1. Сураи Фотиња (Кушоянда)
Дар Макка нозил шуд ва он њафт оят аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ситоиш Худойро, [ки] Парвардигори оламиён,1
2. Бахшояндаи Мењрубон,
3. Худованди рўзи љазост.
4. Танњо Туро мепарастем ва танњо аз Ту ёрї металабем.
5. Моро ба роњи рост њидоят бинамой –
6. роњи касоне, ки бар онњо инъом кардаї,2
7. на [роњи] касоне, ки бар онњо хашм гирифта шуд3 ва на гумроњон!4
2. Сураи Баќара (Гов)
Дар Мадина нозил шуд ва он дусаду њаштоду шаш оят ва чињил рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Мим.
2. Ин Китоб, [ки] дар он њељ шубња нест, роњнамо барои парњезгорон аст.
3. Онњое, ки ба ѓайб имон меоранд; ва намозро барпо медоранд; ва аз он чи ба онњо рўзї додаем, нафаќа мекунанд.
4. Ва онон, ки ба он чи ба сўи ту фуруд оварда шуд ва ба он чи пеш аз ту фуруд оварда шуд, имон меоранд; ва онњо ба охират яќин доранд.
5. Онњо аз љониби Парвардигори худ бар њидоятанд; ва онњо растагоронанд.
6. Њар оина барои онњое, ки кофир шудаанд, баробар аст: онњоро битарсонї ё онњоро натарсонї – имон намеоранд.
7. Худо бар дилњояшон ва бар гўшњояшон мўњр нињод; ва бар чашмњояшон пардае њаст; ва барои онњо азоби бузург [дар пеш] њаст.
8. Ва аз мардумон касоне њастанд, ки мегўянд: «Ба Худо ва рўзи бозпасин имон овардем», вале онњо мўъмин нестанд.
9. Худо ва касонеро, ки имон овардаанд, фиреб медињанд; ва (ба њаќиќат) љуз худашон [касеро] намефиребанд ва огоњ намешаванд.
10. Дар дилњояшон беморї аст. Пас, Худо бемориро ба онњо афзун дод. Ва ба сабаби он, ки дурўѓ мегуфтанд, барои онњо азоби дарддињанда њаст.
11. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Дар замин табоњкорї макунед», – гўянд: «Љуз ин нест, ки мо худ ислоњгаронем».
12. Огоњ бош, ки ба њаќиќат онњоанд табоњкорон, валекин [худ] хабар надоранд.
13. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Имон оред, чунон ки мардумон имон оварданд», – гўянд: «Оё имон орем, чунон ки бехирадон имон оварданд?» Огоњ бош, ба њаќиќат онњоанд бехирадон, валекин [худ] намедонанд.
14. Ва ваќте ки бо ањли имон мулоќот мекунанд, гўянд: «Имон овардаем». Ва чун бо шаётини худ1 танњо шаванд, гўянд: «Њамоно мо бо шумоем. Љуз ин нест, ки мо [онњоро] тамасхур мекунем».
15. Худо ба онњо тамасхур мекунад ва ба онњо дар гумроњиашон мўњлат медињад, [то] саргардон шаванд.
16. Онњо он касонанд, ки ба ивази њидоят гумроњиро хариданд; пас, тиљораташон суд набаъхшид ва [онњо] роњёб нашуданд.
17. Масали онњо монанди масали касонест, ки оташ афрўхтанд, пас, чун оташ атрофашонро равшан кард, Худо нури ин гурўњро дур сохт ва онњоро дар торикињо бигузошт: њељ намебинанд.
18. Каронанд, гунгонанд, кўронанд; пас онњо бознамегарданд.
19. Ё (масали онњо) монанди [асњоби] борони бузурги аз осмон омада аст, ки дар вай торикињо ва раъду барќ бошад. [Онњо] ба сабаби овозњои пурњавл аз тарси марг ангуштонашонро дар гўшњои худ дармеоранд. Ва Худо Фарогирандаи кофирон аст.
20. Наздик аст, ки барќ чашмњояшонро бирабояд; њар гоњ (барќ) ба онњо равшанї дињад, дар он (равшанї) роњ раванд; ва чун бар онњо торикї дињад, биистанд. Ва агар Худо мехост, њар оина шунавої ва дидањои онњоро мебурд. Ба дурустї ки Худо бар њама чиз Тавоно аст.
21. Эй мардумон, Парвардигори хешро бипарастед, то парњезгор бошед. – Он, ки шумо ва касони пеш аз шуморо офарид.
22. Он, ки заминро барои шумо фарше сохт ва осмонро саќфе; ва аз осмон об фуруд овард, пас, ба сабаби вай мевањои гуногунро берун овард – рўзї барои шумо. Пас, дидаву дониста барои Худо њамтоёне муќаррар макунед.
23. Ва агар аз он чи бар бандаи Худ фуруд овардем,2 дар шубња њастед ва агар ростгў њастед, пас, як сура монанди он биёред ва ба љуз Худо мададгорони худро бихонед.
24. Пас, агар [ин корро] накардед – ва, албатта, натавонед кард – пас, аз он оташе њазар кунед, ки оташангези3 вай мардумон ва сангњо бошанд ва барои кофирон омода карда шудааст.
25. Ва ба он касон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, башорат дењ, ки барои онњо бўстонњоест, ки зери он љўйњо мераванд. Њар гоњ аз он љо аз ќисми мевањо рўзї дода шаванд, гўянд: «Ин њамон аст, ки пеш аз он дода шуда будем». Ва ба онњо он рўзї монанди якдигар оварда шавад;1 ва ононро дар он љо занони пок кардашуда аст; ва онњо дар он љо љовиданд.
26. Њамоно Худо аз он шарм надорад, ки [ба] пашша ва болотар аз он достон бизанад; аммо онњое, ки имон овардаанд, медонанд, ки ин (достон) рост [ва] аз Парвардигорашон аст; ва аммо онњое, ки кофиранд, мегўянд: «Худо бо он достон чї чиз хостааст?» (Худо) ба сабаби вай бисёреро гумроњ мекунад ва ба сабаби вай бисёреро њидоят мекунад. Ва ба вай ба љуз бадкорон [касеро] гумроњ намекунад.
27. Касоне, ки паймони Худоро баъди бастани он мешикананд; ва он чиро, ки пайвастанашро фармудааст, мебуранд; ва дар замин табоњї мекунанд – њамоно онњо зиёнкоранд.
28. Чї гуна ба Худо кофир мешавед? Ва (њол он ки) бељон будед, пас шуморо зинда гардонид; баъд аз он шуморо бимиронад, боз шуморо зинда гардонад; боз ба сўи Вай гардонида мешавед.
29. Ў Он [Худой] аст, ки њар чи дар замин аст – њамаро барои шумо биофарид; сипас ба сўи осмон мутаваљљењ шуд; пас, он њафт осмонро рост кард. Ва Ў ба њар чиз Доност.
30. Ва (ёд кун) чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт: «Ман љонишине дар замин меофаринам». Гуфтанд: «Оё дар замин касеро меофаринї, ки дар вай табоњї ва хунрезї мекунад? Њол он ки мо ба њамди Ту тасбењ мегўем ва барои Ту ба покї иќрор мекунем?» Фармуд: «Њамоно Ман он чиро медонам, ки шумо намедонед».
31. (Худо) тамоми номњо(-и махлуќон)-ро ба Одам биомўхт; сипас он чизњоро бар фариштагон пеш овард, пас гуфт: «Агар ростгў њастед, ба номњои ин чизњо Маро хабар дињед».
32. Гуфтанд: «Ба покї ёд мекунем Туро, моро њељ дониш нест, магар он чи Ту ба мо омўхтї, ба дурустї ки Ту Донои Боњикматї».
33. Фармуд: «Эй Одам, фариштагонро ба номњои инњо хабар дењ». Пас, чун онњоро ба номњои инњо хабар дод, фармуд: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки њамоно Ман чизњои нињонии осмонњо ва заминро медонам; ва он чиро, ки ошкор мекунед ва он чиро, ки пўшида медоштед, медонам».
34. Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Ба Одам саљда кунед» – пас, саљда карданд, магар Иблис, (ки) ќабул накард ва саркашї намуд ва аз кофирон гашт.
35. Ва гуфтем: «Эй Одам, ту бо зављаат дар бињишт бимон ва аз бињишт њар љо, ки хоњед, ба афзунї бихўред; ва ба ин дарахт наздик машавед, ки аз гуноњкорон хоњед шуд».
36. Пас, Шайтон њар дуро аз он љо билаѓзонид ва онњоро аз он (неъматњо), ки дар он буданд, баровард. Ва фармудем: «Фуруд оед [бар замин]! Баъзеи шумо баъзеро душман бошад; ва барои шумо дар замин то муддате оромгоњ ва бањрамандї њаст».
37. Пас, Одам аз Парвардигори худ сухане чанд2 фаро гирифт. Пас, Худо ба мењрубонї бар вай бозгашт; њамоно Ў Бозгардандаи Мењрубон аст.
38. Фармудем: «Њамаи шумо аз ин љо фуруд оед! Агар аз Ман њидояте ба шумо биёяд, пас онон, ки њидояти Маро пайравї кунанд, бар он љамоа њељ тарсе нест ва онњо андўњ нахўранд.
39. Ва касоне, ки нагаравиданд ва оятњои Моро дурўѓ доштанд, онњо бошандагони дўзаханд, онњо дар он љо љовиданд».
40. Эй фарзандони Яъќуб,1 он неъмати Маро, ки бар шумо арзонї доштам, ёд кунед ва ба паймони Ман вафо кунед, то ба паймони шумо вафо кунам; ва аз Ман битарсед.
41. Ва ба он чи фуруд овардаам, ки дар тасдиќи он чи бо шумост, имон оред; ва нахустин мункири он мабошед; ва [ба] ивази оятњои Ман бањои андакро маситонед ва аз Ман њазар кунед.
42. Ростро бо норост омехта макунед ва ростро дониста пинњон мадоред.
43. Ва намозро барпо доред ва закотро бидињед ва бо намозгузорандагон намоз гузоред.
44. Оё мардумонро ба некўкорї мефармоед ва хештанро фаромўш мекунед? Ва [њол он ки] шумо Китоб2 мехонед, оё ба аќл дарнамеёбед?
45. Ва бо шикебоию намоз мадад талабед. Ба дурустї ки намоз душвор аст, магар бар фурўтанон,
46. – касоне, ки медонанд: онњо бо Парвардигори хеш мулоќот хоњанд кард ва ба сўи Вай боз хоњанд гашт.
47. Эй фарзандони Яъќуб, он неъмати Маро, ки бар шумо арзонї доштам ва онро, ки шуморо бар њамаи оламиён3 фазл додам, ёд кунед.
48. Ва аз он рўзе њазар кунед, ки њељ кас аз кас чизеро кифоят накунад; ва аз њељ кас шафоат пазируфта нашавад; ва аз њељ кас иваз гирифта нашавад;4 ва онњо ёрї дода нашаванд.
49. Ва (ёд кунед) он ваќт, ки шуморо аз касони Фиръавн рањонидем – ба шумо сахттарин азоб мерасониданд, писарони шуморо мекуштанд ва духтарони шуморо зинда мегузоштанд;5 ва дар ин кор аз Парвардигори шумо озмоише бузург буд.
50. Он ваќт, ки барои шумо дарёро шикофтем, пас шуморо халос кардем ва касони Фиръавнро ѓарќ сохтем; ва шумо медидед.
51. Ва он ваќт, ки бо Мўсо чињил шаб меод муќаррар кардем; пас аз рафтани Мўсо гўсоларо [маъбуд] гирифтед; ва шумо ситамкор будед.
52. Пас, баъд аз ин аз шумо даргузаштем, то бувад ки сипосдорї кунед.
53. Ва он ваќт, ки ба Мўсо Китобу њуљљат додем, то бувад ки роњ ёбед.
54. Ва он ваќт, ки Мўсо ба ќавми худ гуфт: «Эй ќавми ман, ба дурустї ки шумо бо фаро гирифтани гўсола бар хештан ситам кардед; пас, ба сўи Офаридгори худ бозоед ва хештанро бикушед; ин [кор] назди Офаридгоратон барои шумо бењтар аст. Пас (Худо) бар шумо (бо мењрубонї) бозгашт; њамоно Ў Бозгардандаи Мењрубон аст».
55. Ва он ваќт, ки гуфтед: «Эй Мўсо, њаргиз туро бовар надорем, то он ки Худоро ошкоро бибинем». Пас соиќа шуморо гирифт; ва шумо медидед.
56. Боз, пас аз мурданатон шуморо зинда гардонидем, то шукргузорї кунед.
57. Ва абрро бар шумо соябон сохтем ва бар шумо манн1 ва салворо2 фурў овардем; (гуфтем) аз покизањои он чи ба шумо [рўзї] додем, бихўред. Ва онњо бар Мо ситам накарданд, валекин бар худашон ситам мекарданд.
58. Ва он ваќт, ки гуфтем: «Ба ин дењ3 дароед ва њар љо аз он, ки хўрдании гуворанда хоњед, ба афзунї бихўред; ва саљдакунон ба дарвоза дароед ва бигўед: «Суоли мо омурзиш аст» – то гуноњонатонро ба шумо биомурзем; ва некўкоронро зиёда хоњем дод.
59. Пас касоне, ки ситамкор буданд, суханро ба ѓайри он чи онњоро фармуда шуд, бадал карданд.4 Пас, бар он ситамкорон – ба сабаби бадкор буданашон – азобе аз осмон фуруд овардем.
60. Ва он ваќт, ки Мўсо барои ќавми худ об хост, пас гуфтем: «Бо асои худ сангро бизан!» Пас, аз санг дувоздањ чашма равон шуд. Њар ќавм обхўрди худро бидонист.5 (Гуфтем:) Аз рўзии Худо бихўред ва биошомед ва дар замин табоњикунон аз њад магузаред.
61. Ва он ваќт, ки гуфтед: «Эй Мўсо, њаргиз бар як таом шикебої накунем; пас, аз Парвардигорат барои мо бихоњ, то бањри мо аз он чи замин мерўёнад, берун орад: аз тарааш ва бодирингаш ва гандумаш ва адасаш ва пиёзаш». Мўсо гуфт: «Оё он чиро, (ки) фурўтар аст, бо он чи, [ки] бењтар аст, бадал мекунед? Ба шањре фуруд оед, пас, њар оина шуморо он чи хостед, бошад». Ва хорию бенавої бар онњо зада шуд6 ва хашми Худойро оварданд. Ин ба сабаби он аст, ки оятњои Худоро бовар намедоштанд ва пайѓамбаронро ба ноњаќ мекуштанд, ин ба сабаби гуноњ кардани онњо аст ва он, ки аз њад дармегузаштанд.
62. Ва ба дурустї ки имоновардагон ва яњудшудагон ва тарсоён ва собион,7 ки ба Худо ва ба рўзи бозпасин имон овардаанд ва кори шоиста кардаанд, барояшон назди Парвардигорашон музде њаст ва бар онњо тарсе набувад ва онњо андўњгин нашаванд.
63. Ва он ваќт, ки паймони шуморо гирифтем ва Турро болои шумо бардоштем, (гуфтем:) он чиро, ки ба шумо додаем, ба устуворї бигиред8 ва он чи дар он аст, дар ёд доред, то бувад ки дар паноњ шавед.
64. Боз, баъд аз ин рў гардонидед. Пас, агар фазли Худо ва мењрубонии Ў бар шумо намебуд, њамоно аз зиёнкорон мешудед.
65. Ва ба дурустї, аз худи шумо касонеро медонистед, ки дар шанбе аз њад даргузаштанд.1 Пас, ба онњо гуфтем: «Бўзинањои хоршуда бошед!»
66. Пас, ин [кор]-ро барои ќавме, ки дар он замон буданд ва он ќавме, ки пас аз онњо оянд, ибрате ва барои парњезгорон панде сохтем.
67. Ва он ваќт, ки Мўсо ба ќавмаш гуфт: «Њамоно Худо ба шумо мефармояд, ки говеро бикушед». Гуфтанд: «Оё моро масхара мегирї?» Гуфт: «Ба Худо аз он, ки аз нодонон бошам, паноњ мегирам».
68. Гуфтанд: «Аз Парвардигорат барои мо суол кун, то ба мо баён кунад, ки он [гов] чї [гуна] аст?» Гуфт: «Њамоно Худо мефармояд, ки вай гове на пир ва на љавон, миёна аст – дар миёни ину он. Пас, он чи фармуда шудед, бикунед!»
69. Гуфтанд: «Аз Парвардигорат барои мо суол кун, то ба мо баён кунад, ки ранги он [гов] чист?» Гуфт: «Њамоно Худо мефармояд, ки вай гови зард аст, рангаш нек зард аст; [он гов] бинандагонро хушнуд мекунад».
70. Гуфтанд: «Аз Парвардигорат барои мо суол кун, то ба мо баён кунад, ки он гов чї кора аст? Ба ростї ки барои мо говон муштабењ шуданд; ва њар оина, агар Худо хоста бошад, роњёфтагонем».
71. Гуфт: «Њамоно Худо мефармояд, ки вай гови мењнаткашанда нест, ки заминро биронад; ва зироатро об намедињад; саломат аст, дар вай њељ холе нест». Гуфтанд: «Алњол сухани дуруст овардї». Пас, [говро] забњ карданд; ва наздик буданд, ки ин корро накунанд.
72. Ва он ваќт, ки шахсеро куштед; пас дар вай низоъ кардед. Ва Худо чизеро, ки пинњон мекардед, беруноранда аст.
73. Пас, фармудем: «Шахсро бо узве аз гов бизанед;2 Худо мурдагонро ин тавр зинда мекунад ва ба шумо нишонањои Худро менамоёнад, то бувад ки ба аќл дарёбед.
74. Боз, баъд аз ин дилњои шумо сахт шуд ва он [дилњо] монанди санг аст, балки дар сахтї аз он њам зиёдтар, [зеро] ба дурустї, аз сангњо баъзе њаст, ки аз вай љўй равон мешавад; ва аз сангњо бархе њаст, ки мешикофад ва аз вай об берун меояд; ва аз сангњо порае њаст, ки аз тарси Худо фурў меафтад. Ва Худо аз он чи мекунед, бехабар нест.
75. (Эй мўъминон!) Оё умед медоред, ки (яњудиён) шуморо бовар доранд? Ва њол он ки гурўње аз онњо каломи Худоро3 мешуниданд, пас, баъд аз он, ки онро фањмида буданд, дониста бадал мекардандаш.
76. Пас, чун бо мўъминон мулоќот кунанд, гўянд: «Имон овардем». Ва чун баъзеи онњо бо баъзе1 танњо шаванд, гўянд: «Оё онњоро, бо он чи Худо бар шумо кушодааст,2 хабар медињед, то бо он далел назди Парвардигоратон бо шумо мунозира кунанд, оё ба аќл дарнамеёбед?»
77. Оё намедонанд, ки Худо он чиро, ки пинњон мекунанд ва он чиро, ки ошкор менамоянд, медонад?
78. Баъзе аз онњо нохонандагонанд, Китобро љуз орзуњои ботил намедонанд ва ба љуз гумонкунанда [дигаре] нестанд.
79. Пас, вой бар он касон, ки Китобро ба дастњои худ менависанд, сипас мегўянд: «Ин аз назди Худо аст», то ба ивази вай бањои андакро биситонанд. Пас, вой бар онњо ба сабаби навиштани дастњояшон ва вой бар онњо аз он чизе, ки касб мекунанд.
80. Ва гуфтанд: «Оташи дўзах ба љуз чанд рўзи шумурдашуда ба мо намерасад». Бигў: «Оё аз пеши Худо паймоне гирифтед, то Худо ба паймонаш њаргиз хилоф накунад? Ё ин ки бар Худо он чиро мегўед, ки [худ] намедонед?»
81. Оре, касоне, ки кори бад кунанд ва гуноњашон онњоро ба ињота гирад, пас онон бошандаи дўзаханд, онњо дар он љо љовиданд.
82. Ва касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, пас онон бошандагони бињиштанд, онњо дар он љо љовиданд.
83. Ва он гоњ, ки аз Банї Исроил паймон гирифтем, ки ба љуз Худо [дигаре]-ро напарастед ва ба волидайн ва ањли ќаробат ва ятимон ва бенавоён некўї кунед ва ба мардумон сухани нек гўед ва намозро барпо доред ва закотро бидињед, пас, ба љуз андаке аз шумо, [њама] рўгардон шуда баргаштед, њол он ки шумо эърозкунандагонед.
84. Ва он гоњ, ки аз шумо паймон гирифтем, ки хуни якдигарро марезед ва ќавми хешро аз хонањои худ берун макунед, пас, дидаву дониста ќабул кардед.
85. Боз, шумо њамон гурўњед, ки ќавми хешро мекушед ва аз ќавми худ гурўњеро аз хонањояшон берун мекунед; (барои ситам кардан) дар њаќќи онњо бо гуноњу тааддї яке мададгори дигаре мешавед; ва агар асир шуда ба [назди] шумо меоянд, ивази онњо фидя медињед. Њол он ки берун кардани онњо бар шумо њаром аст. Оё ба порае аз Китоб имон меоред ва ба порае кофир мешавед? Пас, љазои касе, ки аз шумо чунин кунад, ба љуз хорї дар зиндагонии дунё чист? Ва дар рўзи ќиёмат ба сўи сахттарин азоб гардонида шаванд. Ва Худо аз он чи мекунед, бехабар нест.
86. Онњо њамон касонанд, ки ба ивази охират зиндагонии дунёро хариданд, пас азоб аз онњо сабук карда нашавад ва онњо ёрї дода нашаванд.
87. Ва ба дурустї ки ба Мўсо Китоб додем ва баъд аз вай пайѓамбаронро аз пай даровардем; ва ба Исо писари Марям нишонањои равшан додем ва ўро ба Рўњу-л-Ќудус3 нерўманд гардондем. Оё [набуд, ки] њар гоњ пайѓамбаре он чиро назди шумо овард, ки нафсњои шумо онро дўст надорад, саркашї кардед; пас, гурўњеро дурўѓгў доштед ва гурўњеро куштед?
88. Ва гуфтанд: «Дилњои мо дар парда аст». Балки Худо онњоро ба сабаби куфрашон нафрин кардааст. Пас, андаке имон меоранд.
89. Ва он гоњ, ки аз назди Худо ба онњо Китобе омад,1 ки тасдиќкунандаи он [Китоб чизест], ки бо онњост, пеш аз ин бар кофирон талаби фатњ мекарданд; пас, њар гоњ он чи медонистанд, ба онњо омад, вайро мункир шуданд. Пас, лаънати Худо бар кофирон аст.
90. Бад чиз аст он чи ба ивази он хештанро фурўхтанд, ки ба он чи Худо фуруд овардааст,2 кофир шаванд – ба сабаби њасад бар он, ки Худо аз рањмати Худ бар њар ки хоњад аз бандагонаш фуруд меорад. Пас, хашме болои хашме оварданд. Ва кофиронро азоби хоркунанда аст.
91. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Ба он чи Худо фуруд овардааст, имон оред» – гўянд: «Ба он чи бар мо фуруд оварда шуд, имон меорем», вале ба он чи љуз вай аст, кофир мешаванд. Њол он ки он рост аст, тасдиќкунанда аст он [Китобе]-ро, ки бо онњост. Бигў: «Агар мўъмин будед, пас, чаро пеш аз он пайѓамбарони Худоро мекуштед?»
92. Ва ба дурустї ки Мўсо ба шумо нишонањои равшан овард, пас, шумо баъд аз вай гўсоларо [маъбуд] гирифтед; ва шумо ситамкор будед.
93. Ва он ваќт, ки паймони шуморо гирифтем ва Турро болои шумо бардоштем, (гуфтем:) он чиро, ки ба шумо додаем, ба устуворї бигиред ва бишунавед. Гуфтанд (ба забони њол): «Шунидем ва нофармонї кардем». Ва ба сабаби кофир буданашон дар дилњои онњо (дўстии) гўсола дароварда шуд. Бигў: «Агар аз ањли имон њастед, бад чиз аст он чи имонатон ба шумо мефармояд».
94. Бигў: «Агар сарои бозпасин назди Худо, ба љуз аз мардумони дигар, махсуси шумост, пас, агар ростгў њастед, маргро орзу кунед».
95. Ва [онњо] ба сабаби он чи дастњояшон пеш фиристодааст, њаргиз маргро орзу накунанд. Ва Худо ба ситамкорон Доност.
96. Ва, албатта, онњоро њаристарин мардум – (њатто њаристар) аз онон, ки мушриканд – бар зиндагонї биёбї, [њар] яке аз онњо дўст медорад, ки кош њазор сол умр дода шавад. Ва он, ки умр дода шавад, рањонандаи вай аз азоб нест. Ва Худо ба он чи мекунанд, Биност.
97. Бигў: «Њар ки Љабраилро душман бошад (чї зиён мекунад?!)» Пас, ба дурустї ки Љабраил Ќуръонро бар дили ту ба њукми Худо фуруд овардааст – [Ќуръоне, ки] тасдиќкунандаи он чи пеши вай аст ва барои ањли имон рањнамо ва муждадињанда аст.
98. Њар ки Худо ва фариштагони Вай ва пайѓамбарони Вай ва Љабраил ва Микоилро душман бошад, пас њамоно Худо (он) кофиронро душман аст.
99. Ва ба дурустї ки Мо нишонањои равшанро ба сўи ту фуруд овардем; ва ба онњо ба љуз бадкорон [касе] кофир намешавад.
100. Барои чї њар гоњ паймонеро бастанд, гурўње аз онњо онро барандохтанд? Балки аксари онњо бовар намедоранд.
101. Ва њар гоњ пайѓамбаре аз назди Худо ба онњо омад, ки тасдиќкунандаи он чизест, ки бо онњост, гурўње аз он ќавм, ки Китоб дода шудаанд, он Китоби Худоро паси пушти хеш афканданд, гўё намедонанд.
102. Ва ба он чи пайравї карданд, ки шайтонон дар подшоњии Сулаймон мехонданд. Ва Сулаймон кофир нашуд, валекин шайтонон, [ки] мардумонро љоду меомўхтанд, кофир шуданд. Ва ба он чи (пайравї карданд, ки) бар ду фаришта дар Бобил – Њорут ва Морут – фуруд оварда шуд. [Ва он ду фаришта] њељ касро намеомўзанд, магар он, ки гўянд: «Љуз ин нест, ки мо [барои] озмоишем, пас кофир машав». Пас [мардум] аз онњо афсунеро ёд мегиранд, ки ба сабаби вай дар миёни мард ва зани вай људої меафкананд. Ва онњо бо он (сењр) ба њељ кас зиёнрасонанда нестанд, магар ба иродаи Худо. Ва [мардум] он чиро ёд мегиранд, ки ба онњо зиён мерасонад ва суде барояшон намедињад. Ва њар оина донистаанд: њар ки љоду биситонад, ўро дар охират њељ бањрае нест. Ва њар оина он чи, ки ба ивази он хештанро фурўхтанд, бад чизе аст! Кош [инро] медонистанд!
103. Ва агар онњо имон меоварданд ва парњезгорї мекарданд, њар оина савоб аз назди Худо бењтар буд – кош медонистанд!
104. Эй онњое, ки имон овардаед, магўед: «роъино» ва бигўед: «унзурно».1 Ва нек бишунавед. Ва кофиронро азоби дарддињанда њаст.
105. Онон аз ањли Китоб, ки кофир шуданд ва [низ] мушрикон, дўст намедоранд, ки бар шумо аз Парвардигоратон некие фуруд оварда шавад; ва Худо њар касро, ки хоњад, ба бахшоиши Худ махсус мекунад; ва Худо Худованди фазли бузург аст.
106. Њар чиро, ки аз ояте насх мекунем, ё онро фаромўш мегардонем, бењтар аз вай, ё монанди вайро меорем. Оё надонистаї, ки Худо бар њама чиз Тавоност?
107. Оё надонистаї, ки подшоњии осмонњову замин аз они Худост; ва ба љуз Худо барои шумо њељ дўсту ёридињандае нест?
108. Оё мехоњед, ки аз пайѓамбари худ суол кунед, чунон ки Мўсо пеш аз ин суол карда шуд? Ва њар ки ба ивази имон куфрро биситонад, пас, ба дурустї ки миёнароњро гум кардааст.
109. Бисёре аз ањли Китоб – пас аз он, ки ба онњо њаќ возењ шуд, ба сабаби њасади дар хештан [дошта] дўст доранд, ки шуморо баъд аз имон [оварданатон] кофир гардонанд. Пас, даргузаред ва рўй бигардонед, то он ки Худо фармони Худро [фуруд] орад.2 Ба дурустї ки Худо бар њама чиз Тавоност.
110. Ва намозро барпо доред ва закотро бидињед ва он чи аз некўкорї барои хештан пеш мефиристед, онро назди Худо хоњед ёфт. Ба дурустї ки Худо ба он чи мекунед, Биност.
111. Ва гуфтанд: «Њаргиз [касе] ба бињишт надарояд, магар он ки яњудї ё тарсо бошад». Ин орзуњои (ботилаи) онњост. Бигў: «Агар ростгў њастед, далели худро биёред».
112. Бале, њар ки рўи худро барои Худо мутеъ кард ва ў некўкор бошад, пас, музди ў дар назди Парвардигораш аст. Бар онњо тарсе нест ва онњо андўњгин намешаванд.
113. Ва яњудиён гуфтанд: «Тарсоён бар њељ чиз нестанд». Ва тарсоён гуфтанд: «Яњудиён бар њељ чиз нестанд». Ва [њол он ки] онњо њама Китобро мехонанд. Ва онон, ки намедонанд,1 њамчунин монанди ќавли онњо гуфтанд. Пас, Худо рўзи ќиёмат миёни онњо дар он чи, ки дар он ихтилоф доранд, њукм мекунад.
114. Ва кист ситамкортар аз он, ки ёд кардани номи Худоро дар масљидњои Худо манъ кард ва дар вайронии онњо кўшид? Ин гурўњро намесазад, ки љуз [тарсону] њаросон ба масљидњо дароянд. Онњоро дар дунё хорї ва дар охират азоби бузург аст.
115. Машриќу Маѓриб аз они Худо аст, њар сў, ки рў оред, рўи Худо њамон љо аст. Ба дурустї ки Худо Фарохнеъмати Доност.
116. Ва гуфтанд: «Худо фарзанде бигирифт»2 – покї Ўрост, балки он чи дар осмонњо ва замин аст, аз они Ўст. Њама барои Вай фармонбардоранд.
117. Офаринандаи осмонњову замин аст; ва чун коре мекунад, пас, љуз ин нест, ки онро мегўяд: «Бишав!» – пас мешавад.
118. Ва онон, ки њељ намедонанд,3 гуфтанд: «Чаро Худо бо мо сухан намегўяд? Ё нишонае барои мо намеояд?» Касоне, ки пеш аз онњо буданд, њамчунин монанди ќавли онњо гуфтанд, дилњояшон ба якдигар мушобањат доранд. Њамоно Мо барои гурўње, ки яќин доранд, нишонањое баён кардем.
119. Њамоно Мо туро ба ростї муждадињанда ва бимкунанда фиристодем ва ту дар бораи ањли дўзах пурсида нахоњї шуд.
120. Ва яњудиёну тарсоён њаргиз аз ту хушнуд намешаванд, магар ин, ки кеши онњоро пайравї кунї. Бигў: «Ба дурустї ки њидоят њидояти Худо аст». Ва агар баъди он чи аз дониш ба ту омадааст, орзуњои (ботилаи) онњоро пайравї кунї, [пас] туро (барои халос) аз (азоби) Худо њељ дўсте ва ёридињандае набошад.
121. Касоне, ки ба онон Китоб4 додем, онро [чунон] мехонанд, ки њаќќи хондани он аст, онњо њидояти Худоро бовар медоранд. Ва касоне, ки онро инкор мекунанд, онњо зиёнкоранд.
122. Эй Банї Исроил, неъмати Маро, ки бар шумо инъом кардаам ва он, ки шуморо бар њамаи оламиён фазл додам, ёд кунед!
123. Аз он рўз битарсед, ки касе аз касе чизеро кифоят накунад ва аз касе бадал пазируфта нашавад ва касеро шафоат суд надињад; ва онњо ёрї дода нашаванд.
124. Ва (ёд кун) чун Иброњимро Парвардигораш бо сухане чанд биозмуд, пас (Иброњим) онњоро ба анљом расонид. (Худо) гуфт: «Њамоно Ман туро пешвои мардумон мегардонам». (Иброњим) гуфт: «Ва аз фарзандони ман низ (пешвоён пайдо кун)». (Худо) фармуд: «Вањйи Ман ба золимон намерасад».
125. Ва он гоњ, ки Каъбаро марљаи мардумон ва мањалли амн сохтем. Ва аз љои ќадами Иброњим намозгоњ бигиред. Ва ба сўи Иброњим ва Исмоил вањй фиристодем, ки Хонаи Маро барои тавофкунандагон ва эътикофкунандагон ва рукўъу саљдакунандагон пок созед.
126. Ва он гоњ, ки Иброњим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин маконро шањри боамн бисоз ва сокинонашро касеро аз онњо, ки ба Худо ва рўзи бозпасин имон оварад, аз мевањо рўзї дењ». (Худо) фармуд: «Њар касеро, ки кофир шавад, андаке бањраманд гардонам, пас ўро ба бечорагї ба сўи азоби оташ биронам. Ва вай бад љоест».
127. Ва он гоњ, ки Иброњиму Исмоил бунёдњои Хонаро баланд мекарданд, (гуфтанд): «Эй Парвардигори мо! Аз мо ќабул кун, њамоно Ту Шунавои Доної!
128. Эй Парвардигори мо, моро фармонбардори Худ бигардон ва аз фарзандони мо гурўњеро фармонбардори Худат бикун ва тариќи ибодатњои моро ба мо бинамо; ва бар мо ба мењрубонї бозой, њамоно Ту Бозояндаи Мењрубонї!
129. Эй Парвардигори мо! Ва дар миёни онњо пайѓамбаре аз худашон бифирист, [то] оятњои Туро барояшон бихонад ва ба онњо Китобу илм биомўзад ва онњоро пок кунад. Њамоно Туї Тавонои Боњикмат!»
130. Ва кист, ки аз кеши Иброњим рў бигардонад, ба љуз он кас, ки нафси худро (ба нодонї) нашинохт? Ва ба дурустї ки дар ин сарой ўро баргузидем ва ба дурустї ки дар сарои дигар ў аз шоистагон аст.
131. Он гоњ, ки Парвардигораш ба ў гуфт: «Фармонбардор шав». Гуфт: «Ба Парвардигори оламиён фармонбардор шудам».
132. Иброњим писаронашро ва Яъќуб (низ фарзандонашро) ба ин калима васият карданд: «Эй фарзандони ман, њамоно Худо барои шумо ин динро баргузидааст, пас, аз ин љањон намеравед, магар (ин, ки шумо) мусулмон шуда [бошед]».
133. Оё он њангом њозир будед, ки Яъќубро марг пеш омад, он гоњ ба фарзандонаш гуфт: «Баъд аз ман чї чизро ибодат хоњед кард?» Гуфтанд: «Маъбуди туро ва Маъбуди падарони ту – Иброњим ва Исмоил ва Исњоќро, [ки] Он Маъбуди Ягона аст, ибодат мекунем ва мо Ўро фармонбардорем».
134. Онњо гурўњеанд, ки даргузаштанд, он чи карданд, аз они онњо аст; ва он чи кардед, аз они шумо аст; ва аз он чи он гурўњ мекарданд, шумо пурсида нахоњед шуд.
135. Ва гуфтанд: «Яњудї ё тарсо шавед, то роњ биёбед». Бигў: «Балки ба миллати Иброњим (пайравї мекунем), ки њаниф буд ва аз ањли ширк набуд».
136. Бигўед: «Мо ба Худо; ва ба он чи ба сўи мо фуруд оварда шуд; ва ба он чи ба сўи Иброњим ва Исмоил ва Исњоќ ва Яъќуб ва зуррият(-и Яъќуб) фуруд оварда шуд; ва [низ] ба он чи ба Мўсо ва Исо ва пайѓамбарон аз [тарафи] Парвардигорашон дода шуд, имон овардем. Дар миёни њељ кас аз онњо људої намеафканем. Ва мо барои Њаќ фармонбардорем».
137. Пас агар (ањли Китоб) имон биёваранд – монанди он чи шумо ба он имон овардед, пас, роњ ёфтанд; ва агар баргаштанд, пас, љуз ин нест, ки онњо дар мухолифатанд. Пас, зуд бошад, ки Худо туро аз [шарри] онњо кифоят кунад; ва Ў Шунавои Доно аст.
138. Ранги Худоро1 (ќабул кардем); ва кї ба (эътибори) ранг аз Худо бењтар аст? Ва мо парастандагони Ў њастем.
139. Бигў: «Оё дар боби Худо бо мо мухосамат мекунед?! Ва Ў Парвардигори мо ва шумо аст ва кирдорњои мо аз они мо ва кирдорњои шумо аз они шумо аст. Ва мо ба ихлос парастандагони Ў њастем.
140. Оё мегўед: «Њамоно Иброњим ва Исмоил ва Исњоќ ва Яъќуб ва наберагони ў яњудї ё тарсо буданд»? Бигў: «Шумо донотаред, ё Худо? Кист ситамкортар аз касе, ки гувоњиеро, ки аз (љониби) Худо наздаш аст, бипўшад!? Ва Худо аз он чи мекунед, бехабар нест».
141. Онњо гурўњеанд, ки даргузаштанд; он чи карданд, аз они онњо аст; ва он чи кардед, аз они шумо аст; ва аз он чи он гурўњ мекарданд, шумо пурсида нахоњед шуд.
142. Бехирадон аз мардум хоњанд гуфт: «Чї чиз онњоро аз он ќиблаашон, ки бар он буданд, баргардонид!?»2 Бигў: «Машриќу маѓриб аз они Худо аст, њар киро хоњад ба сўи роњи рост роњ менамояд».
143. Ва њамчунин, шуморо гурўње мухтор сохтем, то бар мардумон гувоњ бошед ва то расул бар шумо гувоњ бошад. Ва [Мо] он ќиблаеро, ки бар он будї, муќаррар накардем, магар барои он ки касеро, ки ба пайѓамбар пайравї кунад, бидонем [ва] аз он кас људо кунем, ки бар њар ду пошнаи худ бозгардад. Ва ба дурустї ки он хислат3 душвор аст, магар бар онон, ки Худо ба онњо роњ намудааст. Ва Худо гаравидани шуморо зоеъ намекунад. Ба дурустї ки Худо ба мардумон Бахшояндаи Мењрубон аст.
144. Ба дурустї ки Мо гаштани рўи туро дар љониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он ќиблае мутаваљљењ гардонем, ки ба вай хушнуд шавї. Пас, рўи худро ба тарафи Масљиду-л-Њаром мутаваљљењ гардон; ва њар љо, ки бошед, рўйњои худро ба тарафи вай мутаваљљењ гардонед. Ва њамоно ањли Китоб медонанд, ки ин4 ба ростї аз Парвардигорашон аст. Ва Худо аз он чи мекунанд, бехабар нест.
145. Ва агар њар нишонае пеши ањли Китоб биёрї, њаргиз ќиблаи туро пайравї намекунанд; ва ту ќиблаи онњоро пайравикунанда нестї; ва баъзеи онњо ќиблаи баъзеи дигарро пайравикунанда нестанд. Ва агар ту, баъди он чи, ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоњишњои нафсонии онњо пайравї кунї, он гоњ њамоно аз ситамкорон бошї.
146. Касоне, ки ба онњо Китоб додаем, вайро1 мешиносанд – чунон ки фарзандони худро мешиносанд. Ва њамоно гурўње аз онњо њаќро дониста мепўшанд.
147. Ин (фармони) дуруст аз Парвардигори ту аст, пас, аз шакорандагон мабош.
148. Ва њар касе љонибе дорад, ки вай мутаваљљењи он аст. Пас, ба сўи некї шитоб кунед; њар љо, ки бошед, Худо шуморо љамъ меорад; ба дурустї ки Худо бар њама чиз Тавоно аст.
149. Ва [аз] њар љо, ки [берун] равї, пас, рўи худро љониби Масљиду-л-Њаром мутаваљљењ кун; ва њар оина вай рост аст [ва] аз Парвардигори ту [аст]. Ва Худо аз он чи мекунед, бехабар нест.
150. Ва [аз] њар љо, ки [берун] равї, пас, рўи худро љониби Масљиду-л-Њаром мутаваљљењ кун; ва њар љо, ки бошед, пас, рўи худро љониби вай мутаваљљењ кунед, то мардумонро бар шумо илзоме набошад – ба љуз онон аз ин љамоат, ки ситам кардаанд. Пас, аз онњо матарсед ва аз Ман битарсед, то неъмати Худро бар шумо тамом кунам ва то бувад, ки роњ ёбед.
151. Чунон ки пайѓамбаре дар миёни шумо аз ќавми шумо фиристодем, оятњои Моро ба шумо мехонад ва шуморо пок месозад ва ба шумо Китобу њикмат меомўзад ва он чиро, ки намедонистед, ба шумо меомўзад.
152. Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гўед ва ба Ман носипосї макунед.
153. Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз ёрї биљўед;2 ба дурустї ки Худо бо собирон аст.
154. Ва касонеро, ки дар роњи Худо кушта шаванд, мурда магўед, балки онњо зиндаанд, валекин шумо огоњ намешавед.
155. Ва њар оина шуморо ба чизе аз тарсу гуруснагї ва нуќсони молњову љонњову мевањо меозмоем. Ва собиронро башорат дењ.
156. Онон, ки чун сахтие ба онњо бирасад, гўянд: «Њамоно мо аз они Худоем ва њамоно мо ба сўи Вай бозхоњем гардид».
157. Ба ин гурўњ аз Парвардигорашон дурудњо ва бахшоиш аст; ва онњо роњёфтагонанд.
158. Ба дурустї ки Сафо ва Марва аз нишонањои Худо аст; пас, њар ки њаљљи Хона кунад, ё умра ба љо орад, пас, бар вай гуноње нест, ки дар миёнаи ин њар ду тавоф кунад. Ва њар ки некї ба љо орад, пас Худо ќабулкунандаи Доно аст.
159. Њамоно касоне, ки он чиро, ки аз суханони равшан ва њидоят фуруд овардаем [ва] баъд аз он, ки онро барои мардумон дар Китоб баён кардем, мепўшанд: онњоро Худо лаънат мекунад ва онњоро лаънаткунандагон лаънат мекунанд.
160. Магар касоне, ки тавба карданд ва некўкорї пеш гирифтанд ва баён карданд.1 Пас, ба ин гурўњ ба мењрубонї бозмегардам ва Ман Бозгардандаи Мењрубонам.
161. Њамоно онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд: лаънати Худову фариштагон ва њамаи мардумон – якљо бар он гурўњ аст.
162. Њамеша дар он (лаънат)-анд; аз онњо азоб сабук карда нашавад ва онњо мўњлат дода нашаванд.
163. Ва Маъбуди шумо Худои Ягона аст, ба љуз Вай, [ки] Бахшояндаи Мењрубон аст, њељ маъбуде нест.
164. Ба дурустї ки дар офариниши осмонњову замин; ва омадушуди шабу рўз; ва он киштї, ки ба он чи мардумро суд медињад,2 дар дарё меравад; ва дар он, ки Худо аз осмон об фуруд овард ва ба сабаби вай заминро баъд аз мурданаш зинда сохт; ва њар навъ љунбандаро дар замин бипароканд; ва дар гардонидани бодњо; ва дар абри ромкардашуда миёни осмону замин – барои он гурўње, ки ба аќл дармеёбанд, нишонањое њаст.
165. Ва аз мардумон касоне њастанд, ки ба љуз Худо њамтоён мегиранд, онњоро монанди дўстии Худо дўст медоранд. Ва касоне, ки имон овардаанд, дар дўстии Худо ќавитаранд. Ва (бинандае аљаб кунад) агар касонеро, ки ситам карданд, дар он њолат бинад, ки азобро мушоњида мекунанд, (бифањманд), ки тамоми тавоної аз они Худо аст ва Худо сахт уќубаткунанда аст.
166. Дар он њолат, ки пешвоёни куфр аз тобеон безор шаванд ва азобро бинанд; ва ба сабаби онњо асбоб3 бурида шавад.
167. Ва пайравикунандагон гўянд: «Кош моро бозгаште бошад, то аз он пешвоён безорї кунем, чунон ки онњо аз мо безор шуданд». Њамчунин Худо кирдорњояшонро [њамчун] пушаймонињо ба онњо менамоёнад. Ва онњо аз дўзах беруноянда нестанд.
168. Эй мардумон, аз он чи дар замин њалоли покиза аст, бихўред ва гомњои Шайтонро пайравї макунед, њамоно ў барои шумо душмани ошкор аст.
169. Љуз он нест, ки [ў] шуморо ба бадкорї ва бењаёї мефармояд ва ба он [мефармояд], ки он чиро, ки намедонед, ба Худо ифтиро кунед.
170. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Њамонро пайравї кунед, ки Худо фуруд овардааст» – гўянд: «Балки чизеро пайравї мекунем, ки падарони худро бар он ёфтаем». Оё [пайравии падаронашон мекунанд], агарчи падаронашон чизеро намефањмиданд ва роњ намеёфтанд?
171. Ва достони (панд додани) кофирон монанди њоли касе аст, ки ба чизе бонг мезанад [ва аз он] ба љуз хондану овоз баланд кардан [чизеро] намешунаванд. (Кофирон) каронанд, гунгонанд, кўронанд ва онњо њељ ба аќл дарнамеёбанд.
172. Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизањои он чи шуморо рўзї додем, бихўред; ва агар Худоро мепарастед, Ўро сипос гўед.
173. Љуз ин нест, ки [Худо] бар шумо мурдор; ва хун; ва гўшти хук; ва он чиро, ки дар (забњи) вай ба ѓайри [номи] Худо овоз баланд карда шавад, њаром кардааст.1 Аммо њар ки бечора шавад; ва тааддикунандаву аз њадгузаранда набошад, пас, бар вай гуноње нест.2 Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
174. Њамоно касоне, ки чизњоеро аз Китоб мепўшанд, ки Худо фуруд овардааст ва ба ивази он бањои андак меситонанд, дар шикамњои худ ба љуз оташ [чизеро] намехўранд ва рўзи ќиёмат Худо бо онњо сухан нагўяд ва онњоро пок накунад; ва ононро азоби дарддињанда аст.
175. Онон, ки гумроњиро ба ивази њидоят ва азобро ба ивази омурзиш харид карданд, чї [гуна] бар дўзах шикебо бошанд?
176. Ин њама ба сабаби он аст, ки Худо Китобро ба ростї фуруд овард; ва њамоно онон, ки дар он Китоб ихтилоф карданд, њар оина дар мухолифати дур [аз савоб]-анд.
177. Некўкорї он нест, ки рўи худро ба тарафи машриќу маѓриб мутаваљљењ кунед; валекин некўкорї он аст, ки кас Худо ва рўзи ќиёмат ва фариштагон ва Китоб ва пайѓамбаронро бовар дорад; ва молро – бо вуљуди онро дўст доштанаш – ба хешовандон ва ятимон ва фаќирон ва мусофирон ва суолкунандагон бидињад ва дар боби бардањо3 [харљ кунад]; ва намозро барпо дорад; ва закотро бидињад; ва чун ањд кунанд, ба ањди хеш вафокунандагон; ва дар тангдастию сахтї ва ба ваќти корзор сабркунандагон; инњо ростгўёнанд ва њам инњо парњезгоронанд.
178. Эй касоне, ки имон овардаед, ќисос дар куштагон4 барои шумо лозим карда шуд: озод дар муќобилаи озод;5 ва банда дар муќобилаи банда;2 ва зан дар муќобилаи зан2 аст. Агар касеро аз хуни бародараш чизе6 даргузашта шавад, пас (њукми ў) пайравї кардан ба некўї ва ба вай расонидани хунбањо ба хушхўї аст. Ин (њукм) сабук кардан ва мењрубонї аз Парвардигори шумост. Пас, њар ки баъд аз ин аз њад гузарад, вайро азоби дарддињанда аст.
179. Ва эй соњибони хирад, шуморо ба сабаби ќисос зиндагонї аст, то бошад ки парњезгорї кунед.
180. Бар шумо, ваќте ки касеро аз шумо марг пеш ояд, агар моле бигузорад, барои падару модару наздикон ба некўї васият кардан лозим карда шуд. Ин кор бар парњезгорон лозим шуд.
181. Пас, њар ки васиятро, баъд аз он, ки онро шунид, бадал кунад, пас, љуз ин нест, ки гуноњи табдил бар он касонест, ки он васиятро бадал мекунанд. Ба дурустї ки Худо Шунавои Доно аст.
182. Ва њар кас, ки аз васияткунанда зулме ё гуноње дарёбад ва дар миёни онњо салоњ орад, пас, бар вай њељ гуноње нест.1 Ба ростї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
183. Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рўза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парњезгорї кунед.
184. (Рўза доштан) дар чанд рўзи шумурдашуда [аст]. Ва њар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас он2 аз рўзњои дигар лозим аст; ва бар касоне, ки метавонанд рўза доштан,3 фидя лозим аст, ки (иборат аз) хўроки як дарвеш аст; пас, њар ки некие [зиёда аз ин] ба љо орад, ин барои ў бењтар аст. Ва агар медонед, барои шумо он бењтар аст, ки рўза доред.
185. Моњи Рамазон он аст, ки дар вай Ќуръон – [њамчун] рањнамо барои мардумон ва суханони равшан аз њидоят ва људокунандаи њаќќу ботил фуруд оварда шуд. Ва њар ки аз шумо он моњро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад; ва њар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай [ба] шумори он чи фавт шуд, аз рўзњои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоњад ва барои шумо душвориро намехоњад ва (мехоњад, ки) шуморро тамом кунед. Ва Худоро ба шукри он, ки ба шумо роњ намудааст, ба бузургї ёд кунед; ва бошад ки шумо шокир шавед.
186. Ва чун бандагони Ман дар бораи Ман туро бипурсанд – пас, њамоно Ман наздикам, дуои дуокунандаро – чун дуо кунад – ќабул мекунам. Пас, бояд ки онњо барои Ман фармонбардорї кунанд ва бояд ки ба Ман бигараванд, то бошад ки роњ ёбанд.
187. Мухолатат кардан бо занони худ дар шаби рўза барои шумо њалол карда шуд. Онњо шуморо (ба манзилаи) пўшишанд ва шумо онњоро (ба љои) пўшишед. Худо донист, ки шумо дар њаќќи хештан хиёнат мекардед, бар шумо ба мењрубонї бозгашт ва аз шумо даргузашт, пас, алњол бо занони худ мухолатат кунед ва он чиро, ки Худо барои шумо муќаддар кардааст,4 талаб кунед; ва бихўреду биошомед, то он, ки барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёњ равшан шавад, (мурод) аз (риштаи сафед) фаљр (аст). Пас аз он рўзаро то шаб тамом кунед; ва дар њоле, ки дар масљидњо мўътакиф бошед, занонро мисос макунед. Инњо манњиёти Худо аст, пас ба онњо наздик машавед. Худо њамчунин оятњои Худро барои мардумон баён мекунад, бошад ки парњезгорї кунанд.
188. Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноњаќ махўред ва амволи худро ба њокимон марасонед,5 то порае аз амволи мардумонро ба ситам бихўред; ва шумо медонед.
189. Дар бораи моњњо6 аз ту мепурсанд, бигў: «Онњо барои мардумон ва барои њаљ меоданд.1 Ва некўкорї он нест, ки ба хонањо аз паси пушти онњо дароед, валекин некўкорї он аст, ки кас парњезгорї кунад ва ба хонањо аз роњи дарвозањо дарояд. Ва аз Худо њазар кунед, то бошад ки шумо растагор шавед».
190. Ва дар роњи Худо бо касоне љанг кунед, ки бо шумо љанг мекунанд; ва аз њад магузаред. Њамоно Худо аз њад гузарандагонро дўст намедорад.
191. Ва њар љо, ки мушриконро биёбед, онњоро бикушед ва аз он љое, ки шуморо берун карданд,2 онњоро берун кунед. Ва (ѓалабаи) ширк аз ќатл сахттар аст; ва наздики Масљиду-л-Њаром бо онњо корзор макунед, то он гоњ, ки бо шумо дар он љо корзор кунанд; ва агар бо шумо биљанганд, пас онњоро бикушед. Сазои кофирон њамчунин аст.
192. Ва агар бозмонданд, пас, њамоно Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
193. Ва бо онњо биљангед, то он ки ширк нобуд шавад ва дин мањз барои Худо шавад. Ва агар бозмонданд,3 пас, дастдарозї нест, магар бар ситамкорон.
194. Моњи њаром ивази моњи њаром аст ва њурматњо бо якдигар иваз мешаванд. Ва њар ки ба шумо тааддї кунад, пас, ба вай монанди дастдарозии вай ба шумо дастдарозї кунед; ва аз Худо њазар кунед ва бидонед, ки Худо бо парњезгорон аст.
195. Ва дар роњи Худо харљ кунед ва хештанро бо дастњои худ ба вартаи њалокат маафканед ва некўкорї кунед; њамоно Худо некўкоронро дўст медорад.
196. Ва њаљљу умраро барои Худо тамом кунед; ва агар боздошта шавед, пас, аз ќурбонї он чи муяссар бошад, лозим аст; ва то он, ки ќурбонї ба љояш бирасад, сарњои худро матарошед; ва њар ки аз шумо бемор бошад, ё ўро дар сар ранље бошад, пас, ивази он рўза ё садаќа ё ќурбонї лозим аст. Ва чун эмин шудед; ва њар ки ба сабаби адои умра то ваќти њаљ бањравар шуд, пас, аз ќурбонї он чи муяссар бошад, лозим аст; ва њар ки [ќурбонї] наёбад, пас, се рўз дар ваќти њаљ ва њафт рўз – ваќте ки аз сафар бозгардад, рўза доштан лозим аст. Ин як дањаи тамом аст. Ин њукм барои касе аст, ки ањли вай бошандаи Масљиду-л-Њаром набошад. Ва аз Худо њазар кунед ва бидонед, ки Худо сахтуќубат аст.
197. Њаљ ба моњњои донисташуда муваќќат аст.4 Ва њар ки дар ин моњњо ба худ њаљро лозим кунад,5 пас, дар њаљ мухолатати занон ва бадкорї ва бо њам муноќиша кардан љоиз нест. Ва њар чи аз некї мекунед, Худо онро медонад. Ва тўша (њамроњ) гиред; њамоно бењтарин тўша парњезгорї аст.6 Ва эй соњибони хирад, аз Ман битарсед.
198. Бар шумо гуноње нест, ки (дар мавсими њаљ) аз Парвардигори худ рўзї талаб кунед. Он гоњ, ки аз Арафот бозгардед, назди Машъари Њаром Худоро ёд кунед; ва Худоро ба шукри он, ки ба шумо роњ намудааст, ёд кунед; њамоно пеш аз ин аз гумроњон будед.
199. Сипас, аз он љое бозгардед, ки (оммаи) мардумон бозмегарданд;1 ва аз Худо талаби омурзиш кунед; ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
200. Ва чун аркони њаљљи хешро адо кардед, пас, Худоро ёд кунед2 – монанди падаронатонро ёд кардани шумо, балки ёд кардане зиёдтар. Ва аз мардумон касе њаст, ки мегўяд: «Эй Парвардигори мо, дар дунё [насибаи моро] бидењ». Ва дар охират ўро њељ насибе нест.
201. Ва аз мардумон касе њаст, ки мегўяд: «Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидењ ва моро аз азоби дўзах мањфуз дор».
202. Ин гурўњро аз савоби3 он чи ба амал овардаанд, бањрае њаст. Ва Худо Зудњисобкунанда аст.
203. Ва Худоро дар чанд рўзи шумурдашуда4 ёд кунед. Касе, ки дар ду рўз шитоб(-и кўч) кунад,5 гуноње бар вай нест; ва њар ки дер монад, гуноње бар вай нест; [ин њукм] барои касе аст, ки парњезгорї кунад. Ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки шумо ба сўи Вай барангехта хоњед шуд.
204. Ва аз мардумон касе њаст, ки сухани ў дар боби зиндагонии дунё туро ба шигифт меорад ва [ў] Худоро бар он чи дар дилаш њаст, гувоњ меорад; њол он ки ў сахттарини ситезандагон аст.
205. Ва чун [аз пеши ту] бозгардад, дар замин бишитобад, то дар он табоњї кунад ва зироату чањорпоён нобуд созад. Ва Худо табоњкориро дўст надорад.
206. Ва чун ба ў гуфта шавад: «Аз Худо њазар кун», – такаббур ўро гирифта ба гуноњ барад. Пас, кифояткунандаи вай дўзах аст; ва њамоно вай бад љоест!
207. Ва аз мардумон касе њаст, ки худро барои талаби ризомандии Худо мефурўшад. Ва Худо бар бандагон Мењрубон аст.
208. Эй касоне, ки имон овардаед, њама якљо ба Ислом дароед ва гомњои Шайтонро пайравї макунед;6 ба дурустї ки ў шуморо душмани ошкоро аст.
209. Ва агар баъд аз он, ки ба шумо суханони равшан омад, [боз] билаѓзед, пас, бидонед, ки Худо Ѓолиби Доно аст.
210. Оё чашмдор нестанд,7 магар онро, ки Худо бо фариштагон дар соябонњое аз абр [ба сарашон] биёяд8 ва кор ба анљом расонида шавад? Ва корњо ба сўи Худо бозгардонида мешаванд.
211. Аз Банї Исроил бипурс: чї нишонањои равшан ба онњо додем. Њар ки неъмати Худоро, баъд аз он ки ба вай биёяд, бадал кунад, пас, њамоно Худо сахтуќубат аст.
212. Зиндагонии ин љањон барои кофирон ороста карда шудааст; ва [онњо] ба ањли имон тамасхур мекунанд. Ва касоне, ки парњезгорї доранд, рўзи ќиёмат аз онњо болотар бошанд. Ва Худо ба њар ки хоњад, бешумор рўзї медињад.
213. Мардумон як гурўњ буданд, пас Худо пайѓамбаронро башоратдињанда ва бимкунанда фиристод ва бо онњо Китобро ба ростї фуруд овард, то (он Китоб) миёни мардумон дар он чи, ки дар он ихтилоф карданд, њукм кунад. Ва ба љуз касоне, ки ба онњо Китоб дода шуд – баъд аз он, ки ба онњо нишонањо омад – аз рўи њасад дар миёни хеш – дар он [касе] ихтилоф накард. Пас Худо ба иродаи Худ мўъминонро ба он њаќ, ки дар он ихтилоф карданд, роњ намуд. Ва Худо њар киро хоњад, ба сўи роњи рост роњ менамояд.
214. Оё пиндоштед, ки ба бињишт дароед, њол он ки њанўз ба шумо њолати ононе пеш наомадааст, ки пеш аз шумо гузаштанд; ба онњо сахтию мењнат расид ва [онњо] љунбонида шуданд, то он ки пайѓамбар ва касоне, ки бо вай имон оварданд, мегуфтанд: «Ёрї додани Худо кай бошад?» Огоњ шавед, ки њамоно ёрї додани Худо наздик аст.
215. Аз ту суол мекунанд: «Чї (навъи харљ кардан) харљ кунанд?» Бигў: «Он чї аз мол харљ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустї ки Худо ба он чи аз некї мекунед Доно аст».
216. Љанг бар шумо лозим карда шуд ва он барои шумо душвор аст. Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва њол он ки вай барои шумо бењтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дўст доред ва њол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Худо медонад ва шумо намедонед.
217. Аз ту дар бораи љанг кардан дар моњи њаром1 суол мекунанд, бигў: «Љанг кардан дар он сахт коре аст, вале боздоштан аз роњи Худо ва ногаравидан ба Худо ва боздоштан аз Масљиду-л-Њаром ва берун кардани ањли ин Масљид назди Худо аз он сахттар аст; ва фитна ангехтан2 аз куштан сахттар аст. Ва [онњо] њамеша бо шумо љанг мекунанд, то ин ки шуморо аз динатон3 – агар тавонанд – бозгардонанд. Ва њар ки аз шумо аз дини худ баргардад, пас кофир бимирад – корњои ин гурўњ дар дунё ва охират нобуд шавад ва онњо бошандагони дўзаханд, онњо дар он љо љовиданд.
218. Њамоно касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки њиљрат карданд ва дар роњи Худо љињод намуданд, ба бахшоиши Худо умед доранд. Ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
219. Аз ту дар бораи шароб ва ќимор суол мекунанд. Бигў: «Дар ин њар ду гуноњи сахт аст ва барои мардумон нафъњое [њам] њаст;4 ва гуноњи ин њар ду аз нафъи онњо сахттар аст.5 Ва аз ту суол мекунанд: чї чиз харљ кунанд. Бигў: «(Харљ кунед) зиёдаро».6 Худо њамчунин оятњоро барои шумо баён мекунад, то бошад ки тааммул кунед –
220. – дар (маслињати) дунё ва охират. Ва аз ту дар бораи ятимон суол мекунанд. Бигў: «Ба салоњ овардани кори онњо бењтар аст; ва агар бо онњо мушоракат кунед, пас онњо бародарони шумоанд. Ва Худо табоњкорро аз салоњкор бозмедонад; ва агар Худо мехост, бар шумо сахт мегирифт: ба дурустї ки Худо Ѓолиби Устуворкор аст.
221. Ва занони ширкорандаро ба занї магиред, то он ки имон оранд; ва њамоно канизаки мўъмина аз зани ширкоранда бењтар аст, агарчи шуморо ба шигифт оварда бошад. Ва ба мушрикон ба занї мадињед,1 то он ки имон оранд; ва њамоно бандаи мўъмин аз мушрик бењтар аст, агарчи шуморо ба шигифт оварда бошад. Онњо2 ба сўи дўзах мехонанд; ва Худо ба њукми Худ ба сўи бињишт ва ба сўи омурзиш мехонад ва оятњои Худро барои мардумон баён мекунад, то бошад ки пандпазир шаванд.
222. Ва аз ту дар бораи њайз суол мекунанд. Бигў: «Вай наљосат аст. Пас, аз занон дар њоли њайз як сў шавед ва ба онњо наздикї макунед, то он ки пок шаванд; ва чун нек пок шаванд,3 пас, ба онњо аз он роњ, ки Худо ба шумо амр кардааст,4 наздикї кунед. Ба дурустї ки Худо тавбакунандагонро дўст медорад ва покшавандагонро дўст медорад.
223. Занонатон киштзори шумоанд, пас, ба киштзори хеш ба њар равише, ки хоњед, биёед. Ва барои худатон пеш фиристед;5 ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки шумо бо Вай мулоќот хоњед кард. Ва мўъминонро башорат дењ.
224. Ва (номи) Худоро дастмол барои савгандони худ макунед – барои иљтиноб аз он, ки некўкорї кунед ва парњезгорї намоед ва дар миёни мардумон салоњ оред.6 Ва Худо Шунавои Доно аст.
225. Худо шуморо барои бењудагўї дар савгандњоятон муохиза намекунад, валекин Худо барои он чи, ки дилњоятон ќасд кардааст, муохиза мекунад. Ва Худо Омурзандаи Бурдбор аст.
226. Барои он касон, ки аз занони хеш ийло мекунанд,7 чањор моњ интизор кардан [лозим] аст; ва агар бозгаштанд,8 пас, њамоно Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
227. Ва агар људоиро ќасд карданд, пас, њамоно Худо Шунавои Доно аст.
228. Ва он занон, ки ба онњо талоќ дода шуд, [бояд] хештанро то се њайз (ё се туњр) интизор кунанд; ва агар ба Худо ва рўзи бозпасин имон меоранд, [пас] барои онњо пўшидани он чи, ки Худо дар рањмњояшон офаридааст, љоиз нест; ва шавњаронашон – агар некўкориро хоњанд – ба бозовардани онњо [дар њиболаи худ] дар ин муддат сазовортаранд. Ва занонро [аз њуќуќ бар мардон] монанди он чи њаст, ки [мардонро] бар занон аст – ба ваљњи писандида; ва мардонро бар онњо баландї аст. Ва Худо Ѓолиби Устуворкор аст.
229. Талоќ(-и раљъї) ду бор аст, (пас аз он) ё ба хушхўї нигоњ доштан аст ё ба некўї рањо кардан. Ва ба шумо њалол нест, ки аз он чи ба занон додаед, чизеро бозгиред,1 магар он ки марду зан битарсанд, ки ањкоми Худоро барпо натавонанд дошт.2 Ва агар битарсед аз он, ки ин њар ду ањкоми Худоро барпо надоранд, пас бар онњо гуноње нест, ки зан (ба ивази худ) фидя бидињад. Ин њадњои (муќарраркардаи) Худо аст ва аз онњо берун маравед. Ва њар ки аз њудуди Худо берун равад, ситамкор аст.
230. Ва агар ўро талоќ дод,3 пас он зан он мардро њаргиз њалол намешавад, то он, ки ба никоњи шавњаре дигар дарояд;4 ва агар ў5 занро талоќ дод, пас, бар он њар ду гуноње нест дар он, ки бо њам ба никоњ бозгарданд – агар бидонанд, ки ањкоми Худоро барпо дошта метавонанд. Ва ин њудуди Худо аст, онро барои ќавме баён мекунад, ки медонанд.
231. Ва чун занонро талоќ додед ва ба меоди худ расиданд, пас онњоро ба некўї нигоњ доред ё онњоро ба некўї рањо кунед. Ва онњоро барои зарар расонидан нигоњ мадоред, то ситам кунед; ва њар ки чунин кунад, пас, њамоно бар хештан ситам кардааст. Ва оятњои Худоро ба тамасхур магиред ва неъмати Худоро бар хештан ва он чиро аз Китоб ва илм, ки бар шумо фуруд овард ва шуморо ба он панд медињад, ёд кунед: ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба њар чиз Доно аст.
232. Ва чун занонро талоќ додед ва ба меоди худ расиданд,6 пас, онњоро аз он манъ макунед, ки бо шавњаронашон7 никоњ кунанд – ваќте ки дар миёни хеш ба равиши писандида бо якдигар розї шуданд. Ба ин њукм њар касе аз шумо панд дода мешавад, ки ба Худо ва рўзи ќиёмат имон дошта бошад. Ин кор барои шумо хуштар ва покизатар аст. Ва Худо медонад ва шумо намедонед.
233. Ва модарон бояд ки ба фарзандони худ ду соли тамом шир дињанд. Ин њукм барои касе аст, ки мехоњад муддати шир доданро тамом кунад; ва хўроку пўшоки ин занони ширдењ ба ваљњи писандида дар (ўњдаи) падар аст. Ва бар њељ кас – ба љуз ќадри тавоноии ў – вољиб карда намешавад; модарро ба сабаби фарзандаш ранљ набояд дод ва на падарро ба сабаби фарзандаш. Ва бар ворис8 [низ] монанди ин (лозим) аст. Ва агар падару модар баъд аз ризомандии миёни якдигар ва машварат кардан бо якдигар бихоњанд [кўдакро] аз шир боз кунанд,9 пас, њељ гуноњ бар инон нест. Ва агар хоњед, ки барои фарзандони худ доя гиред ва агар он чиро, ки доданашро муќаррар кардед, ба хушхўии тамом таслим намудед, пас њељ гуноњ бар шумо нест. Ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба он чи мекунед, Биност.
234. Ва касоне, ки аз шумо бимиранд ва занонро бигузоранд, бояд ки (ин занон) хештанро чањор моњу дањ рўз интизор кунонанд. Ва чун ба меоди хеш расиданд, пас, дар он чи ба ваљњи писандида дар њаќќи хештан мекунанд,1 бар шумо гуноње нест. Ва Худо ба он чи мекунед, Огоњ аст.
235. Ва дар сухане, ки бо он аз хостгории занон киноят кунед,2 ё [онро] дар дилњои худ пинњон доред, бар шумо гуноње нест. Худо донист, ки шумо ин занонро ёд хоњед кард. Валекин ба онњо нињонї никоњро ваъда макунед, магар он ки сухане писандида гўед,3 ва ба аќди никоњ ќасд макунед, то он ки меоди муќаррар ба нињояти худ расад. Ва бидонед, ки Худо он чиро медонад, ки дар дилњои шумо аст. Пас, аз Ў битарсед ва бидонед, ки Худо Омурзандаи Бурдбор аст.
236. Бар шумо гуноње нест, агар занонро дар он ваќт талоќ дињед, ки њанўз ба онњо даст нарасонидаед, ё бо онњо мањреро муайян накардаед; ва (ин) муталлаќотро бањра дињед: бар тавонгар – миќдори њоли ў; ва бар тангдаст – миќдори њоли ў; ба хушхўї бањра додан бар некўкорон лозим шудааст.
237. Ва агар занонро, пеш аз он ки ба онњо даст расонед, талоќ дињед ва барои онњо мањре муайян карда бошед, пас, нимаи он чи лозим аст, ки муайян кардаед, магар он ки занон бибахшанд; ё он касе, ки аќди никоњ ба дасти ўст, даргузарад.4 Ва он, ки даргузаред, ба парњезгорї наздиктар аст. Ва дар миёни хеш эњсон карданро фаромўш макунед. Њамоно Худо ба он чи мекунед, Биност.
238. (Њамаи) намозњо ва намози миёнаро5 нигоњдорї кунед; ва барои Худо [ба тариќи] фармонбардорї бар пой биистед.
239. Ва агар тарсидед,6 пас, пиёда ё савора (намоз гузоред). Ва чун эмин шавед, пас, Худоро ёд кунед, чунон ки ба шумо он чиро омўхтааст, ки намедонистед.
240. Ва [бар] онон аз шумо, ки бимиранд ва занонро бигузоранд, барои занонашон васият кардан лозим карда шуд – бо он, ки ба онњо то як сол ѓайри баровардан7 бањра дињанд. Ва агар берун раванд,8 дар он чи аз кори писандида дар њаќќи хештан кунанд,9 бар шумо гуноње нест. Ва Худо Ѓолиби Устуворкор аст.
241. Ва талоќдодашудагонро ба хушхўї бањраманд сохтан лозим аст.10 [Ин] бар парњезгорон лозим карда шуд.
242. Њамчунин Худо ањкоми Худро барои шумо баён мекунад, то бошад ки шумо ба аќл дарёбед.
243. Оё касонеро надидї, ки аз бими марг аз хонањои худ берун омаданд ва онњо њазорон буданд? Пас Худо ба онњо гуфт: «Бимиред!» Онњоро боз зинда гардонид. Ба дурустї ки Худо [нисбат] ба мардумон Соњиби бахшоиш аст, валекин аксари онњо сипос намегузоранд.
244. Ва дар роњи Худо љанг кунед ва бидонед, ки Худо Шунавои Доно аст.
245. Кист он, ки Худоро вом дињад – вом додани нек; пас Худо онро барои ў дучанд, ба маротиб бисёр месозад. Ва Худо (рўзиро) танг месозад ва кушода мекунад. Ва ба сўи Ў бозгардонида мешавед.
246. Оё љамоатеро аз Банї Исроил баъд аз Мўсо надидї, чун ба пайѓамбари худ гуфтанд: «Подшоње барои мо барпо кун, то дар роњи Худо љанг кунем». (Пайѓамбар) гуфт: «Агар бар шумо љанг (кардан) вољиб карда шавад, оё аз он наздик њастед, ки љанг накунед?» Гуфтанд: «Моро чї шудааст, ки дар роњи Худо љанг накунем? Ва ба дурустї ки аз хонањои хеш берун ва аз фарзандони хеш људо карда шудем». Пас, он гоњ, ки бар онњо љанг вољиб карда шуд, ба љуз андаке аз онњо, [њама] рўй гардонданд. Ва Худо ба ситамкорон Доно аст.
247. Ва пайѓамбарашон ба онњо гуфт: «Ба дурустї ки Худо Толутро барои шумо подшоњ муќаррар кардааст». Гуфтанд: «Чї гуна ўро бар мо подшоњї бошад ва [њол он ки] мо аз вай ба подшоњї сазовортарем ва вайро аз мол фарохї дода нашудааст». Гуфт: «Ба дурустї ки Худо ўро бар шумо баргузидааст ва ўро фарохї дар дониш ва афзунї дар бадан додааст». Ва Худо подшоњии Худро ба њар ки хоњад мебахшад ва Худо Фарохнеъмати Доно аст.
248. Пайѓамбарашон ба онњо гуфт: «Њамоно нишонаи подшоњии ў он аст, ки ба шумо сандуќе биёяд; дар он аз Парвардигоратон ороми дил ва баќия (аз табаррукоте) њаст, ки онро Оли Мўсо ва Оли Њорун гузоштаанд. Онро фариштагон бармедоранд. Агар бовардорандаед, ба дурустї ки дар ин (сурат) барои шумо нишонае њаст».
249. Пас, чун Толут бо лашкарњо баромад, гуфт: «Њамоно Худо шуморо ба љўе озмоишкунанда аст: њар ки аз он љўй биошомад, пас, аз (они) ман нест; ва њар ки онро начашад, магар он ки ба дасти худ як каф об бардорад, пас, ў аз (они) ман аст». Пас, ба љуз андаке аз онњо [њама] аз он љўй ошомиданд. Ва он гоњ, ки Толут ва мўъминони њамроњи ў аз љўй гузаштанд, гуфтанд: «Имрўз моро ба муќобили Љолут ва лашкарњои ў тавоноие нест». Онон, ки медонистанд бо Худо мулоќот хоњанд кард, гуфтанд: «Басо гурўњи андак, ки ба иродаи Худо бар гурўњи бисёр ѓолиб шуд. Ва Худо бо шикебоён аст».
250. Ва он гоњ, ки барои љанги Љолут ва лашкарњои вай (ба майдон) омаданд, гуфтанд:1 «Эй Парвардигори мо, бар мо шикебої бибахш ва ќадамњои моро муњкам кун ва моро бар гурўњи ногаравидагон ѓалаба дењ».
251. Пас, ба тавфиќи Худо онњоро шикаст доданд; ва Довуд Љолутро кушт. Ва Худо ба Довуд подшоњию илм дод ва аз он чи мехост, ўро биомўхт. Ва агар Худо гурўње мардумонро ба дасти гурўње дур намекард, њамоно замин табоњ мешуд, валекин Худо бар оламиён Соњиби бахшоиш аст.
252. Инњо оёти Худо аст, онро ба ростї бар ту1 мехонем. Ва ба дурустї ки ту аз пайѓамбаронї.
253. [Мо] баъзе аз ин пайѓамбаронро бар баъзе фазл додем: аз онњо касе њаст, ки Худо бо ў сухан гуфт ва баъзеро дар мартабањо баланд кард ва ба Исо писари Марям мўъљизањо додем ва ўро ба Рўњу-л-Ќудус ќувват додем; ва агар Худо мехост, касоне, ки баъд аз пайѓамбарон буданд, пас аз он, ки ба онњо њуљљатњо омад, ба якдигар намељангиданд; валекин ихтилоф карданд; ва аз онњо касе њаст, ки имон овард; ва аз онњо касе њаст, ки кофир шуд. Ва агар Худо мехост, бо якдигар намељангиданд; валекин Худо он чи мехоњад, мекунад.
254. Эй касоне, ки имон овардаед, аз он чи ба шумо рўзї додаем, харљ кунед, пеш аз он, ки рўзе биёяд, ки дар он на хариду фурўш њаст ва на дўстї ва на шафоат. Ва њамоно кофирон золиманд.
255. Худо, ки ба љуз Вай њељ маъбуде нест, Зиндаи Поянда аст; Ўро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Ўст. Кист он, ки назди Ў – љуз ба њукми Ў – шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онњо аст ва он чиро, ки паси пушти онњо аст; ва мардумон аз маълумоти Њаќ чизеро, ба љуз он чи Вай хостааст, дар намегиранд; подшоњии Ў осмонњову заминро фаро гирифтааст; ва нигоњбонии ин њар ду барои Ў гарон нест; ва Ў Баландмартабаи Бузургвор аст.
256. Барои дин љабр кардан [раво] нест. Ба дурустї ки роњёбї аз гумроњї зоњир шудааст. Ва њар ки бутро мункир шавад ва ба Худо имон орад, пас, њамоно ба дастовези муњкаме чанг задааст, ки онро гусастан нест. Ва Худо Шунавои Доно аст.
257. Худо Корсози касонест, ки имон овардаанд, онњоро аз торикињо ба сўи равшанї берун меорад. Ва онон, ки кофиранд, корсозонашон бутонанд, онњоро аз равшанї ба сўи торикињо берун меоранд; ин љамоа бошандагони дўзаханд, онњо дар он љо љовиданд.
258. Оё касеро надидї, ки бо Иброњим дар боби Парвардигори ў – дар муќобалаи он, ки Худо ба ў2 подшоњї дод, мукобара кард? Чун Иброњим гуфт: «Парвардигори ман Он аст, ки зинда мекунад ва мемиронад». Гуфт: «Ман зинда мекунам ва мемиронам».3 Иброњим гуфт: «Ба дурустї ки Худо офтобро аз машриќ меорад, ту онро аз (тарафи) маѓриб биёр». Пас, кофир маѓлуб шуд. Ва Худо гурўњи ситамкоронро роњ наменамояд.
259. Ё монанди он шахс,4 ки бар дење гузашт, ки он бар саќфњои худ афтода буд, гуфт: «Худо чї гуна инро баъди мурданаш зинда мекунад?» Худо ўро сад сол мурда кард, баъд аз он ўро барангехт, гуфт. «Чї ќадар диранг кардї?» Гуфт: «Як рўз диранг кардам, ё порае аз рўз». Гуфт: «Балки сад сол диранг кардї, таому ошомидании худро бибин, ки мутаѓаййир нашудааст, дарозгўши худро бибин! Мехоњем, ки туро барои мардумон нишона гардонем, ба устухонњо бинигар, чї гуна онро љунбиш медињем, баъд аз он бар он гўшт мепўшонем» Пас, чун (ин њол) барои ў возењ шуд, гуфт: «Медонам, ки њамоно Худо бар њама чиз Тавоно аст».
260. Ва чун Иброњим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамо, чї гуна мурдагонро зинда мекунї?» (Худо) гуфт: «Оё бовар надоштаї?» Гуфт: «Оре,1 валекин (мехоњам, ки) дили ман ором гирад». (Худо) гуфт: «Аз паррандагон чањор-торо бигир ва њамаро (пора-пора) назди худ ба њам овар, баъд аз он бар њар кўње аз онњо пораеро бигузор: баъд аз он онњоро нидо кун. Албатта, шитобон пеши ту биёянд. Ва бидон, ки Худо Ѓолиби Устуворкор аст».
261. Сифати онон, ки амволи худро дар роњи Худо харљ мекунанд, монанди сифати як дона аст, ки њафт хўшаро бирўёнад, дар њар хўша сад дона аст. Ва Худо ба њар ки хоњад, дучанд медињад; ва Худо Фарохнеъмати Доно аст.
262. Барои онон, ки амволи худро дар роњи Худо харљ мекунанд, сипас, аз паи он харљ кардан миннат (нињодан) ва изо (расонидан)-ро [дар миён] намеоранд, назди Парвардигорашон муздашон њаст; ва бар онњо тарсе нест ва онњо андўњгин намешаванд.
263. Сухани мулоим гуфтан ва даргузаштан2 бењтар аз он хайрот аст, ки аз паи он озурда кардан бошад. Ва Худо Бениёзи Бурдбор аст.
264. Эй касоне, ки имон овардаед, хайроти худро ба миннат нињодан ва озурда кардан табоњ макунед, њамчун касе, ки моли худро барои намоёндан ба мардумон харљ мекунад ва ба Худову рўзи ќиёмат имон надорад; ва сифати ў монанди сифати санги соф аст, ки бар он андак хок бошад, ба он бороне азим расад, пас, онро сахт (ва соф) мегузорад. (Ањли риё) бар чизе аз он чи амал карданд, тавоної надоранд. Ва Худо гурўњи кофиронро роњ наменамояд.
265. Ва сифати онон, ки молњои хешро аз љињати талаби ризомандии Худо ва барои саботи эътиќоди худ харљ мекунанд, монанди сифати боѓе аст дар макони баланд, ки ба он бороне азим расидааст, пас, мевањои худро дучандон оварад. Ва агар ба он борон намерасид [њам], шабнам кифоят мекард. Ва Худо ба он чи мекунед, Биност.
266. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки боѓе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад, зери он љўйњо меравад; ва ўро дар он боѓ аз њар љинс мевањо бошад; ва ўро калонсолї расида бошад; ва фарзандони нотавон дошта бошад; пас, дар ин њолат он боѓро гирдбоде расад, ки дар он оташ аст ва пок бисўзад? Њамчунин Худо оятњоро барои шумо возењ месозад, то бошад ки тааммул кунед.
267. Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизањои он чи шумо ба даст овардаед ва аз (покизањои) он чи барои шумо аз замин берун овардаем, харљ кунед; ва аз он чи харљ мекунед, нохушу табоњи онро ќасд макунед ва [њол он ки] худатон гирандаи он нестед, ба љуз ваќте ки дар (гирифтани) он чашмпўшї кунед. Ва бидонед, ки Худо Бениёзи Сутудакор аст.
268. Шайтон тангдастиро ба шумо ваъда медињад ва ба бењаёї мефармояд. Ва Худо аз љониби Худ омурзишро ва неъмат доданро ваъда мекунад. Ва Худо Фарохнеъмати Доно аст.
269. Ба њар ки хоњад, дониш медињад; ва њар кас, ки дониш дода шудааст, пас, њамоно некўии бисёр дода шудааст. Ва ба љуз соњибони хирад [касе] пандпазир намешавад.
270. Ва ба дурустї, Худо он чиро медонад, ки аз хайрот харљ кардед, ё аз назре бар худ лозим кардед. Ва ситамкоронро њељ ёридињандае нест.
271. Агар хайротро ошкоро кунед, пас, ин [кор] некў аст; ва агар онро пинњон кунед ва онро ба фаќирон бидињед, пас, ин бароятон бењтар аст; ва аз шумо баъзе гуноњонатонро дур месозад. Ва Худо ба он чи мекунед, Огоњ аст.
272. Њидояти онњо бар ту1 лозим нест, валекин Худо њар киро мехоњад, њидоят мекунад. Ва он чи аз мол харљ кардед, (нафъ) барои (зоти) шумо аст. Ва лоиќ нест, ки љуз барои талаби рўи Худо харљ кунед. Ва он чи аз мол харљ кардед, ба тамом ба (сўи) шумо расонида шавад;2 ва шумо ситам карда нахоњед шуд.
273. (Хайрот) барои он фаќирон аст, ки дар роњи Худо банд карда шуданд,3 дар замин сафар карда наметавонанд; [шахси] нодон онњоро ба сабаби тамаъ накарданашон тавонгар мепиндорад. Ту онњоро ба ќиёфаашон мешиносї, ба исрор аз мардумон суол намекунанд. Ва он чи аз мол харљ кунед, пас, њамоно Худо ба он Доно аст.
274. Касоне, ки амволи худро шабу рўз, пинњону ошкоро харљ мекунанд, муздашон назди Парвардигорашон аст; ва бар онњо тарсе нест ва онњо андўњгин намешаванд.
275. Касоне, ки суд мехўранд, барнамехезанд,4 магар монанди касе, ки Шайтон ба сабаби осеб расонидан ўро девона сохтааст, бармехезад. Ин ба сабаби он аст, ки судхорон гуфтанд: «Љуз ин нест, ки савдогарї монанди суд аст». Ва Худо савдогариро њалол кардааст ва судро њаром сохтааст. Агар касе, ки ба вай аз љониби Парвардигораш панд омада бошад ва ў аз ин кор бозмонад, пас, он чи гузашт,5 аз они ўст ва кори ў ба Худо (муфавваз) аст. Ва касоне, ки (ба судхорї) бозгарданд,6 пас, он гурўњ бошандагони дўзаханд, онњо дар он љо љовиданд.
276. Худо (баракати) судро нобуд месозад ва (баракати) хайротро афзун месозад. Ва Худо њар носипоси гунањкорро дўст надорад.
277. Њамоно касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд ва намозро барпо доштанд ва закотро доданд, муздашон назди Парвардигорашон аст; ва бар онњо тарсе нест ва онњо андўњгин намешаванд.
278. Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо њазар кунед; ва агар аз ањли имон њастед, он чиро, ки аз суд мондааст, тарк кунед.
279. Агар [тарк] накардед, пас, ба љанге аз тарафи Худо ва расули Ў хабардор бошед. Ва агар тавба кунед, пас, асли молњоятон аз они шумо аст: шумо ситам намекунед ва бар шумо ситам карда намешавад.
280. Ва агар муфлисе бошад, пас то тавонгарї мўњлат додан лозим аст; ва агар медонед, он ки хайрот кунед, барои шумо бењтар аст.
281. Ва аз он рўз њазар кунед, ки дар он ба сўи Худо бозгардонида мешавед, пас ба њар кас он чи амал кардааст, тамом дода шавад ва онњо ситам карда нашаванд.
282. Эй касоне, ки имон овардаед, агар бо якдигар ба вом додан то ваќти муќаррар муомила кунед, пас, онро бинависед; ва бояд ки нависандаи боинсоф миёни шумо бинависад; ва нависанда сар бозназанад аз он, ки нависад, чунон ки ўро Худо омўхтааст. Пас, бояд ки вай бинависад ва он кас, ки вом бар зиммаи вай аст, бояд ки имло кунад ва аз Худо – Парвардигори худ битарсад ва аз он (вом) чизеро нуќсон накунад. Ва агар касе, ки вом бар зиммаи вай аст, бехирад ё нотавон бошад ё имло карда натавонад, пас, бояд ки коргузори ў боинсофона имло кунад; ва аз мардони хеш1 ду шоњидро ба гувоњї гирад; ва агар ду мард набошад, пас, як марду ду зан аз он гувоњон, ки шумо ризоманд бошед, (кифоят аст), то агар як зан фаромўш кунад, яке дигариро ёд дињад. Ва он гоњ, ки гувоњон талабида шаванд, бояд ки сар бозназананд. Ва аз он монда машавед, ки њаќро нависед – кам бошад ё бисёр – то муддати он. Ин [навиштан] назди Худо боинсофтар ва барои гувоњї дурусттар ва аз он, ки дар шак нашавед, ќарибтар аст; магар ваќте ки он муомила савдогарии даст ба даст бошад, ки онро миёни худ дастгардон мекунед – пас, бар шумо гуноње дар он нест, ки онро нанависед. Ва њар гоњ, ки хариду фурўш кунед, гувоњ гиред. Ва нависанда ва гувоњ бояд ки ранљ дода нашаванд; ва агар чунин бикунед, пас, њамоно ин барои шумо гуноњ аст. Ва аз Худо битарсед; ва Худо шуморо меомўзад; ва Худо ба њар чиз Доно аст.
283. Агар дар сафар бошед ва нависандае наёбед, пас гарави ба даст овардашуда лозим аст. Ва агар гурўње аз шумо гурўњеро амин донад, пас он кас, ки амин дониста шуд, бояд ки амонати худро адо кунад ва аз Худо – Парвардигори худ – битарсад. Ва гувоњиро пинњон накунед; ва њар ки онро пинњон кунад, пас, ба дурустї ки дили ў гунањкор аст. Ва Худо ба он чи мекунед, Доно аст.
284. Он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Худо аст; ва агар он чиро, ки дар дили шумо аст, ошкоро кунед, ё онро пинњон доред, Худо, албатта, њисоби онро аз шумо бигирад; пас, касеро, ки хоњад, биомурзад ва касеро, ки хоњад, азоб кунад. Ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.
285. Пайѓамбар ба он чи аз Парвардигораш ба сўи ў фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мўъминон низ; њама ба Худо ва фариштагони Ў ва Китобњои Ў ва пайѓамбарони Ў имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни њељ касе аз пайѓамбарони Ў фарќ намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорї кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро мехоњем ва бозгашт ба сўи Ту аст».
286. Худо бар њељ кас љуз ба миќдори тоќаташ вољиб намекунад, он чи амал кард, аз они ў аст ва он чи гуноњ кард, бар вай аст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромўш кунем, ё хато кунем, моро (ба уќубат) магир. Эй Парвардигори мо, бар сари мо бори гарон манењ, чунон ки онро бар сари касоне нињодї, ки пеш аз мо буданд. Эй Парвардигори мо, ва бар сари мо он чиро манењ, ки моро бардошти он нест. Ва аз мо даргузар ва моро биомурз ва бар мо бибахшой, Туї Худованди мо, пас, моро бар гурўњи кофирон фирўзї дењ!»
Достарыңызбен бөлісу: |