамбаронро ба дурўѓ нисбат карданд. Пас, ваъдаи азоби Ман собит шуд.
15. Оё дар офариниши нахустин ољиз шуда будем? Балки онњо аз офариниши нав дар шубњаанд.
16. Ба дурустї ки Мо одамиро офаридем ва он чиро медонем, ки ба ў нафси ў васваса мекунад ва Мо аз раги љон ба вай наздиктарем.
17. Он гоњ, ки ду (фариштаи) фарогиранда, ки ба пањлўи рост ва ба пањлўи чап нишинандаанд, [њамаро] фаро мегиранд.
18. Одамї сухане ба забон намеорад, магар он ки нигоњбоне назди ў муњайё аст.3
19. Ва ба ростї сахтии мавт биёяд – ин аст он чи аз он канора мекардї.
20. Ва дар сур дамида шавад – ин аст рўзи ваъдаи азоб.
21. Ва њар шахсе биёяд – ва њамроњи ў [фариштаи] равонкунандае ва гувоњидињандае њаст.
22. Ба ростї ки ту аз ин (рўз) дар бехабарї будї, пас, аз ту пардаатро бардоштем ва имрўз чашми ту тезбин аст.
23. Ва (фариштаи) њамнишини ў гўяд: «Ин аст он чи ки назди ман њозир карда шудааст».2
24. (Гўем: «Эй ду фаришта,) њар носипоси саркашро дар дўзах биафканед –
25. – он манъкунандаи хайр, аз њад даргузаранда, шакорандаеро,
26. ки бо Худо маъбуде дигар муќаррар кардааст. Пас, њар якеро дар азоби сахт биафканед».
27. Њамнишини ў3 гўяд: «Эй Парвардигори мо, ин шахсро ман гумроњ накардаам, валекин худи ў дар гумроњии дур буд».
28. [Худо] гўяд: «Пеши Ман хусумат макунед, њол он ки пеш аз ин ба сўи шумо ваъдаи азоб фиристода будам.
29. Ваъда назди Ман таѓйир дода намешавад ва Ман бар бандагон ситамкунанда нестам».
30. Рўзе, ки ба дўзах бигўем: «Оё пур шудї?» Ва (дўзах) гўяд: «Оё њељ зиёда аз ин њаст?»4
31. Ва бињишт барои муттаќиён наздик гардонида шавад – дур намонда.
32. [Гўем:] «Ин аст он чи шуморо ваъда дода мешуд – барои њар бозгардандаи нигоњдоранда5 –
33. – оне, ки ѓоибона аз [Худои] Рањмон битарсид ва бо дили бозгашткунанда пеш омад.
34. Бо саломатї дар бињишт дохил шавед». Ин рўзи њамеша будани онњост.
35. Дар бињишт њар чи хоњанд, барои онњо њаст. Ва назди Мо аз он зиёда аст.
36. Ва пеш аз онњо чи бисёр умматњоеро њалок кардем, ки дар дастдарозї аз ин љамоа ќавитар буданд. Пас, дар шањрњо кофтуков карданд, ки оё њељ гурезгоње њаст?
37. Ба дурустї, дар ин сухан барои касе, ки диле дорад ё мутаваљљењ шуда гўш нињад, панде њаст.
38. Ва ба дурустї, осмонњову замин ва он чиро, ки дар миёни њар ду аст, дар шаш рўз офаридем; ва ба Мо њељ мондагї нарасид.
39. Пас, бар он чи мегўянд, сабр кун ва пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фурў рафтани он Парвардигори худро, њамроњ бо ситоиш, ба покї ёд кун.
40. Ва дар баъзе авќоти шаб ва баъди намоз низ Худоро ба покї ёд кун.
41. Ва гўш фаро дењ [ба ин ќисса]: рўзе, ки овоздињанда аз љои наздик овоз дињад;
42. рўзе, ки наъраи тундро ба њаќ бишунаванд, [гўянд]: «Рўзи баромадан [аз ќабрњо] аст.
43. Ба дурустї ки Мо зинда мекунем ва мемиронем ва бозгашт ба сўи Мост.
44. Рўзе, ки замин аз (сари) онњо бишикофад ва онњо шитобон берун оянд. Ин барангехтан барои Мо осон аст.
45. Мо он чиро медонем, ки (онњо) мегўянд ва ту бар онњо љабркунанда нестї. Пас, њар касеро, ки аз ваъдаи азоби Ман метарсад, бо Ќуръон панд дењ.
51. Сураи Зориёт (Бодњои парокандакунандаи хок)
Дар Макка нозил шуд ва он шаст оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба бодњои парокандакунандаи хок – пароканда карданї;
2. пас, (ќасам) ба [абрњои] бардорандаи бор [-и об];
3. пас, (ќасам) ба киштињое, ки ба осонї равоншавандаанд;
4. пас, (ќасам) ба фариштагони таќсимкунандаи кор,1
5. ки ба дурустї, он чи ба шумо ваъда карда мешавад, рост аст;
6. ва ба дурустї ки љазои аъмол буданист.
7. Ќасам ба осмони дорандаи роњњо.2
8. ки ба дурустї, шумо дар сухан мухталиф њастед.
9. Аз ў3 њамон кас бозгардонида мешавад, ки бозгардонида шудааст.4
10. Лаънат карда шуд дурўѓгўёнро –
11. – ононеро, ки дар бехабарї фаромўшкунандаанд,
12. мепурсанд: «Рўзи љазо кай хоњад буд?»
13. [Оре], он рўз, ки онњо дар оташ азоб карда мешаванд,
14. [гўем]: «Уќубати худро бичашед: ин аст он чи, ки онро ба шитоб талаб мекардед».
15. Ба дурустї ки парњезгорон дар бўстонњо ва чашмањо бошанд,
16. дар њоле ки он чиро, ки Парвардигорашон ба онњо додааст, ба даст орандаанд. Њамоно онњо пеш аз ин некўкор буданд;
17. андаке аз шаб хоб мекарданд;
18. ва ба ваќти сањар онњо талаби омурзиш менамуданд;
19. ва дар амволашон барои суолкунанда ва тангдаст њиссае муќаррар буд.
20. Ва дар замин барои яќинкунандагон нишонањое аст –
21. – ва низ дар зоти худи шумо, оё намебинед?
22. Ва ризќи шумо ва он чи ба шумо ваъда дода мешавад, дар осмон аст.
23. Пас, ќасам ба Парвардигори осмону замин, ки ин хабар – монанди он ки шумо сухан мегўед, рост аст.1
24. Оё хабари мењмонони гиромии Иброњим пеши ту наомадааст –
25. он гоњ ки бар Иброњим даромаданд, гуфтанд: «Салом?» Гуфт: «Салом» [ва ба дил гуфт:] «Онњо гурўњи ношинохта њастанд».
26. Пас, ба сўи ањли хонаи худ мутаваљљењ шуд ва (кабоби) гўсолаи фарбењ овард.
27. Пас, таомро ба онњо наздик сохту гуфт: «Оё намехўред?»
28. Пас, дар хотири худ аз онњо тарсе ёфт. Гуфтанд: «Матарс». Ва ўро ба фарзанде доно башорат доданд.
29. Пас, зани Иброњим бо овозе пеш омад ва рўи худро тапонча заду гуфт: «Ман пиразане нозоям».
30. Гуфтанд: «Парвардигори ту њамчунин фармуд. Њамоно, Ў Боњикмати Доно аст».
31. Гуфт:2 «Пас, эй фиристодагон, маќсади шумо чист?»
32. Гуфтанд: «Ба дурустї ки мо ба сўи гурўњи гуноњкорон фиристода шудаем,
33. то бар сари онњо сангборе аз гил бифиристем,
34. ки назди Парвардигори ту барои аз њад берун равандагон нишонманд карда шудааст».
35. Пас, аз мўъминон њар киро, ки дар он дењ буд, берун овардем.
36. Ва дар он љо ѓайри як хона аз мусулмонон наёфтем.3
37. Ва дар он дењ барои онон, ки аз азоби дарддињанда метарсанд, нишона гузоштем.4
38. Ва дар (ќиссаи) Мўсо (нишона аст) – чун ўро бо далели возењ ба сўи Фиръавн фиристодем.
39. Пас, [Фиръавн] њамроњи ќуввати худ5 рўгардон шуду гуфт: «[Ин] љодугар ё девона аст».
40. Пас, ў ва лашкари ўро гирифтем ва дар дарё афкандем ва ў сазовори маломат буд.
41. Ва дар (ќиссаи) Од (нишона аст) – чун боди беманфиатро бар онњо фиристодем.
42. Ба њар чиз, ки бирасад, нагузорад, магар онро монанди устухони пўсида созад.
43. Ва дар (ќиссаи) Самуд (нишона аст) – чун ба онњо гуфта шуд: «То муддате бањраманд бошед».
44. Ва аз фармони Парвардигори хеш сар кашиданд. Пас, онњоро наъраи тунд даргирифт ва онњо медиданд.
45. Пас, бархостан натавонистанд ва интиќомкашанда набуданд.
46. Ва пеш аз ин ќавми Нўњро (њалок сохтем) – њар оина онњо гурўње бадкор буданд.
47. Ва Мо бо ќувват осмонро бино кардем; дар њаќиќат Мо Тавоноем.
48. Ва заминро густуронидем ва некў Густуронанда њастем.
49. Ва аз њар чиз љуфте офаридем, то шумо пандпазир шавед.
50. Пас, [эй пайѓамбар, бигў]: «Ба сўи Худо бигурезед, ба дурустї ки ман аз љониби Ў барои шумо тарсонандаи ошкор њастам.
51. Ва бо Худо маъбуде дигарро муќаррар макунед, ба дурустї ки ман аз љониби Ў барои шумо тарсонандаи ошкор њастам».
52. Њамчунин, назди касоне, ки пеш аз онњо буданд, њељ пайѓамбаре наомадааст, магар он ки гуфтанд: «Љодугаре ё девонае аст».
53. Оё ба якдигар ба ин кор васият карда омадаанд? Балки онњо гурўњи саркашанд.
54. Пас, [эй пайѓамбар], аз онњо рўй бигардон ва ту маломат кардашуда нестї.
55. Ва панд дењ, њар оина панд додан мўъминонро суд медињад.
56. Ва Ман љинну инсро наофаридаам, магар барои ин ки Маро парастанд.
57. Аз онњо њељ ризќе намехоњам ва намехоњам, ки Маро таом дињанд.
58. Ба дурустї ки Худо – њамон Рўзидињанда, Худованди тавоноии матин аст.
59. Ва ба дурустї, ононро, ки ситам кардаанд, аз уќубат насиба аст, монанди насибаи ёрони гузаштаашон. Пас, бояд ки [онро] ба шитоб талаб накунанд.
60. Пас, вой бар кофирон аз он рўзашон, ки ваъда дода мешаванд.
52. Сураи Тур (Кўњи Тур)
Дар Макка нозил шуд ва он чињилу нўњ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Савганд ба кўњи Тур;
2. Савганд ба Китоби навишташуда,
3. ки дар коѓази кушода аст;1
4. ва савганд ба Хонаи Маъмур;2
5. ва савганд ба саќфи барафрошташуда.3
6. ва савганд ба дарёи пур кардашуда,
7. ки ба дурустї, азоби Парвардигори ту, албатта, буданист.
8. Ўро њељ дафъкунандае нест.
9. Рўзе, ки осмон ба якбора љунбидане љунбиш кунад;
10. ва кўњњо ба якбора рафтане равон шаванд,
11. пас, дар он рўз вой бар дурўѓ шуморандагон –
12. – ононе, ки ба бењудагўї бозї мекунанд!
13. Рўзе, ки ба сўи оташи дўзах ба якбора равон кардане ба сахтї бикашанд
14. [ва ба онњо гуфта шавад]: «Ин аст оташе, ки шумо онро дурўѓ мешумурдед!
15. Оё ин сењр аст, ё шумо намебинед?
16. Ба (ин) оташ дароед, пас, хоњ сабр кунед, хоњ сабр накунед – ба шумо баробар аст. Љуз ин нест, ки ба (њасби) он чи мекардед, љазо дода хоњед шуд».
17. Ба дурустї ки парњезгорон дар бўстонњо ва неъматњо бошанд,
18. дар њоле ки – ба сабаби он ки Парвардигорашон ба онњо неъмат дод ва (ба сабаби он ки) [Парвардигорашон] онњоро аз азоби дўзах нигоњ дошт – хушњоланд.
19. [Ба онњо гуфта шавад:] «Ба сабаби он чи мекардед, ба гуворо бихўред ва биошомед,
20. дар њоле ки бар тахтњои баробари якдигар густурда такя зада бошед. Ва Мо онњоро бо њурони кушодачашм љуфт гардонем.
21. Ва онон, ки имон оварданд ва фарзандонашон дар имон дар паи онњо рафтанд, фарзандонашонро ба онњо расонем ва онњоро аз љазои амалашон чизе нуќсон накунем. Њар касе ба он чи амал кард, дар гарав бошад.
22. Ва пай дар пай аз њар љинс меваву гўшт, ки бихоњанд, ба онњо ато кунем.
23. Дар он љо пиёлаи шаробро аз дасти якдигар мегиранд, ки дар он на бењудагўї бошад ва на гуноњ.
24. Ба гирди онњо нављавононе аз барояшон гардиш кунанд, ки гўё онњо марвориди дар парда пинњонанд.
25. ба якдигар рўй оварда бипурсанд,
26. гўянд: «Ба дурустї ки мо пеш аз ин дар миёни ањли хонаи худ тарсон будем.
27. Пас, Худо ба мо неъмати фаровон дод ва моро аз азоби боди гарм нигоњ дошт.
28. Мо пеш аз ин Ўро ибодат мекардем, ба дурустї ки Ў Эњсонкунандаи Мењрубон аст».
29. Пас, [эй пайѓамбар], панд дењ, ки ту ба фазли Парвардигори худ коњину девона нестї.
30. Оё мегўянд: «Шоир аст. Мо дар њаќќи ў њаводиси замонаро нигаронем»?
31. Бигў: «Нигарон бошед, њамоно ман бо шумо аз нигаронбудагон њастам».
32. Оё аќлњояшон онњоро ба он (аќида) мефармояд, ё онњо гурўњи саркашанд?
33. Оё мегўянд: «Ќуръонро худ гуфтааст»? Не, балки имон намеоранд.
34. Агар ростгў њастанд, пас, бояд ки сухане монанди ин биёранд.
35. Оё бе њељ офаринандае офарида шудаанд, ё онњо худ офаридгоранд?
36. Оё осмонњову заминро офаридаанд? Балки онњо бовар намекунанд.
37. Оё хизонањои Парвардигори ту назди онњо аст, ё онњо чирадастанд?
38. Оё онњоро нардбоне њаст, ки бар он [боло рафта] мешунаванд? Пас, бояд ки шунавандаи онњо далели зоњире биёрад.
39. Оё Худоро духтарон ва шуморо писарон аст?
40. Оё аз онњо музде (бар рисолат) суол мекунї ва онњо аз товон гаронбор шудаанд?
41. Оё илми ѓайб назди онњо аст ва онњо менависанд?
42. Оё бадандешї мехоњанд? Пас, кофирон худ дар (зарари) бадандешї гирифтор шудаанд.
43. Оё онњоро ба љуз Худо маъбуде њаст? Худо аз он чи шарик муќаррар мекунанд, Пок аст.
44. Ва агар бибинанд, ки як пора аз осмон афтодааст, гўянд: «Ин абре бар њам нишаста аст».
45. Пас, онњоро бигузор, то он ки ба он рўзи худ мулоќот кунанд, ки дар он бењуш карда шаванд –
46. он рўзе, ки макрашон аз онњо чизеро дафъ накунад ва на онњо нусрат дода шаванд.
47. Ба дурустї ки барои ситамкорон [боз] азобе ѓайри ин аст, валекин аксари онњо намедонанд.
48. Ва ба [интизори] њукми Парвардигорат сабр кун, њамоно ту пеши чашми Мої; ва ваќте ки (субњ) бархезї, Парвардигори худро ба покї – бо ситоиш – ёд кун.
49. Ва Ўро дар баъзе авќоти шаб ва [низ] њангоми ѓоиб шудани ситорањо ба покї ёд кун.
Достарыңызбен бөлісу: |