Танзими давлатии ҷараёпи таваррум - ин ҷамъи чораҳои аз тарафи давлат андешидашуда мебошад, ки ба маҳдудкунии баландравии нарх ва устуворкунии низоми пулӣ равона шу-дааст. Танзими давлатии ҷараёни таваррум ба воситаи сиёса-ти дефлятсионӣ (ё танзими талабот) ва сиёсати даромадҳо (ё танзими харҷҳо) гузаронида мешавад.
Сиёсати дефлятсионӣ танзими талаботи пулиро ба воси-таи механизми пулӣ - қарзӣ ва андозӣ бо рохи кам намудани хароҷоти давлатй, баланд намудани меъёри фоизи қарз, зиёд кардани андозхо, махдуд намудани ҳаҷми пул дар назар до-Рад. Хусусияти амали сиёсати дефлятсионӣ дар он аст, ки вай ооиси пастшавии афзоиши иқтисодӣ мегардад.
Сиёсати даромадҳо назорати ҳам нархҳо ва ҳам музди
^еҳнатро ба воситаи пурра бетағйир монондани онҳо ё мукар-
РаР намудани худуди зиёдшавии онҳоро дар назар дорад. Ин
^есат ба норозигии иҷтимоии мардум сабаб шуда, бинобар ин
М истифода мешавад. Таҷрибаи истифодаи сиёсати даромадҳо
Р ИМА дар давраи президентии ҷаноби Никсон, Британи-
-^аоир дар вақти хукмронии Ҳукумати лейбористҳо, дар
лакатҳои Скандинавия, аз маҳдудни натиҷаҳои он шаҳодат
91
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
медихад. Аввалан, паст шудани болоравии нархҳо сабаби кам-чинии баъзе молҳо шуд, дуюм, болоравии нархҳо дар як вақти муайян боз дошта мешуд ва бо бекор кардани маҳдудиятҳо нархҳо боз боло мерафтанд.
Роҳи сиёсати зиддитаваррумӣ вобаста аз афзалиятҳо ин-тихоб карда мешуданд. Агар мақсади боздоштани афзоиши иқтисодӣ гузошта шавад, сиёсати дефлятсионӣ гузаронида ме-шуд ва агар мақсад ҳавасмандкунии афзоиши иқтисодӣ бошад, афзалият ба сиёсати даромадҳо дода мешуд. Дар ҳолатҳое, ки мақсад ҷилавгирӣ намудан аз таваррум бо ҳар роҳ бошад, ҳар ду усул дар як вақт истифода мешуданд. Одатан, мамлакатҳо ин ҳар ду роҳи мубориза бар зидди таваррумро дар якҷоягй истифода мебаранд.
Саволҳои худсаиҷишӣ
-
Моҳияти таваррум дар чист?
-
Омилҳои ба таваррум таъсиркунандаро шарҳ диҳед.
-
Шаклҳои таваррумро номбар кунед.
-
Таварруми талабот ва таварруми харҷҳо дар натиҷаи таъсири кадом омилҳо ба вуҷуд меоянд?
-
Сатҳи таваррум чӣ тавр чен карда мешавад?
-
Таваррумро дар кадом ҳисобҳо дар назар доштан за-рур аст?
-
Намудҳои таваррумро вобаста аз сатҳи он номбар на-моед.
-
Баландшавии сатҳи таваррум ба кадом оқибатхои иҷтимоию иқтисодӣ оварда мерасонад?
-
Самтҳои асосии сиёсати зиддитаваррумиро номбар намоед.
-
Намудҳои асосии ислоҳоти пулй кадомҳоянд?
-
Нуллификатсия чист?
-
Фарқи ревалватсия аз девалватсия дар чист?
-
Мохияти деноминатсияро шарҳ диҳед.
92
МАВЗӮИ 3. ТЛВАРРУМ
-
Танзими ҷараёни таваррум бо кадом воситаҳо гузаро-нида мешавад?
-
Сиёсати дефлятсионӣ чиро дар назар дорад?
-
Моҳияти сиёсати даромадҳо дар чист?
Тестҳо
Таваррум маънои:
а) пастразии сатҳи нархҳоро дорад;
б) баландшавии крбилияти харидории пулро дорад;
в) беқурбшавии пулҳои қоғазиро дорад:
г) афзоши иқтисодиро дорад.
Қобилияти харидории пул:
а) бо баландравии нарх зиёд мешавад;
б) зиёд ва кам шуданаш мумкин аст;
в) бо гузаштани вақт зиёд мешавад;
д) ҳеҷ гоҳ тагйир намеебад.
3. Дар кадом намуди таваррум суръати миёнаи солоиаи бо-
лоравии нархҳо аз 10 то 100 фоизро ташкил медиҳад?
а) тезпарвоз;
б) хазанда;
в) чаҳанда;
г) хазанда ва тезпарвоз.
4. Кадоме аз усулҳои мубориза бар зидди таваррум гз эъти-
бор сокит донистани воҳидҳоии пулии кӯхнаи бекурбшуда ва ба
■муомнлот баровардани воҳидҳои пули навро дар назар дорад?
а) деноминатсия
б) девалватсия;
в) ревалватсия;
г) нуллификатсия.
-• Кадоме аз усулҳои сиёсати зиддитаваррумй ба сустша-"" аФзоиши иктисодӣ оварда мерасонад?
а) сиёсати даромадхо;
б) «зЬок (пегару» (муолиҷаи яку якбора);
в) сиёсати дефлятсионӣ:
93
МОЛНЯ ВА ҚАРЗ
г) сиёсати ҳавасмандкунии истеҳсолот.
6. Таварруми талабот ин:
а) баланравии нарх, ки дар асоси зиёдшавии талабо-
ти умумӣ ба вуҷуд омадааст;
б) баландравии нарх дар натиҷаи зиёдщавии муз-
дй меҳнат;
в) бадандравии нарх дар натиҷаи пастравии афзои-
ши маҳсулнокии меҳнат;
г) баландравии нарх дар натиҷаи баланд бардошта-
ни сатҳи андозҳои ғайримустақим.
7. Кӣ дар шароити таваррум «бурд» мекунад?
а) миёнаравҳо, ки бо хариду фурӯши молҳо машғу-
ланд;
б) шахсони воқсӣ;
в) кредиторон;
г) хизматчиёни давлатӣ.
8. Яке аз, шаклҳои зуҳури таваррум ин:
а) пастшавии қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои
хориҷӣ;
б) пастшавии нархи тилло бо пули миллӣ;
в) баландшавии қобилияти харидории пул;
г) афзоиши маҳсулнокии меҳнат дар истеҳсолот;
9. Танзими давлатии таваррум ба воситаи:
а) сиёсати дефлятсионӣ;
б) сиёсати даромадҳо;
в) сиёсати дефлятсионӣ ва сиёсати даромадҳо;
г) сиёсати паст намудани андоз
гузаронида мешавад.
10. Ревалватсия ин:
а) баланд кардани курби пули миллӣ нисбати асъо-
ри хориҷӣ мебошад;
б) паст кардани қурби пули миллӣ нисбати асъори
хориҷӣ мебошад;
в) усули «хат задании нулҳо» мебошад;
МАВЗУИ 3. ТАВЛРРУМ
г) усули баланд намудани суръати гардиши пул ме-бошад.
11. Таварруми хазанда хоси иктисодиёти:
а) мамлакатҳои таракқикунанда;
б) мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон;
в) мамлакатҳои дар бӯҳрони шадиди иқтисодӣ
қарордошта;
г) Ҷумҳурии Тоҷикистон
мебошад.
12. Иидеке (намоя)-и нарххои истеъмолй иц;
а) таносуби нархи сабади истеъмолӣ дар охири соли
ҷорӣ ба нархи сабади истеъмолӣ дар охири соли
базавӣ мебошад;
б) тансуби нархи сабади истеъмолй дар охири соли
базавӣ ба нархи сабади истеъмолӣ дар охири соли
ҷорй мебошад;
в) таносуби ММД ба даромади миллӣ мебошад;
г) таносуби даромади миллӣ ба ММД мебошад.
13. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон индекс (намоя)-и нарххои
истеъмолиро:
а) Вазорати молияи ҶТ;
б) Агентии давлатии омор;
в) Бонки миллии Тоҷикистон;
г) Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ
муайян менамояд.
14. Таварруми харҷхо бо таьсири омилн зерин ба вуҷуд ме-
онд?
а) зиёдшазии хароҷоти ҳарбӣ;
б) додани қарзҳои барзиёд аз тарафи бонкҳо;
в) пастравии афзоши маҳсулнокии меҳнат ва паст-
шавии ҳаҷми истеҳсолот;
д) касри буҷет.
15. Яке аз оқибатҳои ногувори (манфии) таваррум ин:
95
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
а) аз соҳаҳои савдою амалиётхои миёнаравӣ ба
соҳаҳои истеҳсолот гузаштани сармоя ва мутахас-
сисои;
б) пастравии нархҳои молҳои истеъмолӣ;
в) болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ;
г) бекурбшавии пасандозҳои пулии аҳолӣ
мебошад.
Масъалаҳо
-
Агар нархи сабади истеъмолӣ дар охири соли ҷорӣ ба 3400 сомонӣ ва нархи сабади истеъмолй дар охири соли базавй (заминавӣ) ба 3150 сомонӣ баробар бошад, индекси нархҳои истеъмолӣ муайян карда шавад?
-
Намояи нархҳои истеъмолй дар соли гузашта 114,5% ва дар соли ҷорй ба 113,7%> баробар мебошад. Суръати таваррум ҳисоб карда шавад.
-
Агар фоизи номиналии қарз ба 36,0 ва индекси нархҳои истеъмолӣ ба 120,0 %> баробар бошад, фоизи вокеии қарз ҳисоб карда шавад?
Истилоҳ ва мафҳумҳо
Таваррум (инфлятсия аз калимаи лотинии шПаИоп гириф-та шуда маънои «варам кардан»-ро дорад) - ин беқурбшавии пул, пастшавии қобилияти харидории он мебошад, ки дар натиҷаи баландравии нархҳо, камчинии молҳо ва пастшавий сифати молҳо ва хизматрасиниҳо ба вуҷуд меояд.
Таварруми талабош - ин таваррумест, ки дар натиҷаи зи-ёдшавии ҳаҷми пули дар муомилот буда, ба вуҷуд меояд ва оЯ ба баландшавии қобилияти харидорӣ дар сатҳи мавчудбудаИ нарх оварда мерасонад.
Тааарруми харҷҳо - болоравии нархҳо дар зери таъсир^ зиёдшавии харҷҳои истеҳсолот мебошад.
96
МАВЗУИ 3. ТАВАРРУМ
Сабади истеъмолкуианда - ин гурӯҳи молҳою хизматра-сониҳое мебошанд, ки барои зиндагии шахси алоҳида аз рӯи стандарти минималӣ зарур мебошад.
Цндекс (иамоя)-и нархҳои истеъмолӣ - ин таносуби нархи сабади истеъмолй дар соли ҷорӣ ва нархи сабади истеъмолӣ дар соли базавӣ (заминавй) мебошад.
Ислоҳоти пулӣ - ин пурра ё ин ки кисман дигаргунсо-зии низоми пулӣ мебошад, ки аз тарафи давлат бо мақсади ба тартибдарорӣ ва мустаҳкамкунии муомилоти пулӣ гузаро-нида мешавад.
Нуллификатсия - ин аз тарафи давлат аз эътибор соқит до-нистани воҳидҳои пулии кӯҳнаи беқурбшуда ва ба муомилот барозардани воҳидҳои пулии нав бо миқдори кам мебошад.
Девалватсия - ин дар вакти амалкунии стандарти тиллоӣ паст кардани вазни тиллоии пули миллӣ ва бо қатъ шудани ивазй пулҳои қарзӣ ба тилло, паст кардани қурби пули миллӣ нисбати асъори хоричӣ мебошад.
Ревалватсия - ин баланд кардани вазни тиллоии пули миллӣ ё барқарор иамудани вазни тиллоии пештараи пули миллӣ дар вақти амали стандарти тиллоӣ ё ки бо қатъ шуда-ни ивази пулҳои қарзӣ ба тилло, баланд кардани қурби пули миллй нисбати асъори хориҷӣ мебошад.
Деиомшштсия (щагйирдиҳии микёси нарх) - ин тағйнрдиҳпи арзицщ номиналии воҳидҳои пули миллӣ бо ивази онҳо бо та-носуби муайян ба воҳидҳои пули нави калон бо дар як вақт аз нав ҳисобкунии ҳамаи ӯҳдадориҳои пулӣ дар мамлакат (.чарҳҳо, пулҳои дар ҳисобҳои бонкӣ буда, музди меҳнат ва Гаира). Дар адабиёти иқтисодӣ деноминатсия усули «хат за- Дании нулҳо»-ро низ дорад.
з
Сиёсати дефлятсиоиӣ - ин танзими талаботи пулӣ ба во- Таи механизми пулӣ - қарзӣ ва андозй бо роҳи кам намуда-, _ ХаРоҷотҳои давлатӣ, баланд намудани меъёри фоизи қарз,
Х1; кардани андозҳо, маҳдуд намудани ҳаҷми пул мебошад.
•17
МОЛИЯВА ҚАРЗ
Сиёсати даромадҳо - ин назорати ҳам нархҳо ва ҳам муз-ди меҳнат ба воситаи пурра бетагйир монондани онҳо ё кц мукаррар намудани ҳудуди зиёдшавии онхо мебошад.
Адабиёт
-
Қонунн ҶТ «Дар бораи Бонки мнллии Тоҷикистон».
-
Ашуров Н., Ашуров А.Н. Муомилоти пул ва карз. - Душан-бе, «Матбуот»,2006. - С. 60 - 72.
-
Бонкгг Миллии Точикисгон: Бюллетенп омори бонкӣ, де-кабр 2009.
-
Деньги.Кредит. Банки: Учебник для вузов / Под ред. ака-демика РАЕН Е.Ф.Жукова.-2-е изд., перераб: и доп. - М.: | ЮНИТИ-ДАНА, 2003. - С. 61 - 101.
-
Дёньги, кредит, банки. Экспресс - курс: Учебное пособие / Под ред. Д-ра экон. наук, проф. О.И.Лаврушина. - М.: КНО-РУС, 2005.-С. 99-121.
-
Корчагин Ю.А. Деньги. Кредит Банки / ЮА.Корчагшг - Ро-стов н/Д.: Феникс, 2006. - С. 135 - 152.
-
Рахимзода Шариф. Муомилоти пулӣ ва қарз - Душанбе, Эр-Граф,2008. -С. 172 - 215.
-
Финансы. Денежное обращение.Кредит: Учебник для вузов /Под ред. проф. Г.Б.Поляка. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2-е изд. 2003. - С. 47-57.
-
Экономика Таджикистана: стратегия развития - 2006. - №1 - | С. 64.
МАВЗӮИ 4. МОЛИЯ ВА ЫИЗОМИ МОЛИЯВИ
БОБИ2. МОЛИЯ. НИЗОМИ МОЛИЯВИ
МАВЗӮИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВЙ
-
Моҳияти иҷтимой-иқтисодй ва аҳамияти молия
-
Вазифаҳоп молия
-
Захираҳои молиявӣ
-
Таъминоти молиявии такрористеҳсоли васеь
-
Низоми молиявӣ ва тавсифн мухтасари кисмҳои асо-сии он
4.1. Моҳияти иҷтимой-иқтисодӣ ва аҳамияти молия
Моҳияти молия, қонуиияти инкишофи он, муносибатҳои
молй-пулие, ки молия онҳоро дар бар мегирад ва нақши молия
ДаР ҷараёни такрористеҳсоли чамъиятӣ аз рӯи сохтори иқти-
содии ҷомеа, сохт ва вазифаҳои давлат муайян карда мешавад.
Молия категориян таърихк буда, ҳангоми ба синфҳо таксим
щУДани ҷомеа ва пайдоиши нахустин давлатҳо ба вуҷуд ома-
Дааст. То пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ қисми бешта-
талаботқои давлат бо роҳи дар шакли натуралӣ мукаррар
''^УДани боҷҳо ва дигар ӯҳдадориҳои ҳатмӣ қонеъ карда ме-
'д. Дар он давра воситаҳои пулй асосан дар соҳаи ҳарбӣ
Риди истифода қарор мегирифт.
~ Дар шароити муносибатҳои сармоядорй, вақте муноси-
' молй-пулй хосияти умумиро касб яамуд, мояия ба кате-
99
МОЛИЯ ВАҚАРЗ
горияи иқтисодӣ табдил ёфта, муносибатхои иқтисодиро оиди ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои пулӣ инъикос менамуд.
Оиди масъалаи пайдоиши мафҳуми «молия» (Ппап51а -лотинӣ: пули накд, даромад) дар байни олимони иқтисодчӣ афкори мухталиф вуҷуд дорад. Ба ақидаи як гурӯҳ муалли-фон мафҳуми мазкур ҳанӯз дар асрхои Х1П-Х1У дар шаҳрҳои тиҷоратии Итолиё пайдо шуда, низоми муносибатҳои пули-ро дар байни аҳолй ва давлат ифода менамуд. Гурӯхи дигари иқтисодчиён қайд менамоянд, ки мафҳуми «молия» аз ҷониби олими фаронсавӣ Ж. Боден соли 1775 кашф шудааст.
Вале ба ақидаи як гурӯҳ иқтисодчиён, нахустин муаллифи асаре, ки ба масъалаи молия бахшида шудааст, мутафаккири дунёи қадим Ксенофонт (солҳои 430-355 то мелод) мебошад. Ӯ масъалаҳои умумии молияро дар асари худ оиди даромадҳои аз хнсобн ба иҷора додани амволи давлатӣ ва фурӯши гуломон ташкилшаванда муҳокима намуда буд.
Ҳамчунин мутафаккири Юнони қадим Арасту (солҳои 384-322 то мелод), олими асримиёнагӣ Фома Аквинский (1225-1274) ва дигарон дар асарҳои худ ба масъалаи молия дахл на- | муда, даромадҳо, андозҳо, пардохтҳои иҷоравӣ ва гайраро мо-лия хисобидаанд.
Дар-асри XIII олими маъруфи тоҷик Насриддини Тусй дар асари худ «Дар бораи молия» асосҳои сиёсати молиявии давлати феодалиро таҳлил намуда буд. Н.Тусй дар ин асар дар бораи муомилоти пулӣ ва захираҳои молиявӣ маълумот дода, диккати асосиро ба масъалаи сиёсати андозии дазла-ти феодалӣ равона намуда, мавҷудияти 30 намуди андозҳоро кайд кардааст.
Дар байни олимони тоҷик Н.Тусӣ нахустин шуда асоси сиёсати молиявии дазлати феодалиро таҳия карда, низоми андозбандӣ, дар<-мадҳо аз амволро шарҳ додаст. Ӯ ҳамчуни*1 дар бораи унсурҳои алоҳидаи андоз чун имтиёзҳои андозй' намудҳо ва объектҳои андозҳо маълумот дода буд.
100
МЛВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ
. Минбаъд мафҳуми «молия» тадриҷан такмил ёфта, дар асри XVIII дар зери ин мафҳум «маҷмӯи амволи давлатӣ ва дороии тамоми хоҷагии давлатӣ» (С. Витте) фаҳмида мешуд.
Дар ибтидо маҳфуми «молия» бо маънои махдуд, ҳамчун тзшкия ва истифодаи фондҳои пулӣ, амвол барои қонеъ на-мудани эҳтиёҷоти давлат истифода мешуд.
Мат>нои муосири мафҳуми «молия» хело васеъ буда, чу-нин ифода карда мешавад. Молия ма>р\1ӯи муносибатҳои иқти-содиест, ки ҷараёии ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои пу-лии марказонидашуда ва гаӣримарказонидашударо дар бар ме-гирад.
Бояд қайд намуд, ки доираи иштирокчиёни муносибатҳои молиявӣ хело васеъ буда, давлат, субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеиро дар бар мегирад. Фондҳои пулии марказони-дашуда (буҷети давлатӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ) фондҳои пулиест, ки аз ҷониби давлат, аз ҳисоби андозҳо, даромадҳо аз фаъолияти иктисодии берунӣ, боҷҳои гумрукй ва ғайра ташкил карда мешавад. Ба фондҳои пулии ғайримарказонидашуда бо-шад, воситаҳои пулии корхонаҳо, хочагиҳои хонаводагӣ ман-суб аст, ки аз ҳисоби даромадҳои пулӣ, пасандозҳои корхонаҳо ва аҳолй ташкил карда мешавад.
Ҳамин тавр, муносибатҳои молиявй ду соҳаро дар бар ме-гирад:
-
муносибатҳои иқтисодии пулӣ, вобаста ба ташкил ва истифодаи фондҳои пулии марказонидашудаи давлат;
-
муносибатҳои иқтисодии пулӣ оиди ташкил ва исти-Фодаи фондҳои пулии гайримарказонидагиудаи корхонаҳо ва хоҷагиҳои хонаводагӣ.
Дар ҳаёти ҳаррӯза мафҳуми «молия»-ро бо мафҳуми
^пул» ягона мепиндоранд. Дар аксари холатҳо муносибатҳои
Улиро муносибатҳои молиявӣ мешуморанд, аммо дар асл
^Уносибатҳои молиявй» ва «муносибатҳои пулӣ» мафҳумҳои
°на набуда, аз ҳамдигар фарқ мекуианд. «Муносибатҳои
и>> мафҳуми хело васеъ буда, молия танҳо қисме аз мупо-
101
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
сибатҳои пулӣ мебошад. Молия қисми чудонашавандаи муно-сибатҳои пулӣ аст, бинобар ин нақш ва аҳамияти молия аз он вобаста аст, ки муноснбатҳои пулӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ чӣ гуна мавқеъро ишғол менамояд.
Молия бе пул вуҷуд надорад. Таърихан аввал пул пайдо шудааст ва баъдан молия. Тафовути мафҳумҳои иқтисодии «молия» ва «пул» дар ҷадвали 4.1 оварда шудааст.
Ҷадвали 4.1. Тафовути мафхумхои иктисодии «молия» ва «пул»
Пул
|
Молия
|
1. Эквиваленти умумӣ буда, арзишп ҳамаи мол-ҳоро муапян менамояд
|
1. Воситаи иқтисодиест, ки ба воситан он мачмӯи махсулоти дохилӣ ва дарома-ди миллӣ тақсим ва аз нав тақсим кар-да шуда, фондхои пулӣ таъсис дода ме-шавад. Молия инчунин воситаи назорат ба истифодаи фондхои пулӣ мебошад.
|
2. Панч вазифаро ичро ме-кулад: ченаки арзиш; во-ситаи муомилот; воситаи пардохт; воситаи пасан-доз; пулҳои чаҳонӣ.
|
2. Се вазифаро иҷро менамояд: тақси-мотӣ; назоратӣ, танзимкунӣ (ҳавас-мандкунй).
|
3. Таърпхан пеш аз молия пайдо шудааст.
|
3. Таърихан пас аз пул ба вучуд омада, бе пул амал карда наметавонад.
|
4. Категорияи иқтисодии умумй буда, доирап исти-фодаааш хело васеъ аст.
|
4. Нисбат ба пул категорияи дуюмин-дарача, яъне ҳосилшуда буда, доираи нстифодааш назар ба пул махдудтар ме-бошад.
|
5. Муносибатҳои иқти-содин васеъро дар бар ме-гирад.
|
5. Муносибатхои пулии нисбатан мах-дудро, ки бо ташкили фондҳои пулй алоқаманданд, ифода менамояд.
|
Ҳамин тавр, муносибатҳои пулӣ бавуҷудоварандаи муно-сибатҳои молиявӣ бошад хам, вале на ҳамагуна муносибатҳои пулӣ муносибатҳои молиявй мебошад. Танҳо ҳамон муно-
102
МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВЛ НИЗОМИ МОЛИЯВИ
сибатҳои пулие, ки тавассути онҳо фондҳои пулии таъиноти хосдошта (буҷети давдатй, фондҳои мақсадноки давлатӣ, фонди суғурта, фондҳои пулии субъектҳои хоҷагидорӣ ва гайра) таш-кил карда мешавад, ба муносибатҳои молиявӣ табдил меёбанд.
Ҳадафи асосии молия он аст, ки бо роҳи ташкили фондҳои пулӣ талаботи давлат ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба воситаҳои пулӣ таъмин карда шуда, барои рушди такрористеҳсоли васеъ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Максади дигари молия назорат ба истифодаи мақсадноки фондҳои пулӣ ба шумор меравад.
Заминаҳои пайдоиши молия кадомҳоанд? Бояд гуфт чан-дин аср пеш аз пайдоиши мафҳуми молия, пул ва муносибатҳои молӣ-пулӣ, сохтори давлатӣ вуҷуд дошт. Вале барои чӣ маҳз дар асрҳои миёна истилоҳи молия пайдо шуд?
Заминаи нахустин. Маҳз дар Аврупои Марказӣ дар натиҷаи инқилобҳои аввалини буржуазӣ (асрҳои ХУ1-ХУП) сардори дав-лат (подшоҳ) аз ҳуқуқи ба хазинаи давлат чун моликияти худ муносибат намудан маҳрум карда шуд. Моликияти давлат аз моликияти подшоҳ ҷудо гардид. Фонди пулии умумидавлатӣ - буҷет ташкил ёфт, ки сардори давлат ба он танҳо худаш ихтиёрдорӣ карда наметавонист. Дар натиҷа мафҳумҳои икти-содии нав пайдо шуданд, чун: молияи давлатӣ, буҷети давлатӣ, қарзи давлатӣ.
Замшши дуюм. Дар натиҷаи ташкил ва истифодаи буҷет низоми муайяни буҷетӣ ба миён омад, яъне низоми даромадҳо ва хароҷоти давлат бо таркиб, сохт ва ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ таъсис ёфт. Ҳанӯз дар асрҳои ХУН-ХУШ чор самти хароҷоти буҷети давлатӣ муайян карда шуда буд: ба соҳаи ҳарбн, идо-рахунӣ, иқтисодиёт, эҳтиёҷоти ичтимоӣ. Ҷолиби диққат аст, ки гурӯҳҳои асосии қисми хароҷоти буҷет дар тӯли чандин саДсолаҳо қариб бетагйир боқӣ мондааст.
Замипаи сеюм. То пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ ■^Ромадҳон давлат асосан аз ҳнсоби боҷҳо ва дигар пардохтҳои Ҳагмии натуралӣ (молӣ) ташкил карда мешуд. Бо пайдоипш
103
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
муносибатҳои сармоядорӣ ва ривоҷи муносибатҳои молӣ-пулӣ, андозҳо дар шакли пулӣ ба сарчашмаи асосии даромадхои буҷети давлатӣ табдил ёфтанд.
Равандн инкпшофи муносибатҳои молиявиро ба ду марҳила ҷудо менамоянд. Марҳилаи аввал - шакли инкишофнаёфтаи мо-лия, ки дорои хосияти гайриистеҳсолӣ буд, яъне қисми асосии воситаҳои пулӣ (2/3 буҷет) ба соҳаи ҳарбӣ сарф карда шуда, ба иқтисодиёт умуман таъсире намерасонид. Дигар аз хосия-ти хоси ин марҳила махдудии низоми молиявй ба шумор ме-равад, зеро он танҳо аз як қисм - буҷет иборат буда, доираи муносибатҳои молиявӣ маҳдуд буд. Ҳамаи муносибатҳои мо-лиявии марҳилаи мазкур ташкил ва истифодаи буҷетро дар бар мегирифт.
Бо инкишофи муносибатхои молӣ-пулӣ, давлатдорӣ зару-рати ташкили фондҳон нави умумидавлатин пулй ва мувофиқи он таъсиси гурӯҳҳои нави муносибатхои пулй оиди ташкил ва истифодаи фондҳои мазкур ба миён омад.
Дар шароити имрӯза дар тамоми мамлакатҳо, новобаста аз сохтори сиёсй ва иқтисодиашон, муносибатҳои молиявӣ ба давраи нави инкишофи худ - трҳилаи дуюм ворид гардидааст, ки онро шакли инкишофёфтаи молия меноманд. Хусусиятҳои хоси молия дар ин марҳила инҳоанд:
-
аз қисмҳои гуногун (буҷет, фондҳои мақсадноки давлатӣ, карзи давлатӣ, молияи корхонаҳо, молияи хочагии хонаводагк ва ғайра) иборат будани низоми молиявӣ;
-
сатҳи баланди таъсири молия ба иқтисодиёт;
-
гуногун ва васеъ будани муносибатҳои мслиявӣ.
Дар марҳилаи дуюм молия ба яке аз воситаҳои асосии ба такрористеҳсоли ҷамъиятӣ таъсирн ғайримустақим расонанда табдил меёбад: такрористеҳсоли неъматхои моддӣ, кувзаҳои корй ва муносибатҳои истеҳсолӣ.
Кагегорияи иқтисодии молия бо дигар категорияҳои иктисодй, чун иарх, музди меҳнат, қарз алоқаманд мебошад.
104
МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ
. Нарх воситаи иқтисодиест, ки тавассути он арзиши молхо Уфодаи пулӣ пайдо намуда, ҳиссаи ояндаи тақсимоти арзишй Дуайян карда мешавад. Нарх асоси ибтидоии тақсимот буда, худ ҷараёни тақсимотиро таъмин карда наметавонад, ҳамчунпн нарх олоти танзимкунӣ ба шумор меравад. Нарх танҳо дар мархилаи аввали тақсимот иштирок менамояд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи тақсимот бошад молия иштирок мекунад. Он чое, ки Хаксимот ҳаст, он ҷо муносибатхои молиявӣ арзи вуҷуд мекунанд.
Дар муносибатхои молиявй музди меҳпат накши муҳим дорад, зеро бо ёрии он даромадҳои фардӣ ташкил карда шуда, ба кормандон дода мешавад. Музди меҳнат дар тақсимоти арзишӣ иштирок намуда, барои ҷараёни азнавгақсимкунӣ ша-роит муҳайё месозад. Қарзи музди меҳнат захираи молиявӣ ба шумор меравад, зеро музди мехнати ҳисобкардашуда зуд дастраси коргарон нагардида, метавонад муддати муайян аз ҷониби корхона истифода гардад.
Дар тақсимоти арзишӣ мафхуми нктисоднн қарз ннз нштн-рок менамояд. Ҳангоми нокифоя будани воситаҳои пулй, кор-хона барои гирифтани қарз муроҷиат менамояд ва воситаҳои пулии қарзӣ (воситаҳои пулии мувакқатан озод, кп дар натичаи тақсимот гирифта шудааст) дар қатори воситаҳои пулии худи корхона дар чараёни азпавтақсимкунй иштирок менамояд. Ба-рои истифодаи қарз фоиз дода мешавад, ки ҳаҷми он низ дар Чараёни тақсимот барои ҳам қарздиҳанда ва ҳам қарзгиранда ра инобат гирифта мешавад.
Дар баробари ин молия аз қарз фарқ дорад. Дар муноси-батҳои қарзӣ ҳаракати воситаҳои пулӣ хосияти баргардандагӣ ва музднокӣ дорад. Хосияти воситаҳои пулӣ:
-
дар молия - гирдгардиш;
-
дар қарз - баргардонидан.
Ҳамин тариқ, молия чун категорияи иқтисодӣ гурӯҳи мах-
У°и муносибатҳои пулиест, ки дорои нишоиаҳои зерин мебо-Шад:
!()5
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
-
муносибатҳои молиявй хосияти тақсимотй дорад;
-
молия дорои хосияти пулӣ аст (муносибатҳои натуралӣ хоси молия намебошад); /
-
дар муносибатҳои молиявӣ ҳаракати воситаҳои пулӣ ҳо-сияти яктарафа дорад, яъне дорои ҳаракати ғайриэквивалентй мебошад; /
-
асоси моддии муносибатҳои молиявиро захираҳои мо-лиявӣ ташкил менамояд.
-
муносибатҳои молиявӣ бо ҷараёни гирифтани даромадҳо ва захиракунии воситаҳои пулӣ вобаста аст;
-
дар натиҷаи муносибатҳон молиявй ташкшш ҳам фондҳои пулии марказонидашуда ва ҳам ғайримарказонидашуда имкон-пазир мебошад;
-
асоси мавҷудият ва инкишофи муносибатҳои молиявӣ соҳаи истеҳсолоти моддӣ ба шумор меравад.
Молия дар шароити иқтисоди бозорӣ дар инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа нақш ва аҳамияти ҳалкунанда до-рад. Вазъи молиявии дазлат, пеш аз ҳама, аз устувории моли-явии корхонаҳо вобаста мебошад.
Самтҳои асосии таъсири молияро ба иқтисодиёт чунин му-айян кардан мумкин аст:
-
таъмини молиявии талаботи такрористеҳсоли васеъ;
-
танзими молиявии ҷараёнҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
-
ҳавасмандкунии молиявии истифодаи самараноки ҳамаи намудҳои захираҳои иқтисодӣ.
Достарыңызбен бөлісу: |