1. Сураи Фотиња (Кушоянда)


Сураи Муљодала (Љидол кардан)



бет25/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   21   22   23   24   25   26   27   28   ...   33

58. Сураи Муљодала (Љидол кардан)
Дар Мадина нозил шуд ва он бисту ду оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њар оина Худо сухани он занеро шунид, ки бо ту дар боби шавњари худ љидол мекард ва пеши Худо шикоят мекард ва Худо гуфтугў кардани шуморо мешунид.3 Ба дурустї ки Худо Шунавои Бино аст.

2. Аз шумо онон, ки бо занони худ зињор мекунанд4 – [бидонанд, ки] он занон модаронашон нестанд. Модарашон нестанд, магар ононе, ки онњоро зодаанд. Њар оина ин зињоркунандагон сухани номаъќул ва дурўѓ мегўянд. Ва ба дурустї ки Худо Афвкунандаи Омурзгор аст.

3. Ва онон, ки бо занони худ зињор мекунанд, сипас аз он чи гуфтанд, бозмегарданд, пеш аз он ки (зану мард) бо якдигар даст расонанд, озод кардани бандае вољиб аст. Ин њукмест, ки бо он ба шумо панд дода мешавад. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.

4. Ва њар ки наёбад, пас, бар вай, пеш аз он ки њар ду ба якдигар даст расонанд, рўза доштани ду моњи пай дар пай вољиб аст; ва њар ки инро натавонад – пас, таом додани шаст фаќир. Ин њукм барои он аст, ки ба Худо ва пайѓамбари Ў имон оред. Ин (ањком) њадди муќарраркардаи Худо аст. Ва барои кофирон азоби дарддињанда аст.

5. Њар оина касоне, ки бо Худо ва расули Ў мухолифат мекунанд, хор карда мешаванд – монанди хор карда шудани касоне, ки пеш аз онњо буданд. Ба дурустї ки Мо оёти возењ фуруд овардем. Ва барои кофирон азоби хоркунанда аст.

6. Рўзе, ки Худо њамаи онњоро якљо барангезад, пас, онњоро ба он чи карда буданд, хабар дињад. Худо онро дар ёд дорад ва онњо фаромўшаш карданд. Ва Худо бар њама чиз Огоњ аст.

7. Оё надидї, ки Худо он чиро медонад, ки дар осмонњо ва дар замин аст? Њељ бо якдигар роз гуфтани се шахс набошад, магар он ки Худо чањоруми онњо аст, ва њељ роз гуфтани панљ шахс набошад, магар он ки Худо шашуми онњо аст; ва на камтар аз ин ва на зиёда аз ин, магар он ки Худо, њар куљо бошанд, бо онњо аст; сипас рўзи ќиёмат онњоро ба он чи кардаанд, хабар дињад. Ба дурустї ки Худо ба њар чиз Доно аст.

8. Оё касонеро наменигарї, ки аз роз гуфтан ба якдигар манъ карда шуданд,1 сипас ба он чи аз он манъ карда шуданд, бозмегарданд ва бо якдигар дар боби гуноњ ва тааддї ва нофармонбардории пайѓамбар роз мегўянд? Ва чун пеши ту биёянд, туро ба он калимае тањият кунанд, ки Худо туро ба он тањият накардааст;2 ва дар дили хеш мегўянд: «Чаро Худо ба сабаби он чи мегўем, азоб намекунад?»3 Барои онњо дўзах бас аст, он љо дароянд. Ва (дўзах) бад љое аст.

9. Эй мўъминон, чун бо якдигар роз гўед, пас, дар боби гуноњ ва тааддї ва нофармонбардории пайѓамбар роз магўед ва дар боби некўкорї ва парњезгорї роз гўед ва аз Худой битарсед, ки ба сўи Ў њашр карда хоњед шуд.

10. Љуз ин нест, ки роз гуфтани бад аз кори Шайтон аст, то мўъминонро андўњгин кунад; ва ба онњо њељ зиёне намерасонад, магар ба иродаи Худо; ва мўъминон бояд ки бар Худо таваккул кунанд.

11. Эй мўъминон, чун ба шумо гуфта шавад, ки дар маљлисњо кушода бинишинед, пас, љойро кушода кунед, то Худо барои шумо (њар мушкилеро) кушода кунад. Ва чун гуфта шавад: «Бархезед» – пас бархезед, то Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онњо илм ато карда шудааст, ба мартабањо баланд кунад. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.

12. Эй мўъминон, чун хоњед, ки бо пайѓамбар роз гўед, пас, нахуст – пеш аз роз гуфтани худ [ба мустањиќон] хайротро бидињед. Ин кор барои шумо бењтар ва покизатар аст; ва агар наёбед, њамоно Худо Омурзгори Мењрубон аст.4

13. Оё аз он тарсидед, ки нахуст пеш аз роз гуфтани худ хайротро дињед? Пас, чун [ин корро] накардед ва Худо аз шумо даргузашт, боре намозро барпо доред ва закотро бидињед ва Худо ва расули Ўро фармонбардорї кунед. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.

14 Оё касонеро надидї, ки бо ќавме дўстї карданд, ки Худо бар онњо ѓазаб кардааст?5 Инњо на аз шумо њастанд ва на аз онњо ва бардурўѓ савганд мехўранд ва онњо медонанд.

15. Худо барои онњо азоби сахт омода кардааст; ба дурустї ки бад аст он чи мекунанд.

16. Савгандони худро сипар гирифтанд ва (мардумро) аз роњи Худо боздоштанд; пас, барои онњо азоби хоркунанда аст.

17. Амволу авлодашон чизеро аз азоби Худо аз онњо дафъ нахоњад кард. Онњо ањли дўзаханд ва он љо љовидон бошанд.

18. Рўзе, ки Худо њамаи онњоро якљо барангезад; пас, ба њузури Ў савганд хўранд, чунон ки ба њузури шумо савганд мехўранд; ва мепиндоранд, ки онњо бар чизе њастанд. Огоњ шав, ба дурустї ки онњо дурўѓгўёнанд.

19. Шайтон бар онњо ѓолиб омадааст; пас, аз хотири онњо ёд кардани Худоро фаромўш сохт. Онњо гурўњи Шайтонанд. Огоњ шав, ба дурустї ки гурўњи Шайтон зиёнкоронанд.

20. Ба дурустї, онњое, ки бо Худо ва расули Ў мухолифат мекунанд, дар љумлаи хортарини мардумонанд.

21. Худо њукм кардааст: «Албатта, Ману пайѓамбари Ман ѓолиб шавем». Ба дурустї ки Худо Тавонои Ѓолиб аст.

22. Ќавмеро нахоњї ёфт, ки ба Худо ва рўзи охир имон дошта бошанд ва бо касоне дўстї кунанд, ки бо Худо ва расули Ў мухолифат мекунанд, агарчи он касон падарон, ё писарон, ё бародарон, ё хешовандони онњо бошанд. Онњо касонеанд, ки Худо дар дили онњо имонро навиштааст ва ба онњо ба файзи ѓайбї аз љониби Худ ќувват додааст; ва онњоро ба бўстонњое дарорад, ки зери он љўйњо меравад, дар њоле ки дар он љо љовидонанд. Худо аз онњо хушнуд шуд ва онњо аз Худо хушнуд шуданд. Онњо гурўњи Худоянд. Огоњ шав, ба дурустї ки гурўњи Худо растагоронанд.


59. Сураи Њашр (Љамъоварї)
Дар Мадина нозил шуд ва он бисту чањор оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, Худоро ба покї ёд кунад. Ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.

2. Ў Он [Худой] аст, ки касонеро1 аз ањли Китоб, ки кофир шуданд, дар аввали љамъоварї(-и лашкар) аз хонањояшон баровард. Шумо гумон надоштед, ки бароянд ва онњо гумон мекарданд, ки ќалъањояшон нигоњдорандаи онњо аз уќубати Худо аст. Пас, (уќубати) Худо ба онњо аз он љое биёмад, ки намедонистанд ва дар дили онњо тарсро афканд. Хонањои худро бо дасти хеш ва бо дасти мўъминон хароб мекарданд. Пас, ибрат гиред, эй соњибони дидањо.

3. Ва агар на он буд, ки Худо бар онњо љалои ватанро навишт, њар оина онњоро дар дунё уќубат мекард.2 Ва онњоро дар охират азоби оташ аст.

4. Ин (азоб) ба сабаби он аст, ки онњо бо Худо ва расули Ў мухолифат карданд. Ва њар ки бо Худо мухолифат кунад, пас, [бидонад, ки] њар оина Худо сахт уќубаткунанда аст.

5. Он чи аз дарахти хурмо буридед ё онро истода бар бехаш гузоштед – ба фармони Худо буд;1 ва то бадкоронро хор кунад.

6. Ва он чи Худо аз (амволи) онњо2 ба пайѓамбари Худ оид гардонид – на аспонро бар он тохта будед ва на шутуронро, валекин Худо пайѓамбарони Худро бар њар ки хоњад, ѓолиб мегардонад ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.

7. Он чи Худо аз амволи сокинони дењањо ба пайѓамбари Худ оид гардонид – аз они Худо ва пайѓамбар ва хешовандон3 ва ятимон ва фаќирон ва мусофирон аст, то миёни тавонгарон аз шумо дастгардон набошад. Ва њар чи пайѓамбар ба шумо бидињад, онро бигиред ва аз њар чи шуморо манъ кунад, бозистед ва аз Худо битарсед. Њар оина Худо сахт уќубаткунанда аст.

8. (Он файъ низ) аз они фаќирони њиљраткунанда аст, ки аз хонањову амволашон берун карда шуданд, фазлу хушнудии Парвардигори хешро металабанд ва Худову пайѓамбарро нусрат медињанд, онњо њамон ростгўёнанд.

9. Ва (низ) аз они касоне аст, ки пеш аз муњољирон ба Дору-л-Ислом4 љой гирифтанд ва дар имон љой пайдо карданд, њар киро, ки ба сўяшон њиљрат мекунад, дўст медоранд ва аз он чи ба муњољирон дода шавад, дар хотири худ даѓдаѓае намеёбанд ва дигаронро бар хештан муќаддам медоранд, агарчи худ эњтиёљ дошта бошанд. Ва њамонњое, ки аз њирси нафси худашон нигоњ дошта шуданд, растагоронанд.

10. Ва (низ) аз они касоне аст, ки баъди муњољирон омаданд, мегўянд: «Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабќат карданд, биомурз ва дар дилњои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, њељ кина пайдо макун. Эй Парвардигори мо, ба дурустї ки Ту Бахшояндаи Мењрубон њастї».

11. Оё касонеро надидї, ки мунофиќ шуданд, ба он бародарони худ, ки кофиронанд аз ањли Китоб, мегўянд: «Агар шуморо љалои ватан карда шавад, албатта, мо низ њамроњи шумо берун шавем. Ва њаргиз дар муомилаи шумо аз њељ кас фармон ќабул накунем. Ва агар бо шумо љанг карда шавад, албатта, шуморо нусрат дињем»? Ва Худо гувоњї медињад, ки онњо дурўѓгўёнанд.

12. Агар (ањли Китоб) љалои ватан карда шаванд, (мунофиќон) њамроњашон берун намераванд; ва агар (бо ањли Китоб) љанг карда шавад, (мунофиќон) ба онњо нусрат надињанд ва агар (ба фарз) ба онњо нусрат дињанд, албатта, пушти худро бозгардонанд. Баъд аз он ба онњо мадад карда нашавад.

13. Њар оина дар хотири онњо тарс аз шумо сахттар [аз тарс] аз Худо аст. Ин ба сабаби он аст, ки онњо ќавме њастанд, ки намефањманд.5

14. Онњо бо шумо якљо шуда љанг накунанд, магар дар дењањое, ки бар онњо њисор сохта бошанд ё аз паси деворњо; љанг дар миёни худашон сахттар аст. Ту онњоро њама якљо љамъшуда мепиндорї ва [њол он ки] дилњояшон пароканда аст.1 Ин ба сабаби он аст, ки онњо ќавме њастанд, ки ба аќл дарнамеёбанд.

15. [Достони онњо] монанди достони касоне аст, ки дар замони наздик пеш аз онњо буданд, ваболи гуноњи худро чашиданд; ва барои онњо азоби дарднок аст.2

16. [Достони мунофиќон] монанди достони Шайтон аст: чун ба одамї гуфт: «Кофир шав» – пас, чун кофир шуд, гуфт: «Њамоно ман аз ту безорам, ба дурустї ки ман аз Худо – Парвардигори оламиён метарсам».

17. Пас, оќибати кори ин Шайтон ва ин одамї он шуд, ки онњо дар оташ бошанд, он љо љовидонанд. Ва ин аст љазои ситамкорон.

18. Эй мўъминон, аз Худо битарсед. Ва њар шахс бояд бинигарад, ки барои фардо3 чї чиз пеш фиристодааст. Ва аз Худо битарсед, ба дурустї ки Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.

19. Ва монанди касоне мабошед, ки Худоро фаромўш карданд, пас, Худо (аз хотири онњо) худашонро фаромўш гардонид. Онњо бадкоронанд.

20. Ањли дўзах ва ањли бињишт баробар нестанд. Ањлї бињишт ба матлаб расандагонанд.

21. Агар ин Ќуръонро бар кўње фуруд меовардем, албатта, онро аз хавфи Худо ниёишкунанда, пора-пора шаванда медидї. Ва ин достонњое аст, ки барои мардумон баён мекунем, то онњо тафаккур кунанд.

22. Ў Он Худой аст, ки њељ маъбуде нест, магар Ў – Донандаи нињону ошкоро, Ў Бахшояндаи Мењрубон аст.

23. Ў Он Худой аст, ки њељ маъбуде нест, магар Ў – Подшоњ, Нињоят Пок, Солим (аз њама айбњо), Амндињанда, Нигањбон, Ѓолиб, Бошавкат, Бузургвор. Худо аз шарик муќаррар кардани онњо Пок аст.

24. Ў Худой аст – Офаридгор, Навпадидоранда, Нигоранда; Ўро номњои нек аст; њар чи дар осмонњову замин аст, Ўро ба покї ёд мекунад ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.


60. Сураи Мумтањана (Имтињоншуда)
Дар Мадина нозил шуд ва он сенздањ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй мўъминон, душманони Ман ва душманони худро дўст магиред: ба сабаби дўстї ба сўи онњо пайѓом меафканед. [Њол он ки] онњо ба он чи аз дини рост ба шумо омадааст, кофир шудаанд, барои он ки ба Худо – Парвардигори хеш имон овардед, пайѓамбар ва шуморо (низ) љалои ватан мекунанд. (Дўст магиред) агар барои љињод дар роњи Ман ва ба талаби ризомандии Ман аз ватанњои худ баромадаед; пинњон ба сўи онњо пайѓоми дўстї мефиристед. Ва Ман он чиро, ки пинњон мекунед ва он чиро, ки ошкоро менамоед, медонам. Ва њар ки аз шумо ин корро бикунад, пас, дар воќеъ роњи ростро ѓалат кардааст.

2. Агар ба шумо зафар биёбанд, дар њаќќи шумо душман бошанд ва дастњову забонњои худро ба изо ба сўи шумо бикушоянд ва дўст доранд, ки шумо [низ] кофир бошед.

3. Рўзи ќиёмат хешовандон ва фарзандонатон ба шумо суд нахоњанд дод, Худо дар миёни шумо файсала хоњад кард. Ва Худо ба он чи мекунед, Бино аст.

4. Ба дурустї, шуморо ба Иброњим ва онон, ки њамроњи ў буданд, пайравии некў аст – чун ба ќавми худ гуфтанд: «Њамоно мо аз шумо ва он чи ба љуз Худо мепарастед, безорем, ба шумо номўътаќид шудем ва миёни мову шумо душманию кинаи њамеша падид омад, то ваќте ки танњо ба Худо имон наоред» – ѓайр аз ќавли Иброњим падари худро, ки: «Барои ту омурзиш талаб хоњам кард ва барои ту аз Худо чизе [дигар] наметавонам».1 [Иброњим гуфт:] «Эй Парвардигори мо, бар Ту таваккул кардем ва ба сўи Ту руљўъ намудем ва бозгашт ба сўи Ту аст.

5. Эй Парвардигори мо, моро зердасти кофирон макун ва моро биомурз, эй Парвардигори мо. Ба дурустї ки Ту Ѓолиби Боњикматї».

6. Ба дурустї ки ба онњо пайравии некў њаст барои шумо – барои касоне, ки ба (мулоќоти ) Худо ва рўзи охират умед доранд. Ва њар ки рўгардон шавад, пас, њамоно Худо Бениёзи Сутудакор аст.

7. Умед аст, Худо дар миёни шумо ва дар миёни касоне, ки бо онњо душманї доштед, дўстиро пайдо кунад.2 Ва Худо Тавоно аст. Ва Худо Омурзгори Мењрубон аст.

8. Худо шуморо аз некўї кардан ва инсоф намудан дар њаќќи касоне, ки бо шумо дар амри дин љанг накардаанд ва шуморо аз хонањоятон берун накардаанд, манъ намекунад. Ба дурустї ки Худо инсофкунандагонро дўст медорад.

9. Љуз ии несг, ки Худо шуморо аз дўстї доштан бо касоне манъ мекунад, ки бо шумо дар амри дин љанг кардаанд ва шуморо аз хонањоятон берун кардаанд ва дар баровардани шумо муованати дигарон кардаанд. Ва касоне, ки бо онњо дўстї доранд, њамонњо ситамкоронанд.

10. Эй мўъминон, чун занони мўъмин њиљрат карда пеши шумо биёянд, пас, онњоро имтињон кунед.3 Худо ба имонашон Донотар аст. Агар онњоро мўъмин дарёбед, пас, онњоро ба сўи кофирон боз нафиристед; на ин занон барои кофирон њалоланд ва на он кофирон барои ин занон њалоланд; ва ба шавњарон – он чи ки харљ карданд, бидињед.4 Ва бар шумо гуноњ нест, ки агар мањрашонро бидињед, бо онњо никоњ кунед. Ва аќдњои занони кофираро нигоњ мадоред.1 Ва он чиро талаб кунед, ки шумо харљ кардед ва кофирон бояд он чиро талаб кунанд, ки харљ карданд.2 Ин њукми Худо аст, ки [ба он] дар миёни шумо њукм мекунад. Ва Худо Донои Боњикмат аст.

11. Ва агар касе аз занони шумо аз дастатон ба сўи кофирон биравад ва [агар дар навбати худ] ба кофирон уќубат расонед,3 пас, ба онон, ки занонашон рафта бошанд, монанди он чи бидињед, ки харљ карда бошанд. Ва аз Худой битарсед, ки шумо ба Ў бовардорандаед.

12. Эй пайѓамбар, чун занони мўъмин назди ту биёянд ва бо ту ба ин (шарт) байъат кунанд, ки бо Худо чизеро шарик муќаррар накунанд; ва дуздї накунанд; ва зино накунанд; ва авлоди худро накушанд; ва сухани дурўѓеро пеш наоранд, ки онро дар миёни дастњои худ ва (дар миёни) пойњои худ барбаста бошанд;4 ва дар кори нек туро нофармонї накунанд – пас, аз онњо байъат ќабул кун ва аз Худо барои онњо талаби омурзиш кун. Ба дурустї ки Худо Омурзгори Мењрубон аст.

13. Эй мўъминон, бо гурўње дўстї макунед, ки Худо бар онњо хашм гирифтааст; онњо аз савоби охират ноумед шудаанд – чунон ки кофироне, ки аз ањли гўранд, ноумед шудаанд.5
61. Сураи Сафф
Дар Мадина нозил шуд ва он чањордањ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, Худоро ба покї ёд кард ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.

2. Эй мўъминон, чаро мегўед он чи намекунед?

3. Назди Худо бисёр нописандида аст он, ки чизеро бигўед, ки намекунед.6

4. Ба дурустї, Худо касонеро дўст медорад, ки дар роњи Худо саф зада љанг мекунанд, чунон ки гўё онњо иморати муњками ба якдигар часпида њастанд.

5. Ва [ба ёд ор онро, ки] чун Мўсо ба ќавми худ гуфт: «Эй ќавми ман, чаро маро меранљонед? Ва ба дурустї медонед, ки ман фиристодаи Худо ба сўи шумо њастам». Пас, ваќте ки каљравї карданд, Худо дилњояшонро каљ сохт. Худо ќавми бадкоронро роњ наменамояд.

6. Ва [ба ёд ор онро, ки] чун Исо писари Марям гуфт: «Эй Банї Исроил, ба дурустї ки ман пайѓамбари Худо ба сўи шумоам – тасдиќкунандаи он чи аз Таврот, ки пеши дасти ман аст ва башоратдињанда ба пайѓамбаре, ки баъд аз ман биёяд ва номи ў Ањмад бошад». Пас, чун бо мўъљизањо пеши онњо омад, гуфтанд: «Ин сењре зоњир аст».

7. Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурўѓро барбандад ва [дар њоле ки] ў ба сўи Ислом хонда мешавад? Ва Худо гурўњи ситамкоронро роњ наменамояд.

8. Мехоњанд, ки нури Худоро ба дањонњои хеш фурў нишонанд. Ва Худо тамомкунандаи нури Худ аст, агарчи кофирон нохуш доранд.

9. Ў Он [Худой] аст, ки пайѓамбари Худро ба њидоят ва дини рост фиристод, то онро бар њамаи динњо ѓолиб кунад, агарчи мушрикон нохуш доранд.

10. Эй мўъминон, оё шуморо ба он савдогарие далолат кунам, ки шуморо аз азоби дарддињанда бирањонад?

11. Ба Худо ва расули Ў имон оред ва дар роњи Худо бо амволу љонњои худ љињод кунед; агар медонед, ин барои шумо бењтар аст.

12. [Агар чунин кунед], Худо барои шумо гуноњонатонро биомурзад ва шуморо ба бўстонњое, ки зери он љўйњо меравад ва ба манзилњои покиза дар бињиштњои љовидон дарорад. Ин фирўзии бузург аст.

13. Ва неъмате дигар (бидињад), ки онро дўст медоред: (он неъмат) нусрат аз љониби Худо ва фатњи наздик аст. Ва мўъминонро мужда бидењ.

14. Эй мўъминон, нусратдињандагони Худо бошед, чунон ки Исо писари Марям ба ёрони (хосси) худ гуфт: «Нусратдињандагони ман ба сўи Худо кистанд?» Он ёрони хос гуфтанд: «Мо нусратдињандагони Худо њастем». Пас, љамъе аз Банї Исроил имон оварданд ва љамъе кофир монданд. Мо мўъминонро бар душманонашон ќувват додем, пас, ѓолиб шуданд.


62. Сураи Љумуъа (Љумъа)
Дар Мадина нозил шуд ва он ёздањ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њар он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, Худойро, ки Подшоњи Нињоят Поки Ѓолиби Боњикмат аст, ба покї ёд мекунад.

2. Ў Он [Худой] аст, ки дар [миёни] нохондагон1 пайѓамбаре аз худашон барангехт, ки бар онњо оёти Ўро мехонад ва онњоро пок мекунад ва ба онњо Китобу донишро меомўзад. Њамоно онњо пеш аз ин дар гумроњии зоњир буданд.

3. Ва низ дар ќавме дигар2 аз онњо,3 [барангехт], ки њанўз бо онон4 напайвастаанд. Ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.

4. Ин фазли Худо аст, ба њар ки хоњад, онро медињад. Ва Худо Соњиби фазли бузург аст.

5. Достони касоне, ки бар онњо Таврот нињода шуд, пас, онро набардоштанд, монанди достони харе аст, ки китобњоро бардорад. Бад аст достони ќавме, ки оёти Худоро дурўѓ мешумурданд. Ва Худо гурўњи ситамкоронро роњ наменамояд.

6. Бигў: «Эй яњудиён, агар гумон доред, ки шумо – ба љуз соири мардумон – дўстони Худо њастед, пас, маргро орзу кунед, агар ростгў њастед».

7. Вале онњо, ба сабаби он чи дасташон пеш фиристодааст, маргро њаргиз орзу нахоњанд кард. Ва Худо ба ситамкорон Доно аст.

8. Бигў: «Њар оина марге, ки аз он мегурезед, албатта, ба шумо расанда аст ва сипас ба сўи Донандаи нињону ошкоро бозгардонида хоњед шуд ва шуморо ба он чи мекардед, хабар медињад».

9. Эй мўъминон, чун дар рўзи љумъа азон барои намоз дода шавад, пас, ба сўи ёд кардани Худо саъй кунед ва хариду фурўшро бигузоред; агар медонед, ин барои шумо бењтар аст.

10. Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед.

11. Ва чун тиљорате ё бозие бибинанд, мутафарриќ шуда, ба сўи он мутаваљљењ мешаванд ва туро истода бигузоранд.1 Бигў: «Он чи назди Худо аст, аз бозию савдогарї бењтар аст ва Худо Бењтарини рўзидињандагон аст».2
63. Сураи Мунофиќун (Мунофиќон)
Дар Мадина нозил шуд ва он ёздањ оят ва ду рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Чун мунофиќон пеши ту биёянд, гўянд; «Гувоњї медињем, ки ту пайѓамбари Худої». Ва Худо медонад, ки ту пайѓамбари Ў њастї. Ва Худо гувоњї медињад, ки мунофиќон дурўѓгўянд.

2. Онњо савгандњои худро сипар гирифтанд ва [мардумро] аз роњи Худо бозмедоранд; ба дурустї ки он чи онњо мекунанд, бад аст.

3. Ин ба он сабаб аст, ки онњо имон оварданд, сипас кофир шуданд, пас, бар дилњояшон мўњр нињода шуд. Ва онњо намефањманд.

4. Ва чун онњоро бибинї, љисмњояшон туро ба тааљљуб орад; ва агар [сухан] бигўянд, бар суханњояшон гўш нињї, гўё онњо чўбњои ба девор бознињода њастанд, њар овози тундро (њалоке) бар худ мепиндоранд. Онњо душманонанд, пас, аз онњо њазар кун. Худо онњоро њалок кунад! Чї гуна [аз њаќ] гардонида мешаванд?

5. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Биёед, то пайѓамбари Худо барои шумо талаби омурзиш кунад» – сари худро бипечонанд. Ва онњоро бибинї, ки такаббуркунон рўй мегардонанд.

6. Дар њаќќи он љамоа яксон аст, ки барояшон омурзиш талаб кунї ё барояшон омурзиш наталабї: Худо онњоро нахоњад омурзид. Њар оина Худо гурўњи фосиќонро роњ наменамояд.

7. Онњо касонеанд, ки мегўянд:1 «Бар љамоае харљ макунед, ки назди расули Худоанд, то пароканда шаванд». Ва хизонањои осмонњо ва замин аз они Худо аст, валекин мунофиќон намедонанд.

8. Мегўянд: «Агар ба Мадина бозрасем, албатта, бузургтар хортарро аз Мадина берун кунад».2 Бузургї аз они Худо ва пайѓамбари Ў ва мўъминон аст, валекин мунофиќон намедонанд.

9. Эй мўъминон, амволатон ва фарзандонатон шуморо аз ёд кардани Худо машѓул нагардонанд. Ва касоне, ки ин корро бикунанд – њамонњо зиёнкоронанд.

10. Ва аз он чи шуморо ато кардаем, харљ кунед, пеш аз он ки ба яке аз шумо марг биёяд ва бигўед: «Эй Парвардигори ман, кошки маро то муддате андак мавќуф мегузоштї, то садаќа медодам ва аз солењон мешудам».

11. Ва Худо њаргиз касеро, ки аљалаш биёяд, мўњлат намедињад. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.
64. Сураи Таѓобун (Зиён)
Дар Мадина нозил шуд во он њаждањ оят ва ду рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њар он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, Худоро ба покї ёд мекунад; подшоњї ва ситоиш аз они Ўст ва Ў бар њама чиз Тавоно аст.

2. Ў Он [Худой] аст, ки шуморо офарид. Пас, баъзе аз шумо кофир аст ва баъзе аз шумо – мўъмин. Ва Худо ба он чи мекунед, Бино аст.

3. Осмонњову заминро ба (тадбири) дуруст офарид ва шуморо сурат баст; пас, суратњои шуморо нек сохт. Ва бозгашт ба сўи Ўст.

4. Он чиро медонад, ки дар осмонњову замин аст ва он чиро медонад, ки пинњон медоред ва ошкоро мекунед. Ва Худо ба он чи дар синањост, Доно аст.

5 Оё хабари онон ба шумо наомадааст, ки пеш аз ин кофир буданд, пас, ваболи кори худро чашиданд ва барои онњо азоби дарддињанда аст?

6. Ин (азоб) ба сабаби он аст, ки пайѓамбаронашон бо мўъљизањо пеши онњо меомаданд, онњо гуфтанд: «Оё одамиён моро роњ намоянд?» Пас, кофир шуданд ва рўй гардониданд; ва Худо Бениёз аст. Ва Худо Тавонгари Сутуда аст

7. Кофирон пиндоштанд, ки барангехта нахоњанд шуд. Бигў: «Оре, савганд ба Парвардигори ман, албатта, барангехта шавед, сипас шуморо ба он чи мекардед, хабар дода шавад. Ин барои Худо осон аст».

8. Пас, ба Худо ва расули Ў ва ба нуре, ки фурў фиристодаем,1 имон оред. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст.

9. Ваќте ки шуморо дар рўзи ќиёмат ба њам оварад, он рўз рўзи зиёни баъзе нисбат ба баъзе бошад. Ва њар ки ба Худо имон орад ва кори шоиста кунад, љурмњояшро аз ў дур кунад ва ўро ба бўстонњое дарорад, ки зери он љўйњо меравад; дар он љо њамеша љовидон бошанд. Ин фирўзии бузург аст.

10. Ва онон, ки кофир шуданд ва оёти Моро ба дурўѓ нисбат карданд, ањли дўзаханд, он љо љовидонанд. Ва дўзах бад љоест.

11. Њељ мусибате намерасад, магар ба њукми Худо. Ва њар ки ба Худо имон орад, дили ўро роњ намояд. Ва Худо ба њар чиз Доно аст.

12. Ва Худоро фармонбардорї кунед ва расулро фармонбардорї кунед ва агар рўгардон шавед, пас, љуз ин нест, ки бар пайѓамбари Мо пайѓом расонидани ошкоро аст.

13. Худо[-и Якто] аст, ки њељ маъбуде нест, магар Ў. Ва мўъминон бояд ки бар Худо таваккул кунанд.

14. Эй мўъминон, ба дурустї ки баъзе занонатон ва баъзе фарзандонатон дар њаќќи шумо душманонанд, пас, аз онњо битарсед. Ва агар афв кунед ва даргузаред ва биомурзед, пас, њамоно Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

15. Љуз ин нест, ки амвол ва авлоди шумо имтињон аст ва музди бузург назди Худост.

16. Пас, он ќадар ки тавонед, аз Худо битарсед ва сухан шунавед ва фармонбардорї кунед ва нафаќа дињед, ки ин барои љони шумо бењтар бошад. Ва касоне, ки аз бухли нафси худ нигоњ дошта шудаанд, растагоронанд.

17. Агар ба Худо ба якбора ќарзи некў дињед, онро ба шумо дучанд дињад ва шуморо биомурзад; ва Худо Ќадршиноси Бурдбор аст.

18. Донандаи нињону ошкоро, Ѓолиби Боњикмат аст.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   21   22   23   24   25   26   27   28   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет