Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет12/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   23

6.3. Усулҳои иазорати молиявӣ

Усулхои зерини назорати молиявиро фарқ мекунанд: "- санҷиш;



  • муоииа;

  • назорат;

  • таҳлили фаъолияти молиявӣ;

  • мушохида (мониторинг);

  • тафтиш.

Санҷиш дар хусуси масъалаҳои алоҳидаи фаъолияти молия-вӣ дар асоск ҳуччатҳои ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳо оиди хароҷотҳо гузаронида мешавад. Дар холати ошкор памудани вайронку-нии интизоми молиявӣ барои пешгирй намудани оқибатҳои номатлуби он чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Муоина омӯзиши паҳлӯҳои алоҳидаи фаъолияти корхонаву ташкилотҳоро бо максади муайян намудани холати молиявӣ |ва самтҳои имконпазири рушди онҳо дар бар мегирад.

Назорат аз ҷониби мақомоти назораткунанда гузарони-да шуда, объекти назорат фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории сУбъектҳои иқтисодие мебошад, ки барои гузаронидани ин ё он намуди фаъолият иҷозатнома доранд. Мақомоти назорат-кУнанда аз субъектҳои иқтисодӣ риояи қоидаҳо ва меъёрҳои ^Укарраршударо тақозо мекунад. Мисол, Бонки миллии Чикистон ба фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, Хадамоти дав-«атии назорати сугуртавии назди Вазорати молияи Ҷумқурии „°Чикистон ^а фаъолияти ташкилотҳои сугуртавӣ назорат ме-' аРад. Натиҷаи назорат метавонад пешниходи тавсияҳо ба-1_оц гузаронидани тафтиш ва ё истифодаи муҷозоти муайян Ц1аД. Мисол, дар намуди бозпас хондани иҷозатнома оиди ҷР°и ин ё он намуди фаъолият.

171


МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ

Мушоҳида (мопиторипг) - ин назорати доимӣ ба чарае\ истифодаи захираҳои молиявии субъекти назорат ва ҳолат молиявии он. Мисол, мушоҳида аз ҷониби муассисаи қарзд * ҷараёни истифодаи қарзи аз ҷониби он додашуда, гузаронил мешавад, ки дар ин ҳолат субъекти назорат қарзгиранда, объ екти иазорат қарз мебошад. Мушоҳида метавонад аз ҷониби қарздиҳанда бо розигии субъекти назорат ва ё аз тарафи суди иқтисодӣ ҳангоми муқаррар кардани нишонаҳои муфлисша-вии молиявии корхона ҷорӣ карда шавад.

Таҳлили фаъолияпш молиявй омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳисо-ботҳои даврӣ ва ё солонаи молиявӣ-муҳосиботиро дар бар ме-гирад, ки мақсади он баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолияти молиявй, баҳодиҳии ҳолати молиявӣ ва сатҳи бо сармояи худӣ таъмин будану истифодаи самараноки он мебошад.

Тафпшш усули хеле васеъ паҳнгардидаи назорати молиявӣ мебошад. Вобаста ба фарогирии назорати молиявӣ намудҳои зерини тафтишро фарқ менамоянд: пурра, нопурра, мавзӯӣ, маҷмӯӣ, нақшавӣ, ғайринақшавӣ, ҳуҷҷатй, воқеӣ.

Тафтиши пурра санҷиши ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории субъекти иқтисодиро дар бар мегирад. Тафтиши нопурра бо мақсади назорати ҷиҳатҳои алоҳидаи фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории субъектҳои иқтисодӣ гуза-ронида мешавад.

Тавассути тафтиши мавзӯӣ фаъолияти молиявй-хоҷа-гидории як қатор субъектҳои хоҷагидории якхела бо мақсадй ошкор намудани камбудиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои хос гуза-ронида мешавад.

Тафтиши маҷмӯй санҷиши ҳамаи тарафҳои фаъолиятИ молиявӣ-хоҷагидории субъектҳои иқтисодиро дар бар меги-рад, аз ҷумла, масъалаҳои муҳофизат ва истифодаи самара-ноки омилҳои истеҳсолот, риояи интизоми молиявӣ, сифатИ (дуруст ва саривақт пешниҳод намудани) хисоботи молиявЯ-

Тафтиши нақшавӣ дар асоси муқаррароти қонунгузори^1 амалкунанда ва н^қшаи тасдиқ намудаи мақомоти назораткУ

172


МАВЗУИ 6. НАЗОҒАТИ МОЛИЯВИ

пар вакти муқараршуда гузаронида мешавад. Тафтиши.

на^да 'кшавӣ бошад, ба таври фаврӣ, дар ҳолатҳое гузаро-

Г мешаваД, ки қонунгузории амалкуианда ичозат додааст.

Хангоми тафтиши ҳуҷҷатӣ, танҳо ҳуҷҷатҳо мавриди сан-

карор гирифта, дар вақти тафтиши воқеӣ бошад на танҳо

-ччатҳо, балки миқдори пули накд ва арзишҳои молӣ-моддии



мавчудбуда низ санҷида мешавад.

Оиди натиҷаҳои тафтиш санад тартиб дода мешавад, ки Дар асоси он дар бораи бартараф намудани камбудаву ҳуқук-вайронкуниҳои ошкор>шуда, ҷуброни зарари моддӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор чораҳо андешида ме-шавад. •



6.4. Назорати давлатии молияви дар Чумҳурии Тоҷикистон

Дар моддаи 55-уми Қонуни Ҷумҳурии ТОҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки назорати давлатии молиявиро мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикпстон, хазинадорнп марказӣ ва шӯъбаҳои он, мақомоти молиявии макомоти маҳаллии Ҳокимияти давлатй, ихтиёрдорони асосӣ ва ихтиёрдорони маблагҳои буҷетӣ амалӣ менамоянд.

Ихтиёрдори асосии маблагҳои буҷетй мақомоти ҳокимият

Ва идораи давлатиест. ки маблагҳои буҷети давлатиро ихтиёр-

ДоРй карда, дар байни ташкилотҳои тобеи худ тақсим меку-

аА- Ихтиёрдори асосӣ ҳамчунин ташкилоти муҳими бучетии

^аи илм, маориф, фарханг ва тандурустӣ шуда метавонад.

Ихтиёрдори маблагҳои буҷетӣ мақомоти ҳокимият, идо-

и Давлатӣ ва ё ташкилоти буҷетй, ки маблагҳои буҷетиро аз

гиёрдори асосӣ мегирад ва ҳуқуқи тақсим ва назорати исти-

^°Даи маблагҳои буҷетиро ба ташкилотҳои тобеи худ дорад.

173


МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакл ва тартиби аз ҷониби мақомоти дахлдор амалӣ гардоиидани назорати давлатии молиявиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мо-лияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶумҳурИи Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо-раи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурвд Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар меиамоянд.

Назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба-рои таъмини ташкили санҷишу тафтиши воридот ва истифо-даи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давдатй] қарзҳое, кн аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти кафолати он ҷалб карда мешаванд, грантҳо, кӯмаки башарду-стона ва амволи давлатӣ дар шаронти инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули бахши хусусй.нигаронида шудааст.

Мутобиқи моддаи 2-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон» вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ инҳоанд:

- ташкил ва амалигардонии санҷиш ва тафтиши иҷрои
қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва махаллй,
фондҳои давлатӣ аз рӯи ҳаҷм, сохтор ва таъиноти мақсаднок,
инчунин самарабахшии маблаггузории давлатӣ ва истифодай
амволи давлатй;

. - таҳлил намудани асоснокии кисмҳои даромад ва хароҷоти лоиҳаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;

- назорати маблаггузории саривақтӣ ва пурраи барнО'
маҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи максзД'
ноки маблагҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои рафъи оқибатхо'1
офатҳои табий ҷудошаванда, ҳамчунин назорати таксй^1
кӯмаки башардӯстона ва техникие, ки Ҳукумати ҶумхуР^1
Тоҷикистон мегирад;

174


МАВЗУИ 6. НАЗОРАТИ МОЛИЯВИ

_ назорати кабул, истифода ва нигохдории фонди давла-и металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбахо, ки қисми рКИбии захираҳои тиллою асъории давлат мебошанд;



  • саиҷиш ва тафтиши харакати конунӣ ва саривактии маблағҳои буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатй дар бонкҳои лазлатй ва дигар муассисаҳои молиявию карзӣ:

  • назорати истифодаи мақсадноки захираҳои карзй ва сармоягузориҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Хоҷикистон, инчуиин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд;

  • таҳлили камбудпҳои ошкоргарднда дар нпшондихандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ва тахияи пешниҳодҳое, ки ба рафъи онҳо нигаронида шудаанд;

  • тафтиш ва тахлили фаъолияти макомотҳое, ки вазнфаҳои назорати молиявии дохилиидоравиро анҷом медиҳанд;

  • назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектхои давлатии хоҷагидорӣ, инчунин таъмини ҳифзи маблағҳои давлатӣ ва амволи давлатй аз ҷониби оихо;

  • ба Президенти Ҷумҳурии Тохикистон пешниҳод намуда-ни иттилоот ва хулосаҳо оид ба натиҷаҳои корхои таҳлилию назоратӣ ва дар бораи ичрои буҷети давлатии соли сипари-шУда, инчунин ҳисоботи ҷамъбастии солона оид ба натиҷахои тафтиш ва санҷишҳои анҷомдодашуда ба Маҷлиси намоянда-г°ни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Назорати давлатии молиявӣ дар асоси принсипҳои кону-Ният, ҳақконият, мустакилият ва ошкорбаёнӣ ба рох монда ^'лавад (моҳияти принсипҳои мазкур дар саволи 6.1. шарх Д°Да щудааст).

Назорати давлатии молиявӣ ба стандартҳои корҳои назо-11ию тафтишотие, ки дар амалияи байналмилалӣ истифода уРДа мешавапд, асос меёбад.

"0 мақсади амалӣ намуданн назоратн давлатии молиявй аз Рйфи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мақомоти назорати

175


МОЛИЯ ВЛ КЛРЗ

давлатии молиявӣ, таъсис дода мешавад, ки он мақоми асосщ назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда' мебошад.



Назорати президентӣ дар соҳаи молия, дар асоси Консти-тутспяи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи интишорц фармонҳо оиди масоили молиявӣ, имзо памудани қонунҳо дар соҳаи молия, ба вазифа таин ва озод намудани вазири молияи. Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо-раи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мақомоти назорати давлатии молиявӣ гузаронидани чуннн намудҳои назоратро пешбинӣ менамояд:



  • гузаронидапи тафтишҳои маҷмӯӣ ва санҷишҳои мавзӯӣ оид ба иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ, аз ҷумла баро.и нигоҳ доштани мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурни Тоҷикистон, хизматрасоннй қарзи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи кӯмаки хориҷне, ки аз ҷоннби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо кафолати он гирифта мешавад, маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои давлатии дар хориҷа амалкунанда, иичунин истифода ва ҳИфзи амволи давлатӣ;

  • ташкили тафтишҳои маҷмӯӣ ва санчишҳои мавзӯии ф'1" ъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлати;

  • гузаронидани санҷишҳои мавзӯӣ оид ба масъалаҳои кз? бул, истифода ва нигохдории фонди давлатии металлҳои ки^' матбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми захираҳои тилло'0 асъори давлат мебошад; . .

  • доИр намудани санҷишҳо оиди хизматрасонип маблағхР буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби Бонки миллии ҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ;

176

МЛВЗУИ 6. НЛЗОРЛТИ МОЛИЯВЙ

._ гузаронидаии санҷишҳо оид ба хизматрасонии карзи пчвлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бопки миллии Тоҷикистон;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод наму-яанй иттилооти семоҳа оид ба натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ра тадбирҳои нисбати онҳо андешидашуда.

Тафтишҳои маҷмӯй ва санҷишҳои мавзӯӣ, мутобики нақшаҳои тасдиқгардида дар мавқеи ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда анҷом дода мешавад.

Оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои гузаронидашуда санад таҳия мегардад, ки дар он асос, мақсад, мавзеъ, объекти тафтишшаванда, номгӯи ҳуҷҷатхо ва объектҳои омӯхташуда, номгӯи ҳуҷҷатхои дастраснагардида, маълумот оид ба иора-соиҳо, зиён ва зарари ошкоршуда, инчунин тавсияҳо оид ба андешидани тадбирҳо баҳри рафъи камбудиҳои ошкоргадида дарҷ карда мешаванд.

Роҳбари объекти тафтищшаванда дар мӯҳлати се рӯз ва-зифадор аст, ки бо санади тафтиш ё санҷиш шинос шуда, ба он имзо гузорад. Ҳангоми бо камбудиҳои ошкоршудаи раф-ти тафтиш ва санҷиш розй набудани шахси мапсабдори масъ-ул, санад бо зикри мавҷудияти эродҳо ва с эътироз имзо кар-да мешавад. Дар сурати аз ҷониби шахси мансабдор рад на-мудани шиносой санад ё имзогузорй ба он, тафтишкунан-Да бояд бо зикри сана ва ҳолатҳои рад бо иштироки шоҳидон Дар санад сабти дахлдор гузорад 121.

Ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санҷищ шахсони тафтиш-ГаР ба фаъолияти амалию хоҷагии объекти тафтишшаванда 'аоояд дахолат кунанд, инчунин хулосаҳои худро то анҷоми •^фтищ (санҷиш) ва барасмиятдарории он дар шакли санад ^Улоса) ошкор намоянд.

Маълумоте, ки ба тафтишгарон ва шахсони ҷалбшуда дар ''Раёни тасртиш ва санҷиш дастрас гардидааст, набояд ба '•Ксадҳои шахсй истифода бурда шавад.

177


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Санҷиши мавзӯии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқукии ганридавлатӣ оид ба гирифтан, гузарокидан ё исти-фодаи маблағҳои давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳои аз та-рафи Х,укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо кафолати $ ҷалбшаванда аз ҷониби макомоти назорати давлатии молиявй мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бо-раи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо оид ба ҳамин маблагҳо ба амал баровар-да мешавад. Санҷиши фаъолияти шахсони ҳукуқии давлатй бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.

Дар рафти иҷрои буҷетн давлатӣ тафтиш ва таҳлили фаъо-лияти макомоти даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, хазинадорӣ, молиявӣ, бонкӣ ва дигар мақомотҳои идоракунии давлатӣ ҷиҳати аз ҷониби онҳо пурра ва саривақт таъмин намудани ҷамъоварии воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷет, инчу-нин назорати хароҷоти воқеии маблагҳои буҷетӣ анҷом дода мешавад. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлатӣ таҳлили онҳо гузаронида шуда, ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо, барои рафъи онҳо пешниҳод ирсол кар-да мешавад.

Инчунин ташаккул ва истифодаи самарабахши маблагҳои фондҳои давлатӣ таҳти назорат қарор дода мешавад.

Назорати вазъи қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ ба тав-ри зайл анҷом дода мешавад:


  • идоракунӣ ва хизматрасонии қарзҳои давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • конунӣ, мақсаднок ва самарбахш будани иетифодаи қарзҳои хориҷӣ, грантҳо, кӯмакҳои башардӯстона ва техни-кие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, инчунин қарзҳое, ки субъектҳои хоҷагидорӣ бо кафолати давлат ме-гиранд;

178

МАВЗУИ 6. НАЗОРАТИ МОЛИЯВИ

- додани қарзҳои давлатӣ ва кафолати давлатӣ, инчунин ба ихтиёри давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷй беподош дода-ни воситаҳои давлатй.



6.5. Назорати аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намуди нави назорати молиявӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар солҳои 90-уми асрй XX пайдо шуд, назорати моли-явии аудиторӣ ном дорад. Бо гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми идоракунии бозории иқтисодиёт ва пайдоиши кор-хонаву ташкилотҳои гуногуни тиҷоратӣ (бонкҳои тиҷоратй, ширкатҳои суғурта, корпоратсияҳо) талабот ба устувории молиявӣ ва баҳодиҳии воқеии ҳолати молиявии корхонаву ташкилотҳои мазкур хело афзуд ва он яке аз заминаҳои асо-сии пайдоиши назорати молиявии мустақил (аудиторӣ) гардид.

Аудитор (лотинӣ аисНюг - шунаванда) мутахассисест, ки фаьолияти молиявии ширкатро мустақилона тафтиш намуда, оиди натиҷаҳои он санад тартиб дода, ба шахсони дахлдор пешкаш менамояд.

3 марти соли 2006 дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» қабул карда шуд. Қонуни мазкур асосҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва чараёни амалй сохтани фаъолияти аудиториро, ки дар Ҷумҳурии То-Ҷикистои байни мақомоти давлатй, шахсони воқсӣ ва хуқукӣ, аудиторҳо ва ташкилотҳои аудиторӣ ба амал меоянд, ба тан-Зим медарорад.

Дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо-

Рац фаъолияти аудиторӣ» омадааст, ки «фаъолияти аудиторӣ

^" фаъолияти соҳибкорй дар масъалаи санҷиши мустақилонаи

а*исобгирии муҳосибй ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии)

°Ҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад».

Ба доираи фаъолияти аудиторӣ ва аудит санҷиши баҳисоб-^ии муҳосибии муассисаҳои буҷетй дохил памешаваид.

179


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Объекти назорати аудитори фаъолияти молияви-хоҷаГи. дории корхоиаву ташкилотҳо. ва соҳибкорони инфиродй бя шумор меравад.

Ҳадафи асосии фаъолияти аудиторӣ мукаррар намудаНи дурустии ҳисоботи молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ аст. Дар зери мафҳуми дурустии ҳисоботи молиявй, сатҳи ҳакдонӣ бу-дани маълумотхои дар он ҷойдошта фаҳмида шуда, ба исти-фодабараидаи он ҳисобот имкон медиҳад дар асоси он оиди натиҷахои фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ хулосаи асоснок бароварда, қарорҳои мувофик кабул намояд.

Иҷозатномадиҳии фаъолияти аудиторӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳй ба баъ-зе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 19-уми июни соли 2000 таҳти №259 «Тартиби гузаронидани аттестатсия барои хуқуқи гузароиидани фаъолияти аудиторӣ» тасдиқ карда шуд, ки| мувофиқи он иҷозатномаро барои гузаронидани фаъолияти аудиторӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон медиҳад.

Шартҳои асосии фаъолияти аудиторӣ инҳо мебошанд:


  • мустақилият;

  • воқеият;

  • салоҳияти касбӣ;

  • махфй нигоҳ доштани натиҷаҳои аудит.

Аудитор шахси воқеиест, ки ба талаботи тахассусии мукар-рарнамудаи мақомоте, ки танзими давлатии фаъолияти аудй-ториро иҷро менамояд ҷавоб дода, аттестати дахлдори тахас-суси аудиторӣ дорад.

Аудитор ҳукук дорад, ки фаъолияти аудиториро ба сщЧ ти аудитори инфиродӣ ё корманди ташкилоти аудиторй, дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шудааст, фаъоДИ яташро бе ташкили шахси ҳукуқӣ амалӣ намояд.

Ташкилоти аудитори - ташкилоти тиҷоратӣ буда, санчи ҳои аудиторӣ ва хизматхои ба аудит дахлдорро амалӣ ме ' мояд.

180


МЛВЗӮИ 6. НЛЗОРАТИ МОЛИЯВИ

Ташкилоти аудиториро дар ҳар кадом шакли ташкили-



куқй таъсис додан мумкин аст, агар тарзи ташкнлию ҳуқуқии

н барои ташкилотҳои тиҷоратй ба истиснои ҷамъиятҳои



хомии кушода, кооперативҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои

вохиди давлатӣ мувофикат куиад.

Ташкилоти аудиторӣ фаъолияти худро оид ба гузаронида-ни аудит баъди гирифтани иҷозатнома бо тартибе, ки Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистои «Дар бораи ичозатномадиҳй ба баъзе намудхои фаъолият» муқаррар намудааст, амалй менамояд.

Шахсони воқей ва ҳуқуқии хориҷй дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ауди-торӣ» метавонанд дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистои таш-килотҳои аудиторй ташкил намоянд ва ё ба сифати аудито-рони инфиродӣ ба фаъолияти аудиторӣ машгул шаванд.

На кам аз 70 фоизи шумораи кормандони ташкилоти аудиторӣ бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон бошанд. Дар ҳолати роҳбари ташкилоти аудиторӣ будани шаҳрванди хориҷй бояд на кам аз 75 фоизи кормандони онро ошҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд /3/.

Аз микдори умумии ҳайати кормандони ташкилоти ауди-торй шумораи аудиторони соҳиби иҷозатнома бояд на кам аз 70 фоиз бошад. Ташкилотҳои аудиторй метавонанд шахсоие-Р°> ки аттестати тахассусии аудиторӣ (ва иҷозатнома) барои ^УҚуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ надоранд, ба сифа-Ти ёрдамчии аудитор ба кор қабул намоянд /3/.

Фаъолияти аудиторӣ намудхои санҷиши ҳатмй ва ташаб-°Усиро дар бар мегирад.

Аудити ҳатмӣ - санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ' Ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони ҳукуқӣ мебошад. УДити ҳатмӣ аз тарафи ташкилотҳои аудиторй гузаронида МеШавад.

"° аудити ҳатмии ҳарсола инҳо фаро гирифта мешаванд: ■ бонкҳо;

181


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

  • ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки шаклҳои алоҳи-даи муомилоти бонкиро анҷом медиҳанд ва ташкилотҳое, ки ба хариду фурӯши когазхои қиматнок машгуланд;

  • ҷамъияти сахҳомии кушода;

  • ташкилотҳои суғуртавӣ;

  • фондҳои ҷамъиятӣ;

  • субъектҳои монопояияи табиӣ;

  • биржаҳои молӣ ва фондӣ, фондҳои сармбягузорӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии дорои хукуқи пешбурди хоҷагй.

Аудити ташаббусӣ бо ташаббуси субъектхои санҷиш-шаванда бо назардошти вазифа, мӯҳлат ва ҳаҷми санҷиши му-шаххас гузаронида мешавад, ки дар шартноман байни шахсони санҷишшаванда ва аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ пешбинӣ карда шудааст.

Санҷиши аудитории шахсони санҷишшавандае, ки дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии (мояиявии) онҳо маълумоти дорои сир-ри давлатӣ мавҷуд аст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Вазифаҳои асосии назорати аудиторӣ инҳоанд:


  • мукаррар намудани дурустии ҳисоботхои муҳосиботӣ, молиявӣ ва мувофиқати амалиётҳон молиявӣ ва хоҷагидории гу-заронпдашуда бо санадхои меъёрни дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда;

  • санҷиши ҳуччатҳои пардохтӣ-ҳисобкунӣ, эъломиян андоз ва дигар ӯҳдадориҳои молиявии субъектҳои иктисодӣ.

Ширкатҳои аудиторӣ ва ё аудиторон чун шахсони вокей инчунин метавонанд намудхои зерини хизматрасониро амали созанд:

  • бурдани ҳисоби муҳосиботӣ;

  • таҳияи ҳисоботи муҳосиботӣ ва эъломия оиди даромаДХ^

  • таҳлил ва пешгӯикунии фаъолияти молиявӣ-хочагидор^

  • омӯзиши кормандони сохаи муҳосибот ва маслиҳатдих>1 оиди масъалаҳои қонунгузории молиявӣ-хочагидорӣ;

182

МЛВЗУИ 6. НАЗОРАТИ МОЛИЯВИ

_ кор карда баромадани тавсияҳое, ки дар натиҷаи санҷиши аудиторӣ гирифтааст.

Назорати аудиторӣ ҳам аз ҷониби ширкатҳои аудиторӣ (аз чумла, ширкатҳои аудитории хориҷӣ) ва ҳам аз тарафи шахсони воқеии аз аттестатсияи давлатӣ гузаштаву ба си-фати соҳибкор-аудитор ба қайд гирифташуда, гузаронида мешавад. Пас аз-гирифтани иҷозатнома барои амалӣ наму-дани фаъолияти аудиторӣ ширкатҳоя аудиторӣ ва зудито-рон ҳамчуи шахсони воқеӣ дар Реестри Давлатии аудиторҳо ва ширкатҳои аудиторӣ ба қайд гирифта мсшаванд. Аудито-рон ва ширкатҳои аудиторӣ ҳукуқ надоранд дар як вақт ҳам ба фаъолияти аудиторй ва ҳам ба ягон намуди дигари фаъо-лияти соҳибкорй машгул шаванд.

Ҳамаи хизматрасониҳои аудиторӣ пулакӣ мебошад. Му-носибати аудиторон ва ширкатҳои аудиторӣ бо мизочон дар асоси шартнома ба ро.ҳ монда шуда, нархи хизматрасониҳои аудиторӣ шартномавӣ мебошад.



Саволҳои худсанцншй

  1. Назорати молиявӣ чист?

  2. Ҳадаф ва вазифаҳои назорати молиявиро .шарҳ диҳед.

  3. Объектҳо ва мавзӯъҳои назорати молиявӣ кадомҳоанд?

  4. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ кадом намунаҳои назорати моли-явиро фарқ мекунанд?

  5. Принсипҳои ташкили назорати молияви кадомҳоанд?

  6. Назорати молиявӣ ба кадом намудҳо тақсим мешавад?

7. Моҳияти назорати молиявии гайридавлатиро шарҳ
ДИҳед.

7; Шаклҳои назорати молиявиро номбар карда, моҳия-ташонро фаҳмонед.

9. Назорати молиявй тавассути кадом усулҳо гузарони-^а мешавад?

Ю. Кадом намудҳои тафтиши молиявиро фарқ мекунанд?

183

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ


  1. Назорати молиявии давлатӣ дар Точикистон аз ҷониби кадом макомот гузаронида мешавад?

  2. Назорати президентӣ дар соҳаи молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷӣ тавр гузаронида мешавад?

  3. Макомоти иазорати давлатии молиявии Тоҷикистон кадом намудҳои назорати молиявиро мегузаронанд?

  4. Фарқи назорати давлатии молиявиро аз назорати гайридавлатии молиявӣ фахмонед.

  5. Фаъолияти аудиторй дар Тоҷикистон дар асоси кадом конунхо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳукукӣ танзим карда мешавад?

  6. Шартҳои фаъолияти аудиторӣ кадомҳоанд?

  7. Вазифаҳои назорати аудиториро номбар кунед.

  8. Кадом субъектҳои хоҷагидорӣ ба аудпти ҳатмии ҳарсола фаро гирифта мешаванд?

  9. Моҳияти аудити ташаббусиро фахмонед.

  10. Тартиби иштиркои шаҳрвандони хориҷиро дар гуза-ронидани фаъолияти аудиторӣ дар Тоҷикистон шарҳ диҳед.

  11. Иҷозатномаро бароп гузаронидани фаъолияти аудиторӣ дар Тоҷикистон кӣ медиҳад?

Тестҳо



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет