РУШДИ СОЊАИ ТАНДУРУСТЇ ДАР 20 СОЛИ ИСТИЌЛОЛИЯТ
«Дар кишвари соњибистиќлоли мо саломатии мардум боигарии давлат
ва ҷузъи таркибии њадафњои
стратегии он дониста шудааст».
Эмомалї Рањмон,
24 апрели соли 2010
Мундариља
-
Рўйхати ихтисорањо……………………….……..……………………………………….4
-
Истиќлолият нерўбахши рушди соњаи тандурустї ………….…………….…………. 5
-
Ислоњоти соњаи тандурустї њамќадами бозсозињои кишвар...................................13
-
Рушди хизматрасонии тиббї муњимтарин омили солимии ањолї...........................24
-
Њифзи саломатии модару кўдак асоси бунёди љомеаи солим ..................................39
-
Бењтар намудани вазъи санитарию эпидемиологї кафолати амнияти саломатии ањолї ва муњити зист..................................................................................................47
-
Рушди тањсилот ва илми тиб сарчашмаи дастовардњои соњаи тандурустии кишвари соњибистиќлол.............................................................................................55
-
Комёбињои соњаи фарматсевтии Тољикистони соњибистиќлол .……………………69
-
Вусъатёбї ва густариши маблаѓгузорї асоси инкишофи соњаи тандурустии кишвар.........................................................................................................................76
-
Фењристи адабиёт ...................................................................................................81
Рўйхати ихтисорањо
БПНМ- бемории пайдошудаи норасоии масуният
ВМКБ- Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон
ВНМО- вируси норасоии масунияти одам
ДДТТ- Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон
ДТИБКТТ- Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тољикистон
ЕврАзЭС- Иттињоди иќтисодии Аврупою Осиё
ЕСНО- Комиссияи аврупої оид ба кўмакњои башардўстона
ИМА- Иёлоти Муттањидаи Амрико
CARE – Ташкилоти ѓайридавлатии байналмилалї
КАТС- Кўмаки аввалияи тиббию санитарї
МЉТТЊС - Маркази љумњуриявии ташаккули тарзи њаёти солим
СММ- Созмони милали муттањид
ТИФ- дастгоњи тањлили иммунуферментї
ТКБН (DOTS)- табобати кўтоњмўњлати бевосита назоратшаванда
ТУТ- Ташкилоти умумиљањонии тандурустї
HOPE- Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил
UNISEF - Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттањид
USAID- Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалї
SIDA -Агентии шветсиягї оид ба рушди байналмилалї
SDC- Агентии швейтсарї оид ба рушд ва њамкорї
UNFPA- Хазинаи нуфузи ањолии СММ
ИСТИЌЛОЛИЯТ НЕРЎБАХШИ РУШДИ СОЊАИ ТАНДУРУСТЇ
(БА ЉОИ САРСУХАН)
Таърих гувоњ аст, ки замони салтанати Сомониён даврони гулгулшукуфї ва тиллої, ташаккул ёфтани миллати тољику эњёи маданият, фарњанг, иќтисодиёт ва давлатдории ин миллати шарафманд аст, ки њамаи ин дар заминаи соњибистиќлолї ва озодии чунин як давлати муќтадир имконпазир буд. Оре, фазои озодї ва соњибистиќлолї ба рушди тамоми рукнњои давлатдорї, соњањои мухталифи љамъият замина мусоид фароњам оварда метавонад. Мањз дар давлати соњибихтиёр арзишњои миллї, монанди худшиносии миллї, ватандўстї ва пос доштани муќаддасоти миллї ташаккул ёфта метавонанд.
Хушбахтона, баъди садсолањо орзую омоли чандинасраи миллати тољик љомаи амал пўшид. Нўњуми сентябри соли 1991 дар бораи истиќлолияти давлатии Тољикистон Эъломия ќабул карда шуд, ки ин њуљљати асосї барои таъмини истиќлолияти кишвари азизамон гардид. Њамин тариќ, бори дигар баъд аз њазорсолањо миллати тољик соњиби давлати хеш – Тољикистони соњибистиќлол шуд. Воќеан, истиќлолият њастии миллат ва неъмати бебањои давлат аст. Истиќлолият омили асосиест, ки рушди иљтимоию иќтисодии њар як миллату давлатро таъмин менамояд. Њамин аст, ки дар давраи на чандон тўлонии истиќлолият кишвари азизамон дар њамаи соњањои њаёти љамъиятї ба пешравињои назаррас ноил гардидааст.
Тўњфаи арзишманди даврони истиќлолият барои миллати тољик, ин ба сари давлат омадани фарзанди фарзона ва барўманд Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон мебошад. Бояд ќайд кард, ки аз замони ба сари ќудрат омадани ин марди воќеан сарсупурдаи миллат, миллати тољик аз парокандагї наљот ёфта, хавфи аз байн рафтани Тољикистон бартараф карда шуд. Дар таъмин намудани истиќлолияти пурраи кишварамон сањми Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон таърихї ва хеле муассир мебошад. Дар фазои истиќлолият, тањти роњбарии хирадмандонаи Эмомалї Рањмон соњањои иќтисодї, илм, маориф, фарњанг, тандурустї ва ѓайра рўз то рўз ба пешравињои назаррас ноил гашта истодаанд.
Имрўзњо халќи мо 20- умин солгарди истиќлолиятро дар кишвари соњиби Сарќонуни нави ба таври раъйпурсии умумихалќї ќабулгардида, Президенти ба тариќи овоздињии умумихалќї интихобшуда, миллати муттањидгардида, иќтисоди рў ба пешравї нињода ва аз њама муњим, орому осуда љашн мегирад.
Сињатии омма дар кишвари мо самти афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат ба њисоб меравад. Президенти мамлакат гуфтаанд: «Дар кишвари соњибистиќлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва љузъи таркибии њадафњои стратегии он дониста шудааст» .
Дар давраи соњибистиќлолї дар сохтори тандурустии мамлакат љараёни бозсозии соња, аз он љумла тањияи заминаи нави ќонунгузорї ва санадњои меъёрии њуќуќии соњаи тандурустї, такмили системаи идоракунї ва маблаѓгузорї, рушд ва тањкими кўмаки аввалияи тиббию санитарии бо тибби оилавї асосёфта, таљдиди муассисањои тиббї ва фарматсевтї ављ гирифт. Бо њамин маќсад, модели ислоњоти соња вобаста ба бењбуди дастрасии хизматрасонињои тиббї тавассути таљдиди сохтор ва њамгироии системаи фароњам овардани кўмаки аввалияи тиббї, муносибгардонии фонди кат ва сохтори муассисањои бистарикунонї, таќвияти нерўи кадрии тамоми соњаи тандурустї, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва бењбуди таъминот бо доруворї, ворид намудани намудњои нави маблаѓгузорї, дар асоси дастовардњои илмї татбиќи усулњои нави ташхисию табобатї бо истифодаи технологияњои муосир, иштироки ањолї дар њалли масъалањои тандурустї, барќарорсозии солимии беморон ва маъюбон, рушди заминаи иттилоотии идоракунї ва дигар тадбирњоро дар бар мегирад.
Ба инкишофи соња афзоиши суръати иќтисодї, таваљљўњи њамаљонибаи роњбарияти кишвар нисбат ба самтњои афзалиятноки рушди иљтимої, инчунин сањми самарабахши љомеаи байналмилалї дар њифзи саломатии ањолии кишвар, шароити мусоид фароњам оварданд.
Бо дастгирии бевоситаи Љаноби Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар манотиќи гуногуни љумњурї дар 20 - соли истиќлолият зиёда аз 750 муассисањои тиббї аз њисоби маблаѓњои буљетї ва лоињањои инвеститсионї сохта, таъмиру барќарор гардида, бо дастгоњњои муосири замонавї љињозонида шуданд.
Дар ин давра, бо назардошти хусусиятњои хоси соњаи тандурустии кишвар, зиёда аз 12 барномаи миллї, аз љумла оид ба рушди соњањои донории хун, эндокринологї ва мубориза бо беморињои дил, бемории сил, вараља, ВНМО/БПНМ, беморињои диабети ќанд, беморињои саратон, пешгирии маъюбї аз садамањо, нашъамандї, тарзи њаёти солим ва ѓайрањо татбиќ шуда истодаанд, ки њадафи асосии онњо бењтар намудани хизматрасонии тиббї ва солимии ањолї мебошад.
Тањия ва татбиќи барномањои зикргардида боиси бењтар гаштани сифати хизматрасонињои тиббї ва паст шудани сатњи беморшавии ањолї гардид. Мавриди ќайд аст, беморињои домана, вараља, сурхча, сулфакабўдак, зардпарвин, сил, камйодї, беморињои диареяи кўдакон, камѓизої, камхунї ва ѓайрањо якчанд маротиба коњиш ёфт. Соли 2010 назар ба солњои 1991-1994 беморињои буѓумдард 14 маротиба, осебдидагон аз газидани њайвонот 12 маротиба, љамъи беморињои шадиди рўда 5 маротиба, домана 12 маротиба, касалии сил 4 маротиба кам ба ќайд гирифта шудаанд. Њамзамон, мубориза бар зидди беморињои диабети ќанд, саратон, дил, ВНМО/БПНМ, нашъамандї вусъат ёфта, бањри пешгирї ба табобати чунин беморињо чорањои мушаххас андешида шуданд. Натиљаи татбиќи босамари барномањои соњавї ба паст гардидани нишондињандањои беморшавї ва фавти беморон мусоидат кард.
Самти муњими дигари хизматрасонињои тиббї, бо дарназардошти дастовардњои илми муосир ва технологияи њозиразамон, ба роњ мондани усулњои нави пешгирї, ташхис ва табобат мебошад. Њадаф аз ин кам кардани шумораи беморони барои табобат ба хориљи љумњурї фиристодашаванда мебошад, ки ин дар навбати худ ба иќтисодиёти мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Имрўз кор дар ин самт аллакай натиља дода истодааст ва шумораи эњтиёљмандон барои ташхису табобат дар муассисањои берун аз марзи кишвар то 50% коњиш ёфтааст.
Мавриди ќайд аст, ки тайи солњои охир дар муассисањои тиббї як ќатор усулњои нави табобат њангоми нуќсонњои вазнини модарзодии дил љорї карда шуд. Инчунин, бори аввал дар кишвар амалиёти иваз намудани гурда, буѓуми рон ва зонуи беморон ба буѓуми сунъї, тавассути њуљайрањои бунёдї ба роњ мондани муолиљаи бемории дилу рагњо, усулњои нави љарроњї дар чашм, љоѓу рўй ва табобати саратони сурхной мавриди истифода ќарор дода шуд. Бори аввал дар љумњурї бе истифодаи љарроњї тањти назорати ултрасадо бо сўзани махсус табобати оризањои љигар ва ѓадуди зери меъда сурат гирифт, њол он ки пештар чунин беморонро ё љарроњї мекарданд ва ё ба хориљи кишвар мефиристанд
Бо назардошти супоришњои роњбари давлат солњои охир яке аз афзалиятњои рушди хизматрасонињои тиббї дар доираи ислоњоти соња ворид намудани тибби хусусї дониста шуда, он барои ба ањолї дастрас намудани номгўи васеи хизматрасонињо ва истифодаи технологияи навтарини тиббї имконият фароњам меоварад.
Дар њамин самт, ба маќсади танзими фаъолияти тибби хусусї, њанўз соли 2002 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббї» ќабул гардида, он ба љараёни тањияи љанбањои меъёрии њуќуќии тибби хусусї заминаи хуб гузошт.
Дар асоси дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи муассисаи хусусии тиббии «Маркази тиббии ибни Сино» (6 сентябри соли 2009), аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон наќшаи чорабинињо тасдиќ гардид, ки ба рушди тибби хусусї дар кишвар такони амалї бахшид.
Њифзи саломатии модару кўдак самти афзалиятноки соњаи тандурустии кишвар ба њисоб меравад.
Ба маќсади бењтар намудани вазъи солимї ва паст намудани фавти модарону кўдакон, бањри баланд бардоштани сифати хизматрасонињо ба онњо як ќатор њуљљатњои муњими стратегї ќабул карда шуда, тавассути онњо нишондињандањои асосии соња бењтар гардид. Дар давраи истиќлолият нишондињандаи фавти модарон ва кўдакон мутаносибан 2,5 – 3 маротиба паст гардиданд. Инчунин, тайи 7 соли охир нишондињандањои қадпастї, камвазнї нисбати синну сол ва камхунї дар байни кўдакон ва занони синну соли ќобили таваллуд кам гардида, аз натиљаи мусбии татбиқи самараноки сиёсати давлат дар соњаи њифзи модару кўдак гувоњї медињад.
Самтњои муњими фаъолияти Вазорати тандурустї дар доираи ислоњоти соња ин пешгирии беморињои сироятии бо воситаи эм идорашаванда мебошад. Ба ин маќсад, Барномаи соњавии иммунопрофилактика барои солњои 2003 – 2010 ќабул гардида, эмгузаронї бо намудњои нави ваксинањо аз он љумла, ваксинаи пентавалентї, гепатити В ва ваксинаи сурхча-гулафшон бори аввал дар љумњурї ворид карда шуд. Бо маќсади такмил ва устувории чорабинињои анљомдодашуда, соли 2010 Ќонун «Дар бораи иммунопрофилактикаи беморињои сироятї» ва «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011 – 2015» ќабул карда шуданд.
Таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ањолии кишвар самти афзалиятноки сиёсати давлатї дар соњаи њифзи саломатии ањолї мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар даврони истиқлолият бањри таъмини амнияти санитарї, ки масъалањои бењтар намудани таъминоти ањолї ва муассисањои тиббї бо оби нўшокии босифат, таъмири шабакањои обу коррези шањру ноњияњо, назорати сифати маводи ѓизої, молњои мавриди истифодаи њамагонї ва масолењи сохтмонии воридшавандаро фаро мегирад, корњои зиёде ба анљом расонида шудааст. Дар ин муддат, миқдори беморињои сироятї кам гардида, заминаи њуқуқии соњаи мазкур тақвият дода шуда, қонунњо ва барномањои зарурї тањия ва қабул шуданд. Инчунин, сохтори идоракунии соњаи санитарию эпидемиологї ба шароити имрўза мутобиқ карда шуда, иќтидори кадрии соња ва заминањои моддию техникии муассисањои санитарию эпидемиологї дар 53 шањру ноњияњои љумњурї бењтар гардида, бо таљњизотњои зарурї ва нақлиёти санитарию хизматї таъмин карда шуданд.
Њукумати Љумњурии Тољикистон ба рушди захирањои кадрии соњаи тандурустї ањамияти махсус медињад. Бо ин маќсад дар мамлакат Косепсияи ислоњоти тањсилоти тиббию фармасевтї ва Барномаи тарбияи кадрњои тиббї барои солњои 2010- 2020 тањия ва ќабул карда шуд. Хурсандибахш аст, ки роњбарияти давлат ба рушди Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино њамчун ягона маркази тарбияи табибон, таваљљуњи махсус зоњир менамояд, ки ќабули Барномаи рушди Донишгоњ барои солњои 2006-2015, ду маротиба ба Донишгоњ ташрифи расмї овардани Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон ва бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон (16 ноябри соли 2009, №735) бо «Ифтихорнома» - и Њукумати љумњурї сазовор гардонидани Донишгоњ шоњиди гуфтањои боло мебошанд.
Дар солњои охир бинои асосии донишгоњ, Озмоишгоњи марказии илмї - татќиќотї, ду хобгоњ аз нав таъмир ва таљњизонида шуда, ба истифода дода шуданд. Дар Донишгоњ чопхонаи хурд, Маркази илмию клиникии «Стоматология», Маркази ташхису табобатї, Маркази захирањои тибби исботшуда, Маркази иттилоотии маводи доруворї, китобхонаи электронї, Маркази такмили ихтисосу бозомўзї ва Маркази таълимї-табобатии «Эндољарроњї» таъсис ва таљњизонида шуданд. Таъминотнокї бо китобњои дарсї аз 42%-и соли 2005 ба 99,6%- дар соли 2010 расонида шуд. Ќобили зикр аст, ки чунин таъминнотнокї бо китобњои дарсї дар даврони шўравї низ мављуд набуд. Айни њол, дар донишгоњ лоињаи боздиди барномаи тањсилоти олии тиббии тодипломї амалї шуда, барномањои таълимии тиббї ба стандартњои байналмилалии тањсилоти тиббї мутобиќ карда шуда истодаанд.
Самти афзалиятноки рушди захирањои кадрии соњаи тандурустї ин тарбияи мутахасисони тибби оилавї мебошад. Бо ин маќсад, Маркази љумњуриявии таълимию клиникии тибби оилавї марказњои вилоятиву байниноњиявї дар 14 шањру ноњияњо таъсис дода шуданд. Тањия ва тасдиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тибби оилавї» ва «Барномаи рушди тибби оилавї барои солњои 2010-2015» боиси устувории заминаи меъёрии њуќуќї ва рушди тибби оилавї гардид. Дар љумњурї аз соли 1998 сар карда то ба имрўз 2554 табиби оилавї ва 2809 корманди миёнаи тибби оилавї тайёр карда шудаанд, ки мутаносибан 22 ва 29 фоизи онњо дар 3 соли охир тайёр карда шудаанд.
Ба маќсади таъмини њамоњангсозии фаъолияти муассисањои илмии системаи тандурустї, љорї намудани дастовардњои муосири илмї ва усулњои ташхису муолиља дар амалияи тиббї, бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон дар маросими баистифодадињии бинои навтаъмири Донишгоњи тиббї, тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 –уми августи соли 2009, № 494 Академияи илмњои тибби назди Вазорати тандурустї таъсис дода шуд.
Дастовардњои олимони тибби тољик дар даврони истиќлол назаррас буда, ба соњањои баландбардории ташхиси даќиќ бо истифода аз технологияи муосири љањонї ва тањияи усулњои нави табобат равона гаштааст. Бори аввал дар љумњурї муайян намудани сабабњои пайдоиши сиррози љигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселлюлярї дар сатњи таѓйироти генетикї дастрас гашта, синтиграфияи (ташхиси радиологии изотопии) узвњои дохила ба роњ монда шуд. Амалиётњои љарроњии пайванди гурда ва буѓумњо амалї гашт. Дар соњаи акушерї – гинекологї бошад, амалиётњои љарроњї бо истифода аз технологияи эндоскопї ба роњ монда шуда, барои њомиладории экстракорпоралии занњои дорои хавфи баланд барои таваллудкунї заминаи боэътимод гузошта шуд. Усули васеъ намудан ва стенткунонии роњњои шараёни дил ва амалиётњои тармимии љарроњї вусъати тоза пайдо намуданд. Дар самти омўзиши њуљайрањои бунёдї ва амалї намудани имплантатсияи њуљайрањои бунёдї дар љараёни табобат ва шинондани мўйи сар низ натиљањои назаррас ба даст оварда шуданд.
Њамин тариќ, дар даврони истиќлолият заминањои њуќуќї ва моддии рушди захирањои кадрии соњаи тандурустї тањия ва ташаккул дода шуда, миќдори кормандони тиббї зиёд гардид. Махсусан, дар солњои охир раванди таъминотнокии муассисањои тандурустї бо табибон ва кормандони миёнаи тиббї, билохира тамоюл ба афзудан дорад. Аз 17 муассисаи таълимии тиббї 7-тои (41, 2 %) он ва аз 12 муассисаи илмии тиббї 9-тои (75%) онњо дар даврони истиќлолият таъсис дода, бори аввал њимояи корњои илмии тиббї аз рўи 15 ихтисос дар љумњурї ба роњ монда шуд. Инчунин, зиёда аз 65% мутахассисони дорои дараљаи илмии номзад ва доктор доштаи соњаи тандурустї рисолањои илмии худро мањз дар даврони истиќлолият њимоя намуданд.
Дар 20 соли истиқлолият соњаи фарматсевтии кишвар низ ба дастовардњои назаррас ноил гардид. Дар ин муддат сохторњои ба танзимдарории фаъолияти фарматсевтї ва муомилоти маводи доруворї, ки пеш аз даврони истиқлолият дар кишвар арзи вуљуд надоштанд, таъсис дода шуданд. Заминањои њуқуқии фаъолияти фарматсевтї тањия гардида, ба бењтар намудани дастрасии маводи доруворї мусоидат намуданд. Низоми бақайдгирии давлатї, сертификатсиякунонї, танзими воридоти доруворї муайян ва тасдиќ гардид. Њамзамон миқдори доруњои аз қайди давлатї гузашта ва ба талаботи стандартњои сифат љавобгў зиёд гардида, миқдори дорувории ба тариқи қочоқ воридшаванда кам гардид. Айни замон, дар љумњурї аз љониби 11 истењсолкунандагони ватанї истењсоли зиёда аз 81 номгўи маводи доруворї, молњои тиббї ва иловагињои фаъоли биологї ба роњ монда шудааст. Бори аввал дар мамлакати соњибистиќлол Формуляри маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва чоп карда шуд. Муассисањои фарматсевтии кишвар ба талаботи бозори иқтисодї мутобиқ гардида, бањри бењтар намудани вазъи таъминоти ањолї бо доруворї фаъолияти босамар менамоянд.
Бо маќсади такмили сиёсати тандурустї, аз он љумла соњаи маблаѓгузории он, дар љумњурї як ќатор њуљљатњои муњими соња ба монанди Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустї, Стратегияи маблаѓгузории соњаи тандурустї дар солњои 2005-2015, Стратегияи миллии солимии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2020 тањия ва ќабул гардиданд, ки дар асоси онњо давра ба давра љорї намудани маблаѓгузории сарикасї дар муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї, пардохти маблаѓ барои њар як њолати табобат дар хадамоти бистарикунонї, татбиќи Барномаи кафолатњои давлатї оид ба таъмини ањолии ноњияњои таљрибавии љумњурї бо кўмаки тиббию санитарї ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои давлатии тандурустї муяссар гардид. Ќабули Барномаи миёнамўњлати харољоти давлатї, Дастурамали нави ягона љињати пардохти музди мењнати кормандони соњаи тандурустї, Тартиби муќаррар намудани нархи хизматрасонии тиббї аз тарафи муассисањои хусусї ва Ќонун «Дар бораи суѓуртаи тиббї» барои суръатбахшии татбиќи усулњои нави маблаѓгузории соњаи тандурустї мусоидат намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар тўли 20 соли истиќлолият роњбарияти давлат ба рушди маблаѓгузории соњаи тандурустї диќќати хоса дода, давра ба давра онро зиёд менамояд. Дар ин муддат буљети соњаи тандурустї аз 956 њазор сомонї ба 592751 њазор сомонї расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1992 620 маротиба зиёд мебошад. Њамзамон, музди маоши кормандони соњаи тандурустї аз 3 сомонї ба 332 сомонї расонида шуд, ки ин нисбати соли 1996 110, соли 2001- 55,3 ва соли 2006 10,4 маротиба зиёд мебошад.
Њамин тавр, дар тўли солњои истиќлолият бањри бењтар намудани сифати хизматрасонињои тиббї, рушди системаи сиёсати идоракунии соњаи тандурустї, бењбуди захирањои кадрии тиббї, такмили љараёни тањсилот ва илми тиб, вусъат додани татбиќи усулњои нави маблаѓгузорї, таќвият бахшидан ба устувории заминаи моддию техникии муассисањои тиббї, бунёди системаи ягонаи итилоотии соњаи тандурустї, таъмини амнияти бехатарї ва мукаммалсозии сохтори фармасевтї ба корњои зиёде анљом расонида шудаанд.
Дар маљмўъ, истиќлолияти кишвари азизамон, ки солњо мунтазираш будем, барои рушду нумўи соњаи тандурустии љомеа даричањои васеъ ва зиёдеро ба таври фаррох боз намуда, раванди ислоњоти бахшњои мухталифи онро мунтазам нерўву тавони тоза бахшид. Бо дарки масъулият бояд тамоми мутахассисони соњаи тиб, роњбарону кормандони маќомоту сохторњои соњаи тандурустї, чун аъзои љомеаи ягонаи Тољикистон, ба њайси як фарди бо нангу бо номус, ватандўсту фидокор бањри фардои неки кишвари азизамон, тањким бахшидани раванди сулњу оромї дар кишвар, вањдату якпорчагии миллї, ба даст овардани истиќлолияти пурраи сиёсиву фарњангї, илмиву иќтисодї сидќан зањмат кашида, ба вижа бањри бењбуд бахшидан ба сифати хизматрасонии тиббї, вусъат бахшидан ба раванди бозсозии њифзи тандурустии ањолї, ки омили муњимтарини иќтидори давлату заминаи боэътимоди ободии Ватан, сарвати бебањои миллат ба шумор мераванд, сањми арзанда гузоранд.
Вазири тандурустии
Љумњурии Тољикистон Н.Ф. Салимов
Ислоњоти соњаи тандурустї њамќадами бозсозињои кишвар
“Дар солњои охир аз ҷониби Ҳукумат бо мақсади
суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ
якчанд санад қабул гардид, ки мақсади асосии
онҳо ба талаботи замон мувофиқ гардонидани
хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва беҳбудии
вазъи умумии соҳа мебошад”
Эмомалї Рањмон, 15 .04.2009с.
Бо соњибистиќлол гардидани Љумњурии Тољикистон соли 1991 дар кишвар дигаргунсозињои иќтисодию иљтимоии њама соњањои хољагии халќ оѓоз гардид. Дар ин давра аз иќтисодиёти наќшавї ва идорашаванда ба муносибатњои бозоргонї гузаштан хеле душвор буд, зеро харобињои љанги шањрвандиро бартараф кардан лозим меомад. Ноустувории сиёсї, иљтимоиву иќтисодї, паст шудани равандњои демографї дар давраи гузариш ба системаи тандурустї низ таъсири манфї расониданд.
Системаи тандурустии Љумњурии Тољикистон мисли бисёр љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї дар асоси меъёрњои миќдорї бунёд шуда буд ва натавонист, ки ба таѓйиротњои иљтимоиву иќтисодии давраи гузариш мутобиќ гардад ва ин ба сатњи нишондињандањои саломатии ањолї таъсири манфї расонд. Дар ин замина, канда шудани робитањои иќтисодї, таназул ёфтани истењсолот, мушкилоти молиявї ва ѓайрањо системаи мављудбудаи камсамари ёрии тиббиро боз њам заифтар намуданд. Аксари нишондињандањои солимии ањолї нисбат ба дигар кишварњои сатњи даромадашон миёна, боиси тавсифи давлати дорои маќоми пасти саломатї сабаб шуданд. Њамзамон афзоиши беморињои сирояткунанда хатари љиддиро ба бор оварданд.
Њолати ба амаломада, инчунин паст гардидани нишондињандаи вазъи саломатї дар муќоиса бо дигар давлатњо, зарурати ислоњоти соњаи тандурустиро ба миён овард, то ин ки њолати бавуќўъомада ба низом дароварда, сатњи солимии ањолї бењтар карда шавад.
Дар ин давра омилњои асосие, ки барои ислоњоти соњаи тандурустї мусоидат намуданд, инњо баланд шудани сатњи беморшавии ањолї, паст шудани сифати хизматрасонии тиббї, норасогии маблаѓгузорї, пардохтњои ѓайрирасмии беморон барои хизматрасонињои тиббї, душвор гардидани дастрасии кўмаки тиббї ба ањолї, бахусус ба табаќаи камбизоати он, паст шудани сатњи идоракунї ва фаъолияти маъмурї дар соњаи тандурустї буданд.
Ислоњоти соњаи тандурустиро дар 20 соли истиќлолияти Љумњурии Тољикистон метавон шартан ба чор марњила људо намуд. Марњилаи аввал солњои 1993 – 1997-ро дар бар мегирад ва онро бо назардошти таъсироти ногувори љанги шањрвандї метавон яке аз даврањои мушкилтарини раванди ислоњоти соњаи тандурустї арзёбї намуд. Дар ин давра Вазорати тандурустї бинобар нокифоя будани маблаѓгузории соња фаъолияти худро пеш аз њама барои аз байн бурдани эпидемияи беморињои сироятї ва ихтисор кардани миќдори катњои зиёдатии беморхонањо равона сохт.
Бояд тазаккур дод, ки зарурати гузаронидани ислоњот дар кишвар, аз љумла ислоњоти бахши тандурустї, соли 1994 аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї Э. Рањмон эълон гардида буд. Дар ин асос соли 1995 Барномаи давлатии ислоњоти иќтисодї тањия ва ќабул гардида, ба истиќрори иќтисоди бозаргонї нигаронида шуд, ки он барои тањияи дурнамои минбаъдаи соњаи тандурустї замина гузошт.
Дар ин давра соњаи тандурустии кишвар ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роњбари давлат аз дастгирии доманадори љомеаи љањонї бархўрдор гардид. Кўмакњои фаврї бо доруворї, ваксина, воситањои банду басти дар он ваќт гирифташуда дар њалли масъалањои тандурустї наќши муњим доштанд. Аммо бояд ќайд кард, ки ин кўмакњо дорои хусусияти фавќулодда доштанд ва ба талаботи вобаста ба љанги шањрвандї ва оќибатњои он нигаронида шуда буданд. Барои рафъи камбудињои мављудаи система эњтиёљот ба таѓйиротњои нисбатан амиќи сохторї ва механизми нисбатан эътимодноки хизматрасонии тиббї пайдо гардид. Давлат дар ин марњила имконият надошт тамоми захирањои мављударо ба маќсадњои ислоњоти иќтисодї равона созад ва ин танњо 27 июни соли 1997 пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон муяссар гардид.
Марњилаи дуюми ислоњоти соња солњои 1997 - 1999-ро дар бар мегирад. Дар ин давра дигаргунсозињои соња дар шароити нисбатан ором, яъне баъди анљом ёфтани љанги шањрвандї дар кишвар идома ёфт, гарчанде вазъи соња ва нишондињандањои саломатии ањолї, чун солњои пеш номусоид ва паст буданд. Дар ин марњила, Вазорати тандурустї барои тањияи дурнамои муайянкунандаи рушди минбаъдаи соња ва меъёрии њуќуќии он, бо назардошти соњибистиќлол гардидани кишвар ва ба давраи иќтисоди бозоргонї мутобиќ, кўшишњои зиёдеро ба харљ дод. Аввалин бор дар кишвар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи саломатии ањолї», Стратегияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи саломатии ањолї то соли 2005, Барномаи соњавии ислоњоти нигањдории тандурустї барои солњои 1997 - 2001 ва ѓайрањо тањия ва ќабул карда шуданд. Зарур ба ёдоварист, ки ин давраи ислоњот ба бартараф намудани мушкилоти соњаи тандурустї ва фароњам овардани шароити мусоид бањри рушди соња равона карда шуда буд. Тањия ва ќабули њуљљатњои номбаршуда ба фаъолияти системаи тандурустї дар чањорчўбаи муайян сурат гирифта, ба рушди минбаъдаи он имкон доданд. Дар ин солњо дигаргунсозии маблаѓгузории соњаи тандурустї, мустањкам намудани идоракунї, такмили сохт ва шабакаи муассисањои тандурустї, сиёсати доруворї, сиёсати кадрї, хусусигардонии дорухонањо, њамкорињои байналмилалї ва ѓайрањо масъалањои мубрами рўз буданд.
Марњилаи сеюми ислоњоти соња солњои 1999-2006-ро дар бар мегирад. Дар ин марњила ислоњот ба дараљаи муайян мавќеи худро ёфт. Дар соли 1999 аввалин лоињањои инвеститсионї бо дастгирии Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї (ТУТ) ва Бонки Умумиљањонї оѓоз гардиданд. Дар ин давра аз љониби Вазорати тандурустї њолати мављудаи муассисањои тиббї дар саросари кишвар тањлил шуда, дар асоси он бо дастгирии техникии ТУТ Консепсияи ислоњоти соњаи тандурустї тањия карда шуда, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон 4 марти соли 2002 тањти № 94 тасдиќ гардид.
Консепсияи мазкур самтњои гуногун ва масъалањои муњими соњаи тандурустиро дар бар гирифта, яке аз равандњои асосии афзалиятноки он, кўмаки аввалияи тиббию санитарї (КАТС) мебошад.
Тибқи ин Консепсия рушди љараёни ислоњоти соњаи тандурустї, масъалањои нокифоягии захирањои кишвар барои њалли њамаи масъалањои мављуда, зарурати муайян намудани афзалиятњо, тањкими системаи кўмаки аввалияи тиббию санитарї, вобаста ба он, ки аксари масъалањои тандурустї дар сатњи кўмаки аввалияи тиббию санитарї бо харољоти нисбатан кам њал шуданаш мумкин аст, таќсими захирањо вобаста ба эњтиёљот, бо назардошти аломатњои љуѓрофї, нишондињандањои демографї, рушди нерўи кадрї барои бо теъдоди зарурї ва дар сатњи зарурї таъмин намудан, самарабахшии хизматрасонї, мунтазам баланд бардоштани сифати ёрии тиббї, рушди имкониятњои системаи идоракунии иттилоотї барои татбиќи муваффаќонаи ислоњоти соњаи тандурустї, ташаккули масъулияти шахсии ањолї барои саломатии худ ва ѓайрањоро дар бар мегирад.
Бо назардошти нокифоя будани маблаѓњои буљети давлатии барои соњаи тандурустї људошуда, зарурати љалби маблаѓњо аз њисоби институтњои молиявї ва ташкилотњои байналмилалии кўмакрасон ба миён омад. Лоињаи намунавии «Ислоњоти кўмаки аввалияи тиббию санитарї», ки бо ташаббуси Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 1999 аз њисоби ќарзи дарозмўњлати имтиёзноки Бонки Умумиљањонї ба имзо расида буд, ба маблаѓи умумии 6,24 млн. доллари амрикої дар ду ноњияи таљрибавї - Варзоб ва Данѓара амалї гардид.
Лоињаи номбурда аввалин лоињаи инвеститсионї дар соњаи тандурустии кишвар буда, он ба дастрасии кўмаки аввалияи тиббию санитарии аз љињати иќтисодї самараноки ба тибби оилавї ва маблаѓгузории сарикасии хизматрасонии тиббї асосёфта, равона карда шуда буд.
Дар доираи татбиќи лоиња барномањои таълимии омодасозии табибони оилавї дар сатњи тодипломї ва баъдаздипломї, бозомўзии њамширањои тибби оилавї, стандартњои муолиљаи беморї дар муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї ва ѓайрањо тањия ва амалї карда шуданд. Инчунин, лоиња дар татбиќи системаи нави идоракунии иттилооти тандурустї ва муљањњазгардони бо таљњизотњои компютерї, такмили потенсиали институтсионалї оид ба идоракунии тандурустї, омода намудани табибон ва њамширањои тибби оилавї сањми арзанда гузоштааст.
Дар доираи татбиќи лоињаи мазкур, ба маќсади татбиќи наќшаи самаранокгардонии муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї сохтмони амбулаторияњои тибби оилавї, Маркази љумњуриявии таълимї-клиникии тибби оилавї ва 26 Марказњои саломатии дењот дар ноњияњои Варзоб ва Данѓара сохта ва таъмиру тармим ва ба истифода дода шуда, бо таљњизотњои тиббї, наќлиёти санитарї ва алоќаи радиої таъмин гардидаанд.
Дар ин давра, дар доираи ислоњоти соња «Стратегияи маблаѓгузории соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2005-2015» тањия ва бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10 майи соли 2005 тањти №171 ќабул карда шуд. Дар доираи татбиќи стратегияи мазкур ба таври таљрибавї маблаѓгузории сарикасї дар ноњияњои Варзоб ва Данѓара, ки аввалин ноњияњои таљрибавї дар ин самт буданд, ворид карда шуд. Инчунин, Барномаи кафолатњои давлатии таъмини кўмаки ройгони тиббию санитарї ба ањолии ноњияњои Варзоб ва Данѓара, Тартиби хизматрасонии тиббии пулакї ба ањолии њарду ноњияњои номбаршуда тањия гардида, онњо бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон 30 июни соли 2004 тањти № 279 тасдиќ гардиданд ва сараввал дар ноњияњои таљрибавии Варзоб ва Данѓара соли 2004 ворид карда шуданд.
Ба маќсади рушди тибби оилавї дар љумњурї соли 2003 аз њисоби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва њамкорї амалисозии лоињаи Тољикистону Швейтсария оиди ислоњоти соњаи тандурустї ва дастгирии тибби оилавї њамчун лоињаи иловагї ба лоињаи «Ислоњоти кўмаки аввалияи тиббию санитарї» оѓоз гардид. Ќисматњои асосии ин лоиња ба ањолї дастрас намудани хизматрасонии босифати кўмаки аввалияи тиббию санитарї ва тањияи модели тибби пешгирикунандаи беморињо, назорат аз рўи бемории сил, бо истифодаи табобати кўтоњмўњлати бевосита назоратшаванда (ТКБН - ДОТС) ва бењтар намудани системаи банаќшагирї, идоракунї, мониторинг ва бањодињии хизматрасонии тиббї буд.
Дар пешбурд ва татбиќи дигаргунсозињои соња дар ин давра Лоињаи таљдиди сектори иљтимої (№1705, Бонки Осиёии Рушд), ки солњои 1999-2004 дар кишвар амалї гардид, сањми нињоят калон гузошт. Дар доираи татбиќи лоињаи мазкур аввалин маротиба дар мамлакат дар њаљми калон ба заминаи моддию техникии муассисањои тиббї тањким бахшида шуд, аз љумла дар 190 муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарї, 16 беморхонаи марказии ноњиявї, 4 маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоятњои Хатлон ва Суѓд корњои сохтмонию барќарорсозї ба анљом расонида, њамаи онњо бо таљњизотњои тиббии зарурї таъмин карда шуданд.
Аз соли 2004 сар карда, дар доираи Лоињаи ислоњоти соњаи тандурустии Тољикистон, аз њисоби ќарзи Бонки Осиёии Рушд ба маблаѓи 9,375 млн. доллари ИМА дар ноњияњои таљрибавї (Айнї, Мастчоњи Кўњї, Роштќалъа, Кўлоб, Рашт) як ќатор корњо ба анљом расонида шуд. Вазифањои асосие, ки дар назди ин лоиња гузошта шуда буданд, аз созмон додани потенсиали ба наќшагирї ва идоракунї, ташкил намудани хариди самараноки доруворї, кор карда баромадани механизми назорат аз болои сифати доруворї, таъмини самаранок ва устувори ањолии камбизоат бо хизматрасонињои тиббї ва ѓайрањо иборат буд.
Барои рушди заминаи меъёрии њуќуќии тибби оилавї, ки асоси хизматрасонии кўмаки аввалияи тиббию санитариро ташкил медињад ва зина ба зина љорї намудани он дар миќёси љумњурї бо дастгирии Лоињаи ислоњоти соњаи тандурустии Тољикистон (Бонки Осиёии Рушд), лоињањои њуљљатњои воњидњои корї, љадвали таљњизот, тавсифи ихтисосї барои муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї, њуљљатњои меъёрии вобаста ба аккредитатсия, иљозатномадињии муассисањои тиббї ва мутахассисон тањия гардиданд, ки имрўз дар амалия истифода карда мешаванд. Дар баробари ин, дар доираи татбиќи лоињаи мазкур корњои сохтмонию барќарорсозї дар зиёда аз 60 муассисањои тиббии ноњияњои дар боло номбаргардида ва сатњи миллї анљом ёфта, мавриди истифода ќарор дода шуданд. Ба маќсади таъмин намудани муассисањои тиббии љумњурї бо маводи доруворї ва молњои тиббии аввалиндараљаи ба стандартњои байналмилалї љавобгў ва нисбатан арзон Маркази љумњуриявии хариди доруворї ва молњои тиббї созмон дода шуд. Бинои Маркази мазкур бо дастгирии Лоињаи номбурда таъмир ва барќарор гардида, бо тамоми таљњизотњои зарурї таъмин карда шуд. Инчунин, бинои филиалњои марказ дар вилоятњои Суѓду Хатлон аз њисоби лоињаи зикргардида сохта шуда, бо наќлиёт, мебелу таљњизотњои зарурї ва техникаи компютерї таъмин гардидаанд.
Умуман, ќайд кардан лозим аст, ки дар марњилаи сеюми ислоњоти тандурустї ба љараёни устувори љалби маблаѓњои ташкилотњои байналмилалии молиявї, бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон барои вусъат бахшидан ба дигаргунсозињои соња замина гузошта шуд. Дар ин давра дар татбиќи ислоњоти соња Маркази идораи лоињаи ислоњоти соњаи тандурустї - Бонки Осиёии Рушд, Маркази њамоњангсозии Лоиња оид ба ислоњоти кўмаки аввалияи тиббию санитарї - Бонки Умумиљањонї, Лоињаи Тољикистону Швейтсария оид ба ислоњоти соњаи тандурустї ва дастгирии тибби оилавї (Лоињаи Сино), Лоињаи Здрав Плюс, Хазинаи Оѓо Хон, Хазинаи Глобалї, Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї, Хазинаи кўдакони СММ, Лоињаи HOPE, Бонки рушди Олмон, Фонди миллии иљтимоии инвеститсионии Тољикистон, Каре интернешнл, Каритас, Сафорати Љопон ва дигарон сањми арзанда гузоштаанд.
Лоињаи тандурустии заминавї ва љамоавї, ки аз њисоби маблаѓњои грантии Бонки Умумиљањонї, дар њаммаблаѓгузории Агентии Шведсиягї оид ба рушди байналмилалї (SIDA), Агентии Швейтсарї оид ба рушд ва њамкорї (SDC) дар њаљми умумии 17,29 млн. доллари ИМА дар ноњияњои Ашт, Спитамен, Ќубодиён, Сарбанд, Шўробод, ш.Норак ва дигар шањру ноњияњои вилоятњои Хатлону Суѓд татбиќ гардид. Ќисматњои асосии лоиња ислоњоти сохторї ва молиявии соња, аз љумла пурќувват намудани идоракунии сохторї, молиявии кўмаки аввалияи тиббию санитарї ва госпиталї дар вилоятњои Суѓд ва Хатлон, пурќувват намудани кўмаки аввалияи тиббию санитарї, бахусус барќарорсозї ва сохтмони муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї, омўзиши мутахассисони тибби оилавї буданд. Лоињаи мазкур дуюмин лоињаи Бонки Умумиљањонї дар татбиќи ислоњоти соњаи тандурустии кишвар мебошад.
Дар натиљаи татбиќи лоињаи номбурда, бештар аз 100 нафар мутахассисон дар хориљи кишвар ва 900 нафари дигар дар дохили кишвар омўзонда, 36 муассисањои тиббї сохта шуда, 320 муассисањои табобатию профилактики дар 41 шањру ноњияњои вилоятњои Хатлону Суѓд бо мебелу таљњизотњо таъмин гардиданд ва 88 адад наќлиёти санитарї дастрас гардид.
Дар ин марњила инчунин, ба тањкими заминаи меъёрии њуќуќии соња, тањияи њуљљатњои стратегии соња ањамияти љиддї дода шуда, як ќатор њуљљатњо, аз ќабили Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият дар Љумњурии Тољикистон», Стратегияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи саломатии ањолї барои солњои то 2010, Барномаи рушди Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон (ДДТТ) ба номи Абўалї ибни Сино барои солњои 2006-2015, Наќшаи стратеги оид ба солимии репродуктивии ањолии Љумњурии Тољикистон то соли 2014 ва ѓайрањо тањия ва тасдиќ карда шуданд. Бори аввал соли 2003 Шўрои миллии тандурустї дар назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд.
Марњилаи чоруми ислоњоти тандурустї аз соли 2006 оѓоз ёфта, то имрўз идома дорад. Вазифаи асосии ин марњила мукаммал намудани сохти идоракунї ва маблаѓгузории соња, рушди тибби оилавї, мустањкам кардани заминаи моддию техникии муассисањои тиббї, тањкими системаи иттилоотии соња ва ѓайрањо мебошад. Ба маќсади бењтар намудани вазъи саломатии ањолї, бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон дар њамкорї бо созмонњои байналхалќї дањњо санадњои меъёрии њуќуќии ањамияти муњимдошта, ба монанди ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи тиббї дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи тибби оилавї», Консепсияи Љумњурии Тољикистон оид ба таљдиди сохтори беморхонањо барои солњои 2006-2010, Консепсияи ислоњоти тањсилоти тиббию фармасевтї дар Љумњурии Тољикистон, Барномаи кафолатњои давлатї оид ба таъмини ањолии ноњияњои таљрибавї бо кўмаки тиббию санитарї барои солњои 2010-2011, Стратегияи миллии солимии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2020, Наќшаи стратегии таљдиди муассисањои тиббии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020 тањия ва тасдиќ карда шуданд.
Ба маќсади тањкими системаи идоракунии тандурустї бо қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 665 аз 2 декабри соли 2009 дар маќомоти иљроияи мањаллии шањру ноњияњо шўъба ва бахшњои тандурустї таъсис дода шуданд.
Дар ин давра дар натиљаи љидду љањдњои зиёд сатњи фавти модарону кўдакон рў ба коњишёбї нињод. Теъдоди шахсони мубталои беморињои сироятї, аз љумла беморињои сироятии тавассути эмкунї идорашаванда, кам гардид. Протоколњои клиникии замонавї ва дигар стандартњои кўмаки тиббї тањия ва татбиќ гардиданд. Беш аз нисфи таваллудхонањо вобаста ба «муносибати хайрхоњона нисбат ба кўдакон» сертификатсия карда шуданд.
Дар рушди системаи фароњам овардани хизматрасонињои тиббї марњилаи гузариши стратегии соњаи тандурустї ба муносибатњои кўмаки њамгироишудаи аввалияи тиббию санитарї оѓоз гардид, ки ба тибби оилавї асос ёфтааст. Омодасозии табибон ва њамширањои тибби оилавї њамчун самти афзалиятноки рушди захирањои кадрии соњаи тандурустї муайян карда шуд.
Барои таъмини афзалиятнокї ва устувории хизматрасонии тиббї бо усули тибби оилавї, таъмини дастрасии ањолї ба хизматрасонињои баландсифати тиббї, дастгирї ва њифзи њуќуќи мутахассисон Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тибби оилавї» аз 29 декабри соли 2010, № 676 ќабул гардида, «Барномаи рушди тибби оилавї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015» тањия карда шудааст.
Ба маќсади вусъат бахшидан ба љараёни тайёр намудани мутахассисони тибби оилавї дар минтаќањо ва дар сатњи ѓайримутамарказ ба роњ мондани бозомўзии онњо корњои мушаххас анљом дода шуд. Тибќи шартнома оид ба њамкории байни Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Шањринав ва шањри Турсунзода Лоињаи Тољикистону Швейстсария доир ба ислоњоти соњаи тандурустї ва дастгирии тибби оилавї (Лоињаи Сино) соли 2006 дар назди Маркази саломатии ноњияи Шањринав ва шањри Турсунзода шўъбаи байниноњиявии таълимию клиникї барои бозомўзии кормандони тиб таъсис дода шуда, бештар аз 27 марказњои саломатии дењотї дар шањри Турсунзода ва 16 марказњои саломатии дењотї дар ноњияи Шањринав таъмиру тармим ва бо таљњизотњои зарурї таъмин карда шуданд. 2 октябри соли 2008 дар назди Маркази саломатии ноҳияи Рашт Маркази байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавї барои бозомўзии кормандони тандурустии водии Рашт таъсис дода шуд. Маркази мазкур бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустии Љумҳурии Тољикистон, Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тољикистон (Бонки Осиёии Рушд) таъмир карда шуда, дар якљоягї бо Маркази Љумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавї бо маводњои зарурї таъмин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки маблаѓњои пешбинишудаи соњаи тандурустї аз соли ба тасвиб расидани Консепсияи ислоњоти тандурустии Љумњурии Тољикистон то имрўз 14 маротиба зиёд гардид, ки ин ба татбиќи Консепсияи мазкур мусоидат намуд.
Бо дастгирии бевоситаи Љаноби Олї, Президенти Љумњурии Тољикистон, Эмомалї Рањмон дар минтаќањои гуногуни љумњурї солњои истиќлол 750 муассисањои тиббї аз њисоби маблаѓњои буљети љумњуриявї ва мањаллї, лоињањои инвеститсионї сохта, таъмиру барќарор гардиданд ва бо дастгоњњои муосири замонавї љињозонида шуданд.
Самти дигари афзалиятноки соњаи тандурустї ин њамкорињои судманд бо созмонњои байналмилалї ба шумор меравад.
Ба маќсади бењтар сохтани раванди њамоњангсозии кўмакњои берунаи соњаи тандурустии љумњурї, мунтазам таљдид намудани махзани маълумот оид ба натиљаи фаъолияти институтњои байналмилалии молиявї ва ташкилотњои байналмилалї гузаронида мешавад. Айни замон, дар соњаи тандурустии кишвар намояндагии зиёда аз 16 институти байналмилалии молиявї ва 24 ташкилоти байналмилалї фаъолият менамоянд, ки дар маљмўъ 31 лоињаи инвеститсиониро амалї намуда истодаанд.
Маблаѓгузории соњаи тандурустї нуќтаи пасттарини вазъи ногувори дањсолањои охирро рафъ намуда, ба рушди устувор майл дорад. Муттасил баланд бардоштани музди мењнати кормандони соња аз он гувоњї медињад, ки давлат барои барќарорсозии суботи моддї, инчунин таќвияти маќоми касбї ва љамъиятии онњо талош меварзад. Дарки муњимии баланд бардоштани сифат ва харољоти самарабахши кўмаки тиббї, зарурати баланд бардоштани музди мењнат ва дигар намудњои њавасмандсозии кормандони тиб баръало ба назар мерасад. Самтгирии маблаѓгузории соњаи тандурустї нисбат ба талаботи адолати иљтимої таќвият ёфта истодааст.
Дар њамин замина, Њукумати Љумњурии Тољикистон ба фароњам овардани хизматрасонињои иљтимоии муассир ва самарабахш ба ањолии камбизоат, харољоти оќилона ба бахши иљтимої љињати таъмини дастрасии одилона ба хизматрасонињои тандурустї таваљљўњи махсус зоњир менамояд. Дар ин самт Эъломияи Созмони Милали Муттањид оид ба Њадафњои рушди њазорсола то соли 2015 ќабул гардид, ки тибќи он вазифањои соњаи тандурустї то 2/3 паст кардани сатњи фавт байни кўдакони то 5 - сола, то 3/4 паст кардани сатњи фавти модарон, боз доштани сатњи пањншавии ВНМО/БПНМ, вараља, сил ва дигар беморињо, идомаи коњиш додани миќёси фарогирии онњо мебошад.
Чорабинињои иттилоотию маърифатї, ташкили муколамањои љамъиятї байни њамаи табаќањои љомеа, љалби њамкорон оиди рушд ба масъалањои зисти кўдакон, таъмини модаршавии бехавф, солимии репродуктивї, танзими оила, назорати антенаталї, бењбуди дастрасї ва сифати кўмаки бетаъхири акушерї дар њалли проблемањои бењбуди њифзи саломатии модару кўдак инчунин, мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил, вараља ва дигар беморињои сироятї бетаъсир намонда, барои ноил шудан ба Њадафњои рушди њазорсола боиси гузоштани ќадамњои устувор гардидаанд.
Инчунин, њадафњои мазкур асоси барномаи рушди бахши тандурустї дар доираи Стратегияи паст кардани сатњи камбизоатї, Консепсияи ислоњоти соњаи тандурустї ва Стратегияи миллии солимии ањолї дар Љумњурии Тољикистонро ташкил медињанд.
Стратегияи миллии солимии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2020, ки комилан ба дастовардњои давраи гузашта такя намуда, вазифањои рушди соњаро дар дањ соли оянда муайян мекунад, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 августи соли 2010, № 368 тасдиќ гардида, ба њалли самарабахши проблемањои мубрами соњаи тандурустї нигаронида шудааст. Маќсади асосии Стратегия аз тањкими саломатии ањолии кишвар ва фароњам овардани муњити солими зист иборат мебошад. Татбиќи бомуваффаќияти Стратегия аз муносибатњои маљмўии идоракунии захирањою системањо ва натиљаи идоракунї дар соњаи тандурустї вобаста мебошад. Мањз пешбинии натиљањо, асоси андешањои стратегї ва заминаи асосии стратегияи миллии солимии ањолиро ташкил медињад, ки ба он тавассути таљдиди системаи идоракунии соњаи тандурустї, бо истифодаи нисбатан судманди захирањо ва таќвияти таъминоти захиравї ноил шудан мумкин аст.
Дар даврони истиќлолият маќоми њамширањои тиббї баланд гардида, онњо дар ташхис, табобат ва нигоњубини бемор мавќеи хос пайдо карданд. Бо таъсис додани Маркази љумњуриявии кори њамширагї, Шифохонаи парастории њамширањои шафќат, Ассотсиатсияи кормандони миёнаи тиб ва рушди тибби оилавї, дар доираи татбиќи Барномаи рушди кори њамширагї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2015 ва Стратегияи миллии солимии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2020 таваљљуњ ба фаъолияти њамширањои тиб бештар гардида, имкониятњои онњо фаррохтар ва самаранокии фаъолияти њамширањои тиб зина ба зина боло меравад.
Умуман, дар давраи истиќлолият соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон ба азнавсозии соња, такмили системаи идоракунї ва маблаѓгузорї, рушд ва тањкими кўмаки аввалияи тиббию санитарии бо тибби оилавї асосёфта, таљдиди муассисањои тиббї ва ѓайра ављ гирифт. Ба инкишофи соња афзоиши суръати иќтисодї, таваљљўњи њамаљонибаи роњбарияти кишвар нисбат ба вазифањои афзалиятноки рушди иљтимої, инчунин сањми самарабахши љомеаи байналмилалии донорњо дар њифзи саломатии ањолии кишвар шароити мусоид фароњам овард.
Корњои анљомдодашуда љињати азнавсозии заминаи ќонунгузорї ва санадњои меъёрии њуќуќии соњаи тандурустї барои минбаъд идома додани ислоњот шароити мусоид фароњам овардааст. Дар маљмўъ, зиёда аз 600 њуљљатњои меъёрии њуќуќии соња, онњоро аз давраи шўравї то имрўз истифода мебурданд, таљдиди назар шуда, тибќи тартиби муќарраргардида, ба тасдиќ расиданд.
Модели ислоњот вобаста ба фароњам овардани хизматрасонињои тандурустї бењбуди дастрасиро тавассути таљдиди сохтор ва њамгироии системаи фароњам овардани кўмаки тиббї, бењбуди менељменти њарду сатњи фароњам овардани хизматрасонињои тиббию санитарї (кўмаки аввалияи тиббию санитарї, бистарикунонї), рушди сифати кўмаки аввалияи тиббию санитарї, ки ба тибби оилавї асос ёфтааст, муносибгардонии фонди кат ва сохтори муассисањои бистарикунонї, таќвияти нерўи кадрии муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї, хадамоти бистарикунонї ва тандурустии љамъиятї, бењбуди инфрасохтор, такмили таъминот бо доруворї, таѓйир додани системаи пардохти хизматрасонии тиббї дар сатњи кўмаки аввалияи тиббию санитарї мутобиќи принсипи сарикасї ва дар сатњи бистарикунонї - барои њар як њолати муолиља, љорї намудани дастовардњои илмї ва усулњои нави пешгирї, ташхис ва муолиља бо истифода аз технологияњои муосир, иштироки ањолї дар њалли масъалањои тандурустї, барќарорсозии беморон ва маъюбон, ташкили кўмаки паллиативї, такмили заминаи иттилоотии идоракунї ва дигар тадбирњоро дар назар дорад.
Достарыңызбен бөлісу: |