8.3. Фондҳои махсуси буҷетӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фондҳои мақ-садноки давлатӣ фондҳои махсуси буҷетй амал менамоянд, ки дар дохили буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ташкил кар-да мешаванд. Ба чунин фондҳои махсус инҳо дохил мешаванд:
-
Фонди захиравии Президекти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-
Фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ.
-
Фонди хароҷоти пешбининашуда
Фоиди захиравии Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсуси буҷетиест, ки дар дохили буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Ҳаҷми фонди мазкур ба андозаи то 2 фоизи даромади буҷети давлатӣ муқаррар гар-дидааст.
Маблагҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф кар-да мсшаванд. Маблағҳои фонди мазкур асосан барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ истифода мегардад.
Фоидн захиравии мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ фонди махсуси буҷетӣ буда, дар дохили буҷети маҳал-лии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешавад. Фонди мазкур ба андозаи 0,5 фоизи ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии дахл-дор муқаррар гардида, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад.
Ба фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах-шон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия ихтиёрдорй ме-намоянд.
Тартиби истифодаи маблагҳои фонди захиравии мақомотп иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
256
МАВЗУИ 8. ФОНДҲОИ ДЛВЛЛТИИ ҒАЙРИБУҶЕТИ
Фонди хароҷоти пешбининашуда фонди махсуси буҷетисст, ки ҳар сол ба ҳаҷми хароҷоти буҷети чумҳуриявй дохил кирда мешавад. Андозаи фонди хароҷоти пешбининашуда ҳангоми тартиб додани буҷети ҳарсола муайян карда мешавад.
Тақсим ва истифодаи маблағҳои фонди харочоти пешби-нинашуда- ба ваколати Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои до-хил мешавад. Маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда ба-рои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининашуда, ки дар буҷети ҳарсола дар назар дошта нашудаанд, сарф мегарданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар се моҳ ба Маҷлиси амояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар бо-раи хароҷоти фонди мазкур маълумот медиҳад.
Саволҳои худсшщишӣ
-
Моҳият ва зарурати фондҳои давлатии ғайрибуҷетиро шарҳ диҳед.
-
Фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ кадом вазифаҳоро иҷро менамоянд?
-
Хусусиятҳои хос ва афзалиятҳои фондҳои давлатии ғай-рибуҷетиро фаҳмонед.
-
Фондҳои давлатии ғайрибуҷетиро ба кадом намудҳо тақсим менамоянд?
-
Фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ аз ҳисоби кадом сар-чашмаҳо ташкил карда мешаванд?
-
Моҳият ва ҳадафи фондҳои мақсадноки давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
-
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом фондҳои мақсадноки давлатӣ амал менамоянд?
-
Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатииҶумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадом манбаъҳо ташкил карда мешавад?
-
Даромади Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо ташкнл карда мешавад?
257
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
-
Меъёрҳои андози иҷтимоиро, ки дар Кодекси андо-зи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар шудааст, номбар кунед.
-
Дар Тоҷикистон дар доираи сугуртаи иҷтимоӣ ба сугурташудагон кадом намудҳои пардохти иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст?
-
Оиди ташкил ва фаъолияти фондҳои гайридавлатии нафақа дар Тоҷикисток мухтасар маълумот диҳед.
-
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом фондҳои махсуси буҷетӣ амал мекунанд?
Тестҳо Фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ ин:
а) маҷмӯи маблагҳое мебошад, ки дар ихтиери
корхонаҳо ва муассисаҳои давлатй қарор дорад;
б) фондҳои пулиест, ки дар дохили буҷет ташкил
карда мешаванд;
в) маҷмӯи захираҳои молиявие мебошанд, ки дар их-
тиёри мақомоти иҷроияи давлатӣ ва маҳаллй қарор
дошта, ҳадафҳои мушаххаси истифодабарӣ доранд;
г) қисми иизоми молиявй буда, ба фондҳои гайри-
марказонидашуда дохил мешавад.
2. Таърихан кадоме аз ин қисмҳои низоми молиявӣ авва-
лии маротиба пайдо шудааст?
а) буҷети давлагй;
б) молияи корхонаҳо;
в) фондҳои ғайрибуҷетй;
г) карзи давлатӣ.
3. Фондхои давлатии ғайрнбуҷетиро вобаста ба ҳадафи та-
ъинотиашон ба кадом намудҳо таксим менамоянд?
а) сиёсй ва молиявӣ;
б) иҷтимоӣ ва иқтисодӣ;
в) давлатӣ ва гайридавлатӣ;
г) молиявӣ ва иқтисодӣ.
258
МАВЗУИ 8. ФОНДҲОИ ДЛВЛАТИИ ҒАЙРИБУ ҶЕТИ
4. Даромадҳои фондхои мақсадноки давлатӣ аз ҳисоби ка-
доме аз манбаъҳои зерин ташкил карда мешавад?
а) қарзҳои аз корхонаҳову аҳолӣ гирифташуда;
б) андоз аз фоидаи корхонаҳо;
в) андозу боҷҳои махсуси мақсаднок, ки қонунгузорин
Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
г) андозҳои маҳаллӣ.
5. Ҷамъоварн ва назоратн пардохтҳои ҳатмнро ба буҷетн
фондҳои мақсадноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом
мақомот амалӣ мегардоиад?
а) Бонки миллии Тоҷикистон;
б) Вазорати молия;
в) Агектии давпатни сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;
г) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон.
6. Ҳангоми гузаронидани суғуртаи давалтии иҷтимоӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сугуртакуианда кӣ баромад
мекунад?
а) Кумитаи аидози назди Ҳукумати Ҷумҳурии То-
ҷикистон;
б) корхонаҳо ва аҳолӣ;
в) Агентии давлатии сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;
г) Вазорати молия.
7. Активҳои фонди гайридавлатии нафақа дар Тоҷнкистон
ба кадоме аз ин самтҳо ҷойгир карда мешаванд?
а) ба амволи манқул;
б) ба сертификатҳои манзилӣ;
в) ба коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон;
г) ба саҳмияҳои корхонаҳои гайридавлатӣ.
8. Дар Ҷуиқурии Тоҷнкистон есадом фсндҳои махсусн буҷетн
амал мекунанд?
а) фонди нстеъмол ва аидӯхти корхонаву ташкилотҳо;
259
МОЛИЯ ВА К\Р1
б) фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон;
в) фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ;
г) фонди мухочират.
Истилоҳот ва мафҳумҳо
Фондҳои давлатии гайрибучетн маҷмуи захираҳои моли-явие мебошанд, ки дар ихтиёри мақомоти иҷроняи давлатй ва маҳадли қарор дошта, хадафҳои мушаххаси истифодабарй доранд. Тартиби ташкил ва истифодаи чунин фондхоро қонунгузории сохаи молияи мамлакат мукаррар менамояд.
Фондҳои мақсадноки давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон фондҳои мабпагҳаи иулие мебошад, ки мувофиқи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳо ё бо роҳи ҷудо кар-дани маблаг аз намудҳои мушаххаси даромад ташкил шуда, барои амалй намудани ин ё он мақсади муайян истифода ме-шаванд.
Андози иҷтимой маблағсупории ҳатмӣ мебошад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимой аз ҷониби супорандагони андо-зи иҷткмоӣ мувофиқи меъёрҳои мукаррарнамудаи Кодекси ан-доз нисбати маблағи музди меҳнат ё дигар манбаи андоз пар-дохта мешавад.
Фонди ғайрндавлатии нафақа шакли махсуси ташкилию ҳуқуқии ташкилоти гайритиҷоратии махсусгардонидашуда оид ба таъмини шаҳрвандон бо нафақа, ба тарзи цхтиёрй мебошад.
Фонди захиравии Прешдеити Ҷумҳурии Тоҷнкистон фонди махсуси буҷетиест, ки дар дохили буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Ҳаҷми фонди мазкур ба андозаи то 2 фоизи даромади буҷети давлэтӣ муқаррар гар-дидааст.
Фонди захиравии мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ фонди махсуси буҷетӣ буда, дар дохили буҷети ма-ҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешавад. Фонди маз-кур ба андозаи 0,5 фоизи ҳаҷми даромади бучети маҳаллии
260
МАВЗУИ 8. ФОНДҲОИ ДЛВЛАТИИ ҒАЙРИБУҶЕТЙ
дахлдор муқаррар гардида, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад.
Фонди хароҷоти пешбининашуда фонди махсуси буҷстиест, ки ҳар сол ба ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дохил карда мешавад. Андозаи фонди харочоти пешбининашуда ҳангоми тартиб додани буҷети ҳарсола муайян карда мешавад.
Адабиёт
-
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №12.
-
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давла-тии Ҷумҳурии Точикистон» аз 2 декабри соли 2002. Ахбо-ри Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон соли 2002, №П.
-
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давла-тии ичтимоӣ». Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993, №2.
-
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои гайри-давлатии нафақа» аз 25-уми декабри соли 2005. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон соли 2005, №12.
-
Бокова Ф.М. Финансы и кредит. Краткий курс лекций. М.:ИНФРА, 2006. - С. 243-248.
-
Зайков В.П. Финансы: Конспект лекций. - Ростов н/Д: Фе-никс, 2006. - С. 94-99.
-
Оймаҳмадов Г.Н. Молия - Душанбе: Нодир, 2005. - С. 225-234.
-
Рахимов З.А., Ятимов Х.М., Ҷураев Ш.Ҷ. Молия. муомилоти пулӣ вакарз. Васоити таълимӣ. Душанбе - 2006. - С. И 4-120.
-
Смородина В.И. Финансы и кредит. Краткий курс лекций. М/.ЮНИТИ, 2007. - С. 216-221.
10. Улугходжаева Х.Р., Обидов Ф.С., Рахнмов З.А. Финансы:
Учебних - Душанбе: Ирфон - 2009. - С. 197-205.
261
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНАҲО
-
Мохият ва вазифахои молини корхона
-
Принсипҳои ташкили молияи корхонаҳо
-
Ташкил ва истифодаи захирахои молиявии корхонахо
-
Фоида ва даромаднокӣ чун нишондиҳандахои сама-ранокии фаъолияти корхона
-
Воситахои асосӣ ва гардони корхона
9.1. Моҳият ва вазифахои молияи корхона
Корхона субъекти хочагидории мустақилест, ки барои бурдани фаъолияти хоҷагидорӣ ташкил шуда, ҳадафи асосии он гирифтани фоида ва таъмини талаботҳои чамъият ба шу-мор меравад.
Ташкили фаъолияти хочагидорй мавҷудияти сармояи ибтидоӣ (сармояи оинномавӣ)-ро талаб менамояд, ки он барои дастрас намудани фондҳои асосй ва фондҳои гардон, истеҳсоли маҳсулот истифода мешавад. Пас аз фурӯши маҳсулот арзиши аз нав ташкилшуда даромад номида шуда, он дар шакли пулӣ пайдо мешавад. Тамоми хароҷот барои истеҳсоли маҳсулот шакли арзишро мегирад. Дар ҳолати аз арзиши аслӣ зиёд бу-дани даромад корхона сохиби фоида мешавад.
Молияи корхона маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки ҳангоми ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои гайримар-казонидашудаи захираҳои молиявии корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо пайдо мешавад.
Муносибатҳои молиявии корхонаҳо бо субъектҳои зерин ба вуҷуд меояд:
262
МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОИАҲО
-
корхона ва сармоягузорони он оиди ташкил ва истифо-даи сармояи худӣ, инчунин пардохти дивидент ва фоиз;
-
корхона ва таъминкунандагон, харидорон дар хусуси му-айян намудани усулҳо ва мӯҳлати ҳисобкуниҳо, тарзи таъми-ни иҷрои ӯҳдадориҳо;
-
корхона ва муассисаҳои молиявӣ-қарзӣ дар бобати ҷалб ва ҷо ба ҷо намудани маблағҳои озод;
-
корхона ва филиалҳои он оиди тақсимоти дохилии маблағҳо;
-
корхона ва кормандони он дар хусуси пардохти музди меҳнат;
-
корхона ва давлат оиди ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо, пардохтҳо ба низоми буҷетӣ ва фондҳон давлатии гайрибуҷетй;
-
корхона ва ширкатҳои суғурта дар бобати суғуртакунии амволи корхона, ҳаёт, саломатӣ ва қобилияти меҳиатии кор-мандони он;
-
корхона ва давлат дар хусуси маблағгузорӣ аз буҷет ва фондҳои давлатии гайрибуҷетӣ ба мақсадҳое, ки қонунгузории ҷорӣ муқаррар намудааст.
Ҳамаи ин муносибатҳо ҷараёни тақсим ва азнавтақсимкунии маҷмӯи маҳсулоти миллиро дар бар мегирад.
Хусусияти хоси молияи корхонаҳо ин гуногунпаҳлуии муно-сибатҳои молиявй, гуногунии шакл ва таъиноти мақсадноки онҳо мебошад. Дар корхона фондҳои сершумори хосияти истеҳсолӣ ва истеъмолидошта ташкил карда мешаванд.
Молияи корхона беврсита бо ҷараёни истеҳсолот, бо фа-ъолияти тичоратии корхона, яъне гирфтани фоида алоқамапд мебошад. Ҳолати молиявии корхона бевосита аз натиҷаҳои истеҳсолот ва самаранокии он вобаста мебошад. Дар бароба-ри ин, рушд ва такмили истеҳсолот аз бисёр ҷиҳат аз ҳолати молиявии корхона вобаста аст. Ҳангоми мавҷуд набудани захираҳои молиявӣ таъмини сармоягузорӣ, бо таҷҳизоти нави муосир ҷиҳозонидани корхона, ташкили фондҳои андӯхт, ис-теъмол ва ғайра имконнопазир мегардад.
263
МОЛИЯВА ҚАРЗ
Ташаккули ибтидоии захираҳои молиявӣ дар холати ташкили корхона, яъне ташкили фонди оинномави сурат ме-гирад. Сарчашмаҳои фонди оинномавӣ вобаста ба шакли ташкилӣ-ҳуқукии корхона гуногун мебошанд: сармояи саҳҳомӣ, аъзохаққии аъзои кооператив, захираҳои молиявии соҳавӣ, қарзи дарозмуддат, маблағҳои буҷетӣ.
Захираҳои молиявӣ ин воситаҳои пулии чамънамудаи кор-хона аст, ки барои амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ, таъмини такрористеҳсоли васеъ, маблаггузории прогресси илмӣ-техннкӣ истифода мешавад.
Дар фаъолияти корхона нақши ҳалкунандаро фондҳои пулии худи корхона мебозанд: сармояи оинномавй, сармояи захиравӣ, фонди истеҳлок, фонди андӯхт ва гайра. Маблағҳои ҷалбшуда: карзҳои бонкӣ, факторинг, лизинг, сармоягузорй ва гайра дар фаъолияти корхонаҳо аҳамияти муҳим доранд.
Мачмӯи муносибатхоя молиявии корхонаро вобаста ба на-муди фаъолият ба 3 гурӯх ҷудо намудан мумкин аст.
1. Фаъолияти ҷорӣ.
а) воридот:
-
маблагҳо аз фурӯши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);
-
пешпардохтҳо аз харидорон (фармоишгарон);
-
дигар воридот.
б) харочот: .
-
пардохти маблаги молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);
-
иҷрои ӯхдадориҳо дар назди бучетҳо;
-
дигар пардохтҳо.
2. Фаъолияти сармоягузорӣ.
а) воридот:
-
фурӯши воситаҳои асосӣ ва активҳои гайримоддӣ;
-
дивиденд, фоиз аз маблаггузорихои молиявӣ;
-
дигар воридот.
б) хароҷот:
-
пардохти иштироки ҳиссавӣ дар сохтмон;
-
харидани воситаҳои асосӣ;
МЛВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНАҲО
-
маблағгузориҳои молиявии дарозмӯҳлат.
-
пардохти дивиденд, фоиз. 3. Фаъолияти молиявӣ.
а) воридот:
-
фурӯши қоғазҳои қиматноки кӯтоҳмӯҳлат;
-
ҷобаҷокунии коғазҳои қиматноки кӯтоҳмӯҳлати худӣ.
б) хароҷот:
-
харидани қоғазҳои қиматноки кӯтоҳмӯҳлат;
-
маблағгузориҳои миёнамӯҳлат (то 1 сол).
Ба молияи корхона вазифахои молия хос мебошад, ки моҳияти молияро шарҳ медиҳанд. Як қатор иқтисодчиён қайд менамоянд, ки молияи корхона вазифаҳои зеринро иҷро ме-намояд:
-
ташкили даромадҳои пулӣ ва фондҳои пулӣ дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидорӣ;
-
истифодаи даромадҳои пулӣ ва фондҳои пулӣ барон руш-ди истеҳсолот, ҳавамандкунии моддии кормандони корхона ва пардохти андозҳо ба буҷетҳо;
-
назорати маблагҳо дар ҷараёни истеҳсол, тақсимоти маҳ-сулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ.
Вале, қисми бештари иқтисодчиён бар он ақидаанд, ки молияи корхонаҳо ду вазифаро иҷро менамояд: тақсимотӣ; назоратӣ.
Муносибатҳои тақсимотӣ ба натиҷаҳои ниҳоӣ таъсири ҳалкунанда мерасонанд. Даромадҳои аз фурӯши маҳсулот ба-дастомада, дар навбати аввал, барои талофии хароҷоти корхо-на истифода мешаванд. Қисми боқимондаи он даромадҳо фо-идаро ташкил менамоянд, ки байни корхона ва низоми буҷетӣ тақсим карда мешаванд. Яъне корхона фоидаи худиро тақсим карда, аз он ба буҷет ва фондҳои ғайрнбуҷетӣ андозҳо ва дигар пардохтҳои муқаррар кардаи қонунгузориро пардохт менамо-яд. Ин аст, моҳияти вазифаи тақсимотии молияи корхонаҳо.
Вазифаи назоратии молияи корхона бо ҷорӣ намудани як қатор ҳавасмандкуниҳо ва чораҳои ҷазо ё муҷозот, инчу-
265
МОЛИЯ ВЛ КАРЗ
нин бурдани ҳисоби молиявии мувофиқ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ вобаста мебошад.
9.2. Принсипҳои ташкили молияи корхонаҳо
Муносибатҳои молиявии корхонаҳо дар асоси принсипҳои муайяни ташкилӣ, ки бо асосҳои фаъолияти хоҷагидорӣ алоқа-маиданд, ташаккул меёбанд. Принсипҳои зерини фаъолияти корхонаҳоро фарқ мекунанд:
-
Принсипи мустақилияти хоҷагидорӣ дар соҳаи молия. Корхонаҳо хароҷот, сарчашмаҳои маблаггузорӣ, самтҳои ҷудо намудани маблагҳо бо мақсади фоида гнрифтанро мустақилона муайян менамоянд. Вале корхонаҳо дар фаъолияти худ пурра мустақил намебошанд, зеро тартиби паҳлуҳои алоҳидаи фа-ъолияти онҳоро давлат муайян мекунад.
-
Принсипи аз рӯи нақша фаъолият кардан. Моҳияти ин нрннсип он аст, щ бояд мувофиқати ҳаҷми фурӯш бо хароҷот таъмин карда шавад.
-
Принсипи ҳисоби тиҷоратӣ маънои онро дорад, ки кор-хонаҳо сармоягузории молиявии кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлатро дар шакли харидани қоғазҳои қиматнок аз дигар корхонаҳо ба роҳ монда, ҳамчунин худашон қогазҳои қиматнок инти-шор мекунанд.
-
Принсипи худмаблаггузорӣ яке аз шартҳои асосии фа-ъолияти соҳибкорӣ буда, маънои хароҷотбарории пурра дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, сармоягузорӣ барои рушди истеҳсолот аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва захираҳои молиявии худиро дорад.
-
Принсипи то ҳадди минималӣ кам намудани хароҷоти молиявӣ - тамоми маблағгузориҳо ва дигар хароҷот бояд бо усули аз ҳама «грзон» таъмин карда шавад.
-
Принсипн устувории молиявй таъмини мустақилияти молиявӣ, яъне риояи нуқтаи хатарноки вазни қиёсии сармояи худӣ дар ҳаҷми умумии он (0,5) ва пардохтпазирии корхона,
266
МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНАҲО
яъне қобилияти он оиди пардохти ӯхдадориҳои кӯтоҳмӯҳлати худ мебошад.
-
Принсипи манфиатдории моддӣ маънои онро дорад, ки корхона ба натиҷаҳои фаъолияти худ оиди гирифтани фо-ида ва аз ҳисоби он ташкил кардани фонди истеъмолӣ, фон-ди андӯхт ва таъмини кормандон бо музди мехнати баланд ҳавасманд мебошад.
-
Принсипи масъулияти моддӣ. Моҳияти ин принсип он аст, ки корхонаҳо оиди ташкили ҷараёни истеҳсолот, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории ҳуд, иҷрои ӯҳдадориҳои дар шартномаҳои бо таъминкунандагон ва харидорон бастаи худ, ӯхдадориҳои қарзӣ ва андозии худ пурра масъулияти моддй доранд. Барои иҷро накардани ӯхдадориҳои худ корхонаҳо мутобики конунгузории амалкунанда ҷавоб мегӯянд.
-
Моҳияти принсипи таъмини захираҳои молиявӣ ташки-ли захираҳои молиявӣ дар хаҷми зарурӣ мебошад, зеро фаъо-лияти соҳибкорӣ ҳамеша бо хавфҳо рӯ ба рӯ аст.
Ҳангоми татбиқи принсипҳои мазкур бояд талаботҳои зе-рин ба инобат гирифта шавад:
-
соҳаи фаъолияти корхона (истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ);
-
тобеияти соҳавӣ (нақлиёт, савдо, кишоварзӣ ва гайра);
-
намудҳои (са.мтҳои) фаъолият;
4) шаклҳои ташкилӣ-ҳукукии фаъолияти содибкорӣ
(ҷамъияти саҳҳомӣ, корхонаи давлатӣ, кооперативи истеҳсолӣ).
9.3. Ташкил ва истифодаи захирахои молиявии корхонаҳо
Захираҳои молиявии корхона ин ҳамаи даромадҳои пули-есг, ки дар корхона ҷамъ шуда, барои иҷрои ӯхдадориҳои мо-лиявии корхона, хароҷот оиди васеъкунии такрористеҳсол ва ташаккули фондҳои корхона истифода мешавад.
Захираҳои молиявии корхона аз ҳисоби маблагҳои худӣ, Чалби захираҳо дар бозорн молиявй, воридоти маблагҳои пулӣ
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
дар шакли сармоягузорӣ, қарзҳо ва ғайра ташкил карда ме-шавад.
Захираҳои молиявии корхонаро аз рӯи нишонаҳои зерин тасниф менамоянд:
•1) аз рӯи сарчашмаи ташаккулёбй;
2) аз рӯи усулҳои ҷалбкунӣ
Захираҳои молиявии корхонаҳо аз рӯи сарчашмаи ташак-кулёбӣ ба се намуд чудо мешаванд: худй; ҷалбшуда; қарзӣ.
Аз рӯи усулҳои ҷалбкунӣ захираҳои молиявии дохилӣ ва берунии корхонаҳоро фарқ мекунанд,
Ба сарчашмаҳои худии ташаккулдиҳии захираҳои молия-вии корхонаҳо инҳо дохил мешаванд:
-
сармояи оинномавӣ;
-
сармояи иловагӣ;
-
фоида;
-
фонди истеҳлок.
Сармояи оинномавӣ сармояи ибтидоиест, ки ба корхо-на барои амалй намудани фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ бо мақсади гирифтани фоида зарур мебошад.
Сармояи иловагй дар ҷараёни афзоиши арзиши амвол, ки дар натиҷаи аз нав нархгузорӣ муайян гаштааст; гирифтани да-ромади эмиссионӣ (аз барориши иловагии саҳмияҳо, фурӯши саҳмияҳо зиёда аз нархи номиналиашон); ба таври бебозгашт гирифтани арзишҳо ва ё амвол аз корхонаҳо ва шахсони ди-гар, пайдо мешавад.
Фоида натиҷаи молиявии фаъолияти корхона дар давраи ҳисоботӣ, яъне барзиёдии даромад нисбати хароҷот аст.
Аз ҳисоби фоидаи корхона фонди эхтиётӣ ва фонди истеъ-мол ташкил дода мешавад.
Захираҳои молиявии ҷалбшуда хосияти дучониба доранд, зеро, аз як тараф, ин воситаҳо дар гардиши корхона қарор до-шта, аз ҷониби дигар, ба кормандони корхона тааллуқ доранД (дивидендҳо ва фонди истеъмол).
268
МАВЗУИ 9. МОДИЯИ КОРХОНАҲО
Ба захираҳои молиявии ҷалбшуда инҳо дохил мешаванд: фонди истеъмол, дивидендҳо ва дигар пардохтҳо ба муассисо-ни корхоиа, даромадҳои марҳилаҳои минбаъда, захираҳо ба-рои харочоти дарпешбуда ва пардохтҳо.
Захираҳои молиявии қарзӣ ин воситаҳоест, ки бо шартҳои баргардоиидан, мӯҳлатнокӣ ва музднокӣ истифода мешаванд. Ба захирахои молиявии қарзӣ инҳо дохил мешаванд:
-
карзхои бонкӣ;
-
карзҳои шахсони хуқукӣ ва вокей;
-
карзҳои тиҷоратӣ;
-
факторинг;
-
лизинг;
-
қарзи кредиторӣ;
-
ғайраҳо. -
Қарзхои бонкӣ маблағҳоест, қи бонкҳо ба корхонаҳо ва шахсони воқеӣ дар мӯҳлати муайян, бо шарти пардохти фоиз барои истифодаи қарз медиханд.
Қарзҳои шахсони ҳукукӣ ва воқеӣ карзҳоест, ки бо шартҳои баргардонидан, мӯҳлатнокӣ ва музднокӣ дода мешаванд.
Қарзи тиҷоратӣ ин муносибати молиявӣ-хоҷагидорӣ бай-ни шахсони ҳукуқӣ ҳангоми фурӯши маҳсулот, иҷрои корхо ва ё хизматрасонӣ бо дароз намудани мӯхлати пардохт аст.
Факторинг ин шакли махсуси карз аст, ки ҳангоми амали он, бонк талаботи пардохтии ин ё он ташкилотро мехарад ё худ бо он пардохтҳоро қабул менамояд.
Лизинг ин ба иҷораи тӯлонӣ додани амволи манқул ва гайриманкул, ки дар баъзе ҳолатҳо харидани он амволро ба иҷорагиранда иҷозат медиҳад.
Қарзи кредиторӣ ин карз оиди молҳо, корҳо ва хизмат-Расониҳо, векселҳои додашуда, пешпардохтхои кабулшуда, хисобҳо бо буҷетҳо ва фондҳои гайрибуҷетӣ, пардохти музди Меҳнат, дар назди корхонаҳои фаръӣ, бо дигар қарздиҳандагон Мебошад.
269
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
Достарыңызбен бөлісу: |