Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф


Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълимӣ



бет2/5
Дата27.06.2016
өлшемі331.5 Kb.
#160998
1   2   3   4   5

Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълимӣ
1. Оинномаи муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатест, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим намуда, маълумотҳои зеринро дар бар мегирад: 

– ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми муассиса;

– муассис (муассисон);

– шакли ташкилию ҳукуқӣ;

– маълумот оид ба намояндагиву филиалҳо;

– мақсади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ;

– тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таҳсил, тартиби қабул ва хориҷ намудани таълимгиранда, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳон, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии таълимии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди он;

– тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимӣ бо тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);

– сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи таълимӣ, аз ҷумла тартиби истифодаи объектҳои моликият, манбаъҳои маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ, тартиби ташаккули моликият, намуди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти пулакӣ;

– тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ташкили тарзи идоракунӣ, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандон, шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;

– ҳуқуқу вазифаҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;

– феҳристи санадҳои дохилие, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим менамоянд.

2. Оинномаи муассисаи таълимии давлатӣ бояд мақоми идоракунии дастҷамъӣ, тартиби ташкил ва вазифаҳои онро пешбинӣ намояд.

3. Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро муассис (муассисон) тасдиқ мекунад.


Моддаи 15. Таълиму тарбияи томактабӣ
1. Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои томактабӣ: ширхоргоҳ, ширхоргоҳ-кӯдакистон, кӯдакистон, мактаб-интернат, хонаи кӯдакон, маркази инкишофи кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. 

3. Барои дар оила ва муассисаҳои томактабӣ таълиму тарбия гирифтани фарзандон падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), баробар бо муассисаҳои томактабӣ масъул мебошанд ва барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ омода намудани онҳо ӯҳдадоранд.

4. Муносибатҳои байни муассисаҳои томактабӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаи тарафайн танзим карда мешавад.

5. Давлат муассисаҳои томактабиро аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ карда, дастрасии хизматрасонӣ, таълиму тарбияи томактабиро барои оилаҳои камбизоат таъмин менамояд.

6. Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим мегардад.


Моддаи 16. Таҳсилоти умумӣ
1. Таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти умумӣ дар бораи табиат, ҷамъият ва арзишҳои таърихию фарҳангии милливу умумибашарӣ ташкил карда мешавад.

2. Таҳсилоти умумӣ тавассути муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, мактабҳои (синфҳои) камнуфус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

3. Синну сол ва мӯҳлати таҳсил дар ҳар зинаи таҳсилотро Қонуни мазкур ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ муайян мекунанд.

4. Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсилот ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ҳатмист.

5. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, фарогир, оилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

6. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосӣ (9-сола) ҳатмист.

7. Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи онҳо сурат мегирад. 

8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ метавонад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонанда дар асоси шартномаи тарафайн пулакӣ бошад.

9. Таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи  хатм ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли аттестатсияи хатмро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар мекунад.

10. Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.

11. Муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст, ки дар бораи хориҷ гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад.

12. Қарори мазкур нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ қабул карда мешавад.

13. Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба муассисаи таълимии дигар гузаронидани чунин хонандагонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамоянд.

14. Таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда ташкил карда мешавад.

15. Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ ба роҳ монда мешавад.

16. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомӯзӣ иҷозатнома доранд, метавонанд дар асоси шартнома хизматрасонии таълимии иловагӣ, аз ҷумла пулакиро ба роҳ монанд.

17. Тайёрии ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

18. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагони ҷинси мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рӯи барномаи таълимие, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиа тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад. 

19. Шаҳрвандон барои таҳсилоти динӣ гирифтан дар муассисаҳои таълимии динӣ ҳуқуқ доранд. Фаъолияти ин муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар асоси иҷозатномае, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф медиҳад, амалӣ карда мешавад. 

20. Гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони то синни 18 танҳо бо ризоияти хаттии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  иҷозат дода мешавад.


Моддаи 17. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯхтани касбҳои коргарӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон дар заминаи таҳсилоти умумии  асосӣ ва миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи дохил шудан доранд.

2. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар литсейҳои касбӣ - техникӣ ва соҳавӣ, марказҳои таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Таҳсилоти калонсолон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда шуда, он бо гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ ба анҷом мерасад.

4. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил карда мешавад, агар муассисаи таълимӣ оид ба ин навъи фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дошта бошад.

5. Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар курсҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирифтан мумкин аст.

6. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ надоранд, барои касбомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва инчунин ба курсҳои таълимие, ки дар қисми 5 моддаи мазкур зикр гардидаанд, қабул карда мешаванд.

7. Таҳсилоти шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

9. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сохтори худ метавонад намудҳои мухталифи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил намояд.

10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вобаста ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда мешаванд.


Моддаи 18. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро доранд.

2. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амалӣ карда мешавад.

3. Баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ба шаҳрвандон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат барои идомаи таҳсил танҳо ба муассисаҳои таълимии соҳаи омӯзгорӣ, тиббӣ ва фарҳангии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, дар ин муассисаҳо баробари таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд.

4. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 4 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқи хусусияти ихтисосашон хатм менамоянд, то  4 сол муқаррар карда мешавад.

5. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

6. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. 

7. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсилро дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои ин шаҳрвандон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

8. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад филиал, шӯъба, парки технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошад, ки тартиби таъсиси онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.


Моддаи 19. Таҳсилоти олии касбӣ
1. Таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд.

2. Таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ба онҳо баробаркардашуда амалӣ карда мешавад. 

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва муштарак мешаванд.

4. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси озмун ва шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

5. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартнома пулакӣ таҳсилоти олии дуюм гиранд.

6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо метавонанд дар сохтори худ донишкада, филиал, академияи таълимӣ, коллеҷ, литсейи касбӣ - техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагии таълимию таҷрибавӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.

7. Донишкада ва академияҳо метавонанд дар сохтори худ литсейи касбӣ - техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар сохторҳо дошта бошанд.

8. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббӣ, барои дарёфти тахассуси дараҷаи «бакалавр» на камтар аз 4 сол, «мутахассис»  на камтар аз 5 сол ва «магистр» на камтар аз 2 сол муқаррар карда мешавад.

9. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. 

10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ вобаста ба имконоти моддию техникӣ барои тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд. Кафедраҳои ҳарбӣ ба сохтори  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ шомил мебошанд.

11. Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян мегарданд.
Моддаи 20. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
1. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ инкишоф диҳанд. 

2. Муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо мақсади тайёр кардани мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ташкил карда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии алоҳидае, ки дорои заминаи илмӣ ва моддию техникӣ мебошанд ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, метавонанд зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура (доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) таъсис диҳанд ва вазифаи ходими илмиро ҷорӣ намоянд.

3. Фаъолияти илмӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Таҳсилоти иловагӣ
1. Таҳсилоти иловагӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шахс, ҷамъият ва давлат дар асоси барномаҳои иловагии таълимӣ ва хизматрасонии иловагии таълимӣ татбиқ карда мешавад.

2. Таҳсилоти иловагиро шахс дар муассисаҳои таълимӣ ва баъд аз хатми муассисаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ соҳиб шуда метавонад.

3. Таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ амалӣ карда мешавад.

4. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тааллуқ доранд:

– марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон;

– академияҳои хурди илмҳо; 

– қасрҳо, стансияҳо, клубҳои кӯдакон ва наврасон;

– мактабҳои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва рассомӣ;

– курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ;

– хонаҳо,  студияҳои эҷодиёти кӯдакон ва наврасон, лагерҳои варзишӣ ва сайёҳӣ;

– мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакону наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, варзишгоҳҳои кӯдакона; 

– клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист;

– клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон; 

– муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ;

– муассисаҳои таълимии ибтидоии махсуси бадеӣ;

– муассисаҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва дигар муассисаҳое, ки иҷозатномаи дахлдор доранд.

5. Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии намуди муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши таълимгиранда асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шахсон пешниҳод мегардад.

6. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, мутахассисон ва кормандони муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои дахлдори таълимӣ бо мақсади амиқтар намудани дониш ва малакаи касбӣ, азхудкунии касб ва ихтисоси нав амалӣ карда мешаванд.

7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва мутахассисон аз тарафи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон ва ё дар асоси шартнома пулакӣ амалӣ карда мешаванд.

8. Таҳсилоти иловагие, ки таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, метавонад дар асоси шартнома пулакӣ ташкил карда шавад. 

9. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар асоси низомномаи Намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.
Моддаи 22. Таҳсилоти махсус
1. Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва офияти тиббию иҷтимоии кӯдаконеро таъмин менамояд, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст.

2. Барои кӯдаконе, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории кӯдакона ташкил карда мешаванд.

3. Барои кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ  мебошанд ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имкони таҳсил карданро надоранд, муассисаҳои махсуси таҳсилоти умумӣ, мактаб- интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои таълимии мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти тиббию иҷтимоии ин гуна кӯдаконро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.

4. Кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд, бо ризоияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) метавонанд якҷоя бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоянд ё барои онҳо машғулиятҳои инфиродӣ ташкил карда мешаванд.

5. Кӯдакони гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ дар комиссияҳои тиббию омӯзгорӣ, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд, дар ҳузури падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) аз ташхис мегузаранд. 

6. Барои кӯдакони аз 10-сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд, муассисаҳои таълимии мухталифи махсус, ки офияти тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешаванд. Ба муассисаҳои таълимии мазкур кӯдакон бо қарори суд фиристода мешаванд.

7. Таҳсилоти махсус дар асоси нақша ва барномаи махсус бо истифода аз технологияҳои муосири таълим вобаста ба муайян намудани дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон ҷараён мегирад.

8. Мӯҳлати таҳсилоти махсуси умумии ҳатмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон муайян мекунад.

9. Таҳсилоти касбии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкунандагон мувофиқ мебошад, дар муассисаҳои таълимии махсус ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ташкил карда мешавад.

10. Таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси давлатӣ ройгон аст.


Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
1. Муассисаҳои таълимие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм мегузаранд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд.

2. Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро медиҳанд:

– аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9);

– аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12));

– шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) – барои шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда касб омӯхтаанд;

– диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр) – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи моддаи 20 Қонуни мазкур ба хатмкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдор медиҳанд.

4. Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассусӣ – рисолаи илмӣ, маҷмӯи корҳои илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯи ихтисос дода мешавад.

5. Дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи дотсенти кафедра ё дотсент аз рӯи ихтисос, профессори кафедра ё профессор аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи ходими калони илмӣ дода мешавад.

6. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ) пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад. 

7. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои «5» (аъло)  таҳсил намуда, имтиҳони хатмро бо баҳои «5» (аъло)  супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, медали тилло ва аттестати (шаҳодатномаи)  намунаи махсус дода мешавад.

8. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5»  (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) имтиҳонҳоро бо баҳои «5» (аъло) супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, лекин аз рӯи на бештар аз ду фан баҳои солонаи «4» (хуб) дошта,  аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии «5» (аъло) доранд ва имтиҳони хатми синфи 11 (12)-ро бо баҳои «5»  (аъло) супоридаанд, медали нуқра ва аттестати (шаҳодатномаи) намунаи махсус дода мешавад.

9. Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-9)-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, аттестати (шаҳодатномаи)  аъло дода мешавад.

10. Ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.

11. Тартиби мукофотонидани хонандагон бо медали тилло ва нуқра ва додани аттестати (шаҳодатномаи) аъло ва дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 

12. Ба хонандагон ва донишҷӯёни дорои рафтори намунавие, ки  муассисаҳои таълимиро бо баҳои аъло хатм кардаанд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.

13. Тартиби пешниҳод ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

14. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ инчунин нишони сарисинагӣ дода мешавад, ки намунааш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.

15. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилот, ки бо мӯҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад, шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.

16. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ қайдкардашуда ба амалигардонии фаъолияти касбӣ, аз ҷумла ишғол намудани вазифаҳое, ки барояшон талаботи тахассусӣ ба дараҷаи таҳсилот муқаррар шудааст, ҳуқуқ доранд.

17. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршударо месупоранд, ки онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибор доранд.

18. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро бо мӯҳри худ тасдиқ мекунанд. 

19. Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ мекунад.

20. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳоро шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намуда бошанд ё он давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ё созишномаи дахлдор дошта бошанд. 

21. Нострификатсияи ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳоро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома ё созишнома надоранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет