лияи корхонахо ба шумор меравад. Молияи корхонаҳои шак-ли моликияташон гуногун асоси низоми молиявни мамлакатро ташкип дода, ҷараёни ташкил ва таксими маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллиро таъмин менамояд.
Аз сабаби он ки қисми бештари манбаъҳои молиявӣ дар корхонаҳо ҷойгир аст, бинобар ин мӯътадилии низоми мо-лиявии мамлакат, пеш аз ҳама, аз устувории ҳолати молияи ^Рхонаҳо вобаста мебошад. Сарчашмаи асосии бо маблаг 1аъмин намудани фондҳои пулии марказонидашуда молияи КоРхонаҳо ба ҳисоб меравад.
аз
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
Молияи корхонаҳо маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии пу-лиро вобаста ба ташкили даромадҳои сатҳи аввал ва андӯхт, тақснм ва истифодаи онҳо дар бар мегирад. Молияи корхонаҳо ду вазифаро иҷро менамояд:
- ташкил аа истифодаи даромадҳои пулй ва фондҳо;
-назоратӣ.
Дар ташкили молияи ғайримарказонидашуда хусусиятҳои соҳавӣ ва ташкилӣ-ҳуқуқии шакли корхонаҳо таъсири муҳим мерасонад.
Аз лиҳози соҳавй молияи корхонаҳоро ба намудҳои зе-рин тақсим мекунанд: саноатӣ, кишоварзй, нақлиёт, алоқа, сохтмон, хоҷагии роҳ, хоҷагии маизилй-коммуналй ва гайра.
Вобаста ба шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқй молияи корхонаҳо ба молияи корхонаҳои тиҷоратӣ ва молияи корхонаҳои гайритиҷоратӣ ҷудо карда мешавад. Ҳадафи асосии корхонаҳои (ташкилотҳои) тиҷоратӣ гирифтани фоида буда, онҳо чун ҷамъиятҳои саҳомии кушода, пӯшида фаъолият менамоянд. Мақсади асосии корхонаҳои (ташкилотҳои) гайритиҷоратӣ гирифтани фоида ва байни иштирокчиёк тақсим намудани он набуда, чунин корхонаҳо дар шакли аз ҷониби соҳибмулки му-ассиса маблағгузоришаванда, гайр аз ин чун кооперативҳои истеъмолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динй, фондҳои хайрия ва ғайра фаъолият менамояд.
Ба сифати унсури муҳими низоми молиявӣ суғурта баро-мад менамояд. Сарчашмаи асосии ташкили фонди сугурта маблагҳое мебошад, ки дар шакли ҳаққи сугуртавй аз ҷониби сугурташавандагон ба ширкати сугурта пардохта мешавад-Фонди суғурта фонди махсуси пулие аст, ки бо максади тало-фии зарарҳои дар натиҷаи офатҳои табий ва ҳар гуна ҳодиса-ҳои нохуш ба суғурташавандагон расонкдашуда, ташкил кар-да мешавад.
Мақсади сугуртакунӣ ҳимояи манфиатҳои амволии шахсо-ни воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои суғуртавй
124
МЛВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ
мебошад. Сугурта дар шаклҳои ҳатмӣ ва ихтиёрй гузарони-да мешавад.
фаъолияти суғуртавӣ амалиётҳои иштирокчиёни касбии бозори сугуртаро вобаста ба анҷом додани суғуртакунӣ дар бар мегирад.
Сугурта як намуди фаъолияти соҳибкорй буда, махсусан пар замони иктисоди бозорӣ барои рушди босуръати он ша-роити мусоид фароҳам меояд. Зеро ҳар як соҳибкор хавфҳои ба фаъолияти ӯ тахдидкунандаро бевосита худаш идора мена-мояд. Давлат талофии зарарҳои дар натиҷаи офатҳои табий ва ҳодисаҳои нохуш ба корхопаҳо, соҳибкорон ва ахолӣ ра-сонидашударо кафолат намедиҳад. Дигар аз заминаи рушди кори суғурта дар иқтисоди бозорӣ мавҷудияти шаклҳои гуно-гуни моликият мебошад.
Суғурта, махсусан суғуртаи шахсӣ, яке аз омилхои мухими химояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ ба шумор меравад. Суғурта ба суғурташавандагон ва оилан онҳо дар ҳолати марг, мачрӯҳӣ, касалӣ, ба нафақа баромадан, муваққатан корношоям гардидан кӯмаки молиявй мерасонад, яъне маблағи сугуртавӣ пардохт менамояд. Дар халли масъалаи бекорӣ низ сугурта таъсири мусбат мерасонад. Дар мамлакат ҳар қадар микдори ширкатҳои суғурта афзуда, шумораи иштирокчиёни бозори сугурта зиёд гардад, шумораи бекорон то андозае кам меша-вад. Дар мамолики мутараққӣ соҳаи сугурта шумораи зиёди одамонро бо кор-таъмин менамояд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумораи шахсони дар соҳаи суғурта фаъолияткунан-Да бо миёнаравҳои суғурта ҷамъ беш аз 2,2 миллион нафар, Дар Фаронса беш аз 250000 нафар, дар Олмон беш аз 270000 нЦ>ар, дар Британияи Кабир беш аз 360000 нафарро ташкил Медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар ҷахон шумораи шахсони ба кори сУгурта машғулбуда беш аз 3,5 миллион нафар мебошад /7, °аҳ. 189/.
То соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта °нополияи давлат ба шумор мерафт. Бо гузариши ҷумҳурӣ
125
МОЛИЯ ВЛҚАРЗ
ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, дар қатори дигар соҳаҳо дар соҳаи суғурта низ тағйиротҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Дигаргунии муҳимтарин ғайридавлатикунонии сугурта ба шу. мор меравад. Бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сугурта» аз 20 шоли соли 1994 дар ҷумҳурй барои рушди фаъолияти сугуртавӣ замина пайдо шуд. Вале то имрӯз барои инкишофи босуботи кори суғурта дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ пурра фароҳам оварда нашудааст. -
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ширкати суғурта фа-ъолият мебарад, ки аз он ду ширкат давлатӣ («Тоҷиксуғурта», «Тоҷиксармоягузор») буда, 14 ширкати дигар гайридавлатианд («Муин», «Ориён иншуренс», «Труд», «Душанбе» ва ғайра).
Саволҳои худсанҷишӣ
-
Молия ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ кай пайдо шудааст?
-
Аввалин мутафаккиронеро, ки масъалаҳои молияро муҳокима намудаанд номбар кунед?
-
Саҳми Н. Тусӣ дар тадқиқи масъалаи муносибатҳои молиявӣ дар чист?
-
Моҳияти молияро ҳамчун мафҳуми иқтисодй шарҳ диҳед.
-
Фондҳои пулии марказонидашуда ва ғайримарказо-нидашуда аз кадом қисмҳо иборатанд?
-
Кадом муносибатҳои пулӣ ба муносибатҳои молиявӣ табдил меёбанд?
-
Фарқи мафҳуми «молия» аз мафҳуми «пул» дар чист?
-
Нишокахои асосии муносибатҳои молиявӣ кадомҳоанд?
-
Вазифаҳои молияро номбар кунед.
-
Моҳияти вазифаи тақсимкунии молияро шарҳ диҳед.
-
Зарурати аз нав тақсимкунии даромади умумии миллй дар чист?
-
Аз нав тьдсимкунии даромади умумии миллӣ дар сатҳй корхонаҳо чӣ тавр сурат мегирад?
-
Воситаҳое, ки тавассути онҳо танзим ё ҳавасмандкуний молия сурат мегирад кадомҳоанд?
12Ь
МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ
-
Зарурат ва аҳамияти назорати молиявӣ дар чист?
-
Сарчашмаҳои захираҳои молиявиро номбар кунед?
-
Шаклҳои таъмини молиявии такрористеҳсоли васеъ кадол«оанд?
-
Нақши молияро дар тахрористеҳеоли васеъ шарҳ диҳед.
-
Низоми молиявй чист?
-
Қисмҳои асосии низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷи-кистонро номбар кунед.
-
Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ка-дом муносибатҳои молиявй иборат аст?
-
Маблағҳои буҷети давлатй барои ҳалли кадом масъа-лаҳо истифода бурда мешавад?
-
Зарурат ва моҳияти қарзи давлатиро шарҳ диҳед.
-
Ҳадаф аз таъсиси фондҳои мақсадноки давлатӣ дар чист?
-
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом фондҳои мақсадноки давлатӣ амал мекунанд? .
-
Нақши молияи корхонаҳоро дар ташкили фондҳои пу-лии марказонидашуда шарх диҳед.
. 26. Зарурат, моҳият ва вазифаҳои сугуртаро фаҳмонед.
Тестҳо
1. Молия - ин:
а) маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки ҷараёни
ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои пулии мар-
казонидашуда ва фондхои максадноки давлатиро
дар бар мегирад;
б) маҷмӯи муносибатҳои пулӣ оиди ташкили фондҳон
таъиноти хосдошта аст;
в) маҷмӯи фондҳои пулиест, ки шахсони ҳуқукӣ ва
воқеӣ ташкил мекунанд.
г) маҷмӯн муноспбатҳои пулиест, ки ҷараёни ташкил,
тақсим ва истифодаи фондҳои пулии марказонида-
шуда ва гайримарказонидашударо дар бар мегирад.
127
МОЛИЯ ВА. ҚАРЗ
2. Молия - ин:
а) ҳамаи муносибатҳои пулй;
б) ҳодисаи иқтисодӣ;
в) воситаи тақсим ва аз нав тақсимкунии ММД ва
ДУМ;
г) маблағҳои пулии давлат.
3. Молия ҳамҷун катсгорияи иқтисодӣ муносибатҳои зе-
рииро ифода менамояд:
а) ба таври нақшавй ташкил ыамудан ва истифо-
да бурдани фондҳои захираҳои пулии субъектҳои
хоҷагидорӣ;
б) ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои пулй;
в) дар муомилот будани захираҳои пулӣ;
г) ташкил ва истифодаи фондҳои қарзӣ.
4. Моҳияти асосии молия ин аст:
а) таъмини такрористеҳсоли васеъ;
б) аз нав тақсимкуиии маблагҳо байни субъектҳои
ҳоҷагидорӣ ва ахолӣ;
в) аз нав тақсимкунии маблағҳо аз сарватмандон ба
шахсони воқеии эҳтиёҷманд;
г) таъмини муомилоти молӣ-пулӣ.
5. Таърихан аввал чй пайдо шудааст:
а) давлат;
б) пул;
в) молия;
г) андозҳо.
6. Кадоме аз инҳо фондҳои пулии марказонндашуда до-
хил метаванд?
а) модияи корхонаҳо;
б) молияи хоҷагии хонаводагӣ;
в) фондҳои мақсадноки давлатй;
г) фонди суғурта;
7. Фондҳои пулии гаГфимарказонидашударо инҳо ташкио'
медиҳанд:
128
МЛВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИ
а) фонди андӯхт;
б) фонди истеъмолӣ;
в) фоидҳои пулии субъектҳои хоҷагидорӣ;
г) буҷети давлатӣ
8. Молия вазнфаҳои зеринро иҷро менамояд:
а) сармоягузорӣ;
б) пасандозкунӣ;
в) тақсимкунй;
г) фискалӣ;
9. Объекти тақсим ва аз нав тақсимкунии молия инҳоанд:
а) андозҳо ва пардохтҳо;
б) даромади корхонаҳо;
в) маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади умумии
миллӣ;
г) захираҳои молиявӣ.
10. Воснтаи асосие, ки молия тавассути онҳо вазифаи эган-
знмкунии (ҳавясмандкунии) худро ичро менамояд:
а) пул;
б) андозҳо;
в) ММД;
г) арзиши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо).
11. Захираҳои молиявӣ - ин:
а) фондҳои пулии давлат;
б) фондҳои пулии корхонаҳо ва аҳолӣ;
в) маҷмӯи фондҳои пулии максадноки давлят,
субъектҳои хоҷагидорй ва шахсони воқей;
г) ҷамъи фондҳои марказонидашуда.
12. Шаклҳои таъмини молиявии такрористеҳсоли васеъ
и"\оанд:
а) фурӯши қоғазҳои қиматнок;
б) маблаггузории давлатӣ;
в) гирифтани қарзи хориҷй;
г) ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ.
129
МОДИЯ ВА ҚАРЗ
13. Кадоме аз муносибатхои молиявии зерии ба низоми мо»
лияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дохил мсшавад:
а) фондҳои пулии субъектхои хоҷагидорй, аҳолӣ ва
давлат;
б) низоми бучетй;
в) низоми андозу буҷет;
г) фонди пулии корхонаҳо ва аҳолӣ.
14. Қарзи давлатӣ шакли муносибатҳои карзиест, ки бай-
ни субъектҳои зерин ба вуҷуд меояд:
а) корхонаҳо, бонкхои тиҷратй ва давлат;
б) давлат, шахсони ҳукукй ва вокеӣ;
в) давлат, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бонк-
ҳои давлатӣ;
г) аҳолӣ, шахсони вокеӣ ва ҳуқуқии хоричӣ.
15. Фондхои мақсадноки давлатиро вобаста ба таъинота-
шон ба намудхои зерин чудо мекунанд:
а) сиёсӣ ва иқтисодй; . б) иҷтимоӣ ва иқтисодй;
в) иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;
г) миллӣ ва байналхалқӣ.
16. Фондхои максадноки дар Точикистон амалкунанда
инҳоанд:
а) Фонди шуғли ахолӣ;
б) Фонди нафақа;
в) Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолй;
г) Фонди сугуртаи ичтимоӣ ва нафака;
17. Мақсади фонди сугуртавй:
а) талофии зарархои ба сугурташавандагон расони-
дашуда;
б) гирифтани фоида;
в) ҷалбл бештари сугурташавандагон;
г) дастгирии кҷтимоии аҳолӣ.
МЛВЗУИ 4. МОЛИЯ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВЙ
Истилоҳ ва мафҳумҳо
!У1олия маҷмӯи муносибатҳои иктисодиест, ки ҷараёни таш-киЛ, таксим ва истис1)одаи фондҳои пулии марказонидан.1уда ва гайримарказонидашударо дар бар мегирад.
Мачмӯи маҳсулоти дохилӣ - ин арзиши ниҳоии молҳо ва хизматрасониҳои аз ҷониби резидентони мамлакати мазкур дар ҳудуди он ДаР давраи муайян истеҳсолшуда.
Даромади умумии миллӣ - ин арзиши аз нав гашкил кар-дашуда ва ё арзиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо тарҳи олот ва воситаҳои истеҳсолии дар чараёни истеҳсолот истифодагар-дида. Бо ибораи дигар, даромади миллӣ - даромади умумии субъектҳои хоҷагидорӣ (музди меҳнат, рента, фоида).
Фонди андӯхт фондест, ки барои васеъ намудани истеҳ-солот, сохтмони объектҳои истеҳсолй ва (1)арҳангӣ-маишӣ ра-вона гардидааст.
Фонди эҳтиёгй фондест, ки аз манбаъҳои ҷамъиятй ва сугурта иборат мебошад.
Фонди истеъмолӣ фондест, ки барои маблаггузории соҳаҳои илм, маорис]), (1)арҳанг, тандурустӣ зарур буда, маблагҳои он барои идоракунии давлат, таъмини мудос})иавии мамлакат, пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои гайристеҳсолй истифода мешавад.
Захираҳои молиипй - маҷмӯи фондҳои пулии мақсадноки Давлат, субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсопи воқсӣ.
Такрористеҳсоли васеъ ин бетаиаффус аз нав барқарор иа-мудан ва васеъ кардани фондҳои йстеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қисми асосии он - даромади миллй, такрористеҳсоли кувваҳои корӣ ва муноснбатҳои истех-солй мебошад.
Низоми молиявӣ маҷмӯи соҳаҳои гуногуни муносибатҳои молиявй буда, дар ҷараёни ои фондҳои пулии субъектҳои х°Ҷагидорӣ, шаҳрвандон ва давлат ташкил кардаву истифо-Да бурда мешавад.
13!
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
Буҷети давлатӣ шакли ташкил ва истифодаи фондҳои пу-лии марказонидашуда барои таъмини вазифаҳои иқтисоди, сиёсӣ ва иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Низоми буҷетй - маҷмӯи ҳамаи буҷетҳои дар ҳудуди мам-лакат амалкунанда.
Қарзи давлатй шакли муносибатҳои қарзиест, ки байни давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба вучуд меояд.
Қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шахсони воқей ва ҳуқуқӣ, кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.
Фондҳои мақсадноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -фоидҳои маблагҳои пулие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷум-ҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳо ё бо роҳи ҷудо карда-ни маблағ аз намудҳои мушаххаси даромад барои амалӣ гар-доыидани ин ё он мақсад истифода мешавад, ташкил меёбад.
Сугурта - усули ҳимояи манфиатҳои шахсони ҳукуқӣ, воқеӣ ва давлат аз ҳодисаҳои фавқулодда, ногаҳонӣ ва нохуши табиӣ.
Фонди сугуртавӣ - фонди махсуси пулиест, ки ширкати суғурта аз ҳпсоби хаққп сугуртавии пардохтнамудаи сугурташа-вандагон ташкил карда, барои талофии зарарҳои дар натиҷаи ҳодисаҳои сугуртавӣ ба сугурташавандагон расонидашуда ис-тифода мебарад.
Адабиёт
-
Қонунп Ҷумҳурпи Тоҷнкнстон «Дар бораи молняи давла-тип Ҷумҳурии Точикнстон» аз 2 декабри соли 2002. Ахбо-ри Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон соли 2002, №1Ь
-
Суханрошш Президеиги Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалП Раҳмон дар маҷлиси васеи Хукумати Ҷ>мхурии Точикистон 30 январи соли 2010. \у\у«.рге$1деп1Д].
-
Бокова Ф.М. Финансы и кредит. Краткпй курс лекций. М-: ИНФРА, 2006. - С. 127-132.
132
МАВЗУИ 4. МОЛИЯ ВЛ НИЗОМИ МОЛИЯВИ
-
Левин В.П. Финансы и кредит. Учебное пособпе. М.: ЮНИ-ТИ, 2007. - С. 157-165.
-
Мысляева И.Н. Государственные и муннципальные финан-сы. Учебник. Москва ИНФРА-М, 2004. - С.212-217.
-
Оймаҳмадов Г.Н. Молия - Душанбе: Нодир, 2005. - С. 6-17.
-
Раҳимов З.А., Ятимов Х.М., Ҷӯраев Ш.Ҷ. Молия, муомило-ти пул ва қарз. - Душанбе, «Сино», 2006. - С 43-48.
-
Сплетухов Ю,А., Дгожиков Е.Ф. Сграхование: Учебное по-собие - М.:ИНФРА, 2002. - С. 189-191.
-
Улугходжаева Х.Р., Обидов Ф.С, Рахнмов З.А. Финансы: Учебн.ик - Душанбе: Ирфон - 2009. - С19-22.
-
Фннаисы. Денежное обращение.Креднт: Учебник для вузов /Под ред. проф. Г.Б.Поляка. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2-е изд. 2003. - С 62-68.
133
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
МАВЗУИ 5. СИЁСАТИ МОЛИЯВИ ВА ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВИ
-
Мафхум ва вазифахои сиёсати молиявӣ
-
Шаклхои сиёсати молиявй
-
Механизми молиявӣ дар шароити иқтисоди бозорй
-
Мохият, хадафхо ва усулҳои давлатии танзим ва идо-ракунин молиивӣ
-
Идоракунии моЛиявӣ дар Ҷумхурии Тоҷикисгон
5.1. Мафхум ва вазифаҳои сиёсати молиявӣ
Сиёсати молиявӣ ин фаъолияти махсус ва мақсадноки дар конунгузории мамлакаг асосноккардашудан давлат, вобаста ба ҷамъоварии маблагҳо, тақсим ва истифодаи самараноки онҳо барои таъмини иҷрои вазифаҳои давлат мебошад,
Маҷмӯи чорабиниҳои давлатиро оиди истифодаи муноси-батҳои молиявӣ, барои иҷрои вазифаҳои давлат, сиёсати мо-лиявӣ меноманд. Сиёсати молиявӣ ин фаъолияти давлат дар самти истифодаи максадноки захираҳои молиявӣ мебошад.
Сиёсати модиявӣ ба давлат имкон медиҳад, хадафҳои худро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муносибатҳои байналхалқӣ татбиқ намояд.
Мазмуни сиёсати молиявӣ хело мураккаб аст, зеро он мач-мӯи васеи чорабиниҳоро фаро мегирад:
-
таҳияи назарияи умумии сиёсати молиявӣ, муайян наму-дани самтҳои асосӣ, хадафҳо ва вазифаҳои муҳимтарини оя;
-
ташкили механизми молиявии комилан мувофиқ:
134
^лдВЗӮИ 5. СИЁСАТИ МОЛИЯВИ ВА ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВН
3) идоракунии фаъолияти молиявии давлат ва дигар субъектҳои иқтисодиёт.
Вобаста ба давомнокии мӯхдат ва хосияти вазифаҳои гу-зошташуда сиёсати молиявиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд:
-
стратегияи молиявӣ;
-
тактикаи молиявӣ.
Асоси сиёсати молиявиро стратегияи молиявӣ ташкил ме-дихад. Стратегияи молиявӣ барномаи дарозмӯҳлат ва миёна-мухлатест, ки самтҳои истифодаи маблағҳоро муайян намуда, ҳалли масъалаҳои асосии ба сиёсати иктисодӣ ва иҷтимоии мамлакат вобастаро пешгӯй мекунад. Дар доираи стратегияи молиявӣ барномаҳои мақсаднок таҳия ва самтҳои амалӣ на-мудани он муайян карда мешавад.
Дар баробари ин давлат мақсад ва вазифаҳои ҷории исти-фодаи захираҳои молиявиро муайян мекунад, ки онро такти-каи молиявӣ меноманд ва муҳимтаринаш инҳоанд:
-
ҷамъоварй ва истифодаи самараноки захираҳои молпявӣ;
-
танзими ҷараёнҳои иқтисодй ва иҷтимой;
-
ҳавасмаядкунии самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ, минтақаҳо ва соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт.
Стратегияи молиявӣ ва тактикаи молиявӣ бо ҳам алоқаманд ва аз ҳамдигар вобаста мебошанд.
Вазифаҳои асосии сиёсати молиявӣ инҳоанд:
-
бо маблаг таъмин намудани барномаҳои аз ҷониби дав-лат амалишаванда;
-
муқаррар кардани тартиби тақсим ва истифодаи оки-лонаи захираҳои молиявй;
-
ба самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат ра-вона намудани маблагҳо;
-
ноил гардидан ба устувории молиявӣ ва мустақилияти молиявии давлат;
-
ташкили асоси моддии фаъолияти устувори субъектхои ХоЧагидорй;
135
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
- ташкили даромадҳое, ки такрористеҳсоли мӯътадилц аҳолиро таъмин намояд.
Ду намуди сиёсати молиявиро фарк мекунанд:
-
давлатӣ;
-
ғайридавлатӣ (сиёсати молиявии корхонаҳо ва ташки-лотҳо).
Ҳадафи асосии сиёсати молиявии давлатй ташкили шаро-ити молиявӣ барои инкишофи ичтимоӣ-иктисодии ҷомеа, ба-ланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор ме-равад. Дар иҷрои вазифаҳои дар назди давлат истода, саҳми муҳимро сиёсати молиявии давлат мегузорад. Давлат ба воси-таи сиёсати молиявӣ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсир мерасонад.
Сиёсатн молиявй кнсми ҷудонашавандаи сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Дар баробари ин сиёсати молиявӣ соҳаи мустақили фаъолияти давлат буда, вале бо ҳамагуна намудҳои фаъолияти давлат, аз чумла, бо сиёсати қарзӣ-пулӣ, иҷтимоӣ ва ё фаъолияти иқтисодии берунии давлат сахт алоқаманд ме-бошад. Сабаби чунин алоқамандӣ дар он аст, ки давлат дар сурати надоштани захираҳои молиявии муайян, ин ё он вази-фаи дар наздаш бударо иҷро карда наметавонад. Бо ибораи дигар сиёсати молиявӣ воситаи мухимтарини татбиқи сиёса-ти давлат дар хама сохаҳо мебошад.
Ҳангоми таҳняи сиёсати молнявии давлат бояд хусусиятҳои мушаххаси инкишофи таърихии ҷомеа, вазъияти дохилй ва байналхалкӣ, имкониятхои воқеии иқтисодӣ ва молиявии мам-лакат ба инобат гирифта шавад.
Дар вақти татбиқи сиёсати молиявии давлат бояд робитаи сиёсати молиявй бо дигар қисмҳои сиёсати иқтисодӣ - сиёсати қарзӣ, сиёсати нархгузорӣ, сиёсати пулй таъмин карда шаваД-
Дар таҳияи сиёсати молиявии давлат ҳамаи шохаҳои ҳоки-мияти давлатӣ иштирок мекунанд. Вобаста ба сохти консти-тутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон дар тахияи сиёсати молиявн" давлатӣ бартарии асосӣ ба Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистоН
136
^ аВЗӮИ 5. СИЁСАТИ МОЛИЯВИ ВА ИДОРЛКУНИИ МОЛИЯВИ
тьца мешавад, ки ӯ дар паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлисй Олии
цумхурии Точикистон самтҳои асосии сиёсати молиявии
уМХуриро дар соли ҷорӣ ва чанд соли оянда муайян менамояд.
Сиёсати молиявии давлатӣ унсурҳои зеринро дар бар ме-
гирад:
-
сиёсати буҷетӣ;
-
сиёсати андоз;
-
сиёсати нархгузорӣ;
-
сиёсати қарзӣ-пулӣ;
-
сиёсати сармоягузорӣ.
-
сиёсати гумрукӣ;
-
сиёсати қарзии дохилӣ ва берунӣ;
Дар сиёсати молиявии хамагуна давлат ҷои марказиро си-ёсати буҷетӣ ишгол менамояд. Сиёсати буҷетй - ин фаъолия-ти максадноки давлат оиди муайян намудани вазифаҳои асосӣ ва ҳаҷми микдории ташкили даромадҳо ва хароҷоти буҷет, идоракунии карзи давлатӣ. Ба сифати нишонаҳои самарано-кии сиёсати бучетӣ, нишондиҳандаҳои мазкур истифода ме-шавад: сатхи ҷамъоварии даромадҳои буҷетӣ; дараҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои буҷетӣ; ҳаҷми касри буҷет ва суръати афзоиши карзи давлатӣ; сатхи монетикунонии касри буҷет; микдори захираҳои асъории барои маблаггузории касри буҷет истифо-Дашаванда; тагйирёбии хаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ; сатҳи чҷрои конунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои мсъёрию ҳуқукӣ оиди буҷет. Сиёсати аидоз ин маҷмӯи чорабиниҳои иқтисодӣ, молиявй Ва Ҳукуқии давлат оиди ташкили низоми андози мамлакат, °о мақсади таъмини талаботи молиявии давлат, гурӯҳҳои а-1оҳидаи иҷтимоии ҷомеа, инчунин рушди иқтисодисти мам-<*кат аз хисоби аз нав тақсимкунии захираҳои молиявӣ мебо-
аД- Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ принсипҳои зерини ташкили низо-
и миллии андоз таҳия шудааст:
- баробарии уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудИ (вертикалӣ)
' "г'оми пардохти андозҳо;
137
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
-
дар вақти барои ҳукумат мувофиқ ҷамъоварй намудд. ни андозҳо;
-
то ҳадди муайян кам намудани зарар аз ҷорй намудани ин ё он намуди андоз;
- мушкил намудани саркашӣ аз пардохти андоз.
Баробарии уфуқии пардохти андозҳо маьнои онро до-
рад, ки шахсопи ҳуқуқӣ ва воқеии дорои шароити баробар-буда, бояд ба таври якхела андоз супоранд. Баробарии аму-дии пардохти андозҳо пешниҳод менамояд, ки андозсупоран-дагони сарватманд бояд нисбат ба андозсупорандагони кам-бизоат мутаносибан бештар андоз супоранд.
Сиёсати қарзӣ-пулии давлат қисме аз сиёсати молиявӣ буда, ба муқобили таваррум, устувор намудани қурби асъори миллӣ, идоракунии муомилоти пулӣ ва муносибатҳок қарзй равона шуда, мақсади асосиаш таъминн инкишофи мӯътадилу босуръ-ати иқтисодиёт мебошад.
Сиёсати сармоягузории давлат бо ташкили шароит ба-рои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа вобаста мебошад. Сиёсати сармоягузорӣ чун қисми сиёсати молиявӣ дар соҳаҳои гуиогун амалй шуда, ба молияи субъектҳои хоҷагидорӣ таъсири мусбат мерасонад. Сиёсати мазкур яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати моли-явии Ҳукумати Тоҷикистон буда, барои рушди босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ хеле зарур аст. Инкишофи иқтисодиётй Тоҷикистонро бе ҷалби сармояи дохилй ва хориҷӣ тасаввур кардан имконнопазир мебошад.
Сиёсапш иҷппшоии давлат, пеш аз ҳама, бо ҳалли вазифаҳой таъмини молиявии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Кон-ститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар на-мудааст вобаста буда, соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: таъ-мини нафақа, шуғли аҳолӣ, расонидани кӯмакҳои молиявӣ оа гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва ғайра.
Сиёсати гумрукӣ ба ҳимояи бозори дохилӣ, ҳавасмаИД намудаии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ».{усодат намудан "а
138
1УҒ АВЗӮИ 5- СИЁСЛТИ МОЛИЯВЙ ВА ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВИ
ив0Чи сохибкорй равона гардидааст. Барои амалй намуда-и сйёсати гумрукӣ воридоти молҳо ва хизматрасонихо ба бо-зори дохилӣ махдуд ва ё васеъ карда шуда, содироти молҳо, хизматрасониҳо аз мамлакат хавасманд ё душвор гардони-да мешавад. Сиёсати гумрукӣ аз бисёр ҷихат ҷараёнҳои аз нав таксимкуниро на фақат байни субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлат, балки байни худи субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳаҳо, минтақаҳо низ муайян менамояд. Дар шароити имрӯза сиёса-ти гумрукии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз сиёсати буҷетӣ, ки барои афзун намудани ҷамъоварии боҷҳо ва дигар пардохтхои гумрукӣ равона шудааст, вобаста мебошад.
Дар катори сиёсати молиявии давлатӣ сиёсати молинвии корхонаҳо амал менамояд. Сиёсати молиявии корхонаҳо фа-ъолияти максадноки менеҷерҳои молиявӣ барои ноил гаштан ба ҳадафхои муайян мебошад. Ҳадафҳои сиёсати молиявии корхонаҳо чунинанд:
-
фаъолият карда тавонистани корхона дар шароити му-боризаи ракобатнок;
-
кам кардани хатари муфлисшавй ва нокомиҳои кало-ни молиявӣ;
-
пешсафӣ дар мубориза бо рақибон;
-
ба ҳадди ниҳоӣ расонидани арзиши бозории корхона;
-
таъмини устувории суръати болоравии иқтидорхои иқтисодии корхона;
-
афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯш;
-
ба андозаи ниҳой расонидани фоида;
-
ҳар чӣ камтар намудани хароҷот;
-
зиёд намудани даромаднокӣ ва гайра.
Достарыңызбен бөлісу: |