12.2. Низомн бонкй ва зинаҳои он
Низоми бонкӣ гуфта маҷмӯи ташкилотҳои молиявию қарзиеро меноманд, ки дар бозори қарзӣ амал карда, бо ҷалбкунӣ ва ҷойгиркунии воситаҳои пулӣ машгул мебошанд.
Вобаста аз сохтор ва тарзи фаъолияти низоми бонкӣ ба иқтисодиёти давлат баҳо медиҳанд. Низоми бонкӣ вобаста аз сохтори давлатӣ якзинагӣ ва дузинагӣ мешаванд.
Низоми бонки якзинагӣ ҳамон вақт чой дорад, ки дар дав-лат ҳамаи бонкҳо, бонкҳои давлатӣ мебошанд.
Низоми бонкӣ ҳамчун нишонаи нқгисоднёти бозории пеш-рафта метавонад танҳо дузинагӣ бошад:
-
зинаи якум - бонки марказӣ;
-
зинаи дуюм - бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ. Низоми бонкии ҶТ дузинагӣ буда, зинаи якуми онро Бон-
ки миллии Тоҷикистон ва зинаи дуюмро бонкҳои тиҷоратию ташкилотҳои молиявии гайрибонкӣ ташкил мекунанд.
ззз
МОЛИЯ ВА ҚЛРЗ
Ш
12.3. Бонки марказй (Бонки миллии Тоҷикистон) ва вазифаҳои ои.
Бонкҳои марказӣ зинаи якум ва асосии низоми бонкии
давлатро ташкил мекунанд. Бонкҳои маркази, асосан даро
ни давлат ва иқтисодиёт миёнарав мебошанд. Бонкҳои млр
казии ҳар як давлат ба худ номҳои гуногун доранд, масала.,
дар ИМА - Низоми захиравии федералӣ, дар Русия - ьон
марказӣ, дар Ҷопон - Бонки Ҷопон, дар Ҷумҳурпи Тоҷикистон
- Бонки миллии Тоҷикистон. _ -
Бонки миллии Тоҷикистон моликияти давлати ҳисоо ме-ёбад. Фаъолияти БМТ дар ҳудуди ҶТ дар асоси қонуниҶ1 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба роҳ монда шул аст. БМТ боики марказии интишоргари пул ва заҳиравиме-бошад. Он дар зери ҳимояи давлат қарор дошта, дар назд Мачлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ *^*""** Соли 1991 Шӯрои Олии ҶТ дар асоси ^^ӣТтТг^ раи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2*-оьл^1 ^ №332 Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ^шу^ Мувофиқи қарори Маҷлиси Олии ҶТ соли 19961 номи БМҶТ ба БМТ иваз карда шуд. Аз ҳамон рӯз инҷониб ЬМ1 ҳамчун бонки марказии ҶТ фаъолият карда истодааст. Мақсадҳои асосии БМТ ин:
а) нигоҳдории қурби харидории асъори милли;
б) мустаҳкам намудан ва ривоҷ додани иизоми бонки д*р
ҶТ'в) таъмин намудани фаъолияти мунтазами ҳисоббаро-
баркуниҳо. _ _га „,„„.
Бонки миллии Точикистон аз дастгоҳи маркази ва шаш
идораҳои минтақавӣ иборат мебошад.
Бонки миллии Тоҷикисток ҳамчун бонки маркази вази
фаҳои зеринро иҷро мекунад: „„,„„„
- сиёсати пулию қарзй ва асъории ҶТ-ро таҳия мекунад
ва онро дар амал татбиқ мекунад;
334
МЛВЗУИ 12. НИЗОМИ ҚЛРЗИИ ҶУМХУРИИТОҶИКИСТОН ВАТАШКИЛИ 011
-
ҳамчун бонкир ё хазинадори давлат баромад мекунад;
-
таҳлили иқтисодй ва пулӣ мегузаронад, дар асоси он ба Хукумати ҶТ доир ба танзими муомилоти иулӣ тадбирҳои ху-дро пешниҳод мекунад;
-
ба бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои карзй иҷозатнома медиҳад, фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад ва аз болои фаъолияти онҳо назорат мебарад;
-
ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзй қарз медихад;
-
самаранокии низоми пардохтҳои байнибонкиро таъмин менамояд ва аз болои онҳо назорат мебарад;
-
ба таври ипҳисорӣ (монополӣ) интишоргари пули миллӣ мебошад;
-
захираҳои тиллоию асъории давлатро нигох медорад;
-
тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон инчунин, меъёри захирахои ҳатмиро барои бонкхои тиҷоратӣ муайян мекунад,ки хамаи бонкҳои тиҷоратӣ бояд фоизи муайянеро аз маблагҳои депо-зитияшон дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд.
12.4. Бонкҳои тиҷорагй ва вазифахои онҳо
Бонкҳои тиҷоратӣ зинаи дуюми низоми бонкиро ташкил медиханд. Бонки тиҷоратй ташкилоти карзии ғайридавлатӣ буда, дар асоси фаъолияти соҳибкорӣ амалиётҳои бонкӣ ме-гузаронад. Бонки тиҷоратй барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ аз БМТ иҷозатнома мегирад.
Дар каламрави ҶТ бонкҳои тиҷоратй фаъолияти худро дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба роҳ ме-монад. Бо маънои васеъаш бонки тиҷоратй ин шахси ҳукуқӣ буда, мақсади асосии вай дар асоси фаъолияти миёнаравиаш дар байни субъектҳои хоҷагидор гирифтани фоида мебошад.
Дар санаи 1.07.2010с. дар ҳудуди ҶТ 14 бонки тиҷоратӣ фаъолият менамояд:
1. ҶСК «Агроинвестбонк».
335
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
-
ҶСК «Ориёнбонк».
-
ҶСК «Тоҷиксодиротбонк».
-
ҶСП БСТТТСТ «Тоҷпромбонк».
-
ҶСК «Бонки Эсхата».
-
ҶСП «Кафолатбонк».
-
ҶСК «Соҳибкорбонк».
-
БДА ҶТ «Амонатбонк».
-
ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон».
10. ҶСП «Фононбонк»
-
ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд»
-
Шӯъбаи бонки «Тиҷорат»-и Ҷумҳурии исломии Эрон дар ш. Душанбе.
-
ҶСП «Акссссбонк».
-
ҶСП «Казкоммерсбонк-Тоҷикистон»
Вобаста ба пешравй ва рушди хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳар як давру замон бонкҳо вазифаҳои гуногунро иҷро мекар-данд.
Аз нуқтаи назари он ки бонк миёнарави молиявии мах-сус мебошад, вай метавонад чунин вазифаҳоро иҷро намояд:
-
Ҷалби маблагҳои мувақатан озод ва ба сармоя табдил додани онҳо.
-
Миёнаравӣ дар амалиётҳои қарздиҳӣ.
-
Гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳо бай-ни субъектҳои хоҷагидор.
-
Маслиҳатдиҳй ва пешниҳод кардани маълумотҳои мо-лиявӣ ба муштариёи.
Хар яки ин вазифаҳоро мухтасар чунан шарҳ додан мум-кин аст.
Бонкҳо маблагҳои мувақатан озоди шахсони ҳуқуқй ва воқеиро дар шакли пасандозҳо ва депозитҳо ҷалб мекунанд. Ин маблагҳои ҷалбшуда ба сармояи қарзӣ табдил дода мешаванд, ки (сармояи қарзй - сармояи пулиест, бо мақсади соҳибкорӣ истифода бурда мешавад ва ба қарз дар асоси принсипҳои
336
МАВЗУИ 12. ННЗОМИ ҚаРЗИИ ҶУМҲУРИН ТОҶИКИСТОИ ВЛ ТАШКИЛИ ОН
қарзӣ пешниҳод карда мешавад) баъдан бонк онҳоро ба дига-роп ҳамчун қарз пешниҳод мекунад.
Дар иқтисодиёт қарздиҳандагон ва қарзгирандагон бе иш-тироки бонкҳо муносибатҳои карзӣ ташкил карда наметаво-нанд. Чунки дар байни.онҳо баъзе мушкилотҳо, ба монанди мувофиқ наомадани ҳаҷми маблаги қарзй, мутобиқ наомадани мӯҳлати пардохти қарз, қонеъ накардани меъёри фоизи қарзӣ ва ғайраҳо, ба миён меояд. Ин мушкилиҳоро бонк ҳамчун мие-нарави молиявӣ дар иқтисодиёт ҳал мекунад. Ба ивази ин хиз-мати худ, бонк ҳаққи хизматрасонии худро мегирад.
Тамоми ҳисоббаробаркуниҳо байни субъектҳои хоҷагидор тавассути ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ гузаронда меша-вад. Бонкҳо ҳамчун миёнарав дар ҳисоббаробаркуниҳо бо супориши мизоҷон аз суратҳисоби онҳо маблағҳои пули-ро ба дигар суратҳисобҳо ва маблагҳои дохилшавандаро ба суратҳисоби онҳо мегузаронанд. Бо вусъатёбӣ ва пешравии техника ва тсхнологияҳои нави бонкӣ рӯз то-рӯз тарЗҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо пайдо шуда истодаанд, ки боиси сарфаи вақт дар низоми ҳисоббаробаркуниҳо мегардад.
Яке аз вазифаҳои нав ва ҳозиразамони бонкҳо ин масли-ҳатдиҳӣ ва пешниҳод кардани маълумотҳои молиявӣ мебошад. Бонкҳо маълумотҳои зиёди иқтисодиро доро буда, ба мизоҷони худ барои ҳалли мушкилиҳои молиявию иқтисодиашон мас-лиҳатҳои муфид медиҳанд. Онҳо ҳолатҳои молиявии мизоҷони худро таҳлил намуда, роҳҳои хубтар ба роҳ мондани фаъоли-яти онҳоро пешниҳод мекунанд. Бо пешравии муиосибатҳои бозорӣ нақши ин вазифаи бонкҳо низ боло меравад.
12.5. Ташкилотҳои қарзии хурд ва фаъолияти онҳо Ташкилоти қарзии хурд - ташкилоти тиҷоратии маблаг-гузории хурд, ки дар асоси ичозатнома фаъолият менамояд, қарзҳои хурд медиҳад ва дигар хизматҳо мерасонад.
Ташкилотҳои маблаггузории хурд фаъолияти худро дар доираи салоҳияти пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии То-
337
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
ҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо қабул карда шудаанд, мустақилона ташкил ва амалй менамоянд.
Ташкилотҳои маблағгузории хурд барои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ва БМТ барои ӯҳдадориҳои ташкилоти маблағгузории хурд ба истиснои ихтиёран ба зиммаи худ ги-рифтани онҳо ҷавобгар нестанд.
Ташкилоти амонатии карзии хурд ва ташкилоти карзии хурд дар шакли чамъияти саҳҳомии пӯшида ё ҷамъияти до-рои масъулияти махдуд таъсис дода шуда, фонди қарзии хурд дар шакли фонди ҷамъиятй ташкил дода мешавад, Шахсони воқей ва ҳуқукй, резидентҳо ва гайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муассисони ташкилотҳои маблаггузории хурд бошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди ниҳоии имконпазири қарзи додашавандаро бо санадхои меъёрӣ муайян менамо-яд. Бонки миллии Тоҷикистон хак дорад санадҳои меъёрие қабул намояд, ки хадди аксари маҷмӯи саҳмияхои ба муас-сисони ташкилоти амонатии кредитии хурд тааллукдоштаро маҳдуд менамоянд.
Муносибати байни ташкилотҳои маблағгузории хурд ва муштариён дар асоси шартнома амалӣ мегардад.
Дар шартнома бояд меъёрхои фоизӣ аз рӯи қарзи хурд, ар-зиши хизматрасонӣ ва мӯхлати иҷрои онҳо, аз чумла мӯхлати баррасии ҳуҷҷатҳои пардохт, масъулияти тарафҳо барои вай-рон кардани шартнома ва дигар шартҳои муҳими он нишон дода шаванд.
Ташкилоти амонатии қарзии хурд метавонад намудхои зе-рини фаъолиятро ҳангоми мавҷуд будани иҷозатнома анчом диҳад:
-
кабули амонати шахсони воқей ва ҳукуқӣ;
-
додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин);
338
МЛВЗУИ 12, НИЗОМИ ҚАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВЛ ТЛШКШ1И ОН
-
анҷом додани амалиёти хазинавӣ: қабул, бозшуморӣ, хурдсозй, ивази купюр, бастабандӣ ва нигоҳдории пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
-
додани кафолат мутобиқи маблаги ҳадди аксари қарзи пардохтнашуда барои қарзи хурд, ки барои як муштарӣ му-қаррар шудааст;
-
додан ва қабул намудани кортҳои пардохт;
-
кушодан ва пеш бурдани суратхисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
-
анҷом додани амалиёти интиқолӣ бо фармоиши муш-тариён;
-
анҷом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ.
Илова ба намудҳои фаъолияте, ки дар боло нишон дода шудаанд, ташкилоти амонатии қарзии хурд метавонад:
—ба муштариёни худ ва муштариёни имконпазир хизматҳои машваратӣ ва иттилоотӣ расонад;
-
оид ба иҷораи молиявӣ амалиёт анҷом диҳад, ба шарте ки маблаги аҳди молиявӣ (лизингй) бо як муштарӣ (бо тарҳи фоизҳои ҳисобкардашуда) набояд аз маҳдудиятҳое, ки нисбат ба қарзҳои хурд истифода мешаванд, зиёдтар бошад;
-
қарзгирии маблағҳои пулӣ (ба гарав гузоштани амволи шахсӣ ё ба тариқи дигар);
-
нисбат ба ӯҳдадориҳои пардохти тарафи саввум ҳуқуқи талабкуниро ба даст орад;
-
амволеро, ки мутобиқи шартҳои гарав харидорӣ шуда-аст, ба фурӯш барорад.
Ташкилоти амонатии қарзии хурд метавонад бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ маблагҳои пулӣ қарз гирад. Ташкилоти амо-натии қарзии хурд метавонад бо асъори хориҷӣ дигар навъҳои фаъолиятро, бо гузаштани як соли фаъолият ва ба шарте ки ташкилоти амонатии қарзии хурд иҷозатномаи иловагиро бо нишон додани он намудҳои фаъолият бо асъори хориҷӣ амалӣ карда мешаванд, гирифта бошад, анҷом диҳад. Иҷозатномаи (литсензияи) иловагӣ дар сурати дар ташкилоти амонатии
339
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
карзии хурд мавҷуд будани коршиносони дахлдор ва таҷҳизоти муосири муросилотӣ, ҳамчунин ба шарти фаъолияти безиё-ни вай ва иҷрои талаботи меъёрҳои иқтисодИ дода мешавад.
Ташкилоти амонатии қарзий хурд наметавонад дар ягон ҳолат чунин намудҳои фаъолиятро мисли савдо, истеҳсол ва сугурта анҷом дихад.
Нисбати кафолати амонатҳои шахсони вокеие, ки ташки-лоти амонатии қарзии хурд чалб меиамоянд, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати амонатҳои шах-сони вокеӣ» тадбиқ мегарданд.
Онҳо ҳуқуки баровардани коғазҳои кимматнокро надорад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устуво-рии молиявии ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорони онҳо, ҳамчунин дастгирии усту-вории ннзоми пулню қарзни Ҷумҳурни Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ ба воситаи муқарррар кардани меъёрҳо ва дигар талабот бо роҳи қабули санадҳои меъёрие, ки тибқи Қонуни мазкур қабул карда мешаванд, фаъолияти ташкилотҳои амо-натип қарзин хурдро ба танзим медарорад ва назорат мекунад.
12.6. Амалиётхои бонкӣ
Дар шароити иқтисоди бозорй нақши бонкҳо дар пешра-вии иқтисодиёт рӯз то рӯз афзун мегардад. Моҳияти асосии бонкҳоро хизматрасониҳои бонкӣ ё амалиётҳои бонкй равша-ну возеҳ мегардонанд.
Дар давлатхои таракикардаи ҷахон бонкхо ба хамаи субьектхои хоҷагидор аз шахсони воқеӣ сар карда, то ба кор-хонаҳои бузург зиёда аз 300 намуди хизматрасониҳоро пеш-ниҳод мекунанд.
Амалиёти бонкй умуман ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, амалиётҳои пасспвӣ ва амалиётхои активӣ.
Амалиёти пассивии бонк ин амалиёте мебошад, ки дар асоси гузарондани онҳо захираҳои пулии бонк ташкил кар-да мешавад.
340
МАВЗУИ 12. НИЗОМИ ҚАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВЛ ТАШКИЛИ ОИ
Амалиёти активии бонк ин фаъолияти бонкиест, ки воси-таҳои молиявии худӣ ва ҷалбгардида барои ба даст оварда-ни фоида сафарбар мешаванд. Амалиёти активӣ ва амалиёти пассивии бонкҳо бо ҳам алоқамандии зич доранд. Дар асоси амалиёти пассивии бонк, амалиёти активии он ташкил кар-да мешаванд.
Бонкҳо дар асоси гузаронидани як қатор амалиётҳо даро-мад ба даст меоранд, ки аз даромадҳои фоизӣ ва даромадҳои ғайрифоизӣ иборат аст.
Хароҷотҳои бонкӣ ин ҳамаи он хароҷотҳое, ки бонк дар ҷараёни фаъолияти молиявиаш мегузаронад.
Хароҷотҳои бонкӣ низ ба монанди даромадҳои бонкӣ ба хароҷотҳои фоизӣ ва хароҷотҳои гайрифоизй тақсим мешаванд.
12.7. Сиёсати пулиго қарзии давлат
Сиёсати пулию қарзӣ ин маҷмӯи чорабиниҳои давлати-ест, ки барои ба танзим даровардани ҳаҷми пули дар муоми-лот буда, ҳаҷми қарз, андозаи нархҳо ва сатҳи фоизи қарзй равона карда шудааст.
Мақсад аз гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ ин ба танзим даровардани иқтисодиёт тавассути нишондиҳапдаҳои иқтисодӣ (фоизи қарз, ҳаҷми пул, сатҳи нархҳо, суръати гардиши пул, сатҳи таваррум) мебошад.
Мақсад аз гузаронидани ин гуна сиёсат ин таъмин карда-ни қурби харидории асъори миллӣ нисбат ба дигар асъорҳои хориҷӣ мебошад. Сиёсати пулию қарзӣ бо дигар сиёсатҳои иқтисодие, ки давлат пеш гирифтааст алоқамандии зич дорад. Бонки миллии Тоҷикистон мақомоти давлатии тартиб-диҳанда ва гузаронандаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории ҶТ мебошад. БМТ барои амалӣ гардондани вазифаҳои худ дар доираи сиёсати пулию қарзӣ чунин фишангҳоро истифо-да мебарад:
- танзими меъёри қарздиҳӣ;
341
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
-
меъёри захираҳои ҳатмие, ки бонкҳо дар БМТ мегузо-ранд;
-
амалиёт дар бозори кушод;
-
қарздиҳӣ ба бонкҳо;
-
батанзимдарории ҳаҷми пул ва ғайраҳо.
Дар навбати худ ин фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба ду гурӯх тақсим мешаванд:
■ 1. Фишангҳои мустақими сиёсати пулию карзӣ;
а) муайян кардани меъёри қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳо;
б) ба танзимдарории меъёри фоизи қарзй;
в) тағйирот дар меъёри захираҳои ҳатмй.
2. Фишангҳои гайримустақими сиёсати пулию қарзӣ;
а) қарзҳои бозтамвил;
б) карзҳои музоядавӣ;
в) қарзҳои ломбардӣ;
г) барориш ва фурӯши когазҳои қиматнок.
БМТ ҳар сол на дертар аз 1-декабр ба Маҷлиси Намоя-дагони Маҷлиси Олии ҶТ сиёсати пулию қарзиро барои соли дигар пешниҳод менамояд.
Саволҳои худсанцишӣ
-
Таърих ва зинаҳои пайдоиши бонкро шарҳ диҳед.
-
Низоми қарзй чист?
-
Ҷузъҳои асосии низоми қарзӣ кадомҳоанд?
-
Сохтори низоми бонкии ҶТ.
-
Кадом намудҳои бонкҳо мавҷуданд?
-
Кадом бонкро бонки давлатӣ меноманд?
-
Сабабҳои пайдошавии бонкҳои марказӣ?
-
Бонки миллӣ кадом вазифаҳои асосиро иҷро мекунад?
-
Чӣ хел БМТ танзими пулию қарзиро амалй мекунад?
-
Чӣ хел БМТ фаъолияти бонкҳоро танзим мекунад ва назорат мебарад?
-
Кадом амалиётҳоро бонкҳои тиҷоратӣ мебаранд.
342
МАВЗУИ 12. ННЗОМИ ҚЛРЗИИ ҶУМҚУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАШКИЛИ 011
-
Амалиётҳои активии бонкҳои тиҷоратиро кадом ама-лиётҳо ташкил медиҳанд?
-
Кадом амалиётҳо, амалиётҳои пассивии бонкҳои ти-ҷоратӣ шуморида мешаванд?
-
Ташкилотҳои молиявии ғайрибонкиро ба гурӯҳҳо ҷудо намоед.
-
Асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд аз чӣ ибо-рат аст?
Тестҳо
1. Низоми бонкП дар бар мегирад:
а) Бонки марказӣ, ташкилоти қарзӣ, биржаҳо ва
фондҳои сармоягузорӣ;
б) Бонки марказӣ, ташкилоти қарзӣ ва ассотсиат-
сияҳои онҳо;
в) Бонки марказӣ, ташкилоти қарзӣ, ассотсиатсияҳоп
онҳо ва корхонаҳои суғуртавӣ;
г) Бонки марказӣ, ташкилоти қарзӣ, корхонаҳои
суғуртавӣ ва фондҳои сармоягузорӣ.
2. Бонки тиҷоратӣ - ин ташкилотест, ки таъсис ёфтаасг
барои:
а) ҷалби воситаҳои пулӣ ва ҷойгиркунии онҳо аз
номи худ ва аз ҳисоби худ бо шартҳои баргардонӣ,
музднокӣ ва мӯҳлатнокй;
б) ҳимояи манфиатҳои молумулкии алоқаманд бо
молу мулк ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон;
в) ҳимояи манфиатҳои кооперативҳои қарзий шаҳр-
вандон;
г) ҳимояи манфиатҳои давлат.
3. Маҷмӯи амалиётҳое, ки барои ташаккули захираҳон бон-
ки тиҷоратӣ равона шудаанд, - ин:
а) амалиётҳои активӣ;
б) амалиётҳои пассивӣ;
в) амалиётҳои комиссионй;
343
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
г) амалиётҳои активй-пассивй.
4. Амалиётхои активии бонк вобаста аз таркиби иқтисодии
онҳо таксим мешаванд ба:
а) сармоявй;
б) иттилоотӣ;
в) хазинавӣ-хисоббаробаркунӣ;
г) хизматрасонӣ.
5. Ба амалиётҳои пассивӣ мансубанд:
а) амалиётҳои трастӣ;
б) амалиётҳои карзӣ;
в) маблаггузорӣ ба сармояи оинномавй;
г) лизинг.
6. Бонкҳои универсалӣ амалӣ мегардонанд:
а) доираи васеи амалиётҳои бонкӣ;
б) як ё якчанд амалиётҳои бонкӣ;
в) факат амалиётҳои қарзӣ;
г) факат амалиётҳои асъорӣ.
7. Таъиноти асосии бонк - ин:
а) ҳимояи суғуртавии манфиатҳои молумулкии худ;
б) миёнаравй дар ҳаракати воситаҳои пулӣ аз қарз-
диҳандагон ба қарзгирандагон ва аз фурӯшандагон
ба харидорон:
в) таъминоти иҷтимоии шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ;
г) ҳимояи манфиатҳои молумулкии мизоҷон.
8. Бонкҳои махсусгардонидашуда амалӣ мегардонанд:
а) доираи васеи амалиётхои бонкӣ;
б) як ё якчанд амалиётҳои бонкӣ;
в) фақат амалиётҳои қарзй;
г) доираи васеи амалиётҳои бонкӣ, як ё якчанд
амалиётҳои бонкӣ;
9. Зерсохтори алоҳидаи бонки тиҷоратй, ки берун аз мако-
ни бонк ҷойгир аст, хуқуки шахси хукукиро соҳиб нсст ва та-
возуни худро надорад, - ин:
а) филиал;
344
МАВЗУИ 12. НИЗОМИ ҚАРЗИИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ВЛТА1ПКИЛИ 011
б) ассотсиатсия;
в) намояндагӣ;
г) шӯъба.
10. Муврфики кадом Қонун, бонкҳо амалиётхои асъори-
ро мебаранд?
а) Қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъ-
ор»;
б) Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»;
в) Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»;
г) Қонун «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)».
11. Қурби асъор - ин:
а) нархи тилло дар бозори ҷаҳонй;
б) нарх ё арзиши асъори миллии бо асъори хориҷй
ифодашуда;
в) нархи саҳмия дар биржахои фондй;
г) арзиши як асъори хориҷӣ ба асъори хориҷии дигар.
12. Дар шароити иқтисоди бозорӣ қурби расмни асъори мил-
лиро муайян мекунад:
а) Бонки миллии Тоҷикистон;
б) Ҳукумати ҶТ;
в) бозор, дар асоси талабот ва таклифот;
г) Вазорати молия.
13. ҒОКЕХ - ин бозори:
а) саҳмияҳо;
б) вомбарг;
в) пулӣ;
г) тилло.
Истилоҳ ва мафҳумҳо
Бонк - ташкилоти қарзие мебошад, ки барои ҷалби восита-хои пулии озоди шахсони ҳукуқӣ ва вокеӣ, ҷойгиркунии онхо аз номи худ ва аз ҳисоби худ, бурдани ҳисоббаробаркуниҳо бо супориши мизоҷ ташкил шудааст ва мақсади асосии он ги-рифтани фоидаи максималӣ мебошад.
345
МОЛИЯ ВА ҚДРЗ
Низоми бонкӣ - маҷмӯи ташкилотҳои молиявию қарзиест, ки дар бозори қарзӣ амал карда, бо ҷалбкунй ва ҷойгиркунии воситаҳои пулӣ машғул мебошад.
Боики марказӣ бонке мебошад, ки сармояи оинномавии онро пурра ё зиёда аз 50 фоизашро давлат ташкил додаа-аст, ба таври монополӣ интишоргари пул ва захираҳо буда, нигоҳдории қурби харидории асъори миллӣ, мустаҳкам на-мудан ва ривоҷ додани низоми бонкӣ дар мамлакат ва фаъо-лияти мунтазами ҳисоббаробаркуниҳоро таъмин менамояд.
Бонки давлатӣ - ин бонкест, ки сармояи оинномавии онро пурра ё зиёда аз 50 фоизашро давлат ташкил додаааст.
Бонки тиҷоратй ин шахси ҳуқуқӣ буда, мақсади асосии вай дар асоси фаъолияти миёнаравиаш дар байни субъектҳои хоҷагидор гирифтани фоида мебошад.
Амалиёти пассивии бонк ин амалиёте мебошад, ки дар асоси гузарондани онҳо захираҳои пулии бонк ташкил кар-да мешавад.
Амалиёти активии бонк ин фаъолияти бонкиест, ки во-ситаҳои молиявии худӣ ва ҷалбгардида барои ба даст овар-дани фоида сафарбар мешаванд.
Ташкилоти қарзии хурд ин ташкилоти тиҷоратии маблағ-гузории хурд, ки дар асосп иҷозатнома фаъолият менамояд, қарзҳои хурд медиҳад ва дигар хизматҳо мерасонад.
Сиёсати пулию карзӣ ин маҷмӯи чорабиниҳои давлати-ест, ки барои ба танзим даровардани ҳаҷми пули дар муоми-лот буда, ҳаҷми қарз, андозаи нархҳо ва сатҳи фоизи қарзӣ равона карда шудаасг.
Қурби асъор ин арзиши як асъори хориҷӣ ба асъори хо-риҷии дигар аст.
346
МАВЗУИ 12. НИЗОМИ КАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАШКИЛИ ОН
Адабиёт
-
Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
-
Конуни ҶТ «Дар бораи Бонки милли Тоҷикистон»
-
Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)
-
Ашуров Н., Ашуров А.Н. Муомилоти пул ва карз. - Душан-бе, «Матбуот», 2006. - С. 134-146.
-
Деньги.Кредит. Банки: Учебник для вузов / Под ред. ака-демика РАЕН Е.Ф.Жукова.-2-е изд., перераб. и доп. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2003. - С. 204-272.
-
Деньги, кредит, банки. Экспресс - курс: Учебное пособие / Под ред.д-ра экон. наук, проф. О.И.Лаврушина. - М.: КНО-РУС, 2005. - С. 173-298.
-
Корчагин Ю.А. Деньги. Кредит Банки / Ю.А.Корчагин. - Ро-стов н/Д.: Феникс, 2006. - С. 253-279.
-
Раҳимзода Шариф. Муомилоти пулӣ ва карз - Душанбе, Эр-Граф, 2008. - С. 290-302.
-
Финансы. Денежное обрашение. Кредит: Учебник для ву-зов /Под ред. проф. Г.Б.Поляка. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2-е изд. 2003. - С. 379-418.
МУНДАРИҶА
Пешгуфтор 3
Сарсухан 6
БОБИ I. ПУЛ. МУОМИЛОТИ ПУЛӢ.
НИЗОМИ ПУЛИ 8
Мавзӯи 1. Моҳият, вазифахо ва намудҳои пул 8
-
Пайдоиш ва моҳияти пул 8
-
Вазнфаҳои пул 14
-
Вазнфан пул ҳамчуи ченаки арзиш . 14
-
Вазифаи пул ҳамчун воситаи муомилот 17
-
Вазифаи пуп ҳамчук воситаи андӯхт 18
-
Вазифаи пул хамчун воситаи пардохт 20
-
Вазифаи пулҳой чаҳонй 22
-
Накши пул дар иктисоди бозорй 24
-
Намудҳои пул 26
-
Пулхои ҳакмқӣ 26
-
Ҷонишини пулҳои ҳакикй (аломатхои арзишй) 27
Мавзӯи 2. Муомилоти нулӣ ва низоми пулй 43
2.1. Муомилотн пулӣ: моҳият, муомилоти накдӣ
ва гайринакдй , 43
-
Муомилоти пулт! накдй 44
-
Муомилоти пулии гайринакдӣ 49
-
Ҳаҷми пул.... ■. 55
-
Қонуни муомилоти пулй 57
-
Суръати гардиши пул 59
-
Нмзоми пулй 61
Мавзӯи 3. Таваррум 78
3.1. Мохмяти таваррум 78
348
-
Омилхо ва шаклхои зухури таваррум 79
-
Шаклхои таваррум.... ^О
-
Ченкунӣ ва баходии таваррум 83
-
Намудхои таваррум 85
-
Окибатҳои ичтимошо иктисодии таваррум 86
-
Самтхои асосии сиёсати зиддитавррумӣ 87
БОБИ 2. МОЛИЯ. НИЗОМИ^МОЛИЯВӢ.
МОЛИЯИ ДАВЛАТИ 99
Мавзӯи 4. Молия ва низоми молиявӣ 99
-
Мохиятц иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ахамияти молия 99
-
Вазифахои мопия 106
-
Захирахои молиявӣ 112
-
Таъмини молиявии такрористсхсоли васеъ 115
-
Низоми молиявӣ ва тавсифи мухтасари
кисмхои асосии он 117
Мавзӯи 5. Сиёсати молиявӣ ва идоракунии молиявӣ 134
-
Мафхум ва вазнфахои сиёсаги молиявӣ 134
-
Шаклҳои сиёсати молиявӣ 139
-
Мсханизми молиявй дар шароити иктисоди
бозорӣ 143
-
Мохият, ҳадафхо ва усулҳои идоракунии молиявӣ ... 146
-
Идоракунии молиявӣ дар Ҷумхурин Точнкистон 149
Мавзӯи 6. Назоратц молиявӣ 164
6.1. Мохият, зарурат, ахамияти назорати молиявй
ва рушди он дар шароити иктисоди бозорӣ 164
-
Намудхо ва шаклхои назорати молиявӣ 166
-
Усулхои лазорати молиявӣ !7)
-
Назорати давлатии молиявӣ дар
Ҷумхурии Точикистон 173
349
6.5. Назорати аудиторй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 179
Мавзуи 7. Молияи давлатии Ҷумқурии Тоҷикистон 190
7.1. Моҳияти иҷтимоӣ-иктисодии буҷети давлатӣ
ва нақши он ■. 190
7.2. Сохти буҷетӣ ва низоми буҷетии
Ҷумҳурии Точикистон !93
-
Муносибатҳои байнибуҷетӣ 196
-
Таснифи буҷетӣ 198
-
Таркиб ва сохти даромадҳои бучети давлатй ва буҷетҳои маҳаллӣ 202
-
Таркиб ва сохти хароҷоти буҷети давлатӣ ва буҷстҳои маҳаллӣ 207
-
Раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 213
7.7.1. Тартиби таҳия, пешниҳод, баррасӣ, кабул ва
тасдиқи бучстҳо 218
-
Иҷрои буҷети давлатӣ 226
-
Ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ 229
7.8. Касри буҷет ва усулҳои танзими он 232
Мавзӯи 8. Фондҳои мақсадноки давлатй 246
8.1. Моҳият ва зарурати фондҳои давлатии
гайрибуҷетӣ 246
8.2. Фондҳои мақсадноки давлатии иҷтимон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон 249
8.3. Фондҳои махсуси буҷстӣ 256
Мавзӯи 9. Молияи корхонаҳо 262
-
Моҳият ва вазифаҳои молияи корхона 262
-
Принсипҳои ташкили молияи корхонаҳо 266
-
Ташкил ва истифодаи захнраҳои молиявни корхонаҳо 267
-
Фоида ва даромаднокр чун нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти корхона 270
350
9.5. Воситаҳои асосӣ ва гардони корхона 273
Мавзӯи 10. Молияи суғурта 28<»
-
Моҳияти иктисодӣ ва вазифахои сугурта 286
-
Мафҳумҳои асосии сугурта 292
103. Тавснфи мухтасари сохахои сугурта 296
БОБИ 3. ҚАРЗ. НИЗОМИ ҚАРЗӢ 313
Мавзӯи 11. Қарз ва вазифахои он 313
-
Моҳнятва шартҳои карз 313
-
Вазифахо, конунҳо ва мавкеъи карз 316
-
Намуд ва шаклхои карз 318
-
Меъёри фоизи карзӣ 322
Мавзӯи 12. Низоми қарзии Ҷумхурии Точикистон ва
ташкили он 330
12.1. Таърихи пайдоищ, мафхум, вазифахо. ва
намудхои бонкҳо 330
12.2. Низоми бонкӣ ва зинаҳои он 333
.12.3. Бонки марказӣ (Бонки миллии Тоҷикистон)
ва вазифахои он 334
-
Бонкҳои тиҷоратӣ ва вазифахои онхо 335
-
Ташкилотҳои карзии хурд ва фаъолияти оихо 337
-
Амалиётҳои бонкӣ 340
-
Сиёсати пулию қарзии давлат 341
351
Достарыңызбен бөлісу: |