Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет8/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   23

4.2. Вазмфаҳои молия

Моҳияти молия маҳз тавассути вазифаҳои он пурра инъ-икос карда мешавад. Оиди шуыораи вазифаҳои молия дар байни иқтисодчиён афкори мухталиф ҷой дорад. Қисми беш-тари иқтисодчиён қайд менамоянд, ки молия ду вазифаро иҷро мекунад: тақсимотӣ ва назоратӣ. Вале гурӯҳи дигари иқтисодчйён бар он акидаанд, ки молия се вазифаро иҷро ме-намояд: тақсимотӣ, танзимкунӣ (хавасмандкунӣ), назоратӣ.

106

МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

Вазифаи тақсимотӣ. Сарчашмаи асосии фондхои пулӣ мачмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба шумор меравад. Аз ММД фондхои талофии воситаҳои истеҳсолот, ки истифода шуда-анд тарҳ карда шуда, даромади умумии миллӣ (ДУМ) боқӣ мемонад, ки он аввал тақсим (тақсимоти аввалин), сипас аз нав таксим (тақсимоти дуюм) карда мешавад. Бо ёрии вази-фаи тақсимкунии молия ДУМ аввал дар сатҳи макроиқтисодӣ таксим карда мешавад (тақсимоти аввалин), ки дар натиҷаи он даромадҳои асосй (аввалин) ба вуҷуд меояд, ба монанди фонди музди мехнат, фоида, даромади соҳибкорон, дарома-ди софи корхонаҳои соҳаҳои истеҳсолӣ. Аммо даромадҳои мазкур инкишофи бонизоми тамоми сохаҳои хочагии халк. қобилияти мудофиавии мамлакат, талаботи моддӣ ва маъна-вии аҳолнро таъмин карда наметавонанд. Аз нн рӯ, зарурати аз нав тақсимкунии ДУМ ба миён меояд, ки сабабҳояш инҳоанд:


  • дар катори соҳаҳои истеҳсолӣ мавҷуд будани соҳаҳои гайриистеҳсолӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳарбӣ ва ғайра), ки дар онҳо маҳсулоти моддӣ истеҳсол карда намешавад;

  • нобаробарии даромадхои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ногузир мебошад;

- рушди нобаробари минтақаҳо ва соҳаҳои алохида.
Тавассути молия тақсимоти дуюмини (аз нав тақсимкунии)

ДУМ гузаронида шуда, дар ҷараёни он як қисми даромадҳои асосй (аввалин) дар шакли андозҳо ва пардохтҳо ба буҷети Давлат равона карда мешаванд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи аз нав тақсимкунии ДУМ фондҳои пулии марказонидашуда ва гайримарказонидашуда таъсис дода мешаванд.

Дар натиҷаи аз нав тақсимкунии ДУМ даромадхои сатҳи ДУюм ташкил карда мешавад: даромадҳои давлат; даромадҳои с°хаҳои ғайриистеҳсолӣ; воситаҳои пулие, ки тавассути пар-Д°хтҳои иҷтимой (нафақа, кӯмакпулиҳо, ҷубронпулиҳо ва Гайра) ба аҳолӣ дода мешавад; воситаҳои пулие, ки дар шак-ли сарчашмаҳои иловагй барои рушди минтақаҳо ва корхонаҳо Равона мешавад. Даромадҳои сатҳи дуюм, дар инкишофи таво-

107


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

зунноки соҳаҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ, ҳудудҳои алоҳида, таъ-мини сатҳ ва сифати баланди зиндагии қишрҳои васеи аҳолй саҳми хело калон дорад.

Ҷараёнҳои азнавтақсимкунӣ дар дохили корхонаи алоҳида, яъне дар сатҳи микроиқтисодй низ амал мекунад. Мисол, фоида чун сарчашмаи ташкили чунин фондҳои гайримарказонидашуда, чун фонди рушди истеҳсолӣ ва иҷтимой, фонди захиравй ва гайра, ба сифати объекти тақсимоти сатҳи сеюм баромад менамояд. Дар ин сатҳи тақсимот танзими давлатии муно-сибатҳои тақсимотӣ то андозае паст мешавад, вале пурра аз байн намеравад. Воқеан, корхона фоидаи худро ба фондҳои гайримарказонидашуда мустақилона тақсим менамояд, аммо ташкили фонди захиравӣ ба воситаи ҳаҷмн сармояи оинномавӣ, аидозаи минималӣ ва максималии фоида, ки бояд ба фонди захиравӣ гузаронида шавад, танзим карда мешавад. Бинобар ин қайд намудан зарур аст, ки вазифаи тақсимотии молия аз муносибатҳои иқтисодии дар ин ё он шароит ҷойдошта воба-ста набуда, балки бо моҳияти молия сахт алоқаманд мебошад ва хосияти махсуси молия ба шумор меравад.

Воситаи иқтисодии тақсим 8а азнавтақсимкунки ММД ва ДУМ низоми андозбандии дар мамлакат амалкунанда ба шу-мор меравад.



Мачмӯи маҳсулоти дохилй - ин арзиши ниҳоии молҳо ва хизматрасониҳои аз ҷониби резидентони мамлакати мазкур дар ҳудуди он дар давраи муайян истеҳсолшуда.

Даромади умумии миллӣ - ин арзиши аз нав ташкил кар-дашуда ва ё арзиши маҷмӯи маҳсулоти дохилй бо тарҳи олот ва воситаҳои истеҳсолии дар ҷараёни истеҳсолот истифодагар-дида. Бо ибораи дигар, даромади миллӣ - даромади умумки субъсктҳои хоҷагидорӣ (музди меҳнат, рента, фоида).

Ба арзинш маҷмуи маҳсулотк дохилй фопди талофй (ҷуб-ропн зарар) ва даромади миллӣ дохил мешавад. Фоиди талофй аз хиссаҷудокунии истеҳлокӣ ва хароҷотҳои моддй иборат аст.

Даромади миллй фондҳои мазкурро дар бар мегирад:

!08


МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

  • фонди андӯхт;

  • фонди эҳтиётӣ;

  • фонди истеъмолӣ.

фопди апдӯхт барои васеъ намудани истеҳсолот, сохтмони объектҳои истеҳсолӣ ва фарҳангӣ-маишӣ равона гардидааст.

Фоиди эҳтиётӣ аз фонди манбаъҳои чамъиятӣ ва сугурта иборат мебошад.

Фопди истеъмолӣ барои маблағгузории соҳаҳои илм, ма-ориф, фарҳанг, тандурустӣ зарур аст. Маблагҳои фонди маз-кур барои идоракунии давлат, таъмини мудофиавии мамлакат, пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои ғайристеҳсолӣ истифода мешавад.

Приисипҳои тақсими маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ. Дарома-ди миллӣ бояд аввал талаботи умумии чомеа, сипас талабо-ти фардии хар як-узви ҷомеаро қонеъ гардонад. Бинобар ин, давлат бояд дар иавбати аввал истсҳсолоти васеъро таъмин намояд. Барои ичрои ин вазифа давлат фонди андӯхт ташкил менамояд. Баъдан давлат маблағҳоро барои ташкили фон-ди манбаъҳои ҷамъиятӣ ва фонди суғурта истифода мебарад. Танҳо пас аз ин, давлат ҳукук дорад қисме аз даромади мил-лиро ба фонди истеъмолӣ равона кунад.

Ҳадафя тақсим ва аз нав тақсимкунии ММД ва дарома-Ди миллӣ мустаҳкам намудани иқтидори давлат ва низоми иқтисодии он, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Вазифаи танзимкунии (ҳавасмандкушш) молия тавассу-ти таъсир ё дахолати давлат ба инкишофи иқтисодӣ (рушди сУбъектҳои хоҷагидорӣ, минтақаҳо ва соҳаҳои алоҳида) ба во-ситаи фишангҳои молиявӣ ифода меёбад. Востаҳои асосие, ки Дар ин самт истифода мешаванд инҳоанд:


  1. Буҷет - маблағгузории ин ё он соҳа, минтақаи муайян.

  2. Андозҳо, ки метавонад истеҳсолотро ҳам маҳдуд ва ҳам Ҳавасманд гардонад. Паст кардани меъёри андозҳо ва зиёд на-^УДани имтиёзҳои андозӣ корхонаҳо, соҳибкоронро ҳавасманд

1(19

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

мегардонад. Баланд бардоштани меъёри андозҳо бошад ба пешрафти истеҳсолот халал расонида, боиси пастравии он ме-гардад.



  1. Хароҷотҳои давлатӣ, ки корхонаҳо ва кормапдонро ба-рои истеҳсоли ин ва ё он молҳо, хизматрасониҳо шавқманд менамояд. Ҳамчунин пардохтҳои иҷтимоӣ, ки сатҳи муайя-ни даромадҳои қишрҳои алоҳидаи аҳолиро таъмин мекунад.

  2. Танзим ва назорат тавассути қабули қонунҳои мувофиқ оиди намудҳои муайяни фаъолияти иқтисодӣ, то манъ наму-дани баъзеи онҳо.

  3. Нархҳо ва тарифҳо. Аз ҷониби давлат муқаррар на-мудаии ҳадди нархҳо ва тарифҳо ба як қатор- молҳо ва хиз-матрасониҳо (асосан дар соҳаҳои монополияи табиӣ) ба ҳолати молиявии корхонаҳо таъсир мерасонад.

  4. Боҷҳои содиротӣ-воридотии аз ҷониби давлат муқар-раршаванда, ки метавонад меъёраш паст (фоидаовар, ҳавас-мандкунанда) ва ё баланд (монеъшазанда) бошад.

Дар шароити муосир давлат ҳаҷми маблаггузории дав-латиро афзун намуда, ба васеъ гардидани сармоягузорӣ ва зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ мусоидат менамояд. Маблағгузорӣ шудани зерсохтор аз ҷониби давлат ба кам шу-дани хароҷоти ширкатҳои хусусӣ оварда мерасонад. Давлат та-вассути имтиёзҳои андозӣ метавонад корхонаҳо, соҳибкоронро дастгирй ва ҳавасманд намояд. Ҳангоми маблағтузорӣ аз буҷети давлатӣ диққати аввалиндараҷа ба соҳаҳои афзалият-ноки хоҷагии халқ дода мешавад.

Аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 32 фоизи маблағҳо барои рушди иқтисоди воқеӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обй ва инфраструктураи онҳо, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳон мошин-гард ва нақбҳо равона карда мешавад. Яъне буҷети давлатй хусусияти истеъмолии худро тагйир дода, характери буҷети тараққиётро гирифтааст 121.

110

МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

Вале бояд таъкид намуд, ки дар буҷет ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шуда, он асосан барои баланд бардош-тани сатху сифати зиндагии мардум, ҳифзи иҷтимоӣ, хизма-храсонии иҷтимоии давлатӣ, беҳдошти тандурустии мардум, илму маориф ва таъмини амнияти озукаворй нигаронида ме-шавад. Дар буҷети соли 2010-ум ҳаҷми умумии маблағҳои ба-рои соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинишуда 42 фоизи қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2009-ум 13 фоиз зиёд аст 121.



Вазифаи назоратии молия бо вазифаи таксимотии он сахт алокаманд буда, дар рафти тақсимоти ММД ба фондҳои му-айян оғоз меёбад. Ҳадафи асосии ин вазифаи молия, пеш аз ҳама, назорат намудан ба ҷараёни тақсими дурусти ММД ва ДУМ ба фондҳои мувофиқ, инчунин назорат ба истифодаи мақсадноки фондҳои мазкур ба шумор меравад.

Вазифаи мазкури молия ҳам дар сатҳи макроиқтисодӣ (буҷети давлатӣ, фондҳои максадноки давлатӣ) ва ҳам микро-иқтисодӣ (молияи корхонаҳо) амалӣ карда мешавад. .

Дар шароити иқтисоди бозорй назорати молиявӣ барои таъмини инкишофи босуръати истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва шахсӣ равона шудааст.

Назорати молиявӣ фаъолияти хамаи иштирокчиёни муно-сибатҳои молиявиро фаро мегирад, аз ҷумла, соҳаи муно-сибатҳои буҷетиро (назорат ба таҳияи дурусти буҷст, исти-фодаи мақсадноки маблагҳои буҷетӣ ва фондҳои мақсадноки Давлатӣ, саривақт пардохт намудани фоизҳо оиди қарзи дав-латӣ ва ғайра).

Фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ низ ба назорати мо-лиявӣ фаро гирифта мешавад. Барои корхонаҳои шахсӣ назора-тн молпявӣ дар назорат намудан ба ҷараёни пурра ва саривақт ПаРДохт намудани андозҳо, инъикоси дурусти хароҷотҳо дар Истеҳсол ва фурӯши махсулот, ташкил ва истифодаи дурусти Даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ, ифода меёбад. Назора-ТИ молиявӣ дар сохаҳои буҷетӣ - ин назорат ба истифодаи

ш

МОЛИЯ ВА КАРЗ

мақсадноки маблагҳои буҷетӣ, иҷрои қисми хароҷотҳои буҷет. Барои шахсони воқеӣ назорати молиявӣ бо саривақт ва пурра пардохт намудани андозҳо аз даромад ва амвол алоқаманд аст.

Вақте сухан дар бораи назорати молиявй меравад, пещ аз ҳама. тафтиши риояи қонунгузории молиявӣ, аз ҷумла, аз ҷониби ҳамаи субъектҳои хочагидорӣ ва шахрвандон дар вақти муқаррашуда ва пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳояшон дар назди низоми буҷетӣ, мақомоти андоз, низоми қарзӣ, инчунин ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳои тарафайн байни корхонаҳо ва ташкилотҳо дар назар дошта мешавад.

Назорати молиявӣ ба баланд бардоштани самаранокии ис-тифодаи маблағҳои буҷстӣ, ҳавасмандии иқтисодии фаъолия-ти содибкорй, истифодаи оқилонаи захираҳои моддӣ, табий, меҳнатӣ ва молиявии дар ихтиёри ҷомеа мавҷудбуда равона гардидааст.

Назорати молиявй ба воситаи фаъолияти мақомоти мо-лия гузаронида мешавад. Назорати молиявӣ ҳам аз ҷониби шӯъбаҳои махсуси молиявии корхонаҳо, бонкҳо, ҳам аз та-рафи мақомоти давлатии андоз, молия, мақомоти ҳокимияти қонунбарор ва идораҳои махсус амалй мешавад. Дар аксари мамолики мутараққӣ ҳамчунин шаклҳои ҷамъиятии назорат ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетй амал мекунад. Дар бораи объектҳо, субъектҳо, намудҳо, шаклҳо ва усулҳои назо-рати молиявӣ дар мавзӯи 6 маълумоти муфассал дода шудааст.



4.3. Захираҳои молиявӣ

Асоси модции муносибатҳои молиявиро захираҳои мояиявй ташкил медиҳад. Захираҳои молиявӣ - ин маҷмӯи фондҳоИ пулии мақсадноки давлат, субъектҳои хочагидорӣ ва шахсо-ни.воқеӣ. Захираҳои молиявӣ барои ҳалли вазифаҳои зери»1 пешбинӣ шудааст:'иҷрои ӯҳдадориҳои молиявӣ; пӯиюнидаНИ хароҷот дар такрористеҳсоли васеъ; ҳасасмандкунии мопд^ кормаидон. Сарчашмаи асосии моддии фондҳои пулӣ дар0'

112

МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

мади миллии мамлакат - арзиши аз нав ташкилшуда ба шу-мор меравад.

фондҳои асосии пулии субъектҳои хоҷагидорӣ инҳоанд: фонди андӯхт, фонди истеъмолӣ ва фонди захираҳои молиявӣ.

Захираҳои молиявӣ аз се сарчашма иборатанд (ниг. ба расми 4.1):


  1. маблагҳои дар низоми бучети давлатй ҷамъшаванда;

  2. маблағҳои фондҳои гайрибуҷетй;

  3. маблагҳои ба корхонаҳо воридшаванда (фоида, ҳисса-ҷудокунии истеҳлокӣ).

Вобаста ба нн захираҳои молияи марказонидашуда (дав-латӣ) ва гайримарказонидашуда (маблағҳои субъектҳои хоҷа-гидорӣ)-ро фарк мекунанд.

Ба захираҳои молияи марказонидашуда маблагҳои буҷети давлатӣ ва маблагҳои фондҳои гайрибуҷетӣ дохил мешавад.

Захираҳои молияи гайримарказонидашуда хоси корхонаҳо буда, чунин гурӯҳбандӣ мешавад:


  • маблағҳои худӣ ва ҷалбшуда (фоида, истеҳлок, маблағ-ҳои пулии дар гардишбуда, пули аз фурӯши амвол гирифта-шуда, фоида аз иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ҳамаи намудҳои қарзи кредиторӣ);

  • маблагҳои қарзй (қарзҳои дарозмӯҳлат ва кӯтоҳмуддати бонкӣ, воситаҳои гуногунн молиявӣ); •

  • маблағҳои дар натиҷаи аз нав таксимкунӣ гирифташуда (талофии суғуртавӣ, субсидияи давлати, субвенсия).

Намудҳои захирахои молиявй инҳоанд:

  • даромад аз фурӯш;

  • фоида;

  • хиссаҷудокунии истеҳлокӣ;

  • андозҳо;

~ хаққи суғуртавӣ.

Захираҳои молиявӣ нишонаҳои зеринро дар бар мегирад:

~ Харакати яктарафаи арзиш;

113


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

ди умумӣ барои андозсупорандагоне, ки тибки низоми содда-кардашуда фаъолият мекунанд далели ин гуфтаҳост.

Таъмини молиявии чараёни такрористеҳсоли васеъ - ин пӯшонидани хароҷоти такрористеҳсолӣ бо захираҳои молия-вин аз чониби субъектҳои хоҷагидорй ва давлат гункардашуда. Ҷараёни таъмини такрористеҳсоли васеъ бо маблаг дар ҳамаи қисмҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ амалӣ мешавад. Барои самара-нокии истеҳсолот таъмини мунтазам ва истифодаи окилонаи маблагҳо зарур мебошад. Болоравии истеҳсолот боиси афзо-иши сарчашмаҳои молиявӣ мегардад.

Дар ташкили захираҳои молиявӣ ҳамаи унсурҳои арзищ иштирок менамоянд, вале ҷои асосиро фоида ишғол меку-над. Талаботи истеҳсолот ба сарчашмаҳои молиявӣ дар сатҳи макроиктисод аз ҳисоби маблагҳои марказолидашуда, дар сатҳи микроиқтисод бошад аз ҳисоби маблағҳои марказони-дашуда ва ғайримарказонидашуда таъмин карда мешавад.

Шаклҳои таъмини молиявии такрористеҳсоли васеъ инҳо-анд:


  • худмаблағгузорӣ;

  • қарздихӣ;

  • маблағгузории давлатй.

Нақши молияро дар такрористеҳсоли васеъ чунин ифода намудан мумкии аст.

  1. Таъсири молпя ба иқтисодиёт маҳз тавассути ду вазифаи молия (тақсимотӣ ва назоратй) амалӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки молия фишанги идоракунии иқтисодиёт мебошад.

  2. Бо ёрии молия аз ҷониби давлат ва субъектҳои хоча-гидорӣ фондҳои пулӣ ташкил мешавад. Давлат ва субъектҳои хоҷагидорӣ рохҳои самараноки истифодаи маблағҳои лулиро мукаррар намуда, маблагҳои худро ба соҳаҳои афзалиятнок оқилона тақсим менамоянд.

  3. Таъсири молия ба такрористеҳсоли васеъ дар шаклҳои микдорӣ ва сифатй зоҳир мешавад. Таъсири микдорӣ аз рӯи хиссаи маблагҳои равона кардашуда ва истифодагардида




116

МЛВЗУИ 4- МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

^уайян шуда, таъсири сифатӣ дар интихоби самтҳо ва таш-кили таъсири молия ба манфиатҳои моддии иштирокчиёни такрористеҳсоли васеъ ифода меёбад.

4. Молия дар гирдгардиши фондҳо иштирок намуда, ба истеҳсолот, мушкилоти иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва со-ҳаи ҳарбй таъсир мерасонад. Молия талаботи истеҳсолоти ҷамъиятиро таъмин намуда, боиси болоравӣ ва ё пастравии он шуда метавонад.

Омилҳои муҳимтарини таъсиррасонии молия ба истеҳ-солоти ҷамъиятӣ инҳоанд:



  • ҳавасмандкуниҳои буҷетӣ, аз ҷумла маблағгузориҳои бу-ҷетӣ (субсидия, субвенсия, иҷозат барои тезонидани истеҳлок);

  • имтиёзҳои андозӣ (паст намудани меъёри андозҳо ва аф-зун намудани имтиёзҳои андозӣ).

Молия ҳамчун унсури муҳими такрористеҳсоли қувваҳои коргарӣ баромад менамояд. Ба арзиши кувваҳои коргарӣ ба ғайр аз музди меҳнат, инчунин хароҷот барои маориф, тан-дурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ дохил мешавад.

4.5. Низоми молиявӣ ва тавсифи мухтасари кисмҳои асосии он

Мафҳуми «низоми молиявй» инкишофи мафҳуми умумии «молия» ба шумор меравад. Дар муайян намудани мафҳуми низоми молиявӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Мисол, намо-яндагони мактаби молияшга англисӣ-амрикоӣ (Т. Коуплэнд, Р. Брэйли, С. Росс, Ю. Бригхем ва ғайраҳо) низоми молиявиро чУн маҷмӯи як қатор муассисаҳо ва бозорҳое, ки ба ширкатҳо, Шаҳрвандон, ҳамчунин ҳукуматҳо хизштрасониҳои молиявй нешниҳод менамоянд, баҳогузорӣ намудаанд.

Ба акидаи дигар иқтисодчиён, аз ҷумла олимони рус, Моҳияти низоми молиявии мамлакат ба воситаи зернизомҳои °н: бонкй, карзӣ, пулӣ, буҷетй, андозӣ ифода карда мешавад.

117


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Низоми молиявӣ маҷмӯи соҳаҳои гуиогуии мупосибатҳои мо-лиявӣ буда, дар ҷараёии оп фоидҳои пулии субьектҳои хоҷагидорӣ, шаҳрваидои ва давлат ташкил кардаву истифода бурда мешавад.

Бо ибораи дигар, низоми молиявӣ - ин маҷмӯи шаклҳо ва усулҳои ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои пулии давлат, корхонаҳо ва шаҳрвандон.

Молияи марказонидашуда фондҳои пулие мебошад, ки аз ҷониби давлат ташкил карда шуда, барои танзим ва рушди иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зин-дагии аҳолии мамлакат истифода мешавад. Бо ёрии қисмҳои молияи марказонидашуда маблағҳои субъектхои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ дар фондҳои пулии давлатӣ (буҷети давлатӣ ва фондҳои максадноки давлатй) ҷамъ оварда шуда, барои таъ-мини талаботҳои ҷамъиятӣ истифода мешавад.

Низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷадвали 4.2.


инъикос карда шудааст. ' .

Ҷадвали 4.2.
Низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Молияи марказопи-дашуда (давлатӣ)

Молияи гайримарказонидашуда (гайридавлатй)

Низоми буҷети давлатй

Молияи корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ

Қарзи давлатй

Молияи корхона ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

Фондҳои мақсадноки давлатӣ

Молияи ташкилотҳои қарзӣ




Молияи ташкилотҳои сугурта




Молияи хоҷагии хонаводагй

Иҷрои вазифаҳои давлат дар инкишофи иқтисодӣ ва иҷти-моии ҷомеа зарурати дар ихтиёри худ марказонидани кисми бештари захираҳои молиявиро ба миён овардааст. Шаклҳои ис-тяфодаи маблагҳои молнянии дар ихтиёри давлат буда фондҳои

118


МЛВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

буҷетй ва гайрибуҷетӣ мебошад, ки талаботи давлатро дар халли вазифахои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмин менамояд.

Чӣ тавре дар боло қайд кардем, молия муносибатхои иқти-содии пулиро дар бар мегирад, аммо муносибатҳои мазкур дар ҳар як қисми низоми молиявӣ ба таври гуногун инъикос гардида, хусусиятҳои хоси худро дорад. Ҳар як қисми низо-ми молиявӣ ба таври муайян ба ҷараёни такроистехсол таъ-сир расонида, вазифаҳои хоси худро дорад. Чунончӣ, молияи корхонаҳо дар ҷараёни истеҳсолоти моддӣ иштирок намуда, бо ёрии он маҷмӯи махсолоти дохилӣ ташкил кардаву дар до-хили корхонаҳо ва соҳаҳои хоҷагидорӣ тақсим карда меша-вад. Ба воситаи буҷети давлатй маблагҳо ба фопди марказони-дашудаи давлат ҷамъ оварда шуда, сипас, дар байни соҳаҳои хоҷагидорй, минтақаҳои алоҳида, гурӯхҳои гуногуни иҷтимоии аҳолй аз иав тақсим карда мешавад. Фондҳои мақсадноки давлатӣ ҳадафи қатъии истифодабарӣ дорад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои Фонди суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қатъиян барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. Бо дигар мақсадҳо истифода бур-дани маблагҳои Фонди мазкур қатъиян манъ аст. Маблагҳои фондҳои суғурта, дар суғуртаи амвол барои талофии зарарҳои дар натиҷаи ҳодисаҳои суғуртавй ба амволи корхонаҳо ва аҳолӣ расонидашуда, дар суғуртаи шахсӣ барои таъмини мод-дии суғурташаванда ва ё оилаи ӯ равона мешавад.

Ҳамин тавр, ҳар як қисми низомн молиявӣ соҳаи муайяни муносибатҳои молиявй буда, усулҳо ва шаклҳои ба худ хоси ташкил ва истифодаи фондҳои пулиро дар бар гирифта, аз Қисмҳои дигари низоми молиявӣ фарқ мекунад. Бо вучуди ин, низоми молиявӣ низоми ягоиа мебошад, зеро хамаи қисмҳои °н аз сарчашмаи ягонаи маблағҳо ташкил карда мешавад.

Асоси низоми ягонаи молиявиро молияи корхонаҳо таш-қил медиҳад, зеро он бевосита дар ҷараёни истеҳсолоти моддӣ И|Дтирок менамояд. Сарчашмаи асосии фондҳои пулии марка-

119


МОЛИЯВАКЛРЗ

зонидашудаи давлатӣ даромади миллй мебошад, ки дар соҳац истеҳсолоти моддӣ ташкил карда мешавад.

Молияи умумидавлатй дар ҳалли вазифаҳои зерин накши ҳалкунандаро иҷро менамояд: таъмини суръати муайяни инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ; азнавтақсимкунии захираҳои молиявӣ байни соҳахои иқтисодиёт ва минтақаҳои мамлакат, соҳаҳои истех.солӣ ва гайриистеҳсолӣ, инчуниц шаклҳои моликият, гурӯҳҳо ва қишрҳои алоҳидаи аҳолӣ. Ис-тнфодан самараноки захнраҳои молиявй маҳз дар асоси сиёсати молиявии фаъолонаву окилонаи давлат имконпазир мегардад.

Давлат тавассути низоми молиявӣ, бо истифода аз андозҳо, хароҷотҳои буҷсти давлатӣ, қарзи давлатӣ ба ҷараёни ташкили фондҳои пулии марказонидашуда ва гайримарказонидашуда, фондҳои андӯхт ва истеъмолй таъсир мерасонад.

Мутобиқи моддаи 4-уми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Точикистон» «низо-ми молияи давлатӣ соҳаи муайяни муносибатхои молиявӣ аст, ки дар ҷараёни он маблагҳои пулӣ ташкил ва истифода бурда мешаванд. Низоми молияи-давлатй ҳамчунин шаклу усулҳои ташаккул, таксим ва истифодаи маблагҳои пулии давлнтиро муайян мекунад».

Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Точикистон аз муно-сибатҳои молиявии зерин иборат мебошад:



  • низоми буҷети давлатӣ;

  • қарзи давлатӣ;

  • фондҳои мақсадноки давлатӣ.

Ннзоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷетҳои сатҳҳои зерин иборат аст:

  • сатхи якум - буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатй;

  • сатҳи дуюм - буҷетҳои маҳаллй.

Ба буҷетҳои махаллӣ буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистонп Бадахшои ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои то-

120


МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

беи вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои хобеи чумхуриявӣ ва ҷамоатҳо мансуб мебошанд.

Акнун дар боран хусусиятҳоп хоси қисмҳои асосии низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар медиҳем.

Қисми асосии низоми молиявй буҷети давлатӣ мебошад. Буҷети давлатй шакли ташкил ва истифодаи фондҳои пулии марказонидашуда барои таъмини вазифаҳои иктисодӣ, сиёсӣ ва ичтимоии давлат ба шумор меравад.

Буҷети давлатӣ воситаи асосии аз нав тақсимкунии даро-мади миллй аст. Сарчашмаи асосии ташкили буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон андозҳо буда, то 90 фоизи даромадҳои умумии буҷетро ташкил медиҳанд. Хароҷоти асосии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳоп зерин истифода мешавад: идоракунии давлатӣ; фаъолияти мақомоти қудратй; соҳаи ҳарбӣ; дахолат ба иқтисодиёт; хароҷотҳои иҷтимоӣ ва кӯмаки молиявӣ (субсидия).

Буҷети давлатӣ дар шакли Қонуни Ҷумхурии Тоҷикисгон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ танхо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Дигар аз кисми муҳими низоми молиявӣ қарзи давлатӣ аст, ки шакли муносибатҳои қарзиро байни давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бар мегирад. Ҳангоми амалӣ намудани қарзи давлатӣ, давлат ба сифати қарздиҳанда, қарзуиранда ва кафолатдиҳанда баромад менамояд.

Дар моддаи 22-уми Қонуни Ҷумҳурни Тоҷикистон «Дар бо-раи молияи давлатии Ҷумҳурии Точикистон» қайд шудааст, ки «қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯҳдадориҳои қарзин Ҷумхурии Тоҷикистон дар назди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, кищварҳои хориҷӣ, ташкилотхои байналмилалии молиявй, ди-гар субъектҳои ҳукуқи байналмилалӣ иборат мебошад». Қарзи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва бе ягон шарту ша-Роит аз ҳисоби маҷмӯи амволе, ки моликияти давлатиро таш-кИл медиҳад, таъмин карда мешавад.

121

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Ҳуқуқи қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунй, таркиб, тартиби хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва бақайдгирӣ, таҷдиди сохтори он, додани қарз ба давлатҳои хориҷй ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муай-ян карда мешаванд.

Дар аксари ҳолатҳо давлат ба сифати қарзгиранда баро-мад намуда, маблагҳои қарзи давлатиро барои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ истифода мебарад. Аз ин рӯ, зарурати объективии қарзи давлатӣ, пеш аз ҳама, барзиёдии хароҷоти буҷет нисбати даромади он, яъне касри буҷет ба шумор ме-равад. Ҳангоми мавҷуд будани касри буҷет давлат ҳамеша ба захираҳои молиявии иловагӣ эҳтиёҷ пайдо намуда, ҳамчун қарзгиранда баромад менамояд.

Дар ҳолатҳои алоҳида давлат ба сифати қарздиҳанда ба-ромад карда, ба дигар давлатҳо ва ширкатҳои хусусӣ қарз медиҳад,

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои қарзии шахсони ҳуқуқӣ давлат пардохтани қисме аз қарзҳои онҳоро ба ӯҳда мегирад, ки дар чунин ҳолат давлат ҳамчун кафолатдиҳанда баромад ме-кунад. Ҳаҷми қарзҳое, ки пардохтани онҳоро давлат ба ӯхдаи худ мегирад, ба ҳаҷми қарзи давлатӣ илова карда мешазад.

Яке аз қисмҳои муҳими низоми молиявии Ҷумҳурии То-ҷикистон фондҳои мақсадноки давлатй ба шумор рафта, он ба молияц марказонидашуда дохил мешавад.

Мувофиқи моддаи 2-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Точикистон» «фондхои мақсадноки давлатӣ - фонди маблағҳои пулие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳо е бо роҳи ҷудо кардани маблаг аз намудҳои мушаххаси даро-мад барои амалӣ гардонидани ин ё он мақсад истифода ме-шавад, ташкил меёбад».

Буҷети фондҳои мақсадноки давлатиро Маҷлиси намоян-дагони Маҷписи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қабули Қокуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оораи буҷети дав-

122

МЛВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ

латии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявй баррасӣ карда, тасдиқ менамояд.

Фондҳои мақсадноки давлатӣ фондхои пулие, мебошанд, ки ҳадафи муайяни истифодабарӣ дошта, бо дигар мақсадҳо истифода бурдани онҳо қатъиян манъ аст. Фондҳои маз-кур одатан барои расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, ҳавасмандгардонии инкишофи соҳаҳои ақибмонда, таъмини соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт бо маблағҳои иловагӣ ва гайра истифода мешавад.

Дар низоми молиявии мамлакатҳои мутараккӣ фондҳои мақсадноки давлатиро фондҳои гайрибуҷетӣ меноманд, ки берун аз буҷети давлатӣ ташкил карда шуда, фонди пулии мустақил мебошад. Одатан фондҳои ғайрибуҷетӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ё иқтисодӣ ташкил карда мешавад. Давлат бо максади самараноктар истифода бурданн маблагҳои худ дар ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ ё иктисодӣ фондҳои мақсадноки давлатй ё фондҳои ғайрибуҷетӣ таъсис медихад. Аз ин ҷост, ки фондҳои мазкур вобаста ба мақсади истифо-дабариашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: иҷтимой; иқтисодӣ.

Фондҳои мақсадноки давлатик иҷтимоӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон инҳоанд:


  • Фонди суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

  • Фонди ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират. Яке аз қисмҳои муҳимтарини низоми ягонаи молиявӣ, мо-



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет