Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет21/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   23

Сугуртаи шахсӣ. Суғуртаи шахсӣ яке аз соҳаҳои васеъ паҳншудаи суғурта аст, ки таърихи қадима дорад. Аввалин нишонаҳои сугуртаи шахсӣ дар Римн қадим, Ҳиндустоки қадим ва ғайра пайдо шуда буд. Дар асрҳои миёна суғурта ба ду соҳа тақсим гардид: суғуртаи шахсӣ ва суғуртаи амвол.

Дар рушди сугуртаи шахсӣ накши ҷамъиятҳои сугуртавии дар Англия ташкилшуда хело калон аст. Соли 1699 дар Ан-глия аввалин ташкилоти касбии суғуртавие ташкил гардид, ки дар ибитдо ба сугуртаи бевазанҳо ва ятимон, баъдан тамоми аҳолӣ машгул буд. Ин ҷамъияти сугуртавӣ «Эквитебл» ном до-шта, аввалин маротиба назарияи эҳтимолият ва ҷадвали мар-гро истифода намуда, математикаро дар суғурта ҷорӣ кард.

Аввалин ҷамъияти суғуртавии калон, ки ба суғуртаи ҳаёт машғул буд, соли 1706 дар Англия бо номи «Эмиксбл» (дӯстона) таъсис ёфта буд. Хело баъдтар ҷамъиятҳои сугуртаи ҳаёт дар диғар мамлакатҳо ташкил шудапд. Масалан, дар Гер-мания - соли 1827; дар Франсия - соли 1829, дар ИМА - соли 1830 ва гайра. Дар охири асри XIX суғуртаи хаёт дар тамоми мамлакатҳои Авруио паҳн гардид.

Сугуртаи шахсй усули ҳимоян ҳаёт, саломатӣ ва қобплмяти меҳнатии шахсони воқеӣ аз ҳар гуна хавфҳҳо мебошад. Объ-екти ин соҳаи суғурта ҳаёт, саломатӣ ва қобилияти меҳнатии шахсони воқеӣ ба шумор меравад.

Суғуртаи шахсӣ вазифаҳои хавфнокӣ ва пасандозкуниро иҷро менамояд. Моҳияти вазифаи хавфнокӣ ба ҳаёт ва сало-

299


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

матии инсон таҳдид намудани ҳар гуна хавфҳо (касалй, марг, маҷрӯҳӣ ва ғайра) мебошад.

Бо пардохти ҳаққи суғуртавӣ сугурташавандагон маблағҳои муваққатан озоди худро дар фонди сугурта пасандоз карда, дар ҳолати рух додани ҳодисаи сугуртавӣ аз ташкилоти сугурта маблағи сугуртавиро мегиранд, ки ҳаҷми он аз ҳаҷми ҳаққи суғуртавии пардохт кардаашон хело зиёд мебошад.

Дар сугуртаи шахсй ба сифати суғурташавандагон шахсо-ни ҳуқуқм ва шахсони воқеии қобили меҳнат баромад харда, сугурташудагон танҳо шахсони воқеӣ мебошанд.

Мувофиқи шартномаи сугуртаи шахсй як тараф (ширка-ти сугурта) ӯҳдадор мешавад тибқи пардохти дар шартно-ма қайд ва шартшуда (ҳаққи сугурта), ки аз тарафи дигар (сугурташаванда) пардохта мешавад, дар ҳолати расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии худи сугурташаванда ё шаҳрванди дигари дар шартнома зикргардида (шахси сугурташуда) бо ра-сидан ба синну соли муайян ё дар ҳаёти ӯ фарорасии рӯйдоди дигари дар шартнома пешбинишуда (ҳодисаи суғуртавӣ), як-дафъаина ё давра ба давра маблағи сугуртавиро пардохт ме-кунад.

Ҳуқуқи гирифтани маблағи сугурта ба шахсе тааллуқ до-рад, ки ба манфиати вай шартнома баста шудааст.

Шартномаи суғуртаи шахсӣ, агар дар шартнома ба сифа-ти фоидагиранда шахси дигар номбар нагардида бошад, ба манфиати шахси сугурташуда басташуда ба ҳисоб меравад.

Дар сурати фавти шахси тибқи шартнома суғурташуда, агар дар шартнома фоидагирандаи дигар номбар нашуда бо-шад, ворисони шахси суғурташуда фоидагиранда эътироф кар-да мешаваид.

Шартноман сугуртаи шахсӣ ба манфиати шахсе, ки сугурта нашудааст, аз ».умла ба манфиати шахсе, ки суғз'рташудай сугуртакунанда намебошад, метавонад танҳо бо розигии хат-тии шахси сугурташуда баста шавад. Ҳангоми мавҷуд набуда-ни чунин розигӣ шартнома тибқи даъвои шахси суғурташуДа

МУЙ


МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУГУРТА

ва дар сурати фавти чунин шахс мувофиқи даъвои ворисони он беэътибор эътироф шуданаш мумкин аст.

Дар вақти бастани шартномаи сугуртаи шахсӣ байнн сугур-ташаванда ва суғуртакунанда бояд оиди масъалаҳои зерин со-зиш ба миён ояд:


  1. оид ба шахси суғурташуда;

  2. оид ба хусусияти ҳодисае, ки ҳангоми фарорасии он дар ҳаёти шахси сугурташуда сугурта анҷом дода мешавад (ҳодисаи суғурта);

  3. оид ба андозаи маблаги суғурта;

  4. дар бораи андозаи ҳаққи сугуртавӣ ва мӯҳлат (мӯҳ-латҳо)-и пардохти он;

  5. оид ба мӯҳлати амали суғурта.

Суғуртаи шахсӣ аз рӯи нишонаҳои гуногун тасниф кар-да мешавад. Масалан, сугуртаи шахсиро вобаста ба ҳаҷми ӯҳдадории ширкати сугурта ва мӯҳлати шартномаи сугурта тасниф менамоянд, ки дар расми 10.1. тасвир шудааст.










Сугурта дар ҳолати марг

Сугуртаи дарочумрӣ

Сугурта аз

ҳодисахои нохуш

ва касалӣ

Сугуртаи


тиббй

Расми 10.1. Таснифи сугуртаи шахси

Чӣ тавре дар расми 10.1. дида мешавад, суғуртаи шахси-ро ба ду зерсоҳа тақсим менамояд: суғуртаи ҳаёт, сугуртаи саломатй.

Суғуртаи шахсӣ дар ду шакл амалӣ карда мешавад: ҳатмӣ Ва ихтиёрӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини сУгуртаи шахсӣ ҳатмӣ мебошанд:

301


МОЛИЯ ВЛ КАРЗ

  • сугуртаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • суғуртаи узви Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси мил-лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • суғуртаи хизматчиёни давлатӣ;

  • суғуртаи мусофирони воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва обӣ;

  • суғуртаи хизматчиёни ҳарбй ва уҳдадорони Вазорати му-дофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Ва-зорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандон;

  • сугуртаи кормандони мақомоти андоз;

  • сугуртаи кормандони макомоти гумрук;

  • суғуртаи прокурорҳо ва муфатишон;

  • суғуртаи судяҳо;

  • суғуртаи муссфирони интиқоли байналхалқии авто-мобилӣ.

Намудҳои ихтиёрии сугуртаи шахсӣ инҳоанд:

  • суғурта дар ҳолати марг; •

  • суғуртаи муштараки ҳаёт;

  • сугуртаи кӯдакон;

  • сугуртаи акди никоҳ;

  • суғуртаи қайди зодрӯз;

  • сугурта аз ҳодисаҳои нохуш;

  • сугуртаи мактаббачагон аз ҳодисаҳои нохуш;

  • сугуртаи мусофирон;

  • сугуртаи сайёҳон;

  • сугуртаи варзишгарон;

  • суғуртаи нафақа;

  • сугуртаи тиббӣ ва гайра.

Суғуртаи масъулият. Сугуртаи масъулият ҳамчун яке аз соҳаҳои сугурта ба ҳимояи ҳукукҳои амволии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие равона гардидааст, ки дар натиҷаи фаьолият ва ё бефаъолиятии сугурташавапда зарари моддӣ дидаакд. Дар чукин ҳолат кафолати додани товони зарарро шнркати суғурта ба ӯхда мегирад. Чунин суғурта манфиатҳои молиявии

МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА

сугурташавандагонро низ ҳимоя мекуиад. Зеро сугуртакупапда аз номи сугурташаванда товони зарарро пардохт менамояд.

Асоси сугуртаи масъудиятро талаботи қонунгузорӣ оиди масъулияти моддии шахсони хукукӣ ва воқей ба оқибати зара-ри расонидаашон ташкил менамояд. Корхонаву ташкилотҳо, шаҳрвандон, ки дар чараёни фаъолияти худ ба хаёт, саломатй, амвол ва дигар манфиатхои амволии шахсони сеюм зарари моддӣ мерасонанд, мувофики талаботи қонунгузорӣ бояд то-вони чунин зарарро ба зарардидагон диҳанд. Дар моддаи 1079-уми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «за-раре, ки бо амал (беамалӣ)-и гайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳукукӣ, давлат расонида шуда-аст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расони-дааст, ҷуброн карда шавад... Зарари бо амали конунӣ расо-нидашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бояд ҷуброн карда шавад».

Дар сугуртаи масъулият ба сифатн сугурташавандагон шах-сони хукуқӣ ва вокеие баромад менаглоянд, ки дар натиҷан амал ё беамалй метавонанд ба ҳаёт ва амволи шахсони сеюм зарар расонанд. Сугурташудагон шахсоне сеюм, яъне ҳамон шахсо-ни ҳуқуқй ва воқеие мебошанд, ки дар натиҷаи амал ё беама-лии сугурташаванда зарари моддӣ дидаанд. Дар вақти баста-ни шартномаи сугурта ном ва шумораи шахсони сугурташуда маълум набуда, он танҳо пас аз рух додани ҳодисаи сугуртавӣ маълум мегардад.

Объекти сугуртаи масъулият манфиатҳои амволии сугур-ташавнада аст, ки бо ҷуброни зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва ё амволи шахсони воқеӣ, инчунин зарари ба шахсони ҳуқуқӣ расонидаи ӯ вобаста аст.

Тамоми намудҳои сутуртаи масъулиятро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:

1) сугуртаи масъулият барои расонидани зарар (сугуртаи масъулияти шаҳрвандӣ);

зоз

МОЛНЯ ВА ҚАРЗ

2) сугуртаи масъулият оид ба вайрон намудани щартнома (сугуртаи масъулият оид ба шартнома).



Сугуртаи яшсьулият барои расонидани зарар. Тибқи шартно-маи таваккали масъулият оид ба ӯхдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатй ва амволи дигар ашхос ба миёи омадааст, таваккали масъулияти худи сугуртакунанда ё шахси дигаре, ки ба зиммаи он чунин масъулият гузошта мс-шавад, сугурта шуданаш мумкин аст.

Шахсе, ки хавфи масъулияти ӯ барои расонидани зарар сугурта шудааст, бояд дар шартномаи сугурта зикр карда ша-вад. Агар чунин шахс дар шартнома зикр нашуда бошад. эъти-роф мегардад, ки таваккали масъулияти худи сугуртакунанда, сугурта шудааст.

Шартномаи сугуртаи хавфи масъулият барои расонидани зарар ба манфиати а1Нхосе, ки ба онҳо зарар расонида шуданаш мумкин аст, (фоидагирандаҳо) басташуда ҳисобида мешавад.

Сугуртаи масъулият оид ба вайрон намудани шартнома. Суғуртаи таваккали масъулият барои вайрон кардани шар-тнома нисбат ба масъулияти соҳибкори инфиродӣ ё ташки-лоти тиҷоратӣ барои иҷро накардан ё ичрои номатлуби шар-тномаи оммавӣ ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ичозат дода мешавад.

Мувофиқи шартномаи суғуртаи таваккали масъулият, ба-рои вайрон кардани шартнома танҳо таваккали масъулия-ти худи суғуртакунанда, сугурта карда шуданаш мумкин аст. Шартномаи сугурта, ки ба чуыин талабот мувофиқ нест, бе-эътибор дониста мешавад.

Вобаста ба хосияти ҳолатҳое, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба шахсони сеюм мегардад намудҳои зерини сугуртаи масъулиятро фарқ мекунанд:

■ - суғуртаи масъулият ба зарари ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт расонидашуда;

304

МЛВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА



  • суғуртаи масъулияти корфармоён ба зараре, ки ҳангоми кор ба ҳаёт, саломатй ва қобилияти меҳнатии коргарон расо-нида шудааст;

  • сугуртаи масъулияти касбй;

  • сугуртаи масъулияти корхонаҳои сарчашмаи хатари зиёд;

- суғуртаи масъулияти истеҳсолкунандаҳо ва фурӯшандаҳо.
Сугуртаи масъулият дар шакли ҳатмӣ ва ихтиёрй амал

менамояд. Дар тамоми мамлакатҳо баъзе намудҳои суғуртаи масъулият ҳатмӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду на-муди суғуртаи масъулият ҳатмй аст:



  • суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт;

  • суғуртаи ҳатмии заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок кор мекунанд.

Саволҳои худсанҷишӣ

  1. Чаро дар шароити иқтисоди бозорӣ нақш ва аҳамияти суғурта меафзояд?

  2. Таърихи пайдоиш ва рушди суғуртаро шарҳ диҳед.

  3. То пайдоиши муносибатҳои сармоягузорй суғурта чӣ гуна хосият дощт?

  4. Бо пайдоиши муносибатҳои сармоягузорӣ дар кори суғурта чй гуна тағйиротҳо ба вуҷуд омад?

  5. Фонди суғуртавӣ чист? Маблағҳои ин фонд бо кадом мақсадҳо истифода мешавад?

  6. Фонди суғуртавӣ бо кадом шаклҳо ташкил карда ме-шавад?

  7. Хусусиятҳои хоси сугуртаро шарҳ диҳед.

  8. Нишонаҳои асосии суғуртаро номбар намоед.

  9. Суғурта бо кадом шаклҳо гузаронида мешавад?




  1. Хусусиятҳои хоси сугуртаи ҳатмиро шарҳ диҳед.

  2. Суғурта кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?

  3. Мазмуни вазифаҳои суғуртаро мухтасар фаҳмонед.

  4. Кадом мафҳумҳои асосии суғуртаро медонед?

305

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

  1. Дар бораи суғуртаи амвол мухтасар маълумот диҳед.

  2. Кадом намудҳои асосии суғуртаи амволро медонед?

  3. Таърихи пайдоиш ва рушди суғуртаи шахсиро мухта-сар шарҳ диҳед.

  4. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи шахсй байни суғурташаванда ва сугуртакунанда бояд оиди кадом масъалаҳо созиш ба миён ояд?

  5. Суғуртаи шахсӣ ба кадом зерсоҳаҳо тақсим мешавад?

  6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом намудҳои суғуртаи шахсӣ ҳатмй мебошанд?

  7. Зарурат ва моҳияти суғуртаи масъулиятро фаҳмонед.

  8. Объекти суғуртаи масъулият чист?

  9. Намудҳои суғуртап масъулиятро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?

  10. Кадом намудҳои суғуртаи масъулиятро медонед?

  11. Дар Ҷумҳурии Точикистон кадом намудҳои суғуртаи масъулият ҳатмй мебошанд?

Тестҳо

1. Суғурта ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ - ин:

а) маҷмӯи муносибатҳои пулӣ оиди ҳимояи ман-


фиатҳои амволии давлат ва корхонаҳо;

б) маҷмӯи муносибатҳои иктисодӣ оиди ҷуброни за-


рар ба сугурташавандагон;

в) маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ, оиди ташкили


фонди мақсадноки пулӣ (фонди сугурта) ва истифо-
даи он;

г) усули ҳимояи аҳолӣ ва давлат аз ҳодисаҳои но-


гаҳонӣ ва тасодуфӣ.

2. Муносибатҳои суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на-
хустин маротиба кадом сол пайдо шудаанд?

а) 1929;


б) 1991;

в) 1924;


МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА

г) 1945.


3. Нишонии асосии суғуртя кадо.м аст?

а) мавҷудияти муносибатҳои азнавтақсимкунӣ;

б) ҳатман ба вуқӯъ омадани ҳодисаи суғуртавӣ;

в) бозпаснагардандагии ҳаққи сугуртавй;

г) пешакй маълум будаки вақти рух додани ҳодисаи
суғуртавй.

4. Шаклҳои гузаронидани сугурта кадоманд?

а) тиҷоратӣ ва гайритиҷоратӣ;

б) коллективӣ ва фардӣ;

в) давлатй ва ғайридавлатӣ;

г) ҳатмй ва ихтиёрй.

5. Суғурта кадом вазифаро иҷро менамояд?

а) тақсим ва азнавтақсимкунӣ;

б) танзимкунӣ ва ҳавасмандгардонй;

в) пешгирикунӣ;

г) фискалй.

6. Суғуртакуианда - ин:

а) шахси воқеиест, ки хавфҳои худро ба ширкати
сугурта медиҳад;

б) шахсони хукуқӣ ва воқеианд, ки барои гузарони-


дани амалиётҳои сугуртавй иҷозатнома доранд;

в) шахси ҳуқуқиест ки барои амалй намудани фаъо-


лияти сугуртавй иҷозатномаи махсуси мақоми вако-
латдори давлатиро дорад;

г) шахси воқеиест, ки бо ширкати сугурта шартно-


ма мебандад.

7. Суғурташаванда - ин:

а) шахси ҳуқуқиест ки барои гузаронидани фаьоли-
яти сугуртавй иҷозатнома дорад;

б) ҳама гуна шахси воқеиест, ки бо сугуртакунанда


шартнома ба имзо мерасонаид;

в) шахси ҳуқуқиест, ки маифиатҳои амволии худро


сугурта кардааст;

307


МОЛИЯ ВА КАРЗ

г) шахси воқеии қобили меҳант ва шахси ҳуқукиест, ки бо сугуртакунанда шартномаи сугурта бастааст.



8. Маблаги сугуртавӣ - ин:

а) маблагест, ки сугурташаванда бояд ба сугурта-


кунанда пардохт намояд;

б) маблағест, ки бо он шартномаи сугурта баста шу-


дааст;

в) ҳаҷми ӯҳдадории сугурташаванда дар назди


сугуртакунанда;

г) арзиши объекти суғурта.



9. Сугурта ба кадом соҳаҳо таксим мешавад?

а) сугуртаи хаёт, сугуртаи шахсӣ, сугуртаи амвол;

б) сугуртаи шахсӣ, сугуртаи амвол; сугуртаи хавфи
сохибкорӣ;

в) сугуртаи амвол; сугуртаи масъулият; сугуртаи


шахсӣ;

г) ҳамаи ҷаовбҳо дуруст аст.



10. Сугуртакунии як объект аз ҷониби ду ва ё зиеда сугур-
такунандаҳо дар асоси бастани шартномаи алоҳидаи сугурта
бо хар яке аз сугуртакунандаҳо
- ин:

а) азнавсуғуртакунӣ;

б) суғуртаи муштарак;

в) суғуртаи дукарата;

г) суғуртаи мустаким.

11. Кадоме аз инхо объекти сугуртаи амвол мебошанд:

а) сохибият, истифодабарӣ ва ихтиёрдории амвол;

б) иҷорагирӣ ва истнфодабарии амвол;

в) сохибият ва истифодабарии амвол;

г) ихтиердорӣ намудан ба амвол.

12. Тарифи сугуртавиро дар шартномаҳои сугуртаи ҳатмй
кӣ муайян мекунлд:

а) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

б) ширкатҳои давлатии суғурта;

308


МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА

в) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикйстон ва ё қонунгузории


Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) конун дар бораи суғурта.



13. Суғуртаи шахсӣ ба кадом зерсоҳаҳо тақсим мешавад:

а) сугуртаи ҳаёт, сугуртаи саломатй;

б) суғурта дар ҳолати марг, суғурта тиббӣ;

в) суғуртаи дарозумрй, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш;

г) суғуртаи тиббӣ, суғуртаи ҳаёт.

14. Кадоме аз намудҳои зерини суғуртаи шахсӣ дар Тоҷи-
кистон ҳатмӣ аст?

а) суғуртаи мактаббачагоп;

б) суғуртаи мусофирон;

в) суғуртаи сайёҳон;

; г) суғуртаи кормандони корхонаҳои давлатӣ.

15. Дар Тоҷикистон кадоме аз намудҳои зеринн суғуртаи
масъулият ҳатмӣ мебошад?

а) сугуртаи масъулияти корхонаҳои истеҳсолӣ;

б) сугуртаи масъулияти корхонаҳои сарчашмаи ха-
тари зиёддошта;

в) сугуртаи масъулияти истеҳсолкунандаҳо ва фурӯ-


шандаҳо;

г) сугуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳибони во-


ситаҳои нақлиёт.

Истилоҳот ва мафҳумхо

Агенти суғурта - шахси ҳуқуқӣ ё воқеиест. ки намояндаи ваколатдорн сугуртакунанда буда, аз номи ӯ ва бо сӯпориши ӯ фаъолият мекунад.

Актуарий (англисӣ ак(иап - тезнавис, ҳисобчӣ) - шахси воқеӣ ё ҳуқукиест, ки дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори Давлатӣ буда, бо ёрии усулҳои математикию оморӣ тарифҳои сугуртавиро муайян менамояд.

309


МОЛИЯ ВАҚАРЗ

Арзиши сугуртавӣ - арзиши воқеии амволи сугурташуда, дар рӯзи бастани шартномаи сугурта, ки дар шартномаи су-гурта нишон дода шудааст.

Брокери суғурта - шахси воқеӣ ва ҳукукиест, ки аз номи худ, дар асоси супориши суғурташаванда ва ё сугуртакунанда фаъолияти миёнаравиро ба анҷом мерасонад.

Захираҳои сугуртавӣ - фондҳои махсуси пулиест, ки су-гуртакунандаҳо бо мақсади таъмини иҷрои ӯҳдадорииҳои суғуртавии гприфтаашон аз ҳисоби пардохтҳои ҳаққи суғуртавӣ, аз рӯйи намудҳои сугурта ташкил медиҳад.

Маблаги сугуртавӣ ин маблагест, ки бо он шартномаи сугурта баста шудааст, ё бо ибораи дигар, ин ҳаҷми ӯхдадории ширкати сугурта дар назди сугурташаванда мебошад.

Полиси сугуртавӣ - ҳуҷҷатест, ки баста шудани шартно-маи сугуртаро бо шартҳои муайян тасдиқ менамояд. Дар полиси сугурта нуктаҳои асосии шартномаи суғурта, чун суғурташаванда, объекти сугурта, арзиши сугуртавӣ, маблаги суғуртавӣ, хавфҳои сугуртавӣ, мӯхлати шартнома ва гайра дарҷ мегардад. Ширкати суғурта ӯҳдадор аст пас аз пардохти ҳаққи сугуртаи аввалин ба сугурташаванда полиси сугурта диҳад.

Сугурта маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки ҷамъи шаклҳо ва усулҳои ташкили фонди максадноки пулӣ (фонди сугурта) ва истифодаи онро дар бар мегирад.

Суғуртакунанда - шахси ҳуқукиест ки барои амалй наму-дани фаъолияти сугуртавӣ иҷозатномаи махсуси мақоми ва-колатдори давлатиро дорад.

Суғурташаванда - шахси воқеии қобили Меҳант ва шахси хукукиест, ки бо ташкилоти сугурта (суғуртакунанда) шартно-маи сугурта бастааст.

Сугуртаи муштарак - сугуртакунии як объект аз ҷониби ду ва ё зиёда сугуртакунандахо дар асоси як шартномаи суғурта.



Сугуртаи дукарата - сугуртакунии як объект аз ҷониби ду ва ё зиёда сугуртакунандаҳо дар асоси бастани шартномаи алоҳидаи сугурта бо ҳар яке аз суғуртакунандаҳо.

310


МЛВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА

Ташкилоти азнавсугуртакунӣ (азнавсугуртакунанда) - шах-си ҳуқуқиест, ки фаъолиятро оид ба бастан ва иҷро намуда-ни шартномаҳои азнавсуғуртакунонӣ, дар асоси иҷозатномаи дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад.

Фоидагиранда - шахсе ҳуқуқӣ ё воқеиест, ки бо мақсади гирифтани товони сугуртавӣ (маблағи сугуртавӣ) аз ҷониби суғурташаванда, шахси суғурташуда ва ё қонун таъин кар-да мешавад.

Хавфи суғуртавй - ҳодисаи эҳтимолие мебошад, ки бо на-зардошти ба амал омадани он шатрномаи суғурта баста ме-шавад.

Ҳисобҳои актуарӣ - тадқиқотҳои математикй ва омории тарзи ташкилёбии захираҳо ва тарифҳои суғуртавӣ аз рӯйи намудҳои суғурта.

Ҳодисаи суғуртавй - ҳодисаи рӯйдодаи пешбининамудаи шартномаи сугурта ё қонун мебошад, ки бо рух додани он ӯхдадории суғуртакунанда оиди ба сугурташаванда, шахси суғурташуда ва ё фоидагиранда пардохтани суғуртапулӣ ба миён меояд.

Ҳаққи суғуртавй - маблаги дар шартномаи сугурта муай-янгардида, ки суғурташаванда ӯхдадор аст ба суғуртакунанда аз рӯйи тартиб ва мӯҳлати дар шартномаи сугурта муайнгар-дида пардохт намояд.

Ҷуброни суғуртавй - маблагест сугуртакуианда мувофиқи шартномаи сугурта ҳангоми рух додани ҳодисаи сугуртавӣ ба-рои пӯшонидани зарар пардохт мекунад.

Адабиёт

  1. Кодекси граждашш Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми 2. Ахбо-ри Мачлиси Олии Ҷумҳурни Тоҷикистон соли 1999, №12.

  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сугурта». Ах-бори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №14.

  3. Гвозденко А.А., Страхование. Учеб. М.: ИНФРА, 2004. - С. 78-95.

311

МОЛИЯВАКАҒЗ



  1. Ермасов С.В., Ермасова Н.Б. Страхование: учеб. пособие. -М.: ЮНИТИ, 2004. - С. 12-18.

  2. Катаев А.Х., Тошматов М.Н., Хасанов А.Р., Содиков Р.Х. Страхование (учебное пособие). - Душанбе: «Ирфон». - 2009. - С. 3-63.

  3. Никулина Н.Н., Березина С.В. Страхование. Теория и прак-тика: учеб.пособие. - М.: ЮНИТИ, 2007. - С. 19-25.

  4. Оймахмадов Г. Н. Молия - Душанбе: «Нодир». - 2005. - С. 117-127.

  5. Скамай Л.,Г., Мазурина Т. Ю. Страховое дело: учеб. посо-бие. - М.: ИНФРА, 2006. - С. 23-29.

  6. Сплетухов Ю.А., Дюжнков Е.Ф. Страхование: Учебное по-собие - М.:ИНФРА, 2002. - С. 112-115.

  7. Сафаров М.С. Сугурта чист? - Душанбе: «Ирфон». 2001. -С. 5-15.

  8. Сафаров М.С. Мавкеи сугуртаи давлатӣ дар Ҷумхурии То-ҷнкистон. - Душанбе: «Ирфон». - 2005. - С. 102-105.

МАВЗУИЦ.ҚАРЗВА ВАЗИФАҲОИ ОН

БОБИ 3. ҚАРЗ. НИЗОМИ ҚАРЗИ



МАВЗӮИ 11. ҚАРЗ ВА ВАЗИФАҲОИ ОН

  1. Моҳият ва шартҳои карз

  2. Вазифаҳо, конунҳо ва мавкеъи қарз

  3. Намуд ва шаклҳои карз

  4. Меъёри фоизи карзӣ

11.1. Моҳият ва шартҳои карз

Қарз категорияи иқтисодӣ буда, узви таркибии муноси-батҳои молию пулӣ ба ҳисоб меравад. Пайдоиши қарз бево-сита ба давраи мубодилот тааллуқ дорад, ки соҳибони мол ба ҳамдигар муносибатҳои иқтисодӣ барпо мекарданд. Имкония-ти пайдоиш ва рущди қарз ба гардиш ва гирдгардиши сармоя алоқаманд аст. Дар ҷараёни ҳаракати сармояи асосӣ ва гардон захираҳои пулӣ аз гардиш озод мемонанд. Яъне, дар ихтиёри як субъекти хоҷагидор захираи озод ва эҳтиёҷмандии субъек-ти дигар ба ин захира ба вуҷуд меояд, ки имконияти пайдои-ши муносибатҳои қарзиро муҳайё менамояд.

Қарз - муносибати иқтисодии байни қарздиҳанда ва қарз-гиранда доир ба арзише мебошад, ки барои истифодабарии муваққатӣ дода метавонанд.

Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, субъектҳои хочагидор, фондҳои инвеститсионӣ, ширкатҳои молиявӣ ва ғайра дар

313

МОЛИЯВЛҚЛРЗ

ҳолати мавҷуд будани воситаҳои пулии озод, қарз дода ме-тавонанд.

Қарз шакли ҳаракати сармояи пулиро дар худ таҷассум намуда, табдилёбии сармояи худии қарздиҳандаро ба сармо-яи қарзии қарзгираида таъмин менамояд.

Барои амалӣ гардидани имкониятҳои додани қарз, бояд шартҳои зерин вуҷуд дошта бошанд:

Қарз ҳамон вақт талабшаванда шуморида мешавад, агар манфиатҳои қарздиҳанда ва қарзгиранда ба ҳам мувофиқ гар-дад.

Иштйрокчиёни шартномаи қарзӣ (карздиҳаида ва қарзги-ранда) бояд ҳамчун субъекти алоҳидаи ҳуқуқӣ, ки иҷроиши ӯҳдадориҳои аз алоқаҳои иқтисодӣ бавуҷудояндаро моддӣ таъмин созад, баромад намоянд.

Баъзан қарзро ҳамчун пул қабул менамоянд. Чунин фаҳмиш эҳтимол аз хоҷагидории муосир, ки бештар воситахои пулӣ ба қарз дода мешавад, ба вучуд меояд. Пул ва қарз нафақат аз рӯи мафҳумашон, балки аз гуногунии муносибатҳо фарқ менамоянд, муносибатҳои қарзиро аз пулӣ аз рӯи гуногунии таркиби иштирокчиён, давраи пардохт, арзиши истеъмолӣ, ҳаракати онҳо фарқ менамоянд.

Моҳияти қарз аз таркиб ва давраҳои ҳаракати қарз ибо-рат аст:



  • қарздиҳанда - тарафи муносибати қарзӣ, ки қарз медиҳад;

  • қарзгиранда - тарафи муносибати қарзй, ки қарз меги-рад ва барои баргардонидани он ӯҳдадор аст;

  • қарз - арзише, ки барои истифодабарии муваққатй дода мешавад.

Ҳаракати қарз аз давраҳои зерин иборат аст:

  • ҷойгиркуиии қарз;

  • гирифтани қарз;

  • иетифодабарии қарз;

  • озодшавии захира;

  • баргардонидани арзиши муваққатан гирифта шуда.

314

МЛВЗУИ 11. ҚДРЗ ВА ВАЗИФАҲОИ ОН

Асоси қарзро шартҳои он (шартҳои қарздихй) таШкил медиҳанд, ки дар ташкили амалии ҳамаи амалиётҳо Д;,Р бо" зори сармояи қарзӣ қатъӣ риоя гарданд. Шартҳои мазкУР даР давраҳои гуногуни рушди муносибатҳои қарзӣ ба вучУл ома" да, баъдан дар қонунгузориҳои давлатӣ ва байналхалкй мавкси худро пайдо намудаанд.

Баргарданда будани қарз - шарти асосии карз ба хис°° ме" равад, ки ҳатман дар мӯҳлати муайяншуда захираҳои мо."нявии аз қарздиҳанда гирифташуда, пас аз истифодабарии <"' оаР" гардонида шавад. Ин шарт дар ҳолати пардохти қарзи МазкУР ба воситаи гузаронидани маблаги додашудаи воситаҳоИ ПУЛИ ба ҳисоби ташкилоти карзие, ки онро додаст, амалӣ меГ*Фдад-

Мӯҳлатнок будани қарз - ин ҳатман баргарданда будани қарз на дар он вакте ки барои қарзгиранда мусоид аст- оалки дар вақти муайяне, ки дар шартномаи қарзӣ е ҳуҷҷати дигари онро ивазкунанда нишондода шудааст, мебошад. РиоЯ "ашУ" дани шарти мазкур барои қарздиҳанда асоси кофӣ ба хисо° меравад, ки нисбати қарзгиранда чораҳои иқтисодӣ ба Монан" ди баланд кардани фоизи қарз ё талаботи молиявӣ бо 1 ариқи судӣ пешниҳод намояд.

Музднок будани карз - шартест, ки дар қатори ҳатма" Р" гардониДани захираҳои қарзӣ ба бонк, қарзгиранда бояД хакки истифодабарии онро низ пардохт намояд. Моҳияти иқтг*сОДИИ ҳаққи қарз дар таксим намудани фоидаи аз ҳисоби зах**Раҳои Карзи гирифташуда, байни қарздиҳанда ва қарзгпранда дг«да ме" шавад. Ҳаққи қарз ин фоизи қарз, ки андозаи онро қарзД-"хаида ва қарзгиранда муқаррар менамоянд ва дар шартномаИ карзи нишон дода мешавад.

Таьминнок будани карз - ин ҳифзи манфиати молу ;.:УЛКИИ Карздиҳанда мебошад, ки дар ҳолатп риоя нашудани ӯҳд^-'10Р11Н Карзгиранда, ҳатман таъмин гардад. Таъминнокии қ»Я3 даР Шакли гарав ва кафолати молиявӣ қабул гардидааст.

Мақсаднок будани карз - ба аксар хелҳои амалйётҳоК КаРзи тааллуқ дорад, ки воситаҳои аз қарздиҳанда гирифт ЯшУда

315

МОЛЛЯ ВА ҚАРЗ

қатъиян ба мақсади гирифташуда истифода бурда шавад. Дар яке аз бандҳои шартномаи қарзӣ мақсади муайяне, ки барои он қарз гирифта шудааст, иишон дода мешавад ва дар ҷараёни на-зорати бонкӣ ба риоя шудани ин шарт аз тарафи қарзгиранда диққати махсус дода мешавад. Дар ҳолати риоя нашуданй ин ӯҳдадории қарзгиранда, қарз зуд бозхонда ё фоизи ҷаримавии (барзиёди) қарзӣ пешбинн мешавад.

Ҷой ва мавқеи қарз дар низоми иқтисодй, пеш аз ҳама аз вазифаҳое, ки он иҷро менамояд, муайян мегардад.

}1.2. Вазифахо, қонунҳо ва мавқеи қарз

Дар шароити иқтисодӣ бозорӣ қарз вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:


  • ҷалби воситаҳои пулии муваққатан озод;

  • азнавтақсимкунии воситаҳои пулӣ ба шарти баргардонӣ;

  • ташкили воситаҳои қарзии муомилот (бонкнота ва билетҳои хазинадорӣ) ва амалиётҳои қарзӣ;

  • танзими ҳаҷмй маҷмӯи гардиши пулӣ.

Қарз тавассути вазифаи аввалини худ, воситаҳои пулии дар ихтисри субъектҳои хоҷагидор ва аҳолӣ беҳаракат (аз гар-ди1п озод) бударо бо роҳи ба ҳисобҳо ё пасандоз гузаштан ба бонк, ҷалб намуда, онхоро ба субъектхои хоҷагидор ва шахси дигар, ки ба он зхтиёҷ дорад, пешниҳод менамояд.

Тавассути вазифаи азнавтақсимкунии захираҳои молиявии озод аз як соҳаи фаъолияти хоҷагидорӣ ин захираҳо ба соҳаи дигар равона мешаваид, ки гирифтани фоидаи зиёдро таъ-мин менамоямд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ қарз мавқеи макротанзимгари иқтисодиёт баромад менамояд ва талаботи соҳаҳои иктисодиётро бо захираҳои молиявӣ таъ.ми)! меку-иад. Лммо, дар давраи гузаршп ба иқтисоди бозорй амалан истифодабарии ин вазифа ба дигаргушиавии таркиби бозори сармояи қарзй оварда расонид. Сармоя аз соҳаи истеҳсолӣ ба соҳаи истеъмолӣ равона гардид, ки мавқеи ташкилотҳои қарзӣ

316

МАВЗӮИ 11, ҚАРЗ ВА ВЛЗИФАҲОИ ОН



дар он назаррас буд. Аз ҳамин сабаб, яке аз вазифахои асосии давлатии танзим намудани низоми қарзиро муайян намудани бартариятҳои иқтисодии самарабахш ва хавасмандгардонии ҷалби захираҳои қарзӣ ба он сохаҳо ва минтақахо, ки рушди босуръати онҳо аз нуқтаи назари манфиатҳои миллй, на аз манфиати субъекти хоҷагидорӣ алоҳида ташкил дихад.

Ташкили воситаҳои қарзии муомилот ва амалиётхои қарзӣ вазифаи сеюми қарз ба ҳисоб рафта, ҳангоми иҷрои ии амалиётҳо қарз пулҳои ҳақиқиро иваз менамояд. Дар низоми қарзии муоснр барои чушш иваз намудан ҳамаи шароитҳо таш-кил дода шудаанд. Аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар гузаронидани пул тавассути ҳисоббаробаркунии гайринақдӣ барои мол ва хизматрасонӣ ба коҳишёбии пардохти пулии нақдӣ имконият ба вуҷуд оварда, таркиби гардиши пулиро беҳтар менамояд.

Дар қодати риоя шудани ҳамаи вазифаҳои дар боло қайдгардида, вазифаи чорӯми карз - танзими ҳаҷми маҷмӯи гардиши пулӣ иҷро мешавад, яъне ҳаҷми маҷмӯи гардиши пулӣ ба танзим дароварда мешавад.

Ба маврид аст қайд намоем, ки қарз дар қатори вазифаҳояш қонупҳои худро дорад. Қонунҳои қарз мухтасар буда, фақат дар асоси он муносибатҳое амал менамоянд, ки мақсади онро ифода мекунанд.

Қонунҳои карз инҳо мебошанд:


  1. Қонуни ҳаракати қарз. Қарз ба сифатй мупосибати байни қарздиҳанда ва қарзгиранда, гузаштан аз як субъект ба субъ-екти дигар барои истифодабарӣ дар гирдгардиши воситаҳои қарзгиранда иштирок намуда, ҳаракати онро таъмин созад.

  2. Қокуни баргарданда будаии қарз аз он иборат аст; ки воситаҳои иулӣ аз қарздвдаяда гарифташуда ҳатман ба нуқтаи аввал, яъне ба сохибаш баргардад. Ин ҷо ҳатман бояд қайд намуд, ки воситаҳои пулӣ баъди гирдгардиш ба қарзгиранда ва пасон ба қарздиҳанда баргардонида шавад.

  3. Қонуни баробарвазнии қарз. Қонуни мазкур вобастагии қарзро аз манбаъҳои бавуҷудоияш ба танзим медарорад (бай-

317

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

ни захираҳои озодшаванда аз гардиш ва азнавтақсимшаванда бо шарти баргардонӣ).

Донистан ва ба ҳисоб гирифтани вазифаҳо ва қонунҳои қарз ҳамчун вазифаи муҳими давлат ва бонкҳо дар танзими иқтисодиети кишвар ҳисобида мешавад.

Қарз аз қадим то имрӯз яке аз элементҳои асосии рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорони хурду миёна бо он зарурат дошта, онро истифода мебаранд. Қарз дар иқтисодиёт мавқеи махсусро дорад.

Маблагҳои пулии баъзе молистеҳсолкунандагон дар ҷараёни такрористеҳсол мувақатан озод мешаванд, ки ин маблагҳо сарчашмаи асосии пайдоиши қарз мебошанд. Сар-чашмаи дигари захираҳои қарзӣ ин маблагҳои мувақатан аз гардиш' озоди шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ҳисобҳои бонкии онҳо мебошад. Ин маблағҳо барои истифодабарии муввақатӣ ба субектҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ доранд, бо фоизи муайян пешниҳод мешаванд.

Дар иқтисодиёт аз ҳисоби қарз корҳои зерин ичро меша-ванд:



  • воситаҳои асосӣ ва гардони корхона ташкил карда ме-шавад;

  • ҳисоббаробаркунй байни молистеҳсолкунандаҳо ба роҳ монда мешавад;

  • имконияти маблағгузорӣ пайдо мегардад;

  • маоши кормандон дода мешавад;

  • ҳачми пули дар муомилот буда зиёд мешавад;

  • даромади буҷет афзоиш меёбад ва ҳоказо.


Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет