Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет16/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   23

7.7.2. Иҷрои буҷети давлатӣ

Баъди тасдиқи буҷети давлатӣ Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаггузорӣ мешаванд, дар бораи маблағҳои барояшон тасдиқшуда хабар медиҳад ва мувофиқи хабарномаи мазкур вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо сметаи хароҷоти худро мувофиқи гурӯҳбандии буҷетӣ барои ҳар се моҳ тасдиқ ва ба Вазорати молия барои иҷро пешниҳод менамоянд. Тартиб ва тасдиқи сметаи хароҷотро Вазорати мо-лия муқаррар мекунад.

Вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ маблаг-ҳояшонро мувофики сметаҳои тасдиқшуда харҷ менамоянд. Маблаггузории ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба воситаи хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии он сурат мегирад.

Вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ҳукуқ до-ранд, дар доираи маблагҷудокунӣ барои ҳар се моҳ ӯҳдадории пардохтӣ қабул намоянд, ба истиснои ӯҳдадорихои пардохти муомилоте, ки иҷрои онҳо вақти зисдро талаб мекунад.

Ташкилотҳои буҷетӣ хуқуқ надоранд аз ҳисоби маблагҳои бучети ҷумхуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, бучетҳои фондҳои мақ-садноки давлатӣ зиёда аз маблнгхои тасдиқкардаи Қонун дар бораи Буҷети давлатӣ ӯҳдадорӣ қабул намоянд.

Хароҷоти тасдиқшудаи буҷетҳои вазорату идораҳо ва ди-гар ташкилотхои буҷетиро дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба-

226

МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛЛТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

рои соли молиявии навбатӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Хочикистон аз нав тағйиру тақсим кардан мумкин аст.

Дар доираи сметаи вазорату муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ такроран аз рӯи моддаҳои хароҷот ва ба ҳар се моҳ таксим кардани маблағ бо иҷозати Вазорати молия амалӣ ме-шавад. Аз нав тақсим намудан набояд аз даҳ ду ҳиссаи ҳаҷми маблағгузориҳои модцаи тагйирёбанда ва семоҳа зиёдбошад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистоп ҳукук дорад:



  • дар ҳолати ошкор шудани далелҳои истифодабарии маблагҳои як моддаи сметаи хароҷот барои хароҷоти мод-даи дигар, вайрон кардани талаботи идоракунии сарфакоро-на ва самарабахши молиявӣ ва ҳисоботдиҳии идоракунӣ, то пурра бартараф намудани ҳолатҳои вайронкориҳои ошкоршу-да, амалиёти хароҷотиро аз рӯи моддаи дахлдор боздорад ё маблаггузории хароҷотро ба андозаи маблаги вайронкориҳои ошкоршуда кам намояд;

  • дар ҳолати гузаштани мӯҳлати даъвои қарзҳои дебиторӣ ва кредитории муассисаҳои буҷетӣ маблаггузории моддаҳои хароҷотро, ки аз рӯи онҳо қарзҳои мазкур ба вуҷуд омадаанд, ба андозаи ҳамин қарзҳо кам намояд;

  • дар мавридҳои пешбиниғгамудаи қонун, дар холати тагйирёбии ваколатҳои ихтиёрдори асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблагҳои буҷетӣ ё зиёд гардопидани андо-заи касри солонаи буҷет ё ин ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаггузории буҷетиро муваққатан боз дорад, ҳаҷми маблағҷудокуниҳоро кам намояд ё вақти Ҷудо намудани онҳоро тағйир диҳад.

Дар мавриди аз нав ташкил додан ё барҳам хурдани таш-килотҳои буҷетӣ, Вазорати молия ба буҷет дар доираи маб-лағҳои барояшон пешбинишуда тағйироти дахлдор ворид ме-созад.

Агар дар рафти иҷрои буҷёт ҳаҷми касри он аз меъери муқарраршуда зиёд гардад ва ё воридоти маблағҳо ба буҷет

227

МОЛИЯ ВА КАРЗ

нисбати нақша кам шавад, он гох механизми секвестри буҷет истифода бурда мешавад.

Секвестри буҷет (аз лотинӣ зе^уезсго - ихтисор кардан, ҷудо намудан), ин мутаносибан (5, 10, 15 ва зиёда фоиз) кам карда-ни хароҷоти буҷет аст. Моддахои химояшавандаи буҷет, яъне харочот ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, музди меҳнат, нафака, кӯмакпулихо, хариданп доруворӣ ва ғайра аз секвестр озоданд.

Иҷрои вуҷетҳои маҳаллӣ. Тартиби иҷрои буҷети маҳаллӣ ба тартиби иҷрон буҷсти ҷумҳуриявӣ монанд мебошад. Масъулия-ти иҷрои бучети маҳаллӣ ба зиммаи макоми молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешавад.

Иҷрои буҷетҳои фоидҳои мақсадиоки давлатӣ. Иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ мувофиқи тартиби мукарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷнкистон сурат гириф-та, масъулият барои ичрои он ба ӯҳдаи роҳбарони мақомоте гузошта мешавад, ки идораи буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро ба зимма доранд.

Цсшьбаст ва. таҳлили иҷрои буҷети давлатӣ. Вазорати молия баъди ҷамъбасту тахлили ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети ҷумҳуриявй, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи буҷети давлатӣ дар ҳар се мох бо ҷамъбасти аф-зоянда гузориш пешниҳод менамояд. Гузориш бояд аз чунин маълумот иборат бошад:


  • дар бораи вазъи макроиқтисодӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • мукоисаи ҳаҷми даромадҳои воқеӣ ва тасдиқшуда, ҳаҷми хароҷоти воқеӣ ва тасдиқшуда, грантҳо, каср ва қарзи гирифта-шудам буҷети давлатӣ бо шарқи фарқи байни нишондиҳандаҳоп тасдиқшуда ва воқеӣ;

  • тадби-рҳо оиди таъмини ичрои буҷети давлатӣ дар дав-раи боқимонда.

Дар асоси натиҷаи ҷамъбасту тахлили иҷрои буҷет дар солп хисоботӣ Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷнкистон барои ба вазь-

228


МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ияти нави иқтисодӣ мувофиқ намудани соли молиявии ҷорӣ карор қабул мекунад ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Соли молиявй 31-уми декабр ба анҷом мерасад. Ҳамаи маблагҳои дар суратҳисобҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ мавҷуда, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маб-лаггузорй мешаванд, 31 декабри соли равон бояд ҷамъбаст карда, ба ҳисоби ягонаи хазинадорӣ гузаронида шаванд, дар сурате агар Вазорати молия қарори дигар қабул наку-над. Мақомоти молияи маҳаллӣ ва мақомрти идораи фондҳои мақсадноки давлатӣ бо чунин тартиб суратҳисобҳои ташкило-ту муассисаҳоеро, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати маблаггузорӣ мешаванд, ҷамъбаст мена-моянд.

7.7.3. Ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ

Ҳисоботи марҳилавӣ оиди иҷрои буҷети давяатии Ҷумҳурии Тоҷикистои. Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ба Вазорати молия мутобиқи мӯҳлати муқарраркардаи ва-зорати маэкур ҳнсоботи семоҳаро дар бораи иҷрои сметаи даромаду хароҷот, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳаро дар боран иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия аз рӯи натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ ҳисоботи семоҳаро бо ҷамъбасти афзо-янда таҳия менамояд. Мақомоти молияи маҳаллӣ ҳисоботи дахлдорро дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳаллй тайёр мена-мояд. Ҳисоботи семоҳа бо ҷамъбасти афзоянда, аз ҷониби Вазорати молия ва мақомоти молияи маҳаллй мутаносибан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ма-Ҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳаро тасдиқ карда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

229


МОЛИЯ ВА КАҒЗ

мақомоти намояндагии махаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамоянд. Ҳисоботн семоҳа аз ҷониби мақомоти дахлдор дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз ду моҳи пас аз ба охир расидани семоҳаи мазкур нашр мешавад.



Ҳисоботи солона дар бораи ыҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои. Вазири молия дар охири соли молиявӣ дар бо-раи ҷамъбасти сол ва тайёр кардани ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатй, буҷети фондхои мақсадноки давлатӣ, фармон мебарорад. Дар асоси ин фармон ҳамаи маблаггирандагони буҷетӣ ҳисоботи солонаро дар бораи даромаду хароҷот тай-ёр менамоянд.

Вазоратхо, идораҳо ва дигар ташкилотхои буҷетӣ ҳисоботи солонаи ташкмлотхои идорпро муқоиса карда, қарорн дахлдор кабул мекунанд ва хисоботи ҷамъбастии солонаро то якуми марти соли молиявии пас аз соли ҳисоботӣ ба Вазорати мо-лия пешниҳод менамоянд.

Ҳисоботи ичрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлати-ро мақомоти идоракунии фондҳои мазкур тартиб дода, то 1 марти соли молиявии пас аз соли ҳисоботӣ ба Вазорати мо-лия пешниҳод меиамоянд.

Вазорати молия дар асоси ҳисоботи солонаи вазорату идорахо, ташкилотхои буҷетй, маблаггирандагони буҷетӣ, макомотн идоракунии фондҳон максаднокн давлатӣ, корхонаҳо ва супоришдиҳандагони давлатӣ, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳнсоботи со-лонаро дар бораи пҷрон буҷети давлатип Ҷумҳурин Тоҷпкистон тартиб дода, то 1 майи соли молиявии пас аз соли ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Ҳисоботи солона оиди иҷрои буҷети давлатӣ бояд маълу-моти зеринро дар бар гирад:

- нишондиҳаидахои воқеИи даромаду грантҳо, ки дар да-воми сол гирифта шудаанд;

2Л0

МЛВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛЛТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


  • хароҷоти вазифавӣ ва иқтисодӣ мувофиқи гурӯҳбандии буҷетӣ дар доираи ҳаҷми тасдиқу ислоҳшуда ва нишонди-ҳандаҳои воқеӣ;

  • дараҷаи воқеии касри буҷет ва маблағгузорӣ;

  • тавозуни суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар аввал ва охири соли молиявӣ;

  • шарҳи ихтилофҳои асосӣ байни маблағҷудокунии воқеӣ аз буҷет ва таъиноти тасдиқшудаи буҷетӣ;

  • ҳисобот оиди маҷмӯи қарзгирии давлатӣ, кафолати давла-тии қарзҳо, ки дар давоми соли буҷетӣ дода шудаанд, феҳристи қарзҳои бепардохти давлатӣ, маълумот дар бораи дигар ама-лиёт оиди идоракунии қарз;

  • таҳлили умумии сармоягузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ;

  • ҳисобот оиди хароҷот аз фонди захиравии Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва фонди хароҷоти пешбининашуда.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷети давлатй, ҳисоботи солона дар бораи нҷрои буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июни соли молиявии пас аз соли ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳангоми ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудани ҳисобот оиди иҷрои буҷети давлатӣ ҳуҷҷату асноди зерин низ пешннҳод мешаванд:



  • ҳисобот дар бораи хароҷоти маблағҳои фонди захира-вии Президснти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • ҳисобот оиди додани қарзи буҷетӣ ва пардохти қарзи буҷетӣ;

  • ҳисобот дар бораи додани кафолати давлатй;

  • ҳисобот дар бораи қарзҳои дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • ҳисобот дар бораи даромад аз ҳисоби истифодаи амво-ли давлатӣ;

231

МОЛИЯ ВАКАРЗ

- ҳисобот дар бораи вазъи қарзхои дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хулосаи берунй оиди ҳисобот дар бораи ичрои буҷети давлатӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, то 1 октябри соли пас аз соли молнявии ҳисоботӣ ба Президенти Ҷумхурии Тоҷнкистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод карда меша-вад. Шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии моли-явии Ҷумхурии Тоҷикистон бароп нодуруст ва номукаммал бу-дани маълумоти дар хулоса зикрёфта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон барои бартараф кардани камбудиҳои дар хулоса зикргардида ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меанде-шад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ҳисоботи солонаро дар бораи ичрои буҷети давлатӣ дар соли молиявии гузашта, баробари лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистои барои соли нави молиявӣ дар як вақт баррасӣ намуда, тасдиқ мекунад. Ҳисоботи солона, дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли молиявии гузашта, дар воситаҳои ахбори умум нашр каода мешавад.



7.8. Касри буҷет ва усулҳои танзими он

Ба ҳам мувофиқ омадани даромад ва хароҷоти буҷет дар шароити иқтисоди бозорй дар кам ҳолатхо рух медиҳад. Му-вофиқи иазарияи молия дар сурати аз 50 фоизи маҳсулоти умумии миллӣ зяёд набудани қарзи давлатӣ ва ба 2-3 фоизи махсулоти умумии миллӣ баробар будани касри буҷет вазъи-яти иқтисодиёти мамлакат назоратшаванда дониста мешавад-

232

7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

увофиқи таносуби даромад ва хароҷот се ҳолати буҷетро фарк мекунанд:



  • касри буҷет (кам будани даромад аз хароҷот);

  • барзиёдии ё профитсити буҷет (зиёд будапи даромад аз хароҷот);

  • тавозуннокии ё баробарии буҷет (бо ҳам баробар буда-ни даромад ва хароҷот).

Мувофиқи моддаи 21-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи.давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барзи-ёдии хароҷоти буҷет нисбати даромади он касри буҷет номи-да мешавад.

Сабабҳои касри буҷет гуногун мебошанд:



  1. Амалисозии маблаггузориҳои калони давлатй барои рушди иқтисодиёт. Дар чунин ҳолат касри буҷет на ҳолати бӯҳронии иқтисодиёт, балки танзими давлатии қисмҳои оиро инъикос мекунад.

  2. Ҳолатҳои фавқулодда, ки бо ҷанг, офатҳои табиӣ во-бастаанд.

  3. Бӯхрони молиявӣ, иқтисодӣ, ки дар пастравии сатҳи истеҳсолот, самаранок набудани робитаҳои молиявӣ-қарзӣ, вазъияти молиявиро дар мамлакат пурра зери назорат дошта натавонистани ҳукумат ва болоравии дараҷаи таваррум ифо-да меёбад. Дар чунин ҳолат касри буҷет на танҳо амалисозии чорабиниҳои фаврии иқтисодӣ, баки қабули қарорҳои сиёси-ро низ талаб менамояд.

Дар ҳолати кабули буҷет барои соли навбатии молиявӣ бо барзиёдии хароҷот нисбати даромад, яъне касри буҷет, қонун (карор) дар бораи буҷети далхлдор манбаъҳои маблағгузории касри буҷети мазкурро тасдик мекунад.

Хароҷоти ҷории буҷетҳои маҳаплӣ. аз маҷмӯи даромадҳои буҷетҳои мазкур зиёд шуда наметавонад.

Маҷмӯи касрп бучети ҷумҳуриявӣ аз маҷмӯи маблаггузорин буҷетӣ ва хароҷоти пардохти қарзи давлатй зиёд шуда наме-тавонад.

\МА


233

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ


Маҷмӯи касри буҷетҳои маҳаллӣ аз се фоизи маҷмӯи да-ромади онҳо, ба истиснои кӯмаки молиявӣ аз буҷети давла-тии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда наметавонад.

Воридоти даромад аз манбаъҳои маблаггузории касри бу-ҷетҳои маҳаллӣ танҳо барои хароҷоти маблаггузорй равона карда мешавад ва истифодаи он барои маблағгузории хароҷоти хизматрасонӣ ва пардохти карзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манъ аст.

Сарчашмаҳои классикии маблаггузории касри буҷет инҳоанд:


  • андозҳо;

  • вомбаргхои (заёмҳои) давлатӣ (дохилӣ ва берунӣ);

  • баровардани пул (эмиссия);

  • фурӯши захираҳои тиллоӣ-асъорӣ;

  • секвестри буҷет.

Ду усули маблаггузории касри буҷетро фарқ мекунанд:

  1. Усули монетарӣ (пулӣ), яъне баровардани (эмиссияи) пул, ки дар натиҷа сатҳи таваррум афзуда, он ба иқтисодиёт ва талаботҳои аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

  2. Усули гайримонетарӣ, яъне гирифтани қарзҳои гуно-гуни дохилӣ ва берунӣ. Давлат пулро дар шакли қарз бо фо-изи муайян гирифта, касри буҷетро маблаггузорӣ менамояд.

Касри буҷет яке аз сабабҳои афзудани ҳаҷми қарзи дохилӣ ва берупии давлат мешавад. Аксари давлатҳои тараққикунанда мекӯшанд касрп буҷетро тавассути қарзи давлатӣ ҳал намоянд.

Барои бартараф намудани касри буҷет давлат бояд чора-биниҳоерб амалӣ созад, ки вазъияти иқтисодиётро мӯътадил карда, руищи босуботи онро таъмин намояд. Лз ҷумла, тад-бирҳо оиди ҳавасмандкунии воридоти маблаҳо ба буҷет, кам кардани хароҷоти буҷет метавонад танзими касри буҷетро са-мараноктар гардонад.

Дар Тоҷикистон манбаъҳои маблаггузории касри буҷети ҷумҳуриявӣ инхоанд:

а) манбаъҳои дохилӣ;

234


МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • карзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз муас-сисаҳои карзӣ бо асъори миллӣ мегирад;

  • вомбаргҳои (заёмҳои) давлатӣ, ки дар шакли когазҳои киматнок бо асъори миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиетон бароварда мешаванд;

  • карзҳои буҷетӣ, ки аз сатҳҳои болоии низоми буҷети дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд;

б) манбаъҳои берунӣ:

- вомбаргҳои (заёмҳои) давлатӣ, ки дар шакли когазхои


киматнок бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии
Тоҷикистон бароварда мешаванд;

Ҷадвали 7.3. Барзиёдй ё ирофитсити буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2003-2009*

/

2003

200^

2005

2006

2007

2008

2009

Барзиёдй ё про-фитсити бучст(+) (хазор со-мони)

+52036,3

+ 13679

+11847

+44685

+270904

+407608

+ 198800

Барзиё-лии с про-фитсити буҷст(+) бо % аз ММД

,+1,09

+0,22

+0,16

+0.48

+2,11

+2,3

+0,96

* Маълумотҳо дар асоси маводҳои Оморн солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2009 ва Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисоб шудаанд

- қарз аз кишвархои хориҷӣ, бонку ширкатҳо, ташкило-ти байналмилалии молиявӣ ва ғайрирезидентҳо, ки бо асъо-Ри хориҷӣ гирифта мешавад.

Касри буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар солҳои 2003-2010 дар ҷадвали 7.3. инъикос шудааст.

23?


МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ

Саволҳои худсаиҷншӣ

  1. Буҷети давлатй чист?

  2. Хусусиятҳои хос ва нақши буҷети давлатиро дар руш-ди иқтимоӣ-иқтисодии ҷомеа шарҳ диҳед.

  3. Вазифаҳои буҷети давлатиро номбар намуда, мазмуна-шонро фаҳмонед.

  4. Сохти буҷетӣ чист ва аз кадом унсурҳо иборат аст?

  5. Низоми буҷетӣ чист?




  1. Низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом сатҳҳо иборат мебошад?

  2. Принсипҳои ташкили низоми буҷети давлатии Ҷумҳурпи Тоҷикистонро номбар кунед.

  3. Муносибатҳои байнибуҷетӣ чист?

  4. Муносибатҳои байнибуҷетӣ дар асоси кадом принсипҳо амал мекуиад?

  5. Кӯмаки молиявии бенодош (дотатсия) чист?




  1. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) чист?

  2. Кӯмаки молиявӣ (субсидия) чист?

  3. Интиқоли маблағҳо (трансфертҳо) чист?

  4. Мазумуни таснифоти буҷетиро шарҳ диҳед.

  5. Таснифи буҷетй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом памудй таснифҳо иборат мебошад?

  6. Даромадҳо ва хароҷоти буҷетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дао қисми 1-уми Таснифоти буҷстӣ - «Таснифи даромадҳо ва хароҷот» аз кадом ҷадвалҳо иборат аст?

  7. Кадом усулҳои танзими даромадҳои буҷетҳоро медонед?

  8. Сарчашмаҳои даромади буҷети ҷумҳуриявӣ кадомҳоанд?

  9. Андозхои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яомбар намоед.

  10. Андозҳои маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом-ҳоанд?

18. Ба сарчашмаҳои гайриаидозии буҷети ҷумҳуриявй чихо дохил мешаванд?

236


МЛВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН_

  1. Ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби манбаъҳои {•айрибуҷетӣ чиҳо тааллуқ доранд?

  2. Сарчашмаҳои даромади буҷетҳои маҳаллиро номбар кунед

  3. Уҳдадории буҷетӣ чист?

  4. Ба хароҷоти ҷории буҷети давлатии Ҷумхурии То-ҷикистон кадом хароҷот дохил мешавад?

  5. Харочоти асосии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-кистонро шарҳ дихед.

  6. Дар бораи хароҷоти буҷетхои махаллии Тоҷикистои мӯхтасар маълумот диҳед.

  7. Раванди буҷетӣ чист ва аз кадом марҳилаҳо иборат аст?

  8. Иштирокчиёни раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон киҳоанд?

  9. Лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ка-дом асос ва аз ҷониби кадом мақомот тахия карда мешавад?

  10. Мазмуни Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлати-ро шарҳ диҳед.

  11. Сабабҳои касри буҷетро номбар кунед

  12. Манбаъҳои дохилӣ ва берунии маблаггузории касри буҷети ҷумҳуриявӣ кадомҳоанд?

Тестҳо

1. Буҷети давлатй ин:

а) маҷмӯи даромадҳо ва хароҷоти корхонахо, дав-


лат ва аҳолӣ;

б) фоиди гайримарказонидашудаи пулӣ;

в) маҷмӯи даромад ва хароҷоти давлат дар давраи
муайян; .

г) фонди марказонидашудаи пулиест, ки аз ҳисоби


даромади корхоиаҳо ташкил карда мешавад.

2. Буҷети давлат й кадоме аз ин вазнфахоро иҷро менамояд:

а) ташкили фонди буҷетӣ (даромадҳои бучетӣ);

б) маблаггузории корхонаҳои гиҷоратӣ ва аҳолӣ;

237


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

в) фискалӣ

г) ҳавасмадкунӣ.

3. Низоми буҷетин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд сатҳ ибо-
рат аст?


а)4; 6)3; в)2; г)1.

4. Кддоме аз пн принсипҳо дар ташккли низоми буҷети дав-
латии Ҷумҳурии Тоҷикнстон истифода мешавад?

а) мустақилияти пурраи буҷетҳо;

б) баробарии (мувозинати) буҷетҳо;

в) худмаблаггузории бучетҳо;

г) пинҳонӣ будани буҷетҳо.

5. Кӯмаки молиявш! беподош (дотатсия) ин:

а) маблагҳои буҷетие, ки ба буҷетм сатҳн дигари низо-
ми буҷетии Ҷумқурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба шах-
сони воқеӣ ва ҳуқуқй. мутобиқи шартн маблаггузории
ҳиссазии хароҷоти мақсаднок дода мешавапд.

б) маблагҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари ни-


зоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ
беподошу бебозгашт барои анҷом додани хароҷоти
муайяни мақсаднок дода мешаванд;

в) маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари


низоми буҷетии Ҷумҳурии Точикистон ё шахсонии
ҳуқуқиву воқеӣ беподошу бебозгашт барои анҷом
додани хароҷоти муайяни мақсаднок ва харочоти
ҷорӣ дода мешаванд.

г) маблагҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низо-


ми буҷетии Ҷумҳуршг Тоҷггкистогг барои пӯшонидани
хароҷоти ҷорӣ беподошу бебозгашт дода мешаванд.


Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет