Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет14/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   23

7.4. Таснифи бучетӣ

Тамоми даромадҳо ва хароҷоти буҷетҳо дар таснифи яго-наи буҷетӣ инъикос меебанд. Таснифи буҷетӣ ин гурӯҳбандии даромадҳо ва хароҷоти буҷетхои ҳамаи сатҳҳо, сарчашмаҳои маблаггузории касри буҷетҳо аст, ки барои таҳия ва ичрои бучетҳои сатххои гуногуни низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати мо-лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Таснифи буҷетӣ оиди даромадҳо ва хороҷотҳоро такмил дод, ки он 28-уми декабри соли 2004 тасдик шуда, аз 1-уми январи соли 2005 мавриди истифода карор гирифт.

Таснифи бучетӣ ин гурӯҳбандии бонизоми даромадҳо ва хароҷоти буҷетҳо дар асоси нишонаҳои якхела мебошад. Дар таснифоти буҷетӣ самтхои истифодаи мақсадноки маблагхои буҷетӣ барои фаъолияти давлат, ки аз вазифахои асосии давлат бар меоянд,' муайян карда мешавад. Таснифоти буҷетй барои таҳия ва иҷрои эуҷегҳо истифода шуда, ҳисобкунй ва ба ни-зом даровардани иттилоотро оиди ҳолати буҷет, мукоиса на-мудани нишондихандаҳои ҳамаи сатҳхои низоми буҷетӣ, яъне буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ таъмин менамояд.

198

МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-

Ҳамаи даромадҳо ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Хоникистон дар асоси нишонаи якхела гурӯҳбандӣ шуда, ба онхо ном ва раками гурӯҳ, боб, параграф, модда ва ё дигар қисми сохтории таснифоти буҷетӣ дода мешавад. Таснифи бу-ҷетй аҳамияти бузурги ташкилӣ дошта, имкон медиҳад ба тав-ри мушаххас нишон дода шавад, ки аз ҳисоби кадом соҳаҳои иқтисодиёт, гурӯҳи корхонаҳо мувофиқи шакли моликията-шон, фаъолияти соҳибкорӣ, намудҳои андозхо ва ё пардохтҳои ғайриандозӣ буҷет ташкил карда шудааст. Дар таснифи буҷетӣ инчунин бо кадом мақсад, ба кадом идораҳо ва соҳаҳо сарф шудани маблағҳои буҷетӣ нишон дода мешавад.

Таснифи буҷетӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон аз чунин на-муди таснифҳо иборат мебошад:


  1. Таснифи даромадҳои буҷетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  2. Таснифи хароҷот.

  3. Таснифи сарчашмаҳои маблағгузорӣ.

  4. Таснифи намудҳои қарзи давлатӣ.

Ба таснифи хароҷот инҳо дохил мешаванд:

  1. таснифи функсионалии хароҷоти буҷетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  2. таснифи иқтисодии хароҷоти буҷетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  3. таснифи идоравии буҷети давлатӣ.

Таснифи сарчашмаҳои маблаггузорӣ нишондиҳандаҳои зе-рииро дар бар мегирад:

1) сарчашмаҳои дохилии маблағгузории касри буҷети


давлатӣ;

2) сарчашмаҳои берунии маблағгузории буҷет.


Таснифи намудҳои қарзи давлатӣ аз инҳо иборат аст:

  1. таснифи намудҳои қарзи давлатии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  2. таснифи намудҳои қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

199

МОЛИЯВАКАРЗ

Қисми муҳими таснифи буҷетӣ таснифи даромадҳои буҷетҳои ҷумҳурӣ мсбошад. Таснифи даромадҳои бучетҳо ин гурӯҳбандии даромадхои буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо мебошад, ки аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ташкил карда мешавад.

Таснифи даромадхои буҷетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳо, зергурӯҳҳо, моддаҳо ва зермоддаҳо тақсим мешавад.

Мувофиқн Таснифоти буҷетӣ даромадҳо ва хароҷоти буҷет-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми 1 «Таснифи даромадҳо ва хароҷот» аз ҷадвалхои зерин иборат мебошад:

А. Даромадҳои давлатӣ ва грантҳо.

Б. Таснифи функсионалӣ.

В. Таснифи иқтисодии хароҷоти давлатӣ ва қарздиҳӣ бо тарҳ намудани маблаги пардохтшуда.

Г. Маблаггузорӣ бо намуди қарздиҳанда.

Д. Маблағгузорӣ дар намуди воситаи қарз.

Е. Қарзҳои пардохтнашуда дар намуди соҳиби ӯхдадории қарзӣ.

Ж. Қарзҳои пардохтнашуда дар намуди воситаи қарз.

Таснифи хароҷоти буҷет дар асоси принсипҳои зернн муай-ян карда мешавад: функсионалӣ, идоравӣ (маъмурй), иқтисодӣ.

Таснифи функсионалӣ аз қисмҳо, гурӯҳҳо зергурӯҳҳо ибо-рат аст. Қисмҳо ва гурӯҳҳо самтҳои хароҷоти маблағҳои буҷе-тиро муайян намуда, зергурӯҳҳо бошанд самтҳои мушаххаси хароҷоти маблағҳои буҷетиро нишон медиҳанд. Ҳар як қисм хароҷоти барои вазоратҳо, муассисаҳои давлатй пешбинишу-даро муттаҳид менамояд.

Принсипи идоравии таснифи хароҷоти буҷет тақсим на-мудани хароҷотро байни вазорату идораҳо ва муасссисаҳои давлатӣ дар бар мегирад.

. Таснифи икд исодии хароҷоти буҷет мувофиқп мазмуни ик-тисодии онҳо гурӯҳбандӣ мешавад. Таснифи иқтисодӣ тақсим мешавад ба:

- гурӯҳҳои хароҷот;

200

МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


  • зергурӯҳҳои хароҷот;

  • моддаҳои мавзӯӣ;

  • зермоддаҳо;

  • унсурҳои хароҷот.

Ҳамаи хароҷот мувофиқи присипи иқтисодӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешавад:

  • хароҷоти ҷорӣ;

  • ҳароҷоти асосӣ;

  • пешниҳоди қарзҳои буҷетӣ.

Таснифи сарчашмаҳои маблағгузории касри буҷетҳо аз ду қисм иборат мебошад: дохилӣ ва берунӣ.

Сарчашмаҳои дохилии маблаггузории касри буҷетҳо ипхо шуда метавонанд:



  • воридоти маблагҳо дар шакли қарзи Бонки миллии То-ҷикистон;

  • воридоти маблагҳо аз фурӯши облигатсияҳо давлатӣ, векселҳои хазинадорӣ ва гайра.

Таснифи сарчашмаҳои маблаггузории берунии касри бу-ҷетҳо қарзҳои аз ҷониби созмонҳои байналмиллалии руш-ди иқтисодӣ додашуда, қарзи Бонки ҷаҳонй, қарзи Иттиҳоди Аврупо, қарзи Хитой бо имтиёз ба мӯҳлати 20 сол ва дигар маблағгузориҳои беруниро дар бар мегирад.

Таснифи намудҳои қарзҳои дохилии давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯхдадориҳои қарзпи ҳукумат, вомбаргҳон (заёмҳои) давлатӣ, қарзҳои буҷетӣ ва гайраро дар бар мегирад.

Дар таснифи намудҳои қарзҳои берунии давлатӣ қарзҳои аз ҳисоби созмонҳои байналмиллалии молиявӣ ва дигар мам-лакатҳо гирифташуда дохил мешавад.

7.5. Таркиб ва сохти даромадҳои буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ

Даромадҳои. бучети давлатӣ муносибатҳои иқтисодиеро ифода менамояд, ки байни давлат ва корхонаҳо, ташкилоту

201

МОЛИЯВАҚЛРЗ

муассисаҳо, аҳолӣ дар ҷараённ ташкили фонди пулии марказо-иидашуда, яьне буҷети давлатӣ ба вуҷуд меоянд. Даромадҳои буҷети давлатӣ як қисми ММД ва даромади миллй (ДМ) аст, ки тавассути ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳо мувофиқи қонунгузории буҷетию андозӣ ташкил шудааст.

Буҷети давлатӣ ва буҷетҳои сатҳи гуногун аз ҳисоби сар-чашмаҳои мухталифи даромад ташкил карда мешаванд. Тақ-симкунии сарчашмаҳои алоҳидаи даромадҳо байни буҷетҳои сатҳи гуногун тавассути танзими андозӣ сурат мегирад.

Якчанд усулҳои танзими даромадҳои буҷетҳоро фарқ ме-кунанд:



  • вобаста кардани намудҳои гуногуни даромадҳо, андозҳо ба буҷетҳои сатҳи гуногун (даромадҳои вобасташуда);

  • муқаррар намудани меъёрҳои ҷудокунии даромадҳо ва андозҳо аз буҷетҳои сатҳи болоӣ ба буҷетҳои сатҳи поёнӣ (тан-зими даромадҳо);

  • тақсим кардани андозҳо ва даромадҳо байни буҷетҳои сатҳи гуногун дар шакли иитиқоли маблагҳо, ба монанди кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенция) (дарамадҳои танзимшаванда).

Даромадҳои вобасташуда даромадҳое мебошанд, ки дар асоси қонунгузории амалкунанда ба таври доимӣ пурра ё қисман ба буҷетҳои муайян вобаста карда мешаванд.

Танзими даромадҳои буҷетҳои сатҳи гуногун бо мақсади таьмини тавозуннокии буҷетҳо гузароиида мешавад. Барои иҷрон ин мақсад даромадҳои танзимшаванда аз ҳисоби андозҳо ва даромадҳои буҷетҳои сатҳи болоӣ ба буҷетҳои сатҳи поёнӣ равона карда мешаванд.

Андозҳо ва даромадҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ҷудошаванда даромадҳои танзимшаванда номида мешаванд. Ҳаҷг^и даромадҳои танзимшаванда барои ҳар сол ҳаигоми тасдиқи Қоиуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷсти давлатии Ҷумҳурии Тоҷнкистон» тасдиқ карда мешавад.

202


МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боран молияи давпатии Ҷумхурии Тоҷикистон» даромад-хои буҷети ҷумҳуриявӣ аз даромадҳои андозӣ, гайриандозӣ, йнчунин аз воридоти маблагҳои беподош иборат мебошанд.

Ба даромадҳои андозӣ инҳо дохил мешаванд:

- андозҳои умумидавлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ, ки феҳристу меъёри онҳоро қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян намудааст. Таносуби тақсими андозҳои мазкур дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ мукаррар мегардад.

Низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду сатҳ иборат аст: андозҳои умумидавлатӣ; андозҳои маҳаллӣ.

Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурин Тоҷикистон андозхои умумидавлатӣ инҳоанд:



  1. андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);

  1. андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

  2. андоз аз арзиши иловашуда;

  3. аксизҳо;

  4. андози замин;

  5. андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин;

  6. андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

  1. андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта ме-шавад;

  2. андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;




  1. андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);

  2. андози хадди ақал аз даромадҳо;

  3. боҷи гумрукй ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;

  4. андози иҷтимоӣ;

  5. боҷи давлатй;

  6. андоз аз махсулоти коркарди молҳо;

ш

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

  1. роялти барои об;

  2. дигар пардохтҳои ҳатмии ҷумҳуриявӣ.

Таҳлили воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ нишон ме-диҳад, ки дар солҳои 2005-2009 ҳаҷми воридоти андозҳо афзу-да, дар-соли 2007 - 94,6%,, 2008 - 95,8%,, соли 2009 - 98,7%,-ро ташкил намуд /11/.

Аз ҳаҷми умумии даромадҳои андозии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазни қиесии андоз аз арзиши илова-шуда аз ҳама бештар мебошад (соли 2007 - 44,5%,, 2008 - 46,6%, 2009 - 34,6%,) /11/.

Ҳангоми таҳлили сохти воридотҳои андозй дар ҷамъбасти соли 2009 днда мешавад, кй 8,7% воридоти андозӣ ба андозҳои иҷтимоӣ, 11%, - ба андоз аз даромади шахсони воқеӣ, 2,6%> -ба андоз аз фурӯш, 2,9%, - ба аксизҳо, 6,2%, - ба пардохтҳои гумрукй ва 2,6%, - ба андоз аз амвол ва замин тааллук дорад /11/.

Ба андозҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд:



  1. андоз аз амволи ғайриманқул;

  2. андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

  3. андоз аз фурӯши чакана;

  4. дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.

Ба даромадҳои гайриандозй инҳо дохил мешаванд:

  • даромад аз хизмати пулакӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетии тобеи мақомоти мазкур расонида мешавад;

  • фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон тибқи меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

  • даромад аз фурӯши захираву пасандозҳои давлатй, фо-изи сармоягузории давлатӣ, суди (дивиденди) саҳмия аз до-роии молиявй;

  • воридоти маблаги бо тартиби ҷазоҳои ҷиноятӣ ва маъ-мурӣ ба фоидаи давлат ситонидашаванда.

204

МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамчунин ба даромади буҷети ҷумҳуриявй аз хисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ тааллук доранд:



  • грантҳо ва дигар маблагҳои беподош, ки аз шахсо-ни вокеӣ, хукукӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, хукуматҳои кишвархои хориҷӣ ворид мешаванд;

  • маблаге, ки.дар натиҷаи ҳисоббаробаркунии байни бу-ҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меояд;

  • маблағҳое, ки аз истифода ва фурӯши амвол ворид ме-шаванд, ҳамчунин қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ берун аз даромад ҳамчун манбаи маблаггузории касри буҷет истифода мешаванд.

Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон сол аз сол меафзояд. Маълумотҳои дар ҷадвали 7.1. овардашуда далели ин гуф-таҳост.

Ҷадвали 7.1. Даромадҳои умумии буҷети давлатии Ҷумхурин Тоҷикистон

дар солхои 2001-2009*

Солҳо

Миллион сомони

Бо фоиз аз ММД

2003

824,3

17,31

2004

1104,2

17,90

2005

1414,5

19,63

2006

1823,4

19,53

2007

3765,7

29,40

2008

5231,4

29.54

2009

5841,7

28,33

* Маълумотҳо дар асоси маводҳои Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2009 ва Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисоб шудаанд

Дар моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ аз даромадҳои андозӣ,

205

МОЛИЯ ВЛҚЛРЗ

ғайриандозй, инчунин аз воридоти маблағ аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошанд.

Ба даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ аз андоз инҳо дохил ме-шаванд:


  • андозҳои маҳаллӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба бу-ҷети маҳаллӣ, ки феристи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

  • даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда барои буҷетҳои маҳаллӣ мувофиқи тартибе, ки Қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ муқаррар кар-дааст, ҷудо карда мешавад;

  • боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи Қонун дар бораи Буҷети давлатй барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад.

Даромадҳои ғайриандозӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ инҳо ме-бошанд:

  • даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвен-сия), қарзи буҷетӣ ё дар шакли дигар ба буҷети маҳаллӣ во-рид мешавад;

  • даромад аз хизмати пулакие, ки мақомоти иҷроияи маҳал-лии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои идории буҷетӣ мерасо-нанд;

  • воридоти маблағ аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъё-рии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз ҷумла ҷаримаҳо, пеня ва фоизҳо барои риоя накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, барқарор намудани зарари дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ расонидашуда.

7.6. Таркиб ва сохти хароҷоти буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллй

Ташаккули хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ба принсипҳои ягонаи сохт, шакл ва роҳу воситаҳои фа-

206

МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ъолият, меъёрҳои хадди ақали стандартҳои иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти буҷетӣ, хароҷоти маблаг барои хизматрасонии давлатӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, асос меёбад.

Ҳадди ақали стаидартҳои иҷтимоии давлатӣ - хизма-ти давлатй, ки ба шаҳрвандон беподошу бебозгашт бо роҳи маблаггузорӣ аз сатҳҳои гуногуни низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои максадноки давлатӣ ба андозаи ҳадди ақали имконпазиру муайян дар тамоми қаламрави Точикнстон расонида мешавад ва давлат ба ои кафолат медиҳад;

Ҳадди ақали таъмииоти буҷетӣ - арзиши ҳадди ақали имкоипазири хизмати давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, ки мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоби ҳар сари аҳолӣ аз маблағҳои буҷети дахлдор дастрас мегардонанд;

Уҳдадории буҷетӣ - мутобиқи қонун (қарор) дар бораи буҷет ва феҳристи ҷамъбастии буҷет дар давоми мӯҳлати муқарраргардида иҷро намудани ӯҳдадорӣ оиди хароҷоти маблаги буҷети дахлдор, ки мақомоти иҷрокунандаи буҷет қабул кардааст;

Дар моддаи 14-уми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» омадааст, ки хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти иқтисодӣ ба хароҷоти ҷорӣ ва хароҷоти асосӣ тақ-сим мешавад.



Хароҷоти ҷорӣ - қисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фаъо-лиятн ҷории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ. мақомотн Маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фондхои мақсадиоки буҷетӣ Муқаррар гардида, барои дастгирии сатҳҳои дигари низо^ми буҷети давлатӣ, соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот бо тариқи ра-сонидани кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати Молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субсидия) истифода Мешавад.

2(17


МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ

Ба хароҷоти ҷорӣ инчунин хароҷоте, ки мувофиқи гурӯҳ-бандии буҷетҳо ба хароҷоти асосӣ дохил нашудааст, мансуб мебошад.



Хароҷоти асосӣ - қисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фа-ъолияти маблаггузории навоварй (инноватсионӣ) муқаррар гардидааст. Ба хароҷоти асосӣ дохил мешаванд:

  • хароҷоте, ки тибқи барномаҳои сармоягузории тасдиқ-шуда барои маблағгузории шахсони ҳуқуқии амалкунанда ё нав таъсисёфта таъин шудааст;

  • маблағҳое, ки ҳамчун кредити буҷетй барои маблағгузорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дода мешаванд;

  • хароҷоте, ки ба таъмири асосӣ ва хариди воситаҳои асосӣ вобаста мебошад;

  • хароҷоте, ки иҷрои он ба афзоиши амволи мутаносибан ба моликияти чумҳуриявй ва коммуналй мансуб буда, овар-да мерасонад;

  • хароҷоти дигар, ки тибқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетҳб ба хароҷоти асосӣ дохил шудааст.

Дар таркиби хароҷоти асосй тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани буҷети инкишоф имконпазир ме-бошад. Гурӯҳҳои хароҷоти ҷорй ва асосии буҷетҳо мутобиқи гурӯҳбандии иқтисодии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Шаклҳои хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳон зайл ба амал бароварда мешавад:

  • маблағҷудокуиӣ аз буҷет барои таъмини фаъолияти таш-килоти буҷетй;

  • маблағ барои пардохтн ?*$ол (кор, хизматрасонӣ), ки щахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ иҷро мекунанд;

  • маблағҷудокунӣ аз буҷет барои иҷрои ваколатҳои алоҳи-даи идораи давлатӣ, ки вазифаи амалӣ гардонидаыи онҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй вогузор шудааст;

208

МДВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • интиқоли маблағ (трансфертҳо) ба аҳолӣ;

  • маблагҷудокунй аз буҷет барои ҷуброни хароҷоти ило-вагӣ, ки вобаста ба қабул кардани қарор аз ҷониби мақо-моти ҳокимияти давлатӣ пеш меояд ва дар натиҷа ба афзои-ши хароҷот ё кам шудани даромади буҷет оварда мерасонад;

  • кредити буҷетӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарзи андозбандӣ, пардохтҳои мӯҳлатдор, дароз кардани мӯҳлати супоридани андозу пардохтҳо ва дигар ӯҳдадориҳо;

  • мусоидати молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субси-дия) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

  • қарзи буҷетӣ, кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), му-соидати молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субсидия) ба сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондҳои мақсадноки давлатӣ;

  • қарздиҳӣ ба давлатҳои хориҷӣ;

  • маблағгузории сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии амалкунанда ва аз нав таъсисёфта;

  • маблаг барои хизматрасонии ӯхдадориҳои қарзӣ ва пар-дохти фоизи онҳо, аз ҷумла барои иҷрои кафолати давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ. Мувофиқи моддаи 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлаТии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо хароҷоти амалҳои зайл маблаггузорӣ мешавад:

  • таъмини фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихо-бот ва раъйпурсй, Дастгоҳи иҷроияи Президеқти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ, хароҷоти дигар оиди идоракунии умумидавлатӣ аз рӯи феҳристе, ки хангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ муаяйн КаРда мешавад;

  • фаъолияти низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

209

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

  • амалӣ гардонидани фаъолияти байналмилалӣ, таъмини молиявии иҷрои шартномаҳои умумидавлатй ва шартномаҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ҳамкории бай-налмилалии фарҳангӣ, илмӣ-иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳақи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар хароҷот дар соҳаи ҳам-кории байналмилалӣ, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Точикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои соли навбатии молиявӣ муайян карда мешаванд;

  • мудофиа ва таъмини бехатарии давлат;

  • тадқиқоти бунёдӣ ва дастгирии пешрафти илмӣ-техникӣ;

  • дастгирии давлатии нақлиёт;

  • бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва офати табиӣ;

  • ташаккули моликияти ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории муассисахое, ки дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ ме-бошанд ва ба моликияти давлатӣ мансубанд;

  • хизматрасонӣ ва пардохти қарзи давлатӣ;

  • ҷуброни хароҷоти фондҳои мақсадноки давлатӣ оидн пардохти нафақа ва кӯмакпулӣ, дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблаггузорй мешаванд;

  • пурра кардани захираи давлатии металлҳои киматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, захираи моддии давлатӣ;

  • гузароиидани интихеЗоту раъйпур;"?;

  • барномаҳои умумиҷумҳуриявии сармоягузорӣ;

  • таъмини иҷрои қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатй, ки ба афзоиши хароҷоти буҷет ё камшавии даромади буҷет оварда мерасонаид;

  • таъмини иҷрои ваколатхо;! алоҳидаи давлатӣ, ки амалӣ гардонидани онхо ба сатҳи дигари хокимият вогузор шудааст;




  • дастгирни молиявии макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

  • ҳисобдории рас^мии омор;

210

МЛВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛЛТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

- хароҷоти дигар.



Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2009 дар ҷадвали 7.2. нишон дода шудааст.

Ҷадвали 7.2. Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурни Тоҷикистон


Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет