Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет17/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   23

6. Кӯмаки молиявӣ (субсидия) - ик:

238


МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

а) маблағҳои буҷетие, ки ба буҷетн сатҳи дигари низо-


ми буҷстии Ҷумҳурии Точикнстон барои пӯшонидани
хароҷоти ҷорӣ беподошу бебозгашт дода мешаванд.

б) маблағҳои буҷетке, ки ба буҷети сатҳи дигари


низоми буҷетии Ҷумхурии Тоҷикистон ё шахсонии
ҳуқуқиву воқеӣ беподошу бебозгашт барои анҷом
додани хароҷоти чорӣ дода мешаванд.

в) маблағхон буҷетие, кн ба буҷети сатҳи дигари низо-


ми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикисгон, ҳамчушш ба шах-
сони вокей ва хукукӣ, мутобиқи шарти маблағгузорнн
ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;

г) маблагҳои буҷетие, ки ба буҷети сатхи дигари ни-


зоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон. корхонахо ва
аҳолй барои пӯшонидани хароҷоти асосӣ беподошу
бебозгашт дода мешаванд.

7. Мусоидатн молиявӣ (субвенсия) - ин:

а) маблағхон буҷетие, ки ба буҷетп сатҳн дигари низо-


ми буҷетии Ҷумҳурни Точикпстон барои пӯшонидани
хароҷоти ҷорй беподошу бебозгашт дода мешаванд.

б) маблағхои буҷетие, ки ба буҷети сатхи дигари ни-


зоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва
аҳолй барои пӯшонидани хароҷоти асосӣ беподошу
бебозгашт дода мешаванд.

в) маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари


низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсонии
ҳуқуқиву воқеӣ беподошу бебозгашт барои анчом
додани хароҷоти ҷорӣ дода мешаванд.

г) маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари ни-


зоми буҷетии Ҷумҳурии I оҷикистон ё шахси ҳукукӣ
беподошу бебозгашг барои анҷом додани хароҷоти
муайяни мақсаднок дода мешаванд.

8. Ба даромадҳои андозии буҷети давлатӣ инхо дохил ме-
Шаванд:

а) андозхои умумидавлатӣ ва махаллӣ;

239

МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ

б) андозҳои умумидавлати, дигар пардохтҳои ҳатмй,


андозҳои маҳаллӣ;

в) андозҳои умумидавлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмй


ки феҳристу меъёри онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон муайян намудааст;

г) андозҳои умумидавлатӣ, грантҳо, қарзҳои буҷетӣ.



9. Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон врба-
ста ба аҳамияти иқтисодӣ ба кадом гурӯҳҳо тақсим меишвад?

а) ҷорӣ ва асосӣ;

б) умумидавлатӣ ва маҳаллӣ;

в) умумӣ ва соҳавӣ;

г) соҳавӣ ва минтақавӣ.

10. Кадоме аз ин субъектҳо иштирокчии раванди буҷетй
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мсбошад?

а) Бонки миллии Тоҷикистон;

б) мақомоти андозу гумрук;

в) мақомоти танзими пулию қарзӣ ва асъорӣ;

г) корхонаҳои тиҷоратӣ.

11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои буҷсти
давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои максадноки
давлатиро барои соли навбатии молиявӣ бояд то кадом мӯҳлат
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд?

а) 1-уми октябр;

б) 1-уми ноябр;

в) 20-уми сентябр;

г) 10-уми сентябр.

12. Секвестри буҷет ин:

а) мутаносибан (15, 20, 40 ва зиёда фоиз) кам карда-
ни хароҷоти тамоми моддаҳои буҷет;

б) мутаносибан (2, 5, 8 ва зиёда фоиз) зиёд намуда-


ни даромади буҷет;

в) мутаносибан (5, 10, 15 ва зиёда фоиз) кам карда-


ни касри буҷет;

240


_ МАВЗУИ 7, МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

г) мутаносибан (5, 10, 15 ва зиёда фоиз) кам кардани хароҷоти буҷет, ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда;

13. Хулосаи берунй оиди ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети
давлатӣ аз ҷониби кадоме аз мақомоти зерин таҳия карда ме-
шавад?

а) Вазорати молияи Точикистон;

б) Бонки миллии Тоҷикистон:

в) мақомоти андоз; .

г) мақомоти назорати давлатии молиявй.

14. Барзиёдни харочоти буҷет нисбати даромади оиро чй


меноманд?

а) тавозуни (баробарии) буҷет;

б) барзиёдии (профитсити) буҷет; '

в) касри буҷет;

г) секвестри буҷет.

Масъалаҳо


  1. Ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатӣ 5230,4 млн. сомонӣ ва хароҷот и он 5320,9 сомониро ташкил медиҳад. Кас-ри буҷетро муайян кунед?

  2. Ҳачми ММД дар соли 2007 12 804,4 млн. сомонӣ ва кас-ри бучет 89 млн. сомониро, дар соли 2008 ҳаҷми ММД 17 706,9 млн. сомонӣ ва касри буҷет 185,4 млн. сомониро ташкил дод. Афзоиш ё камшавии касри бучет дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 бо фоиз нисбат ба ММД муайян карда шавад.

  3. Ҳаҷми харочоти умумии буҷети давлатӣ дар соли 2007 3 720.4 млн сомонй ва хароҷот ба соҳаи маориф 440.5 млн. сомониро, дар соли 2008 мутаносибан 4 980,3 ва 642,5 млн. сомониро ташкил дода бошад, зиёдшавй ё камшавии қиёсии хароҷоти буҷет ба соҳаи маориф дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 муайян карда шавад.

241

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Истняоҳот ва мафҳумҳои аеоси

Барзиёдии ё профитсити буҷет ин зиёд будани даромади буҷет нисбати хароҷоти он аст.

Барномаи миенамӯҳлати хароҷоти давлатй - барномаи сесолаи даромадхо ва хароҷоти давлатӣ мебошад, ки бо он даромадҳои андозй, ғайриандозӣ ва грантии буҷети давлатй, даромадхои фондҳои мақсадноки давлатй бо хароҷоти муттаҳидшудаи буҷети давлатӣ ва фондҳои максадноки давлатӣ мутобиқи фаслу категорияҳои гурӯҳбандии иқтисодӣ, секторхои гурӯҳбандии функсионалӣ ва ихтиёрдори асосии маблағҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ якҷоя карда шудаанд.

Буҷети давлатӣ - захираи асосии маблагҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъоварй, аз нав таксим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб гар-дида, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо во-гузошташударо иҷро менамоянд.

Интиқоли маблаг (трансфертҳо) - маблағҳои буҷетӣ, ки барои маблағгузории пардохтҳои ҷорӣ ва асосии аҳолӣ дар шакли нафақа, стипендия, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин маблагҷудокунӣ барои пардох-ти харочоти корхонахо, ташкилотҳои хусусии гайритиҷоратй, ки ба аҳолӣ, мақомоти идораи давлатӣ хизмат мерасонанд ва дар бобати маблагҳои мазкур ҳеҷ гуна ӯхдадорӣ оиди пар-дохт пеш намеояд.

Касри буҷет ин барзиёдии хароҷоти буҷет нисбати даро-мади он мебошад.

Кӯмаки молкявии беподош (дотатсия) - маблағҳои буҷе-тие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии То-ҷикистон барои пӯшонидани хароҷоти ҷорӣ беподошу бебоз-гашт дода мешаванд.

242


__МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛЛТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯмаки молиявй (субсидия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мутобиқи шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд.

Муносибатҳои байнибуҷетӣ ин муносибатҳои байни мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи фондҳои мақсадноки давлатӣ мебошад.

Мусоидати молиявӣ (субвенсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ беподошу бебозгашт барои анҷом додани хароҷоти муайяни мақсаднок дода мешаванд. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) барои маблағгузории хароҷоти алоҳидаи мақсаднок истифода бурда мешавад.

Низоми буҷетй ин маҷмӯн ҳамаи буҷетҳои дар ҳудуди мам-лакати мазкур амалкунанда мебошад.

Раванди буҷетй ин фаъолияти мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчи-ёни раванди буҷет оиди таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои максадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои ҳуқуқӣ ба тартиб дароварда мешавад.

Секвестри буҷет (аз лотинӣ $еяуезсго - ихтисор кардан, ҷудо намудан), ин мутаносибан (5, 10, 15 ва зиёда фоиз) кам.карда-ни хароҷоти буҷет аст. Модцаҳои ҳимояшавандаи буҷет, Я7>ие хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулиҳо, харидани доруворӣ ва ғайра аз секвестр озодаид.



Сохти буҷетй ин ҷараёни ташкили низоми буҷетӣ аст, ки аз се унсури асосй иборат мебошад:

  • сохти низоми буҷетӣ;

  • принсииҳои асосии ташкили низоми буҷетӣ;

  • робитаҳои тарафайнн буҷетҳо, ки ҳамаи буҷстҳоро ба низоми ягонаи буҷетӣ муттаҳид месозад.

243

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Тавозуннокии ё баробарии бучет ин бо ҳам баробар буда-ни даромад ва хароҷоти буҷет мебошад.

Таснифи бучетӣ ин гурӯҳбандии даромадҳо ва хароҷоти буҷетхои ҳамаи сатҳҳо, сарчашмаҳои маблағгузории касри буҷетхо аст, ки барои таҳия ва иҷрои буҷетҳои сатҳхои гуно-гуни низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифо-да мешавад.

Ӯхдадории буҷетӣ - мутобики қонун (қарор) дар бораи бу-ҷет ва феҳристи ҷамъбастии буҷет дар давоми мӯхлати мукар-раргардида иҷро намудани ӯхдадорӣ оиди хароҷоти маблағи буҷети дахлдор, ки мақомоти ичрокунандаи буҷет кабул кар-дааст.

Хароҷоти ҷорӣ - қисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фаъо-лияти ҷории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатй, макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фондхои мақсадноки буҷетӣ муқаррар гардида, барои дастгирии сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатӣ, соҳахои алоҳидаи истеҳсолот бо тарики ра-сонидани кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субсидия) истифода мешавад. Ба хароҷоти ҷорӣ инчунин хароҷоте, ки мувофиқи гурӯҳбандни буҷетҳо ба хароҷоти асосй дохил нашудааст, ман-суб мебошад.

Хароҷоти асосй - қисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фа-ъолияти маблаггузории навоварй (инноватсионй) муқаррар гардидааст.

Ҳадди акали стандартҳои иҷтимоии давлатӣ - хизма-ти давлатӣ, ки ба шаҳрвандон беподошу бебозгашт бо роҳи маблағгузорӣ аз сатҳҳои гуногуни низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фондхои мақсадноки давлатӣ ба андозаи ҳадди ақали нмконпазиру муайян дар тамоми қаламрави Тоҷикистон расонида мешав&д ва давлат ба он кафолат медиҳад;

Ҳадди акали таъминоти буҷетӣ - арзнши хадди ақали имкон-пазири хизмати давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, ки мақомоти ҳокимият ва идораи давлатй ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти

244


МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУГИИ ТОҶИКИСТОН

давлатӣ ба ҳисоби ҳар сари аҳолӣ аз маблағҳои буҷети дахл-дор дастрас мегардонанд.



Қарзи буҷетӣ - барои пур кардани тафовути муваққатии хазинавӣ, ки дар ҷараёни иҷрои буҷетҳои сатҳҳои гуногун ба вуҷуд меояд.

Адабиёт

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давла-тии Ҷумҳурии Точикистон» аз 2 декабри соли 2002. Ахбо-ри Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11.

  2. Қонуни Ҷумҳурия Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010»

  3. Бокова Ф.М. Финансы и кредит. Краткий курс лекций. М.:ИНФРА, 2006. - С. 223-228.

  4. Зайков В.П. Финансы: Конспект лекций. - Ростов н/Д: Фе-никс, 2006. -С. 74-81.

  5. Левин В.П. Финансыи кредит. Учебное пособие. М.: ЮНИ-ТИ, 2007. -С. 245-261.

  6. Мысляева И.Н. Государственные и муниципальные финан-сы. Учебник. М.: ИНФРА-М, 2004. - С. 29-33.

  7. Оймаҳмадов Г.Н. Молия - Душанбе: Нодир, 2005. - С. 198-206.

  8. Рахимов З.А., Ятимов Х.М., Ҷураев Ш.Ҷ. Молия. муоми.тоти пулй ва қарз. Васоити таълимӣ. Душанбе - 2006. - С. 78-82.

  9. Смородина В.И. Финансы и кредит. Краткий курс лекций. М.:ЮНИТИ, 2007. - С. 206-209..




  1. Улугходжаева Х.Р., Обидов Ф.С., Рахимов З.А. Финансы: Учебннк - Душанбе: Ирфон - 2009. - С. 44-47.

  2. \ул-\у.ттПп.1).

245

МОЛИЯ ВА КАРЗ

МАВЗУИ 8. ФОНДҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАЙРИБУҶЕТИ

  1. Моҳият ва зарурати фондҳои давлатии гайрибуҷетй

  2. Фондхои мақсадноки давлатии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

  3. Фондхои махсуси буҷетӣ

8.1. Моҳият ва зарурати фоидҳои давлатии гайрибучетӣ

Яке аз қисмҳои мухими низоми молияи давлатӣ фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ мебошад, ки чунин фондҳоро дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фондхои мақсадноки давлатӣ меноманд. Фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ маҷмӯи захирахои молиявие мебошанд, ки дар ихтиёри мақомоти иҷроияи давлатӣ ва махаллӣ карор дошта, ҳадафҳои мушах-хаси истифодабарӣ доранд. Тартиби ташкил ва истифодаи чу-нин фондҳоро қоиунгузории соҳаи мопияи мамлакат муқаррар менамояд.

Фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ яке аз усулхои азнавтақ-симкунии даромади миллӣ ба манфиати гурӯҳҳои муайяни иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Ин фондҳо ду вазифаи асосиро пҷро менамоянд: бо маблагҳои иловагӣ таъмин намудани соҳаҳои афзалиятноки иктисодиёт; васеъ намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ. Фондҳои мазкур дар ҳалли вазифаҳои дар назди иқтисодиёт истода иштирок намуда, болоравии истеҳсолот, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоиро таъмин менамоянд.

246


МАВЗУИ 8. ФОНДҲОИ ДАВЛЛТИИ ҒАЙРИБУҶЕТИ

Таърихан фондҳои ғайрибуҷетй дар шакли фондҳои мах-сус пештар аз буҷети давлатӣ пайдо шуда буданд. Давлат дар натиҷаи васеъ шудани доираи фаъолияти худ ба маблагҳои зиёд эҳтиёҷ пайдо намуд. Ин маблагҳо дар фондҳои махсус ҷамъ оварда шуда, барои мақсадҳои муайян истифода мешуданд. Чунин фондҳо хосияти муваққатӣ доштанд. Бо иҷро кардани чорабишҳои муаяйн фаърлияти фондҳои махсус қатъ мегардид. Аз ин рӯ, шумораи чунин фондҳо доим тагйир меёфт: фондҳои кӯҳна бекор карда шуда, фондҳои нав иайдо мешуданд.

Умуман, тамоюли зиёдшавии фондҳои давлатии гайри-буҷетй ба назар мерасид. Афзун гардидани шумораи чунин фондҳо дар ҳалли масоили молиявӣ баъзе душвориҳоро ба миен оварда (дар баъзе фондҳо маблагҳо зиёдатӣ буда, дар фондҳои дигар маблагҳо намерасид), барои идоракунии онҳо маблагҳои иловагиро талаб менамуд.

Бо мустаҳкам шудани давлатҳои мутамарказ ҷараёни барҳамдиҳии фондҳои махсус огоз ёфт. Дар асоси муттаҳид намудани фондҳои махсус буҷети давлатй ташкил карда шуд.

Дар шароити иқтисодӣ бозорӣ нақш ва ахамияти фондҳои давлатии гайрибуҷетй афзуда, шумораи чунин фондҳо зиед гардида истодааст. Дар мамлакатҳои Ғарб шумораи фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ аз 30 то 80 ададро ташкил мекунанд.

Фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ як қатор хусусиятҳои хос ва афзалиятҳо доранд:



  • дар ихтиери мақомоти ҳокимияти давлатӣ маблагҳои иловагӣ пайдо мешавад, ки онҳоро барои дахолат намудан ба иқтисодиёт, дастгирии молиявии соҳибкорӣ истифода мебарад;

  • таъиноти қатъй доштани ин фондҳо имкон медиҳад маблагҳо самараноктар истифодд шуда, назорат ба он пур-зуртар карда шавад;

  • дар баъзе ҳолатҳо маблагҳои фонҳои мазкур барои тан-зими касри буҷет истифода мешавад.

Фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ аз рӯи нишонаҳои зерин тасниф мешаванд:

247


МОЛИЯ ВА КАРЗ

1. Вобаста ба ҳадафи таъинотиашон:


-т иқтисодӣ;

.— иҷтимоӣ.

2. Вобаста ба сагҳи идоракуниашон:


  • давлатӣ;

  • минтақавӣ.

Фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ бо ду роҳ ташкил карда мешаванд. Рохи якум аз буҷет ҷудо намудани маблағҳои му-айян, ки аҳамияти муҳим дорад. Роҳи дуюм ташкили фонди гайрибуҷетй, ки сарчашмаи худии даромад ва ҳадафҳои му-айян дорад. Дар тамоми мамлакатҳо фонди суғуртаи иҷтимоӣ ташкил шудааст, ки мақсади он дастгирии иҷтимоии гурӯххои муайяни аҳолй мебошад. Фондҳои гакрибуҷетӣ дар асоси за-рурат барои ҳалли вазифаҳои муайян ташкил карда мешаванд. Дар чунин ҳолат бо таклифи хукумат мақомоти конунбарор оиди ташкили ин ё он фонди ғайрибуҷетӣ қарори махсус қабул .менамояд.

Сарчашмаи моддии фондҳои гайрибуҷетй даромади миллй ба шумор меравад. Қисми бештари ин фондхо дар ҷараёни азнавтақсимкунии даромади миллӣ ташкил карда мешаванд. Сарчашмаҳои асосии ташкили фондҳои мазкур андозҳо ва пардохтхои махсус, маблаггузорӣ аз буҷет ва гайра мебо-шанд. Андозҳо ва пардохтҳои махсусро ҳокимияти қонунгузор муқаррар менамояд. Шумораи зиёди фондҳои гайрибуҷетӣ аз хисоби маблағхои буҷетҳои марказй, минтақавӣ ва махаллй ташкшг мешаванд. Маблагҳои буҷетҳо ба фондҳои ғайрибуҷетӣ дар шакли кӯмаки молиявии бебозгашт (субсидия) ва ё ҳиссаҷудокунӣ аз даромадҳои андозӣ ворид мегарданд. Ди-гар сарчашмаи даромади фондҳои гайрибуҷетӣ маблағҳои қарзӣ шуда метавонаид.

Бо ёрии фондхои давлатии гайрйбучетӣ ҳаппи вазифаҳои зерин имконпазир мегардад:

248


\ МАВЗУ И 8. ФОНДҲОИ ДЛ.ВДАГИИ ҒЛЙРИБУҶСТИ

\1. Таъсир расонидан ба ҷараёни истеҳсолот бо рохи маблағгузорӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ (субсидиядиҳй), карздйҳӣ ба корхонахо ва соҳибкорони ватанӣ.



  1. Таъмшш чорабиниҳо оиди химояи табиат бо роҳи маблаггузорӣ аз сарчашмаҳои махсус ва чаримаҳо барои иф-лос на.мудани мухити атроф.

  2. Расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, бо роҳи пар-дохтн нафака, кӯмакпулиҳо, маблаггузорӣ, расонндани кӯмакн мояиязй ба зерсохтори ичтимоӣ.

  3. Пешниҳоди вомбаргҳо (заёмхо), аз ҷумла, ба шарико-ни хориҷӣ, давлатҳои хориҷӣ.

Фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ аз рӯи фаъолияти асосии худ аз пардохти андозқо, боҷхои давлатӣ ва гумрукӣ озод ме-бошанд.

Маблағҳои мувакқатаи озоди фондҳои гайрибуҷетӣ барои харидани қоғазҳои киматнок, пасандоз намудан дар бонк, бо максади гирифтани дивиденд ва фоиз, истифода мешаванд.

8.2. Фондхои максадноки давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон

Фондхои максадноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фондхои маблағҳои пулие мебошад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон аз ҳисоби даромадҳо ё бо роҳи ҷудо кар-дани маблаг аз намудҳои мушаххаси даромад ташкил шуда, барои амалӣ намудани ин ё он максади муайян истифода мё-Шаванд. •

Мутобиқи моддаи П-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Точикистон» даро-Мадҳои фондҳои максадноки давлатӣ аз ҳисоби манбаъхои зе-рин ташкил меёбанд:


  • андозу боҷҳои махсуси мақсаднок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон муқаррар кардааст;

  • маблагҳои ихтиёран супурдаи шахсоии воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

  • маблағҳои буҷети давлатӣ;

249

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

  • фоида аз фаъолияти соҳибкорӣ, ки фонди дахлдор ҳамчун шахси ҳукукӣ амалй мегардонад;

  • даромадҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муқаррар кардааст. .

Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ дар буҷети дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ алоҳида, аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ҷамъоварӣ ва назорати пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети фондҳои мақсадйоки даалатӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардоиад.

Дар моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки маблағҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ танҳо барои иҷрои амалҳое, ки бо конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд ва мутобиқи буҷети фондҳои мазкур, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ гардидааст, истифода мешаванд.

Буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ аз ҷониби мақомоте, ки фондҳои мазкурро идора менамояд, мутобиқи низомнома ва мӯҳлати муқаррар намудаи Вазорати молия тартиб дода мешаванд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоте, ки буҷети фовдҳои мақсадноки давяатиро таъмин менамоянд, Вазорати молия қарор қабул карда, ба бар-расии Ҳукумати Ҷумҳурии'Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Пас аз соҳибнстиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат нахустин фондҳои мақсадноки давлатӣ ташкил шу-данд, аз кабили Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фон-ди сугуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Якуми июли соли 1996 се фон-ди мазкур муттаҳид карда шуда, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолй таъсис дода шуд, ки он то соли 2006 фаъолият намуд.

250

МАВЗӮИ 8. ФОНДҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАЙРИБУҶЕТИ



Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми ноябри соли 2006 «Дар бораи такмидиҳии сохтори макомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фонди хифзи иҷтимоии ахолӣ барҳам дода шуд. Бо қарори Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3-уми марти соли 2007 дар зами-наи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ду агентии давлатӣ таш-кил карда шуд:

  1. Агентии давлатии сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

  2. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират.

Ҳар ду агентии номбаршуда ба сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил ме-шаванд.

Сугуртаи давлатии нчтимоӣ дар Тоҷикистон. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти махсус дорад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум-ҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки ҳар як шахс хукуқ ба меҳнат, интихоби касб, кор ва ҳимояи иҷтимоӣ доранд. Ин ҳуқукҳои шаҳрвандон аз ҷониби давлат таъмин ва ҳимоя кар-да мешавад. Дар ҷумҳурй дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як қатор қонуну қарорҳо қабул шудаанд, ки ба ислоҳоти низо-ми ҳифзи ичтимоӣ, аз ҷумла, таъмини нафақа, шугли.ахолӣ, ' беҳтар намудаии сифати хизматрасоннҳоп иҷтимоӣ ба оилаҳон камбизоат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ра-вона гардидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 Консепсияи ислоҳоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соли 2008 Кон-сепсияи ислоҳоти музди меҳант дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Кабул намуд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Дар бораи сугуртаи Давлатии иҷтимоӣ» аз 1-уми апрели соли 2006 асосҳои ҳуқуқи ва ташкилии суғуртаи давалтии ичтимоии шаҳрвандон муай-ян карда шудааст. Мувофики қонуни мазкур ба суғуртаи дав-латии иҷтимоӣ ҳамаи шахсони воқеии дар корхонаҳо, ташки-лоту муассисаҳои тамоми шаклҳои моликият бо шартномаи

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

меҳнатй фаъолияткунанда, шаҳрвандони алоҳида, инчунин шахсони воқеие, ки узв ва ё иштирокчии корхопаҳо ҳастанд фаро гирифта мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани суғуртаи давалтии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муассисаи суғуртакунанда (суғуртакунанда) Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баромад мекунад. Суғурташавандагон инҳоанд: шахсо-ни ҳуқуқӣ (корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, дигар субъектҳои хоҷагидорй новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъоли-ят) ва шахсони воқеие, ки шаҳрвандонро дар асоси шартно-маи (аҳдномаи) меҳнатӣ ба меҳнати кироя ҷалб менамоянд, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хоричй, инчунин ташкилотҳои байналхалқии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият-кунанда. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташавандагон ӯҳдадоранд ба фонди сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хаққи суғуртавӣ пардохт намоянд.

Даромади Агентии давлатии суғуртаи иҷтимой ва нафақа аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташкил карда мешавад:



  • андозҳо ва пардохтҳои махсус, максаднок ва ҳатмии корхонахо, ташкилоту муассисаҳои ҳамаи шаклҳои моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди ҷумҳурй фаъолият мекунанд, новобаста аз тобеияти идоравиашон, инчунин соҳибкорони инфиродӣ;

  • ҳаққи сугуртавии хатмие, ки аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба таври бебаҳс ҷамъоварй карда мешавад;

  • пардохтҳои ихтиёрй ва маблағҳои хайриявй аз шахсо-ни ҳуқукӣ ва воқей;

  • дивидендҳо, даромадҳо аз фаъолияти сармоягузорӣ ва ди-гар намудҳои фаъолияти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимой ва нафақа, ки конунгузории мамлакат манъ накардааст;

  • маблагҳои буҷети давлатй дар шакли кӯмаки беподош ва бебеозгашт.

Сарчашмаи асосии ташкили қисми даромади Агентии дав-латии сугуртаи иҷтимой ва нафақа андози иҷтимоӣ мебошад,

252


МАВЗУИ 8. ФОНДҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАЙРИБУҶЕТИ

ки мувофиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон хисоб ва пардохта мешавад. Андози ичтимоӣ маблағсупории ҳатмӣ мебошад, ки барои мақсадҳои сугуртаи иҷтимой аз ҷониби супорандагони андози иҷтимоӣ мувофики меъёрҳои мукаррарнамудаи Кодекси андоз нисбати маблаги музди меҳнат ё дигар манбаи андоз иардохта мешавад.

Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пардохти андози иҷтимой меъёрҳои зерини андоз мукаррар карда шудааст:

- 25% барои сугурташавандагон (объекти андозбандӣ фон-
ди музди меҳнати суғурташаванда);


  • 1% барои суғурташудагон - шахсони воқеие, ки ба меҳнати кироя машгул шуда, музди меҳнат мегиранд (объек-ти андозбандӣ музди меҳнати сугурташуда);

  • 20% барои шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул ме-бошанд (объекти андозбандй даромади сохибкор);

  • 0,2% барои шахсони воқеии резидент, ки ба фаъолия-ти соҳибкории инфиродӣ машгуланд, бо мақсади сугуртаи иҷтимоии ин шахсон ба сифати сугурташуда.

Маблағҳои барои сугуртаи иҷтимоӣ ва иафақа таъиншу-даро Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа идора менамояд. Агентии мазкур дар вазоратҳо, идораҳо, корхона-ву ташкилотҳо ва муассисаҳои шакли моликияташон гуно-гун ҳуҷҷатҳо оиди даромадҳои пулӣ, китобҳои муҳосиботӣ, ҳисоботҳо, харҷномаҳо, эъломияҳо ва дигар. ҳуҷҷатҳои бо ҳисобкунӣ ва пардохти ҳаққи сугуртавӣ, инчунин бо таъин ва пардохти нафақаву кӯмакпулиҳо алоқамандро санҷидаву тафтиш намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ баёнот ва маълумотҳо талаб менамояд.

Дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қо-нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сугуртаи давлатии иҷтимоӣ» тавассути сугуртаи давлатии иҷтимоӣ ба шахсони

253

МОЛИЯ ВЛ ҚАРЗ

сугурташуда нафақа, инчунин кӯмакпулиҳои зерин пардох-та мешавад:



  • барои корношоямии муваққатй;

  • барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;

  • кӯмакпулии оилавӣ;

  • барои дафн;

  • барои солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо;

  • иловапулиҳо ба нафақа.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа инчунин фондҳои гайридавлатии нафақа ташкил карда мешавад. Барои ташкили чуиин фондҳо дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқй фароҳам оварда шуда-аст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои гайридавлатии нафақа» (аз 25-уми декабри соли 2005), дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Фонди гайридавлатии нафақа шакли махсуси ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратии махсусгардонидашуда оид ба таъмини шаҳрвандон бо нафақа, ба тарзи ихтиёрӣ мебошад. Ин фонд новобаста аз низоми давлатии таъминоти нафақа ва илова ба он фаъолият менамояд,

Намуди истисноии фаъолияти фонди мазкур аз таъмини ғайридавлатии ихтиёрии шахсони воқеӣ бо нафақа дар асоси шартномаҳои нафақа иборат мебошад.

Фаъолияти фонди ғайридавлатии нафақа аз ҷамъоварии саҳмҳои нафақа, ҷамъоварии активҳои нафақа ва баҳисобгирии ӯҳдадориҳои нафақавӣ, ҷойгиркунонии активҳои нафақа бо мақсади гирифтани даромад аз сармоя, таъин ва пардохти нафақаҳои гайридавлатӣ ба гирандагон ба тарзи ихтиёрй ибо-рат аст.

\

254


МАВЗУИ 8. ФОНДҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАИРИБУҶКТИ

Фонди ғайридавлатии нафақа аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ё хукукй ҳангоми мавҷудияти маҷмӯи саҳмҳои муассисон (саҳми муассис) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои гайридавлатии нафақа» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Фонди гайридавлатии нафақа шахси хуқуқӣ буда, дар асоси қонуни мазкур, дигар санадҳои меъё-рии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи фонд амал н.амуда, ҳукук дорад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои худро кушояд.

Активҳои фонди гайридавлатии нафақа чунин ҷойгир кар-да мешаванд:


  • ба когазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • ба коғазҳои қиматноки ташкилоте, ки дар биржаи сармояҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиш дорад;

  • ба депозитҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба амволи гайриманқул ва дигар навъи ақтивҳо.
Даромади сармоягузорӣ аз ҷойгиркунонии активҳои фон-

ди гайридавлатии нафака чунин тақсим мешавад:



  • барои афзоиши активҳои нафақа - 70 фоиз;

  • барои фонди эҳтиётӣ - 10 фоиз;

  • барон пӯшонидани хароҷоти фонд ҷиҳати таъмини фа-ъолияти оинномавӣ ва молиявию хоҷагӣ - на бештар аз 20 фоиз 14/.

Мақоми доимоамалкунандаи идоракунии фонди ғайри-давлатии нафақа Шӯрои фонд мебошад. Шӯрои фонд роҳбарии умумии фаъолияти фонди гайридавлатии нафақаро амалӣ ме-намояд. Сохтор, тартиби таъсис, салоҳият ва мӯҳлати вакола-ти Щӯрои фонди гайридавлатии нафакаро, тартиби кабули Қарорҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оин-номаи фонди мазкур муайян менамояд.

Назорати давлатӣ ва тафтиши фаъолияти фонди гайридав-латии нафақа аз ҷониби мақоми ваколатдоре, ки Ҳукумати

255

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муайян намудааст, анҷом дода мешавад.




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет