1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет20/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   33

38. Сураи Сод
Дар Макка нозил шуд ва он њаштоду њашт оят ва панљ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Сод. Ќасам ба Ќуръони соњибпанд,

2. балки кофирон дар саркашї ва мухолифатанд.

3. Чї ќадар табаќоти мардумро пеш аз онњо њалок кардем! Пас, фарёд бароварданд; ва он ваќт халосї набуд.

4. Ва аз он тааљљуб карданд, ки бимкунандае аз ќавмашон ба онњо биомад ва кофирон гуфтанд: «Ин шахс љодугари дурўѓгўе аст.

5. Оё худоён(-и мутааддид)-ро Як Худо гардонид? Ба дурустї ки ин чизе аљиб аст».

6. Ва ашрофи онњо бирафтанд, (бо якдигар гуфтанд) ки: «Биравед ва бар (ибодати) худоёни худ шикебої кунед. Ба дурустї, ин1 чизе аст, ки ирода карда шудааст.

7. Мо ин ќавлро дар дини пасин нашунидаем. Ин ба љуз дурўѓбофї [чизи дигар] нест.

8. Оё аз миёни мо Ќуръон бар ин шахс фуруд оварда шуд?» Балки ин кофирон аз панди Ман дар шакканд?! Балки њанўз азоби Маро начашидаанд?!

9. Оё хизонањои рањмати Парвардигори Ѓолиби Бахшояндаи ту назди онњо аст?!

10. Оё подшоњии осмонњову замин ва он чи дар миёни он ду аст, аз они онњо аст? Пас, бояд ки ба василањое боло раванд.

11. Ин љо лашкаре њаст – (бањамомада) аз љумлаи гурўњњо,2 шикастхўрда.

12. Пеш аз онњо ќавми Нўњ; ва Од; ва Фиръавн – соњиби мехњо3 дурўѓ доштанд;

13. ва Самуд; ва ќавми Лут; ва сокинони Айка – ин љамоатњо (такзиб карданд).

14. Њељ кас аз онњо нест, магар он ки пайѓамбаронро дурўѓї дошт, пас, уќубати Ман собит шуд.

15. Ва инон4 ба љуз як наъраи тунд,5 ки онро њељ таваќќуфе набошад, [чизеро] нигарон нестанд.

16. Ва гуфтанд:6 «Эй Парвардигори мо, сарнавишти моро (аз уќубат) пеш аз рўзи њисоб башитоб ба мо дењ».

17. Бар он чи мегўянд, сабр кун ва бандаи Мо – Довуд – соњиби ќувватро ёд кун; њамоно ў руљўъкунанда буд.7

18. Ба ростї ки Мо кўњњоро њамроњи ў ром сохтем, ба ваќти шому субњ тасбењ мегуфтанд.

19. Ва мурѓонро ба њам оварда (ром сохтем); њар яке барои ў фармонбардор буд.

20. Ва подшоњии ўро муњкам кардем; ва ба ў њикмату сухани возењ додем.

21. Оё хабари гурўњи бо якдигар хусуматкунанда пеши ту омадааст, чун аз девор љаста ба масљид дохил шуданд?

22. Чун бар Довуд даромаданд, пас, аз онњо битарсид. Гуфтанд: «Матарс; мо ду хусуматкунандаем, баъзеи мо бар баъзе ситам кардааст, пас, миёни мо ба ростї њукм куну љавр макун ва моро ба роњи рост далолат кун.

23. Ин бародари ман аст, дар дасти ў наваду нўњ меш аст ва пеши ман як меш аст. Пас (ин шахс) гуфт: «Ин як мешро ба ман бисупор». Ва дар сухан гуфтан бо ман дуруштї кард».

24. (Довуд) гуфт: «Дар воќеъ, ў – бо хостани меши ту, то бо мешњои худ ба њам орад – бар ту ситам кардааст. Ба ростї, бисёре аз шарикон [њастанд, ки] баъзеашон бар баъзе ситам мекунанд, магар онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд ва онњо андаканд». Ва Довуд фањмид, ки Мо ўро озмудаем, пас, аз Парвардигори худ талаби омурзиш кард ва саљдакунон биафтод ва (ба Худо) бозгашт.

25. Пас, он лаѓзиши ўро ба ў омурзидем. Ба ростї ки ўро назди Мо ќурбат ва бозгашти некў аст.

26. (Гуфтем:) «Эй Довуд, ба ростї ки Мо туро дар замин подшоњ сохтем, пас, дар миёни мардумон ба ростї њукм кун ва хоњиши нафсро пайравї макун, ки он туро аз роњи Худо гумроњ кунад». Њамоно, барои онон, ки аз роњи Худо гумроњ мешаванд, азоби сахт аст – ба сабаби он, ки рўзи њисобро фаромўш карданд.

27. Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни инњо аст, бењуда наофаридаем. Ин гумони кофирон аст; пас, вой бар кофирон – аз (уќубати) оташ.

28. Оё ононро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, монанди фасодкунандагон дар замин месозем? Оё парњезгоронро монанди бадкорон месозем?

29. (Ин Ќуръон) Китобест бобаракат, ки онро ба сўи ту фуруд овардем, то мардумон дар оёти он тааммул кунанд ва то соњибхирадон панд гиранд.

30. Ва ба Довуд Сулаймонро ато кардем. (Сулаймон) некў бандае буд; ба ростї ки ў (ба Худо) руљўъкунанда буд.

31. (Ёд кун) чун ваќти бегоњ ба ў аспони тезрав арза карда шуд.

32. Пас, гуфт: «Ба дурустї ки ман (ин аспонро) аз ќабили дўст доштани мол дўст доштам [ва] аз зикри Парвардигори худ бозмондам, то он ки (офтоб) дар парда пинњон шуд.1

33. Ин аспонро ба ман бозгардонед!» Пас даст расониданро ба соќњову гарданњо шурўъ кард.2

34. Дар воќеъ, Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ў љасадеро андохтем, сипас (ба Худо) руљўъ кард.

35. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро биомурз; ва ба ман он подшоњиеро ато кун, ки ѓайр аз ман ба њељ кас рост наояд. Ба дурустї ки Ту Бахшояндаї».

36. Пас, бодро барои ў мусаххар гардонидем, ба фармони Ў њар љо, ки хоста бошад, ба оњистагї равон мешуд.

37. Ва девонро – њар бинокунанда ва дар дарё фурўравандаро (мусаххар гардонидем).

38. Ва девони дигарро, ки бо њам (дасту по) дар занљирњо баста буданд (мусаххар гардонидем).

39. (Гуфтем:) «Ин бахшиши Мост, пас [онро] ба ѓайри (он, ки бо ту) њисоб (карда шавад), ато кун ё нигоњ дор!»

40. Ва ба ростї ки ўро назди Мо ќурбат ва бозгашти некў аст.

41. Ва бандаи Мо Айюбро ёд кун, чун ба Парвардигори худ нидо кард, ки: «Шайтон бо ранљурї ва дард ба ман даст расонидааст».

42. (Гуфтем:) «Бо пои худ заминро бизан. (Ногањон) он чашмае бошад, ки барои ѓусл муњайё, сарду ошомиданї бувад».

43. Ва ањли хонаи ў ва монанди онњоро њамроњашон ба ў ато кардем, ки аз назди Мо бахшоише ва барои соњибхирадон панде буд.

44. Ва (гуфтем:) «Дастаи шохањоро ба дасти худ бигир, пас, бо он (зани худро) бизан;1 ва хилофи савганд макун». Њамоно Мо ўро шикебо ёфтем. (Айюб) некў бандае буд. Ба ростї ки ў (ба Худо) руљўъкунанда буд.

45. Ва бандагони мо Иброњим ва Исњоќ ва Яъќуб – соњибони дастњо ва дидањоро2 ёд кун.

46. Ба дурустї ки Мо онњоро барои хислате (нек), ки ёд кардани охират аст, холис сохтем.

47. Ва ба ростї ки онњо назди Мо аз баргузидагон – некон буданд.

48. Ва Исмоил ва Ал-Ясаъ ва Зу-л-Кифлро ёд кун; ва њама аз некон буданд.

49. Ин (Ќуръон) панде аст ва њамоно парњезгоронро нек бозгаште њаст:

50. – бўстонњои њамеша мондан, ки дарвозањо(-и он) барои онњо кушода аст.

51. Дар он љо такязадагонанд; дар он љо меваи бисёру шаробро металабанд.

52. Ва назди онњо занони чашм фурудорандаи бо якдигар њамумр бошанд.

53. Ин аст он чи ба шумо барои рўзи њисоб ваъда дода мешавад.

54. Ба дурустї ки ин ризќи Мост; онро њељ заволе набошад.

55. Ин аст (љазо). Ва ба ростї ки аз њад гузаштагонро бад бозгаште бошад:

56. – дўзах аст, ки он љо дароянд; пас (он) бад оромгоњест.

57. Ин (азоб) оби гарму зардоб аст; пас, бояд ки онро бичашанд.

58. Ва азоби дигар аст – монанди ин, ба анвои мухталиф.

59. Ин3 ќавме аст, ки њамроњи шумо (ба оташ) дароянд. (Онњо4 гўянд:) «Онњоро њељ «Марњабо» мабод!» Ба дурустї ки онњо ба оташи дўзах дарояндаанд.

60. Гўянд:5 «Балки шумо! Шуморо њељ «Марњабо» мабод! Куфрро барои мо расми ќадим сохтед. Пас дўзах бад ќароргоње аст».

61. Гўянд: «Эй Парвардигори мо, њар ки куфрро барои мо расми ќадим сохта бошад, пас, дар оташ азобро дар њаќќи ў дучанд зиёда бикун».

62. Ва гўянд:6 «Моро чист, мардонеро, ки мо онњоро аз бадон мешумурдем,7 намебинем?

63. Оё онњоро масхара мегирифтем, ё дидањо аз онњо баргаштааст?»

64. Дар воќеъ, бо якдигар хусумат кардани ањли дўзах рост аст.

65. Бигў: «Љуз ин нест, ки ман тарсонандаам; ва њељ маъбуде нест, магар Худои Ягонаи Боќувват –

66. Парвардигори осмонњову замин ва он чи миёни инњо аст, Ѓолиби Омурзгор».

67. Бигў: «Ин хабаре бузург аст,

68. ки шумо аз он рўгардонандаед.

69. Маро ба њоли ин љамоаи баландќадр (аз фариштагон) – чун бо якдигар суолу љавоб мекунанд – њељ донише нест.

70. Ба сўи ман вањй фиристода намешавад, магар он ки ман тарсонандаи ошкорам».

71. (Ёд кун) чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт: «Њамоно Ман одамиро аз гил Офаринандаам.

72. Пас, чун ўро рост кунам ва дар вай рўњи Худро бидамам, пас, барои ў саљдакунон биафтед!»

73. Пас, њамаи фариштагон якљо саљда карданд,

74. магар Шайтон, саркашї кард ва аз кофирон шуд.

75. (Худо) гуфт: «Эй Шайтон, чї чиз туро аз он боздошт, ки ба чизе саљда кунї, ки [онро] бо ду дасти Худ офаридаам? Оё такаббур кардї ё (ба њаќиќат) аз баландќадрон њастї?»

76. Гуфт: «Ман аз вай бењтарам: маро аз оташ офаридї ва ўро аз гил офаридї».

77. Гуфт: «Аз бињишт берун шав, ба ростї ки ту рондашудаї!

78. Ва њамоно, лаънати Ман то рўзи љазо бар ту бод!»

79. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, пас, маро то он рўз, ки (мардумон) барангехта шаванд, мўњлат дењ!»

80. Гуфт: «Њамоно ту аз мўњлат додашудагонї, –

81. то рўзи он ваќти муайян».

82. (Шайтон) гуфт: «Ќасам ба Иззати Ту, ки албатта, њамаи онњоро якљо гумроњ кунам,

83. магар аз онњо – бандагони холиссохтаи Ту».

84. Фармуд: «Пас (ин сухани) рост аст ва (сухани) рост мегўям:

85. албатта, дўзахро аз туву касоне аз онон, ки пайравии ту кунанд – њама якљо – пур кунам».

86. Бигў: «Бар таблиѓи Ќуръон аз шумо њељ муздеро талаб намекунам ва ман аз такаллуфкунандагон нестам.1

87. Ин (Ќуръон) ба љуз панде барои оламиён (чизе) нест.

88. Ва хабари (сидќи) онро баъди замоне, албатта, хоњед донист».


39. Сураи Зумар (Гурўњњо)
Дар Макка нозил шуд ва он њафтоду панљ оят ва њашт рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Фурў фиристодани ин Китоб аз љониби Худои Ѓолиби Боњикмат аст.

2. Њамоно Мо Китобро ба ростї ба сўи ту фурў фиристодем, пас, парастишро барои Худо холис карда, Ўро ибодат кун.

3. Огоњ бош, парастиш кардани холис1 барои Худо аст.2 Ва онон, ки ба љуз Худо дўстоне гирифтанд, (гуфтанд): «Онњоро ибодат намекунем, магар барои он, ки моро дар (мартабаи) ќурб ба Худо наздик созанд». Ба ростї ки Худо дар миёнашон дар он чи онњо бар он ихтилоф доранд, њукм мекунад. Њамоно Худо касеро, ки дурўѓгўи носипос аст, роњ наменамояд.

4. Агар Худо мехост, ки фарзанд гирад, албатта, аз љумлаи он чи халќ кардааст, чизеро мехост, бармегузид. Покї Ўро аст; Ў Худои Ягонаи Боќувват аст.

5. Осмонњову заминро (ба тадбири) дуруст офарид; шабро ба рўз мепечонад ва рўзро бар шаб мепечонад; ва офтобу моњро ром сохт – њар яке дар замони муайян меравад. Огоњ бош, Ў Ѓолиби Омурзанда аст.

6. Шуморо аз як шахс офарид. Сипас, аз он шахс занашро офарид ва њашт ќисм3 аз чањорпоёнро барои шумо фурў фиристод. Шуморо дар шиками модарони шумо, ба як навъ офаридан баъд аз офаридани дигар, дар торикињои сегона4 меофаринад. Ин аст Худо – Парвардигори шумо; Подшоњї аз они Ўст; ба љуз Ў њељ маъбуд(-и барњаќ) нест. Пас, [аз роњи њаќ] куљо гардонида мешавед?

7. Агар носипосї кунед, пас, њамоно, Худо аз шумо Бениёз аст; ва дар њаќќи бандагони Худ носипосиро намеписандад; ва агар сипосдорї кунед, онро барои шумо писанд кунад. Ва њељ бардорандае бори дигарро барнадорад. Сипас, бозгаштатон ба сўи Парвардигори шумо аст. Пас, шуморо ба он чи мекардед, хабар дињад. Ба ростї ки Ў ба он чи дар синањо њаст, Доно аст.

8. Ва чун ба одамї ранље бирасад, ба сўи Парвардигори худ руљўъ карда, Ўро дуо кунад; сипас, чун неъмате аз назди Худ ба ў ато кунад, он чиро, ки пеш аз ин ба (љињати) он дуо мекард, фаромўш созад; ва барои Худо њамтоёнро муќаррар кунад, то аз роњи Худо гумроњ кунад. Бигў: «Андак замоне бо куфри худ бањраманд бош, ба ростї ки ту аз ањли дўзахї!»

9. Оё касе, ки ў дар соатњое аз шаб саљдакунону истода ибодаткунанда аст, аз охират метарсад ва ба рањмати Парвардигораш умед медорад?5 Бигў: «Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд? Љуз ин нест, ки соњибони хирад пандпазир мешаванд».

10. Бигў:6 «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед! Барои онон, ки дар ин дунё некўкорї карданд, њолати нек бошад; ва замини Худо кушода аст; љуз ин нест, ки музди собирон бењисоб, батамом ба онњо дода мешавад».1

11. Бигў: «Њар оина маро фармуда шуд, ки парастишро барои Худо холис сохта, Ўро ибодат кунам.

12. Ва маро ба он фармуда шуд, ки нахустини мусулмонон бошам».

13. Бигў: «Ба ростї ки ман, агар ба Парвардигори худ нофармонї кунам, аз азоби рўзи бузург метарсам».

14. Бигў: «Худоро – барои Ў парастиши худро холис сохта,2 ибодат мекунам.

15. Пас, ба љуз Худо њар киро хоњед, ибодат кунед». Бигў: «Њамоно зиёнкорон ононанд, ки хештан ва ањли худро рўзи ќиёмат дар зиён доданд;3 огоњ бош, њамоно ин (муќаддима) зиёни зоњир аст.

16. Онњоро аз болояшон соябонњое аз оташ бошад ва аз зерашон низ – соябонњое. Ин (азоб) [он аст, ки] Худо ба он бандагони Худро метарсонад». Эй бандагони Ман, аз Ман битарсед!

17. Ва барои онон, ки аз бут яксў рафтанд – аз он, ки онро ибодат кунанд, – ва ба сўи Худо руљўъ карданд, мужда аст. Пас он бандагони Маро мужда дењ,

18. ки суханро мешунаванд, пас ба некўтарини он пайравї менамоянд. Онон касонеанд, ки Худо онњоро њидоят кардааст; ва соњибони хирад њамонњоянд.

19. Пас, оё касе, ки бар вай ваъдаи азоб собит шуд – оё ту он дўзахиро халос карда тавонї?

20. Лекин, барои онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, мањалњои баланд аст, ки болои он мањалњои дигар бино карда шудааст; зери он љўйњо меравад; Худо ваъда кардааст; Худо ваъдаро хилоф намекунад.

21. Оё надидї, ки Худо аз осмон обе фурў мефиристад, пас, онро ба чашмасорњо дар замин меоварад, сипас, ба сабаби он кишти гуногунрангро бар меоварад; сипас хушк мешавад; пас, онро зардшуда мебинї; сипас, онро реза-реза мекунад. Њамоно дар ин (муќаддима) барои соњибони хирад панде њаст.

22. Оё касе, ки Худо синаи ўро барои дини Ислом кушода кардааст, пас, ў аз љониби Парвардигораш бар равшанї бошад, (монанди сахтдилон аст)? Пас, вой бар онон, ки дилњояшон аз ёд кардани Худо сахт аст! Онњо дар гумроњии зоњиранд.

23. Худо бењтарини суханро – Китобе нозил сохт, ки баъзеи он монанди дигар дубора аст;4 аз шунидани он пўсти онњое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, мўйхез мешавад; баъд аз он пўстњову дилњояшон наздики зикри Худо нарм мешавад. Ин њидояти Худо аст, бо он њар киро хоњад, роњ менамояд. Ва њар касро, ки Худо гумроњ кунад, пас ўро њељ роњнамояндае нест.

24. Оё касе, ки рўзи ќиёмат бо рўи худ сахтии азобро аз худ дур мекунад,5 (монанди ањли наљот бошад)? Ва ба ситамкорон гуфта шавад: «(Ваболи) он чиро, ки мекардед, бичашед!»

25. Касоне, ки пеш аз онњо буданд, [пайѓамбарону Китобњоро] ба дурўѓ нисбат карданд; пас, азоб аз он љо, ки намедонистанд, ба онњо омад.

26. Пас, Худо ба онњо дар зиндагонии дунё хориро чашонид; ва агар медонистанд, њамоно, азоби охират сахттар аст.

27. Ба дурустї ки барои мардумон дар ин Ќуръон аз њар гуна достон баён кардем, бувад ки онњо панд гиранд.

28. Ќуръоне арабии беайб (фуруд овардем), бувад ки онњо парњезгорї кунанд.

29. Худо мисоли бандаеро баён мекунад, ки дар вай шарикон дар ихтилофанд ва бандаеро, ки аз они як мард аст. Оё ин ду дар сифат баробаранд?1 Ситоиш Худойро аст, балки аксари онњо намедонанд.

30. Ба ростї ки ту миранда њастї ва ба ростї ки онњо мирандаанд.

31. Сипас, рўзи ќиёмат, албатта, шумо назди Парвардигоратон бо якдигар хусумат хоњед кард.

32. Пас, кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурўѓ барбаст ва дини ростро – чун ба ў биёмад – дурўѓ дошт? Оё љои кофирон дар дўзах нест?!

33. Ва он кас, ки дини ростро овард ва (он кас, ки) онро бовар дошт – њамоно ин љамоа парњезгоранд.

34. Барои онњо он чи хоњанд, назди Парвардигорашон њаст. Ин љазои некўкорон аст.

35. То Худо бадтарини он чиро, ки кардаанд, аз онњо мањв кунад; ва ба (њасби) некўтарини он чи кардаанд, муздашонро ба онњо бидињад.

36. Оё Худо бандаи Худро Корсоз нест?! Туро ба онон, ки ѓайри Худоанд, метарсонанд. Ва њар касро, ки Худо гумроњ кунад, пас, ўро њељ роњнамояндае нест.

37. Ва њар касро, ки Худо роњ намояд, пас, ўро њељ гумроњкунандае нест. Оё Худо Ѓолиби Соњибинтиќом нест?!

38. Ва агар аз онњо бипурсї: «Кї осмонњову заминро офарид?» – албатта бигўянд: «Худо (офарид)». Бигў: «Оё онро дидед, ки ба љуз Худо мепарастед? Агар Худо дар њаќќи ман сахтиро хоњад, оё ин бутон дафъкунандаи сахтии Ў њастанд? Ё агар дар њаќќи ман бахшоише хоњад, оё ин бутон боздорандаи бахшоиши Ў њастанд?» Бигў: «Маро Худо бас аст; таваккулкунандагон бар Вай таваккул мекунанд».

39. Бигў: «Эй ќавми ман, бар вазъи худ амал кунед, њамоно ман низ (бар вазъи худ) амалкунандаам; пас, хоњед донист –

40. – касеро, ки ба ў азобе биёяд, ки ўро расво кунад; ва (касеро) ки бар вай азоби доим фуруд ояд».

41. Њамоно Мо Китобро ба ростї барои мардумон бар ту фуруд овардем, пас, њар ки роњёб шавад, ба (фоидаи) худи ўст; ва њар ки гумроњ шавад, пас, ба љуз ин нест, ки ба зарари худ гумроњ мешавад. Ва ту бар онњо нигањбон нестї.

42. Худо рўњњоро наздики марги онњо ќабз мекунад ва он рўњро, ки намурдааст, дар хоби он (ќабз мекунад). Пас, онро, ки бар вай њукми марг кардааст, нигоњ медорад ва он дигарро то ваќти муайян рањо мекунад. Ба ростї, дар ин (муќаддима) барои ќавме, ки тааммул мекунанд, нишонањое њаст.

43. Оё ба љуз Худо шафоаткунандагоне гирифтаанд? Бигў:1 «Агарчи њељ кореро наметавонанду намедонанд?»2

44. Бигў: «Њамаи шафоат якљо дар ихтиёри Худо аст; подшоњии осмонњову замин аз они Ў аст; сипас ба сўи Ў гардонида хоњед шуд».

45. Ва чун Худо танњо ёд карда шавад, дилњои онон, ки ба охират имон намеоранд, нафрат гирад; ва чун онон, ки ба љуз Ўянд, ёд карда шаванд, ногоњ онњо шодмон мешаванд.

46. Бигў: «Бор Худоё, эй Пайдокунандаи осмонњову замин, Донандаи нињону ошкоро, Ту миёни бандагони Худ бар чизе, ки онњо дар он ихтилоф мекарданд, њукм мекунї».

47. Ва агар њамаи он чи дар замин аст, якљо ва монанди он њамроњи он аз они касоне бошад, ки ситам карданд, албатта, онро ба сабаби сахтии азоби рўзи ќиёмат ивази худ фидя дињанд. Ва аз љониби Худо он чи гумон намедоштанд, бар онњо зоњир шавад.

48. Ва љазои бади он чи карда буданд, ба онњо зоњир шавад; ва он чи, ки ба он истењзо мекарданд, онњоро фаро гирад.

49. Пас, чун ба одамї сахтие бирасад, Моро бихонад; сипас, чун аз тарафи Худ неъмате ба ў бидињем, гўяд: «Љуз ин нест, ки ин неъмат бино бар донише (ки маро њаст) ба ман дода шудааст». Балки ин (неъмат) озмоише аст; валекин аксари онњо намедонанд.

50. Њамоно касоне, ки пеш аз онњо буданд, ин калимаро гуфтанд. Пас, он чи, ки мекарданд, балоро аз онњо дафъ накард.

51. Пас, уќубати он чи карданд, ба онњо расид; ва ба касоне аз ин љамоа, ки ситамгоранд, уќубати он чи карданд, хоњад расид. Ва онњо ољизкунанда нестанд.

52. Оё надонистаанд, ки Худо рўзиро барои њар ки хоњад, фарох месозад ва (барои њар ки мехоњад) танг мекунад. Ба дурустї, дар ин кор барои ќавме, ки имон меоранд, нашонањое њаст.

53. Бигў:3 «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз њад таљовуз кардед, аз рањмати Худо ноумед машавед. Њар оина, Худо њамаи гуноњонро якљо меомурзад; ба ростї ки Ў њамоно Омурзгори Мењрубон аст.

54. Ва пеш аз он, ки азоб ба шумо биёяду сипас мадад карда нашавед, ба сўи Парвардигоратон бозгардед ва Ўро гардан нињед.

55. Ва пеш аз он, ки азоб ногањон ба шумо биёяд ва шумо хабардор набошед, ба некўтарини он чи аз љониби Парвардигоратон ба сўи шумо фурў фиристода шудааст, пайравї кунед.

56. (Пеш аз) он, ки шахсе гўяд: «Во дареѓо, бар он чи, ки ман дар кори Худо таќсир кардам! Њамоно ман аз тамасхуркунандагон будам».

57. Ё гўяд: «Агар Худо маро њидоят мекард, албатта, аз парњезгорон мешудам».

58. Ё, ваќте ки азобро бибинад, гўяд: «Кош маро бозгаште бошад,1 то аз некўкорон бошам».

59. (Он гоњ Худо фармояд:) «Оре, оёти Ман пеши ту омад, пас, ту онњоро дурўѓ доштї ва такаббур кардї ва аз кофирон шудї».

60. Ва рўзи ќиёмат касонеро бибинї, ки бар Худо дурўѓ бастанд: рўйњояшон сиёњ шудааст. Оё љои мутакаббирон дар дўзах нест?!»

61. Ва Худо парњезгоронро ба [тавассути] растагорињояшон наљот дињад, ба онњо сахтї нарасад ва онњо андўњгин нашаванд.

62. Худо Офаринандаи њар чиз аст ва Ў бар њар чиз Нигањбон аст.

63. Ўрост калидњои осмонњову замин.2 Ва онон, ки ба нишонањои Худо кофир шуданд – ин љамоа њамоно зиёнкоронанд.

64. Бигў: «Эй нодонон, оё ба ман мефармоед, ки ѓайри Худоро парастиш кунам?»

65. Ва ба дурустї, ба сўи ту ва ба сўи онон, ки пеш аз ту буданд, вањй фиристода шуд, ки агар шарик(-и Худо) муќаррар кунї, албатта, амали ту нобуд гардад ва албатта, аз зиёнкорон шавї.

66. Балки (фаќат) Худоро ибодат кун ва аз сипосгузорон бош.

67. Ва Худоро [ба андозаи] њаќќи шинохтани Ў нашинохтанд; ва рўзи ќиёмат њамаи замин якљо дар мушти Ў бошад ва осмонњо дар дасти рости Ў печида шаванд. Покї Ўро аст ва аз он чи шарик(-и Ў) муќаррар мекунанд, Бартар аст.

68. Ва дар сур дамида шавад; пас, њар ки дар осмонњо ва њар ки дар замин аст, бимирад, магар он, ки Худо хоста бошад. Сипас, бори дигар дар сур дамида шавад; пас, ногањон [бибинї, ки] онњо истодаанд [ва] менигаранд.

69. Ва замин ба нури Парвардигори хеш равшан гардад; ва Номаи аъмол нињода шавад ва пайѓамбарон ва гувоњон оварда шаванд; ва миёни одамиён ба ростї њукм карда шавад ва онњо ситам карда намешаванд.

70. Ба њар шахсе љазои он чи кардааст, тамом дода шавад. Ва Худо ба он чи мекунанд, Донотар аст.

71. Ва кофирон гурўњ-гурўњ ба сўи дўзах равон карда шаванд, то, ваќте ки наздики дўзах биёянд, дарвозањои он боз карда шавад ва нигоњбонони дўзах ба онњо гўянд: «Оё пайѓамбарон аз љинси худатон ба шумо наомада буданд, [ки] оёти Парвардигоратонро бар шумо мехонданд ва шуморо аз мулоќоти ин рўзатон метарсонданд?!» Гўянд: «Оре!» Валекин њукми азоб бар кофирон вољиб шуд.

72. Гуфта шавад: «Ба дарвозањои дўзах дароед; дар он љо љовидонед!» Пас (дўзах) бад љои мутакаббирон аст!

73. Ва онон, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурўњ-гурўњ ба сўи бињишт равон карда шаванд, то ваќте ки наздики бињишт биёянд ва дарвозањои он боз карда шавад ва нигоњбонони бињишт ба онњо гўянд: «Салом бар шумо бод! Хушњол шудед, пас, љовидон ба бињишт дароед!»

74. Ва гўянд: «Сипос Худойро, ки ваъдаи Худро ба мо рост кард ва ба мо аз [бињишт] замин мерос дод, аз бињишт њар љо, ки хоњем, љой мегирем». Пас, (бињишт) нек музди коркунандагон аст.

75. Ва фариштагонро бибинї, [ки] гирдогирди Аршро фаро гирифтаанд, њамроњ бо ситоиши Парвардигорашон тасбењ мегўянд. Ва миёни онњо ба ростї њукм карда шавад; ва гуфта шавад: «Ситоиш Худойро, [ки] Парвардигори оламиён аст».
40. Сураи Ѓофир (Омурзанда)1
Дар Макка нозил шуд ва он њаштоду панљ оят ва нўњ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њо. Мим.

2. Фурў фиристодани ин Китоб аз љониби Худои Ѓолиби Доно аст –

3. – Омурзандаи гуноњ ва Пазирандаи тавба, Сахтуќубат, Худованди тавонгарї; ба љуз Ў њељ маъбуде нест; бозгашт ба сўи Ўст.

4. Ба љуз кофирон [касе] дар оятњои Худо љидол намекунад; пас, омадурафти онњо дар шањрњо туро ѓарра накунад.

5. Пеш аз онњо ќавми Нўњ ва баъди ќавми Нўњ љамоатњои дигар дурўѓї доштанд; ва њар љамоате ба пайѓамбари худ ќасд карданд, то ўро бигиранд; ва ба шубањоти бењуда љидол карданд, то бо он сухани дурустро ночиз созанд. Пас, онњоро гирифтам, пас [бибин, ки] уќубати Ман чї гуна буд.

6. Ва њамчунин њукми Парвардигорат бар кофирон собит шуд, ки онњо ањли дўзаханд.

7. Онон, ки Аршро бармедоранд ва онон, ки гирдогирди Аршанд, њамроњ бо ситоиши Парвардигорашон тасбењ мегўянд ва ба Ў имон меоранд ва барои мўъминон омурзиш мехоњанд (ва мегўянд:) «Эй Парвардигори мо, ба бахшоишу дониш њама чизро фаро гирифтаї, пас, ононро, ки тавба карданд ва ба роњи Ту пайравї намуданд, биомурз ва онњоро аз азоби дўзах нигоњ дор.

8. Эй Парвардигори мо, онњоро ба бўстонњои њамеша мондан дарор, ки ба онњо ваъда кардаї; ва низ аз падаронашон ва занонашон ва фарзандонашон њар ки шоистакор бошад, (ба љаннат бидарор). Ба дурустї ки Ту Ѓолиби Боњикматї.

9. Ва онњоро аз уќубатњо нигоњ дор; ва њар киро дар он рўз аз уќубатњо нигоњ дорї, пас, дар воќеъ бар вай рањм кардаї. Ва ин (нигоњ доштан) њамон фирўзии бузург аст».

10. Ба ростї, ба онон, ки кофир шуданд, овоз дода шавад: «Њамоно, шуморо душман доштани Худо аз худро душман доштанатон – ваќте ки (дар дунё) ба сўи имон хонда мешудед, пас, кофир мемондед – зиёдтар аст».

11. Гўянд:1 «Эй Парвардигори мо, моро ду бор мурда сохтї ва моро ду бор зинда гардондї, пас, ба гуноњони худ эътироф кардем, пас, оё роње ба сўи берун рафтан њаст?»

12. Ин (азоб) ба сабаби он аст, ки чун Худо танњо ёд карда мешуд, инкор мекардед; ва агар шарики Ў муќаррар карда мешуд, бовар медоштед. Пас фармон Худои Баландќадру Бузургворро аст.

13. Ў Он [Худой] аст, ки нишонањои Худро ба шумо менамоёнад ва барои шумо аз осмон ризќро фурў мефиристад. Ва ба љуз касе, ки ба Худо руљўъ мекунад, [касе] пандпазир намешавад.

14. Пас Худоро – барои Ў ибодатро холис сохта, ёд кунед – агарчи кофирон нохуш доранд.

15. (Ў) Баландкунандаи мартабањо, Худованди Арш аст, рўњро ба фармони Худ бар њар ки аз бандагони Худ хоњад, меандозад, то (он бандаро) аз рўзи мулоќот битарсонад –

16. рўзе, ки онњо берун оянд,2 аз онњо чизе бар Худо пўшида набошад. (Худо фармояд:) «Имрўз подшоњї аз они кист?» (Боз Худ љавоб дињад:) «Аз они Худои Ягонаи Ѓолиб аст!»

17. Имрўз њар шахсе ба њасби он чи кардааст, подош дода шавад, имрўз њељ ситам нест. Ба дурустї ки Худо Зудњисобкунанда аст.

18. Онњоро аз рўзи ќиёмат битарсон – он гоњ, ки дилњо аз ѓам пур шуда, то ба гулў оянд. Барои ситамкорон њељ дўсте ва шафоаткунандае нест, ки сухани ў ќабул карда шавад.

19. Худо хиёнати чашмњо ва он чиро, ки синањо пинњон медоранд, медонад.

20. Ва Худо ба ростї њукм мекунад ва касоне, ки (кофирон) онњоро ба љуз Ў мепарастанд, ба чизе њукм намекунанд. Ба дурустї ки Худо Шунавои Бино аст.

21. Оё дар замин сайр накардаанд, то бинигаранд: оќибати кори онон, ки пеш аз онњо буданд, чї гуна буд? Он љамоа дар ќуввату нишонањо дар замин аз онњо зиёдтар буданд.3 Пас, Худо онњоро ба гуноњонашон гирифтор кард ва онњоро аз Худо њељ паноњдињандае набуд.

22. Ин (уќубат) ба сабаби он буд, ки пайѓамбаронашон бо нишонањо ба онњо меомаданд, пас, онњо кофир шуданд. Пас, Худо онњоро гирифтор кард. Ба ростї ки Худо Тавонои Сахтуќубат аст.

23. Ва ба дурустї ки Мўсоро бо нишонањои Хеш ва њуљљати зоњир фиристодем –

24. ба сўи Фиръавн ва Њомон ва Ќорун. Пас гуфтанд: «Љодугаре дурўѓгў аст».

25. Пас, чун аз назди Мо бо пайѓоми рост ба онњо омад, гуфтанд: «Писарони ононро, ки њамроњи ў имон оварданд, бикушед ва духтарони онњоро зинда гузоред». Ва њиласозии кофирон ба љуз дар табоњї [дар чизи дигар] нест.

26. Ва Фиръавн гуфт: «(Эй ёрон) маро бигузоред, то Мўсоро бикушам ва (бояд ки) ў Парвардигорашро дуо кунад. Њамоно ман аз он метарсам, ки дини шуморо бадал кунад ё дар замин фасодро падид орад».

27. Ва Мўсо гуфт: «Ба дурустї, ман ба Парвардигори худ ва ба Парвардигори шумо аз [шарри] њар мутакаббире, ки рўзи њисобро бовар намедорад, паноњ гирифтам».

28. Ва марде мўъмин аз хешони Фиръавн, ки имони худро пинњон медошт, гуфт: «Оё мардеро ба сабаби он, ки мегўяд: «Парвардигори ман Худо аст», мекушед? Ва њол он, ки нишонањо аз љониби Парвардигоратон пеши шумо овардааст. Ва агар (ба фарз) дурўѓгў аст, пас, ваболи дурўѓгўиаш бар ўст. Ва агар ростгў бошад, баъзеи он чи ба шумо ваъда медињад, албатта, ба шумо бирасад. Њамоно Худо касеро, ки аз њадгузарандаи дурўѓгў бошад, роњ наменамояд.

29. Эй ќавми ман, имрўз подшоњї аз они шумо аст, дар замин ѓолиб шудаед; пас, кист, ки аз азоби Худо – агар ба мо биёяд – моро нусрат дињад?» Фиръавн гуфт: «Ба шумо ба љуз он чи худ идрок мекунам, [чизеро] маслињат намедињам; ва шуморо ба љуз ба роњи ростї [ба чизе] далолат намекунам».

30. Ва шахсе, ки имон оварда буд, гуфт: «Њамоно ман бар шумо аз монанди рўзи љамоатњо(-и пешин) метарсам, –

31. монанди (сурати) њоли ќавми Нўњ ва Од ва Самуд ва онон, ки баъд аз онњо буданд. Ва Худо [чунин] нест, ки бар бандагон ситам хоњад.

32. Эй ќавми ман, њамоно ман бар шумо аз рўзи бо якдигар овоз додан метарсам –

33. рўзе, ки пушт дода рў бигардонед, шуморо аз Худо њељ нигоњдорандае набувад. Ва њар киро Худо гумроњ созад, пас, ўро њељ роњнамояндае нест.

34. Ва ба дурустї ки пеш аз ин Юсуф бо нишонањое ба шумо омада буд. Пас, аз он чи, ки онро пеши шумо оварда буд, њамеша дар шак будед, то, ваќте ки бимурд, гуфтед: «Худо баъд аз вай пайѓамбареро нахоњад фиристод». Њамчунин Худо њар касро, ки ў аз њад даргузарандаи шакдоранда аст, гумроњ мекунад.

35. Онон, ки дар оёти Худо ба ѓайри њуљљате, ки пеши онњо омада бошад, љидол мекунанд – (ин љидолашон) назди Худо ва назди онон, ки имон оварданд, сахт нописанд шуд. Њамчунин Худо бар њар дили мутакаббири саркаш мўњр менињад».

36. Ва Фиръавн гуфт: «Эй Њомон, барои ман кўшке бино кун, то бошад ки ба ин роњњо бирасам –

37. роњњои осмонњо, то ба сўи Худои Мўсо дарнигарам. Ва ба дурустї ки ман ўро дурўѓгў мепиндорам». Ва њамчунин дар назари Фиръавн амали бади ў ороста гардид ва аз роњ(-и рост) боздошта шуд; ва њиласозии Фиръавн ба љуз дар табоњї [дар чизе] набуд.

38. Ва касе, ки имон оварда буд, гуфт: «Эй ќавми ман, ба ман пайравї кунед, то шуморо ба роњи ростї далолат кунам.

39. Эй ќавми ман, љуз ин нест, ки ин зиндагонии дунё (андак) бањрае аст; ва ба ростї ки охират сарои њамеша будан аст.

40. Њар ки кори бад ба амал орад, ба љуз монанди он љазо дода нахоњад шуд; ва њар ки кори шоиста ба љо орад, – хоњ аз љинси марду хоњ аз љинси зан – ва ў мўъмин бувад, пас, ин љамоа ба бињишт дароянд ва он љо ба онњо ризќ ба ѓайри шумор дода шавад.

41. Ва эй ќавми ман, маро чист, ки шуморо ба сўи наљот мехонам ва шумо маро ба сўи дўзах мехонед.

42. Маро ба (сўи) он мехонед, ки ба Худо кофир шавам ва чизеро шарики Ў муќаррар кунам, ки маро ба њаќиќати он илме нест; ва ман шуморо ба сўи (Худои) Ѓолиби Омурзгор мехонам.

43. Бешубња, чизе, ки шумо маро ба сўи он мехонед – он чизро дар дунёву охират даъвате (пазируфтане) нест; ва бешубња, бозгашти мо ба сўи Худо аст; ва бешубња, аз њад гузаштагон њамоно ањли дўзаханд.

44. Пас, он чиро, ки ба шумо мегўям, ёд хоњед кард; ва кори худро ба Худо месупорам; њамоно Худо ба (ањволи) бандагон Бино аст».

45. Пас Худо ўро аз сахтињои бадсиголиашон нигоњ дошт. Ва азоби сахт хешони Фиръавнро фурў гирифт –

46. (яъне) оташ. Пагоњу шом бар оташ њозир карда мешаванд. Ва рўзе, ки ќиёмат ќоим шавад, (гўем:) «Хешони Фиръавнро дар сахттарин азоб дароред!»

47. Ва (ёд кун) чун дар дўзах бо њам љидол мекунанд, пас, нотавонон ба саркашон гўянд: «Ба дурустї ки мо ба шумо тобеъ будем, пас, оё шумо як њисса аз (уќубати) оташро аз (сари) мо дафъкунанда њастед?»

48. Саркашон гўянд: «Ба ростї ки мо њама дар оташем. Њамоно Худо миёни бандагон њукм кардааст».

49. Ва онон, ки дар оташанд, ба нигоњбонони дўзах гўянд: «Ба Парвардигоратон дуо кунед, то (њиссаи) якрўза аз азобро аз мо сабук кунад».

50. (Нигањбонон) гўянд: «Оё пайѓамбаронатон бо мўъљизањо ба шумо намеомаданд?» Гўянд: «Оре». (Нигањбонон) гўянд: «Пас, шумо дуо кунед!» Ва дуои кофирон ба љуз дар табоњї [дар чизе] нест.

51. Ба дурустї ки Мо ба пайѓамбаронамон ва ба онон, ки имон оварданд, дар зиндагонии дунё ва низ рўзе, ки гувоњон ќоим шаванд,1 нусрат дињем –

52. рўзе, ки ба ситамкорон узр оварданашон суд надињад; онњоро лаънат аст ва онњоро уќубати он сарой аст.

53. Ва ба дурустї ки ба Мўсо њидоят додем ва Банї Исроилро вориси Китобе сохтем,

54. ки барои роњнамо ва панддињандаи соњибони хирад аст.

55. Пас, сабр кун, ба дурустї ки ваъдаи Худо рост аст ва барои гуноњи худ омурзиш талаб кун ва ба шому пагоњ бо ситоиши Парвардигорат тасбењ гўй.

56. Њамоно онон, ки дар оятњои Худо ба ѓайри њуљљате, ки ба онњо омада бошад, љидол мекунанд – дар синањояшон ба љуз тамаи сарварї, ки ба он расанда набошанд, [чизе] нест. Пас, аз Худо паноњ талаб кун, ба дурустї ки Ў Шунавои Бино аст.

57. Њар оина офаридани осмонњову замин аз офаридани одамиён1 бузургтар аст, валекин аксари мардумон намедонанд.

58. Ва нобинову бино баробар нестанд ва на онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд бо бадкор (баробаранд). Андаке пандпазир мешавед.

59. Ба ростї ки ќиёмат омаданист, дар он шакке нест; валекин аксари мардум бовар намедоранд.

60. Ва Парвардигоратон гуфт: «Ба Ман дуо кунед, то дуои шуморо ќабул кунам; њамоно онон, ки аз ибодати Ман такаббур мекунанд, хор гардида, ба дўзах дохил хоњанд шуд».

61. Худо Он аст, ки шабро барои шумо офарид, то дар он ором гиред; ва рўзро – ба ваљње, ки дар он дидан(-и якдигар) бошад; ба дурустї ки Худо бар мардумон Худованди фазл аст; валекин аксари мардумон шукр намекунанд.

62. Ин аст Худо – Парвардигори шумо, Офаринандаи њар чиз; ба љуз Вай њељ маъбуде нест, Пас, чї гуна [аз ибодати Ў] баргардонида мешавед?

63. Њамчунин онон, ки оёти Худоро инкор мекарданд, баргардонида мешаванд.

64. Худо Он аст, ки барои шумо заминро ќароргоњ ва осмонро саќф сохт; ва шуморо сурат баст; ва суратњои шуморо некў сохт; ва ба шумо аз покизањо рўзї дод. Ин аст Худо – Парвардигори шумо. Пас, бисёр Бобаракат аст Худо – Парвардигори оламиён.

65. Ў Зинда аст; ба љуз Вай њељ маъбуде нест; пас динро барои Ў холис сохта, Ўро ибодат кунед. Ситоиш Худойро, [ки] Парвардигори оламиён аст.

66. Бигў: «Њамоно ман манъ карда шудаам аз он ки ононро, ки шумо ба љуз Худо мепарастед, ибодат кунам – ваќте ки нишонањое аз љониби Парвардигорам ба ман омад. Ва ба ман фармуда шуд, ки ба Парвардигори оламиён гардан нињам».

67. Ў Он [Худой] аст, ки шуморо аз хок, сипас аз нутфа, сипас аз хуни баста офарид; сипас шуморо, ки кўдак шудаед, берун меорад; сипас (боќї мегузорад) то ба нињояти ќуввати худ бирасед; сипас (боќї мегузорад), то пири калонсол шавед. Ва аз шумо касе њаст, ки рўњи ў пеш аз ин ќабз карда шавад. Ва (боќї мегузорад), то ба муддати муайян бирасед. Ва то бувад ки ба аќл дарёбед.

68. Ў Он [Худой] аст, ки зинда мекунад ва мемиронад, пас, чун кореро њукм кунад, љуз ин нест, ки ба он мегўяд: «Бишав!» Пас, мешавад.

69. Оё касонеро наменигарї, ки дар оёти Худо љидол мекунанд, чї гуна [аз амал] баргардонида мешаванд?

70. Онон, ки Китобу он чиро, ки бо он пайѓамбарони Худро фиристодем, дурўѓ шумурданд, (њаќиќати њолро) ваќте хоњанд донист,

71. ки тавќњо дар гарданњояшон бошанд – ва занљирњо низ, кашида шаванд –

72. дар оби гарм; сипас дар оташ партофта шаванд.

73. Сипас ба онњо гуфта шавад: «Он чиз куљост, ки шарик муќаррар мекардед –

74. ба љуз Худо?» Гўянд: «Аз (назари) мо гум шуданд, балки пеш аз ин њаргиз чизеро намепарастидем». Худо њамчунин кофиронро гумроњ мекунад.

75. Ин (уќубат) ба сабаби он аст, ки дар замин ноњаќ шодмон мешудед; ва ба сабаби он аст, ки [ба худ] менозидед.

76. Ба дарвозањои дўзах дароед, дар њоле ки дар он љо љовидонед! Пас (дўзах) чї бад љоест барои мутакаббирон!

77. Пас, сабр кун, [эй Муњаммад]. Ба дурустї ки ваъдаи Худо рост аст. Пас, агар баъзеи он чиро, ки ба онњо ваъда медињем, ба ту бинамоёнем; ё агар рўњи туро ќабз кунем – пас (кофирон) ба сўи Мо бозгардонида шаванд.

78. Ва ба ростї, пеш аз ту пайѓамбаронро фиристодем; аз онњо касе њаст, ки ќиссаашро бар ту хондаем ва аз онњо касе њаст, ки ќиссаашро бар ту нахондаем. Ва њељ пайѓамбаре набувад, ки нишонае биёрад, магар ба фармони Худо. Пас, ваќте ки фармони Худо ояд, ба ростї файсала карда шавад; ва он љо бењудагўён зиёнкор шаванд.

79. Худо Он аст, ки барои шумо чањорпоёнро биофарид, то бар баъзеи онњо савор шавед ва баъзеи онњоро бихўред.

80. Ва барои шумо дар чањорпоён манфиатњо њаст; ва то бар онњо савор шуда, ба маќсаде, ки дар синањои шумо (љой гирифта) аст, бирасед. Ва шумо бар чањорпоён ва (низ) бар киштињо савор мешавед.

81. Ва (Худо) нишонањои Худро ба шумо менамоёнад; пас, кадом яке аз нишонањои Худоро инкор мекунед?

82. Оё дар замин сайр накардаанд, то бинигаранд: охири кори онон, ки пеш аз онњо буданд, чї гуна буд? Аз онњо [дар шумор] бештар ва дар ќуввату нишонањо дар замин зиёдтар буданд. Пас, он чи мекарданд, аз онњо [чизеро] дафъ накард.

83. Пас, ваќте ки пайѓамбаронашон бо мўъљизањо ба сўи онњо омаданд, ба он чи аз дониш, ки назди онњо буд, шодмон шуданд. Ва он чи ки ба он истењзо мекарданд, онњоро фурў гирифт.

84. Пас ваќте ки уќубати Моро диданд, гуфтанд: «Ба Худои Танњо имон овардем ва ба он чи ки онро шарик мекардем, мункир шудем».

85. Пас, ваќте ки уќубати Моро диданд, имонашон њаргиз ба онњо нафъ намедод. [Чунин аст] суннати Худо, ки бар бандагони Ў гузаштааст. Ва он љо кофирон зиёнкор шуданд.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет