Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон Дар бораи аудити дохили дар бахши давлатӢ



Дата08.07.2016
өлшемі137.5 Kb.
#184869
қонуни

ҷумҳурии тоҷикистон
Дар бораи аудити дохили дар бахши давлатӢ
Қонуни мазкур маҷмуи муносибатҳои марбут ба муқаррар намудани принсипҳо, асосҳои ташаккул, банақшагирӣ, гузаронидан ва ҳисоботи аудити дохилиро дар бахши давлатӣ танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва объективй оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатй анҷом дода мешавад;

- аудитори дохилӣ - хизматчии давлатй, ки аудити дохилиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;

- супориши аудитй - супориши муайян барои гузаронидани таҳқиқоти аудитй, ки аз амали санҷишӣ ва ё машваратӣ иборат мебошад;

- мақсадҳои супориши аудитӣ - таъмини хулосаи объективй ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои ҷараён, низом ё ҷузъиёти дигаре, ки аудит онҳоро фаро гирифтааст;

- намудҳои супориши аудитй - аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявй, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотй;

- ёрии машваратй - пешниҳоди тавсияҳо, хулосаҳо, изҳори ақидаҳо, омӯзиш ва дигар тавзеҳот, ки барои инкишофи ҷараёни идоракунӣ ва назорати таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатй, таъин гардидаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилй дар бахши давлатй ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амал ва мақсадҳои Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур амали аудити дохилиро дар бахши давлатӣ ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Бучети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорй мешаванд (минбаъд - ташкилотҳои бахши давлатй), муқаррар менамояд.

2. Мақсадҳои Қонуни мазкур инҳо мебошанд:

-муайян намудани принсипҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;

-муқаррар намудани механизми татбиқи аудити дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатӣ.


Моддаи 4. Принсипҳо ва меъёрҳои аудити дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Фаъолияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатй мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи аудити дохилй, талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо бо риояи принсипҳои мустақилияту бегаразӣ, салоҳиятнокӣ ва зарурии касбият, бовиҷдонй, масъулиятокӣ ва махфият анҷом дода мешавад.
Моддаи 5. Таъиноти асосии аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатй
Аудити дохилӣ ба тақсимкунандахои асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблаггирандагони давлатй дар иҷрои самаранок ва натиҷабахши вазифаҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин мусоидат мекунад:

1) Ошкор намудан ва баҳодиҳии таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;

2) Баҳодиҳии мувофиқат ва самаранокии низоми идоракунии молия ва назорат аз нуқтаи назари:

- ҳаммонандкунй, баҳодиҳй ва идоракунии таваккал аз чониби роҳбарияти ташкилотҳои бахши давлатй;

- риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавй ва ғайришартномавй;

- боэътимод ва ҳаматарафа будани иттилоотй дорой аҳамияти иҷтимой;

- судмандй, самаранокй ва сарфакорй;

- таъмини амнияти дороиҳо ва ҳуҷҷатҳо;

- ичрои вазифаҳо ва ноил шудан ба мақсадқо.

3) Таҳияи намудани тавсияҳо оид ба такмили фаъолияти ташкилотҳои бахши давлатӣ, инчунин анҷом додани мушоҳидаи ичрои мувофиқ.


БОБИ 2. АУДИТОРҲОИ ДОХИЛИИ ТАШКИлотҲОИ БАХШИ

ДАВЛАТӢ
Моддаи 6. Талабот оид ба таъин намудани аудитори дожили дар ташкилотҳои бахши давлатй
1. Ба вазифаи аудитори дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорой таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносй, на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосаш собиқаи корӣ дошта, инчунин ҷавобгӯи дигар талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъин карда мешавад.

2. Мансаби холии аудитори дохилй дар ташкилотҳои бахши давлатй бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол карда мешавад.


Моддаи 7. Ҳуқук ва ӯҳдадориҳои аудитори дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Аудитори дохилии ташкилотҳои бахши давлатй чунин ҳуқуқҳо дорад:

- гирифтан ва санҷидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурй ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори тақсимкунандагони асосй, тақсимкунандаҳо ва маблағгирандагони давлатй талаб кардани тавзеҳоти барои гузаронидани аудити дохилӣ зарур;

- гузаронидани санҷиши сохтор ва тарафҳои бо ташкилоти бахши давлатӣ алоқаҳои берунадошта, ки маблағҳои давлатиро истифода ё ихтиёрдорӣ мекунад;

- изҳори мулоҳизаи мустақил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молиявӣ ва низоми назорати дохилй;

- дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуччатҳои зарурй ва дигар иттилооти муҳиме, ки ба ташаккули мавқеи воқеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санҷиш ва ё изҳори мулоҳизаи худ дар маърӯза худдорӣ намояд;

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй гардидаанд.

2. Ҳангоми гузаронидани аудит, аудитори дохилии ташкилотҳои бахши давлатй ӯхдадор аст, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи аудити дохилй ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳоро риоя намояд.

3. Аз ҷониби аудитори дохилй истифода гардидани ҳуқуқи худ бо мақсади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин ҳуқуқҳо дар фаъолияти аудиторй манъ аст.

4. Дар амалҳои худ аудитори дохилй бояд мустакил, беғараз, босалоҳият ва бовиҷдон бошад.

5. Аудиторҳои дохилй вазифадоранд аз паҳннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбй ба онҳо дастрасшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, худдорй намоянд.


БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР БАХШИ АУДИТИ ДОХИЛӢ
Моддаи 8. Мақомоти ваколатдори давлат дар бахши аудити дохилй
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бахши аудити дохилӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади дар сатҳи зарурии касбй амалй намудани аудити дохилй мақомоти ваколатдори давлатй салоҳиятҳои зеринро дорад:

- сиёсати назорати молиявии дохилй ва аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатй дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи байнамилалии аудити дохилӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбик менамояд;

- барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявй ва назорат фармон интишор мекунад, ки иҷрои он аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатй, ҳатмй мебошад;

- ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти хамаи воҳидҳои сохтори аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом медиҳад;

- ёрии машваратиро барои ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатй, вобаста ба дархосташон таъмин менамояд;

- ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомӯзии аудиторҳои дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатй анҷом медиҳад;

- тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ оид ба гирифтани сертификати «Аудитори дохилй дар бахши давлатй»-ро муқаррар менамояд;

- махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатй ва феҳристи аудиторонеро, ки бомуваффақият аз санчиши тахассусии аудиторҳои дохилй дар бахши давлатй гузаштаанд, пеш мебарад;

- ваколатҳои дигареро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом медиҳад.

2. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатй ӯҳдадоранд, ки дастрасии аудиторони дохилии мақомоти ваколатдори давлатиро ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявй ва назорат заруранд, таъмин намоянд.


Моддаи 9. Гузориши таҳлилй дар соҳаи аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатй
1. Ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳар сол, на дертар аз 1 апрел ба мақомоти ваколатдори давлатй оид ба иҷрои нақшаи аудити соли гузашта гузориши таҳлилиро пешниҳод мекунанд, ки он бояд иттилооти зеринро дар бар гирад:

- супориши аудитии иҷрошуда, ҳолатҳое, ки дар онҳо маҳдудкунии доираи супориши аудитӣ ҷой доштанд ва сабабҳои эҳтимолии иҷро нашудани нақша;

- хулосаҳои асоси нисбат ба амали низоми Идоракунии молияви ва назорати бахши давлатй ва тавсияҳо оид ба такмил додани фаъолияти он;

- ҳолатҳои имконпазири вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешниҳодҳо оид ба рушди аудити дохилӣ.

2. Гузориши таҳлилии солона бояд аз ҷониби роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатй тасдиқ карда шавад.

3. Мақомоти ваколатдори давлатй ҳар сол, на дертар аз 1 май фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилиро барои соли гузашта ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилҷ пешниҳод мекунад.
БОБИ 4. МАСЪУЛИЯТИ РОҲБАРИ АВВАЛИ ТАШКИЛОТИ БАХШИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ АУДИТИ ДОХИЛИ
Моддаи 10. Масъулияти роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатй дар соҳаи аудити дохилй
Роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилй дорад, барои ҷорӣ кардан ва таъмини фаъолияти комилан мувофиқи аудити дохилй мутобиқи меъёрҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд, масъул аст, аз ҷумла барои:

- тасдиқи нақшаи солона ва дарозмуддати санҷиш, инчунин нақшаи такмили ихтисоси кормандони воҳиди сохтории аудити дохилй;

- тасдиқи нақшаи амалиёти ҷорӣ оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳои дар маърӯзаи аудит пешниҳодгардида;

- қабули карор оид ба иҷрои ҳатмй ва саривақтии тавсияҳои пешниҳоднамудаи аудиторон;

- баррасии хулосаи таҳлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохилй;

- пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоти дахлдор оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;

- таъмин намудани захираҳои дахлдори моддию техники ва молиявӣ барои татбиқи нақшаи солона ва дарозмуддати аудит.
Моддаи 11. Вазифаҳон роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтори аудити дохилй надорад
1. Роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилй надорад, барои андешидани тадбирҳои зарурй оид ба гузаронидани аудит аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатй масъул мебошад.

2. Корманди ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми гузаронидани аудит амалҳои худро бо роҳбари ин ташкилот мувофикд мекунад.

3. Роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилй надорад, барои амалҳои зерин масъул аст:

- мусоидат намудан дар фароҳам овардани шароити зарури барои гузаронидани аудити дохилй;

- ба кормандони ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатй пешниҳод намудани иттилооти дархостшудае, ки барои гузаронидани аудит зарур аст;

- иштирок намудан дар арзёбии таваккалҳо;

- тасдиқ намудани нақшаҳои амалиётӣ ва кабул намудани Қарорҳои дахлдор оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳое, ки дар ҳисоботи аудиторӣ пешниҳод шудаанд.
БОБИ 5. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТИ
Моддаи 12. Ҳатмӣ будани таъсиси воҳиди сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотхои бахши давлати
1. Ташкилотҳои бахши давлатие, ки бояд воҳиди сохтории аудити дохилй дошта бошанд, мувофиқи меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд:

- ҳаҷми маблаѓгузорӣ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуним миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;

- шумораи миёнаи кормандонашон дар соли тақвимӣ зиёда аз 800 (ҳаштсад) нафар бошад.

2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад.

3. Аудитори дохилй дар мақомоти маҳаллии молия фаъолияти худро тибқи дастурҳои методии мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад.
Моддаи 13. Доираи амали аудити дохилӣ
1. Доираи амали аудити дохилӣ барои ҳар як ташкилоти бахши давлатӣ нисбати дигар ташкилот ва сохторҳое (барномаҳо ва лоиҳаҳое) маҳдуд карда мешавад, ки захираҳои онҳо аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори бахши давлатӣ ё ташкилотҳои дигар назорат карда мешавад ва худашон дорой воҳиди сохтории аудити дохилӣ буда, аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мешаванд.

2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки дар тобеияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва пурра аз ҷониби онҳо маблаѓгузорй мегарданд, аудити дохилӣ аз ҷониби аудиторони дохилии мақомоти маҳаллии молия анҷом дода мешавад.

3. Ба тақсимкунандагони асосии маблаѓҳои буҷети зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ риояи тобеияти байни ташкилотҳои гуногуни бахши давлатиро ба инобат гиранд ва ба такроршавии функсияҳои назоратии онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳ надиҳанд.

4. Санҷишҳои сохтор ва тарафҳои беруна нисбат ба ташкилоти бахши давлатӣ, ки маблаѓҳои давлатиро мегирад, ё ихтиёрдорӣ мекунад, аз рӯи зарурат, баъди тасдиқи сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, инчунин дар асоси мувофиқа бо роҳбарияти ин сохтор ва тарафҳо, гузаронида мешаванд.

5. Сохтор ва тарафҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинй шудаанд, бояд ба фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ алокаманд бошанд ё ба сифати тақсимкунандаи асосии маблаѓҳои давлатӣ баромад намоянд ё тақсимкунандаи маблаѓҳои барномаҳои байналмилалӣ ва фондҳое бошанд, ки дар доираи кӯмаки расмӣ расонида мешаванд.
Моддаи 14. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ
1. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисоботдиҳанда ва нисбат ба дигар сохторҳои тобеи тақсимкунандаи асосии маблаѓҳои давлатӣ дар банақшагирии кори худ, иҷрои аудити дохилӣ ва таҳияи гузоришҳои аудиторӣ мустақил мебошад.

2. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ оид ба ташкил ва дастгирии низоми назорати дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ёрии машваратй расонида, нақшахои солона ва дарозмуддати фаъолияти худро бо назардошти нақшаи таълими касбии аудиторҳои дохилӣ таҳия менамояд.


Моддаи 15. Ӯҳдадориҳои асосии воҳиди сохтории аудити дохилӣ
Воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ӯҳдадориҳо дорад:

- дар асоси баҳодиҳии таваккал нақшаҳои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;

- оид ба мушохидаи иҷрои нақшаи солона ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод мекунад;

- оид ба кори иҷрогардида ҳар сол ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;

- баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва мувофиқати онро бо мақсадҳои ташкилоти бахши давлатӣ анҷом медиҳад;

- баҳодиҳии воқеият ва дурустии иттилооти муҳими иҷтимоиро анҷом медиҳад;

- ба мувофиқати фаъолияти сохторҳои таркибии ташкилоти бахши давлатй бо муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо медиҳад;

- самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатиро оид ба истифодаи маблаѓҳо, басандагии назорати истифодабарии онҳо ва роҳ надодан ба талафот баҳо медиҳад;

- пешниҳоди гузоришро оид ба натиҷаҳои аудит таъмин менамояд;

- тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохилихоҷагии он пешниҷод менамояд;

- кори аудиторҳои дохилии ташкилотҳои тобеъро ҳамоҳанг месозад ва ба онҳо ёрии методӣ ва машваратӣ мерасонад;

- паҳн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатй ё ба дигар сирри бо Ќонун ҳифзшаванда тааллуқ дорад, таъмин менамояд;

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷро менамояд.
Моддаи 16. Ваколатҳои сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин ваколатҳо дорад:

- нақшаи солона ва дарозмуддати аудитро омода менамояд;

- кори воҳиди сохтории аудити дохилиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ташкил менамояд;

- мувофиқи меъёрҳо ва методологияи аудити дохилӣ расмиёти аудити дохилиро муайян мекунад;

- мушоҳидаи сифати аудити дохилиро таъмин менамояд;

- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатй оид ба фаъолияти яксола, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба низоми назорати дохилӣ ҳисобот пешниҳод мекунад;

- оид ба ҳама гуна омилҳои ошкоршудаи фаъолияти ѓайриқонунӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлати иттилоот пешниҳод мекунад;

- барои иҷрои ҳар як супориши аудити мақсад, дойра, давомнокӣ, техника ва захираҳои аудитиро муайян мекунад;

- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ барои таъин намудани коршиноси таҳсилот ва малакаи махсус доштаро барои гузаронидани аудити дохилӣ пешниҳод менамояд;

- оид ба ҳамаи масъалаҳои аудит ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ гузориш пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.
Моддаи 17. Методологияи аудити дохилӣ
Њангоми гузаронидани санҷиши аудити кормандони воҳиди сохтории аудити дохилй шахси масъулеро, ки фаъолияти онро мавриди санҷиш қарор додаанд, хабардор менамоянд ва ба у имконияти муҳокимаи якҷояро дар вақти зерин муҳайё менамоянд:

- то оғози фаъолияти аудитории дахлдор - дар бораи мақсад ва доираи супориши банақшагирифтаи аудитӣ;

- баъди анҷоми аудит - хулоса ва тавсияҳои пешниҳодшуда ва дар мавриди муносиб додани шарҳу эзоҳ.
Моддаи 18. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аудитори дохилӣ набояд ба бархӯрди манфиатҳо роҳ диҳад. Ба корманди вохиди сохтории аудити дохилӣ гузаронидани аудит дар ҳолатҳои зерин манъ аст:

- агар дар он қисми объекте, ки аудит гузаронида мешавад, манфиатҳои шахсӣ ва ё амволии ӯ ҷой дошта бошанд;

- дар давраи гузаронидан ё дувоздаҳ моҳи охир дар қисми объекте, ки аудити дохилӣ гузаронида мешавад, ба сифати корманд ё корфармо фаъолият карда бошад;

- дар ҳолати мавҷудияти дигар ҳолатҳое, ки ба воқеӣ ва холис будани аудитори дохилӣ, ки аз меъёрҳои эътирофнамудаи аудити дохилӣ бармеоянд, таъсир расонад.

2. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатиро огоҳ намояд ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот аз ин хусус роҳбари тақсимкунандаи асосии маблаѓҳои буҷетиро хабардор намояд.
Модцаи 19. Махфияти фаъолияти аудитори дохилӣ
1. Аудиторҳои дохилӣ бояд талаботи паҳн накардани иттилоотеро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳо дастрас шудааст, ѓайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риоя намоянд.

2.Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи санҷиши хазинадорй махфӣ мебошад. Ба дигар шахс додани ҳуҷҷатҳои дахлдор танҳо бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, гирифтани он бошад, тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.


Моддаи 20. Мустақилияти аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва ҳамаи аудиторон ба истиснои воҳиди сохтории аудити дохилии мақомоти ваколатдори давлатӣ набояд:

- дорой ваколатҳои иҷроия ё идоракунӣ, вазифаҳо ё ӯҳдадориҳо бошанд ба ѓайр аз онҳое, ки ба идоракунии вазифаҳои аудити дохилӣ марбутанд;

- набояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи ташкилоти бахши давлатй иштирок намоянд.
Моддаи 21. Гузориши аудитӣ
1. Гузориши аудитӣ - ҳуҷҷати расмии аудити дохилӣ мебошад, ки аз иттилоот оид ба доираи фарогирӣ ва мақсадҳои супориши аудити иборат буда, аз ҷумла хулосаҳои воқеӣ ва пешниҳодҳои аудиторро дар бар мегирад.

2. Баъди анҷом додани санҷиш аудитори дохилӣ ё роҳбари гурӯҳи аудиторони дохилӣ ӯҳдадор аст дар давоми даҳ рӯз ду нусхаи гузориши хаттиро тайёр намояд, ки як нусхаи он ба роҳбари ташкилоти бахши давлатии санҷидашуда супорида мешавад ва нусхаи дигараш, дар воҳиди сохтории аудити дохили нигоҳ дошта мешавад.



3. Шакл, мазмун ва тартиби пешниҳод намудани гузориши аудитӣ дар дастурҳои методии мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накарданн Қонуни мазкур
Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки муқаррароти қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон
ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№ 631

Достарыңызбен бөлісу:




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет