дар солҳои 2001-2009*
Солҳо
|
Мнллион сомони
|
Бо фоиз аз ММД
|
2003
|
772,3
|
16,22
|
2004
|
1090,6
|
17,68
|
2005
|
1402,6
|
19,46
|
2006
|
1778.7
|
19,05
|
2007
|
3494.8
|
27,29
|
2008
|
4823,8
|
27,24
|
2009
|
5642,9
|
27,30
|
*Маълумотҳо дар асоси маводҳон Оморн солонаи Ҷумҳурин Тоҷикистон - 2009 ва Вазорати молиян Тоҷикнстон ҳнсоб шудаанд
Хароҷопш буҷетҳои маҳаллӣ. Дар асоси моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ танҳо хароҷоти амалҳои зерин маблаггузорӣ мешавад:
-
таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти дав-латй;
-
ташаккули моликияти коммуналӣ дар маҳал ва идораку-нии он;
-
ташкил, таъмпни фаъолнят ва инкишофи муассисаҳои ма-ориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, мат-буоти даврӣ ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба молики-яти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ мебошанд;
-
инкишофи хоҷагии манзилию-коммуналӣ;
-
сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳо, кн аҳамиятп маҳаллӣ Доранд;
211
МОЛИЯ ВА КАРЗ
-
ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳал;
-
ташкили истифода ва коркарди партовҳои резгор;
-
ташкили хизматрасонии нақпиётии аҳолӣ ва муасспсаҳое, ки ба моликнятн коммуналӣ мансубанд ё дар пхтиёри макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;
-
хифзи табиат дар маҳал;
-
амалигардонии барномаҳои максадноки мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ;
-
хизматрасонии қарзи макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти он;
-
кӯмаки молиявии беподош ба ахолӣ;
-
гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳал-лии ҳокимияти давлатй.
Маблаггузории амалҳои дигари мақомоти маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ ва хароҷоти дигар, ки ба масъалаҳои ахамияти маҳаллидошта мансубанд, аз ҷониби мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи гурӯхбандии буҷетии Ҷумхурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.
Хароҷоти якҷояи буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ. Дар моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо-раи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои» омадааст. ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ хароҷоти амалҳои зерин якҷоя маблаггузорӣ мешавад:
-
дастгирии давлатии соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ;
-
таъминоти фаъолияти ҳифзи ҳукуқ;
-
таъминоти бехатарии зидди сӯхтор;
-
фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ, лоиҳакашӣ-мухакқиқӣ, ки пешрафти илмй-техникиро таъмин менамояд;
-
таъмини ҳифзи иҷтимоии ахолӣ;
-
таъмиии ҳифзи табиат, ҳифз ва такрористеҳсоли захи-рахои габиӣ, фаъолияти обухавошиносӣ (шдрометеорологӣ);
212
МЛВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
таъмини пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои вазъ-ияти фавқулодда ва офати табиӣ;
-
инкишофи инфрасохтории бозор;
-
таъмини фаъолияти воситаҳои ахбори умум;
-
кӯмаки молиявӣ ба дигар буҷетҳо;
-
хароҷоти дигар, ки дар ихтиёри муштараки мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Тақсим ва вобаста кардани хароҷоти якҷояи буҷети ҷум-ҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ байни буҷетҳои сатҳҳои мух-талифи низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати мутаносибии мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода шуда, бо Қонун дар боран Буҷети давлатй барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ карда мешаванд.
Тартиби мутобиқсозии тақсимот ва вобаста кардани хароҷоти дар ихтиёри муштараки мақомоти ҳокимият, идо-раи давлатй ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда ме-шавад.
7.7. Раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раванди буҷетӣ ин фаъолияти мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчи-ёни раванди буҷет оиди таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои хуқуқй ба тартиб дароварда мешавад.
Раванди буҷетӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
-
пешгӯикуиии буҷет;
-
таҳияи лоиҳаи буҷет;
-
муҳокима, қабул ва тасдиқи буҷет;
-
иҷрои буҷет;
213
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
- таҳияи ҳисобот оиди иҷрои буҷет.
Иштирокчиёни раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Точикистон
инҳоанд:
-
Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон;
-
мақомоти ҳокимияти конунгузорӣ (намояндагӣ);
-
макомоти ҳокимияти иҷроия;
-
мақомоти танзими пулию қарзӣ ва асъорӣ;
-
мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
-
фондҳои максадноки давлатӣ;'
-
ихтиёрдори асосй, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблагҳои буҷетӣ;
-
ташкилотҳои бучетӣ, корхонаҳои ягонаи (унитарии) дав-латӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои қарзӣ, ки бо маблағҳои буҷетӣ фаъолият мекунанд;
-
мақомоти дигар, ки қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикнстон ба зиммаи онҳо салоҳиятро дар соҳаи идораи молия, буҷет ва андоз вогузор намудааст.
Салоҳияти иштирокчиёни раванди буҷетӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукаррар шудааст.
Мутобиқи моддаи 27-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияп давлатии Ҷумҳурии Тоҷикнстон» Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ра-ванди буҷетӣ салохиятдор аст:
-
бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунро дар боран Буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ қабул куиад;
-
назорати ичрои буҷетро ба роҳ монда, истифодай маб-лагҳои буҷетро аз ҷонпби маблаггирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи тахлилро баррасӣ намояд;
-
бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба до-дан ё гирифтани қарзи давлатӣ ризоят диҳад;
214
МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДЛВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон дар соли молиявии гузашта тасдиқ кунад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ҷунин ваколатҳоро нисбати фондҳои мақсадноки дав-лати низ амалӣ мегардонад.
Салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллии қокимияти давлатӣ дар раванди буҷетӣ дар моддаи 28-уми Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин муқаррар гардидааст:
-
мустақилона буҷети маҳаллиро тасдиқ намуда, иҷрои онро назорат ва ҳангоми зарурат ба он тагйироту иловаҳо ворид менамояд;
-
ба мақомоти болоӣ нишондиҳандаҳои буҷети тасдик намудаи Маҷлиси вакилони халқро барои ба таркиби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани онҳо хабар медиҳад;
-
маблаги буҷетро аз рӯи моддаҳои хароҷот тақсим наму-да, барои истифодаи самарабахши маблагҳои мазкур ҷавобгар мебошад;
-
ҳисоботро оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли гузаш-таи молиявӣ тасдиқ мекунад.
Дар моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди буҷетӣ ҷунин муқаррар шудааст:
-
лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои солн молиявии навбатӣ, масъалаҳои андозаи имкоипазири касрн буҷети давлатӣ ва ман-бак ҷуброни онро бо ҳуҷҷату асноди зарурӣ ба Маҷлиси на-мояпдагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва иҷрои буҷетро таъмин менамояд;
-
оиди лоиҳаи қонунҳое, ки дар онҳо хароҷот аз ҳисоби Маблағи буҷети давлатӣ ҷуброншаванда пешбинӣ мегардад, ба истиснои лоиҳаи қонунҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-
215
МОДИЯ ВА ҚАРЗ
кистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод меку-нанд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаро дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод менамояд;
-
ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум-хурии Тоҷикистонро оид ба додан ё гирифтани қарзи давлатй мегирад;
-
афзалияти қарзгирии давлатӣ ва қарзгирии кафолатно-ки давлатиро муайян намуда, тартиби идораи қарзгирии маз-кур ва ба аиҷом расонидани онро таъмин менамояд;
-
ҳисоботро оиди ичрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар соли молиявии гузашта барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-
лоиҳай қонунҳоро оиди ворид намудани тагйироту ило-ваҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷнкпстон дар бораи Буҷети давла-тии Ҷумхурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявй таҳия намуда, бо хуҷҷату асноди зарурӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ра-ванди буҷетӣ чунин салоҳиятҳо дорад:
-
қоидаҳои умумии ташкили муносибатҳои молиявию бучстии маҳаллиро мукаррар намуда, кредити бучетии мақо-моти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро идора мекунад;
-
лоиҳаи буҷети маҳаллиро барои соли навбатии молиявй ба Маҷлиси вакилони халк пешниҳод мекунад;
-
оиди ворид намудани тагйироту иловаҳо ба қарори Мач-лиси вакилони халқ дар бораи буҷети маҳаллй таклифҳо пеш-ниҳод менамояд;
-
ичрои буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла ҷамъоварии даромаД-ҳоро назорат мс-яамояд;
-
карзи мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлати-ро идора мекунад.
216
МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар моддаи 31-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Ва-зорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди буҷетӣ ба таври зайл мукаррар шудааст:
-
лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба-рои соли навбатии молиявӣ ва лоиҳаи фондҳои мақсадноки давлатиро бо мақомоти дахлдор таҳия намуда, ба Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-
роҳбарии методиро дар соҳаи таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ ва идораи он амалӣ мегардонад;
-
феҳристи ҷамъбастии буҷети ҷумҳуриявиро тартиб медиҳад;
-
дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистоцро таҳия мекунад;
-
ҳисоботро оиди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии То-ҷикистон таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-
намудҳои ҳисобдорӣ ва ҳисобот, тартиби таҳияи онҳоро оиди иҷрои буҷетҳои сатҳҳои мухталифи низоми буҷети дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хароҷоти ташкилотҳои буҷетиро муайян менамояд;
-
буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тар-тиботи муқаррар кардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷро намуда. назорати пешакӣ ва ҷории иҷрои онро амалӣ мегардонад ва бо маблагҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалиёт мегузаронад;
-
хукуқ дорад аз ихтиёрдорони асосӣ, ихтиёрдору қабул-кунандагон ҳисоботро дар бораи истифодаи маблагҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маълумоти днгарро оиди маблаггирӣ, пулгузаронӣ, баҳисобдарорӣ ва истифодаи маблагҳои мазкур талаб намояд;
- аз бонкҳои ваколатдор оиди гузаронидани амалиёт бо
маблагҳои буҷетӣ ва фондҳои мақсадноки давлатй маълумот
талаб менамояд;
217
МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ
-
аз мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй, фондҳои мақсадноки давлатй барои таҳияи дурнамо ва лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ мегирад;
-
дар доираи меъёри (лимити) маблагҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ кардааст ва мувофиқи тартиботи муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории буҷетиро таъмин менамояд;
-
вазъи молиявии маблағгирандагони буҷетӣ, аз ҷумла қарзгирандагону кафолатгирандагонро тибқи муқаррароти қонуи месанҷад;
-
маблағгирандагони буҷетиро аз мавқеи риояи шартҳои гирифтани маблаг ва самаранокии истифодаи онҳо тибқи муқаррароти қонун месанҷад;
-
фаъолияти низоми аудити дохилиро дар асоси стан-дартҳои байналмилалй, мақсаду принсипҳои ягона ва вазифаҳои аудити дохилӣ дар муассисаҳои буҷетӣ таъмин менамояд;
-
таҳлилҳои иқтисодиро оид ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла оид ба воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмй ба буҷет мегузаронад.
7.7.1, Тартиби таҳия, пешииҳод, баррасӣ, қабул ва тасдики буҷетҳо
Тарзи таҳияи лоиҳаи буҷетҳо дар моддаи 34-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатни Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукаррар шудааст. Лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистои барои соли молиявии навбатӣ ва Бар-номаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳия мегардад.
Лоиҳаи Буҷети давлатй дар асоси дурнамои инкишо-фи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои иқтисодиёт, тавозуни ҷамъбасти молиявӣ ва бо назардош-ти фароҳам овардани ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоии
218
МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
давлатӣ дар асоси меъёрҳои харочоти маблағ барои хизма-храсонии давлатӣ, дигар меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.
Ҷараёни таҳияи доихаи буҷети давлатй аз ду марҳила ибо-рат мебошад:
-
таҳияи Барномаи миёнамӯхлати хароҷоти давлатӣ;
-
таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ.
Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ - барномаи сесолаи даромадхо ва хароҷоти давлатӣ мебошад, ки бо он даромадҳои андозӣ, гайриандозй ва грантии буҷети давлатӣ, даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ бо хароҷоти мут-таҳидшудаи буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ мутобики фаслу категорияҳои гурӯҳбандии иктисодӣ, секторҳои гурӯҳбандии функсионалӣ ва ихтиёрдори асосии маблағҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ якҷоя карда шудаанд;
Корҳои вобаста ба таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати харо-ҷоти давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикнстон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба оғози таҳияи лоиҳаи Барномап миёнамӯҳлатп хароҷоти давлатӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳадаф аз таҳиян Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо барои идоракунии захирахои молиявии давлатӣ, мувофики мақсадҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат ва афзалиятҳои сиёсати давлатй мебошад. Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатй заминаи таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ ба шу-мор меравад.
Ҳангоми таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷотн давлатй ва барномаҳои дахлдори миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатй аз маълумотҳои зерин истифода бурда ме-шавад:
219
МОЛИЯ ВА ҚДРЗ
-
пешбинии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон барои як соли пеш аз соли молиявии навбатӣ ва се соли оянда;
-
самтҳои асосии сиёсати андозу буҷет, пулй-қарзӣ ва асъ-ории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои се соли оянда;
-
пешбинии тавозуни ҷамъбастии молиявӣ барои як соли пеш аз соли навбатии молиявӣ ва се соли минбаъда бо ҳаҷми ниҳоии маблағгузорни муайяншудаи давпатии соҳаҳо (бахшҳо);
-
барномаи суроғавии сармоягузорӣ барои се соли оянда, бо ҳаҷми ниҳоии дахлдори маблағгузорӣ;
-
сохтори қарзи давлатӣ, барномаи давлатии қарзгирии дохилӣ ва берунй барои як соли пеш аз соли молиявии навбатӣ ва се соли минбаъда.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдор масъул мебошанд, барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатиро, ки аз ҷониби роҳбарони ин мақомот ба имзо расидааст, дар мӯҳлатҳои мукарраргардида таҳия карда, ба Вазорати мо-лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Дар раф-ти таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ Вазо-рати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумотҳои барои ӯ заруриро талаб намояд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои мукарраряамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар аеоси барномаҳои соҳавии (бахшии) давлатии хароҷот лоиҳаи Бариомаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатиро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи миёна-мӯҳлати хароҷо~и давлатиро ҳар.сол то 1 июл тасдиқ ва нашр намуда, онро барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
220
МЛВЗУИ "7. МОДИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУ РИИ ТОЧИКИСГОН
Барои таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатй ҳуҷҷату маводи зе-рин тайёр карда мешаванд:
-
дурнамои инкишофи- иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон барои соли молиявии навбатӣ;
-
самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз, пулию карзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
дурнамои баланси ҷамъбасти молиявӣ барои соли на-вбатии молиявӣ;
-
барномаи маблағгузории максаднок;
-
нақшаи инкишофи сектори давлатӣ;
-
сохтори карзи давлатӣ, барномаи қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунй;
-
барномаи кафолати давлатӣ;
-
ҳисоби зарари буҷети давлатӣ аз ҳисоби имтиёзҳо дар сохаи андоз;
- хисоби ичрои тахмииии буҷет дар соли ҷорни молиявӣ.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистоы дар асоси карори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои бучетӣ оид ба тартиб додани лоиҳаи бучет барои соли навбатии молиявӣ низомнома тартиб медихад, ки дар он сиёсати андо-зу буҷет, самтҳои асосии даромаду хароҷоти буҷет, ҷадвали омода сохтани он ва қоидаҳои иешниход намудани ҳисобу асосноккунии буҷетҳо муайян карда мешаваид.
Дар моддаи 35-уми Қонуни Ҷумҳурни Тоҷӣкисгон «Дар бо-раи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» тартиби таҳияи буҷети ҷумҳуриявй нишон дода шудааст. Мақомоти идо-Раи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъсктҳои ^оҷагидорй, ки ба тараққиёти иҷтимошо иқтисодии ҷумхурӣ Масъуланд, ба Вазорати молия нишондихандаҳои муфасса-ли истеҳсоли молҳоро (кор, хизматрасониро) барои соли Ҳисоботӣ ва давраи пешп назар, ки барои таҳнян лоиҳаи буҷети Нумҳуриквӣ лозиманд, пешниҳод менамоянд.
221
МОЛИЯ ВАҚАРЗ
Вазорати молия қоидаи таҳияи маълумотро барои тар-тиб додан ва пешниҳод намудани сметаи муассисаҳои буҷетй муқаррар менамояд. Ҳуҷҷатҳое, ки муассисаҳои буҷетй пешниҳод менамоянд, бояд ҷунин маълумотро дар бар гиранд:
-
лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои соли буҷетии оянда аз рӯи соҳаҳо, гурӯҳҳо, бандҳо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳбандии буҷетӣ;
-
лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои давраи миёна-мӯҳлат аз рӯи соҳаҳо, гурӯххо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳ-бандии буҷетӣ;
-
маълумот оиди шабакаи муассисаю ташкилот, мансабҳо (доимй ва муваққатӣ) ва ҳайате, ки барои онҳо пешбинӣ кар-дани маблаг лозим меояд;
-
шарҳу асосноккунии ҳисобот, ки ба Вазорати молия им-кон медиҳад, таклифҳои оид ба буҷетро ҷамъбаст ва таҳлил намояд;
-
таклифҳо оиди тартиб додани барномаҳои сармоягузории давлатӣ барои давраи миёнамӯҳлат, алоҳида барои ҳар сол.
Вазорати молия ҳамаи ҳисобҳои воридот ва пардохтҳои буҷетиро таҳлил намуда, ба муассисаҳои буҷстӣ ислоҳҳои за-руриро пешниҳод менамояд, ҳамчунин ҳаҷми зарурии қарзгирӣ ва манбаъҳои имконпазири гирифтани онро муайян мекунад.
Мутобиқи моддаи 38-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллиро ба Вазорати молия раисони Вилояти Мух-тори Кӯҳистони Бадахаюн, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи буҷетҳои маҳаллй бояд чунин маълумо-тро дар бар гиранд:
-
нишондиҳандаҳои даромаду хароҷог барои соли моли-явии навбатП ва давраи миёна.лӯхлат;
-
хисоби маблаги зарурии кӯмаки молиявӣ (дотатсия) ва мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудс карда мешаванд.
222
МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳу асосноккунии ҳисобҳо ба Вазорати молия имконнят медиханд таклифҳои оиди буҷетро ҷамъбаст ва тахлнл намояд.
Дар мавриди рӯй додани мухолифат байни Вазорати мо-Лия ва макомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ оиди тартиб додани лоиҳаи буҷети маҳаллӣ, Вазорати молия карор кабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Буҷетҳои фондҳои мақсаднокн давлатӣ аз чониби макомоте, ки фондҳои мазкурро идора менамояд, мутобики низомнома ва муҳлати муқаррарнамудаи Вазорати молия тартиб дода ме-шаванд. Дар ҳолати рӯй додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоте, ки буҷети фондҳои максадноки давлатиро таъмин менамоянд, Вазорати молпя қарор қабул карда, ба бар-расии Ҳукумати Ҷумҳурии Тохикистон пешниҳод менамояд.
Дар асоси таклифҳои аз тарафи вазорату идораҳо, муас-сисаҳои буҷетй пешниход гардида, Вазорати молия лоиҳахои буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетхои фондхои мақсадноки давлатиро барои соли навбатии молиявӣ тар-тиб медиҳад ва онро то 20 сентябри соли равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷпкистон пешниҳод мекунад. Ҳукуматн Ҷумхурпи Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳод гардидаи буҷетҳои мазкурро муҳокима карда, қарори дахлдор кабул менамояд ва лоиҳаи буҷети давлатиро ҳар сол то 1 ноябр ба Маҷлиси намоянда-гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷату маводи зерин пешниҳод мекунад:
-
ҷамъбасти тах.минии рушди иҷтимоӣ-иктисодии Ҷум-Ҳурии Тоҷикисгон дар соли сипаришуда;
-
дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон барои соли молиявии навбатй;
-
самтҳои асосии сиёсати буҷет ва андоз барои соли мо-лиявии навбатӣ;
-
дуркамои тавозуни ҷамъбастии молиявӣ барои соли мо-лиявии навбатй;
223
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
-
лоиҳаҳои барномаҳои мақсадноки умумиҷумҳуриявй, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблаггузорӣ мешаванд;
-
ҳисобу китоб аз рӯи моддаҳои гурӯҳбандии буҷети ҷум-ҳуриявӣ, қисм ва бандҳои гурӯҳбандии вазифавии буҷет ба-рои соли молиявии навбатй;
-
ҳисобҳо вобаста ба ихтиёрдорони асосй ва ихтиёрдоро-ни маблагҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ;
-
лоиҳаи барномаы қарзгирии давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба давлатҳои хориҷӣ додани қарз дар соли мо-лиявии навбатӣ;
-
лоиҳаи сохти қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва барномаи қарзгирии дохилӣ, ки барои пардохти кас-ри буҷет пешбинӣ шудаанд;
-
лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди боздош-тани амал ё бекор кардани қонунҳое, ки дар онҳо хароҷоти маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинй мегардад;
-
ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мувофиқи Дастури Маҷлиси намоян-дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда ме-шавад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точи-кистон Қонунро дар бораи Буҷети давлатй барои соли молия-вии навбатӣ қабул мекунад ва онро барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ме-намояд.
Дар сурати то 33 декабри соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои қабул нашудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ, буҷети соли нави молиявӣ мувофики хароҷоте, ки дар Қонуии буҷети давлатии соли гузашта тасдиқ шудааст, танзим карда мешавад. Дар Ч) нин ҳолат Вазорати молия ба вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷетй барои хароҷот ба миқдори аз дувоздаҳ як ҳиссаи хароҷоти соли буҷетии гу-зашта барои ҳар моҳи пурра маблағ медиҳад. Маблағгузории
224
МАВЗУИ 7. МОЛИЯН ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, хизматрасонии қарз ва фо-Изи он пурра иҷро карда мешавад.
Маблагҳои воридшуда, дигар воридот, хароҷоти давраи пеш аз қабули буҷети давлатӣ суратгирифта, аз тарафи Вазо-рати молия баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли мо-лиявии навбатӣ танзим карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мав-риди тасдиқ нашудани буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллиро бо риояи шартҳои зикршуда иҷро менамояд. . Лоиҳаи қонунҳо оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблагҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тагйирёбии маблағгузорй ба ан-дозаи зисда аз 10 фоизитаъиноти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бо-раи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи буҷети иловагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тағйирёбии маблаггузорӣ ба андо-заи то 10 фоизи таъииоти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқук дорад дар бо-раи ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ бе тағйири касри буҷет қарор қабул намояд, ки он ба маълумоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад. Маҷлиси намоянда-гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро бо тартиби гайрннавбатӣ дар давоми 15 рӯз баррасӣ менамояд.
225
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй, дигар санадҳои меъёрӣ ва ҳукукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Барои тар-тиб додани буҷетҳои маҳаллӣ, мақоми молияи маҳаллӣ масъ-ул мебошад.
Достарыңызбен бөлісу: |