Объединение юридических лиц в форме ассоциации


INTERNATIONAL SCIENTIFIC JOURNAL



Pdf көрінісі
бет133/199
Дата28.02.2023
өлшемі3.95 Mb.
#470155
1   ...   129   130   131   132   133   134   135   136   ...   199
1 3 ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ

INTERNATIONAL SCIENTIFIC JOURNAL
«GLOBAL SCIENCE AND INNOVATIONS 2020: CENTRAL ASIA» 
NUR-SULTAN, KAZAKHSTAN, FEB-MARCH 2020 
 
129 
Шаклҳои гуногуни ташкили корҳои мустақилонаро дар машѓулиятҳои мактабӣ ва 
хонагӣ истифода бурдан мумкин аст: фардӣ, фардӣ-гурӯҳӣ, коллективӣ, синфӣ, 
беруназсинфӣ, шаклҳои гуногуни ташкили дарс (дарс-лексия, дарс-конференсия, дарс-
санҷиш, дарс -практикуми ҳалли масъалаҳо, иҷрои корҳои лабораторӣ)
Дар асоси таҳлилҳои шаклҳои гуногуни корбарӣ бо хонандагон маълум гардид, ки 
усули баланд бардоштани самаранокии дарс, фаъолгардонии хонандагон ташкили 
мувофиқи корҳои мустақилона дар раванди таълим мебошад. Ин навъи ташкили кор длар 
раванди маълумотгирии хонандагон мавқеи асосиро ишѓол мекунад. Хонандагон фақат 
метавонанд дар ҷараёни фаъолияти мустақилонаи шахси донишҳои мукаммал ва 
боэътимод ҳосил кунад. 
Мафҳуми корҳои мустақилона дар системаи мафҳумҳои дидактикӣ мавқеи 
муҳимро ишѓол мекунад. Як зумра педагогҳо ва психологҳо корҳои мустақилонаро 
ҳамчун як намуди фаъолияти таълимии хонандагон меҳисобанд. Онро на ба шакли 
ташкили донишҳои таълимӣ ва на ба методи таълим дохил мекунанд. Таърифи муайяни 
корҳои мустақилона, ки моҳият ва аломатҳои асосии онро муайян мекунанд, мавҷуд нест. 
Педагогҳо маъруф ҳамеша чунин меҳисобанд, ки хонандагон дар дарс бояд мувофиқи 
имкониятҳояшон мустақилият дошта бошанд ва омӯзгор ба онҳо маводҳои лозимиро дода 
ин меҳнати мустақилонаи онҳоро роҳбарӣ мекунад. [6 с. 43] 
Зери мафҳуми кори мустақилонаи таълимӣ дилхоҳ фаъолияти фаъолонаи 
хонандагон, ки аз тарафи омӯзгор ташкил карда шуда ба иҷрои мақсади дидактики 
гузошташуда, ки ба вақти муайян рост меояд ва мақсади он ҷӯстуҷӯи донишҳо, фикрронӣ 
дар доираи онҳо, мкстаҳкамкунӣ, ташаккулдиҳии маҳорат ва малака, умумисозӣ ва 
басистемадарории донишҳо мебошад, фаҳмида мешавад. [3 с.225-230] 
Кори мустақилона амалҳои ақлонии бурдборонаи хонандагонро талаб менамояд, ки 
онҳо бо усулҳои ратсионалии иҷрои супоришҳои аз тарафи омӯзгор пешниҳодгардида бо 
таҳлили натиҷаҳояшон вобаста мебошанд. 
Натиҷаҳои таҳқиқотҳои аломатҳои дидактики корҳои мустақилонаи хонандагон 
нишон медиҳанд, ки кушодани аломатҳои ба корҳои мустақилона характернок дар 
таҳлили ягонагии ҷиҳатҳои берунӣ ва дохилии он имкон дорад. Ҷиҳати беруна бо 
функсияҳои омӯзонандагии омӯзгор алоқаманд буда, ҷиҳати дохилӣ бошад ба функсияҳои 
маърифатии хонанда алоқаманд аст [7 с. 15-20] 
Ҳангоми ташкил намудани кори мустақилона аз тарафи омӯзгор бо пешниҳоди 
масъалаҳои мушаххас хонандагон дар худ ҳисси масъулиятшиносиро ҳосил менамоянд. 
Супориш роли баваҷдоварандаи комплексии берунаро, ки фаъолияти таҳлили – синтезии 
хонандагонро метезонад, мебозад. 
Мундариҷаи супориши гирифтаро таҳлил намуда, онро бо донишҳои доштаашон ва 
таҷрибаҳои дар асоси ин донишҳо ҳосилнамуда муқоиса намуда, хонандагон то амиқии 
зарурӣ мақсади супоришро дарк намуда оид ба он фикр мекунанд. Амалҳои ояндаашонро 
доир ба иҷрои ҳатмии он пайгирӣ намуда, он натиҷаҳоеро, ки бояд соҳиб шаванд,ба қайд 
мегиранд. Ин натиҷаҳоро шартан ба се қисм ҷудо намудан мумкин аст: қисмати якуми он 
иҷрои супориш, дуюм – ба амал баровардани амалиётҳои ниҳоӣ буда, дар ин қисм 
хонандагон супориши гирифтаашонро иҷро менамоянд. Дар қисмати сеюм бошад – 
таҳлили натиҷаҳои бадастомадаи амалётҳо гузаронида мешавад. Хонандагон натиҷаҳои 
ҳосилнамудаи худро ба мақсади дар наздашон гузошта муқоиса намуда дурустии кори 
иҷронамудаашонро месанҷанд. Агар натиҷаҳои ҳислшуда бо мақсади гузошташуда 
мувофиқ оянд, ангезиши торҳои асаби хонандагон тадриҷан бартараф мешаванд ва бо 
ҳамин амалиёт (иҷрои пурраи супориш) анҷом меёбад. Агар дар байни мақсади 
гузошташуда ва натиҷаҳои ҳосилнамуда тафриқа пайдо шавад, назорат азрӯи амалётҳои 
пурқувват карда мешавад, ҷустӯҷӯи натиҷаҳои зарурӣ идома меёбад. Ин муносибат то 
иҷрои мақсади гузошташуда ва анҷоми пурраи супориш пайгирӣ мешавад. Омӯзгор иҷрои 




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   129   130   131   132   133   134   135   136   ...   199




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет