44. Сураи Духон (Дуд)
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу нўњ оят ва се рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њо. Мим.
2. Ќасам ба Китоби возењ,
3. ки њамоно Мо ин Китобро дар Шаби Муборак2 фуруд овардем ва њамоно Мо Тарсонанда будем.
4. Дар он (Шаби Муборак) њар кори устувор файсала карда мешавад,
5. ба фармудане аз наздики Мо. Ба дурустї ки Мо Фиристанда будем,3
6. [мар туро] њамчун бахшоише аз назди Парвардигорат, ба ростї ки Ў Шунавои Доно аст.
7. Парвардигори осмонњову замин ва он чи дар миёни њар дуст – агар яќинкунандаед.
8. Њељ маъбуде ба љуз Ў нест, зинда мекунад ва мемиронад, Парвардигори шумо ва Парвардигори падарони пешини шумост.
9. Балки [кофирон] ба њоле дар шубњаанд, ки [бо Ќуръон] бозї мекунанд.
10. Пас, рўзеро нигарон бош, ки осмон дуде зоњир биёрад,
11. ки мардумонро фурў гирад. Ин азоби дарддињанда аст.
12. (Гўянд:) Эй Парвардигори мо, азобро аз мо дур кун, ба ростї ки мо мўъмин мешавем.
13. Онњоро чї гуна панд гирифтан бошад, дар њоле ки пайѓамбари зоњир ба онњо омада буд,
14. сипас, аз ў рў гардониданду гуфтанд: «Ин шахс омўхташудаи девона аст».
15. Ба дурустї ки Мо азобро андаке Дуркунанда њастем. Њамоно шумо (ба куфр) бозгардандаед.
16. Рўзе, ки ба он даргирифт кардани бузург даргирифт кунем, њамоно Мо Интиќомкашандаем.
17. Ва ба ростї ки Мо пеш аз онњо ќавми Фиръавнро имтињон кардем; ва пайѓамбари гиромиќадр ба онњо омад.
18. (Бо ин сухан) ки: «Бандагони Худоро ба ман супоред.1 Њамоно ман барои шумо пайѓамбари боамонатам».
19. Ва ин, ки: «Ба Худо саркашї макунед; ба ростї ки ман њуљљати зоњирро пеши шумо биёрам.
20. Њамоно ман аз он ки маро сангсор кунед, ба Парвардигори худам ва Парвардигори шумо паноњ гирифтам.
21. Ва агар ба ман бовар надоред, пас, аз ман яксў шавед».
22. Пас, ба даргоњи Парвардигораш дуо кард, ки ин љамоа ќавми гуноњкоранд.
23. (Гуфтем:) «Пас, бандагони Маро ваќти шаб бибар; ба ростї ки шумо таъќиб карда шавед.
24. Ва дарёро орамида бигузор, њамоно ин љамоа лашкаре ѓарќшуда аст».
25. Чї бисёр аз бўстонњову чашмањо гузоштанд;
26. Ва киштњову мањалњои гиромї;
27. Ва рўзгузаронии бо рафоњият, ки дар он бархурдор буданд.
28. Њамчунин шуд. Ва ин чизњоро ба гурўњи дигар ато кардем.
29. Ва осмону замин бар ин ќавм(-и Фиръавн) нагирист ва на аз мўњлатдодашудагон буданд.
30. Њар оина, Мо Банї Исроилро аз азоби хоркунанда наљот додем,
31. (ки) аз (љониби) Фиръавн (буд). Ба дурустї ки Фиръавн саркаше аз тааддикунандагон буд.
32. Ва ба ростї ки Банї Исроилро дониста бар оламиён баргузидем.
33. Ва аз ќисми мўъљизот – он чи дар он имтињони зоњир буд, ба онњо додем.
34. Ба дурустї ки ин љамоа мегўянд:
35. «Оќибати кор ба љуз њамин марги нахустини мо [чизе] нест. Ва мо барангехташаванда нестем.
36. Агар ростгў њастед, пас падарони Моро биёред».
37. Оё ин љамоа бењтаранд ё ќавми Туббаъ2 ва онон, ки пеш аз онњо буданд? Онњоро њалок сохтем; њамоно онњо гуноњкор буданд.
38. Ва осмону замин ва он чиро, ки дар миёни њар дуст, бозикунон наофаридаем.
39. Ин њар дуро наофаридем, магар ба тадбири дуруст; валекин аксарашон намедонанд.
40. Ба ростї ки рўзи ќиёмат меоди њамаи онњо якљо аст –
41. рўзе, ки њељ дўсте аз дўсти дигар чизеро дафъ накунад ва онњо нусрат дода нашаванд,
42. магар он, ки Худо бар ў рањм карда бошад. Дар њаќиќат Худо Ѓолиби Мењрубон аст.
43. Ба ростї ки дарахти Заќќум –
44. – таоми гуноњкорон аст.
45. Мисли миси гудохта дар шикамњо биљўшад,
46. монанди љўшидани оби гарм.
47. (Гўем: «Эй фариштагон), ин гуноњкорро бигиред, пас, ўро ба сахтї ба сўи миёнаи дўзах бикашед.
48. Сипас, болои сари ў аз оби гарм бирезед, ки ин уќубат аст».
49. (Гўем:) «Бичаш, њамоно ту бузургвору гиромиќадр њастї».1
50. Дар воќеъ, ин њамон аст, ки дар он шубња мекардед.
51. Њамоно, парњезгорон дар љойњои боамн бошанд,
52. – дар бўстонњову чашмањо.
53. Рў ба рўи якдигар шуда, аз њарири нозук ва њарири муњкам [љома] бипўшанд.
54. Њол инчунин бошад. Ва онњоро бо њурони кушодачашм љуфт кунем.
55. Он љо эмин шуда, њар меваро биталабанд.
56. Он љо маргро начашанд, магар марги нахустин, (ки онро чашида буданд). Ва Худо онњоро аз азоби дўзах нигоњ дошт,
57. ки он бахшоишест аз љониби Парвардигорат. Њамоно ин фирўзии бузург аст.
58. Љуз ин нест, ки Ќуръонро ба забони ту осон сохтем, то бувад ки онњо пандпазир шаванд.
59. Пас, нигарон бош, њамоно онњо (низ) нигаронанд.
45. Сураи Љосия (Ба зону даромада)
Дар Макка нозил шуд ва он сию њафт оят ва чањор рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њо. Мим.
2. Фурў фиристодани ин Китоб аз љониби Худои Ѓолиби Боњикмат аст.
3. Ба ростї ки дар осмонњову замин барои бовардорандагон нишонањое њаст.
4. Ва дар офариниши шумо ва (дар офариниши) он чи аз љонварон пароканда месозад, барои ќавме, ки яќин мекунанд, нишонањо њаст.
5. Ва дар омадушуди шабу рўз ва дар он, ки Худо аз осмон рўзиро фуруд овард, пас ба сабаби он заминро – баъди мурда буданаш – зинда кард; ва дар гардонидани бодњо – барои ќавме, ки [ба аќл] дармеёбанд, нишонањо њаст.
6. Ин нишонањои Худо аст, ки онро ба ростї бар ту мехонем. Пас, баъди (панди) Худо ва оятњои Ў ба кадом сухан имон меоранд?
7. Вой бар њар дурўѓгўи гуноњкор!
8. Оёти Худоро, ки бар вай хонда мешавад, мешунавад, сипас, такаббур намуда, (дар куфр) исрор варзад; гўё онро нашунидааст. Пас, ўро ба азоби дарддињанда мужда дењ.
9. Ва чун бар чизе аз оёти Мо воќиф шавад, онро ба тамасхур гирад. Ин љамоаро азоби хоркунанда аст.
10. Дар пешгоњашон дўзах аст. Ва он чи касб карданд ва низ он, ки ба љуз Худо дўстон гирифтаанд, аз онњо чизеро дафъ накунад. Ва онњоро азоби бузург аст.
11. Ин (Ќуръон) њидоят аст ва барои онон, ки ба оёти Парвардигорашон кофир шуданд, аз (љинси) уќубати сахт азоби дарддињанда њаст.
12. Худо Он аст, ки дарёро барои шумо мусаххар кард, то киштињо дар он ба фармони Ў равон шаванд ва то аз фазли Ў талаб(-и маишат) кунед; ва бувад ки шумо шукргузорї кунед.
13. Ва њамаи он чиро, ки дар осмонњо аст ва он чиро, ки дар замин аст – якљо, аз љониби Худ (падид оварда), барои шумо мусаххар кард. Ба дурустї, дар ин [муќаддима] барои гурўње, ки тафаккур мекунанд, нишонањое њаст.
14. Ба мўъминон бигў: аз он љамоа, ки аз рўзњои Худо тарс надоранд,1 даргузаранд, то Худо гурўњеро (аз онњо) ба њасби он чи мекарданд, сазо дињад.
15. Њар ки кори шоиста бикунад, пас, ба нафъи ўст; ва њар ки бадкорї кунад, пас, вабол бар ўст. Сипас, ба сўи Парвардигоратон бозгардонида хоњед шуд.
16. Ва ба ростї ки ба Банї Исроил Китоб ва донишмандї ва пайѓамбарї додем ва аз неъматњои покиза ба онњо рўзї ато кардем ва онњоро бар оламиён фазилат бахшидем.
17. Ва дар боби дин ба онњо нишонањои возењ додем; пас, аз рўи њасад бо якдигар ихтилоф накарданд, магар баъд аз он, ки дониш ба онњо омад. Њамоно Парвардигорат рўзи ќиёмат дар он чи, ки дар он ихтилоф мекарданд, њукм кунад.
18. Сипас, туро бар роњи зоњир аз дин муќаррар кардем; пас, ба он пайравї кун ва ба хостањои онон, ки намедонанд, пайравї макун.
19. Ба дурустї ки онњо аз (уќубати) Худо чизеро дафъ нахоњанд кард. Њамоно ситамкорон корсози якдигаранд; ва Худо Корсози парњезгорон аст.
20. Ин (Ќуръон) барои мардумон далелњои возењ аст ва барои гурўње, ки яќин мекунанд, њидоят ва бахшоиш аст.
21. Оё онон, ки љурмњо карданд, пиндоштанд, ки онњоро монанди касоне бикунем, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд – зиндагонии онњо ва мурдани онњо яксон бошад? Чї бад њукмест!
22. Ва Худо осмонњову заминро ба тадбири дуруст офарид ва то (оќибати кор) њар шахсе ба њасби он чи амал кардааст, љазо дода шавад; ва бар онњо ситам карда нашавад.
23. Оё касеро дидї, ки хоњиши нафси худро маъбуди худ гирифтааст; ва Худо ўро – бо вуљуди дониш – гумроњ кард ва бар гўшу дилаш мўњр нињод ва бар чашмаш парда пайдо кард? Пас, кист баъди Худо, ки ўро роњ намояд? Оё панд намегиред?
24. Ва гуфтанд: «Ба љуз њамин зиндагонии инљањонии мо зиндагоние нест: мемирем ва зинда мешавем ва моро ба љуз замона (чизе) њалок намекунад». Ва онњоро ба ин [муќаддима] њељ донише нест. Ва онњо ба љуз гумонкунанда [каси дигар] нестанд.
25. Ва чун оятњои возењи Мо бар онњо хонда шавад, бурњони онњо ба љуз ин нест, ки гўянд: «Агар ростгў њастед, падарони моро биёред».
26. Бигў: «Худо шуморо зинда мекунад, сипас, шуморо мемиронад, сипас, ба рўзи ќиёмат – њељ шубња дар он нест – шуморо љамъ мекунад. Валекин аксари мардумон намедонанд».
27. Ва подшоњии осмонњову замин аз они Худост; ва рўзе, ки ќиёмат барпо шавад – он рўз табоњкорон зиёнкор шаванд.
28. Ва њар гурўњеро бибинї, ки ба зону даромадааст, њар гурўње ба сўи Номаи аъмолаш хонда шавад.1 (Гўем:) «Имрўз шумо ба њасби он чи мекардед, љазо дода мешавед».
29. (Гўем:) «Ин Номаи Мо аст, ки ба ростї бар шумо сухан мегўяд. Он чиро, ки шумо мекардед, њамоно Мо менавиштем».
30. Пас, аммо ононро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, Парвардигорашон дар рањмати Худ дарорад. Дар њаќиќат ин фирўзии зоњир аст.
31. Ва аммо (ба) онон, ки кофир шуданд, (гўем): «Оё оёти Ман бар шумо хонда намешуд? Пас, такаббур кардед ва ќавми гуноњкор будед.
32. Ва чун гуфта мешуд, ки ваъдаи Худо рост аст ва дар ќиёмат њељ шубња нест, мегуфтед: «Намедонем, ќиёмат чист, ба љуз гумоне онро [чизи дигар] тасаввур намекунем ва мо яќинкунанда нестем».
33. Ва уќубатњои он чи, ки ба он амал карда буданд, ба онњо зоњир шуд; ва он чи, ки ба он истењзо мекарданд, онњоро фурў гирифт.
34. Ва гуфта шавад: «Имрўз шуморо фаромўш кунем, чунон ки шумо мулоќоти ин рўзи худро фаромўш кардед ва љои шумо дўзах аст ва шуморо њељ нусратдињандае нест.
35. Ин (азоб) ба сабаби он аст, ки шумо оёти Худоро ба тамасхур гирифтед ва зиндагонии дунё шуморо фирефта кард». Пас, имрўз аз дўзах берун карда нашаванд ва аз онњо ризоманд сохтани Худо талаб карда нашавад.
36. Пас, ситоиш Худойрост, ки Парвардигори осмонњо ва Парвардигори замин ва Парвардигори оламиён аст.
37. Ва бузургї дар осмонњову замин Ўро аст ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.
46. Сураи Ањќоф (Регистон)
Дар Макка нозил шуд ва он сию панљ оят ва чањор рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њо. Мим.
2. Фурў фиристодани ин Китоб аз љониби Худои Ѓолиби Боњикмат аст.
3. Мо осмонњову замин ва он чиро, ки дар миёни њар ду аст, љуз ба тадбири дуруст ва ба меоде муайян наофаридем. Ва онон, ки кофиранд, аз он чи тарсонида шуданд, рўйгардонанд.
4. Бигў: «Оё он чиро, ки ба љуз Худо мепарастед, дидед? Ба ман бинамоёнед, ки аз замин чї чизро офаридаанд? Оё онњоро дар осмонњо ширкате њаст? Агар ростгў њастед, китобе, ки пеш аз ин омада бошад, ё баќияе аз илм –ба ман биёред!»
5. Ва кист гумроњтар аз касе, ки ба љуз Худо чизеро бихонад, ки то рўзи ќиёмат (хонданашро) иљобат накунад? Ва ин маъбудони ботил аз хондани онњо ѓофиланд.
6. Ва чун мардумон љамъ карда шаванд, ин маъбудон ба онњо душман бошанд ва ибодати онњоро мункир бошанд.
7. Ва чун оёти возењомадаи Мо бар онњо хонда шавад, ин кофирон дар бораи сухани дуруст – чун бар онњо биёяд – гўянд: «Ин сењри зоњир аст».
8. Балки мегўянд: «(Пайѓамбар) онро барбастааст». Бигў: «Агар онро барбаста бошам, пас, шумо чизеро аз Худо барои ман наметавонед [дигар кунед]; Худо ба он чи дар [бораи] Ќуръон мегўед, Донотар аст. Дар миёни ману дар миёни шумо Худо Изњоркунандаи њаќ бас аст. Ва Ў Омурзгори Мењрубон аст».
9. Бигў: «Ман аз пайѓамбарони навомада нестам1 ва намедонам бо ман ва бо шумо чї карда хоњад шуд;2 ба љуз он чиро, ки ба сўи ман вањй фиристода мешавад, [чизеро] пайравї намекунам; ва ман ба љуз тарсонандаи ошкоро [дигаре] нестам».
10. Бигў: «Чї мебинед: агар [Ќуръон] аз назди Худо бошад ва шумо ба он кофир шавед, дар њоле ки гувоње аз Банї Исроил бар Ќуръон гувоњї дода, имон орад ва шумо такаббур варзед? Њамоно Худо гурўњи ситамкоронро роњ наменамояд».3
11. Ва кофирон дар њаќќи мўъминон гуфтанд: «Агар ин дин бењтар мебуд, онњо ба сўи он бар мо сабќат намекарданд».4 Ва чун ба он роњ наёфтанд, хоњанд гуфт: «Ин дурўѓе ќадим аст».
12. Ва пеш аз Ќуръон Китоби Мўсо пешво ва бахшоиш буд. Ва ин Китобе аст бовардоранда, ба забони арабї; барои ситамкоронро тарсонидан ва барои некўкоронро мужда додан омадааст.
13. Њар оина онон, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Худо аст» – сипас бар он устувор монданд, њељ тарсе бар онњо нест ва онњо андўњ нахўранд.
14. Ин љамоа ањли бињиштанд, он љо љовидонанд – дар подоши он чи мекарданд.
15. Ба одамї дар њаќќи падару модараш некўкориро амр кардем. Модараш ўро ба душворї дар шикам бардоштааст ва ба душворї ўро зодааст; ва (аќалли муддати) бор гирифтани ў – ва аз шир боз кардани ў сї моњ аст. Ва (зинда монд) то ваќте ки ба камоли ќуввати худ расид; ва ба чињил сол расад, гўяд: «Эй Парвардигори ман, илњом дењ маро, ки шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ману бар падару модари ман инъом кардаї; ва кирдори шоиста ба љо орам, ки Ту аз он хушнуд шавї ва барои ман дар фарзандони ман салоњ пайдо кун. Ба ростї ки ман ба сўи Ту бозгаштам ва ман аз мусулмононам».
16. Ин љамоа ононанд, ки аз онњо некўтарини он чиро, ки амал кардаанд, ќабул мекунем ва аз гуноњонашон дармегузарем, то дар шумори ањли бињишт бошанд. Ин вафќи ваъдаи ростест, ки ваъда дода мешаванд.
17. Ва он шахс, ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо,1 оё ба ман ваъда медињед, ки [аз ќабр] бароварда шавам, дар њоле ки ба тањќиќ пеш аз ман табаќањои мардум гузаштаанд»; ва он њар ду ба даргоњи Худо фарёд карда гўянд: «Вой бар ту, имон ор, њама ваъдаи Худо рост аст», пас гўяд: «Ин ба љуз афсонањои пешиниён [чизе] нест» –
18. ин љамоа ононанд, ки ваъдаи азоб бар онњо собит шуд; [ва онњо] аз љумлаи умматњое аз љинниён ва одамиёнанд, ки пеш аз онњо гузаштаанд. Ба дурустї ки онњо зиёнкор буданд.
19. Ва њар якеро – ба њасби он чи амал карданд – мартабањост; ва то Худо ба онњо љазои аъмолашонро ба тамом дињад; ва онњо ситам карда нашаванд.
20. Ва рўзе, ки кофирон бар оташ пеш оварда шаванд, (гуфта шавад): «Неъматњои худро дар зиндагонии дунявиатон зоеъ кардед ва ба он бањраманд шудед. Пас, имрўз ба сабаби он, ки дар замин ноњаќ такаббур мекардед ва ба сабаби он, ки бадкорї мекардед, шумо ба азоби хорї љазо дода мешавед».
21. Ва бародари ќавми Одро2 ёд кун, чун ќавми худро ба сарзамини Ањќоф3 битарсонид – ва њар оина тарсонандагоне пеш аз вай ва пас аз вай гузашта буданд,4 – ки: «Ба љуз Худо [дигаре]-ро ибодат макунед. Њамоно ман бар Шумо аз азоби рўзи бузург метарсам».
22. Гуфтанд: «Оё пеши мо омадаї, то моро аз парастиши маъбудонамон боздорї? Пас, агар аз ростгўён њастї, он чиро биёр, ки ба мо ваъда медињї».
23. Гуфт: «Љуз ин нест, ки илм назди Худо аст ва ман он чиро, ки њамроњи он фиристода шудам, ба шумо мерасонам. Валекин шуморо гурўње мебинам, ки нодонї мекунед».
24. Пас, чун он (азоб)-ро ба сурати абре диданд, ки рў ба водињояшон оварда буд, гуфтанд: «Ин абри боронандае бар мо аст». Балки (ба њаќиќат) он (абр) чизе аст, ки китоби онро талаб кардед. Он бодест, ки дар он азоби дарддињанда аст;
25. ба фармони Парвардигораш њар чизро барњам мезанад. Пас, ба ин сифат гаштанд, ки ба љуз хонањояшон чизе дида намешуд. Њамчунин гурўњи гуноњкоронро љазо медињем.
26. Ба ростї, ба онњо1 чунон имкон дода будем, ки ба шумо ончунон имкон надода будем; ва барои онњо гўшњову чашмњову дилњо сохта будем. Пас – азбаски нишонањои Худоро инкор мекарданд, – гўшњояшон ва чашмњояшон ва дилњояшон чизеро аз онњо дафъ накард. Ва он чи, ки ба он истењзо мекарданд, онњоро фаро гирифт.
27. Ва, дар воќеъ, он чиро аз дењањо, ки гирдогирди шумо аст, њалок кардем ва нишонањоро гуногун падид овардем, то бувад ки [ањли] онњо [аз куфр] бозгарданд.
28. Пас, чаро онон,2 ки ба Худо таќаррубљўён ба љуз Худо онњоро маъбуд гирифта буданд, ба онњо нусрат надоданд? Балки аз назарашон гум шуданд? Ва њамин аст дурўѓи онњо ва он чи бармебофтанд.
29. Ва (ёд кун) чун љамоате аз љинро ба сўи ту мутаваљљењ сохтем, Ќуръонро мешуниданд; чун пеши пайѓамбар њозир шуданд, (бо якдигар) гуфтанд: «Хомўш бошед!» Пас, чун тамом карда шуд, ба сўи ќавмашон бимкунанда бозгаштанд.
30. Гуфтанд: «Эй ќавми мо, њамоно мо Китоберо шунидем, ки баъд аз Мўсо фуруд оварда шуда, бовардорандаи он чи аст, ки пеш аз ў буд; ба сўи дини рост ва ба сўи роњи рост роњ менамояд.
31. Эй ќавми мо, сухани ба сўи Худо даъваткунандаро ќабул кунед ва ба вай имон оред, то Худо барои шумо баъзе гуноњонатонро биомурзад ва ба шумо аз азоби дарддињанда паноњ дињад.
32. Ва њар ки (гуфтаи) ба сўи Худо даъваткунандаро ќабул накунад, пас, ў дар замин ољизкунанда нест ва ўро ба љуз Худо дўстон нестанд. Ин љамоа дар гумроњии зоњиранд».
33. Оё надиданд: Худое, ки осмонњову заминро офаридааст ва дар офаридани онњо монда нашудааст, Тавоно дар он аст, ки мурдагонро зинда кунад. Оре, чунин аст; дар њаќиќат Ў бар њар чиз Тавоно аст.
34. Ва рўзе, ки кофирон бар оташ пеш оварда шаванд (гуфта шавад): «Оё ин (ваъда) дуруст нест?» Гўянд: «Оре, ќасам ба Парвардигорамон (дуруст аст)». Гўяд: «Пас, ба сабаби он, ки кофир будед, азобро бичашед!»
35. Пас, сабр кун, чунон ки соњибони њиммати олї аз пайѓамбарон сабр карда буданд ва барои онњо (уќубатро) ба шитоб талаб макун. Рўзе, ки он чиро бибинанд, ки ба онњо ваъда дода мешавад, чунон аст, ки онњо, гўё, ба љуз як соат аз рўз [дигар] намонда буданд.1 (Ин) пайѓом (расонидан) аст. Пас, ба љуз ќавми бадкорон [касе] њалок карда нахоњад шуд.
47. Сураи Муњаммад
Дар Мадина нозил шуд ва он сию њашт оят ва чањор рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. (Худо) аъмоли ононеро, ки кофир шуданд ва (мардумонро) аз роњи Худо боздоштанд, нобуд кард.
2. Ва онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд ва ба он чи ки бар Муњаммад фуруд оварда шуд – ва он рост аст аз љониби Парвардигорашон [фурудомада] – мўътаќид шуданд, [Худо] љурмњояшонро аз онњо дур сохт ва њолашонро ба салоњ овард.
3. Ин ба сабаби он аст, ки кофирон ба ботил пайравї карданд; ва мўъминон ба дини рост, ки аз љониби Парвардигорашон аст, пайравї карданд. Њамчунин Худо барои мардумон достонњояшонро баён мекунад.
4. Пас, чун ба кофирон рў ба рў шавед,2 гарданњоро бизанед, то ваќте ки дар онњо хунрезии бисёр кунед, пас ќайдро муњкам кунед.3 Баъд аз ин, ё бо эњсон халос кардан, ё ба иваз моле гирифтан аст, то он, ки [ањли] љанг силоњи худро бинињад.4 (Њукм) ин аст. Ва агар Худо мехост, Худ аз онњо интиќом мекашид; валекин мехоњад, ки шуморо ба якдигар имтињон кунад. Ва онон, ки дар роњи Худо кушта шуданд, пас аъмолашонро нобуд нахоњад кард:
5. онњоро роњ хоњад намуд ва њолашонро ба салоњ хоњад овард;
6. ва ба бињиште, ки онњоро ба он шиносо кардааст, (ононро) хоњад даровард.
7. Эй мўъминон, агар Худоро нусрат дињед, (Худо) шуморо нусрат медињад ва ќадамњоятонро собит мекунад.
8. Ва онон, ки кофир шуданд – пас, њалок бод бар онњо – (Худо) аъмолашонро нобуд кард.
9. Ин ба сабаби он аст, ки онњо чизеро написандиданд, ки Худо фуруд овардааст, пас (Худо) аъмолашонро нобуд кард.
10. Оё дар замин сайр накардаанд, то бинигаранд: анљоми онон, ки пеш аз онњо буданд, чї гуна буд – Худо онњоро барњам зад. Ва кофиронро монанди ин (уќубат) аст.
11. Ин ба сабаби он аст, ки Худо Корсози мўъминон аст; ва кофиронро њељ корсозе нест.
12. Ба дурустї, Худо ононро, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, ба бўстонњое дармеоварад, ки зери он љўйњо равон аст. Ва онон, ки кофир шуданд, бањра бармегиранд ва мехўранд – чунон ки чањорпоён мехўранд; ва оташ љои онњо аст.
13. Ва бисёр аз дењањо, ки [ањли] онњо аз дењи ту, ки туро берун кард, ќавитар буданд – онњоро њалок сохтем. Пас, барои онњо њељ нусратдињандае набуд.
14. Оё њар ки бар тариќаи равшан аз [љониби] Парвардигори хеш бошад, монанди он касонест, ки бадкориашон дар назарашон ороста карда шуд ва ба хоњишњои [нафсонии] худ пайравї карданд?
15. Сифати бињиште, ки ба парњезгорон ваъда дода шуд, ин аст: дар он љўйњое аст аз об, ки (ба дер мондагї) таѓйир наёфтааст; ва љўйњое аст аз шир, ки мазаи он барнагаштааст; ва љўйњое аст аз маи лаззатдињанда барои ошомандагон; ва љўйњое аст аз асали софкардашуда; ва барояшон он љо аз њар љинс мевањо њаст; ва (онњоро) аз Парвардигорашон омурзиш аст. [Оё ин љамоа] монанди касонеанд, ки њамеша дар оташ бошанд, дар њоле ки ба онњо бо оби гарм ошомонида шавад, пас рўдањояшонро пора-пора созад.
16. Ва аз мардумон касоне њастанд, ки ба сўи ту гўш менињанд, то ваќте ки аз назди ту берун раванд, ба онон, ки онњоро илм дода шудааст, гўянд: «(Пайѓамбар) алњол чї гуфт?» Он љамоа касоне њастанд, ки Худо бар дилњояшон мўњр нињодааст ва хоњиши нафси худро пайравї карданд.
17. Ва (Худо) ба онон, ки роњёб шуданд, њидоят зиёда кард ва ба онњо парњезгориашонро ато кард.
18. Пас, [кофирон] магар ќиёматро нигарон нестанд, ки ногањон ба онњо биёяд? Ба тањќиќ ки аломатњои ќиёмат омадааст. Пас, ваќте ки ќиёмат ба онњо биёяд, барояшон панд гирифтани онњо дигар чї суд дорад?
19. Пас, яќин кун, ки ба љуз Худо њељ маъбуде нест; ва барои гуноњони худ ва (низ) дар њаќќи мардон ва занони мўъмин омурзиш талаб кун. Ва Худо љои омадурафти шумо ва љои монданатонро медонад.
20. Ва мўъминон мегўянд: «Чаро [дар бобби љињод] сурае фурў фиристода нашуд?» Пас, чун сурае муњкам фиристода шавад ва дар он «љанг» зикр карда шавад, ононро, ки дар дилњояшон беморист, бибинї, ки монанди назар кардани касе, ки ба сабаби њузури марг ба ў бењушї расида бошад, ба сўи ту менигарад. Пас вой бар онњо.
21. (Кори онњо) фармонбардорї ва сухани некў гуфтан аст. Пас, чун кор азм карда шавад, агар ваъдаи худро бо Худо рост мекарданд, барояшон бењтар мебуд.
22. Пас, [эй мунофиќон], агар њоким шавед, аз шумо ин таваќќўъ аст, ки дар замин табоњкорї кунед ва ќатъи хешовандї намоед.
23. Ин љамоа ононанд, ки Худо онњоро лаънат кард, пас, онњоро кар сохт ва чашмњояшонро кўр кард.
24. Оё дар Ќуръон тааммул намекунанд? Балки бар дилњо[-и онњо] ќуфлњо [нињода] аст?
25. Њамоно онон, ки пас аз он, ки роњи њидоят ба онњо зоњир шуд, бар (љониби) пушти хеш баргаштанд.1 Шайтон [инкор карданро] барояшон ороста кардааст ва [Худо] ба онњо мўњлат додааст.
26. Ин њама ба сабаби он аст, ки онњо ба касоне, ки чизи фурў фиристодаи Худоро написандиданд, гуфтанд:2 «Дар баъзе корњо ба шумо фармонбардорї хоњем кард». Ва Худо пинњон сухан гуфтани онњоро медонад.
27. Пас, њол чї гуна бошад, ваќте ки фариштагон рўњашонро ќабз кунанд, рўйњояшону пуштњояшонро мезананд?
28. Ин (уќубат) ба сабаби он аст, ки онњо ба чизе пайравї карданд, ки Худоро ба хашм овард ва хушнудии Ўро написандиданд. Пас, Худо аъмолашонро зоеъ сохт.
29. Оё онон, ки дар дилњояшон беморист, пиндоштаанд, ки Худо кинањояшонро зоњир нахоњад кард?
30. Ва агар мехостем, онњоро ба ту менамоёнидем, пас, ту онњоро ба ќиёфаашон мешинохтї.3 Ва, албатта, онњоро дар услуби сухан бишиносї. Ва Худо аъмолатонро медонад.
31. Ва, албатта, шуморо имтињон кунем, то аз шумо муљоњидону собиронро бишиносем ва ањволи шуморо биозмоем.
32. Њамоно онон, ки кофир шуданд ва [ќавми худро] аз роњи Худо боздоштанд ва бо пайѓамбар – баъд аз он, ки роњи њидоят ба онњо возењ шуд – мухолифат карданд, ба Худо њељ зиён намерасонанд ва Худо амалњояшонро нобуд хоњад кард.
33. Эй мўъминон, Худоро фармон баред ва пайѓамбарро фармон баред ва амалњои худро ботил макунед.
34. Ба ростї, онон, ки кофир шуданд ва [мардумро] аз роњи Худо боздоштанд, сипас ба њоли бимурданд, Худо онњоро њаргиз нахоњад омурзид.
35. Пас, сустї макунед ва [кофиронро] ба сўи сулњ махонед ва шумо ѓолибед ва Худо бо шумост ва амалњоятонро њаргиз зоеъ нахоњад сохт.
36. Љуз ин нест, ки зиндагонии дунё бозї ва бењудагист. Ва агар имон оред ва парњезгорї кунед, [Худо] ба шумо муздатонро медињад ва аз шумо [њамаи] молњоятонро наметалабад.
37. Агар аз шумо молатонро биталабад, пас (дар талаб) истодагї кунад, он гоњ бухл кунед; ва он бухлу кинањои шуморо ба рўи кор орад.
38. Огоњ шавед, шумо, эй љамоае, ки хонда мешавед, то дар роњи Худо харљ кунед! Пас, аз шумо касе њаст, ки бухл мекунад. Ва њар ки бухл кунад, љуз ин нест, ки аз хеш бухл мекунад.4 Ва Худо Тавонгар аст ва шумо мўњтољед. Ва агар рўйгардон шавед, гурўње дигарро ѓайри шумо бадал меорад: пас (он љамоа) монанди шумо набошанд.
Достарыңызбен бөлісу: |