Бастауыш білім беру деңгейінің 1-сыныбы үшін


Бастауыш білім беру деңгейінің 1 сыныбы үшін



бет61/63
Дата28.01.2024
өлшемі2.5 Mb.
#490068
түріБағдарламасы
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   63
Бастауыш оқу бағдарламалары №266 бұйрығы 08.04.2016

Бастауыш білім беру деңгейінің 1 сыныбы үшін
«Сауат ашу» пәні бойынша үлігілік оқу бағдарламасы
(оқыту тәжік тілінде)


1. Мактаби эзоҳӣ

1. Мувофиқи стандарти умумитаълимии давлатӣ, ки бо қарори тасдиқшудаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 23 августи соли 2012 №1080, барномаи музкур дар асоси принсипҳои инкишоф ва таълиму тарбия, давомоти муттасилӣ сохта шудааст.


2. Алифбо (саводомӯзӣ) дар таълими ибтидои заминаи муҳимтарини ташаккули шахсият ва таҳкурсии устувори минбаъдаи ом?зиш буда, ҳамчун баёнгари самти дастовардҳои мактабиёни хурдсол дар фаолияти ояндаи онҳо нақши муҳим мебозад. Хурдсолон дар ин давра на танҳо хондан, навиштан балки бо ҳодисаҳои муҳиту атроф шинос мешаванд ва шавқу ҳаваси онҳо ба мактаб, таълим, муаллим ва китоб ҳамчун яке аз сарчашмаи маърифат меафзояд.
3.Мақсад:
1) дар давраи таълими алифбо хурдсолон бо овозҳои нутқ, таҳлили овозии калима;
2) овозҳои садонок ва ҳамсадо; таълими дурусти талаффузи овозҳо; нақшаи калима ҳиҷо ва ҷумлаҳо шинос мешаванд.
4. Ба қоидаҳои дуруст нишастан ва дуруст навиштан риоя карданро меом?занд. Хондану навиштанро ёд мегиранд. Дар давраи тайёрӣ – ташкил кардани ҷамоаи синф, дар онҳо мустаҳкам кардани муносибати д?стӣ. Худдорӣ дар синф ва мактаб. Риоя намудан ба одобу ахлоқ. Тайёрӣ ба давраи навиштан: хонандагон ба навиштан руҳан тайёр кардан, шиносоӣ бо ашёҳои хониш, ом?зиши навиштан дар ҳаво, тарбияи психологӣ ба монанди дидан, тахмин кардан, муқоиса кардан, нигоҳ доштан дар хотир, диққат ва ирода, кашидани хатҳои рост, каҷ ва мавҷнок:
5. Вазифаҳоиасосии ом?зиши Алифбо: ба бачагон хондан ва навиштанро ёд додан, барои бо муваффақият аз худ кунонидани имло шароити заруриро ба, вуҷуд овардан, дар просесси мушоҳидаҳо ва экскурсияҳо к?шиш кардан лозим, ки, бачаҳо аз муҳити воқеӣ ҳар чӣ бештар маълумот гиранд, чунки боиси, бой гардонидани захираҳои луғавии онҳо мегардад, хониш бо тарзи таҳлилу таркибӣ овозӣ ёд дода мешавад, дар маркази диққати ом?згорон бояд инҳо бошанд, инкишоф додани нутқи овозӣ ва талаффузи адабӣ дар к?дакон, ом?зондани тарзи дуруст ва бошуурона хондани калимаҳо, ҳиҷо ба ҳиҷо хондани калимаҳо, тасаввуроти шогирдонро оид ба табиати ватани худ, оид ба зиндагӣ ва меҳнати мардуми ватани худ аниқтар ва васеътар гардонидан, инкишофи нутқи даҳонии хонандагон, дуруст талаффуз кардани овоз, дар вақти сайру гашт бой гардондани, захираи луғавии онҳо.
6. Фанни «Саводом?зӣ» (хондан, навиштан) ҳамагӣ – 231 соат, дар як ҳафта 7 соат ом?зонда мешавад:

  1. давраи тайёрӣ –14 соат;

  2. давраи «Алифбо» – 98 соат;

  3. давраи баъди «Алифбо» –119 соат.

7. Алоқаи байни фанҳо:
1) қазақ тілі. Ом?зиши калимаҳо бо забони қазоқӣ. Тарзи навишти ҳарфҳо, мустақилона фикр карданро ом?зондан. Инкишофи нутқ, бой гардонидани таркиби луғавии нутқ, Фарқи байни ҳарфҳо ва имлои онҳо;
2) шиносоӣ бо муҳит. Талабагонро бо муҳити атроф шинос карда истода нутқи даҳонӣ ва хаттии онҳоро инкишоф додан. Маданияти нутқи хонандагонро ташаккул додан. Алоқамандии инсон бо табиати зинда. Аз р?и расмҳо ташкил кардани с?ҳбат;
3) мусиқа. Инкишоф додани нутқи даҳонии хонандагон дар асоси корҳои эҷодии мусиқа. Бо оҳанг хондани шеър;
4) санъати тасвирӣ. Хангоми кор бо суратҳо таркиби луғавии хонандагонро бой гардонидан. Аз р?и расмҳо фикрҳо ва ҳиссиёти худро баён кардан. Дуруст доштани қаламро омӯзондан ва сӯҳбат дар бораи рангҳо. Тарбияи эстетикӣ;
5) тарбияи ҷисмонӣ. ?ангоми дарс истифода бурдани дақиқаҳои варзиши ҷисмонӣ, ташкил намудани бозиҳои серҳаракат. Инкишофи нутқи даҳонӣ дар дақиқаи дамгирӣ;
6) меҳнат. Хангоми меҳнат кардан ангуштҳои нозуки хонандагонро мустаҳкам намудан. Инкишоф додани нутқи даҳонии эҷодии хонандагон. Бехатарӣ ҳангоми дарс.




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   63




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет