180
ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН
Қушматов А., Сангинов Д.
Донишгоҳи миллии Тоxикистон
Шоҳроҳи бузург алоқаи байни мардуми машғули касбу кори гуногун: зироаткор, чорводор
ва косибону ҳунармандони на танҳо як мулки муайян, балки мулкҳо - давлатҳои гуногунро ҷорӣ
ва инкишоф медод. Шоҳроҳи бузурги абрешим ба ҳазорон километр тӯл кашида, мисли мавҷҳо
корвонҳои беохирро аз биёбонҳои регзори беканори гарму тафсон ва ағбаҳои кӯҳӣ ба воситаи
манзараҳои зебоманзар меовард. Дар чорроҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим шаҳру давлатҳо ва
тамаддунҳо ба вуҷуд омаданд, тараққӣ карданд ва хароб гардиданд. Ҳамчунин бисёре аз
шаҳрҳои қадимаи дар чорроҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим ҷойгир буда, ҷангҳои харобиовар,
сӯхтор, гуруснагӣ, вабо ва дигар фоҷиаҳоро аз сар гузарониданд. Асрҳо боз дар бозорҳои Шарқ
ғалоғулаи тоҷирону савдогарон шунида мешуд. Садҳо сол тоҷирон аз роҳҳои корвонгузари
чанголуд гузашта абрешим, сангҳои қиматбаҳо, тилло, нуқра, алмос, навъҳои гуногуни садафу
ёқут, оҳан, мис, матоъҳои нассоҷӣ, аспҳои даванд ва ғайраро ба фурӯши аврупоиҳо меоварданд.
Шоҳроҳи бузурги абрешим - як масири тиҷоратӣ пайвасткунандаи Шарқ ва Ғарб гардида,
сабаби пайдоиши роҳи бисёр шаҳрҳои беназир, ёдгориҳои таърихӣ, гумрук ва ҳатто давлатҳо
шудааст.
Шоҳроҳи бузурги абрешим - аз асри II п.м то асри XV мелодӣ арзи вуҷуд кардааст [3].
Вожаи «Шоҳроҳи бузурги абрешим» (Great silk road) танҳо дар охири асри XIX пас аз нашри
китоби таърихшинос К. Рихтгофен таҳти унвони «Хитой» ба илм ворид карда шуд [1, с.31].
Азбаски матоъҳои абрешими чинӣ, махсусан атлас, ё худ шоҳӣ, ки яке аз молҳои асосии тоҷирон
ба ҳисоб мерафт, минбаъд аз тарафи тадқиқотчиён номи «Шоҳроҳи бузурги абрешим»-ро
гирифт. Воситаи асосии нақлиёт, ки ба воситаи онҳо молҳои тоҷирон ба нуқтаҳои нисбатан дур
кашонида мешуд, шутурҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар баъзе самтҳо тоҷирон аз асп, фил, хар,
қутос ва ғайра истифода мебурданд. Ин шоҳроҳи корвонгузари тиҷоратӣ дарозтарин роҳ (7 ҳаз.
км) то давраи сармоядорӣ маҳсуб меёфт. Шоҳроҳи бузурги абрешим дар байни мамлакатҳо, ки
дину мазҳаб, нажоду миллат, расму оин ва забони мухталиф доштанд нақши пайвасткунандаро
бозида, минбаъд як манбаи ғании фарҳанги Ғарбӣ ва Шарқӣ гардида буд.
Бояд қайд кард, ки то ба вуҷуд омадани Шоҳроҳи бузуги абрешим дар ҳудуди Осиёи
Марказӣ ва Шарқи қадим роҳҳое вуҷуд доштанд, ки ба мақсади ҷанг ва сулҳ хизмат мекарданд.
Яке аз роҳҳои қадима - роҳи «лазуритӣ» буд, ки ҳанӯз дар ҳазораи II - III п.м. пайдо шуда
буд. Вай аз кӯҳҳои Бадахшон оғоз шуда, ба воситаи Эрон то ба Шарқи наздик ва Миср тӯл
мекашид. Санги нимқиматбаҳои лазурит, ки дар ноҳияҳои болооби Амударё дар Бадахшон ба
даст оварда мешуд аз тарафи заргарони шарқи қадим чун Шумер ва Миср баҳои баланд дода
мешуд. Ҳангоми ҳафриёт дар қабристонҳо ашёҳои аз лазурити Бадахшон сохта шуда ёфта
шудааст.
Дигар роҳи машҳури «шоҳӣ»-и замони Ҳахоманишиҳо дар асри VI—IV п.м. шаҳрҳои Осиёи
Хурд, Эфес ва Сардро дар соҳили баҳри Миёназамин бо яке аз пойтахтҳои Эрон ва шаҳри Суз
пайваст мекард. Боз як роҳи дигар аз Эрон тавасути Бохтар, Суғд, воҳаҳои Чоч ва територияи
ҳозираи Қазоқистон то Алтай равон буд.
Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод (эҳтимол дар замони болоравии давлати Бобулистон) роҳҳои
тиҷоратӣ аллакай аз шаҳрҳои Байнаннаҳрайн, ба воситаи мулкҳои Эрон, Туркманистони ҷанубӣ
то Фарғона расида буд. Роҳи дигар аз Фарғона ба воситаи дигар мулкҳои Қаротегину Олой ба
сӯи Чин мегузашт. Қабл аз асри II то милод масири аз Аврупо ба Осиё тӯл кашида дар сарҳади
Чин ба поён мерасид, чунки қаторкӯҳҳои бузурги Осиё - Тян-шон, Kун-Лун, Қарақорум,
Ҳиндукуш ва Ҳимолой - тамаддуни қадимаи Чинро аз ҷаҳони боқимонда пинҳон мекард. Дар
қисми шимолии империя иттифоқи қабилаҳои ҳунну ва юэҷжӣ ҷойгир буданд, ки ба Хитой
тобеъ набуданд. Ҳамчунин қабилаҳои кучманчии ҳунну барои кушодани роҳи самти ғарбии Чин
монеа эҷод карда, борҳо ба Чин ҳамлаҳои ғоратгарона мекарданд. Лашкари Чин натавонист ин
қисмати мамлакатро бехатар гардонад. Аз ин хотир император У-ди (140–87 гг. до н.э) мехоҳад
аз қабилаи юечжӣ, ки дар Осиёи Миёна буданд ёри пурсад. Гап дар ин буд, ки қабилаи юэчжиҳо
дар ҳудуди Гансу ва навоҳии ҳамсоя (дар ҷанубу ғарбӣ нисбат ба ҳудудҳои ҳунну) ҳаёти
кӯчманчигиро ба сар мебурданд. Вале баъди қувват гирифтани қабилаи ҳунну дар охири
ҳазорсолаи III – нимаи аввали ҳазорсолаи II п.м. онҳо аз воҳаҳои Туркистони Шарқӣ гузашта ба
ғарб ба сарзамини Осиёи Марказӣ омаданд. У-ди аз ин муносибати душманонаи онҳо хост, ки
истифода кунад[6].
181
Дар пайдоиши Шоҳроҳи Бузурги Абрешим сайёҳ ва дипломати чинӣ нақши ҳалкунандаро
бозидааст. Соли 138 п.м. ӯ бо як миссияи дипломатии хатарнок ба Осиёи миёна озими сафар
мешавад. Ӯ душвориҳои биёбони Такла-Макон, кӯҳҳои Тяншонро паси сар карда, ба Осиёи
Миёна меояд. Бояд қайд намуд, ки Чжан Сян аввалин чиниест, ки ба Осиёи Миёна - Суғд ва
Бохтар омадааст[6]. Вале юэҷжиҳо, ки аллакай ба сарзамини Осиёи Марказӣ кӯчиш карда дар
инҷо мутобиқ шуда, ҳатто Бохтарро ишғол намуданд, дигар ба давом додани ҷанг майл
надоштанд.
Гарчанде Чжан Сзян барои иттифоқчии худ намудани қабилаи юэчжӣ муваффақ нашуд, вале
маълумотҳое, ки ҷамъ овардааст ниҳоят муҳим арзёбӣ гардидааст. Чжан Сян дар бораи дашту
биёбонҳои Осиё Марказӣ қаторкӯҳҳои Тяншон ва Бадахшон, дар бораи Сирдарё ва Амударё
маълумот додааст. Чжан Сянро табиати биҳиштосои ин минтқа ба ҳайрат овард. Танҳо дар
водии Фарғона, беш аз 70 шаҳрҳои калон ва хурдро ҳисоб кард, ки ҳунармандӣ ва кишоварзӣ
дар онҷо ривоҷ ёфта буд. Тибқи андешаи муаррихони чинӣ пайдоиши юнучқа, ангур, анор,
бодиринг, чормағзи заминӣ ва дарахти анҷир дар Хитой ба Чжан Сян алоқаманд аст[1, с.34].
Чжан Сян баъди ба Осиёи Миёна омадан донист, ки чӣ гуна ба молҳои чинӣ талабот ҳаст ва
он чизҳоеро ба чашми худ дид, ки чиниҳо ҳатто дар бораи он тасаввурот надоштанд. Соли 126
п.м. ӯ ба Чин баргашт ва оиди ҳамаи дидаҳову шунидаҳояш ба император нақл кард. Ҳамчунин
дар бораи сарватҳои кишварҳои Осиёи Миёна ёдоварӣ карда, барои муносибатҳои тиҷоратӣ
намудан бо ин минтақа пешниҳод мекунад. Ӯ оиди аспҳои зотии Даван, ки аз аспҳои хурди чинӣ
афзалияти калон дошт ба император хабар медиҳад. Ингуна аспҳо барои бар зидди кӯчманчиҳо
мубориза бурдан кӯмак мекард. Дере нагузашта ба Осиёи Миёна сафорат фиристода шуд. Дар
байни тӯҳфаҳо абрешими хитойиро оварданд. Ҳанӯз пештар роҳе вуҷуд дошт, ки шарқро бо ғарб
мепайваст. Вале қабилаҳои кӯчӣ он қисмати Чинро, ки ба ғарб мепайваст забт карда буданд. Дар
солҳои 123-119 п.м. ҷанговарони чинӣ мустақилона қабилаи ҳуннуро мағлуб намуда, роҳи аз
Чин ба ғарбро бехатар намуданд [6].
Император У-ди аввалин сафоратро ба кишвари Даван (Фарғона) равон кард. Сафирони
чинӣ ба кишвари Даван ниҳоят ҳадяҳои арзишнокро аз қабили 1000 тангаҳои тиллоӣ оварданд.
Ҳамон вақт ба Ғарб роҳ кушода шуд, ки минбаъд бо номи «Шоҳроҳи бузурги абрешим» машҳур
гашт.
Минбаъд марҳила ба марҳила муносибатҳои тиҷоратӣ байни Осиёи Миёна ва Чин
мустаҳкам мегардид.Чиниҳо ба Осиёи Миёна абрешим ва ашёҳои металӣ оварда онро бо асп,
нефрит, марҷон ва бо дигар маводҳо иваз мекарданд.
Дар он давр молҳое, ки тоҷирон барои муомилот мекашонидаанд сангҳои қимматбаҳо
(махсусан лаъли Бадахшон), устухони фил, ҷавоҳирот, асбобҳои оҳанӣ, ғалла, чорвои хурд ва
ғайра буданд.
Дар он вақт аз Осиёи Марказӣ ба Эрон, Байнаннаҳрайн ва ҳатто ба Миср ёқуту лоҷувардро
дастрас мекарданд. Ҳамзамон роҳи «нефритӣ» ташкил карда шуд,ки роҳи пайвасткунандаи
вилояти Хутан ва Ёрканд бо минтақаҳои шимолии Чин маҳсуб меёфт. Илова бар ин, ба
кишварҳои Осиёи Ғарбӣ аз Суғд ва Бохтар ақиқи ҷигарӣ ва аз Хоразм фирӯза содирот карда
мешуд. Ҳамаи ин хатсайрҳо оқибат ба Шоҳроҳи бузурги Абрешим оварда мерасонид.
Ҳамин тавр метавон гуфт, ки Шоҳроҳи бузурги абрешим дар асри II п.м. чун воситаи
пайвасткунандаи бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳони қадима-Чин, Осиёи Миёна, Ҳиндустон,
Ховари Миёна ва Аврупо ба вуҷуд омад. Ин Масири бузурги корвонӣ зиёда аз якуним ҳазор сол
вуҷуд дошт. Гарчанде хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим иваз мешуд, метавон ду роҳи
асосиро ном бурд:
-Роҳи ҷанубӣ - аз шимоли Чин ба воситаи Осиёи Марказӣ ба Ховари Миёна ва шимоли
Ҳиндустон;
-Роҳи шимолӣ - аз шимоли Чин тавассути Бадахшон ва минтақаи баҳри Арал ба Волга ва
ҳавзаи Баҳри Сиёҳ.
Ҳамчунин байни роҳи шимолӣ ва ҷанубӣ якчанд масирҳои мобайнии пайвасткунанда
мавҷуд буд. Аксари бозёфтҳои бостоншиносӣ дар роҳи шимолӣ аз водии Фарғона ошкор
гардидаанд. Маҳз Фарғонаи қадим –Даван маркази муҳими транзитӣ дар Роҳи шимолӣ буда,
аксари молҳое, ки аз Империяи Хан оварда, пеш аз ҳама матоъҳои абрешимӣ, оинаҳои биринҷӣ
ва ғ. дар инҷо ҷамъ мешуданд. Минбаъд молҳои чинӣ аз роҳи шимолӣ гузашта ба ноҳияи Волгаи
Поён ва минтақаи Назди баҳрисиёҳ интиқол меёфтанд.
Дар «Шитсзи» дар бораи дар Парфия чӣ гуна бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтани сафири
чинӣ омадааст: «Аллакай дар сарҳадҳои шарқии мамлакат бо теъдоди 20 ҳазор нафар аскарон
меҳмонро пешвоз гирифта ӯро то худи пойтахт ҳамроҳӣ намуданд. Бо чунин шукӯҳ дар Ҳинду
Бохтар низ сафорати Чинро қабул намуданд.Ҷавобан Ашкониён низ ба Чин бо ҳамроҳии сафири
182
Чин сафорати худро фиристод. Намояндагони ашконӣ ба Чин ҳадяҳои ғайриоддӣ ва арзишнок
оварданд.» (Яке аз ҳадяҳо тухми шутурмурғ ва найрангбоз-жонглёр буд.) [1, с.123]
Дар асрҳои III-VI монополияи тиҷоратро дар роҳҳои байни Шарқи Наздик ва Чин Сосониён
(224-651) бо ҷойгиршавии ҷуғрофӣ (аз Марв то Байнаннаҳрайн) соҳиб шуда буданд. Дар
миёнаҳои асри V якчанд сафирони эронӣ ба кишвари Чин меоянд. Чин низ дар навбати худ
сафирони худро дар ин давра ба Эрон фиристодааст. Дар он давра тангаҳои нуқрагии драхмаи
сосонӣ ҳамчун асъори байналхалқии Осиё маҳсуб меёфт.
Дар асри VI муносибатҳои тиҷоратӣ байни Суғд ва Чин ба авҷи шукуфоии худ мерасад. Дар
ин давра забони суғдӣ ҳамчун забони байналмиллалӣ аз Марв то даштҳои Муғул хизмат мекард.
Маҳз суғдиён дар ин давра интиқолдиҳандагони фарҳанги Чин ба Ғарб ва махсусан ба
кишварҳои Осиёи Миёна маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин дар хусуси тиҷорати фаъолонаи суғдиён
дар Роҳи ҷанубӣ (ба воситаи Бадахшон бо Ҳиндустон) навиштаҷотҳои рӯи сангӣ шаҳодат
медиҳанд.
Инкишофи Шоҳроҳи бузурги абрешим ҳам аз омилҳои иқтисодӣ ва ҳам аз омилҳои сиёсӣ
вобастагӣ дошт. Дар мубодила молҳо асосан аз шарқ ба ғарб ворид мешуд. Дар замони авҷи
шукуфоии империяи Рум талабот ба матоъҳои абрешимӣ ва дигар молҳои шарқ ниҳоят зиёд буд.
Таназзули ҷаҳони антиқа ба он овард, ки молҳо танҳо то Византия омада мерасид. Танҳо дар
асри Х1 м. дар Аврупои Ғарбӣ фаъолона молҳои шарқиро харидорӣ мекарданд. Баъди футуҳоти
араб талабот ба молҳои шарқӣ дар тамоми ҷануби Баҳримиёназамин то Испания зиёд шуд.
Ташаккули Шоҳроҳи бузурги абрешим аз муқобилиятҳои геополитикии давлатҳои гуногун
барои танзими роҳҳои корвонгузар вобастагии сахт дошт. Барои дар зери назорат гирифтани
Шоҳроҳ сиёсати устувор дар тамоми роҳ, аз шарқи Баҳримиёназамин то Чин лозим буд. Инро
метавон бо ду роҳ амалӣ кард ё империяи пурқувват сохт, ки тавонад роҳҳои корвонгузари
Авруосиёро танзим кунад ё ин ки «тақсимоти ҷаҳон» байни қудратҳои бузург, ки тавонад
бехатарии роҳҳоро таъмин кунад. Ситонидани боҷ аз корвониён барои ҳокимони кишварҳои
Осиё даромади зиёд меовард. Барои ҳамин ҳам онҳо кӯшиш менамуданд, ки аз як тараф амнияти
савдогаронро таъмин намоянд аз тарафи дигар мехостанд то ҳарқадар бештари қисматҳои зиёди
роҳро назорат кунанд. Ҷангҳои дохилӣ ва таназзули ҳокимияти марказӣ ба вайроншавии
шаҳрҳову корвонсароҳо ва ҳамчунин ба ғоратшавии корвонҳо оварда расонид. Ин сабаби
вайроншавии қисматҳои алоҳидаи роҳ ва ҳатто сабаби вайроншавии тамоми Шоҳроҳи бузурги
абрешим гардид [1, с.21].
Дар таърихи Шоҳроҳи бузурги абрешим се давраи кӯтоҳе буд, ки анқариб аз ҷониби як
давлат назорат карда мешуд:
1) Хоқонии турк дар асри VI м.
2) Империяи Чингизхон дар нимаи дуюми чоряки асри XII м.
3) Империяи Темур дар дар охири сеяки асри XIV м.
Аммо аз сабаби тӯлонӣ будани шоҳроҳ мутамарказ намудани он хеле мушкил буд. Бештар
«тақсими ҷаҳон» байни якчанд кишварҳои бузург дида мешавад.
То асри III м. қариб тамоми Авруосиё аз ҷониби чаҳор империяи бузург Рум
(Баҳримиёназамин), Парфия (Порт, Ашкониён), Кушониён (Ҳиндустон, Афғонистон, Осиёи
Миёна) ва Хан (Чин) идора мегардид. Агарчанде байни онҳо баҳри ба даст овардани минтақаҳои
калидӣ мубориза давом мекард (масалан, барои Арманистон байни румиҳо ва портиҳо) дар
умумият тавонистанд устувории роҳҳои корвонгузарро таъмин кунанд. Баъдтар ин сохтор
пошхурд: аз империяи Рум танҳо Византия боқӣ монд. Империяи Парфияро давлати Сосониён
иваз кард, империяи Кушониён ва империяи Хан ба давлатҳои зиёди байни худ душман тақсим
шуд.
Марҳилаи сустшавии ташаккули Шоҳроҳи бузурги абрешим то асри VI м. яъне то замоне, ки
дар Авруосиё аз нав давлатҳои бузург ташкил ёфтанд, давом кард.
Аз фурсат истифода бурда якчанд аср қабилаҳои гуногуни кучманчӣ (гунҳо, аварҳо, туркҳои
оғузӣ ва диг.). ин масири бузургро дар зери назорати худ қарор доданд.Дар нимаи дуюми асри
VI м. аз ҳама пурқувваттарини онҳо қабилаи туркҳои оғузӣ кӯшиш намуд, ки тамоми Роҳи
бузурги абрешимро забт кунанд. Дар соли 570-600 Хоқонии турк территорияи Осиёи Миёна ва
тамоми даштҳои Авруосиёиро аз Наздибаҳрисиёҳ то Чини Шимолӣ муттаҳид намуд. Дар
натиҷаи ғасби туркӣ дар тиҷорат савдогарони суғдӣ нақши пешбарандаро мебозиданд.
Вале ин марҳилаи марказияткунӣ дер давом накард. Дар территорияи барҳамхӯрдаи
Хоқонати турк якчанд давлатҳои кӯчӣ (Хоқонати Хазар, Хоқонати Ғарбии турк, Хоқонати
шарқии турк, Хоқонати Уйғур ва ғ.) ба вуҷуд омаданд, ки танҳо қисматҳои маҳдуди (маҳаллии)
роҳро назорат мекарданд.
Дар муддати тахминан якуним садсола бар роҳҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим империяи
хитойии Тан нақши пешбарандаро бозидааст. Чиниҳо бар қабилаҳи кӯчӣ ғалаба карда, қариб
183
тамоми Осиёи Миёнаро то Самарқанд ва Бухоро ба зери назорати худ гирифта буданд. Ин
давраро бархе аз муҳақиқон давраи авҷи шукуфоии тиҷорат дар масири Авруосиёӣ номидаанд.
Дар нимаи аввали асри VIII м. тамоми Шоҳроҳи бузурги абрешим дар зери назорати Хилофати
араб мегузарад. Соли 751 дар муҳорибаи Таллас чиниҳо аз арабҳо мағлуб шуданд ва кӯшиши
чиниҳо баҳри дар зери назорат гирифтани Шоҳроҳ аз байн рафт[7, с.113]. Аз ин давра оғоз карда
то охир дар ташаккули Шоҳроҳи бузурги абрешим қариб, ки ба пуррагӣ савдогарони
мусулмонон ва аврупоиҳо саҳм доштанд. Чин натавонист ҳатто қисматҳои шарқии Шоҳроҳи
бузургро ба зери назорат гирад. (Сараввал дар охири асри VIII зери назорати Тибетиҳо дар
охири асри IX бошад зери назорати Кидориҳо қарор гирифт.)
Хилофат дар миёни қавму кишварҳо як навъ сиёсати оштиро пеш бурда, кӯшиш менамуд,ки
ба ин восита пояи ҳукмрониро дар кишварҳои тобеъ ва забт кардаи худ мустаҳкам намояд. Дар
ин замина вай дар миёни бозаргонони арабу аҷам ва кишварҳои дурдастарин шиддати рақобати
иҷтимоию иқтисодӣ ва тиҷоратиро то дараҷае паст карда буд. Агар дар замони Сосониён
корвонҳои абрешимӣ музофотҳои Ланчжоу, Увей, Дунхуан, Турафан, Кучеи Чин ва Суғди
Осиёи Миёна дар сарҳади Эрон аз ҷумла, Марв роҳи транзити худро бо дахолати Эрони Сосонӣ
аксар маврид бо баҳонаҳои гуногун қатъ намоянд ва ё ба пардохти боҷҳои сангини миёншикан
гирифтор гарданд, дар аҳди Хилофат ин корвонҳо ба воситаи Омулу Марв, Нишопуру Рай,
Ҳамадону Мадоин (Ктесифон), Бағдод ва тавассути соҳили рости дарёи Даҷла то Насибини
Бобулистон мерасиданд [7, с.114].
Насибин маҳалли иртиботии корвонҳои тоҷирони Ғарбу Шарқ ва маркази бузурги бозорҳои
тоҷирони ҷаҳон буд. Аз ҳамин маркази бозори тоҷирони ҷаҳон корвонҳои абрешим тавассути
хоки империяи Византия бо роҳи шимолию ғарбӣ то ба Венетсия ва аз роҳи ҷанубию ғарбӣ то ба
Сурия, Миср, Либия, Финикия ва соҳили ҷанубию шарқии баҳри Аҳмару баҳри Миёназамин
мерасиданд. Дар байни Мовароуннаҳру кишвари Чин ҳам дар замони Хилофати Араб ва ҳам
давлати Сомониён робитаи сиёсию дипломатӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ мустаҳкам буда аст. Ин
ақидаро маълумоти сарчашмаҳои мусулмонию чинӣ ва дастовардҳои ҳафриёти бостоншиносон
пурра тасдиқ мекунанд. Мувофиқи ин маълумот дар ин давра миёни Мовароуннаҳр ва давлати
Чин се роҳи дуҷонибаи корвонгарди абрешим мавҷуд буд. Ин роҳҳо дар харитаҳои Хилофати
Араб ва давлати Сомониён равшан таҷассум ёфтааст[2, с. 118].
Ҷанг дар ҳамаи давру замон харобиҳои бисёреро ба бор меорад. Яке аз сабабҳои сустшавии
роҳҳои тиҷоратӣ низ ана ҳамин ҷангҳои бисёр буд. Охирон болоравии Шоҳроҳи бузурги
абрешим ба асрҳои XII-XIV рост меояд. Муғулҳо аз Чин то Рус ва Эрон тасарруф карда, қариб
якуним садсола тамоми роҳҳои корвонгузари абрешимро дар зери назорати худ гирифта буданд.
Гарчанде баъди фавти Чингизхон империяи у ба зудӣ аз байн рафт давлати Чингизиён «чоргонаи
империяҳо» –ро ташкил намуданд. Шоҳроҳи бузурги абрешимро боз чор империя - империяи
Юан дар Чин, Улуси Чағатой(Осиёи Миёна) империяи эронии Ҳулагуй ва Урдаи Тиллоӣ дар
минтақаҳои назди Каспий ва минтақаҳои соҳили Баҳри сиёҳ назорат мекард. Гарчанде давлатҳои
мазкур қисматҳои алоҳидаи роҳҳои тиҷоратиро байни худ талош мекарданд, (масалан, минтақаи
Пасиқафқоз майдони доимии муборизаи хонҳои Урдаи Тиллоӣ бо Эл-хонҳои Эрон гардида буд.)
вале дар умум ҳокимон маъмулан кӯшиш менамуданд амнияти бехатарии савдогаронро
новобаста аз дину эътиқодашон дар ин Шоҳроҳи бузург таъмин намоянд.
Дар нимаи аввали асри IХ м. Шоҳроҳи бузурги абрешим дар ҳолати таназзул қарор дошт.
«Чоргона»-и империяи муғул ба бисёр давлатҳои бо ҳам душман тақсим мегардид. Кӯшиши боз
аз нав муттаҳид намудани роҳҳои тиҷоратии Авруосиёӣ самараи зиёд наовард. Дар солҳои 1370–
1380 дар империяи Темур савдогарон, ки бо роҳҳои ҷанубӣ рафту омад мекарданд, аз нав
ҳифозатро соҳиб шуданд. Аммо дар замони ҳуҷум ба муқобили Урдаи Тиллоӣ дар соли 1389-
1395 Темур қариб, ки тамоми марказҳои савдоии минтақаи соҳили Каспий ва минтақаи соҳили
Баҳри сиёҳро нобуд кард, дар натиҷаи он роҳҳои шимолӣ низ вайрон гардиданд. Ворисони
Темур натавонистанд давлати мутамаркази Осиёи миёнагиро нигаҳ доранд, барои ҳамин ҳам
роҳи ҷанубӣ низ аз байн рафт.
Таназзули Шоҳроҳи бузурги абрешим пеш аз ҳама ба кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ ва ба
инкишофи роҳи баҳрии қадқади соҳилҳои Шарқи Наздик, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқии
Осиё алоқаманд аст. Дар асрҳои XIV-XV нисбат ба роҳҳои корвонии хушкигард, ки хатарнок
шуда буд, савдои баҳрӣ самараноктар гардида буд: масири қофила аз Taнa (Азов) ба Ҳанбалик
(Пекин) – 300 рӯз давом мекард, дар ҳоле ки дар масири баҳр аз Халиҷи Форс то Чин қариб 150
рӯз давом мекард; як киштӣ ҳамонқадар бор мекашонид, ҳамчуноне, ки корвони хеле калон ба
миқдори 1 ҳазор ҳайвонотҳои боркаш [15].
Шоҳроҳи бузурги абрешим барои инкишофи иқтисодиёти мамлакатҳои ба доираи худ
гирифта, нақши боризе гузоштааст. Мардуми мамлакатҳои гуногун ба воситаи тоҷирон на танҳо
бо молҳои гуногун шинос мешуданд, балки бештар дар асоси он молҳо ба такмил додани
184
молҳои худ, ё худ дар асоси он истеҳсол намудани моли нав мекӯшиданд.Дар аҳди Ашкониён аз
ҳудуди 19-сатрапияҳои он Шоҳроҳи бузурги абрешим мегузашт, ки барои инкишофи
ҳунармандӣ ва тиҷорат мусоидат мекард. Дар асри V – и милодӣ кирмакпарварӣ аз Чин то Марв
расид ва дар нимаи дуюми асри VI то ба Византия паҳн гардид. Барои паҳн шудани
кирмакпарварӣ дар мулкҳои нав Осиёи Миёна нақши миёнаравиро бозидааст. Шаҳрҳои Марв,
Самарқанд, Гургон ба марказҳои нави кирмакпарварӣ табдил ёфта буданд[3].
Бояд қайд намуд, ки ҳукуматдорон ҳама вақт тоҷирони худро дастгирӣ менамуданд. Ҷойи
шубҳа нест, ки тоҷирон низ дар сиёсати дохилӣ ва берунаи аксари давлатҳои дар Шоҳроҳи
бузурги абрешим ҷой гирифта, нуфузи зиёд доштанд. Зеро, ҳукуматдорон низ ба хубӣ
медонистанд, ки обрӯ ва эътибори эшон на танҳо дар байни мамлакатҳои ҳамсоя, балки дар
дохили мулкашон ҳам бештар аз мавқеи тоҷиронаш вобастагӣ дорад. Бинобар ҳамин ҳам онҳо
барои тоҷиронашон шароити мусоидро муҳайё менамуданд.Ҳангоми инкишофи муносибатҳои
тиҷоратӣ, баъзан тарафҳо кӯшиш мекарданд, ки барои боз ҳам инкишофёбии он норасоиҳои
мавҷударо, агар чанде онҳо ҷузъӣ бошанд ҳам, зудтар бартараф намоянд. Масалан, ҳукумати
Сензян (Чин) дар асрҳои VI-VIII милодӣ кӯшидааст, ки тангаҳоро ба ду забон: чинӣ ва суғдӣ
барорад. Ҳукумати Суғд бошад, шакли тангаҳои худро ба тангаҳои чинӣ монанд, яъне
доирашакли дар марказаш шикофии чоркунҷадор сикка зананд. Аз ин бармеояд, ки ҳар ду тараф
ҳам барои инкишофи тиҷорати тарафайн ҳавасманд будаанд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо барои ба
ҳар ду тараф фаҳмо гардонидани воситаи асосии муомилот-пул-тангаҳои худ тағйиротҳои ҷиддӣ
дохил намудаанд.
Ҳамин тавр, Шоҳроҳи бузурги абрешим дар тӯли мавҷудияти тулонии худ барои наздиктару
пайванд гардонидани мардумони кишварҳои гуногун, аз комёбию дастовардҳои илмӣ, маданию
маънавӣ, афкору забон суннатҳою урфу одат ва арзишҳои милли ва динии якдигар бохабару
баҳравар гардидан хизмат намудааст. Албатта дар гузари таърих ҷангҳои зиёд ва низоъҳои сиёсӣ
рӯй медод, вале Шоҳроҳи бузурги абрешим бетағйир эҳё мешуд. Таърихи Шоҳроҳи бузурги
абрешим ин таърихи муколама ва ҳамкории халқҳост. Вай исбот мекунад, ки танҳо робитаҳои
дӯстонаву наздик ва муколамаи фарҳангҳо асоси осоиш ва пешрафти тамоми инсоният аст.
Достарыңызбен бөлісу: |