Моддаи 24. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ
1. Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
2. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор ӯҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд, ба шарте ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Ин мутахассисон то 3 сол мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд.
3. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро дар хориҷи кишвар тибқи шартномаи тарафайн хатм кардаанд, ӯҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол фаъолият намоянд.
4. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор мебошанд.
5. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, тибқи фармоиши давлатӣ бесабаб ба ҷойи кори муайяншуда ҳозир намешаванд ё аз кор саркашӣ мекунанд, инчунин қабл аз ба охир расидани мӯҳлат талаботи шартномаи тарафайнро риоя наменамоянд, ӯхдадоранд маблағи барои таҳсили онҳо харҷшудаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонанд.
6. Мақомот, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки мутахассисони ҷавонро бо роҳхат қабул менамоянд, ӯҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд ва дар сурати набудани эҳтиёҷот ба мутахассис мақомоти дахлдори давлатиро хаттӣ огоҳ созанд.
7. Донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро бо дипломи аъло бо нишони аълочӣ хатм кардаанд, дар интихоби ҷойи кор озоданд ва барои дохилшавӣ ба аспирантура бе навбат роҳ дода мешаванд.
Моддаи 25. Ташкили раванди таълиму тарбия
1. Муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбияро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф амалӣ менамоянд.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир дода наметавонанд.
3. Дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон амалӣ карда мешавад. Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст.
4. Дар раванди таълиму тарбия роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар кормандон барои таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, инчунин риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ масъул мебошанд.
5. Муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани санҷишҳои ҷорӣ ва аттестатсияҳои фосилавӣ сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат ва муайян мекунанд.
6. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот азхудкунии барномаҳои таълимӣ бо аттестатсияи хатм анҷом меёбад.
7. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявии хонандагон ва донишҷӯён таҷрибаомӯзии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Мӯҳлати таҷрибаомӯзии касбӣ дар нақшаҳои таълимӣ нишон дода мешавад.
8. Барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад, масъул мебошанд.
9. Аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҷалби таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия новобаста манъ аст.
10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст.
11. Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббию педагогӣ фаъолият карда метавонанд.
БОБИ 3.
ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Моддаи 26. Мақсад ва шаклҳои танзими давлатӣ дар соҳаи маориф
1. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва назорати сифати таҳсилот амалӣ карда мешавад.
2. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф инчунин ба пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нигаронида шуда, сифати таҳсилотро назорат ва идора менамояд.
Моддаи 27. Идоракунии сифати таҳсилот
1. Идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.
2. Идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 28. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф фаъолияти таълимии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба риояи иҷрои талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф амалӣ мегардад.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф бо тарзҳои зерин амалӣ мешавад:
– иҷозатномадиҳӣ;
– баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;
– аттестатсияи давлатӣ;
– аккредитатсияи давлатӣ;
– назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф.
3. Назорати давлатӣ бо роҳи назорати ҷорӣ, фосилавӣ ва нақшавӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 29. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ
1. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маориф тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
2. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи амалӣ намудани барномаҳои таълимиро пайдо менамояд.
Моддаи 30. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии
муассисаи таълимӣ
1. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.
3. Дар асоси натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ ба муассисаи таълимӣ шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.
4. Қарор оид ба тасдиқ ё бозхонд намудани аккредитатсияи давлатӣ дар асоси аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ қабул мегардад.
5. Муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ё филиалҳои онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, аз аккредитатсияи давлатӣ бо тартибе, ки барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, мегузаранд.
БОБИ 4.
ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ
Моддаи 31. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф
1. Идоракунии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти давлатию ҷамъиятӣ дошта, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;
– вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд;
– мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
– мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;
– мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассис (муассисон) ё бо супориши муассис (муассисон) Шӯрои сарпарастон тибқи низомномаи намунавии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассиса амалӣ менамояд.
4. Дахолати мақомоти идоракунии давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, илмию методӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
Моддаи 32. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф инҳо мансубанд:
– муайян ва таъмин намудани рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ;
– таъмин кардани роҳбарии самараноки соҳаи маориф;
– бо пешниҳоди вазорату идораҳо таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои махсуси таълиму тарбия, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои он;
– тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
– тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, таъмини онҳо аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ;
– муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи онҳо, мусоидат намудан ба пешрафти муассисаҳо, паркҳои технологӣ ва марказҳои илмие, ки дар сохтори муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд;
– таъсиси марказҳои илмию инноватсионӣ, паркҳои технологӣ;
– ҳамоҳангсозии байнисоҳавии илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади амалӣ намудани консепсияҳо, барномаҳо, лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ, технологию коммуникатсионӣ;
– муайян намудани тартиби додани иҷозатнома, гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимӣ;
– тасдиқи феҳристи касбу ихтисосҳое, ки бо шакли экстернат гирифтани онҳо манъ аст;
– тасдиқи феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ;
– тасдиқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., №1125)
– муайян намудани меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории соҳаи маориф, тартиби маблағгузории буҷетии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор;
– тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот, низомномаҳо дар бораи аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, муайян намудани имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобаста;
– муайян намудани андозаи музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ, меъёрҳо ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо, грантҳо, ҷоизаҳо ва стипендия барои кормандони мазкур, хонандагон, донишҷӯён, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқоне, ки ба вазифаи ходими илмӣ гузаронида мешаванд;
– муайян ва тасдиқ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи маориф;
– тасдиқ намудани тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон;
– амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 33. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дохил мешаванд:
– амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф;
– таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи маориф;
– назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
– ба имзо расонидани шартнома ва дигар санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо тартиби муқарраршуда;
– таҳияи низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва пешниҳод намудани онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ намудани оиннома, дастурамал ва қоидаҳои намунавӣ, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии дахлдорро танзим менамоянд;
– пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ;
– додани иҷозатнома барои амалӣ кардани фаъолияти таълимӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани онҳо;
– тасдиқ ва назорати риояи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот;
– муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
– баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
– дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини заминаҳои моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо;
– дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани андозаи маблағи таҳсил, аз ҷумла маблағи таълими пулакӣ барои муассисаҳои таълимӣ;
– бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмил додани маҳорати касбии мутахассисон тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол мутобиқи низомнома ва қоидаҳои муқарраршуда гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ;
– барои баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол бо тартиби муқарраргардида ташкил кардани аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ;
– тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ бо мақсади муқаррар намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҳар 5 сол дар асоси низомномаи дахлдор ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ;
– тасдиқ кардани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ;
– бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони аввал ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мактаб - интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;
– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони воҳидҳои сохтории муассисаю дигар ташкилотҳо, ба истиснои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;
– сархат бо ҚҶТ аз 14.03.14 с., №1081 хориҷ карда шуд
– дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян кардани ихтисос ва равияҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ва бозори меҳнат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ бо назардошти имконияти воқеии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
– додани иҷозат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он барои таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва таъсиси вазифаи ходими илмӣ;
– тасдиқ кардани қоидаҳои умумии қабули тарбиягирандагон ва таълимгирандагон ба муассисаҳои томактабӣ, таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва назорати иҷрои онҳо;
– тасдиқ кардани тартиб ва тарзи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., №1125)
– муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаи маориф (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1295);
– дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ намудани таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ;
– ташкил кардани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;
– бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тасдиқ намудани қоидаҳои ҷойивазкунии роҳбарони мақомот ва муассисаҳои сохтории худ;
– таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идоракунии маориф бо муассисаҳои таълимӣ;
– таъмин ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф, маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда;
– назорати раванди таъсис ва фаъолияти марказҳои инноватсионӣ ва паркҳои технологӣ;
– бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн;
– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани дигар ваколатҳо.
Моддаи 34. Ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию
тарбиявӣ доранд
Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
– оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, таҳсилоти махсус ва марказҳои таҳсилоти калонсолон дар сохтори худ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамоянд;
– бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, муовинони якум ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд;
– раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори худ таъмин менамоянд;
– нақшаю барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро вобаста ба имконоти молиявӣ амалӣ менамоянд;
– такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва воҳидҳои сохтории худро ташкил ва таъмин менамоянд;
– фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи сохтори худро назорат намуда, аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда онҳоро маблағгузорӣ мекунанд;
– дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, инчунин баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимии сохтори худ ва раванди иҷозатномадиҳӣ ба онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд;
– якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф стандартҳои давлатии таҳсилотро барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии соҳавӣ ё муассисаҳои зертобеи худ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
– ба нашри китобҳои илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ мусоидат менамоянд;
– аттестатсияи омӯзгорон ва кормандони ихтисосҳои (фанҳои) тахассусии муассисаҳои таълимию илмии худро мегузаронанд;
– ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии зертобеи худ роҳхати корӣ дода, бо кор таъмин намудан ва раванди ба кор рафтани онҳоро назорат менамоянд;
– низоми таҳсилоти муттасили касбию тахассусии соҳавии худро муайян менамоянд;
– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.
Моддаи 35. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ваколатҳои зеринро доранд:
– сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамоянд, барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва дигар хусусиятҳо таҳия намуда, амалӣ мегардонанд;
– фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунии маорифро назорат менамоянд;
– муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки мақоми маҳаллӣ доранд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам медиҳанд;
– буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла буҷети соҳаи маориф ва фондҳои дахлдори рушди маорифро ташаккул дода, на камтар аз меъёрҳои ҳадди ақалли аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида меъёрҳои маҳаллии маблағгузории соҳаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд;
– шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф таъмин менамоянд;
– ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд;
– барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи асосӣ дур нашудани хонандагон тадбирҳо андешида, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот назорат менамоянд;
– аз ҳисоби маблағи иловагии худ барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои маҳаллии маориф шароити мусоид фароҳам месозанд;
– такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро маблағгузорӣ менамоянд;
– тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва ё имтиёзноки тиббӣ таъмин мекунанд;
– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.
Моддаи 36. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф
Мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар фаъолияти худ дорои чунин ваколатҳо мебошанд:
– муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, намояндагӣ мекунанд;
– кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таълиму тарбияи онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ зери назорат мегиранд;
– васояту парастории кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) маҳрум мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро ба хонаҳои кӯдакон ё мактаб-интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васӣ ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд;
– мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ таъмин мекунанд;
– аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро гузаронида, ба онҳо дараҷаҳои тахассусӣ медиҳанд;
– фармоиши давлатиро оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар асоси озмун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии маҳаллӣ иҷро мекунанд;
– роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
– ба мақомоти болоӣ дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ ҳисоботи оморӣ пешниҳод менамоянд;
– барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ дур нашудани хонандагон масъул буда, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот таъмин менамоянд;
– фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро зери назорат гирифта, барои ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҷалб намудани онҳо тадбирҳо меандешанд;
– барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар тайёр намудани хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тадбирҳо андешида, омодагии онҳоро якҷоя бо муассисаҳои таълимӣ зери назорат мегиранд;
– оинномаи муассисаҳои таълимии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунанд;
– такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тавассути шабакаи кабинетҳои методӣ ба нақша мегиранд ва ташкил мекунанд;
– муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидоштаро аз аттестатсия мегузаронанд ва ба фаъолияти онҳо баҳо мегузоранд;
– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.
Достарыңызбен бөлісу: |