41. Сураи Фуссилат (Возењ сохта шуд)1
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу чањор оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њо. Мим.
2. Ин фурў фиристодан аз љониби (Худои) Бахшояндаи Мењрубон аст.
3. Ин Китобе аст, ки оёти он возењ сохта шуд; Ќуръони арабї аст барои ќавме, ки медонанд.
4. (Дар њоле ки) муждадињанда ва тарсонанда аст; пас, аксари мардумон рўгардон шуданд ва онњо намешунаванд.
5. Ва гуфтанд: «Дилњои мо аз он чи моро ба сўи он мехонї, дар пардањост; ва дар гўшњои мо гаронист ва миёни мову миёни ту њиљобест. Пас, амал кун, [ба дили худ] њамоно мо амалкунандаем [ба дини худ]».1
6. Бигў: «Љуз ин нест, ки ман одамие монанди шумоам, ба сўи ман вањй карда мешавад, ки Худои шумо Худои Ягона аст. Пас, рост ба сўи Ў мутаваљљењ шавед ва аз Ў талаби омурзиш кунед. Ва вой бар он мушриконе,
7. ки закот намедињанд ва онњо ба охират њамоно бовар надоранд!»
8. Ба ростї, барои онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, музди бенињоят аст.
9. Бигў: «Оё шумо ба Он Зоте кофир мешавед, ки заминро дар ду рўз офарид ва барои Ў њамтоёнро муќаррар мекунед? Ин аст Парвардигори оламиён.
10. Ва дар болои замин кўњњо пайдо кард ва дар он баракат нињод ва дар (баќияи) чањор рўз рўзии ањли онро андар он андоза кард, ки барои суолкунандагон яксон аст.
11. Сипас, ба сўи осмон мутаваљљењ шуд ва он (монанди) дуд буд, Пас, ба он ва ба замин (низ) гуфт: «Ба хушї ё нохушї биёед!»2 Њар ду гуфтанд: «Ба хушї омадем».
12. Пас, онњоро дар ду рўзи дигар њафт осмон сохт ва дар њар осмоне тадбири онро вањй фиристод; ва осмони дунёро ба чароѓњо3 биоростем ва нигоњ доштем.4 Ин аст тадбири (Худои) Ѓолиби Доно».
13. Пас, агар рўгардон шаванд, бигў: «Шуморо аз соиќае5 монанди соиќаи Оду Самуд тарсонидам».
14. Ваќте пайѓамбарон аз пеши рўяшон ва аз паси пушташон ба онњо омаданд, ки ба љуз Худо (дигареро) ибодат макунед – гуфтанд: «Агар Парвардигорамон мехост, фариштагонро фурў мефиристод. Пас, ба дурустї ки мо ба он чи шумо њамроњи он фиристода шудаед, эътиќод надорем».
15. Аммо ќавми Од – дар замин ноњаќ такаббур карданд ва гуфтанд: «Кист дар ќувват аз мо зиёдтар?» Оё надиданд, ки Он Худой, ки онњоро биофарид, дар ќувват аз онњо зиёдтар аст? Ва онњо оёти Моро инкор мекарданд.
16. Пас бар онњо дар рўзњои шум боди тунд фиристодем, то азоби расвоиро дар зиндагонии дунё ба онњо бичашонем. Ва њар оина азоби охират расвокунандатар аст; ва онњо нусрат дода нашаванд.
17. Ва аммо Самудро роњ намудем, пас нобиноиро бар роњёбї ихтиёр карданд, пас, ба сабаби он чи мекарданд, онњоро соиќаи азоби хоркунанда фаро гирифт.
18. Ва ононро, ки имон оварданд ва парњезгорї мекарданд, наљот додем.
19. Ва он рўз, ки душманони Худо ба сўи оташ барангехта шаванд, пас, онњо боздошта шаванд,1
20. то ваќте ки наздики дўзах биёянд, [он гоњ] гўшњояшону чашмњояшону пўстњояшон ба он чи мекарданд, бар онњо гувоњї дињанд.
21. Ва ба пўстњои худ гўянд: «Чаро бар мо гувоњї додед?» Гўянд: «Он Худой, ки њар чизро гўё кардааст, моро гўё кард». Ва Ў шуморо бори аввал биофарид ва ба сўи Ў бозгардонида шавед.
22. Ва шумо [дар дунё] дар парда нињон намешудед аз он, ки гўшњоятон ва чашмњоятон ва пўстњоятон бар шумо гувоњї дињанд; валекин пиндоштед, ки Худо бисёре аз он чиро, ки мекунед, намедонад.
23. Ва ин гумон, ки шумо ба ѓалат дар њаќќи Парвардигоратон андеша кардед, шуморо њалок кард; пас, аз зиёнкорон гаштед.
24. Пас, агар сабр кунанд, оташ ќароргоњи онњо аст; ва агар афв талабанд, пас, онњо аз афв кардашудагон нестанд.
25. Ва барои онњо њамнишиноне баргумоштем;2 пас ин њамнишинон он чиро пеши рўяшон аст ва он чиро паси пушташон аст, барои онњо ороста карданд.3 Ва бо умматоне аз љинну одамиён, ки пеш аз онњо гузаштанд, бар онњо [низ] ваъдаи азоб собит шуд. Ба ростї ки онњо зиёнкор буданд.
26. Ва кофирон гуфтанд: «Ин Ќуръонро машунавед ва дар аснои хондани он сухани бењуда гўед, бувад ки шумо ѓолиб шавед».
27. Пас, албатта, ба кофирон азоби сахтро бичашонем ва албатта, ба онњо ба њасби бадтарини он чи мекарданд, љазо дињем.
28. Ин аст љазои душманони Худо, ки оташ аст. Дар он љо барои онњо манзили љовидона бошад. [Ин] њамчун подош ба сабаби он аст, ки оёти Моро инкор мекарданд.
29. Ва кофирон гўянд: «Эй Парвардигори мо, он ду кас4 аз љинну инсро, ки моро гумроњ сохтанд, ба мо бинамоён, то он њар дуро зери ќадамњоямон дарорем, то аз фурўтар мондагон шаванд».
30. Ба ростї, бар онон, ки: «Парвардигорамон Худо аст» гуфтанду сипас бар он биистоданд, фариштагон фуруд меоянд,5 ки: «матарседу андўњ махўред ва ба бињиште, ки ваъда дода мешудед, хушњол шавед.
31. Мо дар зиндагонии дунё ва дар охират низ дўстони шумо њастем. Ва дар он љо барои шумо он чи њаст, ки нафси шумо биталабад; ва барои шумо дар он љо њар чи дархост кунед, њаст –
32. – ба тариќи мењмонї аз љониби (Худои) Омурзгори Мењрубон».
33. Ва кист некўтар ба эътибори сухан аз шахсе, ки мардумонро ба сўи Худо даъват кунад ва кори шоиста кунад ва гўяд: «Ба ростї ки ман аз мусулмононам».
34. Ва некию бадї баробар нест; бо хислате, ки он бењтар аст, љавоб боздењ, он гоњ [бибинї, ки] он кас, ки миёни туву миёни вай душманист, гўё дўсти ќариб шудааст.
35. Ва ин (хислат) [ба касе] дода намешавад, магар онон, ки сабр карданд ва ин (хислат) [ба касе] дода намешавад, магар ба соњиби насиби бузург.
36. Ва агар аз љониби Шайтон васвасае омад туро бозгардонад, пас ба Худо паноњ талаб кун; ба дурустї ки Худо Шунавои Доно аст.
37. Ва аз нишонањои Ў шабу рўз ва офтобу моњ аст; ба офтобу моњ саљда макунед ва ба Худое, ки ин чизњоро офарид, саљда кунед – агар фаќат Ўро ибодат мекарда бошед.
38. Ва агар (кофирон) такаббур кунанд (чї бок!) Пас онон, ки назди Парвардигори туанд, Ўро шабу рўз ба покї ёд мекунанд ва онњо монда намешаванд.
39. Ва аз нишонањои Ў он аст, ки заминро фарсуда мебинї, пас, ваќте ки бар сари он об фурў резем, ба љунбиш ояд ва баланд шавад. Њамоно, Он ки заминро зинда кардааст, албатта, Зиндакунандаи мурдагон аст; ба дурустї ки Ў бар њама чиз Тавоно аст.
40. Њамоно онон, ки дар оёти Мо каљравї мекунанд, аз Мо пўшида нестанд. Оё касе, ки дар оташ андохта шавад, бењтар аст, ё касе, ки рўзи ќиёмат эмин шуда биёяд? Њар чи хоњед, бикунед; ба ростї ки Худо ба он чи мекунед, Бино аст.
41. Њамоно онон, ки ба Ќуръон – ваќте ки ба онњо омад – кофир шуданд, (аз Мо пўшида нестанд); ва ба тањќиќ он Китоби гиромиќадрест,
42. ки њељ ботил аз пеши рўяш ва аз паси пушташ ба он роњ намеёбад; фурўфиристода аз љониби (Худои) Донои Сутуда аст.
43. Ба ту1 [чизе] гуфта намешавад, магар он чи пеш аз ту ба пайѓамбарон гуфта шуд. Ба дурустї ки Парвардигори ту Худованди омурзиш ва Худованди уќубати дарддињанда аст.
44. Ва агар ин Китобро Ќуръони аљамї2 месохтем, њамоно мегуфтанд:3 «Чаро оёти он возењ карда нашуд? Оё (калом) аљамї ва (мухотаб) арабист?» Бигў: «Ќуръон барои мўъминон њидоят ва шифо аст; ва онон, ки имон надоранд, дар гўшњояшон гаронї аст ва Ќуръон барояшон кўрї аст. Ин љамоа (ба масал чунонанд, ки) аз љои дур овоз дода мешаванд».
45. Ва ба ростї ки ба Мўсо Китоб додем; пас, дар он ихтилоф карда шуд. Ва агар калимаи собиќ содиршуда аз Парвардигорат намебуд, албатта, дар миёни онњо файсала карда мешуд. Ва њамоно онњо аз он1 дар шакки ќавианд.
46. Њар ки кори нек бикунад, пас ба нафъи ўст ва њар ки бадкорї кунад, пас (вабол) бар вай аст. Ва Парвардигорат бар бандагон ситамкунанда нест.
47. Ва маърифати ќиёмат ба сўи Худо њавола карда мешавад ва њељ аз мевањо аз ѓилофњои худ берун намеояд ва њељ зане дар шикам бор намегирад ва бори шикамро наменињад, магар ба донисти Худо. Ва рўзе, ки Худо онњоро овоз дињад, ки: «Шарикони2 Ман куљоанд?» – гўянд: «Ба Ту хабар додем, ки аз мо њељ кас гувоњидињанда(-и шарикон) нест».
48. Ва он чи пеш аз ин мепарастиданд, аз (назари) онњо гум шуд ва донистанд, ки онњоро њељ махласе нест.
49. Одамї аз талаби хайр монда намешавад; ва агар ба ў сахтї бирасад, пас, маъюси ноумед аст.
50. Ва агар ба ў баъд аз сахтие, ки ба вай расида бошад, бахшоише аз љониби Худ бичашонем, албатта, гўяд: «Ин барои ман аст3 ва намепиндорам, ки ќиёмат ќоим шавад ва агар (билфарз) ба сўи Парвардигорам бозгардонида шавам, њамоно назди Ў барои ман њолати хуш бошад». Пас, албатта, кофиронро ба он чи мекарданд, хабардор кунем ва албатта, ба онњо аз азоби сахт бичашонем.
51. Ва чун бар одамї инъом кунем, рў бигардонад ва ба тарафи худ (рафта) дур шавад; ва чун ба ў балое бирасад, пас, соњиби дуои бисёр аст.
52. Бигў: «Оё дидед, ки агар Ќуръон аз љониби Худо бошад, сипас ба он кофир шавед, кї гумроњтар аз шахсе аст, ки дар мухолифати дур (аз роњи дуруст) бошад?»
53. Нишонањои Худро дар атрофи олам ва дар нафсњои онњо (низ) ба онњо хоњем намоёнид, то бар онњо возењ шавад, ки ин сухан рост аст. Оё он бас нест, ки Парвардигорат бар њар чиз Гувоњ аст?
54. Огоњ шав, њамоно онњо аз мулоќоти Парвардигорашон дар шубњаанд; огоњ шав, њамоно Ў ба њар чиз Фарогиранда аст.
42. Сураи Шўро (Машварат)
Дар Макка нозил шуд ва он панљоњу се оят ва панљ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њо. Мим.
2. Айн. Син. Ќоф.
3. Њамчунин Худои Ѓолиби Боњикмат ба сўи ту ва ба сўи онон, ки пеш аз ту буданд, вањй мефиристад.
4. Он чи дар осмонњо аст ва он чи дар замин аст, аз они Ў аст. Ва Ў Баландмартабаи Бузургќадр аст.
5. Наздик аст, ки осмонњо аз љониби болои худ бишикофанд. Ва фариштагон њамроњ бо ситоиши Парвардигорашон тасбењ мегўянд ва барои онон, ки дар заминанд, омурзиш талаб мекунанд. Огоњ шав, ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
6. Ва Худо бар онон, ки ба љуз Худо дўстон гирифтанд, Нигањбон аст ва ту бар онњо гумошта нестї.
7. Ва њамчунин Ќуръони арабиро ба сўи ту вањй фиристодем, то ањли Макка ва ононро, ки гирдогирди он њастанд, битарсонї ва аз рўзи ќиёмат, ки дар он њељ шубња нест, тарсонї: гурўње дар бињишт бошанд ва гурўње – дар дўзах.
8. Ва агар Худо мехост, онњоро як уммат мегардонид; валекин њар киро хоњад, дар рањмати Худ дармеорад; ва ситамкоронро њељ корсозе ва ёридињандае нест.
9. Оё ба љуз Худо дўстон гирифтанд? Пас, њамоно Худо Корсоз аст ва њам Ў мурдагонро зинда мекунад; ва Ў бар њар чиз Тавоно аст.
10. Њар он чи, ки дар он ихтилоф мекунед, пас файсала карданаш њавола ба Худост. Он [гуфтани] ин аст, ки: «Худо Парвардигори манн аст, бар Ў таваккул кардам ва ба сўи Ў руљўъ мекунам».
11. Офаринандаи осмонњову замин аст; бароятон аз љинси худатон занонро пайдо кард ва аз љинси чањорпоён – аќсоме чанд. Ба ин тадбир шуморо сершумор мекунад. Чизе монанди Ў нест; ва Ў Шунавои Бино аст.
12. Ўрост калидњои осмонњову замин; барои њар ки хоњад, рўзиро фарох мекунад ва (барои њар ки хоњад), танг мекунад; ба ростї ки Ў ба њар чиз Доно аст.
13. Аз оин он чиро, ки Нўњро ба (иќомати) он фармуда буд, барои шумо муќаррар кард. Ва он чи ба сўи ту вањй фиристодем ва он чи Иброњим ва Мўсо ва Исоро ба (иќомати) он фармудем (ба ин мазмун), ки динро ќоим кунед ва дар он мутафарриќ машавед. Он чи мушриконро ба он мехонї, бар онњо душвор омад. Худо њар киро хоњад, ба сўи Худ бармегузинад ва њар касро, ки руљўъ мекунад,1 ба сўи Худ роњ менамояд.
14. Ва (умматњо) аз рўи њасад дар миёни худ пароканда нашуданд, магар баъд аз он, ки дониш ба онњо омад. Ва агар сухани собиќан содиршудае аз Парвардигорат намебуд, ки то замоне муайян мўњлат дода шаванд, албатта, миёни онњо файсала карда мешуд. Ва ба дурустї, онон, ки баъд аз онњо2 Китоб дода шудаанд, аз вай3 бар шубњаи ќавианд.
15. Пас, ба сўи дин даъват кун ва њамчунон ки ба ту фармуда шуд, ќоим бош ва ба хоњиши ин кофирон пайравї макун ва бигў: «Ба он чи аз њар Китоб, ки Худо фурў фиристодааст, имон овардам. Ва ба ман фармуда шуд, ки миёни шумо инсоф кунам. Худо Парвардигори мо ва Парвардигори шумо аст; амалњои мо аз они мост ва амалњои шумо аз они шумост; миёни мову миёни шумо гуфтугўе нест. Худо миёни мову миёни шумо љамъ мекунад1 ва бозгашт ба сўи Ў аст».
16. Ва онон, ки дар (дини) Худо – баъд аз он, ки фармони Ў ќабул карда шуд2 – гуфтугў мекунанд, њуљљаташон назди Парвардигорашон ботил аст ва бар онњо хашм аст ва онњоро азоби сахт аст.
17. Худо Он аст, ки Китобро ба ростї ва тарозуро (низ) фуруд овард. Ва чї чиз туро (ба њаќиќати кор) огоњ сохт? Шояд ки омадани ќиёмат наздик бошад.
18. Онон, ки ба ќиёмат имон надоранд, онро зуд талаб мекунанд; ва онон, ки бовар доштаанд, аз он тарсонанд ва медонанд, ки он рост аст. Огоњ шав, ба дурустї, онон, ки дар омадани ќиёмат љидол мекунанд, њамоно дар гумроњии дуранд.
19. Худо бар бандагони Худ Мењрубон аст, њар киро хоњад, рўзї медињад ва Ў Тавонои Ѓолиб аст.
20. Њар ки кишти охиратро хоста бошад, барояш дар кишти ў меафзоем; ва њар ки кишти дунёро хоста бошад, ба ў баъзеи дунёро медињем ва барояш дар охират њељ насибае нест.
21. Оё кофиронро шариконе њастанд, ки барояшон аз дин он чи Худо онро нафармудааст, муќаррар кардаанд? Ва агар ваъдаи файсала кардан намебуд, албатта, миёни онњо файсала карда мешуд; ва ба ростї ки барои ситамкорон азоби дарддињанда аст.
22. Ситамкоронро аз љазои он чи ба амал овардаанд, тарсон бибинї; ва он, албатта, ба онњо расанда аст. Ва онон, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, дар боѓњои бињишт бошанд; њар чи дархост кунанд, барояшон дар назди Парвардигорашон муњайё бошад. Њамоно ин фазли бузург аст.
23. Ин (савоб) он аст, ки Худо бандагони Худро, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, [ба он] мужда медињад. Бигў: «Аз шумо бар таблиѓи рисолат музде наметалабам, лекин дўстї дар миёни хешовандон [металабам]».3 Ва њар ки некї бикунад, барояш дар он некї њуснро биафзоем. Њамоно Худо Омурзгори Ќадршинос аст.
24. Оё мегўянд: «(Пайѓамбар) дурўѓро бар Худо ифтиро кардааст?» Пас, агар Худо хоњад, бар дили ту мўњр менињад. Ва Худо бењударо нобуд месозад ва дини дурустро бо суханњои Худ собит мекунад. Ба ростї ки Ў ба он чи дар синањост, Доно аст.
25. Ва Ў Он аст, ки тавбаро аз бандагони Худ ќабул мекунад ва аз бадињо дармегузарад ва он чи мекунед, медонад.
26. Ва дуои ононро, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, ќабул мекунад ва ба онњо аз фазли Худ зиёда медињад. Ва барои кофирон азоби сахт аст.
27. Ва агар Худо ризќро бар бандагонаш фарох мекард, албатта, дар замин фасод мекарданд; валекин ба андозаи он чи мехоњад, фуруд меорад; ба ростї ки Худо бар бандагони Худ Донои Бино аст.
28. Ва Ў Он аст, ки боронро – баъд аз он ки ноумед шуданд, фуруд меорад ва рањмати Худро пароканда месозад ва Ў Корсози Сутудакор аст.
29. Ва аз нишонањои Ў офаридани осмонњову замин ва (офаридани) он чи аз љонварон аст, ки дар миёни ин њар ду пароканда кардааст; ва Ў – ваќте ки хоњад – бар љамъ овардани онњо Тавоно аст.
30. Ва аз мусибатњо њар чи ба шумо бирасад, пас, ба сабаби гуноње аст, ки дастњоятон ба амал овардааст. Ва Ў аз [таќсироти] бисёре дармегузарад.
31. Ва шумо дар замин ољизкунанда нестед ва шуморо ба љуз Худо њељ корсозе ва нусратдињандае нест.
32. Ва аз нишонањои Ў киштињои монанди кўњњо дар дарё аст.
33. Агар хоњад, бодро боздорад, пас киштињо бар пушти дарё истода бимонанд. Ба дурустї ки дар ин (муќаддима) барои њар сабркунандаи шукргузоранда нишонањое њаст.
34. Ё (агар хоњад, ањли) киштињоро – ба сабаби он чи карданд – њалок кунад; ва аз (таќсироти) бисёре дармегузарад.
35. Ва то онон, ки дар оёти Мо хусумат мекунанд, бидонанд, ки онњоро њељ махласе нест.
36. Пас, он чи аз њар љинс ба шумо дода шуд, андак бањрае аз зиндагонии дунё аст; ва он чи назди Худо аст, барои онон, ки имон овардаанд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд, бењтару пояндатар аст.
37. Ва (барои) онон, ки аз гуноњони кабира ва бењаёињо парњез мекунанд; ва чун онњо ба хашм меоянд, меомурзанд.
38. Ва онон, ки фармони Парвардигорашонро ќабул карданд ва намозро барпо доштанд ва корашон аз сари машварат бо якдигар бошад ва аз он чи ба онњо рўзї додаем, харљ мекунанд.
39. Ва онон, ки чун ба онњо тааддї бирасад, онон интиќом мекашанд.1
40. Ва сазои бадї – бадие монанди он аст; пас, њар ки даргузарад ва [корро] ба ислоњ орад, пас, муздаш бар Худо аст. Њамоно Худо золимонро дўст намедорад.
41. Ва њамоно касе, ки баъди мазлум шудани худ интиќом кашад, – пас, бар ин љамоа њељ роњ(-и маломат) нест.
42. Љуз ин нест, ки роњ(-и маломат) бар он касоне аст, ки ба мардумон зулм мекунанд ва дар замин ноњаќ фасод металабанд; барои ин љамоа азоби дарддињанда аст.
43. Ва њар ки сабр кунад ва биомурзад, ба дурустї ки ин сифат аз корњои бењтарин аст.2
44. Ва њар касро, ки Худо гумроњ кунад, пас, баъд аз Вай барои ў њељ корсозе нест. Ва ситамкоронро бибинї, ки чун азобро бибинанд, гўянд: «Оё ба сўи бозгаштан њељ роње њаст?»
45. Ва онњоро бибинї, ки наздики дўзах пеш оварда шаванд, аз хорї фурўтан шуда, ба гўшаи чашми нимкушода менигаранд. Ва ањли имон гўянд: «Ба дурустї зиёнкорон ононанд, ки рўзи ќиёмат худрову хешовандони худро дар зиён доданд». Огоњ шав, ба ростї ки ситамкорон дар азоби доим бошанд.
46. Ва онњоро корсозоне ба љуз Худо набошанд, ки ба онњо нусрат дињанд. Ва њар киро Худо гумроњ кунад, ўро роње нест.
47. Пеш аз он ки рўзе биёяд, ки онро аз љониби Худо бозгашт нест, фармони Парвардигоратонро ќабул кунед. Он рўз шуморо њељ паноње нест ва шуморо њељ инкоре нест.
48. Пас, агар рў бигардонанд, туро бар онњо нигоњбон нафиристодаем; бар ту ба љуз пайѓом расонидан чизе нест. Ва ба дурустї ки Мо чун ба одамї аз љониби Худ рањмате бичашонем, ба он шодмон шавад; ва агар ба одамиён – ба сабаби он чи дасти онњо пеш фиристодааст, мусибате бирасад, пас, њамоно, одамї носипос аст.
49. Подшоњии осмонњову замин аз они Худо аст, њар чи хоњад, меофаринад; ба њар ки хоњад, духтаронро ато мекунад ва ба њар ки хоњад, писаронро ато мекунад;
50. ё барояшон писарону духтаронро љамъ мекунад; ва њар киро хоњад, нозоянда месозад; ба дурустї ки Ў Донои Тавоно аст.
51. Ва њељ одамиро мумкин нест, ки Худо бо ў сухан гўяд, магар ба вањй; ё аз паси парда; ё фариштаеро бифиристад, пас, он чи Худо хостааст, ба њукми Худ вањй кунад.1 Ба ростї ки Худо Баландмартабаи Боњикмат аст.
52. Ва њамчунин Ќуръонро аз каломи Худ ба сўи ту вањй фиристодем. Ту намедонистї, ки Китоб чист ва (намедонистї, ки) имон чист. Валекин вањйро равшанї сохтем; њар киро аз бандагони Хеш мехоњем, роњ менамоем. Ва ба дурустї ки ту ба сўи роњи рост њидоят мекунї –
53. роњи Худо, ки он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Ўст. Огоњ шав, корњо ба сўи Худо бозмераванд.
43. Сураи Зухруф (Ороиш)
Дар Макка нозил шуд ва он њаштоду нўњ оят ва њафт рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њо. Мим.
2. Ќасам ба Китоби возењ.
3. Ба ростї ки Мо ин Китобро Ќуръони арабї сохтем, бувад ки шумо ба аќл дарёбед.
4. Ва њамоно ин Китоб дар Лавњи Мањфуз назди Мо сабт аст; њамоно ин Китоб баландќадру боњикмат аст.
5. Оё барои он, ки гурўње аз њад рафта њастед, пандро аз шумо эъроз карда, боздорем?
6. Ва бисёр пайѓамбаронро дар пешиниён фиристодем.
7. Ва њељ пайѓамбаре ба онњо намеомад, магар он ки ба ў истењзо мекарданд.
8. Пас, аз љињати дастдарозї сахттар аз онњоро њалок кардем;1 ва достони нахустиниён гузашт.
9. Ва агар аз онњо суол кунї, ки: «Кї осмонњову заминро биофарид?» – албатта, гўянд: «Онњоро (Худои) Ѓолиби Доно биофарид».
10. Ў Он [Худой] аст, ки заминро барои шумо ќароргоње сохт ва дар замин барои шумо роњњо сохт, то бувад ки шумо роњ ёбед.
11. Ва Ў Он [Худой] аст, ки аз осмон обе ба андоза фуруд овард; пас, бо он шањри мурдаро зинда кардем – њамчунин шумо бароварда хоњед шуд.2
12. Ва Ў Он [Худой] аст, ки тамоми аљносро3 биофарид ва барои шумо аз киштињо ва чањорпоён чизеро сохт, ки бар он савор шавед,
13. то бар пушти он рост бинишинед. Сипас, ваќте ки бар он рост нишастед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунеду бигўед: «Пок аст Худое, ки ин (маркуб)-ро барои мо мусаххар сохт, њол он ки мо бар он тавоно набудем.
14. Ва ба ростї ки мо ба сўи Парвардигорамон бозгардандаем».
15. Ва барои Худо аз бандагони Ў фарзандонро муќаррар карданд. Дар воќеъ одамї носипоси ошкор аст.
16. Оё Худо аз махлуќот духтаронро [барои Худ] фаро гирифтааст ва шуморо бо писарон афзалият додааст,
17. дар њоле ки чун яке аз онњо ба таваллуди он чи барои [Худои] Рањмон масал сохтааст,4 хабар дода шавад, рўяш турш гардад ва [дили] ў аз ѓусса ба танг ояд?
18. Ё онро [ба Худ фарзанд гирифтааст], ки дар зевар парварда мешавад ва дар сафи хусумат зоњир намегардад?
19. Ва фариштагонро, ки бандагони [Худои] Рањмонанд, духтар муќаррар кардаанд. Оё наздики офаринишашон њозир буданд? Ин гувоњиашон навишта хоњад шуд ва онњо пурсида хоњанд шуд.
20. Ва гуфтанд:5 «Агар [Худои] Рањмон мехост, ин фариштагонро парастиш намекардем». Онњоро ба ин [муќаддима] донише нест; ба љуз дурўѓ [чизе] намегўянд.
21. Оё ба онњо пеш аз Ќуръон китобе додаем, пас онњо ба он [китоб] чанг задаанд?
22. Балки мегўянд: «Ба ростї ки мо падарони худро дар дине ёфтаем ва њамоно мо бар паи онњо роњёфтагонем».
23. Ва њамчунин, пеш аз ту дар њељ дење тарсонандаеро нафиристодем, магар он ки мунъимони он дењ гуфтанд: «Ба ростї ки мо падарони худро бар дине ёфтаем ва њамоно мо бар паи онњо иќтидокунандагонем».
24. Гуфт:1 «Оё [ба онњо иќтидо мекунад], агарчи ба шумо дине овардаам, ки аз он чи бар он падарони худро ёфтаед, зиёдатар роњнамоянда аст?»2 Гуфтанд: «Њамоно мо ба он чи, ки шумо њамроњи он фиристода шудед, беэътиќодем».
25. Пас, аз онњо интиќом кашидем. Пас, дарнигар – оќибати дурўѓдорандагон чї гуна буд?
26. Ва (ёд кун) чун Иброњим ба падари худ ва ќавми худ гуфт: «Њамоно ман аз он чи шумо парастиш мекунед, безорам,
27. – магар аз Худое, ки маро биофарид, пас, њамоно Ў маро њидоят хоњад кард».
28. Ва он (калимаи тавњид)-ро дар фарзандонаш калимаи боќимонда сохт,3 то бувад ки [кофирон аз ширк] бозгарданд.
29. Балки ин [гурўњ аз кофирони Ќурайш] ва падаронашонро бањраманд сохтам, то ваќте ки дини рост ва пайѓамбари зоњир ба онњо омад.
30. Ва он гоњ, ки дини рост ба онњо омад, гуфтанд: «Ин љоду аст ва њамоно мо ба он беэътиќодем».
31. Ва гуфтанд: «Чаро ин Ќуръон бар марде бузург аз ањли ин ду дењ4 фурў фиристода нашуд?»
32. Оё онњо рањмати Парвардигоратро ќисмат мекунанд? Мо [мояи] рўзгузарониашонро дар зиндагонии дунё дар миёни онњо ќисмат кардаем; ва баъзеашонро бар баъзе баландмартаба сохтаем, то баъзеашон баъзеро хидматгор гиранд. Ва рањмати Парвардигорат аз он чи љамъ мекунанд, бењтар аст.
33. Ва агар (эњтимоли) он намебуд, ки њамаи мардумон як гурўњ мешаванд, албатта, барои хонањои касоне, ки ба [Худои] Рањмон беэътиќоданд, саќфњо аз нуќра месохтем ва нардбонњо низ, ки бар он боло бароянд;
34. ва барои хонањояшон дарвозањо (низ аз нуќра) ва тахтњое, ки бар он такя зада нишинанд;
35. ва ороиши бисёр (месохтем). Ва њамаи ин ба љуз андак бањрамандии дунё [чизе] нест. Ва охират назди Парвардигорат аз они парњезгорон аст.
36. Ва њар кас, ки аз ёди [Худои] Рањмон ѓофил шавад, барои ў шайтоне баргуморем, пас он шайтон ўро њамнишин бошад.
37. Ва ба дурустї ки шаётин одамиёнро аз роњ бозмедоранд ва одамиён мепиндоранд, ки онњо роњёфтагонанд,
38. то он ваќт, ки одамї пеши Мо наояд. Он гоњ (ба шайтони худ) гўяд: «Эй кош, дар миёни ману дар миёни ту масофаи машриќу маѓриб мебуд! Пас, ту бад њамнишинї!»
39. Ва [гўем]: «Имрўз шуморо [ин орзу] суд надорад, зеро шумо, азбаски ситам кардед, дар азоб бо њам шарикед.
40. Оё ту каронро шунавонида метавонї? Ё кўрон ва он касро, ки дар гумроњии зоњир аст, роњ намуда метавонї?
41. Пас, агар туро (аз ин олам) бибарем, пас, албатта, Мо аз ин љамоа Интиќомкашанда њастем.
42. Ё агар он чиро, ки ба онњо ваъда додем, ба ту бинамоёнем, пас њамоно Мо бар онњо Тавоноем.
43. Пас, ба он чи ба сўи ту вањй фиристода шуд, чанг зан, њамоно ту бар роњи рост њастї.
44. Ва ба ростї ки Ќуръон барои туву ќавми ту панд аст. Ва шумо суол карда хоњед шуд.
45. Ва ононро аз пайѓамбарони Мо, ки пеш аз ту фиристода будем, бипурс: оё ба љуз [Худои] Рањмон маъбудони дигар сохта будем, ки парастиш карда шаванд?
46. Дар воќеъ, Мўсоро бо нишонањои Худ ба сўи Фиръавн ва ашрофи ќавми ў фиристодем; пас гуфт: «Њамоно ман пайѓамбари Парвардигори оламиёнам».
47. Пас, он њангом, ки нишонањои Мо ба онњо омад, ногањон ба он (нишона)-њо механдиданд.
48. Ва ба онњо њељ нишонае наменамоёнидем, магар он ки вай аз ќарини худ бузургтар буд. Ва онњоро ба азоб гирифтор кардем, бувад ки [аз дини ботил] баргарданд.
49. Ва гуфтанд: «Эй љодугар, барои мо ба [даргоњи] Парвардигорат – ба он чи назди ту ањд кардааст, дуо кун. Ба ростї, ки мо роњёфтагонем».
50. Пас, он њангом, ки азобро аз онњо дур кардем, ногањон онњо ањд шикастанд.
51. Ва Фиръавн дар миёни ќавми худ овоз доду гуфт: «Эй ќавми ман, оё подшоњии Мисру ин љўйњо, ки зери (кўшки) ман меравад, аз они ман нест? Оё намебинед?
52. Не, балки ман аз ин шахс бењтарам, ки вай хор аст ва наметавонад, ки сухани возењ гўяд.1
53. Пас, чаро даствонањо аз зар бар ин шахс фуруд оварда нашуд, ё чаро фариштагон њамроњи ў пайваста шуда наомаданд?»
54. Пас, ќавми худро сабукаќл кард, то онњо фармони ўро ќабул карданд, њамоно онњо гурўњи фосиќ буданд.
55. Ва он њангом, ки Моро ба хашм оварданд, аз онњо интиќом кашидем, пас, њамаи онњоро якљо ѓарќ сохтем.
56. Ва онњоро пешрав ва барои пасиниён достоне сохтем.
57. Ва он гоњ, ки ба писари Марям достон зада шуд, ногањон ќавми ту аз ин достон ба хушваќтї овоз баланд карданд.
58. Ва гуфтанд: «Оё маъбудони мо бењтаранд, ё ў?»2 Бо ту ин њарфро назаданд, магар барои љидол. Балки онњо ќавме хусуматкунандаанд.
59. Ў ба љуз бандае [каси дигар] нест, ки бар вай инъом кардем ва ўро барои Банї Исроил нишона сохтем.
60. Ва агар мехостем, бадали шумо фариштагоне месохтем, ки дар замин халифа шаванд.
61. Ва њамоно ў1 нишона барои ќиёмат аст, пас, дар ќиёмат шубња макунед. Ва (бигў:) «Ба ман пайравї кунед, ин роњи рост аст.
62. Ва (бояд ки) Шайтон шуморо бознадорад. Ба дурустї ки дар њаќќи шумо душмани зоњир аст».
63. Ва он гоњ, ки Исо бо мўъљизањо омад, гуфт: «Њамоно ман ба шумо њикматро овардам ва (омадаам) то барои шумо баъзеи он чиро баён кунам, ки дар он ихтилоф мекунед. Пас, аз Худо битарсед ва фармони ман баред.
64. Ба дурустї ки Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумо аст, Ўро бипарастед. Роњи рост ин аст».
65. Пас, љамоатњо дар миёни хеш ихтилоф карданд. Пас, вой бар онон, ки ситам карданд – аз азоби рўзи дарддињанда.
66. Магар нигарони ќиёмат нестанд, ки ногањон ба онњо биёяд ва онњо хабардор набошанд?
67. Он рўз дўстон ба якдигар душман бошанд, магар парњезгорон,
68. ки (гуфта шавад): «Эй бандагони Ман, имрўз бар шумо њељ тарсе нест ва шумо андўњгин нашавед –
69. – ононе, ки ба оятњои Мо имон оварданд ва мусулмон буданд».
70. (Боз гуфта шавад:) «Шумо ва занонатон хушњол гашта, ба бињишт дароед.
71. Бар онњо косањои бузурги заррин ва кўзањо низ давр занонда шавад; ва дар он љо њар чи ки нафс бихоњад ва чашмњо аз (дидани) он лаззат бибарад, њаст. Ва шумо дар он љо љовидон бошед.
72. Ва ин он бињишт аст, ки ба шумо – ба сабаби он чи амал мекардед, ато карда шуд.
73. Дар он љо барои шумо мевањои бисёр њаст, ки аз он мехўред.
74. Ба ростї ки гуноњкорон дар азоби дўзах љовидонанд.
75. (Азоб) аз онњо суст карда нашавад ва онњо дар ин [азоб] ноумед шуда, хомўш бошанд.
76. Ва Мо бар онњо ситам накардем, валекин онњо худ ситамкор буданд.
77. Ва овоз дињанд: «Эй Молик, бояд ки Парвардигорат моро ба марг хукм кунад». (Молик) гўяд: «Њамоно шумо њамеша бошандагонед».
78. Ба дурустї ки ба шумо сухани рост овардем, валекин аксари шумо нохоњони сухани рост њастед.
79. Оё [кофирон] дар коре азм муњкам кардаанд? Пас, њамоно Мо низ азм Муњкамкунандаем.
80. Оё мепиндоранд, ки Мо сухани пинњону саригўшии онњоро намешунавем? Оре, (мешунавем) ва фиристодагони Мо назди онњо менависанд.
81. Бигў: «Агар (собит гардад, ки Худои) Рањмонро фарзанде бошад, пас, ман нахустин ибодаткунанда[-и Ў] бошам.
82. Пок аст Парвардигори осмонњову замин, Худованди Арш, аз он чи баён мекунанд».
83. Пас, онњоро бигузор, то (дар ботил) бањс кунанд ва бозї пеш гиранд, то он ки ба он рўзашон, ки ба онњо ваъда дода мешавад, мулоќот кунанд.
84. Ва Ў Он аст, ки [њам] дар осмон Худо аст ва [њам] дар замин Худо аст. Ва Ў Боњикмати Доно аст.
85. Ва бисёр Бобаракат аст Он, ки подшоњии осмонњо ва замин ва он чи дар миёни њар дуст, аз они Ўст ва илми ќиёмат назди Ўст ва ба сўи Ў баргардонида мешавед.
86. Ва онон, ки (кофирон) ба љуз Худо парастиш мекунанд, шафоат карда наметавонанд, лекин касе, ки гувоњї рост дода бошад; ва онњо медонанд.1
87. Ва агар аз онњо суол кунї, ки: «Кї онњоро биофарид?» – албатта, гўянд: «Худо (офаридааст)». Пас, чї гунна [аз ибодати Ў] баргардонида мешаванд?
88. Ва сухани пайѓамбар, ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно онњо гурўње њастанд, ки имон намеоранд».
89. Пас, (фармудем:) аз онњо рў гардону бигў: «Салом(-и видоъ)». Пас, хоњанд донист.
Достарыңызбен бөлісу: |